Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

12 Май 2001, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2001, №4, мод.194; соли .2006, №4, мод. 199; соли 2007, №7, мод. 673; соли 2008, №12, қ- 2, мод.999; соли 2009, № 9-10, мод.545; соли 2011, №6, мод.454; соли 2013,№12,мод.893 соли 2014,№11,мод.665)
 
 
 
Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳо (муомилоти гражданӣ) ба миён меоянд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, коркард,   истифода ва муомилоти (муомилоти гражданӣ) онҳо ба миён меоянд, аз Ҷумла:
соҳаи амалиёти инҳисории давлатиро муқаррар менамояд;
мақсад, усулу хусусияти танзими давлатии фаъолияти шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд;
салоҳияти   мақомоти   Ҳокимияти   давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;
мақоми давлатии Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва конҳои захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
шароити фаъолияти бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
мақоми назорати маҳаки давлатӣ ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
навъу шаклҳои асосии назорати давлатии тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро муайян мекунад.
Қонуни мазкур тартиби додугирифти шаҳрвандонро (шахсони воқеиро) бо маснуоти заргарӣ ва ашёи ороиши ва маишӣ, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанду моликияти шахсии онҳост, танзим намекунад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар ин қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
металлҳои қиматбаҳо — тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурeҳи платина (палладий, ирридий, родий, рутений ва осмий). Рeйхати мазкурро танҳо бо қонун таuйир додан мумкин аст. Металлҳои қиматбаҳо метавонад дар ҳар шаклу ҳолат, аз Ҷумла дар шакли худрeй, холис ва тоза кардашуда ва ҳамчунин дар шакли ашёи хом, хeла, нимтайёр, маҳсулоти саноатӣ, пайвасти химиявӣ, маснуоти заргарӣ, маснуоти дигар, танга, шикастапора ва партовҳои истеҳсолоту истеъмолот бошад;
cангҳои қиматбаҳо — алмос, зумуррад, ёқут, сапфир, лаъли асил  ва александрити табиӣ, ҳамчунин гавҳари табии хом ва суфта. Рeйхати мазкурро танҳо бо қонун таuйир додан мумкин аст; (Қ ҶТ аз 5.10.09с, №552)
сарват – металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
истихроxи металлҳои қиматбаҳо —  xудо карда гирифтани металлҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ (маъданӣ), конхои пошхeрдаю техногенӣ ва ҳосил кардани консентрат ва дигар ниммахсулоти дорой металлҳои қиматбаҳо;
истихроxи сангҳои қиматбаҳо — xудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ, пошхeрдаю техногенӣ ва ҳамчунин саракорӣ, навъxудокунӣ, нархгузории ибтидоии сангҳои қиматбаҳо;
тиллои ёфтшуда – металлҳои қиматбаҳо ба шакли порахои худрeй, ки ҳангоми бурдани корҳои xустуxeии геологӣ ва истихроxӣ дар карерҳо, конҳо, нақбҳои куҳӣ, конҳои асосӣ ва пошхeрда ёфт шудаанд;
канданиҳои фоиданоки пошхўрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ѓайра, ки дар натиҷаи бодхўрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1049)
маснуоти заргарӣ — маснуоте, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд, тамuаи давлатӣ ва маҳак дошта барои истифодаи шахсии шаҳрвандон таъин гардидаанд.
xустуxe – корҳои xустуxeи геологӣ – корҳое, ки аз кофтукови xойҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сар карда то ба ҳисоб гирифтан ва тасдиқ намудани заҳираҳои онҳо бурда мешаванд;
дафинаи металҳои   қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо –металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуот аз онҳо, ки дар замин гeронда шудаанд, ё ба таври дигар  пинҳон карда шуданду молики онҳо аз рeи қонун ҳуқуқи моликдориашро гум кардааст ё муқаррар карданаш uайри имкон аст;
саракорӣ ва таснифи ибтидоии сангҳои қиматбаҳо – марҳaлаи охирини амали тоза кардани маъдан аст, ки имкон медиҳад сангҳои қиматбаҳо дар асоси коллексияҳои тасдиқшудаи намудҳои намунавӣ ва асбобҳои таснифотӣ аз маъдани истихроxгардида xудо карда, ҳамчунин онҳо ба навъҳои алоҳидае тақсим карда шаванд, ки ба навъҳои мақбули бозори xаҳонӣ мувофиқ бошанд;
баҳодиҳии ибтидоии сангҳои қиматбаҳо – марҳалаи охирини амали технологии тоза кардани маъдан буда, баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳоро дар асоси нархномаҳое, ки дар бозори xаҳонӣ қабул шудаанд барои баҳодиҳии ҳамин гуна навъҳои ашёи хоми маъдан кор фармуда мешаванд, таъмин менамоянд;
истеҳсоли  металлҳои қиматбаҳо — ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои  истихроxшуда, маҷмўи маъданҳо, хокаҳои ѓанишуда(консентратҳо) ва дигар ниммамаҳсулотҳо, инчунин шикастапораҳо ва партовҳое, ки дорои металлҳои қиматбаҳо мебошанд;
холискории металлҳои қиматбаҳо – амали тоза кардани металлҳои қиматбаҳои истихроҷшуда аз омехтаҳо ва унсурҳои ҳамроҳбуда, хушсифат гардонидани металлҳои қиматбаҳо ба ҳадди стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ё ба ҳадди стандартҳои байналмилалӣ;
рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо — xудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз асбобҳо ва дигар маснуоти таъиноти техникии аз корбаромада ё бо сабабҳои дигар аз истифода монда, ҳамчунин аз партовҳои дорои сангҳои қиматбаҳое, ки минбаъд онҳоро тоза карда ба ҳадде расонидан, ки сифаташон ба шартҳои техникӣ ё асбоби таснифоти алмос мутобиқ гардад;
истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -истифода кардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсадҳои истеҳсолӣ, илмӣ ва иxтимоию фарҳангӣ;
ҳисобу китоби махсус — бурдани феҳристе, ки амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда, барои дохил кардани ин ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи мазкур аз онҳо музд  намеситонад;
муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо – фаъолияти вобаста ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рўзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурўши яклухт ва чакана, инчунин гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:
— амале, ки ихтиёрдориро ба ҳуқуқи моликияти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), аз Ҷумла ба сифати замонат истифода кардани онҳо, гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволиро ифода менамояд. ;
— таuйир додани ҳолати физикӣ ё таркиби металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама гуна моддаҳо ва маводҳо ҳангоми истихроx, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо коркарду пардоздиҳӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо;
— ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо аз Ҷумла интиқол додани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо ба анбор, фонду захира ва ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузоштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
— ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо.
 
