Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақлиёт

10 Ноябр 2000, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 507; соли 2004, №7, мод. 466; соли 2007, №7, мод. 674; соли 2013,№12,мод.894)
 
Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиётӣ дар асоси механизмҳои бозорӣ ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз xиҳати иқтисодӣ самарабахши нақлиётӣ танзим менамояд.
 
ФАСЛИ  I.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида
Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:
интиқолдиҳанда — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусусӣ ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, баuоx, борҳо ва ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анxом додани ин кор иxозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи “интиқолдиҳанда” ҳамчунин танзимгари (оператори) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.
мизоx — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.
экспедитор — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иxро мекунад ё иxрои онро ташкил мекунад, фаъолият анxом медиҳад.
нақлиёт — соҳаи истеҳсолоти моддиест, ки кашонидани борҳо, мусофирҳо ва баuоxро амалӣ мегардонад.
ташкилоти нақлиётӣ — шахси ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти хоxагию тиxоратӣ оид ба интиқоли бор ва мусофирон, хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт машuул мебошад.
 ташкилоти нақлиётии давлатӣ —  ташкилоте, ки дар он қисми зиёди саҳм (пакети саҳмияҳо) ба давлат тааллуқ дорад.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба нақлиёт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи ҳамин Қонун қабулгардида, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Дар бораи моликият дар нақлиёт
Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Моликони  ташкилотҳои  нақлиётӣ дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманд мебошанд.
Роҳҳои оҳани магистралӣ, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин роҳҳое, ки аҳамияти мудофиавӣ доранд, бо иловаи иншоотҳои инженерӣ, роҳҳои обии киштигард, дастгоҳҳо ва аломатҳои киштиронӣ, танзим ва кафолати бехатарии киштигардӣ, дастгоҳҳои системаи   батанзимдарории   ҳаракатҳои   ҳавоии   аэронавигатсионӣ,   шабакаҳои телекомуникатсионӣ, инженерӣ, ки ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ алоқаманданд, моликияти давлатӣ мебошанд.
 
Моддаи 4. Заминҳои барои мақсадҳои нақлиёт истифодашаванда
Истифода ва xудо намудани заминҳо барои мақсадҳои нақлиётӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Ба мақсади таъмини боэтимоди истифодаи иншоотҳо ва дигар объектҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои фурeравӣ, кандашавӣ, обшeӣ, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табиӣ минтақаҳои муҳофизатӣ муайян карда мешавад.
Ташкилотҳои  нақлиётӣ ва интиқолдиҳандагон бояд заминҳои ба онҳо xудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои пешниҳодшуда, технологияҳои истеҳсолии муҳофизати табиат истифода бурда ба бадшавии вазъияти экологӣ дар минтақа дар натиxаи фаъолияти худ роҳ надиҳанд.
 
ФАСЛИ  II.
Идора  ва танзим
 
Моддаи 5. Идоракунии  ташкилотҳои нақлиётӣ
Ба ташкилотҳои нақлиётӣ дар идоракунии фаъолияти хоxагию истеҳсолӣ соҳибихтиёрӣ дода мешавад.
Тамоми навъҳои фаъолияти ташкилотҳои нақлиётӣ бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анxом дода шавад.
 
Моддаи 6. Танзими фаъолияти нақлиёт
Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи нақлиёт бо роҳи таъмини ҳуқуқӣ, иxозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), андозбандӣ, кредитонӣ, маблаuгузорӣ ва нархгузорӣ, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузорӣ, иxтимоӣ ва илмию техникӣ, назорати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба истифодаи ташкилотҳои нақлиётӣ сурат мегирад.
Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоxагии ташкилотҳои нақлиётӣ мудохила намоянд, инчунин кормандони ташкилотҳои нақлиётиро ба корҳои дигар xалб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
 
Моддаи 7. Идоракунии давлатии нақлиёт
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт иборатанд аз:
— ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;
— амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи нақлиёт;
— коркарди лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва асноди дигар, стандартҳо, нормаҳои  муайянкунандаи тартиби ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти тамоми шаклҳои нақлиёт новобаста аз шакли моликияташон;
— таҳияи барномаҳои миллӣ ва консепсияи тарақии тамоми шаклҳои нақлиёт, ташаккул ва xорӣ намудани сиёсати инвеститсионӣ, илмию-техникӣ ва иxтимоӣ, тайёр намудани кадрҳо;
— ба вуxуд овардани шароит барои таъмини зарурияти иқтисодиёт ва аҳолии Ҷумҳурӣ бо ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он вобаста;
— назорати риояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони нақлиёт;
— коркарди дурнамо дар таъмини босифати саривақтии эҳтиёxоти давлатии Ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба ҳамлу нақл.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анxом медиҳанд.
 
 Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт
Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  нақлиёт (минбаъд –мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
 
Моддаи 10. Салоҳияти мақоми ваколатдор
Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст:
— банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатӣ ва самараноки захираҳо ва баланд бардоштани самараи кори системаҳои нақлиётӣ, мониторинги тарифҳо ва боxҳои аз xониби ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ ва хусусӣ ситонидашаванда мусоидат менамоянд;
— таҳияи нақшаҳои рушди соҳаи нақлиёт;
— таҳлили талаботи сармоягузории соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, таҳияи барномаи дарозмeҳлати сармоягузории давлатӣ;
— мусоидат намудан ба рақобат баҳри роҳ ёфтан ба бахшҳои нақлиётӣ;
— мусоидат ба иттиҳодиякунонӣ, тиxоратикунонӣ ва хусусигардонии ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ;
— мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт;
— муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳои амният ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора;
— бастани шартномаҳо барои анxом додани фаъолияти вобаста ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт, бо пудратчиёни бахши хусусӣ, ки дар асоси рақобат ва ошкоро муайян карда мешаванд;
— тасдиқи қоидаҳои мустақими ба амал баровардани боркашонӣ омехта;
— дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 11. Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт
Бо мақсади баррасии пешниҳодҳои вобаста ба сиёсати соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самара ва такмили усулҳои хоxагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, интиқолдиҳандагон, мизоxон ва xомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратии оид ба нақлиётро таҳти раисии  роҳбари мақоми ваколатдор таъсис медиҳад.
Ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт намояндагони  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ, интиқолдиҳандагон ва мизоxон дохил мешаванд.
Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анxом медиҳад.
 
ФАСЛИ  III.
 Фаъолият дар нақлиёт
 
Моддаи 12. Асосҳои фаъолияти иқтисодӣ ва хоxагӣ
Асоси муносибатҳои иқтисодӣ ва хоxагии нақлиётро бозори талабот ва пешниҳоди нақлиёти хизматрасонӣ ба вуxуд меорад.
Мақомоти идоракуни, ки оиди ташкили интиқоли мусофирон қарор қабул кардаанд ва аз сабаби истифодаи нархномаҳои танзимшаванда даромаднокӣ таъмин намешавад, бояд аз буxети дахлдор иловапулӣ диҳанд.
 
Моддаи 13. Тарифҳо
Барои интиқоли бор, мусофирон, баuоx ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифҳои озоди шартномавӣ муайян мегарданд.
 
Моддаи 14.  Ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ
Ташкилотҳои  нақлиётии давлатӣ фаъолияти худро дар асоси тиxоратӣ ба сифати воҳидҳои хоxагиҳои мустақил бо роҳи бастани созишномаҳо бо  мақоми ваколатдор анxом медиҳанд.
Чунин созишномаҳо нисбати  ташкилотҳои нақлиётии  давлатӣ  бояд асноди зеринро дар бар гиранд иборат бошанд:
— статуси корпоративӣ ва тиxоратӣ;
— нақша-xадвали корҳо ва мустақилияти идора;
— стандарту меъёрҳои корҳо ва тобеияти роҳбарият;
— принсипҳо ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳӣ, аз Ҷумла таҳияи ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи фаъолият, муқаррар намудани арзиши амвол ва ҳиссаxудокунӣ ба хeрдашавии он;
— муайян намудани корҳо ва хизматрасоние, ки барои эҳтиёxоти давлатӣ иxро карда мешаванд ва муайян намудани арзиши онҳо;
— нишондиҳандаҳои солонаи молиявӣ ва нақшавии истеҳсолӣ.
 
