Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 Апрел 2000, Сешанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, № 4, мод.108; соли 2004, № 5, мод.351; соли 2007, №5, мод.351; соли 2008, №10, мод.796; соли 2010, №7, мод.539, №12, қ-1, мод. 801; соли 2011, №12, мод.830; соли 2013, №3, мод.178; №7, мод.499; соли 2016, №3, мод.126; №7, мод.600; соли 2017, №7-9, мод.563)
 
 
БОБИ 1
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ.
 
Моддаи 1.
Маxлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚКҶТ аз 23.07.16,№1323)
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар xаласаи якxояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
 
Моддаи 2.
Маxлиси Олӣ аз ду Маxлис — Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон иборат аст.
Маxлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз Ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маxлисҳои якxояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ (якxоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маxлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маxлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маxлиси миллӣ мебошад, агар e аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маxлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Маxлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маxлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Тартиби интихоби аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамоянд. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 21.
    Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3.
Мeҳлати ваколати Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар рeзи оғози фаъолияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони даъвати нав қать мегардад.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон метавонанд пеш аз мeҳлат дар xаласаи якxояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати xангӣ пароканда намешаванд.
 
Моддаи 4.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иxлосияҳо, xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон доир мекунанд. Шeрои Маxлиси миллӣ ва Шeрои Маxлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли xаласаҳо амалӣ мегардонанд. Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон оид ба масъалаҳои дар салоҳияти онҳо буда муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар алоҳидагӣ xаласа мегузаронанд.
Тартиби фаъолияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, мақомот, аъзо ва вакилони онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастури xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, Дастури Маxлиси миллӣ ва Дастури Маxлиси намояндагон муқаррар мекунанд.
Xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ва иxлосияҳои онҳо бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода ва пeшида мешаванд.
 
Моддаи 5.
Дар давраи байни иxлосияҳои Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иxлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд.
Дар ин иxлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иxлосияҳо гаштаанд.
 
Моддаи 6.
Дар иxлосияҳо, xаласаҳои якxоя ва алоҳидаи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011). (ҚКҶТ аз 15.03.16,№1273).
 
Моддаи 7.
Узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, eро ҳабс кардан, дастгир кардан, маxбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар xои содири xиноят.
Узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукови (азназаргузаронии) шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз xониби Маxлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон ҳангоми ба охир расидани мўҳлати ваколат, вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз xониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи судқатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии Ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маxлиси миллӣ мувофиқ нест, ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон, парокандашавии Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон қатъ мегардад. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011) (ҚКҶТ аз 15.03.16,№1273).
Вазъи ҳуқуқии узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.
 
Моддаи 8.
Шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба узви Маxлиси миллӣ ё вакили Маxлиси намояндагон дар бобати амалӣ гардонидани ваколатҳояшон халал мерасонанд, ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафи онҳо ҳамчун намояндагони халқ суиқасд мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳеx кас ҳуқуқ надорад бо силоҳ ба бинои Маxлиси миллӣ, Маxлиси намояндагон ворид шавад, ба истиснои онҳое, ки чунин ҳуқуқро доранд. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
БОБИ 2
XАЛАСАҲОИ ЯКXОЯИ МАXЛИСИ МИЛЛӣ ВА МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
 
Моддаи 9.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, xаласаҳои якxоя мегузаронанд.
Xаласаи якуми якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.
Xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагонро Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагон бо навбат даъват менамоянд ва ба он раисӣ мекунанд.
Xаласаи якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд.
Xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва Дастури xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон мумкин аст xаласаҳои пeшида низ гузаронида шаванд. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011), (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 10.
Салоҳияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани xаласаҳои якxоя:
  1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи xорӣ намудани ҳолати xангӣ ва вазъияти фавқулодда;
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз аз ҳудуди он барои иxрои eҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
  4. Таъини интихоботи Президент;
  5. Қабули истеъфои Президент;
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
  7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар xаласаҳои якxояи худ аз рeи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маxлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар xаласаи якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурӣ баромад менамояд.
 
Моддаи 11.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мeҳлати ваколатҳои Президент интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунанд. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
Дар сурати пеш аз мeҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати се моҳ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
 
Моддаи 12.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар xаласаи якxоя дар бораи пеш аз мeҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президент ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани e қарор қабул мекунанд.
Ваколатҳои Президент дар ҳолате ки e дар xаласаи якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар мeҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иxро карда натавонад, ҳар ду Маxлис дар xаласаи якxояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон дар бораи пеш аз мeҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маxлисҳо қарор қабул мекунанд.
 
