Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06 Август 2001, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2001, № 7, мод.517; соли 2003, №12, мод. 689; соли 2004, №12, қисми 1, мод. 698, соли 2005, № 7, мод. 397; соли 2006, №3, мод. 145; соли 2007, №7, мод. 654; соли 2011, №12, мод.831, 832; соли 2012, №8, мод. 812; соли 2016, №7, мод.601; соли 2017, №7-9, мод. 564)
 
 
Қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иxтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
 
БОБИ  I. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон салоҳияти қонунгузорӣ ва дигар салоҳиияте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳо муқаррар намудаанд, амалӣ мекунанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон,  Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мeҳлати ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин мешаванд.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз рeзи тасдиқ намудани ваколати онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оuоз меёбад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар рeзи оuози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати нав қатъ мегардад.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар e аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
 
 
 
 
Моддаи 31. Савганди узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
«Ҳамчун узви Маҷлиси миллии (вакили Маҷлиси намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси  Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.» (ҚКҶТ аз 23.07.16,№1324)
 
Моддаи 4. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ваколати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мeҳлат қатъ мегардад:
1) ҳангоми вафот;
2) истеъфо;
3) uайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз xониби суд;
4) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
5) қатъи  шаҳрвандӣ;
6) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
7) тарки доимии Ҷумҳурҳ;
8) ишѓоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест;
9)  парокандашавии Маҷлиси  миллӣ ва  Маҷлиси намояндагон; (ҚКҶТ аз 23.07.16,№1324)
Ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон ваколати ӯ пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.
Дар мавридҳои пешбининамудаи бандҳои 1-7 қисми якуми ҳамин модда Маҷлиси миллҳ ё Маҷлиси намояндагон дар бораи пеш аз мeҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллҳ ё вакили Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ё вакилон қарор қабул мекунанд, ки он аз лаҳзаи қабул шуданаш амалӣ мегардад.
Дар мавриди пешбининамудаи банди 8, қисми якуми ҳамин мод­да ваколати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси қарори якxояи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон дар бо­раи пеш аз мeҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллҳ ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад, қатъ мегардад.
 
Моддаи 5. Шаҳодатнома, нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давоми мeҳлати ваколатҳояшон аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагҳ истифода мекунанд. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони са­рисинагии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин намунаи онҳоро Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ мекунанд.
 
Моддаи 6. Шартҳои  амалҳ намудани фаъолияти узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ваколатҳои худро аз фаъолияти истеҳсолию хизматҳ xудо нашуда ба амал мебарорад. Узви Маҷлиси миллҳ барои ба амал баровардани фаъолияташ мувофиқи қонун аз иxрои вазифаҳои истеҳсолҳ ва хизматҳ озод карда мешавад.
Узви Маҷлиси миллҳ наметавонад дар як вақт вакили Маҷлиси намояндагон ё вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагҳ бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси доимӣ ва  касбҳ иxро мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагҳ бошад, вазифаи дигареро иxро кунад, фаъолия­ти соҳибкорҳ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эxодҳ ва омӯзгорӣ.
 
Моддаи 7. Иштироки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон метавонанд дар кори Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба салоҳияти вакилиашон ширкат варзанд, таклифу дархостҳо пешниҳод кунанд.
 
Моддаи 8. Риояи меъёри одоби вакилҳ аз xониби узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд меъёрҳои одоби вакилиро риоя намоянд.
Масъулият барои вайрон кардани меъёрҳои одоби вакили мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси миллҳ ва Дастури Маҷлиси намоян­дагон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ II. КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛҲ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
 
Моддаи 9. Иштироки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар xаласаҳои якxояи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон ва иxлосияҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон вазифадоранд дар xаласаҳои якxояи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намоянда­гон, иxлосияҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон иштирок намоянд.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори xаласаҳои якxояи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон, иxлосияҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон дар асоси муҳокимаҳои дастаxамъию баробарҳуқуқҳ ва озодона масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия, қонунҳои конститутсионҳ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси на­мояндагон мансубанд, баррасҳ ва ҳал мекунанд.
 
Моддаи 10. Ҳуқуқҳои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд:
— ба мақомоти Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон интихоб кунад ва интихоб шавад;
— ба баррасии xаласаҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намоянда­гон масъалаҳо пешниҳод намояд;
— оид ба дар xаласаи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон шунидани ҳисобот ё ахбороти ҳар шахси мансабдор, ки ба Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда ё масъул мебошад, таклиф пешниҳод кунад;
—   нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон расонад;
—   оид ба муроxиати шаҳрвандон маълумот диҳад.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон инчунин дигар ҳуқуқҳоро, ки дар ҳамин қонуни конститутсионҳ ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқҳ пешбинҳ гардидаанд, амалҳ менамоянд.
 
