Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 Май 2001, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2001, № 4, мод. 215; соли 2003, №4, мод. 152; соли 2008, №1 қ 1, мод. 1; соли 2009, №12, мод.813; соли 2016, №7, мод.602; соли 2017,       №7-9, мод.565)
 
 
 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
 
Моддаи 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иxроияи давлатӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастаxамъӣ амалӣ намуда, системаи мақомоти идоракунии давлатиро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд.
 
Моддаи 2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳо, қарорҳои якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба амал мебарорад.
 
Моддаи 3. Принсипҳои  асосии фаьолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таxзияи ҳокимият, ошкорбаёнӣ, дастаxамъӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба роҳбарӣ мегирад.
 
Моддаи 4. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иxрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иxрои Конститутсия, дигар қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, таъмин намуда, аз xониби мақомоти идоракунии давлатӣ иxро шудани онҳоро мунтазам назорат мекунад.
 
БОБИ 2. РАИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТОР ВА ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 5. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
 
Моддаи 6. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
 
Моддаи 7. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони e, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. (ҚҶТ аз 23.07.16,№1325)
 
Моддаи 8. Ба вазифа таъин кардан ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад ва фармонро дар ин хусус ба xаласаи якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Агар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин ва озод кардани узви Ҳукумат Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар xаласаи якxоя тасдиқ накунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фармони мазкурро такроран ба xаласаи якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тасдиқ пешниҳод намояд ё дар бораи таъин намудани шахси дигар фармон пешниҳод кунад.
Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
Ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло  гузошта, тамоми неру ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам, адолат ва қонуниятро сарчашмаи фаъолияти худ қарор дода, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям.
Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ў мегардад. (ҚҶТ аз 18.07.17. №1445)
Макон ва тартиби баргузории савгандёдкунии аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.16,№1325)
 
Моддаи 9. Мeҳлати  фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мeҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иxро менамояд.
 
Моддаи 10. Истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди uайриимкон донистани иxрои фаъолияти мeътадили худ метавонад ба Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқи 6а истеъфо рафтан дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳар вақт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати пурра ё аъзои алоҳидаи онро ба истеъфо фиристад ва фармонро дар ин хусус барои тасдиқ ба xаласаи якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намояд.
 
Моддаи 11. Фаъолияте, ки ба иxрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест.
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:
вакили мақомоти намояндагӣ бошад;
дигар вазифаро ишuол намояд;
шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машuул шавад;
бо дигар фаъолияти музднок, uайр аз фаъолияти омeзгорӣ, илмӣ ва эxодӣ машuул шавад.
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин наметавонад:
ахборот, воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотиро, ки танҳо барои фаъолияти хизматӣ пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои uайрихизматӣ истифода намояд;
барои осори нашршуда ва суханрониҳо ба сифати узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад.
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ў бо тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.07.17с, №1455).
 
Боби 3. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 12. Роҳбарӣ ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва сохтори дастгоҳи марказии онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд. (ҚҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои коллегияҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар  мақомоти идоракунии давлатиро тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад  мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди маблаuҳое, ки дар буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти мақомоти идоракунии давлатӣ муқаррар шуданд, таъсис диҳад ва низомномаи онҳоро тасдиқ намояд.
 
Моддаи 13. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
роҳбарии самараноки иxтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад;
ба системаи мақомоти ҳокимияти иxроия роҳбарӣ мекунад;
барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии xудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
 
Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
раванди иқтисодиро танзим мекунад;
фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, гардиши озодонаи мол, хизматрасони, сармоя ва қувваи коргариро таъмин ме­намояд;
дурнамои иxтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгeӣ мекунад, барномаҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиётро таҳия ва амалӣ менамояд;
барномаҳои давлатии иқтисодӣ ва сармоягузориро таҳия менамояд ва барои татбиқи он тадбирҳо меандешад;
моликияти давлатиро идора мекунад;
барои соҳибкорӣ ва рушди озодонаи тамоми шаклҳои моликият дар шароити муносибатҳои бозори шароит фароҳам меорад;
сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия менамояд ва дар амал татбиқ мекунад;
роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро ба амал мебарорад;
дар бобати муҳофизати манфиатҳои истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, иxрокунандагони кор ва хизматрасониҳо тадбирҳо меандешад;
фаъолияти саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таъмин менамояд;
зарурати xалб намудани қарзи давлатӣ ё қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад, муайян мекунад.
 