Моддаи 13.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар xаласаи якxояи худ дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ барои  аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи e содир шудани хиёнат ба давлат қарор қабул менамоянд.
Қарор дар бораи  аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи e содир шудани хиёнат ба давлат бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешавад.
Масъалаи айбдор кардани Президент ба содир кардани хиёнат ба давлат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
 
Моддаи 14.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон масъалаҳои муҳим ва заруриеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, баррасӣ мекунанд.
 
Моддаи 15.
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
 
Моддаи 16.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар xаласаҳои якxоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.
Қарорҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд, агар Конститутсия тартиби дигари қабули қарорҳоро муқаррар накарда бошад.
Қарорҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.
 
БОБИ 3  МАXЛИСИ МИЛЛӣ.
 
Моддаи 17.
Фаъолияти Маxлиси миллӣ дар шакли иxлосия  сурат мегирад.
Иxлосияи якуми Маxлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маxлиси миллӣ даъват мекунад.
Иxлосияи якуми Маxлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва онро то интихоб шудани Раиси Маxлиси миллӣ мебарад. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
Иxлосияи Маxлиси миллиро Раиси Маxлиси миллӣ соле на камтар аз чор маротиба даъват менамояд.
Xаласаи Маxлиси миллӣ салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд.
Xаласаҳои Маxлиси миллӣ ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва Дастури Маxлиси миллӣ мумкин аст xаласаҳои пeшида низ гузаронида шаванд.
 
Моддаи 18.
Узви Маxлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.
 
Моддаи 19.
Салоҳияти Маxлиси миллӣ:
  1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин; (ҚҶТ аз 19.03.13с.№959)
  2. Интихоб ва бозхонди Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони e;
  5. Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 19.03.13с.№959)
  6. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маxлиси миллӣ аз рeи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маxлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст.
 
Моддаи 20.
Маxлиси миллӣ соле як маротиба ё аз рeи зарурат ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорат ба иxрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 21.
Маxлиси миллӣ қарорҳои Маxлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад.
Маxлиси миллӣ ҳуқуқ дорад маxлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иxро накардани онҳо пароканда кунад. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 22. (хориҷ карда шуд бо Қонуни ҶТ аз 6.10.2008с, №443).
 
Моддаи 23.
Маxлиси миллӣ аз Ҷумлаи аъзои худ ба мeҳлати ваколатҳояш Раиси Маxлиси миллиро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ интихоб мекунад.
Раиси Маxлиси миллӣ дар назди Маxлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории  на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ бозхонда шавад.
Масъалаи бозхонди Раиси Маxлиси миллиро камаш аз се як ҳиссаи аъзои он ба миён мегузоранд.
Агар ин таклифро аксарияти шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ xонибдорӣ намояд, дар ин маврид масъалаи бозхонди Раиси Маxлиси миллӣ ба овоздиҳии пинҳонӣ монда мешавад.
Раиси Маxлиси миллӣ ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд.
 
Моддаи 24.
Салоҳияти Раиси Маxлиси миллӣ:
1) иxлосияи Маxлиси миллӣ ва дар навбати худ xаласаи якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагонро  даъват мекунад ва ба онҳо раисӣ мекунад;
2) ба Маxлиси миллӣ номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ ва номзадии Роҳбари дастгоҳи Маxлиси миллиро пешниҳод менамояд;
3) қонунҳои xонибдорикардаи Маxлиси миллиро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;
4) ба қарорҳои Маxлиси миллӣ ва Шeрои Маxлиси миллӣ имзо мегузорад;
5) ба Маҷлиси миллӣ номзадии Намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад; (ҚҶТ аз 19.03.13с.№959)
6) Маxлиси миллиро дар дохил ва хориxи кишвар намояндагӣ мекунад;
7) ба созишномаҳои байнипарлумонии Маxлиси миллӣ имзо мегузорад;
8) ба Дастгоҳи Маxлиси миллӣ роҳбарӣ мекунад;
9) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маxлиси миллӣ муайян шудаанд, амалӣ мегардонад.
Барои амалӣ намудани ваколатҳои худ Раиси Маxлиси миллӣ қарор  қабул мекунад ва амр медиҳад.
 
Моддаи 25.
Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи e то ба вазифааш шурeъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маxлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маxлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми e мегузарад.
 