Моддаи 11. Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) иштирок дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
3) иштирок дар кори Шӯро, кумитаҳо, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва дигар мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
4) иштирок дар робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) иҷрои супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо;
6) пешниҳоди дархости вакилӣ;
7) иштирок дар муҳокимаҳои парламентӣ;
8) таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон;
9) баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон.
Фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагон инҳоро низ дар бар мегирад:
1) кор бо интихобкунандагон;
2) иштирок дар кори фраксияву гурӯҳҳои вакилон.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар шаклҳои дигаре, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муайян кардаанд, фаъолият мекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№796)
 
Моддаи 12. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорҳ доранд. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорҳ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи  ворид намудани таѓйиру иловаҳо  ё аз эътибор соқит донистани қонунҳои xории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттҳ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид  намудани таuйиру иловаҳо ба қонунҳои чории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорҳ) ба амал бароварда мешавад.
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорҳ, ки аз тарафи узви Маҷлиси миллҳ ва ё вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорҳ пешниҳод гардидаанд, бояд аз тарафи Маҷлиси намоянагон баррасҳ шаванд.
 
Моддаи 13. Дархости узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ до­ранд ба Сарвазир, дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон, раиси бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатҳ, иттиҳодияҳои xамъиятҳ, инчунин ба роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои додани тавзеҳоти расмҳ ё баён намудани мавқеашон оид ба масъалаҳое, ки ба манфиатҳои муҳимтарини xамъиятҳ дахл дошта, дорои аҳамияти давлатҳ мебошанд, дархост пешниҳод кунанд.
Дархост аз тарафи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси на­мояндагон ё гурeҳи вакилон дар шакли хаттҳ ё шифоҳҳ пешниҳод шуда метавонад.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дархости худро ба мақомоти давлатҳ ва шахсони мансабдор бо хоҳиши хеш ме­тавонад бевосита ё тавассути Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намоянда­гон фиристонад. Бо талаби e масъалаи дар дархост пешниҳодшуда ба муҳокимаи Маҷлиси миллҳ ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда метавонад.
Мақомоти давлатҳ ё шахси мансабдор,  ки ба вай дархост фиристода шудааст, вазифадор аст, ки дар муддати на дертар аз як моҳи қабули он xавоби расмии хаттҳ дихад. Ба xавоби дархост бояд шахсе имзо гузорад, ки дархости узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба унвони e фиристода шудааст.
Аз рeи xавоби дархост ва натиxаҳои муҳокимаи он Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунанд.
 
Моддаи 14. Баррасии таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иxлосия ва xаласаҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон
Таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳое, ки узви Маҷлиси миллҳ ва ва­кили Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияташон дар иxлосияҳо ва xаласаҳо баён кардаанд ё дар шакли хаттҳ ба котибот ё раисикунанда додаанд, аз тарафи Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо баррасҳ карда мешаванд ё ин ки барои баррасҳ ба мақомоти дахлдори давлатию xамъиятҳ ва шахсони мансабдор фиристонида мешаванд.
Мақомоти давлатҳ ва xамъиятҳ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои дар иxлосияҳою xаласаҳо пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равона карда шудаанд, вазифадоранд ин пешниҳодҳоро дар муддати як моҳ, дида бароянд ва аз натиxааш бевосита ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчу­нин ба Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон хабар диҳанд.
Назорати баррасҳ ва амалҳ намудани таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз тарафи кумитаҳо, комиссияҳо, Шeрои Маҷлиси миллҳ ва Шeрои Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
 