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Масъалаҳои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ихтиёри давлат мебошанд.
2.Давлат ба қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқдориашро бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», бо ҳамин қонун, шартномаҳои байналмилалӣ ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда ҳаллу фасл мекунад.
3.Субъектҳои истихроxкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар моддаи 4-уми ҳамин қонун зикр шудаанд, метавонанд қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро мутобиқи иxозатномаи  истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода шудаанд, барои истифода гиранд.
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроxшуда, ҳамчунин дигар маҳсулот ва даромаде, ки ҳангоми истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба таври қонунӣ ба даст омадаанд, моликияти субъектҳои истихроxкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд, агар дар шартномаҳои молфиристӣ, аз Ҷумла шартномаҳои маҳсулотфиристӣ барои эҳтиёxоти Ҷумҳурӣ, ки бо иштироки ин субъектҳо баста шудаанд ва инчунин дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти дигаре муқаррар нашуда бошад.
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки uайрқонунӣ истихроx шудаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5.Металлҳои қиматбаҳои мувофиқи стандарт холисшуда, инчунин сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроxшуда ё рекупиратсиягардидаи ба навъҳо xудошуда ҳангоми фурeш аз тарафи субъектҳои истихроxу истеҳсолкунанда ба тартиби афзалиётнок пешниҳод мегарданд:
ба мақоми махсуси ваколатдори ҳокимияти иxроия барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ  бастани қарордодҳои хариду фурeш бо субъектҳои истихроx ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ( дар мўҳлати на камтар аз се моҳ то рўзи пешбинишудаи харид) ва бо субъектҳои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ( дар мўҳлати на камтар аз панҷ моҳ то рўзи пешбинишудаи харид) ва додани пешпардохт (байона) аз ҳисоби пардохтпулии шартномавӣ аз ҳуқуқи имтиёзноки харид истифода бурда метавонанд. Ҳуқуқи хариди имтиёзнок ба мақомоту ташкилотҳои зикрёфта дар доираи маблаѓе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол муайян мекунад, дода мешавад. Иҷро накардани шартҳои  қарордоди басташудаи харидуфурўши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи як ё ҳарду тараф ба оқибатҳое мерасонад, ки бо моддаи 20 ҳамин қонун муқаррар шудаанд.
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд. Моликон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳуқуқи моликият доштани худро мутобиқи ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи давлат баробари ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият ҳифз карда мешавад.
Давлат барои бастани шартномаҳо xиҳати харидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроxу истеҳсолшуда бо субъектҳои онҳоро истихроxу истеҳсол бо мақсади пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бартарият дорад.
 
Моддаи 4. Субъектҳои истихроx ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
  1. Истихроxу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва истихроxи сангҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое ба амал бароварда метавонанд, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии моликият бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иxозатнома гирифтаанд.
  2. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1049)
  3. Металлҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое, ки рeйхаташонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, холискорӣ карда метавонанд.
4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо аз рeзи гирифтани литсензияи дахлдор то беэътибор гардиданаш ҳуқуқдор мешаванд.
 