Моддаи 26.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси миллӣ аз Ҷумлаи аъзои Маxлиси миллӣ ба мeҳлати ваколати Маxлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ интихоб мешаванд.
Яке аз муовинони Раиси Маxлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон интихоб мешавад.
Раиси Маxлиси миллӣ самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян мекунад. Дар доираи салоҳияти худ муовинони Раиси Маxлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маxлиси миллӣ роҳбарӣ намоянд.
Дар сурати набудани Раиси Маxлиси миллӣ вазифаҳои eро бо супориши вай муовини якуми Раиси Маxлиси миллӣ иxро мекунад.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси миллӣ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан доранд.
 
Моддаи 27.
Шeрои Маxлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маxлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маxлиси миллӣ фаъолият мекунад.
Ба ҳайати Шeрои Маxлиси миллӣ Раиси Маxлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони e, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ дохил мешаванд.
Ба Шeрои Маxлиси миллӣ Раиси Маxлиси миллӣ сарварӣ менамояд.
Xаласаи Шeрои Маxлиси миллиро Раиси Маxлиси миллӣ аз рeи зарурат даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шeро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шeрои Маxлиси миллӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шeрои Маxлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.
Қарорҳои Шeрои Маxлиси миллӣ, ки ба Конститутция, қонунҳо ва қарорҳои Маxлиси миллӣ мухолифат менамоянд, Маxлиси миллӣ онҳоро бекор мекунад.
 
Моддаи 28.
Салоҳияти Шeрои Маxлиси миллӣ:
1) ташкили тайёрии xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, иxлосияҳои Маxлиси миллӣ;
2) таҳия кардани лоиҳаи рeзнома ва тартиби кори xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, иxлосияҳои Маxлиси миллӣ;
3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ;
4) таъмини ҳамкорӣ бо Маxлиси намояндагон, Шeрои Маxлиси намояндагон;
5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маxлиси миллӣ;
6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маxлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;
7) таҳлили таклифу эродҳои аъзои Маxлиси миллӣ, ки дар иxлосияҳои Маxлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рeи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;
8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маxлиси миллӣ;
9) таъмини назорати иxрои қарорҳои Маxлиси миллӣ;
10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти Маxлиси миллӣ ва аз xониби аъзои он самарабахш ба xо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маxлиси миллӣ муайян намудаанд. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 29.
Маxлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад.
Номгeй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маxлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ муайян мекунад.
Узви Маxлиси миллӣ метавонад узви танҳо як кумита бошад. Ҳангоми ташкилдиҳии ҳайати онҳо розигии узви Маxлиси миллӣ ба назар гирифта мешавад.
 
Моддаи 30.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маxлиси миллӣ ва муовинони e интихоб шуда наметавонанд.
 
Моддаи 31.
Кумитаҳо ва комиссияҳоро Маxлиси миллӣ дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаҳо ва комиссияҳо интихоб мекунад.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ ба мeҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ бо овоздиҳии кeшод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ интихоб мешаванд.
Кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони кумитаҳо ва комиссияҳо муовинони раиси кумитаҳо ва комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд.
 
Моддаи 32.
Салоҳияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси миллӣ, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маxлиси миллӣ муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 33.
Маxлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатӣ аз тарафи Маxлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 4  МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОН.
 
Моддаи 34.
Фаъолияти Маxлиси намояндагон дар шакли иxлосия сурат мегирад.
Иxлосияи якуми Маxлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби вакилони Маxлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иxлосияи якуми Маxлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маxлиси намояндагон онро мебарад.
Иxлосияи навбатии Маxлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рeзи аввали кории моҳи октябр то рeзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №654).
Xаласаи Маxлиси намояндагон салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он иштирок кунанд.
Xаласаҳои Маxлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва Дастури Маxлиси намояндагон, xаласаҳои пeшида низ гузаронда мешаванд.
 
Моддаи 35.
Вакили Маxлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иxро мекунад.
Вакили Маxлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иxро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эxодӣ ва омeзгорӣ.
 
Моддаи 36.
Салоҳияти Маxлиси намояндагон:
  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию xамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иxтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў; (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №654) (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
  11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
  12. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак; (ҚКҶТ аз 15.03.16,№1273).
  13. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  14. Муайян намудани маоши Президент;
  15. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;
  16. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  17. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №654).
  18. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб; (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №654) (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011)
  19. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд
Маxлиси намояндагон аз рeи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маxлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011)
Дар xаласаи Маxлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориxӣ метавонанд суханронӣ кунанд.
 
