Қарори якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ намудани дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 Апрел 2000, Панҷшанбе

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунанд:
 
Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
 
 
 
               Раиси Маҷлиси миллии 
               Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         М. Убайдуллоев
 
              ш. Душанбе, 27 апрели соли 2000,
               №4
 
 
ДАСТУРИ
ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №4, мод. 184; соли 2005, №4, мод. 186; соли 2011,№4,мод.294;соли 2012,№4,мод.293)
 
 
БОБИ 1
Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон
 
Моддаи 1.
  1. Дар мавридҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.
  2. Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.
  3. Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба навбат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон на дертар аз 15 рӯз то кушодашавии ҷаласаҳо даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян менамоянд. Лоиҳаи рӯзнома, масъалаҳои баррасишаванда ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамоянд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  4. Хабар дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин дар бораи ҷой ва вақти бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон на дертар аз 3 рӯз то кушодашавии ҷаласаҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон карда мешаванд.
 
Моддаи 2.
  1. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат раисӣ мекунанд.
  2. Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода ва пӯшида мешавад.
 
Моддаи 3.
  1. Дар минбари ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон мешинанд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи маҷлисҳо бо нишон додани ному насабашон ҷойгир карда мешаванд.
  2. Барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷои алоҳида ҷудо карда мешавад, ки дар болои он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  3. Бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пеш аз оѓози ҷаласа, баъди ҳар танаффус ва ҳангоми зарурат, пеш аз овоздиҳӣ алоҳида гузаронида мешавад.
  4. Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок мебошанд, ки агар дар кори онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур дошта бошанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 4.
Тартиби кори  ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ ё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори  ҷаласаи якҷоя тасдиқ карда мешавад.(Қ.Я.Мм ва МНМОҶТ аз 20.04.12с,№37)
 
Моддаи 5.
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо забони давлатӣ бурда мешавад. Интихоби забон барои нотиқон маҳдуд карда намешавад. Ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, тарҷумаи ҳамзамон таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 6.
  1. Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро баргузор мегарданд.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи дар ҷаласаҳои якҷоя иштирок кардан доранд ва барои онҳо ҷой ҷудо карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳо, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳақ доранд бенавбат сухан гиранд. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташон баромад кунанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  1. Дар ҷаласаҳои якҷоя намояндагони ташкилотҳои ҷамъяитӣ, воситаҳои ахбори омма ва шахсони дигар метавонанд даъват шаванд. Раисикунанда дар бораи ҳайат ва шумораи  даъватшудагон хабар медиҳад. Барои даъватшудагон дар толор ҷои махсус ҷудо карда мешавад. Онҳо ҳақ надоранд ба кори ҷаласаҳо дахолат кунанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Кушодашавии ҷаласаҳои якҷоя бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба воситаи телевизион намоиш дода, аз тариқи радио шунавонида мешавад. Хабар дар бораи ҷаласаҳои якҷоя дар нашрияҳои Маҷлиси Олӣ чоп гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма  ба маълумоти аҳолӣ расонида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  3. Ҳисоботи стенографии ҷаласаҳо дар нашрияҳои Маҷлиси Олӣ интишор меёбад.
  4. Бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида баргузор шаванд.
 
Моддаи 7.
  1. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои маърӯза то як соат ва барои маърӯзаи иловагӣ то 20 дақиқа вақт дода мешавад. Барои музокира то 10 дақиқа, барои музокираҳои такрорӣ то 5 дақиқа, барои суханронӣ оид бар тартиби бурдани ҷаласаҳо, мақсаду сабаби овоздиҳӣ, барои изҳорот, пешниҳоду дархостҳо, хабару маълумот то 3 дақиқа вақт дода мешавад. Бо розигии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон раисикунанда вақти суханрониро дароз карда метавонад.
  2. Ба маърӯзачӣ хаттӣ ё шифоҳӣ савол додан мумкин аст.
 
Моддаи 8.
Пешниҳоду эродҳои дар ҷаласаҳои якҷояи Ма ҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ баёнгардидаро раисикунанда барои баррасӣ ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ирсол менамояд ва ё дар ҳолати зарурӣ онҳо дар ҷаласаҳои якҷоя мавриди муҳокима қарор мегиранд.
 
