Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ

06 Август 2001, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод. 499; соли 2003, №12, мод.700;  соли 2007, №5, мод. 375, соли 2008, №6, мод 467; соли 2012, №7, мод.711; соли 2018, №5, мод. 282)
 
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ муайян намуда, муносибатҳои доир ба коркард, тайёр намудан, озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ ва дармонгоҳӣ (клиникӣ), назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ ва савдои маводи доруворӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки дар ин соҳа ба миён меоянд, танзим менамояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.
 
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин Қонун истифода шудаанд
Мафҳумҳои асосӣ:
Маводи доруворӣ (минбаъд — доруворӣ) — маводест, ки барои пешгирӣ, ташхис, муолиxаи бемориҳо, пешгирии ҳомиладорӣ истифода шуда, аз хун ва xиблаи (плазма) он, инчунин аз узву xузвҳои бадани инсон ё ҳайвон, растаниҳо, маъданҳо бо роҳи тавлиф (синтез) ё бо истифодаи усулҳои биологӣ (биотехнология) ҳосил карда шудаанд. Ба қатори доруворӣ инчунин маводи аз наботот, ҳайвонот ё бо роҳи сунъӣ ҳосилшудаи дорои хосияти шифоӣ доштае, ки барои коркард ва истеҳсоли доруҳо таъйин гардидаанд, инчунин иловагиҳои фаъоли биологӣ ва ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, дохил мешаванд.
Маводи дорувории асосӣ – маводи доруворие, ки талаботи  афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонанд. (ҚҶТ аз 18.05.18,№1531)
Ашёи хоми доруворӣ — маводи растанӣ, ҳайвонӣ, минералӣ, химиявӣ ва дигаре, ки қисман коркард шудаанд ва аз таркиби онҳо бо тарзи махсус моддаҳои дорувории (субстратҳо) хосияти шифоӣ доштаро xудо карда, барои ихтироъ ва истеҳсоли дорувориҳо истифода мебаранд.
Дорувории ба қайд гирифташуда — доруворие, ки аз санxиши назоратию дармонгоҳӣ (клиникӣ) ва ихтибори (экспертизаи) меъёрию техникии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузашта, ба Феҳристи давлатии дорувориҳо дохил карда шудаанд.
Дорувории такроран истеҳсолшуда (генерикӣ) — доруворие, ки баъди гузаштани мeҳлати амали ҳуқуқҳои истисноии патент ба дорувории аслӣ, ба муомилот бароварда шудаанд.
Молҳои тиббӣ — маснуот ва масолеҳе, ки дар амалияи тиб барои ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. Онҳо аз масолеҳ (бандиш, дузиш, масрифшаванда) ва маснуоти тиббӣ (таxҳизоти тиббӣ, ашёи парасторӣ иборатанд.
Дорувории масунии ҳаётӣ (иммунобиологӣ) — доруворие, ки барои пешгирии масунӣ ва табобати масунӣ таъйин шудаанд (моя (вакцина), зардоб (сыворотка)).
Дорувории нашъаовар — дорувории ба рeйхати маводи мухаддира дохилшудае, ки он мутобиқи Қарордоди (Конвенсияи) Ягонаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддира соли 1961 ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва таxдид мешавад.
Дорувории рeҳтаъсир (психотропӣ) — дорувории ба рeйхати доруҳои рeҳтаъсир дохилшудае, ки он мутобиқи Қарордоди (Конвенсияи) Ягонаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи рeҳтаъсири соли 1971 ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва таxдид мешавад.
Дорувории заҳрнок — доруворие, ки дар рeйхати доруҳои заҳрноки аз xониби Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда дароварда шудааст.
Дорувории радиоактив (радиофаъол) — доруворие, ки дар амалияи тиб истифода шуда, хислати нурфишонии ионноккунанда дошта, тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
Дорувории қалбакӣ – доруворие, ки аз рўи таркиб, хусусият ва дигар тавсифҳо ба асл ё дорувории такроран истеҳсолшудаи истеҳсолкунанда (генерикӣ) мувофиқат намекунад, ғайриқонунӣ ва қасдан бо тамғақоғази қалбакӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ё дорои маълумоти нодуруст оид ба таркиб, таърихи истеҳсол, мўҳлати истифодабарӣ ё истеҳсолкунандаи доруворӣ аст.
Гиёҳҳои шифобахш – растаниҳое, ки барои истифодаи онҳо мувофиқи тартиботи муқарраркардаи Вазорати  нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муолиxаи бемориҳо иxозат дода шудааст.
Дорувории ҳомеопатӣ (илоxи мислия) – доруҳое, ки тибқи қоидаҳои ҳомеопатӣ истифода мешаванд ва ба фасли махсуси Фехристи давлатӣ ворид шудаанд.
Сифати доруворй — мутобиқати доруворй ба стандарти давлатии сифати доруворӣ.
Бехатарии доруворӣ — тавсифи доруворӣ, ки ба таҳдили қиёсии судмандӣ ва дараҷаи хавфнокии онҳо асос ёфтааст.
Судмандии доруворӣ — тавсифи дараxаи шифоии доруворӣ ба xараёни беморӣ.
Шаҳодатномаи сифати доруворӣ – ҳуxxате, ки мутобиқати сифати дорувориро ба стандарти давлатии сифати доруворӣ тасдиқ мекунад.