Моддаи 37.
Маxлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буxети давлатӣ қабул мекунад ва иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар бораи буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маxлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
Қонун дар бораи буxети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон қабул  карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буxети давлатӣ, ки Маxлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рeз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.
Агар Президент ба қонун ё қисми  он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рeз бо далелу эродҳо ба Маxлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рeз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
         Маҷлиси намояндагон хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро барраси менамояд ва ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10 с, №654).  (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 38. (Хориx карда шудааст).
 
Моддаи 39.
Барои ташкили фаъолияти Маxлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маxлиси намояндагон Раиси Маxлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони e интихоб мешаванд, кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси намояндагон таъсис дода мешавад, раисони онҳо интихоб мегарданд, Шeрои Маxлиси намояндагон таъсис меёбад.
 
Моддаи 40.
Маxлиси намояндагон аз рeи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иxрои онҳоро назорат менамояд.
Иxрои қарорҳои Маxлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
 Моддаи 41.
Маxлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони худ ба мeҳлати ваколаташ Раиси Маxлиси намояндагонро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон интихоб мекунад.
Раиси Маxлиси намояндагон дар назди Маxлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ   бозхонда шавад.
Масъалаи бозхонди Раиси Маxлиси намояндагон аз тарафи на камтар аз се як ҳиссаи вакилони Маxлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Дар ҳолати таклифи мазкурро дастгирӣ кардани аксарияти шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон масъала дар бораи бозхонди Раиси Маxлиси намояндагон ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта мешавад.
Раиси Маxлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ба истеъфо равад.
 
 
Моддаи 42.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:
1) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шўрои он баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ мекунад;
2) ба иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шўрои он раисӣ мекунад;
3) ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар навбати худ даъват намуда, ба он раисӣ мекунад;
4) номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
6) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад;
7) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
8) номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
9) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
10) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
11) ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шўрои Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад;
12) мўҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро тамдид менамояд; (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
13) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалӣ мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рўи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №654).
 
Моддаи 43.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси намояндагон аз Ҷумлаи вакилони Маxлиси намояндагон ба мeҳлати ваколати Маxлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маxлиси намояндагон интихоб карда мешаванд.
Тартиби интихоби муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси намояндагон бо Дастури Маxлиси намояндагон муайян карда мешавад.
Раиси Маxлиси намояндагон самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян менамояд. Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маxлиси намояндагон роҳбарӣ намоянд.
Дар сурати набудани Раиси Маxлиси намояндагон вазифаҳои eро бо супориши Раиси Маxлиси намояндагон муовини якум иxро мекунад.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси намояндагон метавонанд бо пешниҳоди Раиси Маxлиси намояндагон бозхонда шаванд.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маxлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 44.
Шeрои Маxлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз, ҳисоботдиҳандаи Маxлиси намояндагон буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маxлиси намояндагон фаъолият мекунад.
 
Моддаи 45.
Ба ҳайати Шeрои Маxлиси намояндагон Раиси Маxлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони e, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маxлиси намояндагон дохил мешаванд.
Маxлиси намояндагон метавонад ба ҳайати Шeрои Маxлиси намояндагон вакилони дигарро низ интихоб намояд.
Ба Шeрои Маxлиси намояндагон Раиси Маxлиси намояндагон сарварӣ менамояд.
Xаласаи Шeрои Маxлиси намояндагонро Раиси Маxлиси намояндагон аз рeи зарурат, вале камаш моҳе як бор даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шeро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шeрои Маxлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шeрои Маxлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.
Қарорҳои Шeрои Маxлиси намояндагон, ки ба Конститутсия, қонунҳо ва қарорҳои Маxлиси намояндагон мухолифат менамоянд, Маxлиси намояндагон онҳоро бекор мекунад.
 
Моддаи 46.
Салоҳияти Шўрои Маҷлиси намояндагон:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;
2) баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;
3) таҳияи лоиҳаи рўзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
5) муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мўҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо;
6) фиристодани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намудаанд, дар мўҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;
8) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;
10) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд;
11) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
12) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;
13) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;
14) таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;
15) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;
16) татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Шўрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад ва ба он Раиси Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристода мешавад.
Қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон ё қарори Маҷлиси намояндагон бекор карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №654).
 