Моддаи 5. Биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
  1. Дар Тоҷикистон биржаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое фаъолият мекунанд, ки ба амали доду гирифти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машuул буда бо амалиёти зерин алоқаманданд:
сабиқаи  стандартӣ  ва  ченакии  металлҳои қиматбаҳои холискардашуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалнахeрда, ба навъҳо xудошуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалдодаи сертификатсияшуда;
металлҳои қиматбаҳои худрeй;
маснуоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
маснуоти нимтайёр, ки металлҳои қиматбаҳо доранд;
тангаҳое, ки металлҳои қиматбаҳо доранд.
  1. Тартиби фаъолияти биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ» ва дигар қонунҳо муқаррар мекунад.
 
БОБИ 2. ФОНДҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ МЕТАЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 6. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсади танзими ҳаxми истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин ба мақсади минбаъд қонеъ гардонидани эҳтиёxоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барпо карда мешавад.
2.Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, конҳои xудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоеро фаро мегирад, ки дар ҳисоби давлат буда, ба истифода дода нашудаанд ё аз истифода бароварда шудаанд.
3.Қарори ба фонди давлатии захиравии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳамроҳ кардани конҳои xудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
4.Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» идора мекунад. Шартҳои истифодаи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба фонди конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дохил карда шудаанд, бо мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал мувофиқа карда мешавад.
 
Моддаи 7. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон xузъи захираи тиллову асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маxмeи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳоро, ки аз манъбаҳои дар банди 3-юми ҳамин модда номбаршуда ба даст омадаанд, дар бар мегирад.
Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёxоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иxтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёxоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Сарватҳое, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, моликияти давлатӣ мебошанд.
Биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншооту иморатҳое, ки барои нигаҳдорӣ, қабул ва хизмати сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, моликияти давлатӣ мебошанд ва онҳоро ба шаклҳои дигар, аз Ҷумла хусусӣ гардонидан мумкин нест. Иншоотҳои мазкурро ба иxора додан ва ё ба мақсади дигар истифода кардан танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Низомномаи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2.Қарори пурра сохтан ва харx кардани сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
З.Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби зайл пур мешавад:
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки аз субъектҳои бозори металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буxети давлатӣ, аз Ҷумла аз рeи шартномаҳои молфиристӣ, ки субъектҳои мазкур бо ташкилотҳои холискорикунандаи металлҳои қиматбаҳо бастаанд, харида шудаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодири худрeй, ки аз субъектҳои истихроxкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буxети давлатӣ харидорӣ шудаанд;
бо тартиби муқарраркардаи қонун маxбуран кашида гирифтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо сохташуда ва шикастапораҳои чунин маснуот;
маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудае, ки аз ташкилотҳои ин маснуотро харидорикунанда ба даст омадааст;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо сохташуда, шикастапораҳои чунин маснуот, ки аз шаҳрвандон харида шудаанд;
шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
дафинаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои бесоҳиб, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуоте, ки ба давлат мерос мондаанд ва тeҳфа карда шудаанд;
инъомҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар фаъолияти давлатӣ гирифтаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маснуоти онҳо, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии   Тоҷикистон   бо   асосҳои   дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
4.Сангҳои қиматбаҳоро ба Фонди давлатии  металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳо xудо карда мехаранд.
Тартиби назорати давлатиро ба сифати ба навъҳо xудокунӣ ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5.Маблаuе, ки ба он сарват ба Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавад, бояд дар қисми хароxоти буxети давлатӣ ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад.
6.Мақоми ваколати махсусдоштаи ҳокимияти иxроия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дахлу харxи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли молиявӣ ҳисобот пешниҳод мекунад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи иxрои буxети давлатӣ ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи дахлу харxи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар соли молиявӣ ҳисобот ва нишондиҳандаҳои xамъбастиро дар бораи вазъи умумии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мекунад.
 
Моддаи 8. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, маxмeи нодири сангҳои қиматбаҳои дорои аҳамияти таърихию бадеӣ, инчунин маxмeи маснуоти нодири заргарӣ ва ашёи дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
Ннзомномаи   Фонди   алмоси  Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамии Қонун тасдиқ менамояд.
  1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва моликияти давлатӣ буда, онро ба ҳар шакли дигар бегона кардан ва дигар хел истифода бурдан, аз Ҷумла ба иxора додан мумкин нест. Сарвати Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст фақат ба мақсади намоиш ё тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва берун аз хоки Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад.
  2. Номнавис шудани сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Фонди алмоси Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  3. Мақоми давлатии ваколатдори махсуси ҳокимияти иxроия ташхиси (экспертиза) пешакии сарватҳоеро, ки ба Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карданианд, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва азнавсозии онҳоро, инчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузоштани сарватҳои Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
 
Моддаи 9. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сабикаи тиллои холиси моликияти давлатӣ иборат буда, xузъи захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, барои амалӣ сохтани сиёсати молиявии давлат ва қонеъ кардани эҳтиёxоти фаврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст.
  1. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мавxуд аст, дар суратҳисобҳои он ба қайд гирифта мешавад. Қарорро дар бораи харx кардани ин қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби мувофиқакардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Ҳисоботро дар бораи ҳолати дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтани қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоcикистон ҳамчун қисми таркибии маърeзаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  2. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар суратҳисоби мақоми давлатии ваколатдори махсуси давлатии ҳокимияти иxроия ба ҳисоб гирифта мешавад. Қарори харx кардани захираи тиллое, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мавxуд аст, мутобиқи моддаи 22-юми ҳамин қонун қабул карда мешавад.
 