Дастури доруномавӣ (фармакопеӣ) — санади меъёрию техникие, ки талаботро оид ба доруворӣ, тамuагузории онҳо, шароит ва мeҳлатҳои нигоҳдорӣ, усулҳои таҳлили  сифати дорувориро муайян мекунад.
Доруномаи (фармакопеяӣ) давлатӣ — маxмeи санадҳои меъёрие, ки сифати доруворӣ ва тарзи муайян намудани онҳоро мураттаб месозад.
Фехристи давлатии доруворӣ — санади меъёрии дорои маълумот дар бораи доруворие, ки истеҳсол ва истифодаи он дар амалияи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода шудааст.
Дастури технологӣ — санади меъёрие, ки дар он воситаҳои техникӣ, тарзи технологӣ, меъёр ва меъёрномаҳои тайёр намудани доруворӣ муайян карда шудааст.
Истеҳсоли доруворӣ — xараёни технологии ба даст овардани доруворӣ, баркашӣ, бастабандӣ ва тамuагузории онҳо.
Назорати сифати доруворӣ — маxмeи тадбирҳое, ки ба воситаи онҳо мутобиқати доруворӣ ба талаботи санадҳои меъёрию техникӣ санxида таъмин карда мешавад.
Фаъолияти фармасевтӣ – мафҳуми  умумии илмиву амалиест, ки ихтироъ, коркард, истеҳсол, тайёр кардан, нигоҳдорӣ, басту банд, ҳамлу нақл, бақайдгирии давлатӣ, стандартикунонӣ, назорати сифат, тамuuагузорӣ, савдо, реклама, истифодаи доруворӣ ва дигар амалиётҳоро вобаста ба муомилоти маводи доруворӣ дар бар мегирад.
Ташкилотҳои фармасевтӣ— ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки ба воридот, содирот, нигоҳдорӣ, коркард, истеҳсол, назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ, савдои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ҳамчунин ба захира, коркарди ашёи хоми доруворӣ ва парвариши гиёҳҳои шифобахш, ҷамъоварӣ, таҳлил ва додани иттилоот дар бораи фаъолияти фармасевтӣ, доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд. Ба онҳо ташкилоту корхонаҳои фармасевтӣ (заводҳо, фабрикаҳо ва ғайра), дорухонаҳо, озмоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, корхонаҳои коркарди доруворӣ, корхонаҳои савдои яклухт ва хоҷагиҳое мансубанд, ки ба захира ва коркарди ашёи хоми доруворӣ машғуланд.
Дорухона — ташкилоте, ки дар он нигоҳдорӣ, тайёр кардан, бадастоварӣ, назорати сифат, савдои доруворӣ аз рeи дорухат ё бидуни он ва савдои молҳои тиббӣ сурат мегирад ва маълумот оид ба доруҳо дода мешавад.
Дорухат — муроxиати хаттии духтур ба фармасевт доир ба тайёр кардан ва додани дору бо нишондоди тарзи истеъмоли он.
Доруҳои таъxилан тайёршаванда (экс темпоралӣ) – доруҳое, ки дар дорухонаҳо ҳангоми зарурат аз рeи таъйиноти асосӣ ва расмӣ тайёр карда мешаванд.
Кумитаи дорушиносӣ (фармакологӣ) — мақоми ихтибории (экспертии)   мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои марбут ба иxозати озмоишҳои дармонгоҳӣ (клиникӣ) ва дар амалияи тиб истифода бурдани маводи ватанӣ ва хориxии доруворӣ, масунии ҳаётӣ (иммунобиологӣ), ташхисӣ ва пешгирӣ.
Кумитаи доруномавӣ (фармакопеӣ) — мақоми ихтибории (экспертии)   мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба арзёбӣ ва мутобиқ сохтани санадҳои меъёрию техникие, ки талаботро нисбат ба сифати доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, тарзи назорати онҳо муайян менамояд.
     Ҷавҳари (субстансияи) фармасевтӣ — доруворӣ дар намуди моддаҳои фаъоли биотехнологӣ, биологӣ, маъданӣ ё кимиёвии дорои хосияти шифоӣ, ки барои истеҳсол ва тайёр кардани доруворӣ истифода шуда, судмандии табобатии онҳоро муайян менамояд.
     Муомилоти доруворӣ — таҳия, озмоишҳои токлиникӣ ва клиникӣ, экспертиза, бақайдгирии давлатӣ, стандартонӣ ва назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ, истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содирот аз он, додан, фурўхтан, истифода, реклама ва нобуд кардани доруворӣ.
    Номи тиҷоратии доруворӣ — номи доруворие, ки онро таҳиягар (истеҳсолкунанда) муайян кардааст.
    Шаҳодатномаи бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббӣ — ҳуҷҷати муқарраркунандаи вазъи ҳуқуқии моли алоҳидаи мушаххас, ҳамчун маҳсулоти тиббӣ ё фармасевтӣ ва иҷозатдиҳандаи истифодаи он дар соҳаи тандурустӣ. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№861)
 
Боби  2. Танзими давлатии соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
 
Моддаи 4. Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Танзими давлатии муносибатҳое, ки дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ба миён меоянд, ба тариқи зерин амалӣ мегардад:
— бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;
— иxозат додан ба фаъолияти фармасевтӣ;
— аттестатсия ва додани сертификат ба мутахассисони соҳаи фаъолияти фармасевтӣ;
— назорати давлатии истеҳсол, тайёр кардан, сифат, судмандӣ ва бехатарии маводи доруворӣ.
 