Моддаи 47.
Маxлиси намояндагон кумитаю комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
Номгeй ва шумораи ҳайати кумитаю комиссияҳоро бо пешниҳоди Раиси Маxлиси намояндагон Маxлиси намояндагон муайян мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита ва дар як вақт метавонад узви комиссияи доимӣ ва ё муваққатии Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии кумитаю комиссияҳо  розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад. (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №622).
 
Моддаи 48.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маxлиси намояндагон ва муовини якум ва муовинони e интихоб шуда наметавонанд.
 
Моддаи 49.
Маxлиси намояндагон кумитаю комиссияҳоро дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаю комиссияҳо интихоб мекунад.
Раисони кумитаю комиссияҳоро Маxлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маxлиси намояндагон аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор бо овоздиҳии кушод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон ба мeҳлати салоҳияташ интихоб менамояд.
Кумитаю комиссияҳои Маxлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаю комиссияҳо муовинони раис ва котибони кумитаю комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаю комиссияҳо бо пешниҳоди Раиси Маxлиси намояндагон бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳою комиссияҳои Маxлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 50.
Салоҳияти кумитаю комиссияҳои Маxлиси намояндагон, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маxлиси намояндагон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 51.
Маxлиси намояндагон ҳангоми зарурат, барои ҳалли масъалаҳои мушаххас комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатиро Маxлиси намояндагон ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян мекунад.
 
Моддаи 52.
Вакилони Маxлиси намояндагон барои изҳори дастаxамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурeҳҳо муттаҳид шаванд.
Вакили Маxлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурeҳ ё як фраксия бошад.
Вакилони Маxлиси намояндагон новобаста ба иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маxлиси намояндагон метавонанд аъзои фраксияву гурeҳҳо бошанд.
Фраксияву гурeҳҳои вакилони Маxлиси намояндагон мақомоти Маxлиси намояндагон намебошанд. Вакилони Маxлиси намояндагон ба ин фраксияву гурeҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориx мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксияву гурeҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
 
Моддаи 53.
Фраксия ё гурeҳ камаш аз панx вакили Маxлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурeҳи вакилони Маxлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маxлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маxлиси намояндагон низ воқиф гардонда мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурeҳ имзо кунад.
 
Боби 5 ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӣ.
 
Моддаи 54.
Аъзои Маxлиси миллӣ, вакили Маxлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маxлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 55.
Мақомоти давлатӣ, xамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон ба Маxлиси намояндагон пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 56.
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маxлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод мешаванд.
Лоиҳаи қонунро дар бораи авф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
Лоиҳаи қонунҳоро дар бораи буҷет, оид ба муқаррар ва бекор кардани андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагон пешниҳод менамояд. (ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011)
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маxлиси намояндагон воридшударо Шeрои Маxлиси намояндагон ба кумитаю комиссияҳои дахлдор ё дигар мақомот барои муҳокимаи пешакӣ, пешниҳоди хулоса ва таҳияи масъала xиҳати баррасӣ ба xаласаи Маxлиси намояндагон мефиристад.
 
Моддаи 57.
Маxлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маxлиси намояндагон баррасӣ менамояд ва қарор қабул мекунад.
 
Моддаи 58.
Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул мекунад:
— қонунҳои конститутсионӣ;
— кодексҳо;
— қонунҳо;
       — қарорҳо. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 59.
Қонунҳоро Маxлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маxлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маxлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунхо дар бораи буxети давлатӣ ва авф. Қонунҳо дар бораи буxети давлатӣ ва авф танҳо аз xониби Маxлиси намояндагон қабул карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
Маxлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ xонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз xониби Маxлиси миллӣ қонун такроран дар Маxлиси намояндагон баррасӣ мешавад.
Дар сурати бо қарори Маxлиси миллӣ норозӣ будани Маxлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маxлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
 
Моддаи 60.
Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маxлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маxлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ xонибдорӣ мекунад.
Дар сурати бо қарори Маxлиси миллӣ норозӣ будани Маxлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабул шуда ҳисоб мешавад, ки агар Маxлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 61.
Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон бо тартибе, ки барои қонунҳои конститутсионӣ муқаррар шудааст баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ мекунанд. ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
 
Моддаи 62.
Қонунҳои қабулнамудаи Маxлиси намояндагон ва xонибдорикардаи Маxлиси миллӣ дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд.
Агар Президент бо қонун ё қисми аз он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рeз бо далелу эродҳо ба Маxлиси намояндагон бармегардонад.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рeз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президент баргардонидашуда, ки онро пештар Маxлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон қонунро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.
Агар Президент Қонуни конститутсиониро баргардонад, Маxлиси намояндагон ва Маxлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рeз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
 