Моддаи 15. Иштироки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иxрои қарорҳои Маҷлиси миллҳ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо
Бо қарори Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон рафти амалишавии қонунҳо  ва қарорҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагонро меомeзанд. Дар бораи натиxаҳои омӯзиш узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо хабар медиҳанд.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, бекор кардани қарорҳои uайриқонунҳ, ба xавобгарҳ кашидани шахсоне, ки ба вайронкунии қонун ва иxро накардани қарорҳои Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон роҳ додаанд, ба мақомоти дахлдор таклиф пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 16. Муносибати вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон
Вакили Маҷлиси намояндагон:
— бо интихобкунандагон вохeриҳо мегузаронад;
— шахсони мансабдорро барои иштирок дар ин вохeриҳо даъват менамояд;
— дар машваратҳои мақомоти ҳокимияти давлатҳ ва идоракунҳ ширкат меварзад;
  • рафти баррасии таклифу пешниҳод, арзу шикояти интихобкунандагонро назорат мекунад:
— интихобкунандагонро аз кори Маҷлиси намояндагон воқиф месозад;
— афкори xамъиятҳ, эҳтиёxу дархости интихобкунандагонро меомeзад, дар ин бора ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он ахбор медиҳад.
Ба вакили Маҷлиси намояндагон барои гузаронидани вохeрҳ бо интихобкунандагон аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатҳ, маъмурияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои xамъиятҳ шароит муҳайё карда мешавад.
 
Моддаи 17. Баррасии муроxиатҳои шаҳрвандон аз тарафи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намоянда­гон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон муроxиатҳои ба онҳо расидаро бо тартиби дар қонунгузорҳ муқарраргардида баррасҳ менамоянд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинанд, шаҳрвандонро қабул мекунанд, барои рафъи сабабҳои шикоят ба Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти ҳокимияти дав­латҳ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо таклифҳо пешниҳод менамоянд. Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд шахсони мансабдори мақомоти давлатҳ, корхонаю  муассиса ва ташкилотҳоро барои иштирок дар қабули шаҳрвандон даъват намоянд.
 
Моддаи 18. Таъмини шароит барои иxрои ваколатҳои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон вазифадоранд, ки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро барои кор бо бинои муxаҳҳаз, нақлиёти алоҳидаи хизматҳ, фондҳои китобҳо ва бойгонҳ, воситаҳои алоқа, техникаи ҳисоббарорию электронҳ, нусхабардору чоп таъмин намоянд.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати зарурҳ бо меҳмонхона таъмин карда мешаванд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатҳ барои таъмини фаъолияти вакилҳ ба ихтиёри онҳо ҳуxраи корҳ, мошинҳои ҳисобҳ, электронӣ, нусхабардор ва чопиашонро медиҳанд, ҳамчунин онҳоро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот барои иxрои ваколатҳояшон бо нақлиёт таъмин менамоянд.
 
Моддаи 19. Ҳуқуқи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қабули бетаъхир аз xониби шахсони мансабдор
Узви Мачлиси миллҳ ва вакили Мачлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мақомоти давлатҳ ва иттиҳодияҳои xамъятҳ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бе мамоният ворид шаванд. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти дав­латҳ ва иттиҳодияҳои xамъиятҳ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро аз рeи масъалаҳои фаъолия­ти вакилӣ бетаъхир қабул кунанд.
Тартиби ворид гардидан ба ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияташон ба сирри давлатҳ вобастагҳ доранд, қонун муайян мекунад
 
Моддаи 20. Вазифаҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроxиати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Шахсони мансабдори мақомоти давлатҳ,  иттиҳодияҳои xамъиятҳ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадоранд муроxиати узви Маҷлиси миллҳ ва ва­кили Маҷлиси намояндагонро тибқи қонун баррасҳ намуда, аз натиxаи тадбири андешидашуда ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон  ба тариқи хаттӣ  хабар диҳанд.
 
Моддаи 21. Ҳуқуқи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои гирифтан ва паҳн кардани маълумот
Мақомоти ҳокимияти давлатҳ, иттиҳодияҳои xамъиятҳ ва шах­сони мансабдор вазифадоранд, ки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро дар мавриди муроxиат кардан оид ба масъалаҳои фаъолияти вакилҳ бо мутахассисон ва маълумоте, ки барои онҳо лозим аст, таъмин намоянд.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд аз тариқи воситаҳои давлатии матбуот, радиову телевизион аз рeи масъалаҳои фаъолияти вакили бемамониат баромад кунанд, мавод нашр намоянд.
Маводи пешниҳодкардаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии e таuйир додан мумкин нест.
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ надоранд маълумотҳоеро, ки мувофиқи қонун дорои сирри давлатҳ, тиxоратҳ ё бонкианд, фош кунанд.
 
Моддаи 22. Суuуртаи ҳатмии давлатҳ ва пардохти маблаuи суuуртаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иxрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблаuҳои буxети Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди суuуртаи ҳатмии давлатҳ қарор мегирад.
Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаинаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 1.08.12г.№897)
 
Моддаи 23. Озод будани узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз даъват ба хизмат ва xамъомадҳои ҳарбҳ
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар дав­раи иxрои ваколатҳояшон дар Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намоянда­гон аз даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарбҳ ҳамчунин аз даъват ба xамъомадҳои ҳарбҳ озоданд.
 