Моддаи 5. Салоҳияти мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи доруворӣ муайян мекунад;
— тартибу шартҳои Назорати давлатиро оид ба сифат ва беҳатарии доруворӣ ва молҳои тиббӣ муқаррар менамояд;
— барномаҳои асосии таъмини кафолатноки аҳолиро бо доруворӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва uайридавлатии тандурустӣ таҳия ва тасдиқ, менамояд;
— тартиби идоракунии сохтори мақоми Системаи давлатии фармасевтӣ ва саноати он, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳоро муқаррар месозад;
— сиёсати ягонаи техникиро дар соҳаи саноати фармасевтӣ таъмин менамояд;
       -Номгўи моддаҳои сахттаъсир ва Номгўи моддаҳои заҳрнокро тасдиқ менамояд;
— гуруҳи шахсони ба таври имтиёзнок бо доруворӣ таъминшаванда ва инчунин шартҳову тартиби таъминоти онҳоро муқаррар менамояд;
  • системаи ягонаи давлатии маҳакҳои ягонаи тарбияи кадрҳои соҳаи фармасевтиро муайян мекунад;
— тартиби сертификатсияи доруворӣ, молҳои тиббӣ   муаяйн менамояд;
— низомномаро оид ба фаъолияти мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ, мекунад;
— мутобиқи қонунгузорӣ ҳамкориҳои байналмиллалиро анxом дода, дар соҳаи фармасевтӣ ва саноати он шартномаҳои байналмиллалӣ мебандад;
— дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро анxом медиҳад.
 
Моддаи 6. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ:
— сиёсати давлатии дорувориро дар мамлакат амалӣ месозад;
— сиёсат ва самтҳои бо доруворӣ таъмин намудани аҳолиро таҳия менамояд;
— фаъолияти мақоми ҳокимияти иxроия, инчунин системаи давлатӣ ва хусусии соҳаи фаъолияти фармасевтиро ҳамоҳанг месозад;
— талаботи аҳолиро ба маводи доруворӣ муайян месозад;
— Рўйхати маводи дорувории асосиро таҳия ва тасдиқ мекунад;
— тадқиқоти илмӣ ва ихтироъи дорувории навро ташкил мекунад;
— вазифаҳои дорушиносӣ  (фармакологӣ)  ва  доруномавиро (фармакопеиро) ба амал мебарорад;
-доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва нашр мекунад;
— Фехристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
— номгeи доруворӣ ва молҳои тиббиро, ки тавассути дорухонаҳо ва муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба фуруши (истифодаи) онҳо иxозат дода шудааст, муқаррар менамояд;
— тартиби Назорати давлатиро оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои беҳдорӣ (санитарӣ) дар муассисаҳои фармасевтӣ муайян менамояд;
— тартиби Назорати давлатиро оид ба сифат судмандӣ ва бехатарии доруворӣ ва молҳои тиббие, ки дар муассисаҳои фармасевтӣ фурeхта мешаванд, муайян менамояд;
— ихтибори (экспертизаи) сифат, судмандӣ ва бехатарии дорувориеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, анxом медиҳад;
—  Тартиби бақайдгирии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
— Тартиби пешбурди феҳристи давлатии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, муайян менамояд; (ҚҶТ аз 17.05.18,№1531)
— бақайдгирии давлатии дорувориро анxом медиҳад;
— номгeи дорувориҳоеро, ки бе дорухати духтур фурўхта мешаванд, тасдиқ мекунад;
— xамъоварӣ ва натиxагириро аз маълумотҳо дар бораи истифодабарӣ, аксуламал (таъсири иловагӣ) ва оид ба хусусиятҳои таъсири мутақобилаи доруҳо анxом медиҳад;
— аттестатсия ва сертификатсияи мутахассисонеро, ки дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ машuуланд, амалӣ мекунад;
— якxоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангсозии   фаъолияти   муассисаҳои   давлатӣ,   инчунии дорухонаҳои идоравию хусусӣ ва муассисаҳои табобатию пешгириро вобаста ба таъмини аҳолӣ бо доруворӣ анxом медиҳад;
— таъйину истифодаи оқилона ва судмандии дорувориро ташвиқ менамояд;
— дар соҳаи сиёсати доруворӣ ва таъминоти доруворӣ ҳамкории байналмиллалиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
 
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ваколатҳояшонро мутобиқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур анxом медиҳанд.(17.05.18,№1531)
 