Моддаи 9.
  1. Дар ҷаласаҳои якҷояи Ма ҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Котиботи ҷаласаҳои якҷоя ташкил карда мешавад.
Котиботи ҷаласаҳои якҷоя аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тавассути овоздиҳии кушода, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳайати раис ва аъзои Котибот интихоб мешаванд. Ҳайати шахсии котиботро раискунандаи  ҷаласаҳо пешниҳод менамояд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
Дар бораи ташкили Котиботи ҷаласа Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
  1. Котиботи ҷаласаи якҷоя бароҳмонии стенограмма ва протоколи ҷаласаҳоро ташкил намуда, рӯйхати шахсонеро, ки хоҳиши сухангӯӣ доранд, тартиб медиҳад баррасии муроҷиатномаҳои шаҳрвандон ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба унвони ҷаласаҳо меоянд, ташкил менамояд, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар хусуси корҳои анҷомдодааш хабардор мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 10.
  1. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қарорҳо аз рӯи масъалаҳои мавриди муҳокима ба тариқи овоздиҳии кушода бо истифодаи системаи электронии ҳисоби овозҳо қабул карда мешаванд.
  2. Ҳангоми гузаронидани овоздиҳии кушода бидуни истифодаи системаи электронии ҳисобкунии овозҳо дар ҷаласа ба гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон супорида мешавад, ки ҳайати онро ҷаласаҳои якҷоя муайян менамоянд.
  3. Баъди ба охир расидани ҳисобкунии овозҳо раисикунанда натиҷаи овоздиҳиро эълон мекунад.
 
Моддаи 11.
  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамин Дастур ё мутобиқи қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян кардани натиҷаи он Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз ҷумла аъзо ва вакилон ба тариқии овоздиҳии кушода комиссияи ҳисоби овозҳоро интихоб мекунад.
  3. Комиссияи ҳисоби овозҳо аз ҳайати худ раис ва котиби комиссияро интихоб мекунад. Қарорҳои комиссияи ҳисоби овозҳо бо тарафдории аксарияти аъзои комиссия қабул карда мешаванд.
  4. Бюллетенҳоро комиссияи ҳисоби овозҳо вобаста ба шумораи зарурӣ омода менамояд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  5. Вақту маҳалли овоздиҳӣ, тартиби гузаронидани онро комиссияи ҳисоби овозҳо дар асоси ҳамин Дастур муқаррар мекунад ва онро Раиси комиссияи ҳисоби овозҳо эълон менамояд.
 
Моддаи 12.
Дар бораи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ комиссияи ҳисоби овозҳо протокол тартиб медиҳад, ки он аз тарафи аъзои комиссияи ҳисоби овозҳо имзо карда мешавад. Дар асоси маърӯзаи Раиси комиссияи ҳисоби овозҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ кардани натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 13.
Бо дастгирии на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба воситаи истифодаи системаи электронии ҳисоби овозҳо ё бо овоздиҳии кушод  овоздиҳии ном ба ном гузаронида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 14.
Ҳангоми ошкор шудани хатоиҳо дар тартиб ва техникаи овоздиҳӣ мувофиқи қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.
 
 
Моддаи 15.
  1. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Дастур Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд, ки ба он раискунанда имзо мегузорад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).  (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ду нусха тартиб дода мешаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  1. Овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми қабули қарорҳо тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Дастур гузаронида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешаванд, агар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари қабули қарорҳоро муқаррар накарда бошад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  3. Таҳти мафҳуми шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамин Дастур ҷамъи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ(34) ва шумораи вакилони Маҷлиси намояндагон (63) дар назар аст.
 
Моддаи 16.
1.Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳарду маҷлис ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаҳои аслии қарорҳои имзошуда дар Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагон маҳфуз дошта мешаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  1. Ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутобиқи ҳамин Дастур ва супоришоти Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон анҷом медиҳанд.
  2. Гузаронидани ҷаласаҳои якҷояро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин менамоянд.
 
БОБИ 2
Тартиби гузаронидани ҷаласаҳо хангоми Савганд ёд кардан, истеъфо ва
шунидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 17.
  1. Мутобиқи қисми 3 моддаи 55 ва қисми якуми моддаи 67 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонқисми 3 моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президент пеш аз шурӯъ кардан ба вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки дар он Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, дар вазъияти ботантана баргузор мегардад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  3. Ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба муносибати савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст намояндгони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ходимони илму фарҳанг, намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват карда шаванд. Шахсони дигарро низ бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардан мумкин аст. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост истода, дасташро ба болои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. Ҳангоми савгандёдкунии Президент иштирокчиёни ҷаласаи якҷоя аз ҷой бармехезанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  5. Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протоколи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон сабт карда мешавад.
  6. Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйир додан мумкин аст. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 18.
  1. Ҳангоми ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон хабар додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромаданаш ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромаданаш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
  3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз овоздиҳӣ оид ба қабули истеъфо, нутқи хотимавӣ мекунад.
  4. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хабари ӯ дар бораи ба истеъфо баромаданаш бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 19.
  1. Барои шунидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 3 моддаи 55 ва моддаи 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 3 моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо паёми худ баромад менамояд, инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад ва масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Шунидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи бандҳои 2 ва 3 моддаи 17 ҳамин Дастур баргузор мегардад.
 
