Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон»

10 Декабр 2000, Якшанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон,  соли 2000, № 11, мод.512;)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор  мекунад:
  1. Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон қабул карда шавад.
  2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон аз 27 декабри соли 1993 (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон с.1994. № 2, м.38);
Фасли ХХХII Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон» (Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, с.1997, № 9, м.117).
 
Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                                                                         Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2000,
№ 34
 
 
 
 
 
КОДЕКСИ  ОБИ  XУМҲУРИИ  ТОXИКИСТОН
 
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли  2000, № 11, мод.510; соли 2006, №3, мод. 164; соли 2008, № 3, мод.200; соли 2009, №12, мод.824; соли 2011, № 6, мод, 455; соли 2012,№4,мод.271)
 
 
ФАСЛИ  I.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ АСОСӣ
 
Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи  ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.
2.Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
-танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
-таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
  -муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №381).
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
-об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавxуда;
-обҳои рeизаминӣ— обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рeизаминӣ қарордошта;
-обҳои зеризаминӣ— обҳои аз xумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;
-захираҳои об— захираҳои оби рeизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;
-объектҳои об— xамъшавии об дар рeи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаxм бо доштани низоми обӣ;
-низоми об- таuйир ёфтани сатҳ, хароxот ва ҳаxми об дар объектҳои об;
-манбаи обҳои рeизаминӣ— объекти оби рeизаминӣ дар маxмeъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;
-объекти оби xудогона (манбаи оби сарбаста)- манбаи оби масоҳати хурд ва xоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рeизаминӣ аз xиҳати гидравликӣ вобаста нест;
-Ҳавзаҳои обxамъшаванда— ҳудуде, ки дар он об xорӣ шуда объекти обро ба вуxуд меорад;
-обҳои дренажӣ — обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарxамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;
-обҳои партов— обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;
-истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёxоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;
-Ҳифзи объектҳои об— фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;
-ифлосшавии объектҳои об— партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рeизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;
-олудашавии объектҳои об— партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;
-камшавии об — мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рeизаминӣ ва зеризаминӣ;
-таъсири зараровари об— зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рeизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;
-истифодабарандаи об— шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёxоти худ истифода мебаранд;
-фаъолияти хоxагии об— фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;
-иxозат барои истифодаи махсуси об – иxозате, ки барои истифодабарии объекти об  аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода шудааст;
-оби нeшокӣ- обе, ки аз рeи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нeшидан ва эҳтиёxоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хeрока истифода шуда метавонад;
-меъёрҳои сифати оби нeшокӣ (талаботи меъёрӣ)- маxмeи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нeшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;
-таъминкунӣ бо оби нушокӣ— фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;
-истифодаи умумии об— истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;
-истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;
-истифодабарандагони аввалаи об— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи xудогона дода шудаанд;
-истифодабарандагони баъдинаи об— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода мешавад;
-каптаж- xамъ кардан ва ба маxрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;
-мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;
-ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ғайритиҷоратиест. Ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад;
-ташкилоти (идораи) — ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар  ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад;
            — обхезӣ — офати табиӣ,  ки бар асари баланд  шудани сатҳи оби дарё,  кӯл,  обанбор ва дигар  иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он  масоҳати васеи маҳал зери об  монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кӯлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
            — пешгирии обхезӣ —   чорабиниҳое,  ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рӯй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи  зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
           — бартараф намудани обхезӣ – корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари  таъҷилӣ,  ки ҳангоми  рӯй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва  ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
— идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об – низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;
— иншооти хоҷагии об – обанборҳо, сарбандҳо, каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои об, чоҳҳои об, ҷӯйҳо, иншооти гидротехникӣ, садҳои муҳофизат аз об, новаҳо, қубурҳои об бо коммуникатсияҳо ва дигар ҷузъиёти инфрасохторӣ;
— нақшаи ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об – нақшаи рушд, истифодаи ҳамгироиёна ва  ҳифзи захираҳои об дар ҳудуди гидрографии ҳавзаи асосии манбаи об;
— шабакаи заҳбуру заҳкашҳо – шабакаи бо ҳам пайвасти заҳбурҳо ва заҳкашҳои кушода ва пӯшида, иншооти гидротехникӣ, чоҳҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз ҷумла ҳамаи қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва таъмири шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо ҷудо  шудаанд;
— ташкилоти ҳавзавии захираҳои об — сохтори ҳудудии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи асосӣ масъул мебошад;
— шартнома оид ба обрасонӣ – санади ҳуқуқие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартҳои обрасонӣ ба мӯҳлати муайян баста мешавад;
— Шӯрои миллии об – мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад;
— Шӯрои ҳавзавии об – мақоми машваратию маслиҳатии ҳавзавӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи муайяни об ҳамоҳанг месозад; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
            — усулҳои  мубориза бо обхезӣ – маҷмӯи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи об
Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Xумҳурии Тоxикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Xумҳурии Тоxикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Xумҳурии Тоxикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4Фонди давлатии об
1.Фонди давлатии оби Xумҳурии Тоxикистон дар маxмeъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо xамъшуда, заминҳои ишuолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.
2.Ба объектҳои оби Xумҳурии Тоxикистон дарёҳо, кeлҳо, пиряхҳо, барфтeдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рeизаминӣ, инчунин минтақаҳои xамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз xумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.
3.Захираҳои оби Xумҳурии Тоxикистон аз маxмeи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва рeизаминӣ иборатанд.
 
Моддаи 41. Заминҳои фонди давлатии об
1.Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кӯл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо,  чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.
2.Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди  давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие,  ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.
3.Истифодабарии  ғайримақсадноки заминҳои фонди давлатии об, ки ба ҳолати онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.
  4.Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
 
Моддаи 5Моликияти давлатӣ будани об
1.Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Xумҳурии Тоxикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
2.Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рeирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Xумҳурии Тоxикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон боиси xавобгарӣ мегардад.
 
Моддаи 51.   Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд
1.Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, моликияти давлат буда, ба иҷора ва идоракунии шахсӣ додани онҳо қатъиян манъ аст.
2.Рӯйхати иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон мебошанд:
-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ба таври маxмeъ истифодабарӣ, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нeшокӣ ба манфиати Xумҳурии Тоxикистон;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маxмeи об;
            -муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
-тасдиқи тартиби  барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об; (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
-таҳия ва қабули барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об;
-танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ; (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсионӣ;
-танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;
-рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;
-идоракунӣ, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоxагии об;
-тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он; (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
-таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва назорат xиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;
          — муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  назорат ва идораи корҳои мубориза бо обхезӣ, инчунин ваколату вазифаҳои он; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
          — тасдиқ намудани ҳайат ва ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
-таҳияи тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табиӣ ва бeҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;
-таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳилбандӣ;
-муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;
-муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшавӣ ва камшавии оби объектҳо;
-муқаррар намудани тартиби таuйир додани шакли моликият ба объектҳои хоxагии об;
-таъмини аҳолӣ бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоxагии об;
-амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;
-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо мебошанд:
-муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;
-таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;
-баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;
-гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиxаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;
            -муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
             -дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати таҳдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан;  (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
-дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нeшокӣ, нигоҳ доштан ва тараққӣ додани системаҳои марказонидашуда, uайримарказонидашуда ва системаҳои тақсимкунандаи оби нeшокӣ ба истеъмолкунандагон;
-мувофиқат намудани xойгиркунонӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот, дастгоҳҳо оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва анxом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об;  (ҚҶТ аз 28.06.11с.№744).
-ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об; (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об
1.Дар соҳаи муносибатҳо xиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:
-муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;
-тасдиқи нақшаи истифодаи маxмeӣ ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоxагии об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;
-банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.
2.Дастгирии давлатӣ дар соҳаи таъминоти оби нeшокӣ таҳия, қабул ва иxрои барномаҳои xумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ба соҳибони системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таxҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нeшокӣ додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буxетӣ ва гумрукиро дарбар мегирад.
 
Моддаи 9. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъмурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ , инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоxагии оби моликияти давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ (махсусгардонидашуда)
Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон дар асоси тендер, бо нигоҳ доштани фаъолияти мақсаднок, метавонад ҳуқуқи идораи объектҳои хоxагии оби моликияти давлатиро дар доираи ҳудуди маҳдуд, дар асоси шартнома, бо дарназардошти талаботи қонунгузории оби Xумҳурии Тоxикистон, ба шахсони ҳуқуқии (махсусгардонидашуда) маҳаллӣ ва хориxӣ диҳад.
 
Моддаи 11. Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи об
Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз таъмини риояи талаботи қонунгузории об аз xониби тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳо иборат мебошад.
 
Моддаи 12Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об
1.Назорати давлатии истифода ва ҳифзи об аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об амалӣ гардонида мешавад.
2.Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон фаъолият мекунанд, xиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад.
 