Моддаи 8. Назорати давлатии доруворӣ ва  фаъолияти фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатии доруворӣ ва  фаъолияти фармасевтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тавассути мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳад.
Назорати давлатии доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва воридоти он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Назорати давлатии муомилоти доруворӣ аз назорати озмоишҳои клиникии доруворӣ, сифат, судмандӣ, истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содирот аз он, додан, фурўхтан, истифода, реклама ва нобуд кардани доруворӣ иборат аст.
Назорати давлатии муомилоти доруворӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— санҷиши риояи қоидаҳои амалияи озмоишгоҳӣ ва клиникӣ ҳангоми озмоишҳои токлиникӣ ва клиникии дорувории дар соҳаҳои тандурустӣ ва байторӣ истифодашаванда, қоидаҳои ташкили истеҳсол, санҷиши сифат, савдои яклухти доруворӣ, тайёркунӣ ва додани доруворӣ, нигоҳ доштан ва нобуд кардани доруворӣ;
— гузаронидани санҷишҳои риояи шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;
— санҷиши сифати доруворӣ;
— омўзиш ва мониторинги таъсирнокӣ ва бехатарии доруворӣ;
— гирифтани иттилоот оид ба муқарраркунӣ ва истифодаи нарх ва болонархӣ аз мақомоти давлатӣ ва субъектҳои муомилоти доруворӣ. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№861)
Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати  давлатии  фаъолияти  фармасевтӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар доираи салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ мустақилона анxом медиҳад.
Низомнома ва сохтори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба назорати давлатим фаъолияти фармасевти аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 9. Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар соҳаи байторӣ
Назорати фаъолияти фармасевтӣ дар соҳаи байторӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
 
Боби 3. Таъминот бо доруворӣ. Стандарт ва талабот  нисбат ба доруворӣ
 
Моддаи 10. Таъминот бо доруворӣ
Таъмини аҳолӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббие, ки номгeи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои истифода дар фаъолияти тиббӣ иxозат додааст, инчунин ҳимоя дар ҳолатҳои ба саломатӣ расидани зиён аз истифодаи доруворӣ тибқи нишондоди тиббӣ, аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудан ва риояи низоми таъмини сифат, судмандӣ ва беҳатарии доруворӣ масъул аст. Бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмиинамудани аҳолиро шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки барои фаъолияти фармасевтӣ иxозатнома доранд, инчунин муассисаҳои табобатию пешгирӣ (ба истиснои савдои доруворӣ) анxом медиҳанд.
Гурeҳи шахсони ба таври имтиёзнок бо доруворӣ таъминшаванда, инчунин шартҳову тартиби таъмини онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 11. Тартиби муқаррар намудани стандарт ва талабот нисбат ба сифати доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стандартҳо (дастури мувақатии дорунома, дастури дорунома, доруномаи давлатӣ) ва талаботро оид ба сифат, судмандӣ ва беҳатарии доруворӣ ва молҳои тиббӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 12. Талабот нисбат ба доруворӣ
Доруворӣ бояд хушсифат, судманд, бехатар бошад ва ба талаботи доруномаи давлатӣ (фармакопеяи давлатӣ) дастури доруномаи давлатӣ, инчунин дигар стандартҳои истифодашавандаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ xавобгe бошад.
Дорувории дар фаъолияти тиббии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ истифодашаванда, инчунин ҷавҳари (субстансияи) фармасевтӣ, ҳатман бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сертификатсия гардонида шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти доруворие, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй нест, манъ аст.
 
Моддаи 13. Ихтирои доруворӣ
Тадқиқоти ихтирои дорувории навро муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, илмию истехсолӣ, таълимӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анxом медиҳанд.
Ҳуқуқи муаллифии доруворӣ ба шахси воқеие тааллуқ дорад, ки, бо меҳнати эxодии вай дорувори ихтироъ мешавад.
Ҳуқуқҳои амволӣ ва uайриамволие, ки ба ихтироъи доруворӣ вобаста аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
 
Моддаи 14. Истеҳсол ва тайёр намудани доруворӣ ва молҳои тиббӣ
Барои истеҳсол ва тайёр намудан доруворӣ ва молҳои тиббие роҳ дода мешаванд, ки истифодаи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тибқи тартиби муқарраршуда иxозат додааст.
Истеҳсол ва тайёр намудани доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи муассисаҳои фармасевтие, ки барои фаъолияти фармасевтӣ иxозатнома  доранд, сурат мегирад.
Истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ мутобиқи регламенти технологӣ бо риояи талаботи дастури дорунома, доруномаи давлатӣ ва стандартҳои дигари давлатӣ, бо назардошти меъёрҳои байналмиллалӣ вобаста ба истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ анxом меёбад.
Тайёр кардани доруворӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии барои фаъолияти фармасевтӣ иҷозатномадошта дар асоси дархости муассисаҳои табобативу пешгирӣ ва дорухати духтур амалӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва тайёр намудани дорувории қалбакӣ ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда манъ аст.
Шарт ва дастури истеҳсоли ашёи хоми доруворӣ, маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
Номгeи доруворӣ ва молҳои истеҳсолшавандаи тиббиро худи корхонаҳои истеҳсолкунанда муайян менамоянд.
 