 
(Боби 3 ва моддаи 20 хориҷ карда шудааст, рақамгузории бобҳо ва моддаҳо мутаносибан дуруст карда шудааст бо ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
 
БОБИ 3
Тартиби тасдиқи фармони президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати
ҷангӣ ва вазъияти фавқуллода
 
Моддаи 20.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи мутобиқи банди 2 қисми 1 моддаи 55 ва бандҳои 22, 24 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонбанди 2 қисми якуми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон» масъалаи тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда баррасӣ мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 21.
  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда ба Раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фиристода мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон матни фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фавран ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои тайёр кардани хулоса мефиристанд.
 
 
Моддаи 22.
  1. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутобиқи тартиби муайяннамудаи Дастури мазкур ва фавран баъди интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва эълони вазъияти фавқулодда дар ҷаласаҳои якҷоя масъалаи тасдиқи фармони мазкурро баррасӣ мекунанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Ҳангоми интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ӯҳдадоранд ҷамъ шудани аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҷои гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мӯҳлати на бештар аз ду шабонарӯз таъмин менамояд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  3. Ҳангоми интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда аъзои Мачлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ӯҳдадоранд ба ҷои гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат бидуни даъвати махсус ҳозир шаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 23.
Баррасии масъалаи тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо  супориши ӯ бо маърӯзаи намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз меёбад. Муҳокимаи масъала бо пешниҳоди хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шурӯъ шуда, бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Дастур гузаронида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 24.
  1. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Агар қарор дар бораи тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда бо аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд тарафдорӣ карда нашавад, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда тасдиқ карда намешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  3. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фавран ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
 
Моддаи 25.
Дар сурати аз ҷониби ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ шудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда амали фармон аз лаҳзаи қабули қарори дахлдори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).  (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
БОБИ 4
Тартиби баррасии масъалаи додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Моддаи 26.
  1. Мутобиқи банди 3 қисми 1 моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонбанди 3 қисми якуми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ба салоҳияти ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таалуқ дорад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Масъалаи имконияти истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 27.
  1. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон масъалаи додани ризоиятро ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон баъди гирифтани муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ташаббуси пешниҳодгардида асоснок карда шудааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Мачлиси намояндагон муроҷиати гирифтаашонро фавран ба кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои таҳияи хулоса мефиристанд.
 
Моддаи 28.
Ба ҷаласаи кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад. Ба ҷаласа инчунин намояндагони вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда метавонанд.
 
 
 
Моддаи 29.
  1. Баррасии масъалаи имконияти истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оѓоз меёбад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Масъалаи додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пӯшидаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муҳокима мешавад, агар қарори дигар қабул карда нашавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 30.
  1. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  2. Агар қарор оид ба додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аз тарафи аксарияти шумораи умумии аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд ҷонибдорӣ карда нашавад, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд берун аз ҳудуди он истифода карда шаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  3. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фавран ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
 
 
БОБИ 5
Тартиби тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин  намудан ва озод кардани
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 31.
                Мутобиқи банди 1 қисми 1 моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонбанди 1 қисми 1  моддаи 10  Қонуни кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷаласаи  якҷояи Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагон сурат мегирад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 32.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фармони Президентро дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 33.
1.Қарори  якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи  тасдиқи фармони Президент оид ба таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо овоздиҳии кушода қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
2.Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқи фармони Президент оид ба таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке  аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул  карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
БОБИ 6
Тартиби шунидани паёми Президент дар бораи
самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
 
Моддаи 34.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 55 Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 10 Қонуни конистутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шунида мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
(Боби 8 ва моддаҳои 36 ва 37 хориҷ карда шудааст, рақамгузории бобҳо ва моддаҳо мутаносибан дуруст карда шудааст бо ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
 
БОБИ 7
Тартиби таъини интихоботи Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
                Моддаи 35.
                Мутобиқи банди 4 қисми 1 моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 4 қисми 1 моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин менамоянд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 36.
                Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар бораи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қарор қабул  мекунанд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
БОБИ 8
Тартиби баррасии масъалаи дахлнопазирии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 37.
  1. Мутобиқи банди 7 қисми якуми моддаи 55 ва моддаи 72 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 7 қисми якуми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).  
  2. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар сурати аз тарафи Президент содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ, бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бекор  мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 38.
  1. Хулосаи Суди кониститутсионй дар бораи бекор кардани дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир намудани хиёнат ба давлат барои хулоса ба комиссияи махсус, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  дар ҷаласаи махсус даъватшудаи якҷоя таъсис медиҳанд, фиристода мешавад.
  2. Комиссияи махсус дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳайати раис, муовини раис ва аъзо интихоб мешаванд. Раис ва муовини раиси комиссияро аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо тарафдории шумораи умумии аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, интихоб менамоянд. Аъзои комиссия бо рӯйхати умумӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, интихоб  мешаванд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).  
 
