Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 дар бораи энергетика

29 Ноябр 2000, Чоршанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, мод.504; соли 2005, №12, мод. 633; соли 2007, №6, мод. 436; №7, мод. 672; соли 2009, №9-10, мод.549; соли 2011, №6, мод. 440; соли 2013, №7, мод., 526; №12,мод.898)
 
Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқӣ ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоxагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
                                         БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои бозоргонӣ, институтсионалӣ ва иттилоотӣ ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
энергетика  соҳаи иқтисодиест, ки xустуxe, истихроx, истеҳсол, таxдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан, тақсимот ва истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва энергияро дар бар мегирад;
комплекси сeзишворию энергетикӣ — маxмeи  бо ҳам алоқаманди  соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барқтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин  зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои  энергетикӣ, ки сарфи назар  аз шакли моликият фаъолият менамоянд; (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556)
соҳаи энергетика  қисми таркибии энергетика, ки бо яке аз намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия вобаста аст;
корхонаи энергетикӣ — ин шахси ҳуқуқиест, аз Ҷумла аз субъектҳои монополияи табиӣ сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ки ба як ё якчанд намуди фаъолият дар энергетика машғул аст;
объекти энергетика  ин иншооти махсусест, ки барои истеҳсол, таxдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан ва тақсимоти захираҳои энергетикӣ ва энергия таъин шудааст;
фаъолият дар энергетика, хизматрасонии энергетикӣ — ин истеҳсол, интиқол, расонидан, тақсимот, нигаҳдорӣ, коркард, таxдид, фурeши энергия, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ мебошад;
захираи энергетикӣ — ҳомили энергия, ки дар айни замон ё дар оянда метавонад мавриди истифодаи самарабахш қарор гирад. Он чунин тақсимбандӣ мешавад:
а) захираҳои энергетикии барқароршаванда — ин захираҳое мебошанд, ки ба таври табиӣ ба вуxуд омада, доимо аз нав пайдо мешаванд (гармии офтоб, xараёни табиии обу ҳаво, обҳои геотермалӣ ва биомассаҳо) ва ба намудҳои дигари энергия мубаддал шуда метавонанд;
б) захираҳои аввалияи энергетикӣ — захираҳои табиӣ, ки метавонанд бевосита чун сeзишворӣ истифода шаванд (нафт, гази табиӣ, ангишт) ё мавриди истеҳсоли намудҳои гуногуни энергия қарор гиранд;
в) захираҳои энергетикии дуюмдараxа — захираҳое, ки ба шакли маҳсулоти иловагӣ дар xараёни истеҳсолоти асосӣ ба даст меоянд;
маҳсулоти энергетикӣ  намудҳои мухталифи сeзишворӣ, маҳсулоти нафт, энергияи қувваи барқ ва гармӣ, ки аз ҳама гуна намудҳои захираҳои энергетикӣ истеҳсол мешаванд;
истеъмолкунандагон дар энергетика — ҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергия ва захираҳои энергетикиро мехаранд ва бе мақсади аз нав фурeхтан онҳоро истифода мебаранд;
истеҳсолкунандагон дар энергетика — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қатъи назар аз шакли моликияташон, ки барои онҳо ҳамаи захираҳои энергетикӣ ва энергия маҳсулоти молӣ мебошанд;
сарфаxeии энергия — истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар xараёни истеҳсол, таxдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад;
консессия — шартнома дар бораи ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи шартҳои муайян муваққатан барои истифода додани объектҳои давлатӣ бо ҳуқуқи фаъолият намудан дар комплекси сeзишворию энергетикӣ.
 
       Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.(ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)
БОБИ  2.
 Танзими  давлатӣ  дар  соҲаи  энергетика
 