Моддаи 15. Бастабандӣ ва тамuагузории доруворӣ ва молҳои тиббӣ
Бастабандӣ ва тамuагузории доруворӣ ва молҳои тиббӣ тибқи стандартҳои тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анxом дода мешаванд.
 
Боби 4.   Савдо, воридот ва содироти доруворӣ
 
Моддаи 16. Савдои доруворӣ
Савдои (аз Ҷумла савдои яклухт) доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси иxозатномаи дахлдор аз xониби ташкилотҳои фармасевтӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ сурат мегирад.
Ба аҳолӣ фурухтани доруворӣ  ва молҳои тиббиро истеҳсолкунандагон ва маҳсулотсупорандагони яклухт танҳо тавассути муассисаҳои дорухонагӣ, ки ба талаботи муқарраркардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ вобаста ба шароити нигаҳдорӣ ва фуруши доруворӣ ва молҳои тиббӣ xавобгў буда, ба xо меоранд.
Фурўши дорувории бесифат, қалбакӣ, ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодааш гузашта манъ аст.
Маҳсулотсупорандагони яклухт вазифадоранд, ки доруворӣ ва молҳои тиббиро аз истеҳсолкунандагони иxозатнома  дошта харидорӣ намуда, онҳоро ба муассисаҳои дорухонагии иxозатнома  дошта, инчунин муассиса ва ташкилотҳои табобатию пешгирӣ, мақоми xамъиятӣ ё давлатии тандурустӣ ва озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ, ки таҳқиқи дорувориро анxом медиҳанд, фурўшанд.
 
Моддаи 17.  (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 12.05.07с №270).
 
Моддаи 18. Кўмаки башардўстонан доруворӣ ва молҳои тиббӣ
Дорувории барои мақсадҳои башардўстона пешбинигардида, ба ҳудуди давлат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Доруворие, ки дар асоси кўмаки башардўстона ҳамлу нақл мегардад, аз xиҳати сифат ва беҳатарӣ бояд ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва стандартҳои байналмиллалӣ xавобгe бошад.
Xавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайримақсаднок ва  фурўхтани доруворӣ ва молҳои тиббии бо мақсадҳои кўмаки башардўстона пешбинигардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 19. Дорухат
Шакли дорухат барои гирифтани доруворӣ, қоидаҳои ба расмият даровардан ва талабот нисбати мазмуни онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии доруворӣ
Истеҳсол, фурeш ва истифодаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бақайдгирии давлатии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ сурат мегирад.
Бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд:
— дорувории нав;
— омехтаи (комбинатсияи) нави доруворие, ки қаблан ба қайд гирифта шуда буд;
— доруҳое, ки қаблан ба қайд гирифта шудаанд, вале бо миқдори (дозировка) нав ва ё тарқиби дигари моддаҳои ёридиҳанда дар шакли дорувории дигар истеҳсол мешаванд;
— дорувории такроран истеҳсолшуда (генерекӣ).
Доруҳое, ки аз тарафи дорухонаҳо, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ тибқи дорухати духтурон ва бо дархости муассисаҳои табобатию пешгирӣ тайёр карда мешаванд, ба қайди давлатӣ гирифта намешаванд.
Бақайдгирии давлатӣ манъ аст, агар:
— ду ва зиёда дорувории таркибашон гуногун зери як номи тиҷоратӣ истеҳсол шуда бошанд;
— як шакли доруворие, ки аз тарафи як истеҳсолкунанда зери номҳои гуногуни тиҷоратӣ истеҳсол ва барои ба қайди давлатӣ гирифтан чун ду ва зиёда доруворӣ пешниҳод шуда бошад.
Ба дорувории ба қайд гирифташуда шаҳодатномаи бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо зикри шаклу вояҳои доругӣ ба мўҳлати панҷ сол дода мешавад.
Шаҳодатномаи бақайдгирӣ минбаъд пеш аз ба итмом расидани мўҳлаташ аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар асоси аризаи соҳибҳуқуқи шаҳодатномаи бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.
Маълумот оид ба доруворӣ ва молҳои тиббии ба қайди давлатӣ гирифташуда бо талаби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ин маводро ба қайди давлатӣ мегиранд, дар ҳолатҳои зерин метавонад махфӣ нигоҳ дошта шавад, агар:
— доруворӣ ё таркиби он барои шахсоне, ки ба чунин маълумот сарукор доранд, маълум набошад ва барои истеҳсолкунандаи он махфӣ нигоҳ доштани он зарур бошад;
      — махфӣ нигоҳ доштани он аҳамияти тиҷоратӣ дошта бошад.(ҚҶТ аз 3.07.12с.№861)
Номгeи дорувории бақайдгирифташуда аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Феҳристи давлатии доруворӣ дохил карда мешавад.
Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад xараёни бақайдгирии фаврии дорувориро анxом диҳад. Низомномаро дар бораи фавран бақайдгирии доруворӣ мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мекунад ва онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 21. Воридот ва содироти доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин содироти доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо гирифтани иxозатнома оид ба фаъолияти тиxорати хориxӣ анxом меёбад.
Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудани доруворӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фармасевтӣ хабар медиҳад.
Тартиби воридоту содироти доруворӣ ва молҳои тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Воридоти дорувории қалбакӣ ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда, мўҳлати истифодааш гузашта ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва вогирии (эпидемияи) бемориҳои сирояткунанда барои воридоти доруворӣ ва молҳои тиббии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтанашуда иxозат диҳад.
Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани теъдоди маҳдуди доруворӣ новобаста аз бақайдгирии давлатии онҳо барои истифодаи истисноии шахсӣ бо мақсадҳои тиббӣ ва uайритиxоратӣ пешбинишуда, ба шахсони зерин иxозат дода мешавад:
— барои истифодаи шахсӣ ба шахсони воқеъие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;
— ба кормандони ҳайатҳои дипломатӣ ё намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистои фиристода шудаанд;
— барои муолиxаи мусофирони воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;
— барои гузаронидани озмоишҳои пеш аз дармонгоҳӣ ва дармонгоҳ;
— барои ба қайд гирифтани доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— барои ороиши намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва конференсияҳо, бе ҳуқуқи фурeш;
— барои истифодаи шахсӣ, ба миқдори зарурӣ баровардани доруворӣ аз тарафи шахсони воқеъӣ.
 