Моддаи 39.
  1. Комиссия махсус асоснокии хулосаи Суди кониститутсиониро дар барои бекор кардани дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя шудани кворумро дар ҳолати қабули хулоса аз ҷониби Суди кониститутсионӣ дурустии ҳисоби овозҳо, инчунин риояи дигар қоидаҳои тартиботиро, ки ҳамин Дастур муқаррар кардааст, месанҷад.
  2. Комиссияи махсус дар маҷлисҳои худ нишондоди шахсони алоҳида ва далелҳоеро, ки ба қабули хулосаи Суди кониститутсионй асос шудаанд, меомӯзад, ҳуҷҷатҳои дахлдорро муҳокима мекунад, намояндагони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мешунавад. Хулосаи комиссияи махсус оиди дастгирӣ ё рад намудани хулосаи Суди кониститутсионӣ ва дар бораи риоя шудани қоидаҳои зарурӣ оиди қабули хулосаи Суди кониститутсионӣ бо тарафдории аксарияти аъзои умумии комиссия қабул карда мешавад.
 
Моддаи 40.
  1. Баъди гирифтани хулосаи комиссияи махсус ва хулосаи Суди кониститутсионӣ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад.
  2. Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад ширкат варзад ё намояндагони расмии худро ба он фиристад.
 
Моддаи 41.
  1. Пешниҳод дар бораи бекор кардани дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва хулосаи комиссияи махсус дар ҷаласаи якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад, ки бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонад пӯшида гузарад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
2.Дар ҷаласаи якҷоя Раисикомиссияи махсус маъруза мекунад. Раиси Суди кониститутсионӣ хулосаи Суди кониститутсиониро қироат мекунад. Аъзои Маҷлиси миллӣ  ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба маърӯзачӣ ва Раиси Суди кониститутсионӣ саволҳо дода метавонанд.
  1. Дар муҳокимаи масъалаи дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ  ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин коршиносон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок мекунанд. Ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони ӯ сухан бенавбат дода мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 42.
  1. Баъди ҷамъбасти муҳокима лоиҳаи қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи маҳрум сохтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дахлнопазирӣ ба овоздиҳӣ монда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
  2. Қарор бо овоздиҳии пинҳонӣ бо истифодаи бюллетенҳо бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул  карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  3. Агар пешниҳод дар бораи бекор кардани дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдории аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳоро аз шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, нагирад, дар он сурат Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд,  қарор дар бораи қатъ намудани баррасии масъалаи мазкурро қабул мекунад. Қарори мазкур қатъӣ ҳисобида шуда, расман интишор мешавад. Қарор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба Суди конститутсионӣ фиристода мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
БОБИ 9
Тартиби сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои
давлатӣ ва  рутбаи олии ҳарбӣ
 
Моддаи 43.
Мутобики банди 6 қисми якуми моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 қисми якуми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя масъалаи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ ва  рутбаи олии ҳарбӣ баррасӣ менамоянд. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16). (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 20.04.11с, №23).
 
Моддаи 44.
Пешниҳод дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва  рутбаи олии ҳарбӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ ё Раиси Маҷлиси намояндагон сурат мегирад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 45.
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии  ҳарбӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд,  қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
 
(Боби 12 моддаҳои 49 ва 50 хориҷ карда шудаанд, рақамгузории бобҳо ва моддаҳо мутаносибан дуруст карда шудааст бо ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
 
БОБИ 10
Тартиби тасдиқ ва ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон
 
Моддаи 46.
1.Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, тасдиқ карда мешавад ва аз рӯзи тасдиқ шуданаш эътибор пайдо мекунад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
  1. Таѓйиру иловаҳо ба ҳамин Дастур дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад. (ҚЯМм ва Мн МОҶТ аз 16.04.05с, №16).
 
Моддаи 47.
  1. Шарҳи тартиботи ҳамин Дастур якчоя аз тарафи комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур ва одоби аъзоён ва комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон амалй мегардад.
  2. Ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар байни комиссияҳо масъала ба баррасии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  пешниҳод мегардад.

Илова кунед