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲОИ СОҲАИ ТАДҚИҚУ ҶУСТУҶЎИ ГЕОЛОГИИ  МЕТАЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО, ИСТИХРОҶУ ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ ОНҲО
 
Моддаи 10. Мақсад ва роҳҳои воситаҳои танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1.Танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо, инчунин xамъоварии шикастапораю партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ба амал бароварда мешавад, ки мақсад аз ин ҳавасманд кардани истихроxу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ривоx додани бозори ин сарват ва самарабахш истифода кардани онҳо барои пешрафти иxтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хосиятҳои махсуси металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
2.Танзими давлатии ин муносибатҳо бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
иxозатдиҳии истифодаи қитъаҳои замини  дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
барои ташаккулёбии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои uанӣ гардонидани захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди афзалиётноки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
муқаррар намудани талабот нисбати ҳисобу китоб, саришта, ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳисобот дар бораи онҳо, инчунин нисбати тартиби додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба тартибандозии меъёрию ҳуқуқии амали ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар бозори дохилӣ ва хориxӣ бо доду гирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машuуланд;
ҳисобу китоби махсуси ин ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ;
назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста бо муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани тартиби дохил ва хориxшави металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ташкили назорати давлатӣ ба нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо роҳи тасдиқ намудани таснифгардонии ҳатмӣ ва нархномае, ки дар бозори xаҳонӣ xорист;
тартиби хоси назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он бурдани металлҳои киматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти аз онҳо сохташуда;
муайян кардани тартиби сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва саигҳои қиматбаҳои мавриди коркард қароргирифта ва маснуоти аз онҳо сохташуда;
муқаррар намудани рeйхати ташкилотҳое, ки бо холискории металлҳои қиматбаҳо машuуланд;
ташкили   назорати   давлатӣ   оиди   сифати   саракунӣ, классификатсия ва нархгузории сангҳои қиматбаҳои коркарданашудаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда.
3.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайян намудани маҳак ва тамuаи давлатӣ гузоштан ба металлҳои қиматбаҳо (сабикаи аҳамияти саноатӣ), тамuаи маҳакӣ задан ба маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишии металлҳои қиматбаҳо, инҳисори давлатӣ, муқаррар карда шудааст.
4.Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсоли онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар мавриди танзими давлатии муносибатҳои мазкур мувофиқан бо ҳамин Қонун, инчунин ба қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  танзими муносибатҳои соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун ва қонунҳои дигар:
1) сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии қонҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти  онҳо ва ҳамчунин xамъоварии шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба амал мебарорад;
2) мутобиқи қонунҳо нақшаи ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурeхтани сарватҳои он, ҳамчунин ҳисоботи дар соли молиявӣ пурра ва харx кардани сарватҳои ин фондро тасдиқ менамояд;
3) ваколати мақомоти идораи давлатиро дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро дар қаламрави дахлдор муайян мекунад;
4) қоидаҳои иҷозатро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифодаи усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1049)
5)тартиботи зайлро муқаррар менамояд:
содироту воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин тартиби ҳисоботдиҳӣ дар бораи онҳо;
амалӣ гардонидани назорати давлатӣ ба сифати саракорӣ ва нархмонии сангҳои қиматбаҳo;
харидан ва ба қайди Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани сарватҳо;
ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фурeхтани сарватҳо ва тартиби пардохти пули онҳо;
тафтиш кардани ҳолат Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
санxидани маҳак ва тамuа задани маснуоти металлҳои қиматбаҳо;
номгeи корҳое, ки барояшон музди (боxи) санxиш ситонида мешавад ва андозаи ин музд;
гузаронидани экспертизаи иқтисодию ҳуқуқии лоиҳаи шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳо ё бо воҳидҳои марзиву маъмурии давлатҳои хориxӣ ва шахсони ҳуқуқии хориxӣ дар соҳаи истихроxу истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
тартиби хариди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо, маснуот аз онҳо, инчунин сангҳои қиматбаҳои қаблан истифодашуда;
6) ҳифзи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро таъмин менамояд;
7) дар бораи тартиби ба консессияҳо додан ва эълони тендерҳои байналмилалӣ оиди ба кор андохтани конҳои xудогона қарор қабул менамояд;
8) ваколатҳои ба зиммааш гузоштаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.
 