Моддаи 22. Ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани доруворӣ
Талабот ва қоидаҳоеро, ки нигоҳ, доштани сифат ва бехатарии дорувориро ҳангоми ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ таъмин мекунад, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуxxатҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Дароз кардани мeҳлати коршоямии доруворӣ манъ аст. Доруҳое, ки мeҳлати истифодаи онҳо гузаштааст, бояд нобуд карда шаванд. Тартиботи нобуд кардани доруҳое, ки вайрон шудаанд ва доруҳое, ки мeҳлати истифодаи онҳо гузаштааст ва сифаташон ба талаботи стандартҳо мутобиқат намекунад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 23. Дорувории нашъадор ва рўҳтаъсир (психотропӣ)
Қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, тақсим, таъйинот, истифода, воридот, содирот ва ҳамлу нақли дорувории нашъадор ва рўҳтаъсирро (психотропиро) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн мекунад.
 
Боби 5.  Коркард, озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ ва дармонгоҳии (клиникии) доруворӣ
 
Моддаи 24. Коркарди дорувории нав
Коркарди дорувории нав аз xустуxeи моддаҳои нави фаъоли дорусозӣ, омeзиши хусусияти шифоии онҳо ва инчунин аз озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ (клиники) иборат аст.
Маблаuгузории коркарди дорувории нав аз манбаъҳои зерин амалӣ мешавад:
— аз маблаuи буxети давлатӣ;
— аз маблаuи ташкилоти коркарди доруворӣ;
— аз маблаuи корхонаи истеҳсолкунандаи доруворӣ дар доираи корҳои илмию тадқиқотӣ, ки дар асоси шартнома байни ташкилоти коркарди доруворӣ ва корхонаи истеҳсолкунандаи доруворӣ иxро мешавад;
— манбаъҳои дигари молиявӣ, аз Ҷумла маблаuҳои бунёдҳои хайрия ва пасандозҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ.
Ҳуқуқи ташкилоти коркарди дорувории нав аз рeи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
 
Моддаи 25. Озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ (клиникӣ)
Озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ (клиники) бо мақсади омeзиши таъсири маҳсуси доруворӣ ва бехатарии онхо бо роҳҳои тадқиқотҳои илмии кимёвӣ, физикӣ, биологӣ, микробиологӣ, дорушиносӣ ва токсикологӣ анxом дода мешавад.
Озмоиши пеш аз дармонгоҳиро ташкилоти коркарди доруворӣ, риояи қоидаҳои амалияи озмоишгоҳӣ, ки онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад, анxом медиҳад.
Озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида шуда, бо сабти протокол ва тартибдиҳии ҳисобот, ки дар онҳо хулоса аз натиxагирии озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ омадааст, анxом меёбад. Ташкилоти коркарди доруворӣ оид ба имконияти дар оянда гузаронидани озмоиши дармонгоҳӣ (клиникӣ) маълумот пешниҳод мекунад.
Назорат оид ба риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии истифодаи ҳайвонҳо барои озмоиши пеш аз дармонгоҳии доруворӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба xо оварда мешавад.
 