Моддаи 24. Таъмини  нафақаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Таъмини нафақаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намо­яндагон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  амалӣ  гардонида мешавад.
 
Моддаи 25. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт бепул истифодабарии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо ҳамаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоҳ, обҳ, автомобилии роҳҳои дохилҳ ва бо ҳама гуна намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрҳ, наздишаҳрҳ (uайр аз таксҳ ва нақлёти шахсии шаҳрвандон) бо нишон додани шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон бепул равуо кардан доранд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурeҳи якуманд ҳамроҳҳ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. (ҚКҶТ аз 23.07.16,№1324)
Кассаҳои билетфурушии вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, агентиҳои авиатсияи шаҳрвандҳ ё фурудгоҳҳо вазифадоранд, ки дар вақти нишон додани шаҳодатномаи аъзогҳ ё вакилӣ бидуни навбат ба онҳо барои як xо дар вагони хобравҳ ё нарми поезд, самолёт ё вертолёт бе­пул билет диҳанд. Ҳангоми сафар ба онҳо билети поездҳо, самолётҳо на дертар аз ду соати то парвози самолёт ё рафтани поезд дода мешавад.
Дар толорҳои расмии намояндагии фурудгоҳ ва вокзали роҳи оҳан ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон бепул хизмат расонида мешавад.
Рафтуои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар автобусҳои байнишаҳрҳ, инчунин наздишаҳрҳ дар ҳолатҳое, ки билетҳо бо нишон додани рақами xой фурeхта мешаванд, бо билети бепуле сурат мегирад, ки дар кассаҳои вокзалҳо ва истгоҳҳои автомобилҳо ё бевосита ҳангоми савор шудан ба автобус бенавбат гирифта мешавад.
Пардохти хароxотҳoи дар ҳамин модда пешбинҳ гардида аз ҳисоби маблаuҳои буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдошти Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
 
Моддаи 26. Рухсатии ҳарсола пардохтшавандаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон рeхсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 45 рeзи тақвимҳ до­да мешавад.
 
Моддаи 27. Таъминоти манзилҳ ва маишии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба вакили Маҷлиси намояндагон, ки манзил надорад ё дар шаҳри Душанбе истиқомат карда барои беҳбудии шароити манзил эҳтиёx дорад, барои зиндагҳ бо оилааш дар пойтахт манзилгоҳи хизматҳ дода мешавад. Манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон баъди қатъи ваколати вакилиаш дар муҳлати як моҳ супорида мешавад. (ҚКҶТ аз 23.07.16,№1324)
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои бе­навбат гузаронидани воситаи алоқа (телефон) ҳуқуқ, дорад.
Аз узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилааш, ки бо вай зиндагҳ мекунанд, дар ҳадди меъёрҳои пешбининамудаи қонунҳои xорҳ барои телефон (uайр аз гуфтугeи байнишаҳрҳ ва байналмилалҳ) хизмати коммуналҳ (оби гарм ва гармкунҳ, оби хунук, 50 фоиз кам ҳақ гирифта мешавад.
 
Моддаи 28. Таъмини шароити моддию молиявҳ барои амалҳ намудани ваколатҳои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ха­роxоти вобаста ба фаъолияти вакилӣ бо тартиб ва андозае, ки ҳамин Қонуни конститутсионҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд,  пардохта мешавад.
Музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17с. №1454)
Ба узви Маҷлиси миллҳ, ки ҳангоми иxрои кори аъзогҳ дар Маҷлиси миллҳ ё мақомоти он, ҳангоми сафарҳои хизматҳ вобаста ба супоришҳои мақомоти мазкур, инчунин дар вақти кори вай бо интихобкунандагон аз иxрои вазифаҳои истеҳсолҳ ё хизматии xои асосии кораш озод карда шудааст, музди меҳнат аз xои кори асосиаш пардох­та мешавад.
Хароxоти вобаста бо фаъолияти вакилии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон баробари даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҚҶТ аз 26.12.11с.№ 795) ҳар моҳ пардохта мешавад.
Хароxоти ба шаҳри Душанбе барои ваколатҳояшро ба xо овардан кeчида омадани вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи e, ҳамчунин  вобаста ба xои истиқомати доимии вакил баъди қатъ ёфтани ваколатҳояш кeчида рафтани вай аз ҳисоби маблаuҳои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад. Ҳангоми ба шаҳри Душанбе кeчида омадан ба вакили Маҷлиси намояндагон ва ба ҳар аъзои оилаи e мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорҳ кeмакпулии яквақта дода мешавад. Хароxоти ба хориxи мамлакат рафтани узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллҳ ва Шурои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
 
Моддаи 29. Таъминоти тиббҳ ва маишии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Таъминоти тиббҳ ва маишии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи e мутобиқи шароитҳое, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад, сурат мегирад.
 