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика
Мақсадҳои асосии давлат дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат аст:
— таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёxоти рeзафзуни Ҷумҳурӣ ба захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва кафолати амнияти энергетикии кишвар;
—  таъмини ҳифзи муҳити зист ва аҳолӣ аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи энергетика;
— муҳайё намудани шароити зарурӣ барои пайгирона гузаштани энергетика ба муносибатҳои бозоргонӣ, xалб намудани сармоягузории ватанӣ ва хориxӣ ба он, ба корхонаҳои энергетикӣ додани мустақилияти иқтисодӣ ва таъмини тараққиёти онҳо дар асоси рақобати бозоргонӣ;
— баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сeзишворию энергетикӣ дар асоси xорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаxeии энергия, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани ҳароxоти нисбии захираҳои энергетикӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии миллӣ.
XТ аз 28. 06. 11с. №727).
Моддаи 5. Усулҳои танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика
Танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика ба воситаи таъмини ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозситонӣ, қарздиҳӣ, маблағгузорӣ, таъмини сиёсати сармоягузорӣ, иxтимоӣ, илмию техникӣ ва назорати иxроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои комплекси сeзишворию энергетикӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  анҷом дода мешавад.   
Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетикӣ барои сохтани объектҳои азим ба таври ҳатмӣ аз экспертизаи давлатӣ мегузаранд, ки тартиби гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика
Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика чунинанд:
таъмини нақши асосии давлат дар тараққиёти энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
идораи комплекси сeзишворию энергетикӣ дар асоси xорӣ намудани механизмҳои бозоргонии фаъолияти он;
фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият дар комплекси сeзишворию энергетикӣ дар фазои пешрафти муносибатҳои  бозоргонӣ;
мусоидат намудан ба иштироки сектори хусусӣ дар комплекси сeзишворию энергетикӣ, кeмак ба дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи корхонаҳо ва дар соҳаҳои он;
муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои энергетикӣ ва барномаҳои сохтмони объектҳои азими энергетикӣ;
консессия  дар  соҳаи  энергетика;
гузаронидани сиёсати нарх ва тариф дар комплекси сeзишворию энергетикӣ;
бурдани  назорат  оиди истифодаи  захираҳои  энергетикии  аввалия ва барқароршаванда ва нигоҳдории онҳо;
муҳайё намудани шароити зарурӣ  барои ташвиқи сармоягузорӣ дар комплекси сeзишворию энергетикӣ;
қабули чораҳои фаврӣ барои таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ ва энергия дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда, дар ҳолатҳои зарурӣ xорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ дар истифодабарии онҳо;
ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи энергетика;
тасдиқ ва назорат оиди амалӣ гаштани барномаҳо:
— тараққиёти комплекси сeзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— оид ба стандартизатсиякунонӣ, амният ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаи комплекси сeзишворию энергетикӣ;
— оид ба ғайриинҳисорӣ ва реструктризатсия-кунонии корхонаҳои соҳаҳои комплекси сeзишворию энергетикӣ;
— оиди сарфаxeии энергия;
— иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои  мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи  энергетика
Мақомоти ваколатдори давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика (минбаъд-мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Низомномаи мақомоти ваколатдор ва  сохтори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ваколатҳои мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд:
татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика;
ба нақшагирӣ ва пешбинии самти талабот ва пешниҳодот ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия барои ба ҳисоб гирифтан ва минбаъд даровардани тағйирот ба барномаҳои амал;
гузаронидани баҳодиҳӣ ба талаботи инвеститсионӣ ва муайян намудани манбаъҳои эътимодноки маблағгузорӣ ва сармоя;
омeзиши фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ бо мақсади мунтазам гузаштани онҳо ба муносибатҳои бозоргонӣ;
мусоидат барои дохилшавии мунтазами инвеститсияҳои хусусӣ ба комплекси сeзишворию энергетикӣ ва зиёдшавии захираҳои энергетикии маҳаллию алтернативӣ, ва барқароршаванда аз Ҷумла тавассути танзими идоракунӣ, соҳибии захираҳои дуюмдараxа ва маҳсулоти энергетикӣ дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳоӣ;
мусоидат ба тараққиёти рақобат, таъмини имкониятҳои баробар ва шароит барои фаъолияти корхонаҳои энергетикии шаклҳои мухталифи моликият;
амалӣ намудани назорат оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ  
таҳия ва татбиқи барномаҳо:
— оид ба тараққиёти комплекси сeзишворию энергетикӣ;
— оид ба стандартизатсиякунонӣ, бехатарӣ ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаҳои комплекси сeзишворию энергетикӣ;
— оид ба сарфаxeии энергия;
— оид ба истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
— иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
(ҚҶТ аз 28. 06. 11с. №727).
 
Моддаи  8. Комиссияи машваратии байниидоравӣ оид ба энергетика  (Хориҷ карда шуд, тибқи 
Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556).
 