БОБИ 2.
XОЙГИРКУНӣ, БАЛОИҲАГИРӣ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҳИИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ БА ҲОЛАТИ ОБ ТАЪСИРКУНАНДА
 
Моддаи 14. Шартҳои xойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда
1.Xойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таxдидгардида, инчунин xорӣ намудани равандҳои нави технологӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, дар навбати аввал қонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нeшокӣ ва эҳтиёxоти маишӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбинӣ мегарданд:
-баҳисобгирии оби аз объектҳои об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;
-ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ;
-пешгирии таъсири зараровари обҳо;
-маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;
-ҳифзи заминҳо аз обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шeршавӣ ва хушкшавӣ;
-ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ  доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табиӣ.
2.Ҳангоми ба лоиҳагирӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табиӣ ва хоxагӣ бояд тадбирҳое сари вақт амалӣ гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноту набототи обӣ ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об xиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.
3.Ҳангоми балоиҳагирӣ ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳои мавxуда барои гирифтани обҳои зеризаминӣ низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.
 
Моддаи 15. Муайян кардани xойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд
Муайян кардани xойҳо барои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти дигар мутобиқи қонунгузорӣ мувофиқат карда мешавад.
 
Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд
1.Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17 Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти дигар мутобиқи ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муқаррар мекунад, мувофиқат карда шавад.
2.Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир  мерасонанд, танҳо ҳангоми мавxуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд
1.Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:
-объектҳои обистифодабарандагоне, ки иҷозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ надоранд;
-корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммуналӣ ва дигар объектҳои наву таxдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаи ифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;
-системаҳои обёрӣ ва оббарорӣ, обанборҳо ва каналҳо то гузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмонӣ, ботлоқу шeршавӣ ва бодлесии заминҳоро пешгирӣ мекунанд;
-системаҳои заҳбуру заҳкашӣ то тайёр шудани обгирҳо ва дигар объектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;
-иншооти гидротехникии маxроӣ то тайёр шудани дастгоҳҳо барои гузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;
-иншооти хоxагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо xуброни зарари ба захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноту набототи обӣ расонидашаванда, пешбинӣ нагардидааст;
-чоҳҳои барои об пармашуда бидуни таxҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарурӣ муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ.
2.То анxом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омода сохтани маxрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.
 
Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об
Лоиҳаҳои сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об бояд шароитҳоеро пешбинӣ намоянд, ки гузаронидани селобҳо, риояи низоми истифодаи объектҳои об, ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноти обӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавӣ, олудашавию камшавии обҳо ва дигар таъсири зарароварро таъмин намоянд.
 
БОБИ 3.
ИXРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБ ВА ДАР МИНТАҚАҲОИ ҲИФЗИ ОБ
 
Моддаи 19. Тартиби иxрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об
Корҳои сохтмонӣ, чуқуркунии қаъри маxрои об ва корҳои таркишӣ, истихроxи маводи uайримаъданӣ, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигар коммуникатсияҳо, буридани xангал, xамъоварии растаниҳои обӣ, корҳои пармакунӣ, кишоварзӣ ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳои ҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо ва дигар мақомот мувофиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон, ба амал бароварда мешаванд.
 
Моддаи 20. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об
1.Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маxрои дарёҳо, каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар он низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавӣ, лойқашинӣ, олудашавӣ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.
2.Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:
-минтақаҳои ҳифзи санитарии рeизаминӣ ва сарҳадоти паҳншавии обҳои зеризаминӣ;
-қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кeлҳои табиӣ;
-қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун xудо карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ
1.Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об дар шакли табиӣ мутобиқи лоиҳаҳо аз xониби мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи обро ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тасдиқ мекунад.
2.Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор доранд, дар шакли табиӣ ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид
Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи роҳбарони иттиҳодияҳо, ташкилоту  хоxагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об xойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дар минтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, иxрои корҳо ва xойгир кардани объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.
 
ФАСЛИ  II.
ИСТИФОДАИ ОБ
БОБИ 4.
НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 23. Истифодаи умумӣ ва махсуси об
1.Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анxом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.
2.Номгeи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгирӣ аз объектҳои об аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 24. Истифодаи якxоя ва xудогонаи об
Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якxоя ва xудогона қарор гиранд. Дар истифодаи якxоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳои обе), ки ба истифодаи xудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Дар истифодаи xудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд, ки дар асоси қарори мақомоти давлатӣ (моддаи 38 Кодекси мазкур) барои истифода ба як шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд.
 
Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об
1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи xудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дар ҳолатҳои муқарраркардаи  қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ҳуқуқ доранд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи баъдинаи обро иxозат диҳанд.
2.Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.
 
Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рeи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд
1.Объекти об дар сурати риоя намудани талаботи дар қонун пешбинишуда ва шартҳои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти аҳолӣ бо оби нeшокӣ, маишӣ, муолиxавӣ, курортӣ, солимгардонӣ ва дигар ниёзи аҳолӣ, талаботи кишоварзӣ, саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, моҳипарварӣ ва дигар талаботҳо, инчунин дар як вақт барои якчанд мақсад ба истифода дода мешавад.
2.Истифодаи об, ки бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир намерасонанд, анxом дода мешавад, аз xониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати риояи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, гирифтани иxозатро  барои истифодаи махсуси об талаб намекунад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
БОБИ 5.
ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 27. Истифодабарандагони об
Ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон анxом дода, талаботи қонунгузории оби Xумҳурии Тоxикистонро иxро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.
 
Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об
Объектҳои обе ба истифода дода мешаванд, ки дар моддаи 4 Кодекси мазкур зикр гардидаанд.
 
Моддаи 29. Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об
Истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон манъ карда шаванд.
 
БОБИ 6.
ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёxоти нeшокӣ ва маишии аҳолӣ додани объектҳои об
Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти нeшокӣ ва маишии аҳолӣ ба истифода дода мешаванд.
 
Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об
1.Истифодаи умумии об дар Xумҳурии Тоxикистон бепул аст.
2.Истифодаи махсуси об дар Xумҳурии Тоxикистон пулакӣ сурат мегирад.
3.Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об uайр аз истифодаи умумии об, ва истифодабарандагони манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки то 30000 кВт\соат энергияи барқ истеҳсол менамоянд сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, шаҳрвандӣ, намудҳои моликият ва шаклҳои хоxагидорӣ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон, ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№744).
4.Пардохт ситонида мешавад:
-барои истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити) муқарраргардида (uайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоxагии xангал инчунин истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ то 30000 кВт\соат);
(ҚҶТ аз 28.06.11с.№744).
-барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва uайриоқилонаи захираҳои об;
-барои хизматрасонии вобаста бо xамъшавӣ, интиқоли об то сарҳади истифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;
-барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёрӣ;
-барои анxом додани дигар тадбирҳои хоxагии об (uайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоxагии xангал).
5.Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблаuро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 32. Иxозат барои истифодаи махсуси об
Истифодаи махсуси об дар соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси иxозатномаҳои аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об додашаванда амалӣ мегардад. Дар мавридҳои зарурӣ иxозат бо мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба назорати санитарӣ, инчунин бо дигар идораҳои манфиатдор мувофиқат карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 33. Иxозат барои истифодаи махсуси об, ки аз xониби мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад
1.Иxозат xи ати истифодаи обҳои зеризаминӣ, ки барои таъмини мутамаркази об ба воситаи сохтани чоҳҳои шахтавӣ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо, истифода намегарданд, инчунин каптажи чашмаҳо, ки бидуни маxбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз xониби мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, xамоатҳои шаҳрак ва деҳот дода мешаванд.
2.Сохтани чоҳҳо ва каптажҳои мазкур дар заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии xангал дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти идораи захираҳои замин ва заминсозӣ дар асоси иxозатномаҳое, ки мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ медиҳанд, анxом дода мешавад.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 34. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об
1.Истифодаи умумии об бидуни иxозат  амалӣ мегардад. ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарӣ, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист.
2.Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рeи асосҳои истеҳсолӣ ва дигар асосҳо мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, заврақронӣ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд.
3.Мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд.
 
Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаи xудогона дода шудаанд
1.Дар объектҳои об, ки ба истифодаи xудогона дода шудаанд, истифодаи умумии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иxозат додашуда, ҳангоми зарурат имкон дорад истифодаи умумии об манъ карда шавад.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
2.Истифодабарандаи асосии об вазифадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об ба аҳолӣ иттилоъ диҳад.
 
Моддаи 36. Ба истифодаи xудогона додани объектҳои об
1.Объектҳои об ба истифодаи xудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, қарори мақомоти  иxроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати ҳокимиятҳои иxроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дода мешаванд.
2.Дар қарорҳо оиди ба истифодаи xудогона додани объектҳои об мақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои об зикр мегарданд.
 
Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи xудогона медиҳанд
1.Мақомоти ҳокимияти иxроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро (бемаxроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот xойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонидан ба истифодаи xудогона медиҳанд.
2.Мақомоти ҳокимияти иxроияи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, мақомоти вилоятии ҳокимияти иxроия объектҳои обро, ки дар ҳудуди вилоят xойгиранд, ба истифодаи xудогона медиҳанд.
3.Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об объектҳои об ё қисми онҳоро мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи xудогона медиҳанд.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 38. Ҳуxxатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи xудогонаи объекти обро тасдиқ мекунанд
1.Ҳуқуқи истифодакунандагони об ба истифодаи xудогонаи объекти об бо санадҳои давлатии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз xониби мақомоти ҳокимияти иxроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дода мешаванд, тасдиқ мегарданд.
2.Шакли ин санадҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 39Мeҳлатҳои истифодаи об
1.Объектҳои об ба истифодаи бемeҳлат ё муваққатӣ дода мешаванд. Истифодаи бемeҳлати (доимии) об ҳамин гуна истифодаи об дониста мешавад, ки мeҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст.
2.Истифодаи муваққатӣ имкон дорад кeтоҳмeҳлат- то се сол ва дарозмeҳлат- аз се сол то бисту панx сол бошад. ҳангоми зарурат мeҳлатҳои истифодаи об метавонанд ба давраҳое, ки аз мeҳлатҳои мутобиқан истифодаи кeтоҳмeҳлат ё дарозмeҳлат зиёд нестанд, дароз карда шаванд.
3.Истифодаи умумии об бо мeҳлат маҳдуд карда намешавад.
 
Моддаи 40. Ҳисоб кардани мeҳлатҳои истифодаи муваққатии об
Мeҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рeзи қабул гардидани қарор дар бораи ба истифодаи xудогона додани объекти об ё додани иxозати махсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иxозат  мeҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад.
 
Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мeҳлатҳои истифодаи муваққатии об
Мeҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагони манфиатдори об аз xониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаи xудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаи махсуси об иxозатнома додаанд, дароз карда мешаванд.
 
БОБИ 7.
ҲУҚУҚУ EҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХОXАГИИ ОБ
 
Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот
Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба он мақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иxозат xиҳати истифодаи махсуси об дода шудаанд, истифода баранд.
 
Моддаи 43. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об
1.Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки xиҳати истифодаи махсуси объекти об иxозатнома дода шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:
-пайдо кардани об xиҳати истифодаи минбаъдаи он;
-истифодаи объекти об барои эҳтиёxоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, нақлиёт, хоxагиҳои моҳипарварию шикор ва дигар мақсадҳои манъ карданашуда;
-сохтани системаҳои обёрӣ, бунёд намудану муxаҳазонидани иморати иншоотҳои гидротехникии хоxагии об, инчунин анxом додани таъмиру таxдид ва барҳамдиҳии он;
-истифодаи объектҳои об барои истироҳат, гузаронидани тадбирҳои варзишию солимгардонӣ, нигоҳ доштани ҳолати мусоиди табиӣ, инчунин анxом додани дигар амалҳои бо қонунгузорӣ доир ба истифодаи иншооти об манъкарданашуда;
-талаб намудан аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар хусуси андешидани тадбирҳо доир ба пешгирӣ кардани камшавӣ ва ифлосшавии фонди об, таъмини захираҳои об бо миқдор ва сифати муайян;
-муттаҳид шудан дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.
2.Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани системаҳои  мелиоративӣ ва ирригатсионии дохилихоxагӣ, ки дар истифодаи якxоя ва фардӣ қарор доранд, xиҳати тақсими боадолатона, самаранок ва саривақтии об байни хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), xамъоварии пардохт барои расонидани об, ҳалли низоъҳое, ки байни аъзо оид ба тақсим ва истифодаи об ба миён меоянд, таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 44Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об
1.Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуxуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти нeшокӣ ва маишии аҳолӣ бояд роҳ дода нашавад.
2.Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалӣ гардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар натиxаи таъсири зараровари об ба вуқeъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.
3.Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.
4.Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иxозатнома додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаи баъдинаи об аз xониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқати мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 45. Eҳдадориҳои истифодабарандагони об
Истифодабарандагони об eҳдадоранд:
-истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани uамхорӣ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо;
-xорӣ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараxаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад;
-андешидани тадбирҳои имконпазир xиҳати қатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои xорӣ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд;
-роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои ба дигар истифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирҳо xиҳати нарасонидани зарар ба объектҳои хоxагӣ ва табиӣ (замин, ҳайвоноту набобот, канданиҳои фоиданок ва uайра);
-сари вақт пардохтани ҳақи истифодаи захираҳои об ва хизмати расонидани об ба истифодабарандагон;
-дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрӣ, заҳбурҳо, обтозакунӣ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;
-мустақилона ё якxоя бо дигар мақомот тибқи тартиби муқарраргардида анxом додани назорат ба сифат ва миқдори оби истифодашаванда;
-амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳӣ ва дигар набототу ҳайвоноти обӣ;
-дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, агар онҳо таҳти истифодаашон қарор дошта бошанд;
-риоя намудани талаботи муқарраргардида ва шартҳои шартномаи истифодаи об, ки бо ташкилотҳои обрасон ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об баста шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
-иxрои дигар талаботе, ки дар қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва дар иxозатномаҳо барои истифодаи махсуси об пешбинӣ гардидаанд.
 
Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳоро амалӣ мегардонанд.
Тадбирҳои ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки амалигардонии чорабиниҳои ба xамъият фоиданокро оид ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об иxро менамоянд, аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва бо идораҳои манфиатдор мувофиқат гардида, аз тарафи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 47. Ҳуқуқи ташкилотҳои хоxагии об дар бобати истифода намудани захираҳои об
Ташкилотҳои хоxагии об барои таъмини эҳтиёxоти гуногуни соҳаҳои хоxагии халқ амалҳои обро аз манбаъҳои об гирифтан, расонидан ва байни истифодабарандагон тақсим намуданро иxро менамоянд.
 
Моддаи 48. Eҳдадориҳои ташкилотҳои хоxагии об оиди обрасонӣ
1.Ташкилотҳои хоxагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расонидани об ба истифодабарандагон амалӣ менамоянд.
2.Xиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасонӣ ташкилотҳои хоxагии об eҳдадоранд:
-ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро) то мeҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди ба истифодабарандагон расонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;
-заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкунӣ ва обравониро омода созанд;
-обистифодабарандагонро мутобиқи мeҳлат ва меъёри пешбинишуда бо об таъмин намоянд;
-бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян кардани миқдори оби расонидашуда, дар xойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишон дода шудааст, дастгоҳҳои обченкунӣ гузоранд.
 
БОБИ 8.
ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ  ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об
1.Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об дар Xумҳурии Тоxикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;
-ба охир расидани мeҳлати дар иxозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;
-аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;
-ба миён омадани зарурати давлатии бекор кардани иxозати истифодаи махсуси об;
-мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об баста шудааст. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
2.Ҳуқуқи истифодаи об (uайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои об барои эҳтиёxи нeшиданӣ ва маишӣ) дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.
3.Дар қонун xиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳо пешбинӣ гардад.
 
Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об
1.Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:
-бекор кардан ё боздоштани амали иxозати истифодаи махсуси об;
-кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи xудогона дода шудааст.
2.Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаи аввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иxозат додааст, қатъ карда шавад.
 
Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи xудогона
Гирифтани объекти об аз истифодаи xудогона аз xониби мақомоте, ки объекти обро мутобиқи моддаи 36 ба истифодаи xудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад. Объекти об аз истифодаи мамнeъгоҳҳо мувофиқи моддаи 97 Кодекси мазкур гирифта мешавад.
 
Моддаи 52. Xуброни зараре, ки дар натиxаи гузаронидани тадбирҳои хоxагии об, қатъ гардонидан ё таuйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудаанд
Зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиxаи гузаронидани тадбирҳои хоxагии об (корҳои гидротехникӣ ва монанди инҳо, uайр аз ҳолатҳои садамавӣ ва вобаста бо офатҳои табиӣ), инчунин қатъ гардонидан ё таuйир додани шартҳои дар шартномаи истифодаи об нишондодашуда, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон xуброн карда шавад.
 
БОБИ 9.
ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁXОТИ  НEШИДАНӣ,  МАИШӣ  ВА  ДИГАР  ЭҲТИЁXОТИ АҲОЛӣ
 
Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нeшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёчоти аҳолӣ дода мешаванд
Барои таъмини оби нeшиданӣ, маишӣ, инчунин дигар эҳтиёxоти аҳолӣ объектҳои обе дода мешаванд, ки сифати онҳо ба талаботи муқарраркардаи санитарӣ мувофиқ мебошад.
 
Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об
1.Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан аз объекти об барои эҳтиёxоти нeшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёxоти аҳолӣ шахсони ҳуқукӣ, ки хати қубурҳои оби хоxагию нeшиданӣ дар идоракунии фаврӣ ё моликияти онҳо қарор гирифтааст, ҳуқуқ доранд, обро аз манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи иxозат барои истифодаи махсуси об додашуда, онро ба истеъмолкунандагон диҳанд.
2.Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд:
-ҳамаи шартҳои технологиро ҳангоми ба истифодабарандагон расонидани оби нeшокӣ иxро намоянд;
-расонидани оби нeшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат, ташкили баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги) мунтазами сифати обро дар xойҳои обгирӣ таъмин намоянд;
-низоми мунтазам додани оби нeшокиро барои қонеъ намудани эҳтиёxоти аҳолӣ ва ташкилотҳои саноати хeрокворӣ дар навбати аввал таъмин намоянд;
-набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасонӣ ба аҳолӣ, эҳтиёxоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нeшокӣ зарурат надошта, сабаб шаванд;
-ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо оиди бад шудани сифати об аз меъёри муқарраргардида хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 55. Таъминоти uайримутамаркази аҳолӣ бо об
1.Ҳангоми тибқи тартиби обтаъминкунии uайримутамарказ истифода намудани объекти об барои эҳтиёxоти нeшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёxоти аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд обро бо тартиби умумӣ ё истифодаи махсус бевосита аз манбаъҳои рeизаминӣ ва зеризаминӣ гиранд.
2.Истифодаи объектҳои обгирие, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, ки ин объектҳо дар ҳудуди онҳо воқеъ гардидаанд, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нeшиданӣ барои эҳтиёxоте, ки бо таъмини оби нeшиданию маишӣ вобаста нестанд
Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нeшиданӣ барои эҳтиёxоте, ки бо таъмини оби нeшиданию маишӣ вобаста нестанд, манъ аст. Дар минтақаҳое, ки манбаъҳои зарурии рeизаминии об мавxуд набуда, захираҳои оби зеризаминии дорои сифати нeшиданӣ кофӣ мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонад истифодаи ин обро барои мақсадҳои ба таъминоти нeшиданию маишӣ иртиботнадошта, иxозат диҳад.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 57. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нeшокӣ
1.Системаҳои мутамарказ ва uайримутамаркази таъмини обрасонии оби нeшокӣ метавонанд моликияти xумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ё шахсони ҳуқуқӣ бошанд.
2.Системаи тақсимоти манзилии оби нeшокӣ, системаи алоҳидаи таъминоти оби нeшокӣ, системаҳои таъминоти оби нeшокӣ дар воситаҳои нақлиёт моликияти соҳибони фонди манзилӣ, воситаҳои нақлиёт мебошанд.
3.Системаҳои мутамарказ ва uайримутамарказ хусусӣ гардонида намешаванд.
4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти худ шабақаҳои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд.
 
Моддаи 58. Манбаъҳои маблаuгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нeшокӣ
Манбаъҳои маблаuгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нeшокӣ инҳо мебошанд:
-маблаuҳои аз ҳисоби пардохти истифобарандагони системаҳои мутамарказ ва истифодабарандагони оби нeшокӣ;
-маблаuҳои буxети xумҳуриявӣ;
-маблаuҳои буxетҳои маҳаллӣ;
-маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо барои рушди системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ воридшаванда;
-дигар манбаъҳое, ки аз тарафи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон манъ карда нашудааст.
 
Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нeшокӣ
1.Оби нeшокие, ки барои фурeш дар зарфҳо, воситаҳои инфиродӣ, маишӣ ва дастаxамъии пок намудан ва безарар гардонидани об, инчунин мавод, реагентҳо, протсесҳои технологӣ ва воситаҳои дигар, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия шаванд.
2.Сертификатсияи оби нeшокӣ, ки ба тариқи системаи марказонидашудаи обрасонӣ дода мешавад, мувофиқи қонунҳои мавxуда амалӣ мегардад.
 
Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нeшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва uайримарказонидашудаи обрасонии оби нeшокӣ
1.Мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нeшокӣ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва uайримарказонидашудаи обрасонии оби нeшокӣ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нeшокӣ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки  мутобиқи талаботи меъёрӣ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нeшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётӣ ва системаи обрасонии оби нeшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаxамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нeшокӣ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд.
2.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси ихтиёрӣ оид ба таъминоти якҷояи об ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъсис додва метавонанд.
3.Ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи об ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурӯҳи маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳолӣ ва ё як қисми аҳолӣ бо мақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бо обтаъминкунӣ, дар ҳолати  корӣ нигоҳ доштан, маблағгузорӣ ва баҳрабардорӣ аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.
4.Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд.
БОБИ 10.
ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  МАҚСАДҲОИ  МУОЛИXАВӣ,  КУРОРТИЮ СОЛИМГАРДОНӣ
 
Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиxавию курортӣ истифода намудани объектҳои обе, ки ба категорияи табобатӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд.
1.Объектҳои обе, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба категорияи оби муолиxавӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд, пеш аз ҳама барои мақсадҳои муолиxавӣ ва курортӣ истифода мешаванд.
2.Дар ҳолатҳои истисно мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти дахлдори тиббӣ метавонанд истифодаи объектҳои оби ба категорияи оби муолиxавӣ (маъданӣ) мансуб донисташударо барои дигар мақсадҳо иxозат диҳанд.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои  партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи обҳои муолиxавӣ мансуб дониста шудаанд.
Партофтани обҳои партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи оби муолиxавӣ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.
 
Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш
Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаxм
1.Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаxм (заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва uайра) бо риояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаxм, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар менамояд, иxозат дода мешавад.
2.Киштиҳои хурдҳаxм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабти аломатҳо дар девораҳояшон аз xониби мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо ба қайд гирифта шаванд.
 
Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ
1.Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудуди мамнeъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҳавзҳо ва дигар хоxагиҳои парвариши моҳӣ воқеъ гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳои муқарраргардида, барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ истифода бурда шаванд.
2.Барои мақсадҳои мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонад объекти об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳоро xудо намояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
3.Дар обанборҳое, ки ба xамъиятҳои варзишӣ барои ташкили хоxагиҳои моҳипарварӣ дода шудаанд, моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ дар асоси иxозати  ин xамъиятҳо, амалӣ мегардад.
 
БОБИ 11.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁXОТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗӣ
 
Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ
Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти соҳаи кишоварзӣ ҳам бо тартиби истифодаи умумӣ ва ҳам бо тартиби истифодаи махсус амалӣ гардонда мешавад. ҳангоми истифодаи махсуси об системаҳои объёрию оббарорӣ, обмонӣ, хушккунӣ, заҳбурканӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ, инчунин объекту дастгоҳҳои алоҳидаи хоxагии об, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансуб мебошанд, ба кор бурда мешаванд.
 
Моддаи 67Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити заминҳои обӣ
Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ xиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди намӣ дар заминҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёxоти истеҳсолоти кишоварзӣ амалӣ гардонида мешавад.
 
Моддаи 68. Амалӣ кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ
1.Истифодаи об дар системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ, аз системаҳои дарёҳо, каналҳои магистралӣ, ҳавзаҳои зеризаминӣ ва дигар объектҳои хоxагии об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои дохилихоxагӣ (дохили ассотсиатсияҳо) ва умумисистемавии (xадвалҳои) истифодаи об амалӣ карда мешавад.
2.Дар шартномаҳои истифодаи об идораҳои системаҳои объёрӣ, оббарорӣ, объёрию оббарорӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ шартҳои истифодаи об, инчунин ҳуқуқу eҳдадориҳои ҳамдигарро дақиқ муайян мекунанд.
 
Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об
Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз xониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:
-нақшаҳои дохилихоxагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилоти обрасон аз xониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;
-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ (ҳавзавӣ) аз xониби мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;
-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳиявӣ, вилоятӣ (ҳавзавӣ), xумҳуриявӣ мутобиқан аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳал будаи онҳо бо мувофиқати мақомоти кишоварзӣ.( ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 70. Таuйир додани миқдори об ва мeҳлатҳои обдиҳӣ
1.Обдиҳии иловагӣ барои эҳтиёxоти кишоварзӣ вобаста ба дархости истифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анxом дода мешавад.
  1. мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ҳуқуқ дорад:
-ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёрӣ (бо риояи усули таъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуд намояд, дар давраи камобӣ дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаи объёрӣ гардиши обро xорӣ намояд;
-дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об аз xониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодекси мазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон xарима бандад;
-вобаста ба таuйир ёфтани низоми оби манбаи объёрӣ, шароити обу ҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати таuйир додани мeҳлатҳои обдиҳии дар шартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, xадвали обдиҳиро барои истифодабарандагони об таuйир диҳад. Таuйирот дар шартҳои истифодаи об метавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасонӣ зикр шудаанд, ворид карда шавад.
 
Моддаи 71. Eҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои эҳтиёxоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз объектҳои об барои эҳтиёxоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд eҳдадориҳои муқарраргардидаи шартномавӣ ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудҳои талафоти обро кам кунанд, баҳисобгирии дахлдор ва назорати миқдори оби истифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоҳҳои обченкуниро дар ҳудуди худашон ҳифз намоянд.
 