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи буxет, молия, пул, қарз ва андоз
                 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозситониро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонуни буxетро таҳия намуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иxрои онро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар кардан ва бекор намудани андоз таҳия менамояд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба доду гирифти қарзи давлатӣ мегирад;
дар бобати танзими бозори қоuазҳои қиматнок тадбирҳо меандешад;
идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
ба фаъолияти молиявӣ дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориxӣ роҳбарӣ менамояд;
сиёсати ягонаи нархро бо назардошти талаботи иқтисоди бозорӣ таҳия менамояд ва барои дар амал татбиқ  намудани он тадбирҳо меандешад.
 
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иxтимоӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии иxтимоӣ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иxтимоӣ амалӣ мекунад, ба рушди таъминоти иxтимоӣ ва хайру эҳсон мусоидат менамояд;
барномаҳои иxтимоию иқтисодиро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат тадбирҳо меандешад;
барномаҳои таъмини шуuли аҳолиро таҳия менамояд ва доир ба татбиқи ин барномаҳо тадбирҳо меандешад;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатии муҳоxиратро таъмин менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини некeаҳволии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо меандешад;
ба ҳалли масъалаҳои оила, падару модарон ва фарзандон мусоидат менамояд, оид ба татбиқи сиёсати xавонон тадбирҳо меандешад;(ҚҶТ аз 18.07.17. №1455)
оид ба рушди тарбияи xисмонӣ, варзиш ва туризм, инчунин соҳаи табобати курортию санаторӣ ва истироҳатӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд.
 
Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
доир ба дастгирии давлатии инкишофи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд;
ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърих ва фарҳангро таъмин мекунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
 
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ таъмин менамояд;
доир ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти мусоид ва оид ба таъмини беҳбудии экологӣ тадбирҳо меандешад;
фаъолияти мақомоти идоракунии давлатиро дар бобати якxоя гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ва татбиқи барномаҳои экологии аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доштаро ҳамоҳанг месозад, дар бобати рафъи оқибатҳо ва кам кардани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хислати табиӣ, техногенӣ ва экологӣ дошта тадбирҳо меандешад; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
ҳифз ва истифодаи окилонаи захираҳои табиӣ, танзими истифо­даи табиат ва ҳифзи захираи маъдан ва ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
 
Моддаи 19. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди xинояткорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии таъмини амнияти шахс, xамъият ва давлат чораҳо меандешад;
доир ба таъмини қонуният ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар бобати муҳофизати моликият ва тартиботи xамъиятӣ, оиди мубориза бар зидди xинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои барои xамъият хатарнок тадбирҳо меандешад;
доир ба таъминоти ташкилӣ, рушд,  таҳким бахшидани заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мекунад.
 
Моддаи 20. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад;
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбиро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин мекунад;
иxрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили яроқу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рeи ихтисосҳои каcби ҳарбӣ таъмин мекунад;
барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунҳо ба мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат xалб карда мешаванд, кафолати иxтимоиро таъмин менамояд;
муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд:
ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад.
 
Моддаи 21. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориxӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар амали намудани сиёсати хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориxӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз xиҳати моддӣ таъмин менамояд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
иxрои eҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд, инчунин аз xониби иштироккунандагони шартномаҳои мазкур ба иxро расидани eҳдадориҳои онҳоро назорат мекунад;
ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он ҳимоя менамояд; (ҚҶТ аз 23.07.16,№1325)
танзим ва назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориxӣ, ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ ва фарҳангӣ анxом медиҳад.
 
Моддаи 22. Салоҳияти дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба зиммаи он гузоштаанд, ба амал мебарорад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми эълони ҳолати xангӣ ё вазъияти фавқулодда тибқи қонунҳое, ки ин ҳолатҳоро ба танзим медароранд ,муайян карда мешавад.
 
БОБИ 4.ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 23. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми зарурат, бо иxозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо супориши e бо иxозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи масьалаҳои алоҳидаи хусусияти оперативӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани Маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд.
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок дошта бошанд.
Дар Маҷлисҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд баррасӣ мешаванд.
Дар Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
Дар Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шахсони дигар низ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад Маҷлисҳои пeшида доир намояд.
Тартиби тайёр ва гузаронидани Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, сурат мегирад.
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши e Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Рафти Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои он  бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумат метавонанд аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш гарданд.(ҚҶТ аз 18.07.17. №1455)
 
Моддаи 24. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми машваратӣ  -Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони e иборат мебошад. Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар аъзои Ҳукумат дохил шуда метавонанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
 Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи зарурат гузаронида мешаванд.
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарва­зири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми набудани e муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рeзномаи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дорои хусусияти тавсиявӣ қабул мекунад.
 