Моддаи 12. Назорати давлатии маҳак
1.Назорати давлатии маҳак бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи исттифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.
2.Назорати давлатии маҳак ин xиҳатҳоро дар бар мегирад:
1)санxидан, таҳлил кардан ва тамuаи маҳаки давлатӣ задан ба ҳамаи маснуоти заргарии маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳои истеҳсолоти ватанӣ тайёр карда шудаанд ва ҳамчунин маснуотн мазкур, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурeш оварда шудаанд;
2)экспертизаи нусхаи тамuаҳои маҳаки давлатӣ;
3)таҳлили назоратӣ ва экспертизаи техникии металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин шикастапора ва партови  металлҳои қиматбаҳо;
4)экспертиза ва ташхиси назоратии сангҳои қиматбаҳо;
5)экспертиза мутобиқи қарорҳои мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва суд;
6)экспсртизаи ашёҳои осорхонаҳо ва бойгониҳо, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, инчунин назорат ба таъмини маҳфуздории ин ашёҳо;
7) сертификатсияи ҳатмӣ ва баҳодиҳии  металлҳои қиматбаҳо   ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо  тайёршуда;  (ҚҶТ аз 31.12.08с №465).
8)баҳисобгирии махсуси ташкилотҳо, (ба ѓайр аз корхонаҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо)  ва соҳибкорони алоҳида, ки додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро анxом медиҳнд;  (ҚҶТ аз 31.12.08с №465).
9) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба  ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.
  1. Пардохтпулии маҳак (боxи маҳак) барои гузарондани санxиш, таҳлил ва гузоштани тамuаи маҳаки давлатӣ ба маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти рeзгор аз металлҳои қиматбаҳо, барои экспертиза, таҳлили материалҳо, экспертиза ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо ситонида мешавад. Ҳаxми пардохтпулии маҳакро (боxи маҳак) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4.Як қисми пардохти ҳаққи маҳак (боxи маҳак) барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак истифода шуда, қисми боқимондаи он (боx) ба ҳисоби даромади буxети давлатӣ гузаронда мешавад. Ҳаxми маблаuе, ки барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак xудо карда мешавад, дар қонуни буxети давлатӣ тасдиқ мегардад.
 
Моддаи 13. Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда
1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда сертификатсия карда мешаванд.
Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда тасдиқи мутобиқати онҳо ба тавсифоти муқарраргардидаи сифатию миқдорӣ ва талаботи техникӣ мебошад.
2.Барои тасдиқи мутобиқати зикрёфта сертификат дода, ба маҳсулот   бошад,   дар  ҳолатҳои муқарраркардаи системаи сертификатсия тамuаи мутобиқат зада мешавад.
3.Феҳристи намудҳои маҳсулот, шаклҳои сертификатсия, инчунин ҳолатҳои мавриди сертификатсия қарор ёфтани ин намудҳои маҳсулотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ташкили кор оиди гузарондани ин сертификатсия ба зиммаи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иxроия гузошта мешавад.
 
БОБИ 4. ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ
 
Моддаи 14. Иxозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
Иxозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 15. (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 29.04.2006с,  №186).
 
Моддаи 16. Таъминоти ташкилии системаи иxозатномадиҳӣ  (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 29.04.2006с,  №186).
 
Моддаи 17. Тартиби додани иxозатнома (литсензия) (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №186).
 
Моддаи 18. Асосҳо барои қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд кардани амали иxозатнома (литсензия) (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 29.04.2006с,  №186).
 
БОБИ 5. ИСТИФОДАЮ МУОМИЛОТИ МЕТАЛҲОИ  ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
 
