Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

23 Июл 2001, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.511; соли 2008, №12,  қисми 2, мод.1014; соли 2014,№12,мод.825)
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
 
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар  Қонуни мазкур  мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— сарватҳои таърихию фарҳангӣ — ашёи манқули олами моддӣ, ки арзишҳои миллӣ, таърихӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ доранд;
— берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ — тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;
— ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ — тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;
— муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ — тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мeҳлати муқарраргардида;
— муваққатан дохил кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ — тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мeҳлати муқарраршуда.
— экспертизаи бадеӣ — аз xониби мутахассис (эксперт) ё гурeҳи мутахассисон омeхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касбӣ ва донишҳои махсусро тақозо дорад.
 
Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд
Сарватҳои таърихию фарҳангии зерин таҳти амали  Қонуни мазкур  қарор мегиранд:
— офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— офаридаҳои шаҳрвандони хориxӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— бозтёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
— гирдовардаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кино-фото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар маҳзанҳо;
— бозёфтҳои экспедитсияҳои археологӣ, этнографӣ, фолклорӣ ва табиии илмӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он xо пайдо шудаанд;
— дар натиxаи мубодилаи ихтиёрӣ ба даст омадаҳо;
— ба сифати мерос ё ҳадя бадастомада ва ё бо розигии мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳое, ки ин сарватҳо аз қаламрави онҳо пайдо шудаанд;
— ба сифати мерос, ҳадя қонунӣ ба дастомада ё бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он xо пайдо шудаанд;
— аз xониби шахсони ҳуқуқии хориxӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда(ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Танзими берун баровардан   ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ва Хадамоти гумруки   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг:
— категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ мансубанд, муайян мекунад;
— оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
— сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда, инчунин муваққатан берунбаровардашаванда ва муваққатан воридкардашавандаро ба қайд мегирад; (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
— экспертизаи сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;
— барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатнома медиҳад;
— сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз xониби мақомоти давлатӣ дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба  тартиби берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
 
Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда
Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда инҳо мебошанд:
— офариниши сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби буxаи давлатӣ;
— офариниши сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби фаъолияти  шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
— аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои таърихию фарҳангӣ офарида ё ба даст оварда шудаанд;
ба мерос монда;
— сарватҳои таърихию фарҳангии бамеросмонда.
Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти зеҳнӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ  аз xониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори e бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз xониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дода мешавад иxро мегардад.
Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои таърихию фарҳангии офаридаашро, ки моликияти eст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  берун барорад. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 8. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд
Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
— сарватҳои нодири қабл аз панxоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;
— аз xониби давлат ба рeйхат ва феҳристи нигоҳбонӣ дохилшуда;
— дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда.
 
Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин муваққатан берун бароварда мешаванд:
— барои ташкили намоишгоҳҳо;
— барои гузаронидани корҳои реставратсионӣ ва тадқиқоти илмӣ;
— вобаста ба фаъолияти театрӣ, консертӣ ва фаъолиятҳои дигари ҳунарӣ;
— барои ороиши  сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст.
 
Моддаи 10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Асоси муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатномаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани   сарватҳои фарҳангӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:
— шартнома бо xониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мeҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
— санади суuуртавии (шаҳодатнома, сертификат, пардохтнома) шартномаи суuуртаи молумулкӣ оид ба сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо назардошти ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суuуртавӣ;
— кафолати хаттии мақомоти давлатии xониби қабулкунанда оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан ба ҳудуди он давлат ворид карда мешаванд.
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ба ариза ҳуxxатҳое замима мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ба ариза ҳуxxатҳое замима мегарданд, ки дар сархати сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
 
Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
— ҳуxxатҳои дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;
— вазъи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда таuйир додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
— молики сарватҳои фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
— сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавзeи баҳси ҳуқуқи моликиятанд;
— дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берунбаровардашаванда гардад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда
Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берунбаровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати   қабулкунанда таъмин мекунанд.
 
Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридкардашуда
Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашударо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
(ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 14. Манъи ворид кардани ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади таѓйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарѓиби ҷанг, терроризм, зўроварӣ, экстремизм ва нажодпарастӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 15. Пешгирии uайриқонунӣ ворид кардан ва харидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз xониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд.
Бо мақсади пешгирии азхудкунии сарватҳои таърихию фарҳангии аз давлатҳои дигар uайриқонунӣ берунбаровардашуда, дуздидашуда ва ё uайриқонунӣ  харидашуда,  осорхонаҳои  давлатӣ,  бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 16. Фурeши сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Фурeши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.
Пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба фурeши оммавӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фуруши сарватҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро гиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавассути почта
Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуxxатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзитӣ  ворид кардани сарватҳои фарҳангиро аз рeи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
Ирсоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавассути почта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Харидори боинсофи сарватҳои фарҳангии аз кишварҳои дигар uайриқонунӣ баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рeи тартиби муқарраргардида xубронпулӣ дода мешавад.
Сарватҳои таърихию фарҳангии мутобиқи қисми якуми ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боxи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешавандХароҷоти дигарро оид ба баргардонидани онҳо xониби талабкунанда пардохт мекунад. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 19. Баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Давлат барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ѓайриқонунӣ берун бароварда шудаанд, чораҳо меандешад.
Мўҳлати даъво ба талаб дар бораи баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии ѓайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то эълони истиқлолияти давлатии он баровардашуда паҳн намегардад.
Моликони сарватҳои таърихию фарҳангии баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
 
Моддаи 20. Боxи давлатӣ  барои анҷом додани санҷиши  бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Боҷи давлатӣ  барои анҷом додани санҷиши  бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ»  ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
 
Моддаи 21. Пардохтҳои гумрукӣ барои сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо    тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ  карда  мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). (ҚҶТ аз 30.12.14с №1171)
 
Моддаи 22. Xавобгарӣ барои вайрон кардани  Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои вайрон кардани  Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба xавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                        Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  6 августи соли 2001
№42
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани
сарватҳои фарҳангӣ» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, №7, мод.512)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қабул карда шавад.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардан» сарватҳои фарҳангӣ» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 июни соли 2001
№343
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.512)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.Душанбе  23 июли соли 2001
№219

Илова кунед