Моддаи 25. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо супориши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон:
кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақсим мекунад;
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад;
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва шартномаҳои байниҳукуматиро имзо менамояд;(ҚҶТ аз 18.07.17. №1455)
оид ба таъмини иxрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст амалӣ мегардонад.
Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои eро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иxро менамояд.
 
Моддаи 26. Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд, ба кори онҳо назорат мекунанд ва оид ба таъмини иxрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳанд, пешниҳодот ва лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳоро, ки ба Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бароварда мешаванд, пешакӣ баррасӣ менамоянд, барои вазъи ин корҳо масъуланд.
 
Моддаи 27. Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ
Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ:
барои фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатие, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд ва барои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмeъ масъуланд;
дар баррасии масъалаҳо дар Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
 
Моддаи 28. Комиссияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад, вазифа, тартиби фаъолияти онҳоро муайян мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии ихтилофот оид ба лоиҳаи қарорҳо, инчунин барои иxрои қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои муваққатӣ ва гурeҳҳои корӣ таъсис медиҳад.
 
Моддаи 29. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иxрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. (ҚҶТ аз 23.07.16,№1325)
Санадҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд дар шакли қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъxилӣ ва дигар масьалаҳои xорӣ, ки хусусияти меъёрӣ надоранд дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Ба санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) дар мавриди мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қисми онҳо) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда ё амали онҳо боздошта мешаванд.
Нисбати санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонун шикоят кардан мумкин аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроxиатномаҳо ва изҳоротҳоро, ки хусусияти ҳуқуқӣ надоранд, қабул намояд.
 
БОБИ 5. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 30. Иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаьолияти қонунгузорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳуқуқи  ташаббуси  қонунгузориро  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи таuйир додан ё бекор кардани қонунҳои xории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани таuйирот ба қонунҳои xории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал мебарорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, таҳия ва тасдиқ мекунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонунҳо хулосаи хаттӣ медиҳад, ки онҳо ба субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавнд.
 
Моддаи 31. Иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар xаласаҳои якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, xаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар xаласаҳои якxояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, xаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумита ва ко­миссияҳои онҳо мутобиқи талаботи Дастури онҳо иштирок намоянд ва баромад кунанд.
 
БОБИ 6. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ СУДӣ, МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ XАМЪИЯТӣ
 
Моддаи 32. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳо
Муносибати Ҳукумат бо судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Конститутсия, ин Қонуни конститутсионӣ  ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
 
Моддаи 33. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии    Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти  мақомоти  иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро  амалӣ  менамояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо,шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, баррасӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ва гузоришҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бораи татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якxояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мешунавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бо раисони Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин менамояд, ҳамзамон масъалаҳои баҳсноки ба вуxуд омадаро ҳал менамояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буxети давлатӣ ҳаxми маблаuxудокуниро барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии  мақомоти  иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳуриро, ки ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, бекор мекунад.
 
Моддаи 34. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ
 Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ дар асоси Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
 
БОБИ 7. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 35. Таъмини фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар санадҳо, ташкили назорат 6а иxрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби Дастгоҳи иxроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Вазъи ҳуқуқии Дастгоҳи иxроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Дастгоҳи иxроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад,  муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09 с, №575).
 
Моддаи 351. Муҳофизати давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи e ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи e ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи рeйхати шахсони мансабдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳофизати давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати ваколати худ ҳуқуқ надоранд, ки аз муҳофизати давлатӣ даст кашанд. (ҚҶТ аз 23.07.16,№1325)
 
Моддаи 36. Пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳимояи иxтимоии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин   шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №575).
Хизматрасонии тиббӣ, таъминоти иxтимоию маишии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
          Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан, нафақа дар ҳаҷми ҳаштод фоизи музди миёнаи меҳнаташ таъин карда шуда, новобаста аз ҳадди ниҳоии пардохти нафақа пурра пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №346).
 
Моддаи 37. Хароxоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буxети давлатӣ маблаuгузорӣ карда мешавад.
Хароxоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буxети давлатӣ дар сатри алоҳида муайян карда мешавад.
 
Моддаи 38. Аз эътибор сокит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 218) аз эътибор сокит дониста шавад.
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 12 майи соли 2001,
№ 28
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, мод.213; соли 2003, №4 ,мод. 152)
 
Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон» қабул карда шавад.
  2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро ба Қонуни конститутсионии мазкур  мутобиқ  гардонад.
 
 
 
       Раиси Маҷлиси намояндагони
       Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             С. ХАЙРУЛЛОЕВ
       ш. Душанбе,  4 апрели соли 2001,
№ 275
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, мод.214)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» xонибдорӣ карда шавад.
 
      Раиси Маҷлиси миллии
      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
      ш. Душанбе,  28 апрели соли 2001,
     №188

Илова кунед