 
Моддаи 19. Ихтиёрдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроx ва истеҳсолшуда
1.Металлҳои қиматбаҳои истихроx ва истеҳсолшуда, ба истиснои металлҳои қиматбаҳои худрeй, баъди коркарди зарурӣ бояд барои холискорӣ ба ташкилотҳое, ки ба номгeи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, супорида шаванд. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо баъди холискорӣ ба молики аввала боқӣ мемонад, агар чизи дигаре бо шартҳои созишнома зикр наёфта бошад. Тартиби кори ташкилотҳоеро, ки холискории металлҳои қиматбаҳоро ба амал мебароранд, инчунин тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии ин ташкилотҳо ва мeҳлатҳои ниҳоии холискориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Тартиби гузарондани амалиёт бо ашёи хоми маъдании дорои металлҳои  қиматбаҳоро то  холискорӣ Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян мекунад.
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳангоми исихроx, истеҳсол, истифода, нигоҳ доштан ва муомилот ҳатман аз xиҳати вазн ва сифат ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби чунин баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро, аз Ҷумла мунтазам пешниҳод намудани маълумотҳоро дар бораи ташкилотҳое, ки металлҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунанд, инчунин оиди ҳаxми металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшуда ба мақоми давлатии омор, дар соҳаҳои нишондодашудаи фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Металлҳои қиматбаҳои холисшуда, металлҳои худрeи қиматбaҳо, ки холис карда намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳо дар тавозуни (баланси) соҳибони онҳо ба ҳисоб гирифа, тибқи ҳуқуқи соҳибон, ки шартномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, ба муомилоти гражданӣ ворид мешаванд.
  3. Металлҳои худрeи қиматбаҳои нодир, ки коркард намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳои нодир аз xониби субъектҳои истихроxи онҳо барои харидан бо тартиби афзалиятнок бо нархҳои шартномавӣ ба мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иxроия пешниҳод карда мешаванд. Нархи шартномавии металлҳои худрeи қиматбаҳои нодир аз арзиши металлҳои қиматбаҳои дар ин металлҳои худрeӣ қиматбаҳо вуxуд дошта паст буда наметавонад ва он аз рeи нархҳои амалкунандаи бозори xаҳонӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи хариду фурeши ин металлҳои худрeи амал мекунанд, ҳисоб карда мешавад. Нархи шартномавии сангҳои қиматбаҳои нодирро комиссияҳои экспертӣ, ки дар асоси баробарии мутақобил аз намояндагони тарафҳои манфиатдор таъсис дода мешаванд, муқаррар менамоянд.
Тартибу меъёри ба гурeҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодир нисбат додани худрeйҳоро назорати давлатии маҳаки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Металлҳои худрeи қиматбаҳо, ки ба гурeҳи нодир дохил намешаванд ва намунаҳои коллексиягии маъдани ин худрeйҳо мумкин аст аз xониби субъектҳои истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи нархҳои шартномави фурeхта шаванд.
Баҳодиҳӣ ва сертификатсияи металлҳои қиматбаҳои худрeӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз xониби мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иxроия сурат мегирад. Металлҳои қиматбаҳои худрeе, ки аз xониби Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ нашудаанд, ба субъектҳои истихроxи онҳо баргардонда ё бо супориши субъектҳои мазкури истихроxи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурeхта мешаванд, аз он Ҷумла дар музояда.
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби афзалиятнок ба харидорони дар банди 5 моддаи 3 ҳамин Қонун ва банди 4 ҳамин модда номбаршуда фурeхта нашудаанд, аз Ҷумла металлҳои худрeи қиматбаҳои нодир, ки аз харидани онҳо харидороне, ки аз харидани металлҳои қиматбаҳои худрeи нодир даст кашидаанд, мумкин аст аз xониби субъектҳои истиҳроx ва истеҳсоли онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурeхта шаванд, дар истеҳсолоти худи ё ба сифати ашёи гарав ё дигар eхдадории молиявӣ истифода бурда шуда, инчунин барои фурeш дар бозори берунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шаванд.
Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки талабгорӣ ё аз рeи eхдадорӣ пардохт нашудаанд, аз xониби моликон ё соҳибони онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон истифода бурда мешаванд. Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки нархашон пардохт шуда ва дар давоми се моҳ талаб карда нашудаанд, ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва мумкин аст онҳо дар асоси пешниҳоди ҳуқуқи моликият дархост карда шаванд.
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар натиxаи фаъолият оиди тадқиқи геологии сарватҳои зеризаминӣ ба даст омадаанд, аз xониби ташкилотҳои ин намуди корҳоро ба xо оварда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машѓуланд, ўҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.(Қ.Ҷ.Т. №1156, 27.11.14.)
 
Моддаи 20. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Ҳангоми хариду фуруши иxозатдодаи қонунгузорӣ, пардохти арзиши металлҳои қиматбаҳо бо назардошти нархи бозори xаҳони сурат мегирад. Ҳангоми чунин муомилот пардохти нархи сангҳои  қиматбаҳо аз рeи нархи бо роҳи эксперти муайяншуда дар асоси нархномаҳое, ки бо нархномаҳои дар бозори xаҳонӣ амалкунанда айният доранд ва бо назардошти таuйирёбии нархҳо дар рeзи фурeш сурат мегирад. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи шартномаҳо муқаррар карда мешавад.
2.Шартномаҳо бо субъектҳои истихроx ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар бораи супоридани сарватҳои мазкур ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо пешпардохт ба ҳисоби пардохтҳои аз рeи шартнома гузаронидашаванда таъмин гарданд. Ҳаxми пешпардохти шартнома дар бораи супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба фондҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  1. Пардохт ва ҳавасмандгардонӣ барои супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлат гирифтаанд, мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4.Ба мақсади ҳавасмандгардонии инвеститсияҳо ба инкишофи истихроxу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи когазҳои қиматнок мумкин аст ба муомилот когазҳои қиматноки давлатӣ бароварда шаванд, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқат кунанд.
5.Дар сурати аз тарафи фармоишгар иxро нашудани шартҳои қарордод, ки дар бандҳои 1 ва 2-юми ҳамин модда зикр гардидаанд, субъектҳои истихроxу истеҳсолкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳақ доранд маҳсулотеро, ки арзишаш аз рeи қарордод пардохта нашудааст дар ихтиёри худ нигоҳ доранд ва ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда барои ҳимояи ҳуқуқи амволиашон ба суд муроxиат намоянд.
 