Моддаи 72. Объёрӣ тавассути обҳои партов
Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ветеринарӣ ва экологӣ иxозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки xангалҳо, қитъаҳои xангалҳо ва боuҳои ниҳолпарварӣ xойгир шудаанд
Муқаррароти моддаҳои 68, 74 Кодекси мазкур ҳамчунин барои объёрии заминҳое, ки xангалҳо, қитъаҳои xангалҳо ва боuҳои ниҳолпарварӣ xойгир гардидаанд, татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятӣ
Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятӣ метавонанд дар асоси иxозати истифодаи махсуси об аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода шуда ва шартнома бо ташкилоти обрасони маҳаллии хоxагии об аз объектҳои об барои объёрӣ истифода баранд.
 
Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоxагиҳои наздиҳавлигӣ ва дигар хоxагиҳо
Бо об таъмин намудани хоxагиҳои наздиҳавлигӣ, хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоxагиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, мувофиқи шартномаи байни ташкилоти обрасони хоxагии об ва ассотсиатсия ё дигар иттиҳодияи xамъиятӣ, ки хоxагиҳои номбурда дар ҳудуди он xойгиранд, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоxагӣ аз тарафи истифодабарандагони об
1.Ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоxагӣ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароxоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.
2.Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорӣ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт, обдиҳӣ ва рондани чорво аз болои каналҳо ва дигар объектҳои гиротехникӣ
1.Рондани чорво, рафтуомади тракторҳо, мошинҳои кишоварзӣ, автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз болои каналҳо ва дигар объектҳо дар xойҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
2.Обдиҳии чорво аз каналу обанборҳо танҳо дар сурати мавxуд будани майдончаҳо ё xойҳои махуси барои ин мақсад xиҳозонидашуда, иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 78. Иштироки истифодабарандагони об дар корҳои ирригатсионию мелиоративӣ
Барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ истифодабарандагоне, ки аз ин системаҳо об мегиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон барои иxрои корҳои ирригатсионию мелиоративӣ xалб кардан мумкин аст.
 
Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ
1.Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ба обтаъминкунии мутамарказ ва uайримутамарказ тақсим карда мешавад. ҳангоми обтаъминкунии мутамаркази соҳаи кишоварзӣ қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.
2.Бо обтаъминкунии uайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо бо иxозати мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарию ветеринарӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анxом дода мешавад. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
3.Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳои обтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ба xоришавии бесамари об, шeру ботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.
 
БОБИ 12.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ САНОАТӣ ВА ЭҲТИЁXОТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӣ
 
Моддаи 80. Eҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд
Обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд eҳдадоранд меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, инчунин барои кам кардани хароxоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва схемаи обтаъминкунӣ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъминоти об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологӣ) тадбирҳо андешанд.
 
Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нeшиданӣ барои мақсадҳои саноатӣ
Мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд, истеъмоли оби нeшиданиро барои мақсадҳои саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоxагию нeшидании идоравӣ ба манфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёxоти аҳолӣ ба оби нeшиданӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд.
 
Моддаи 82. Истифодаи оби зеризаминӣ барои обтаъминкунии технологӣ ва дигар эҳтиёxоти истеҳсолӣ
Оби зеризаминӣ (оби ширин, маъданӣ ва гарм), ки ба категорияи оби нeшиданӣ ё муолиxавӣ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқарраргардида барои обтаъминкунии технологӣ, аз онҳо xудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавxуда, ба даст овардани нерeи гармӣ ва дигар эҳтиёxоти истеҳсолӣ, бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об, истифода бурда шаванд.
 
Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти гидроэнергетикӣ
1.Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти гидроэнергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоxагии халқ амалӣ карда мешавад, агар ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ин маврид тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Пур кардану истифода намудани обанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анxом дода мешавад.
2.Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд имкониятҳои инженерии каналҳо ва дигар объектҳои мавxудаи гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар ин амал ба кори асосии ин объект зарари воқеӣ нарасонад, истифода намоянд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 84. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об
  1. Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ҳуқуқ доранд:
-обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда истифода баранд;
-чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳои энергетикӣ ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маxмeъи ва ҳифзи обро вайрон намекарда бошад;
-аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риояи қоидаҳои истифодаи мeътадили обанборҳоро барои эҳтиёxоти гидроэнергетикӣ талаб намоянд.
  1. Муассисаҳои гидроэнергетикӣ eҳдадоранд:
-низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартоӣ аз обанбор, каму зиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;
-бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амал баровардани обпартоиҳои санитарӣ ва ҳифзи табиатро дар асоси  лоиҳаҳо таъмин кунанд;
-иншоотҳои ҳифзи моҳӣ, xои гузариши моҳиҳо ба xойҳои тухмгузорӣ ва ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳ доранд;
-устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангоми ҳодисаҳои сел, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ таъмин намоянд.
 
БОБИ 13.
ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁXОТИ  НАҚЛИЁТИ  ОБИЮ ҲАВОӣ
 
Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умумӣ
Илова ба талаботи моддаи 4 Кодекси мазкур дарёҳо, кeлу обанборҳои Xумҳурии Тоxикистон роҳҳои обии истифодаи умумӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ё онҳо барои истифодаи xудогона дода шудаанд.
 
Моддаи 86Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистани роҳҳои обӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодабарии онҳо
Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти нақлиёти ҳавоӣ
Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёxоти нақлиёти ҳавоӣ аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 14.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁXОТИ  ХОXАГИИ МОҲИПАРВАРӣ
 
Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоxагиҳои моҳипарварӣ ба манфиати хоxагиҳои моҳипарварӣ
1.Дар обанборҳои хоxагиҳои моҳипарварӣ ё қитъаҳои алоҳида, ки барои нигоҳдорӣ, такрористеҳсол ва шикори намудҳои нодири моҳиҳо аҳамияти махсус доранд, ҳуқуқи истифодабарандагони об  имкон дорад, ба манфиати хочагиии моҳипарварӣ маҳдуд карда шавад.
2.Номгeи чунин обанборҳо ё қитъаҳои онҳо ва намудҳои маҳдудияти истифодаи об аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муайян карда мешавад. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ
1.Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехникӣ ва дигар объектҳо дар обанборҳои хоxагиҳои моҳипарварӣ барои такрористеҳсоли онҳо истифодабарандагони об бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳои таъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амалӣ гардонанд.
2.Дар xойҳои тухмгузорӣ ва чуқуриҳои зимистонгузаронӣ дар обанборҳои хоxагиҳои моҳипарварӣ  гузаронидани корҳои заминканӣ ва хокпартоӣ, дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳӣ ва шароитҳои такрористеҳсоли онҳо таъсири манфӣ расонанда, манъ аст. Гирифтани об аз обанборҳои моҳигирӣ барои мақсадҳои саноатӣ, объёрӣ ва дигар эҳтиёxот танҳо дар xойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳӣ мувофиқат шудааст, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 90. Eҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоxагиҳои моҳипарвариро истифода мебаранд
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обанборҳои хоxагиҳои моҳипарварӣ барои ба роҳ мондани моҳипарварӣ ба истифодаи онҳо дода шудаанд, вазифадоранд барои такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ шароит фароҳам оварда, корҳои зарурии мелиоративиро анxом диҳанд, инчунин заминистифодабарандагон қитъаҳои соҳилро дар ҳолати мусоиди санитарӣ нигоҳ доранд.
 
Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои  эҳтиёxоти хоxагии моҳипарварӣ
Тартиби  истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти хоxагии моҳипарварӣ аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 15.
ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁXОТИ  ХОXАГИИ  ШИКОР
 
Моддаи 92. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоxагии шикор оид ба истифодаи об
Дар дарёҳо, кeлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мeинадор мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонанд ба ташкилотҳои хоxагии шикор бо дарназардошти талаботи истифодаи маxмeӣ ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам оранд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоxагии шикор
1.Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёxоти хоxагии шикор (парвариши паррандаҳои обӣ, ҳайвоноти мeинадор, парвариши растаниҳои обӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ барои пешбурди хоxагии шикор) мақомоти xумҳуриявии хоxагии xангал таҳия намуда, бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор мувофиқат мекунад.
2.Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти хоxагии шикор аз тарафи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешавад.
 
БОБИ 16.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ЭҲТИЁXОТИ МАМНEЪГОҲҲО
 
Моддаи 94. Объектҳои обии мамнeъгоҳҳо
Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз тарафи  ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон мамнeъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба мамнeъгоҳҳо барои истифодаи бемeҳлату алоҳида дода мешаванд.
 
Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об
Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ мебошанду мамнeъгоҳ эълон гардидаанд, бо тартиби муқарраркардаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолӣ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.
 
Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнeъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо
1.Тартиби истифодаи оби мамнeъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнeъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнeъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнeъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иxозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаи мамнeъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолати табиии ин объектҳоро таuйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнeъгоҳҳои дахлдор гузаронида мешаванд.
2.Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатии атрофи мамнeъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳои истифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслии табиати мамнeъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.
 
Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнeъгоҳҳо
Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнeъгоҳҳо танҳо дар ҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон иxозат дода мешавад.
 