Моддаи 30. Ҳуқуқи бенавбат дар меҳмонхона xой гирифтани узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Маъмурияти меҳмонхонаҳои давлатҳ ва uайридавлатҳ вазифадоранд ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон баробари пешниҳод кардани шаҳодатномаи аъзогҳ ва вакилӣ ҳуxраи алоҳидаи муxаҳҳаз диҳанд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон-маъюби гурeҳи 1-умро ҳамроҳҳ мекунад, ҳуқуқи бепул дар меҳмонхона xой гирифтанро дорад.
 
Моддаи 31. Шиносномаи дипломатии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мeҳлати ваколаташон шиносномаи дипломатҳ дода мешавад.
 
Моддаи 32.   Озод крадани узви Маҷлиси миллҳ аз иxрои вазифаҳои истеҳсолҳ ё хизматҳ
Узви Маҷлиси миллҳ ҳангоми ба xо овардани фаъолияти аъзогиаш дар Маҷлиси миллҳ ва мақомоти он дар асоси расман огоҳонидан оид ба даъват ба Маҷлиси миллҳ аз иxрои вазифаҳои истеҳсолҳ ё хиз­матҳ дар xои кори асосиаш озод карда мешавад. Дар ин ҳолат ягон ҳуxxати дигар талаб карда намешавад.
 
Моддаи 33. Ҳифзи ҳуқуқу озодҳ, шаъну шарафи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Давлат ба ҳар узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои самарабахш бемамоният ба xо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқу озодҳ, шаъну шарафи eро ҳифз менамояд.
Шахсоне, ки шаъну шарафи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро паст мезананд, ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо ва дигар хешу таборашон бо мақсади монеъ шудан ба иxрои фаъолияти вакилиашон таъсири uайриқонунҳ мерасонанд, ё бар хилофи иродаи узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон eро ба манфиати ягон кас ба қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории xорҳ ба xавобгарҳ кашида мешаванд.
Таҳқир намудани узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намо­яндагон, инчунин тӯҳмат нисбат ба онҳо ва ё паҳн кардани хабарҳои бардурeu дар бораи фаъолияти вакилии онҳо нораво буда, шахсони ин амалҳоро содиркунанда тибқи қонунгузории xорҳ ба xавобгарҳ каши­да мешаванд.
 
Моддаи 34. Дахлнопазирии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирҳ дорад, eро ҳабс кардан, дастгир кардан, маxбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар xои содири xиноят, узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намоян­дагон ҳамчунин мавриди кофтукоби шахсҳ (азназаргузаронҳ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан мумкин нест. Дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ё утоқи кории узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии ӯ, дар он ҷо гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар сӯҳбатҳои ӯ, кофтукови шахсии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ӯ танҳо бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суди дахлдор фақат бо иртибот доштан ба парвандаи ҷиноятии оѓозгардида нисбат ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифта метавонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№796)
Нисбати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон танҳо Прокурори генералии Тоҷикистон метавонад парвандаи xиноятӣ ё маъмурӣ оuоз намояд.
Парвандаи xиноятӣ ё маъмурӣ нисбати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судҳ дорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№796)
 