Моддаи 21. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва cангҳои қиматбаҳо, шикастапораҳо ва партови онҳо
1.Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар асоси тартибот ва шароитҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
  1. Муомилоти металлҳои қиматбаҳо дар намуди коuазҳои қиматноки (облигатсияҳои) давлатӣ, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқ ё бо металлҳои қиматбаҳо таъмин буда, бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ бароварда шудаанд, метавонанд сурат гирад. Eҳдадориҳо аз рeи ин коuазҳои қиматнок (облигатсияҳо) бояд бо eҳдадориҳои облигатсионии маxмeи эквивалентии эмитент миқдори металлҳои қиматбаҳо, ки бо ҳифозати масъул тибқи муқаррароти муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон xойгиронида шуда фаро гирифта шудаанд, бояд кафолат дода шаванд.
3.Сангҳои қиматбаҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ корношояманд, ҳамчун маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ бе маҳдудиятҳои муқаррар кардаи ин қонун истифода мешаванд.
Меъёр ва тартиби xудо кардани сангҳои қиматбаҳо ба гурeҳи истифоданашавандаи истеҳсолоти маҳсулоти заргарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.
4.Шикастапора ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳое, ки дар онҳо ин пораҳо ва партовҳо пайдо мешаванд, бояд xамъ оварда шаванд. Шикастапора ва партовҳои xамъоварда ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз тарафи ташкилотҳои онҳоро xамъоваранда, аз Ҷумла ба қисмҳои ҳарбӣ ва низомӣ, ки барои истифодаи дуюмбора (аз коркард гузаронидан) иxозатнома доранд ва ё ба ташкилотҳое, ки ба ин навъи фаъолият иxозатнома доранд, метавонанд барои истеҳсолоти минбаъда ва холискории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурeхта шаванд.
  1. Тартиби пардохт ва нархномаи барои шикастапора ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз шикастапораҳо ва партовҳо ҳосилшуда вобаста ба намуду ҳолати онҳо мутобиқи ҳамин қонун истифода ва ба муомилот бароварда мешаванд.
 
Моддаи 22. Тартиби баровардани сарватҳо аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мувофиқи нақшаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, дар ҳаxми арзиши дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буxети давлатии муқарраргардида истифода мешаванд. Ин нақшаҳо ҳар сол бо нишон додани мақсадҳои мушаххаси ба фурeш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо қабул карда мешаванд.
  2. Фурeхтани тилло аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёт дар бозорҳои берунӣ ва дохилӣ, инчунин ба фурeш баровардани дигар металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз фонди мазкур зиёда аз андозаи нақшаи муқарраршудаи ба фурeш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва барои мақсадҳое, ки дар ин нақша пешбинӣ нашудааст, танҳо бо қарордоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи пешниҳоди асосноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даровардани таuйироти дахлдор ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буxети давлатӣ анxом мепазирад.
Пешниҳоди мазкур бояд маълумотро дар бораи миқдори умумӣ ва навъҳои сарватҳои дахлдоре, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи фиристодани пешниҳод маҳфузанд, оиди нақшаи воридшавии ин сарватҳо, мавxудияти қарзи давлатӣ аз субъектҳои истихроx ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, оиди мeҳлатҳои мушаххас ва соҳаҳои хароxоти маблаu аз амалиёти пешбинишаванда бо сарватҳои иловатан фурeхташаванда, инчунин дар бораи иxрои воқеии қарордодҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ин масъалаҳо маълумот дошта бошад.
  1. Маблаuи аз фурeши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, ҳатман дар қисми даромади буxети давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Истифодаи захираи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарурати технологӣ бо мақсади гирифтани маҳсулот дар асосҳои муваққатӣ ва фақат шартномавӣ роҳ дода мешавад. Нархномаҳоро барои истифодаи захираҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИӣ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРОИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИСТИХРОҶ ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ  МЕТАЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
 
 
Моддаи 23. Шартномаҳои байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Лоиҳаҳои  шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин   шартномаҳои басташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои давлатҳои хориxӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориxӣ дар соҳаи истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ин лоиҳаҳо ҳатман аз экспертизаи иқтисодию ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иxроия ташкил ёфтааст, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2.Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроx, истеҳсол ва истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ба тасдиқ расанд.
 
Моддаи 24. Шартномаҳои байналмилалӣ оиди коркарди маъдан ва консентратҳо
  1. Молики металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба маъдану консетратҳо ҳамроҳ ва ё дар таркибашон мавxудбуда, ки барои коркард ё фурeш ба хориxа фиристода мешаванд, субъекти истихроҷи онҳо мебошад.
  2. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани маъдан, хокаҳои ѓанишудаи ашёи хом ва маводи дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо танҳо дар ҳолати набудани иқтидори саноатӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохоли кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад,амалӣ мегардад.
Тартиби xуброни хароxот оиди xудокардагирифтан ва баргардонидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
БОБИ 7. Назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилотн онҳо
 
Моддан 25. Мақсад ва намудҳои назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1.Назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо бо мақсадҳои зайл амалӣ карда мешавад:
1)риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
2)истифодаи самараноки захираҳои табиии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
3)истифодабарии схемаҳои ташкилию технологии аз xиҳати экологӣ тозаи истихроx ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
4)бе осеб нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо тайёршуда.
  1. Ба тадқиқу xустуxeи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо шаклҳои зерини назорати ягонаи давлатӣ xорӣ карда мешаванд:
1) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
2)  назорати давлатии маҳак, ки мутобиқи банди 2 моддаи 12 ҳамин қонун ба амал бароварда мешавад;
3) назорати давлатӣ ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчуни ба маҳсулоти онҳо, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда ва аз он бароварда мешаванд.
 
