Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳои замин

12 Май 2001, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2001, № 4, мод. 185; соли 2007, №5,мод. 367)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии баҳои заминро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, гузаронидани маxмeи баҳои заминро муайян мекунад.
 
Боби I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси ва истилоҳот
Баҳои замин – нишондиҳандаҳои кадастрии баҳои замин, ки барои ҳалли маxмeи масъалаҳои амалӣ дар соҳаи муносибатҳои замин, ташкили банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои замини Ҷумҳурӣ, ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунад.
Баҳои кадастрии давлатӣ — маxмeи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникӣ мебошанд, ки барои муайян кардани арзиши кадастрии қитъаҳои замин то ҳолатҳои санаи муайян равон гардидааст.
Арзиши кадастрии қитъаи замин — арзиши қитъаи замин, ки дар асоси тавсифи қитъаи замин бо истифодаи усул ва қоидаҳои коркарди ахбори омор муайян карда шудааст.
Нархи меъёрии замин – нишондиҳандаи асосии баҳои замин бо ифодаи пулӣ, ки арзиши сифати муайян ва xойгиршавии қитъаи заминро тавсиф мекунад.
Минтақаи кадастрӣ — як қисми ҳудуди маъмурию минтақавӣ, ки аз рeи шароитҳои хокию иқлимӣ ва иқтисодӣ якхела мебошанд.
 
Моддаи 2. Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикисгои
Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иxора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин, муҳофизату азхудкунии он ва баланд бардоштани  ҳосилнокии хок анxом дода  мешавад.
 
Моддаи 3. Муайян намудани минтақаи кадастрӣ
Аз рeи натиxаҳои гузаронидани корҳои баҳогузории замин, мансубияти ҳудуди мушаххас ба минтақаҳои кадастрӣ муайян карда мешавад.
Тартиби гузаронидани корҳои баҳогузории замин барои муайян кардани минтақаҳои кадастрӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 31. Имконнопазирии баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ дар ҳолати набудани маводҳои ибтидоӣ
 
Баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ ( заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола) дар ҳолати набудани нишондиҳандаҳои баҳои сифати хок ва тавсифномаи майдонҳо анҷом дода намешавад.
 
Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин
Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин ба    Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 5. Объекти баҳодиҳӣ
Объекти баҳодиҳӣ китъаи замин ё маxмeи қитъаҳои замин, uайр аз иншоотҳои дар онҳо ва дар зери замин буда, мебошанд.
 
                 Моддаи 51. Қитъаи замине, ки мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешавад
Қитъаҳои замини боғҳои миллӣ, дендрологӣ, ботаникӣ, мамнўъгоҳҳо, фонди давлатии ҷангал, фонди давлатии об, ёдгориҳои таърихӣ, динӣ, заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин қитъаҳои замине, ки ба муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бо мақсади гузаронидани таҷриба ва иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷудо карда шудаанд, мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешаванд.
 
Моддаи 6.  (Хориҷ карда шуд бо Қ Ҷ Т аз 12.05.07с №262).
 
БОБИ II БАҲОИ КАДАСТРИИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН
 
Моддаи 7. Ташкили баҳои кадастрии давлатии замин
Гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Баҳои кадастрии давлатии замин барои муқаррар намудани арзиши кадастрии қитъаҳои замини таъиноти  мақсаднокиашон гуногун гузаронида мешавад.
Баҳои кадастрии давлатии замин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ ва мақомоти маҳаллии он гузаронида мешавад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ барои гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин метавонад ташкилотҳои соҳавиро дар асоси шартнома ҷалб намояд.
Асоси баҳогузории кадастрии давлатии заминро маълумоти кадастри давлатии замин, шаҳрсозӣ, xангал, об ва дигар кадастрҳо ташкил медиҳанд.
Маълумоти баҳои кадастрии давлатии  замин ба кадастри давлатии замин, шаҳрсозӣ, xангал, об ва дигар хуxxатҳои кадастрӣ дохил карда мешавад.
Маълумотҳои охирини ҳисоби баҳои кадастрии давлатии замин то гузаронидани баҳои минбаъдаи кадастрии давлатии замин нишондиҳандаҳои асосӣ буда, ҳар сол бо дарназардошти таuйиротҳои тавозуни замин, нархҳои мавxудаи бозорӣ аз нав дида баромада шуда, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 8. Намудҳои баҳои кадастрии давлатии замин
Баҳои кадастрии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани баҳогузории умумии кадастрии замин ва баҳогузории инфиродии кадастрии қитъаи заминро пешбини менамояд.
Баҳогузории умумии кадастрии замин оид ба муайянкунии арзиши он дар тамоми ҳудуди Ҷумхурӣ гузаронида мешавад.
Баҳогузории инфиродии кадастрии замин муайян кардани арзиши қитъаи мушаххаси заминро пешбинӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Маблаuгузории баҳои кадастрии давлатии замин
Маблаuгузории корҳои баҳои кадастрии давлатии замин аз ҳисоби маблаuҳои буxети давлатӣ  гузаронида мешавад.
 
Моддаи 10. Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии замин
Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии заминро бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 11. Дар амал xорӣ намудани натиxахои баҳои кадастрии давлатии замин
Натиxахои баҳои кадастрии давлатии замин бо пешниҳоди  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ  аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз аввали ҳар сол xорӣ карда мешаванд.
Арзиши кадастрии қитъаи замин, ки ба кадастри давлатии замин дохил шудааст, то баҳои навбатии кадастрии давлатии замин таuйир намеёбад, ба uайр аз ҳолатҳое, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст.
 
Моддаи 12 . Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳое, ки дар натиxаи гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин ба амал меоянд, бо тартиби суди баррасӣ мешаванд.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  12 майи соли 2001,
№18
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2001, № 4,  мод.186)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин»  қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2000,
№183
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, № 4,  мод.187)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи баҳои замин» баррасӣ намуда қарор мекунад;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи баҳои замин» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси   Маҷлиси   миллии
       Маҷлиси   Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М.УБАЙДУЛЛОЕВ
                 ш. Душанбе,  28 апрели соли 2001,
                №168

Илова кунед