Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 Апрел 2001, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2001, №4, мод. 209)
Ин Қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, ҳамчунин сигналҳои фарқкуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи eҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои xанг аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз xониби xамъиятҳои миллӣ, ки Конфронси ХХ байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар соли 1965 (бо таuйирот ва иловаҳои соли 1991) қабул кардааст бармеоянд, муайян мекунад.
 
Моддаи 1. Истлоҳоти асосие, ки дар ин Қонун истифода бурда мешаванд
Барои мақсадҳои ин Қонун истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:
низои мусаллаҳона – вазъиятҳо, чӣ тавре ки онҳо дар конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои xанг аз 12 августи соли 1949 (минбаъд конвенсияҳои Женева) ва дар Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 (минбаъд Протоколҳои иловагӣ) муайян карда шудаанд;
воҳидҳои тиббӣ – муассисаҳои статсионарӣ ё сайёри тиббӣ ва дигар воҳидҳои uайринизомӣ ё харбӣ, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои xустуxу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиxа намудани Маҷрeҳон ва беморон, аз Ҷумла расонидани кумаки аввалин, ҳамчунин барои пешгирии бемориҳо ташкил карда шудаанд;
ҳайати кормандони тиббӣ — шахсоне мебошанд, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои xустуxу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиxа намудан, аз Ҷумла расонидани ёрии аввалин ба Маҷрeҳои ва беморон, барои пешгирии бемориҳо, ҳамчунин барои таъминоти хоxагӣ, моддию техники ва дигар таъминоти воҳидҳои тиббӣ таъин шудаанд;
Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар – ҳаракатест, ки xамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи байналмилалии xамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар бар мегирад;
воситаҳои наклиёти санитари – воситаҳои ҳавоӣ, заминӣ, баҳрӣ ва дарёии интиқол, ҳам ҳарбӣ ва ҳам uайринизомӣ, доимӣ ё муваққатӣ, ки фақат барои кашонидани Маҷруҳон ва беморон, ҳайати кормандони тиббӣ, амволи тиббӣ ва ба мақсадҳои дигари тиббӣ таъин шудаанд ва таҳти назорати тарафи дар низои мусаллаҳона ширкаткунанда мебошанд;
аломат — аломати салиби сурх ё ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед, ки ҳамчун аломати муҳофизаткунанда ё фарқкунии воҳидҳои тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, амволи тиббӣ, ҳайати кормандони тиббӣ истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эьтироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Объектҳое, ки ҳимоя карда мешаванд
Объектҳои зерин таҳти ҳимояи ин Қонун қарор мегиранд:
а) аломатҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар;
б) номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»;
в) сигналҳои фарқкунӣ  барои шинохтани воҳидҳои тиббӣ  ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ.
 
Моддаи 4. Созмони миллии Ҳилоли Аҳмар
Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона созмони миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф карда мешавад.
Фаъолият, вазифаҳо ва мақсадҳои Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 5. Аломат
Аломат рамзи сабук кардани азобу шиканxаи Маҷруҳон ва беморон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона, вазъиятҳои фавқулоддае, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд ва барҳам додани оқибатҳои онҳо мебошад.
Аломати салиби сурх, салиби сурхи дар заминаи ранги сафед тасвирёфта аст, ки аз ду хати рости дорои тулу арзи баробар иборат мебошад, ки дар марказ ҳамдигарро бо кунxи рост бурида мегузаранд ва то канори замина намерасанд.
Аломати ҳилоли аҳмар аз тасвири  ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед иборат аст, ки нeгҳои тези он ба тарафи рост аз нигоҳкунанда нигаронида шудаанд ва то канори замина нарасидаанд.
 
Моддаи 6. Истифодаи аломат
Аломатро ҳамчун нишони фарқкунӣ ва муҳофизаткунанда фақат дар мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ истифода бурдан мумкин аст.
Аломат ҳамчун нишони муҳофизаткунанда дар давраи низои мусаллаҳона, ҳамчунин дар мавридҳое, ки ҳамин Қонун  пешбинӣ намудааст, дар замони осоишта барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки бинобар бо кумак расонидан ба Маҷрeҳон ва беморон аз ҳимояи махсус бархурдоранд, истифода бурда мешавад. Аломате, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, бояд аз рeи имкон андозаи калон дошта бошад, то ки  аз масофаи хеле дур дида шинохтани он мумкин гардад.
Аломате, ки ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда мешавад, нишон медиҳад, ки шахс ё объект бо Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вобастаанд ва аломат бояд андозаи хурдтар дошта бошад.
Бо иxозати Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода бурдани аломати Ҳилоли Аҳмар ҳамчун нишони фарқкунӣ барои дар замони осоишта ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, ки ба Маҷруҳон ва беморон ройгон кумаки тиббӣ мерасонанд, рухсат дода мешавад.
 
Моддаи 7. Аз аломат истифода бурдани хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қeшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қeшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои   фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи низои мусаллаҳона, фақат барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббии худ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, воҳидҳои тиббӣ истифода барад.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббӣ бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.
 
Моддаи 8. Аз аломат истифода бурдаии воҳидҳои тиббии  uайринизомӣ
Дар давраи низои мусаллаҳона ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидхҳи тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии uайринизомӣ бо иxозат ва таҳти назорати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мешавад, ишорат карда мешаванд.
Вазорати   тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайати кормандони тиббии uайринизомӣ   бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мeҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.
 