Моддаи 26. Гузаронидани озмоиши дармонгоҳии (клиникии) доруворӣ
Мақсади озмоиши дармонгоҳии (клиникии) доруворӣ аз натиxагирӣ бо усулҳои илмӣ оид ба баҳодиҳию исботи судмандӣ ва бехатарии доруворӣ, маълумотгирӣ оид ба таъсири иловагии (аксуламалӣ) эҳтимолӣ аз истифодаи доруворӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо бо дорувории дигар иборат аст.
Қарорро дар бораи гузаронидани озмоиши дармонгоҳӣ (клиникӣ) мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи ташкилоти коркарди доруворӣ, ҳисобот, хулосаи мусбӣ оид ба озмоиши пеш аз дармонгоҳии доруворӣ ва дастурамали истифодаи доруворӣ, қабул мекунад.
Озмоиши дармонгоҳии дорувориро муассисаҳои тандурустӣ дар асоси иxозатномаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ доир ба гузаронидани озмоиши дармонгоҳӣ анxом медиҳад.
Озмоиши доруворӣ дар инсон таҳти роҳбарии духтури (мутахассиси) ваколатдор сурат мегирад. Духтуре (мутахассисе), ки озмоиш мегузаронад, бояд дар соҳаи озмоиш салоҳияти зарурӣ дошта бошад.
Озмоишгар ҳангоми ошкор гардидани таъсири иловагӣ (аксуламали) бояд фавран Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ намояд.
Натиxаи озмоиши дармонгоҳиро озмоишкунанда ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ  пешниҳод менамояд.
Тартиби   гузаронидан   ва   қатъ   намудани   озмоиши дармонгоҳиро Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
Маблаuгузории озмоиши дармонгоҳиро аз ҳисоби маблаuҳои буxети давлатӣ, шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё аз маблаuҳои дигаре, ки қонун иxозат додааст, ба xо овардан мумкин аст.
 
Моддаи 27. Ҳуқуқи беморони ширкаткунанда дар озмоиши дармонгоҳии (клиникии) доруворӣ
Иштироки беморон дар озмоиши дармонгоҳии доруворӣ худихтиёрӣ мебошад.
Бемор барои иштирок дар озмоиши дармонгоҳии доруворӣ розигии хаттии худро медиҳад
Бемороне, ки мехоҳанд дар озмоиши дармонгоҳии доруворӣ иштирок намоянд, бояд дар бораи доруворӣ ва моҳияти озмоиши дармонгоҳии он, таъсири эҳтимолӣ, бехатарии доруворӣ ва дараxаи хавфи он барои бемор, рафтори бемор дар ҳолатҳои таъсири uайриэҳтимолии доруворӣ ба саломатии e ва шартҳои суuуртаи саломатии бемор маълумоти пурра дошта бошанд.
Бемор ҳақ, дорад, ки аз иштирок дар озмоиши дармонгоҳии доруворӣ дар ҳар марҳилаи озмоиши нишондодашуда даст кашад.
Ҳангоми гузарондани озмоиши дармонгоҳии доруворӣ бо иштироки ноболиuон, розигии хаттии падару модари онҳо зарур аст.
Гузарондани озмоиши дармонгоҳии доруворӣ бо иштироки шахсони зерин манъ аст:
— ноболиuоне, ки падару модар надоранд;
— занҳои ҳомила, ба истиснои ҳолатҳое, ки озмоиши дармонгоҳии доруворие, ки барои занони ҳомила тавсия шудаанд ва хатари расонидани зарар ба зани ҳомила ва xанини e комилан вуxуд надорад;
— хизматчиёни ҳарбӣ;
— шахсони аз озодӣ маҳрум.
 
Моддаи 28. Назорат ба гузаронидани озмоишҳои дармонгоҳии (клиникии) доруворӣ ва молҳои тиббӣ
Ба гузаронидани озмоишҳои дармонгоҳии  (клиникии) доруворӣ ва молҳои тиббӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат мекунад ва ҳуқуқ дорад дар сурати зарурат xои гузаронидани озмоиш ва ҳуxxатҳои озмоишро зери санxиш қарор диҳад.
 
Моддаи 29. Назорат ба таъсири иловагии (аксуламали) доруворӣ
Муассисаҳои  ваколатдор намудаи  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ xамъоварӣ, ба низом даровардан ва таҳлили маълумотро оид ба таъсири иловагии (аксуламали) доруворӣ ва мушаххасоти таъсири мутақобилаи онҳо ташкил менамоянд. Ин маълумот мунтазам ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод карда мешавад.
Муассисаҳои тандурустӣ ва фармасевтӣ барои пинҳон доштан, ба таври пурра пешниҳод накардани маълумот дар бораи таъсири иловагии доруворӣ, инчунин наандешидани тадбирҳои зарурӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Боби 6.  Фаъолияти фармасевтӣ дар  Ҷумҳурии Точикнстон
 
Моддаи 30. Ҳуқуқи  машuул шудан бо фаъолияти фармасевтӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки барои фаъолияти фармасевтӣ иxозатнома  гирифтаанд, ҳуқуқ, доранд ба фаъолияти фармасевтӣ машuул шаванд.
Шахсони воқеии дорои маълумоти олӣ ё миёнаи фармасевтӣ буда ва сертификати мутахассис дошта, метавонанд дар муассисаҳои фармасевтӣ бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо шаклҳои муайяни фаъолияти фармасевтӣ машuул шаванд.
Шахсони воқеии дорои таҳсилоти миёна ё олии касбии фармасевтӣ ва сертификати мутахассис оид ба фаъолияти фармасевтӣ (қабул, нигоҳдорӣ, савдои чаканаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ) баъд аз гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ фаъолият карда метавонанд.(ҚҶТ аз 3.07.12с.№861)
Ба шахсоне, ки дар муассисаҳои дахлдори таълимии кишварҳои хориxӣ маълумоти фармасевтӣ ва диплом гирифтаанд, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориxӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар созишномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сохторҳои фармасевтии давлатӣ ё хусусӣ ба фаъолияти фармасевтӣ иxозат дода мешавад.
Ба кормандони соҳаи фармасевтӣ, ки вобаста ба ихтисоси худ беш аз 3 сол кор накардаанд, танҳо баъди таxрибаомeзӣ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, собит намудани дараxаи тахассуси худ барои машuул шудан бо чунин фаъолият иxозат додан мумкин аст.
Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи фаъолияти фармасевтӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
 