БОБИ 17.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ
 
Моддаи 98. Додани иxозат xиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов
Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, дренажӣ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иxозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва дигар мақомоти манфиатдор анxом дода мешавад. Иxозат дар асоси ҳуxxатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 99Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои эҳтиёxоти нeшиданӣ мансубт дониста шуда
Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои оби нeшиданӣ мансуб донисташуда, манъ аст.
 
Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об
1.Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иxозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида, зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва  ва истифодабаранда оби партовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар намудааст, тоза кунад.
2.Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партов бояд аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноатӣ, сехҳо, дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад.
3.Дар ҳолатҳои мавxуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолӣ мақомоте, ки назорати давлатии санитариро амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи  объекти истеҳсолӣ ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об хабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби  партови корхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноатӣ, коммуналию кишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анxом дода шаванд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов
Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 18.
ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁXОТИ ЗИДДИ СEХТОР, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА ДИГАР ҲОЛАТҲОИ БА ОН МОНАНД
 
Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёxоти зидди сeхтор
Гирифтани об барои эҳтиёxоти зидди сeхтор аз ҳама гуна объекти об иxозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дар ихтиёрашон бударо барои сeхторхомeшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бепул ва бемамониат диҳанд.
 
Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёxоти зидди сeхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва дигар зарурати давлатию xамъиятӣ
Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёxоти зидди сeхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дигар зарурати давлатӣ ва xамъиятӣ аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 19.
ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО
 
Моддаи 104. Низоми пуркунӣ ва обпартоӣ аз обанборҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқукии истифодабарандагони хатҳои қубури об, объектҳои обгузаронӣ ё обгирӣ вазифадоранд низоми пуркунӣ ва обпартоиро аз обанборҳо, ки бо дарназардошти манфиатҳои обистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта муқаррар шудааст, риоя намоянд.
 
Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо
Тартиби истифодаи обанборҳо бо қоидаҳое, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об барои ҳар як обанбор, силсила ё системаи обанборҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд
Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорат аз болои риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз xониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тибқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон анxом дода мешаванд.
 
Моддаи 107. Кeлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд
Муқаррароти моддаҳои 104-106 Кодекси мазкур ҳамчунин барои истифодаи кeлу дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегардад.
 
БОБИ  20.
ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 108Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд
Баҳсҳо вобаста ба истифодаи об аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об,  инчунин суд бо тартиби муқарранамудаи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон ҳал карда мешаванд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 109. Ҳалли баҳсҳо оиди истифодаи об байни  истифодабарандагони Xумҳурии Тоxикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар
Баҳсҳо  оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Xумҳурии Тоxикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар аз  xониби ҳукуматҳои давлатҳо ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи  110Ҳалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи  истифодаи  махсуси об
Баҳсҳо  оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об аз xониби мақомоте, ки  иxозати истифодаи объекти обро додааст, ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 111. Салоҳияти ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагони об
Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон баҳсҳоро, ба истиснои баҳсҳои дар моддаи 110, 116  Кодекси мазкур пешбинишуда, доир ба  истифодаи об байни  обистифодабарандагони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни xумҳурӣ, ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи  xумҳурӣ аз як тараф, тобеи  вилоятӣ ва шаҳри Душанбе аз тарафи дигар ва байни  вилоятҳои, сарфи назар ва шакли моликият ва  тобеияташон, ҳал мекунад.
 
Моддаи 112Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иxроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба  истифодаи об
Мақомоти  ҳокимияти иxроияи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баҳсҳоро вобаста ба истифодаи об байни шахсони ҳуқуқии дар  ноҳияҳои  (шаҳрҳои) гуногуни вилоят ва шаҳри  Душанбе воқеъгардида, ба  истиснои ҳолатҳое, ки ҳалли онҳо  ба салоҳияти ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб  дониста  шудааст,  ҳал менамоянд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иxроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли баҳсҳо оид  ба истифодаи об
Мақомоти  ҳокимияти иxроияи ноҳияҳо  ва шаҳрҳо баҳсҳоро оид ба истифодаи об дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  вобаста  ба масъалаҳои истифодаи объектҳои оби воқеъ дар ҳудуди ноҳияи  (шаҳри) мазкур, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб  дониста  шудаанд,  ҳал  менамоянд.
 
Моддаи 114. Салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳсҳои байни шаҳрвандонро оид ба  масъалаҳои истифодаи объектҳои оби дар ҳудуди онҳо воқеъгардида, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор мансуб дониста шудааст, ҳал мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 115. Салоҳияти мақомоти  танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, баҳсҳоеро оид ба истифодаи об ҳал мекунад, ки  мувофиқи қонунгузорӣ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 116. Ҳалли баҳсҳо доир  ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва баъдина, инчунин  дар байни истифодабарандагони баъдинаи об
Баҳсҳо оид ба истифодаи об дар байни  истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об, инчунин байни истифодабарандагони баъдинаи об аз xониби мақомоте, ки иxозати истифодаи махсуси  обро додааст, ҳал мегарданд.
 
Моддаи 117. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об
1.Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи  далелноки яке аз тарафҳо, ки  ба он ҳуxxатҳои лозимӣ, аз xумла  маводи  дар якxоягӣ аз тарафи  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, идораи  системаи  обтаъминкунӣ, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, баррасӣ карда  мешаванд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
2.Иxрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иxрокунанда зикр нагардида бошад, аз  xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор  дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иxрои онро мавқуф  намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси   вобаста  ба истифодаи об қарор  қабулкарда ҳуқуқ дорад,  иxрои қарорро то аз xониби мақоми болоӣ баррасӣ гардидани даъво мавқуф гузорад.
 
Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволӣ  ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба  об
Баҳсҳои  амволӣ ва дигар баҳсҳое, ки ба муносибатҳои оид ба об вобаста мебошанд, инчунин аз xониби судҳо ҳал карда  мешаванд.
 
ФАСЛИ  III.
ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО
 
БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ
 
Моддаи 119. Вазифаи  ҳифзи  об
Тамоми об ( объектҳои об) аз  ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, ки  метавонанд ба саломатии  аҳолӣ зарар расонда, дар натиxаи  таuйир  ёфтани хусусиятҳои физикӣ, кимёвӣ ва биологӣ паст шудани қобилияти худтозашавии табиӣ боиси вайрон гардидани  низоми  гидрологӣ ва гидрогеологӣ, кам шудани захираҳои моҳӣ, бад шудани обтаъминкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда  шаванд.
 
Моддаи 120. Гузаронидани тадбирҳое, ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон ба вазъи об  таъсиррасонанда вазифадоранд мустақилона ё бо мувофиқати  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти ҳокимияти  иxроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар  мақомоти давлатии манфиатдор ё тибқи  дастури мақомоти давлатии ба ин ваколатдор тадбирҳои  технологӣ, мелиоративии xангал, агротехникӣ, гидротехникӣ, санитарӣ ва дигар тадбирҳоеро андешанд, ки ҳифзи обро  аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолат ва  низоми об мусоидат менамоянд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд
Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин  мекунанад, инҳо мебошанд:
-технологӣ — тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ равона шудаанду кори устувори  объектҳои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологӣ, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;
-мелиоративии xангал ва агротехникӣ — тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшавӣ, инчунин  мeътадил ва беҳтар гардидани низоми табии xоришавии объектҳои обро  таъмин мекунанд;
-гидротехникӣ — тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустаҳкамии  соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарурӣ тозакунии маxрои дарёҳо, каналҳо, қаъри xeйборҳо, кeлу обанборҳоро аз обовардҳою  таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;
-санитарию техникӣ — тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектҳои об  партофташаванда, инчунин ҳифзи санитарӣ ва  ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоxагӣ қароргирифтаро таъмин менамоянд;
-дигар  тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба  беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.
 
Моддаи  122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об
1.Тадбирҳои ҳифзи об дар  дурнамои рушду иқтисодӣ ва иxтимоии Xумҳурии Тоxикистон дар асоси  нақшаи истифодаи  маxмeӣ ва ҳифзи  захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман xумҳурӣ, инчунин барномаҳои дарозмeҳлати давлатию минтақавӣ ва нақшаҳои рушду xойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоxагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.
2.Банақшагирии минтақавии ҳифзи  об аз xониби мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо дар асоси  нақшаҳои ҳавзавии  зикргардида  сурат мегирад.
3.Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси  нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақавӣ  анxом медиҳанд.
4.Маблаuгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буxети ҳарсолаи Xумҳурии Тоxикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблаuҳои  истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.
 