Моддаи 9. Аз аломат истифода бурдани Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои
Ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар давраи низои мусаллаҳона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо иxозати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд. Ҳайати кормандони тиббии Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба конунҳо ва амрҳои ҳарбӣ итоат мекунанд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии Xамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон  бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мeҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.
Дар мавридҳои дигар Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар давраи низои мусаллаҳона мутобиқи моддаи 8 ҳамин Қонун аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мебарад.
Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳануз дар замони осоишта аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда ва сигналҳои фарқкуниро барои ишорат кардани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки барои дар давраи низои мусаллаҳона онҳоро ба мақсадҳои тиббӣ истифода бурдан пешбинӣ мешаванд, истифода бурда метавонад.
Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломати ҳилоли аҳмарро, ҳамчун нишони фарқкунӣ ҳам дар давраи низои мусаллҳона ва ҳам дар замони осоишта барои ишорат кардани мансубияти шахсон, воситаҳои нақлиёт, амвол, иншоотҳо ва дигар объектҳо ба Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода мебарад.
Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои нишони Ҳилоли аҳмарро, инчунин мутобиқи Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз xониби xамъиятҳои миллӣ ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонад.
Xамъиятҳои миллии хориxии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавxуд мебошанд, бо иxозати Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломатро бо тартибе, ки қисмҳои панҶум ва шашуми ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонаид.
 
Моддаи 10. Аз аломат истифода бурдани воҳидҳои тиббии xамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориxие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд
Бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти назорати Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии xамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориxие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд, метавонанд барои расониданн кумаки инсондустона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд ва бо аломат, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии xамъиятҳои миллии давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориxие, ки дар низоъ иштирок намекунанд, бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мeҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.
 
Моддаи 11. Бозубанд ва шаҳодатнома
Ҳайати кормандони тиббии дар моддаҳои 7, 8, 9, 10 ҳамин Қонун зикршуда барои тасдиқи мақоми худ дар давраи низои мусаллаҳона eҳдадор аст, ки бозубанд бандад ва шаҳодатнома дошта бошад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.
 
Моддаи 12. Сигналҳои фарқкунӣ
Мутобиқи Протоколи иловагии I сигналҳои равшанидиҳанда, сигналҳои радиоӣ ва сигналҳои электронии ташхискунӣ, ки фақат барои истифода бурдани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ бо мақсадҳои шинохтани онҳо пешбинӣ шудаанд, ба сигналҳои фарқкунӣ мансуб мебошанд.
Сигналҳои фарқкуниро барои ягон мақсади дигар истифода бурдан мумкин нест.
 
Моддаи 13. Истифода бурдани номи «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номҳои шахсони ҳуқуқӣ, тамuаҳои молӣ ва тамuаҳои хизматрасонӣ ва ба мақсадҳои дигар, ки бо принсипҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мувофиқ нестанд, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» — ро истифода бурдан мумкин нест.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳуқуқи мустаснои истифодабарии номи «Ҳилоли Аҳмар» дода мешавад, агар ҳамин Қонун чизи дигаре муқаррар накарда бошад.
 
Моддаи 14. Созмонҳое, ки аломатро бе иxозат истифода мебаранд
Кумитаи    байналмилалии   Салиби    Сурх,    Федератсияи байналмилалии xамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мутобиқи конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи xанг ҳангоми амалӣ намудани тамоми шаклҳои фаъолияти худ аломатро бе иxозат истифода мебаранд.
Истифода бурдани нишонаҳои шабҳеи аломат, ки шояд саҳван бо аломат монанд карда шаванд, мумкин нест.
 
Моддаи 15. Истифодаи uайриконунии салиби сафед дар заминаи ранги сурх
Бо сабаби он, ки нишони Швейсария саҳван ҳамчун аломати Салиби Сурх қабул нагардад, ба сифати аломати тиxоратӣ ё фабрикӣ, ( ба сифати қисмҳои таркибии чунин аломатҳо), ҳамчунин бо мақсадҳое, ки хилофи қоидаҳои тиxорати бовиxдонона мебошанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мумкин аст ҳисси миллии шаҳрвандони Швейсария таҳқир шавад, истифодаи салиби сафед дар заминаи ранги сурх ё ҳама гуна аломате, ки ба охирин ҳамшабеҳ аст, дар ҳама ҳолат манъ мебошад. Шахсоне, ки ҳамин меъерҳоро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 16. Назорати истифодаи аломатҳо ва номҳои   «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои иxрои ин Қонун ва ҳамчунин аз болои шахсоне, ки барои истифода бурдани аломатҳо номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ ҳуқуқ доранд, назорат менамояд.
Xамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба суиистифода аз аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар», сигналҳои фарқкунӣ бо мақомоти ҳокимияти давлат ҳамкорӣ мекунад.
 
Моддаи 17. Масьулият барои иxро накардани ин Қонун
Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гуна шакл истифода бурдани аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ, ки хилофи ин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз xониб xамъиятҳои миллӣ мебошанд, манъ аст.
Шахсоне,  ки барои иxро накардан ё ба таври  дахлдор иxро накардани ин Қонун гунаҳкор ҳастанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                             Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  12 майи соли 2001
№26
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
 
 Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои
Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №4, мод. 210)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавал.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
таклифи худро оиди мутобиқ гардондани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба Қонуни мазкур пешниҳод намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  31 январи соли 2001
№217
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх
ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №4, мод.211)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистонро «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва  Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 апрели соли 2001
№175

Илова кунед