Моддаи 15.  Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва баuоx
Кашонидани борҳо, мусофирон ва баuоx, аз Ҷумла хизматрасониҳои экспедитсионӣ дар асоси шартномаи байни мизоx ва интиқолдиҳанда анxом дода мешавад.
Шартҳои кашонидан, татбиқи фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ, тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат, риояи қоидаи ҳифзи меҳнат, бехатарии зидди сeхтор, нормаҳои  техникию-технологӣ ва санитариро қонунҳо, оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад.
 
Моддаи 16. Робитаи мустақими омехта бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт
Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохилӣ, ҳавоӣ ва автомобилӣ системаи робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.
Муносибатҳо байни ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи созишномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои аз тарафи  мақоми ваколатдор тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд.
 
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои мусофирон
Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои мусофироне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиётӣ истифода мекунанд, мутобиқи шартномаи байни мусофир ва интиқолдиҳанда, ки тибқи қонунҳо ба дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, муайян карда мешаванд.
Мусофир ҳуқуқ дорад:
—  ҳамроҳ бо худ кeдакони то сини 5-солаи худро, бе xудо кардани  xои  алоҳида дар нақлиёти  ҳавоӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти дохилии обӣ, дар автобусҳои байнишаҳрӣ, инчунин дар нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ uайр аз таксӣ бепул барад;
— барои хурдсолони синнашон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши он чипта харад.
Дар нақлиёти ҳавоӣ, автобусҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ кашондани бори дастӣ ва баuоx бепул то вазни на бештар аз 20 кг муқаррар карда мешавад.
Дар  нақлиёти роҳи  оҳан,  дохилии  обӣ, инчунин автобусҳои байнишаҳрӣ бепул кашондани бори дастӣ ва баuоxи вазнаш на бештар аз 35 кг муқаррар мегардад.
Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки вазни бори бепул кашондашударо зиёд кунанд ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намоянд.
Мусофир ҳуқуқ дорад аз интиқолдиҳандае, ки аз давом додани интиқол даст кашидааст ё ба рeзи дигар мавқуф гузоштааст талаб намояд, ки eро ба маконаш расонад ва ҳамаи зарареро, ки ба бекор кардани шартнома ба e мерасад баргардонад.
Мусофир ба имтиёзҳои дигари дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда ҳуқуқ дорад.
 
Моддаи 18. Ҳамлу нақли байнидавлатӣ ва транзитӣ
Ҳамлу нақли транзитии борҳо ва мусофирон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мутобиқи созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
 
ФАСЛИ  IV.
 Бехатарӣ ва масъулият дар нақлиёт
 
Моддаи 19. Талабот ва масъулият дар нақлиёт
Воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, ки бо стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт муқаррар шудаанд, мутобиқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1050)
 
Моддаи 20. Ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётӣ
Талаботи дараxаи касбӣ барои идораи воситаҳои нақлиётӣ ва меъёрҳои баҳодиҳии мувофиқати  ҳолати  саломатии  ашхос  доир  ба идораи воситаҳои нақлиётӣ аз xониби  мақоми ваколатдор якxоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳуқуқ ба идораи воситаи нақлиёт ба шахсе дода мешавад, ки тахассуси мувофиқ ба ин кор дошта бошад ва аз назорати тиббӣ доир ба ҳолати саломатӣ гузашта, барои идора намудани воситаи нақлиёт асноди муқарраршуда гирифта бошад.
 
Моддаи 21. Масъулияти интиқолдиҳанда
Интиқолдиҳанда нигаҳдории борҳо ва баuоxро аз лаҳзаи қабул то супоридан ба соҳибаш таъмин менамояд.
Интиқолдиҳанда барои гум шудан, норасоӣ ва осеб дидани бор ё баuоx, агар исбот карда натавонад, ки ин камбудиҳо на бо айби e рух додааст, xавобгар аст.
Зарари ҳангоми интиқоли бор ё баuоx расондашуда аз тарафи интиқолдиҳанда xуброн карда мешавад.
Дар ҳолати нобуд шудан, кам омадан, интиқолдиҳанда якxоя бо пардохти  қимати  бор  ё баuоx маблаuи боркашониро xуброн мекунад.
Дар санадҳои қонунгузорӣ инчунин дигар намудҳои масъулият пешбинӣ шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 22. Масъулияти мусофир, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё баuоx
Мусофирон, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё баuоx барои зараре, ки бо гуноҳи онҳо ба дигар шaxcoн, ба моли интиқолдиҳанда ё ба моли дигар ашхосе, ки масъулияти онро интиқолдиҳанда дорад, xавобгаранд.
Ирсолкунанда барои зараре, ки ба сабаби маълумоти ноаниқ, нодуруст ё нопурраи ҳуxxатҳои нақлиётӣ ба интиқолдиҳанда ё дигар шахс расонидааст, xавобгар аст.
 