Моддаи 123. Манъи партофтани   партовҳо ба объектҳои об
Ба объектҳои об партофтани  партовҳои истеҳсолӣ, маошӣ ва  дигар намудаҳои партовҳо ва пасмондаҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар  моддаҳои 98-101 Кодекси мазкур пешбинигардида, манъ аст.
Моддаи 124. Ҳифзи об, маxрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва  барфтeдаҳо
1.Ба шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ додан ба ифлосу олудашавии  сатҳи ҳавзҳо, маxрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтeдаҳо бо партовҳои истеҳсолӣ ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёвӣ, ки  шустани онҳо боиси бад  шудани сифати оби руизаминӣ ва зеризаминӣ мегардад, манъ аст.
2.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ, соҳибони  воситаҳои нақлиёти обӣ, хатҳои  қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар  манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равuанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ, ё фаъолияти дигар пешгирӣ намоянд. Онҳое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризаминӣ бо нуриҳо ва дигар  заҳрҳои кимиёвӣ ва  маҳсулоти зараровар  роҳ  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои  ҳифзи санитарии об
1.Бо мақсади ҳифзи об барои таъминоти нeшиданию маишӣ, муолиxавӣ курортӣ ва эҳтиёxоти солимгардонии аҳолӣ истифодашаванда тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ҳавзҳо,  қитъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ  муқарар карда  мешаванд.
2.Кашида гирифтани минтақаҳои санитарӣ барои ҳама гуна эҳтиёxот манъ аст.
 
Моддаи 126.  Тадбирҳои ҳифзи об аз камшавӣ
Бо мақсади нигоҳ доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кeлу  обанборҳо, оби зеризаминӣ ва дигар  объектҳои об, пешгирӣ намудани  вайроншавии заминҳо аз об, лойқашавии  махзанҳои  об, бад шудани  шароити муҳити зисти ҳайвоноти обӣ, xиҳати кам кардани ноустувории резиши об ва uайра минтақаҳои ҳифзшавандаи оби  xангалҳо муқаррар карда мешаванд, ки дар он xойҳо шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқии  манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибқи тартиби   пешбиникардаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон  тадбирҳои зидди бодлесӣ, мелиоративии xангал, гидротехникӣ ва  дигар    тадбирҳоро  андешанд.
 
Моддаи 127. Зарурати ба назар гирифтани  манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми xойгиркунӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсир мерасонанд
Ҳангоми  мувофиқаткунонии масъалаҳои xойгиркунонии сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои  ба ҳолати об  таъсиррасонанда, инчунин ҳангоми додани  иxозатҳо барои  истифодаи махсуси об  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об вазифадоранд нақшаҳои истифодаи маxмeъӣ ва ҳифзи об, тавозунҳои (балансҳои) хоxагии обро, ки  манфиатҳои истифодабарандагони об ва талаботи ҳифзи муҳити зистро ба назар мегиранд, дастури амал қарор  диҳанд.
 
Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ
Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакунӣ ва кeҳкании  вобаста ва xустуxe, кашф ва истифодаи  конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об хабар дода, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба  ҳифзи оби  зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва камшавӣ тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки  обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои  танзимкунанда ва воситаҳои   назорат муxаҳҳаз намоянд.
 
БОБИ  22.
ПЕШГИРӣ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ
 
Моддаи 129.  Eҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои  исфлосшавии  объектҳои  об дар натиxаи садамаҳо ва   офатҳои табиӣ
Шахсонӣ ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеӣ, ки аз объектҳои об ва иншооти хоxагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти  ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар  натиxаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табиӣ, обхезӣ, зериобмонӣ ва ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шeршавӣ, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимоявӣ ва дигар объектҳо,  ба миён омадани xариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анxом диҳанд.
 
Моддаи 130Иxрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ, ки бо сабаби  таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиxаи садама ва  офатҳои  табиӣ ба вуxуд омадаанд
1.Иxрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои  офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои  ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табиӣ ба вуxуд омадаанд, тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва созишномаҳои  байналхалқӣ танзим карда мешаванд.
2.Xиҳати  роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи  оқибатҳои  офатҳои табиӣ,  ки бо сабаби таъсири зараровари об ба  вуxуд омадаанд, ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ва мақомоти  ҳокимияти  иxроия дар маҳалҳо комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳангоми зарурат намояндагони  давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
 
Моддаи 131Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об  дар натиxаи садама ва офатҳои табиӣ
1.Тадбирҳо  доир ба  пешгирӣ ва рафъи таъсири зарароварии об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиxаи садама ва офатҳои табиӣ дар дурнамои давлатии рушди хоxагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.
2.Дар объектҳои об, аз xумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он xо бар асари  фаъолияти хоxагӣ, дигар фаъолият ё  садама ва  фалокат  таuйироти устувори  номусоиди ҳолати обӣ ба амнияту саломатии аҳолӣ, таназзули олами набототу ҳайвонот  таҳдидкунанда  ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологӣ ё офати экологӣ эълон гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ  давлатҳои  ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи  хатари экологӣ ё офати экологӣ аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон xорӣ  ва бекор карда мешавад.
 
Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоxагии оби Xумҳурии Тоxикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатӣ доранд
Бо мақсади  таъмини бехатарии минтақа, иншоотҳои калони  хоxагии оби Xумҳурии Тоxикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатӣ доранд, барои пешгирии ҳодисаҳои диверсионӣ ва оқибатҳои  фалокатовар аз тарафи  давлат ҳифз карда мешаванд.
 
Моддаи 1321. Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ
  1. Мубориза бо обхезӣ аз рӯи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмӯи тадбирҳо оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибати онҳо асос меёбад.
  2. Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.
  4. Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис дода, корҳои иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 1322. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ
  1. Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.
  2. Номгӯи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  3. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд. ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
 
  1. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:
— ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти  мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об,  ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва  зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ:
— ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти  иқтисодӣ;
— амалӣ намудани лоиҳаҳои кӯчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ,  мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.
  1. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ бо назардошти маблағҳои мавҷуда, ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.
  2. Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмӯъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 1323.  Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои  хавфи зиёд
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.
  2. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.
  3. Минтақаҳое, ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи  муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 1324.  Ҷалби муваққатии  захираҳои моддию техникӣ
  1. Дар давраи ҳолати фавқулоддаи обхезӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ метавонад ба мақомоти дахлдор барои муваққатан ҷалб кардани захираҳои зарурии ашёи хом, сӯзишворӣ, мавод, нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ҳуқуқ диҳад.
  2. Маводу таҷҳизот ва нақлиёти муваққатан сафарбаршуда баъд аз анҷоми корҳои давраи ҳолати фавқулодда бояд ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар мавриди истифода шудан, осеб дидан ё аз кор баромадан арзиши пурраи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 1325. Бартараф намудани оқибати обхезӣ
Дар мавриди обхезӣ мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар минтақаи офат корҳои ёрирасонии тиббӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монанд, тартиботи  ҳуқуқиро таъмин намоянд ва инчунин ба таъмир ва барқарорсозии биною иншооти таъмини зисти аҳолӣ, ки дар натиҷаи обхезӣ зарар дидаанд,  ёрӣ расонанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
Моддаи 1326. Мониторинги  кӯли Сарез
Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кӯли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ аз ҷумла  чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:
— пешгӯӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кӯли Сарез;
— ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кӯли Сарез;
— таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;
— ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда,  мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кӯли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;
— банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).
 
ФАСЛИ  IV.
НАЗОРАТИ ДАВЛАТӣ, БАҲИСОБГИРӣ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ
 
БОБИ 23.
НАЗОРАТИ ДАВЛАТӣ, БАҲИСОБГИРӣ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об
Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:
-баҳисобгирии миқдории истифодаи об;
-назорати ҳолат ва тағйирёбии сифати  об;
cанҷиш ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
-муайян намудани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии обҳо ба талаботи меъёрӣ;
-мониторинг. (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
 
Моддаи 134.  Ба нақшагирии истифодаи об
1.Банақшагирии истифодаи об бояд тақсимоти илман асосноки обро байни истифодабарандагони об бо дарназардошти дар навбати аввал қонеъ  гардонидани эҳтиёxоти нeшиданию маишии аҳолӣ, ҳифзи  об ва пешгириии таъсири зараровари он таъмин намояд.
2.Ҳангоми банакшагирии истифодаи об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоxагии об, нақшаҳои истифодаи маxмeӣ ва ҳифзи об, инчунин меъёри гирифтани об аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.
 
Моддаи 135Кадастри давлатии об
Кадастри давлатии оби Xумҳурии Тоxикистон маxмeи маълумоти  расмии ба низом даровардашуда оид ба  ҳолат, истифода ва ҳифзи  объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз xониби  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 136Феҳристи давлатии объектҳои хоxагии об
1.Феҳристи давлатии объектҳои хоxагии об маxмeи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоxагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлатӣ аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анxом дода  мешавад. ҳар як объекти хоxагии оби ба Феҳристи давлатӣ дохилшуда бояд дорои тавсифномаи   маxмeие  бошад, ки таъиноти мақсадноки  хоxагӣ, ҳуқукӣ, физикию xуuрофӣ, гидрологӣ, техникию иқтисодӣ ва  дигар нишондиҳандаҳоро  дар бар  гирад.  Ворид намудан  ба рeйхати Феҳристи давлатӣ дар як вақт бо додани  иxозат барои истифодаи  махсуси об амалӣ карда мешавад.
2.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз инҳо иборат аст:
— феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;
— феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.
3.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).
4.Тартиб ва меъёри пардохтро аз xониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ба қайд гирифтани объеки хоxагии об дар Феҳристи давлатӣ ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 137.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо
1.Бо мақсади  банақшагирии дарозмeҳлат ва миёнамeҳлати  истифодаи маxмeӣ ва ҳифзи захираҳои об,  таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ махзани   маълумот ва системаи иттилооти аз xониби соҳаҳои иқтисодиёти Xумҳурии Тоxикистон истифода шудани  захираҳои обро  таъсис медиҳад.
2.Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон   ва бе маҳдудият  иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 138Тавозунҳои хоxагии об
Тавозунҳои хоxагии об, ки аз  нигоҳи оморӣ мавxудият ва дараxаи  истифодаи обро арзёбӣ менамоянд, вобаста ба ҳавзаи  дарёҳо каналҳои калон, ноҳия ва вилоятҳои Xумҳурии Тоxикистон тартиб дода мешаванд.
 