Моддаи 26. Салоҳияти мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
  1. Назорати давлатӣ ва тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.
  2. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо мутобиқи мақсадҳо ва намудҳои назорат салоҳияти зеринро доранд:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун санҷишро дар субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба амал мебарорад;
2) шаклҳои ба ҳисобгирию ҳисоботдиҳиро ҳангоми истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин тартиби пешниҳоди ҳуxxатҳои ҳисоботдиҳиро муқаррар мекунанд;
3) ба шахсони мансабдори ташкилотҳои назоратшаванда дар бораи бартараф кардани камбудиҳо,  пешниҳодҳои барояшон ҳатмӣ, мефиристанд;
4) ҳангоми санxиш ва тадқиқот ошкор намудани нишонаҳои xиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маводи дахлдорро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.
  1. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо наметавонанд бо фаъолияти тиxоратӣ мустақилона машuул шаванд, инчунин ба истиснои ташкилотҳои барои таъмини вазифаҳои мақомоти давлатӣ таъсисёфта, муассиси ташкилоти анxомдиҳандаи фаъолияти тиxоратӣ, буда наметавонанд.
 
 Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади риояи қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 271. Ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба амалӣ намудани назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Хароҷоти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ дар ҷараёни интихоби намунаҳо, гузаронидани санҷиш, экспертиза ва таҳлили маҳсулот (маснуот, мавод) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дар ҷараёни коркарди маснуоти заргарӣ ва маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба талаботи муқарраршуда номувофиқ, ҳамчунин қобили фурўш набуда ба миён омадаанд, ҷуброн карда намешавад.
Хароҷоти вобаста ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида мешавад, аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд.
 
БОБИ 8. МАСЪУЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР
 
Моддаи 28. Таъмини муҳофизат ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо
1.Ташкилотҳое, ки тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро ба роҳ мондаанд ва бо амалиёти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сарукор доранд, муҳофизаи сарватҳои мазкур, инчунин маҳсулоти онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Бо ин мақсад ташкилотҳои мазкур оид ба мустаҳкамкардани объектҳое, ки дар онҳо амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо гузаронда мешаванд, яъне xиҳозонидан барои бо воситаҳои техникии махсуси ҳифз, асбобҳои махсуси садодиҳанда ва алоқа бояд тадбирҳо андешанд, хадамоти худии посбони таъсис диҳанд ва дар ҳолати имконнопазирии таъсис додани онҳо бо ташкилотҳои махсусе, ки соҳаи фаъолияташон ҳифзи объектҳост дар бораи қабули хизматрасонии шартномаҳо банданд.
  1. Ҳисоби фаврии истихроx, истеҳсол, нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо дар корхонаҳо аз рeи ҳар як марҳалаи коркард ё ҳар як намуди кор бо назардошти хусусиятҳои технологӣ истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, пайдоиши пасмондаю талафшавии истеҳсолӣ, алоҳида ба роҳ монда мешавад.
3.Ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва автомобилии махсусе, ки бо воситаҳои дахлдори техникӣ xиҳозонида шудаанд ва онҳоро муҳофизони мусаллаҳ, ҳамроҳӣ мекунанд, ба амал бароварда мешавад. Таxҳизоти нақлиёти махсуси автомобилӣ бояд бехатарии бори мазкурро таъмин намояд.
  1. Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №743).
 
Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани тартиботи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1.Шахсоне, ки барои вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо айбдоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
2.Маблаuе, ки аз истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти uайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба даст омадааст тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромади буxети давлат ворид мешавад. Дар айни замон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар мeҳлати се шабонарeз аз мавриди гирифтани онҳо ҳатман ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
3.Ташкилотҳо  ва  муассисаҳо, сарфи назар аз  шакли моликияташон, ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои коркарди конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки ба нобудшавии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оварда расонидаанд, арзиши зарари расонидашударо ба давлат xуброн мекунанд.
 
Моддаи 30. Шикоят аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу xустуxeи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроx, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва назорати давлатии ин соҳа, инчуннн аз амали ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонанд.
 
 
      Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  12 майи соли 2001,
№ 21
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ  МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАЧЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»
ва мавриди амал қарор доданн он
 
(Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №4, мод.195)
 
Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани  қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои  худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва  сангҳои қиматбаҳо” мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  23 ноябри соли 2000,
№178
 
 
ҚАРОРИ МАЧЛИСИ МИЛЛИИ
МАЧЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»
 
(Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №4, мод.196)
 
Мачлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» баррасӣ намуда, қарор   мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Мачлиси миллии
Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 апрели соли 2001,
№165 

Илова кунед