Моддаи 23. Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда ва объектҳо дар нақлиёт
Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда, объектҳои нақлиёт ва анxом додани корҳои профилактикии  зидди сeхтор дар нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 24. Масъулият барои бехатарии ҳамлу нақл
Масъулият барои бехатарии интиқоли борҳо ва мусофирон ба дeши интиқолдиҳанда аст. Талаботи бехатарӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Интиқолдиҳанда барои зарари дар натиxаи дучоршавӣ ба марг ё зарар дидани саломатии мусофир ҳангоми интиқол ба амал омада, агар исбот накунад, ки зарар дар натиxаи қасди зарардида ё қувваи ногаҳонӣ ба амал омадааст, xавобгарии амволӣ дорад.
Xавобгарии интиқолдиҳанда аз рeи eҳдадориҳое, ки дар натиxаи марг ё зарар дидани саломатӣ ба амал меояд, аз рeи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
 
Моддаи 25. Ташкили кори нақлиёт ҳангоми ҳолати фавқулодда
Ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (заминxунбӣ, обхезӣ, сeхтор, тарма, паҳншавии касалиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ) муносибатҳои шартномавии  ташкилотҳои нақлиётӣ дар ин вақт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабули тадбирҳои барҳам додани фалокатҳо ва оқибатҳои онҳо боздошта шуда метавонанд.
Хароxоти корхонаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда доир ба анxом додани интиқоли бо таъмини тайёрии сафарбарӣ, тадбирҳои мудофиаи гражданӣ ва корҳои тасодумию наxотдиҳӣ дар Ҷумҳурӣ аз тарафи буxет xуброн мешавад.
Ташкилотҳои нақлиётӣ вазифадоранд, ки оxилан тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин дигар ҳолатҳоро андешанд, ки характери фавқулодда доранд.
 
Моддаи 26. Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ
Интиқолдиҳандагон ва ташкилотҳои нақлиётӣ eҳдадоранд барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ аз ҳама гуна таъсири манфӣ дар натиxаи интиқоли бор дар дохили кишвар ё ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 
Моддаи 27. Суuурта кардан
Интиқолдиҳанда дар назди мусофирон ҳангоми сафар дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, нақлиёти автомобилии байнидавлатӣ ва байнивилоятӣ масъулияти суuуртакунии ҳатмӣ ва масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилиро ба eҳда мегирад.
 
Моддаи 28.  Масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба нақлиёт
Шахсони ҳукуқӣ ё воқеие,  ки барои вайрон кардани ин Қонун гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар мебошанд.
 
ФАСЛИ  V.
ҚоидаҲои  хотимавӣ
 
Моддаи 29. Назорат аз болои кори нақлиёт
Назорат аз болои иxрои қонунгузории нақлиёт, талаботи бехатарии ҳаракат, экология ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз тарафи  мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатии идоракунӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, бурда мешавад.
Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳолатҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад.
 
Моддаи 30. Муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи нақлиёт
Интиқолдиҳандагон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамкории иқтисодии хориxиро бо ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии дигар давлатҳо инкишоф диҳанд ва воридоту содироти маҳсулотро (корҳоро, хизматрасониҳоро) ба амал бароранд.
Дар сурати ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои Қонуни мазкур, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд.
 
Моддаи 301. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 (Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 №23-24, мод.340), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи ворид намудани таuйирот ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод.71) аз эътибор соқит дониста шавад.
   
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                              Э. РаҲмонов
ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2000,
№32
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ  МАXЛИСИ  НАМОЯНДАГОНИ
МАXЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи нақлиёт» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, №11, мод. 508)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»  қабул карда шавад.
  1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маxлиси намояндагони
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2000,
№140
 
 
 
 
ҚАРОРИ  МАXЛИСИ  МИЛЛИИ
МАXЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 506)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи нақлиёт» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маxлиси миллии
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2000,
№124

Илова кунед