 
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар комплекси сeзишворию энергетикӣ
Ваколатҳои  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар комплекси сeзишворию энергетикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
 
БОБИ  3.
Хусусиятҳои фаъолият дар энергетика
 
Моддаи 10. Идоракунии корхонаҳои энергетикӣ
Ба корхонаҳои комплекси сeзишворию энергетикӣ дар идоракунии фаъолияти хоxагию истеҳсолӣ мустақилият дода мешавад.
Ҳама намуди фаъолияти корхонаҳои комплекси сeзишворию энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анxом дода мешавад.
 
Моддаи 11. Ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти корхонаҳои энергетикӣ
Корхонаҳои энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар асоси гуногуншаклии моликият (давлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ, омехта ва муштарак) таъсис ёбанд ва амал кунанд.
Моликони корхонаҳои энергетикӣ дар назди Қонун баробаранд ва аз ҳимояи баробари Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бархeрдоранд.
Давлат ба табъизи (дискриминатсияи) корхонаҳои энергетикӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон роҳ намедиҳад.
 
Моддаи 12. Ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия
Манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Масъалаҳои маблағгузорӣ дар энергетика
Дар соҳаи энергетика маблағгузорӣ метавонад аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориxӣ таъмин гардад.
 
Моддаи 14. Сармоягузории  ватанӣ ва хориxӣ  дар энергетика
Xалб намудани сармояи ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ  ба  истифодаи мўҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556), (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
Барои сармоягузории ватанӣ ва  хориxӣ дар энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва дигар имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556).
 
Моддаи 15. Нархгузорӣ дар соҳаи энергетика
Нархҳо ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии энергетикӣ ба таври озод (шартномавӣ) мукаррар мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
       Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва  истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электронергияи зиёдатӣ,  мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонанд нархҳо ва тарифҳои дигарро, ба истиснои нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ  муқаррар намоянд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556). (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
Нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
 
Моддаи 16. Консессияҳо дар энергетика
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияҳои барқӣ ва гармӣ, шабакаҳои магистралӣ ва тақсимкунандаи қувваи барқ, ва иншооти хизматрасони онҳо, хатҳои интиқоли нафту газ, корхонаҳои хоxагии таъминкунандаи гази табиӣ ва моеъ, объектҳои нафту газ, майдонҳои перспективии дорои нафту газро ба консессия дода метавонад.
Додани консессия ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои кашф, истихроx ва истифодаи захираҳои энергетикӣ ва пешбурди дигар фаъолият дар комплекси сeзишворию энергетикӣ дар асоси шартномаҳои консессионӣ сурат мегирад.
 
                  Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика
Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.(ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)
 
Моддаи 18. Корхонаҳои давлатии энергетика
Корхонаҳои давлатии энергетикӣ фаъолияти худро дар асоси тиxорат ба сифати воҳидҳои мустақили хоxагӣ, бо усули бастани шартнома бо  мақомоти ваколатдор анxом медиҳанд. Чунин шартномаҳо нисбат ба корхонаи давлатии комплекси сeзишворию энергетикӣ пешбинӣ менамоянд:
— мақоми зарурии корпоративӣ ва тиxоратии он;
— нақша-xадвали корҳои тиxоратикунонии он;
— дараxаи мустақилияти молиявӣ ва идоракунии он;
— стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;
— усул ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳии он, аз Ҷумла ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи амалкунандаи он, муайян намудани арзиши амвол ва ҳиссаxудокунӣ барои хeрдашавии он;
— муайян кардани кор ва хизматрасонӣ, ки барои эҳтиёxоти давлат иxро мешаванд ва арзиши онҳо;
— нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молиявӣ ва истеҳсолӣ.
 
                                             БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 19. Назорати давлатии энергетикӣ
Барои таъмини назорат аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя шудани регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳо дар xараёни истеҳсол, интиқол, таxдид, нигаҳдорӣ, истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, дар истифодаи объектҳо, иншоот, таxҳизот дар энергетика мувофиқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикӣ ташкил мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)
Назорати давлатии энергетикӣ аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ гузаронида мешавад.
 
      Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РаҲмонов
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2000,                 
№ 33
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ  НАМОЯНДАГОНИ
МАXЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи энергетика» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 504)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш марвиди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маxлиси намояндагони
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 С. Хайруллоев
ш. Душанбе,  4 ноябри соли 2000,
№143
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ  МАXЛИСИ  МИЛЛИИ
МАXЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.506)
 
Маxлиси миллии Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи энергетика» баррасӣ намуда қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маxлиси миллии
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2000,
№123

Илова кунед