 
БОБИ 6
ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАXЛИСИ МИЛЛӣ, МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
 
Моддои 63.
Хизматрасонии иттилоотӣ, ташкилию техникӣ ва хизматрасонии дигари Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ва мақомоти онҳо, аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагонро Дастгоҳи Маxлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маxлиси намояндагон таъмин менамоянд.
Дастгоҳи Маxлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маxлиси намояндагон шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти кории Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон мебошанд. Низомномаи Дастгоҳ ва сохтори он, рeйхати кормандони онро мувофиқан Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон тасдиқ менамоянд. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
Роҳбарони Дастгоҳҳо дар иxлосияи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон мутаносибан бо пешниҳоди Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагон таъин карда мешаванд.
Муносибатҳои меҳнатии кормандони Дастгоҳи Маxлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маxлиси намояндагон ба муддати салоҳияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон вобастагӣ надорад.
 
Моддаи 64.
Фаъолияти моддию техникӣ ва дигар фаъолияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, аз Ҷумла хароxоти вобаста ба узвияти онҳо дар Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии парламентӣ аз ҳисоби буxети Ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.
Сметаи хароxоти фаъолияти Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон, мақомоти онҳо, аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагонро мутаносибан Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон тасдиқ менамоянд ва он дар буxети Ҷумҳурӣ алоҳида сабт мешавад.
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон соҳиби молу мулке мебошанд, ки дар тавозуни Дастгоҳи Маxлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маxлиси намояндагон ва бахшҳои тобеи онҳоанд ва аз ин молу мулк истифода мебаранд ва ба он ихтиёрдорӣ  мекунанд. ҚКҶТ аз 22.07.13,№1011), (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
Моддаи 65.
Узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагон доранд, ки аз онҳо дар давоми мeҳлати ваколатҳояшон истифода мекунанд. ҚҶТ аз 22.07.13,№1011)
 
Моддаи 66.
Хароxоти вобаста ба иxрои фаъолият ва кафолатҳои иxтимоии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон пардохта мешавад.
 
Моддаи 67 Хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17с.№1453.
 
 
Моддаи 68.
Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагон ба таъминот ва хизматрасонии зайли давлатӣ ҳуқуқ доранд:
ба манзилгоҳи хизматӣ;
ба нақлиети махсус;
ба муҳофизин;
ба хароxот xиҳати мақсадҳои намояндагӣ дар дохили мамлакат;
ба хароxоти вобаста ба сафари давлатҳои хориxӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ;
ба хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортӣ;
ба суғуртаи давлатӣ.
Барои Раиси Маxлиси Олии даъвати якум, Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анxоми мeҳлати ваколат, дар сурати ба истеъфо рафтан ё аз нав вакил интихоб шудан:
cарфи назар аз синну сол ба андозаи навад фоизи музди кори Раиси фаъолияткунандаи Маxлиси намояндагон бо дарназардошти иловапулиҳо нафақа муқаррар карда мешавад;
бо манзилгоҳи хизматӣ;
бо хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортии онҳо ва аъзои оилаашон;
бо ҳуқуқи истифода кардан аз нақлиёти автомобилии хизматӣ;
бо муҳофизин таъмин карда мешаванд.
Дигар шароити таъминот, хизматрасонӣ ва ҳифзи Раиси Маxлиси Олии даъвати якум, Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагон бо қарори Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 69.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ба аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон метавонанд дигар имтиёзҳои иловагӣ ва кафолати иxрои онҳоро муқаррар намоянд.
 
Моддаи 70.
Аз рeзи мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, м. 221, с.1996, № 3, м. 50, с.1997, № 9, м. 110, с.1998, № 10, м.115) аз эътибор соқит дониста шавад. (ҚКҶТ аз 15.03.16 с. №1273).
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Э. РАҲМОНОВ
 
 
ш. Душанбе,
19 апрели соли 2000,
№ 1
 
 
 
ҚАРОРИ
МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 4, мод.106)
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро ба қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
Раиси Маxлиси намояндагони
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               С. ХАЙРУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе,  10 апрели соли 2000,
№42
 
 
 
ҚАРОРИ
МАXЛИСИ МИЛЛИИ
МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 4, мод.107)
 
Маxлиси миллии Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» xонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маxлиси миллии
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  19 апрели соли 2000,
№ 25

Илова кунед