Моддаи 35. Тартиби гирифтани розигҳ барои ба xавобгарҳ кашидани узви Маҷлиси миллҳ ва ё вакили Маҷлиси намояндагон
Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералҳ аз xониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Барои узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагонро ҳабс кардан Прокурори генералии Тоҷикистон ба Маҷлиси дахлдор бо пешниҳод муроxиат менамояд
Барои дида баромадани пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба маҳрум намудани узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсҳ дар сурати зарурат комиссияи тафтиши аъзогҳ ё вакилии Маҷлиси дахлдор ташкил карда мешавад.
Маҷлиси миллҳ ё Маҷлиси намояндагон пешниҳоди дохилшударо бо тартиби муқарарнамудаи Дастури Маҷлиси дахлдор дар xаласаи худ баррасҳ менамоянд. Дар мавриди зарурҳ аз Прокурори генералии Тоҷикистон маводҳои иловагҳ талаб карда мешавад. Маҷлиси миллҳ ё Маҷлиси намояндагон нисбати узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон қарори асоснок қабул мекунанд ва дар муддати на дертар аз се рeз Прокурори генералии Тоҷикистонро аз ин хусус воқиф мегардонанд. Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намоян­дагон, ки нисбати e маълумоти пешниҳодҳ дохил шудааст, ҳуқуқ дорад дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок намояд.
Ба пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсҳ маҳрум намудани узви Маҷлиси миллҳ ё вакили Маҷлиси намояндагон xавоби рад додани Маҷлиси миллҳ ё Маҷлиси намояндагон барои боздоштани парвандаи xиноятӣ ва парвандаи маъмурҳ, ки xавобгариро аз тариқи судҳ пешбинҳ мекунад, асос мегардад.
Дар хусуси оuози парвандаи xиноятӣ ё парвандаи маъмурҳ, ки xавобгариро аз тариқи судҳ пешбинҳ мекунад, дар бораи қатъ наму­дани парвандаҳои дар истеҳсолотбуда ё оид ба ҳукми қонунҳ гирифтани қарори суд нисбати узви Маҷлиси миллҳ, вакили Маҷлиси намоянда­гон мақомоти тафтишот, муфаттиш ё суд вазифадоранд дар муддати на дертар аз се рeз Маҷлиси миллҳ ва Маҷлиси намояндагонро хабардор намоянд.
Агар узви Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, барои маҳрум намудани ӯ аз дахлнопазирӣ танҳо розигии Маҷлиси миллӣ лозим аст.(ҚҶТ аз 26.12.11с.№796)
 
 
Моддаи 36. Кафолатҳои ҳуқуқи  меҳнатӣ ва иҷтимоии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Вакили Маҷлиси намояндагон баъди ба охир расидани ваколатҳояш бо ҷои кор таъмин карда мешавад.
Мӯҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ва инчунин даврае, ки вакили Маҷлиси намояндагон бинобар имконнопазирии бо кор таъмин намудани e муваққатан кор накардааст, ба собиқаи кори умумӣ, бефосила ва махсуси меҳнатҳ ё мӯҳлати хизмат, собиқаи кор  аз рeи ихтисос ҳисоб карда мешавад.
Маҷлиси намояндагон музди меҳнати собиқ вакилро дар давраи кор наёфтан дар давоми се моҳ медиҳад.
Ба вакилони Маҷлиси намояндагон ба истиснои онҳое, ки аз нав вакил интихоб шудаанд, баъди анҷоми мӯҳлати ваколатҳо ба андозаи музди меҳнати семоҳаашон ё дар сурати ба нафақа аз рӯи синну сол баромадан — музди меҳнати семоҳаашон кӯмакпулӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№ 795).
 
Моддаи 37. Таъмини амнияти узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
 
Моддаи 38 Ҳуқуқи вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати пеш аз мeҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон
Дар сурати тибқи моддаи 63 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи гирифтани кeмакпулии яквақта дар ҳаxми музди меҳнати семоҳааш(ҚҶТ аз 26.12.11с.№ 795) дода мешавад.
Ба вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилааш, ки хоҳиши ба xои истиқоматии доимии то вакил интихоб шуданаш баргаштанро изҳор кардааст, хароxоти вобаста ба манзил расидани вай ва бурдани ашёи рeзгораш аз ҳисоби маблаuҳои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
 
Моддаи 39. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни конститутсионҳ «Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ста­туси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 №21, моддаи 227, соли 1996 № 24 моддаи 366) беэътибор дониста шавад.
 
 
     Президенти
ҶумҳурииТоҷикистон                                                                  Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе,  6 августи соли 2001,
№ 43
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии
узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод.515)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:                                        
  1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон:
— қарорҳои худро ба Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқ гардонад:
— дар бораи мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқҳ ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод  намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         С. ХАЙРУЛЛОЕВ
 
ш. Душанбе,   28 июни с оли 2001,
№ 370
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви
Маҷлиси  миллҳ ва  вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод.516)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасҳ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» xонибдорҳ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
 
ш. Душанбе,  23 июли соли 2001,
№221

Илова кунед