Моддаи 31. Соҳибӣ ва роҳбарии муассисаи фармасевтӣ
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонад соҳиби муассисаҳои фармасевтӣ бошад.
Роҳбарии муассисаҳои фармасевтӣ аз xониби шахсони дорои маълумоти фармасевтӣ ва сертификати мутахассис буда, анxом дода мешавад.
Қоидаҳои идоракунӣ ва вазифаҳои муассисаҳои фармасевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 32. Дорухонаҳои муассисаҳои табобатию пешгирӣ
Роҳбари дорухонаи муассисаҳои табобатию пешгирӣ бояд шахси дорои маълумоти фармасевтӣ ва сертификати мутахассис бошад.
 
Боби 7.  Маълумот, реклама ва назорати нархҳо
 
Моддаи 33. Ҳуқуқи бемор барои гирифтани маълумот дар бораи доруворӣ
Ҳар як бемор ҳуқуқ дорад дар бораи судмандии дорувории ба e тавсияшуда, таъсири эҳтимолии иловагии онҳо, таъсири байниҳамдигарии доруҳои мухталиф ҳангоми якxоя истифода бурдани онҳо маълумот гирад.
Маълумот дар бораи доруворие, ки бидуни дорухати духтур дода мешавад, метавонад дар нашрияҳо ва эълонҳои воситаҳои ахбори омма, нашрияҳои махсусгардонидашуда ва умум зикр гардад.
Маълумот дар бораи доруворие, ки тибқи дорухати духтур дода    мешавад,    метавонад    танҳо    дар    нашрияҳои махсусгардонидашуда, ки барои кормандони тиб ва соҳаи фармасевтӣ таъйин гардидаанд, инъикос шавад.
 
Моддаи 34. Рекламаи доруворӣ
Реклама бояд ба таъмини бозори фармасевтӣ бо маводи дорувории хушсифат, судманд ва беҳатар мусоидат намояд. Рекламаи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, манъ мебошад. Шахсони ҳуқуқие, ки барои фаъолияти фармасевтӣ дорои иxозатнома  нестанд, барои рекламаи доруворӣ ҳуқуқ надоранд. Дар воситаҳои ахбори омма он дорувориеро реклама кардан мумкин аст, ки бидуни дорухат дода мешавад. Дорувории тибқи дорухати духтур додашавандаро танҳо дар нашрияҳои махсусгардонидашудаи чопӣ реклама кардан мумкин аст.
Ҳангоми  рекламаи  доруворӣ  бо  мақсади  тақвияти самаранокии реклама муқоисаи он бо дигар маводи доруворӣ иxозат дода намешавад.
Дар сурати риоя накардани талаботи Қонуни мазкур оид ба рекламаи доруворӣ, мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад рекламаи дорувориро дар оянда манъ кунад.
Ҳаxм ва тартиби пардохти xарима вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур оид ба рекламаи доруворӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом меёбад.
 
Моддаи 35. Нишондод барои аз муомилот гирифтани доруворӣ
Доруворӣ аз муомилот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зайл гирифта мешавад:
— агар доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад;
— агар ин барои пешгирӣ намудани зиёни саломатии аҳолӣ зарур бошад;
— агар доруворӣ мувофиқи нишондод судманд набошад;
— агар сифати доруворӣ ба талаботи стандартҳои амалкунанда xавобгe набошад;
— агар мeҳлати нишондодашудаи доруворӣ ба охир расида бошад.
 
Моддаи 36. Назорати нарх
Назорати давлатӣ xиҳати танзими нархгузорӣ ва xуброни хароxот барои доруворӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
 
БОБИ 8. Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 37. Ҳамкории байналмиллалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмиллалиро дар соҳаи ихтироъ, истеҳсол, назорати сифат ва савдои доруворӣ анxом медиҳад. Бо ин мақсад барномаҳои илмии байналмиллалиро таҳия ва амалӣ карда, мубодилаи иттилоъӣ, усулҳо ва технологияи пешқадами ихтироъ ва истеҳсоли доруворӣ, воридот ва содироти он, ҳамкориҳои илмӣ ва касбии кормандони тиббро анxом медиҳад.
Давлат дастгирӣ ва инкишофёбии ҳама шаклҳои ҳамкориҳои байналмиллалиро дар соҳаи ихтироъ, истеҳсол, назорати сифат ва савдои доруворӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, таъмин менамояд.
 
Моддаи 38. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе   6 августи соли 2001
№39
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон
«Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, №7, мод.500)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» қабул карда шавад.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 июни соли 2001
№335
 
 
ҚАРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.501)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси милли
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  23 июли соли 2001 
№215

Илова кунед