Моддаи 139.  Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маxмeи  об
Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маxмeи об,  тадбирҳои асосии хоxагии об ва дигар тадбирҳоро, ки  xиҳати қонеъ  гардонидани талаботи дурнамои аҳолӣ ва иқтисодиёти давлат ба об, инчунин барои ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари онҳо бояд ба анxом расонида шаванд, муайян  мекунанд.
 
Моддаи 140Тартиби   назорати давлатӣ баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи кадастри давлатии об,  тартиб  додани  тавозунҳои хоxагии  об, таҳияи  накшаҳои истифода ва ҳифзи  маxмeии  об
1.Баҳисобгирии давлатии об ва истифодаи он, xорӣ намудани кадастри давлатии об, мушоҳида (мониторинг), тартиб додани тавозунҳои хоxагии об, таҳияи нақшаҳои истифодаи маxмeӣ ва ҳифзи об аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҳисоби давлат ва мувофиқи тартиби ягона барои Xумҳурии Тоxикистон   анxом  дода мешавад.
2.Тартиби назорати давлатӣ  ва баҳисобгирии об ва истифодаи он,   xорӣ намудани  кадастри давлатии об, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои  истифодаи  маxмeӣ ва ҳифзи обро ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар мекунад.
 
 
БОБИ 231. ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРӣ  ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
 
Моддаи 1401. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об
 
  1. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об бо назардошти манфиати ҳамаи истифодабарандагони об дар ҳудудҳои алоҳидаи гидрографӣ дар асоси принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об ба роҳ монда мешавад.
  2. Барои ташкили идоракунии ҳавзавии захираҳои об Шӯрои миллии об ва дар ҳавзаҳои алоҳида шӯроҳои ҳавзавии об таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 1402. Шӯрои миллии об ва салоҳияти он
 
  1. Шӯрои миллии об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он дорои чунин салоҳият мебошад:
— ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
— таҳияи пешниҳодҳо оид ба муқаррар намудани ҳудуди гидрографии ҳавзаҳои асосии об;
— баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии об ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— тасдиқи нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
— баррасии ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;
— иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст.
  1. Шӯрои миллии об аз роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатие иборат аст, ки масъулияти идоракунии захираҳои об, аз ҷумла ҷанбаҳои молиявӣ ва амнияти давлатиро ба зимма доранд. Ба ҳайати Шӯрои миллии об намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисон ва коршиносони алоҳидаи соҳаи захираҳои об ва иқтисодиёт метавонанд дохил карда шаванд. Ҳайати Шӯрои миллии об ва раиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  2. Фаъолияти Шӯрои миллии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 1403. Шӯрои ҳавзавии об ва ваколатҳои он
 
  1. Шӯрои ҳавзавии об дар назди ташкилоти ҳавзавии захираҳои об барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ба об алоқаманд таъсис дода мешавад.
  2. Ба ҳайати Шӯрои ҳавзавии об намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки фаъолияташон ба банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, дохил мешаванд. Роҳбари ташкилоти ҳавзавии захираҳои об ҳамзамон раиси Шӯрои ҳавзавии об мебошад.
  3. Шӯрои ҳавзавии об дорои чунин вазифаҳо мебошад:
— баррасӣ ва тасдиқи нақшаи солонаи ҳавзавии истифодабарии об;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар ҳавза;
— баррасии ташаккули ҳаҷми маблағгузории солонаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо – истифодабарандагони об доир ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза, тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар хизматрасонӣ;
— иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур  муайян кардааст.
  1. Фаъолияти Шӯрои ҳавзавии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 1404. Стратегияи миллии об
 
  1. Стратегияи миллии об ба принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об асос ёфта, самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.
  2. Стратегияи миллии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо ҷалби мақомоти дигари манфиатдор таҳия ва дар Шӯрои миллии об баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об қоидаҳои асосии Стратегияи миллии обро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонанд.
 
Моддаи 1405. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи
 захираҳои об
 
  1. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои ҳавзаҳои алоҳида аз ҷониби ташкилоти ҳавзавии захираҳои об бо назардошти идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об таҳия карда мешаванд.
  2. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Шӯрои ҳавзавии об тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва барои тасдиқ ба Шӯрои миллии об пешниҳод карда мешаванд.
  3. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар асоси Стратегияи миллии об таҳия гардида, нақшаҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати истифода ва ҳифзи захираҳои обро дар ҳудуди ҳавзаи муайян дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№821)
Ф А С Л И  V.
XАВОБГИРӣ  ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ
 
БОБИ 24.
XАВОБГАРӣ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ
 
Моддаи 141. Беътибор  будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро  вайрон мекунанд
Гузашт кардан аз ҳуқуқи   истифодаи об ва аҳдҳои дигаре, ки ба таври рeирост  ё пинҳонӣ ҳуқуқи  моликияти давлатии обро вайрон  мекунанд, беэътибор  дониста мешаванд.
 
Моддаи 142Xавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об
1.Шахсоне, ки дар содир  намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур  пешбинӣ гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои  зайл тибки қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба  xавобгарӣ кашида мешаванд:
-худсарона истифода бурдани об,  гирифтани об  бо вайрон кардани  шартномаҳо;
-ифлосу олуда намудани об;
-ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммуналӣ ва дигар  объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи  ифлосу олудашавии  об ё таъсири зараровари он;
-вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обxамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;
-вайрон кардан   баҳисобгирӣ ва ҳисоботи истифодаи об;
-худсарона анxом додани корҳои гидротехникӣ;
-хароб кардани объектҳои хоxагии об ва дастгоҳҳо;
-вайрон кардани талаботи меъёрию техникӣ  санитарию гигиенӣ ва метрологӣ оид ба тартиби амалӣ гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;
-даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақтӣ ё додани ахбори uалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;
-кори uайриқанотбахши иншооти тозакуанда аз меъёри зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;
-вайрон кардани низоми хоxагӣ дар  объектҳои об ва иншооти хоxагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар  омилҳои зараровар мегарданд;
-партофтани обҳои партови ифлоскунанда ба сатҳи обҳои зеризаминӣ.
2.Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон метавонад  барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об xавобгарӣ муқаррар намояд.
 
Моддаи 143. Баргардонида додани обьктхои обе, ки худсарона uасб шудаанд
Объекти оби худсарона uасбшуда, тибқи тартиби дар қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муқарраргардида, бе пардохти хароxоти давраи  истифодаи uайриқонунии  онҳо, ба соҳибонашон баргардонида мешавад.
 
Моддаи 144. Xуброни зараре, ки дар натиxаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст
Шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ вазифадоранд зарареро, ки аз xониби  онҳо дар натиxаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст, тибқи андозаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон xуброн намоянд.
 
Моддаи 145. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об
1.Xумҳурии Тоxикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дeстона бо давлатҳои хориxӣ, бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.
2.Муносибатҳои байналхалқии Xумҳурии Тоxикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Xумҳурии Тоxикистон эътироф кардааст, танзим мегардад,
 
Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо
Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи ҳуқуқи байналхалқии об ва созишномаҳои байнидавлатӣ муқаррар карда мешаванд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАXЛИСИ ОЛИИ XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Оиди дар қироати дуюм қабул кардани Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон» ва мавриди амал қарор додани он
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 2000, № 11, мод.511)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
  1. Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон ва Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон:
ба Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон» мутобиқ гардонад.
  1. Қарори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи ба амал баровардани Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маxлиси намояндагони
Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон                                                         C. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  20 октябри соли 2000,
№ 148
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ  МИЛЛИИ 
МАXЛИСИ ОЛИИ XУМХУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Оиди Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистон.
 
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 2000, № 11, мод.509)
 
Маxлиси миллии Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон Кодекси оби Xумҳурии Тоxикистонро баррасӣ намуда, қарор  мекунад:
Кодекси  оби Xумҳурии Тоxикистон xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маxлиси  миллии Маxлиси
Олии Xумҳурии Тоxикистон                                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  10  ноябри  соли   2000,
№ 125

Илова кунед