Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қисми II

11 Декабр 1999, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1999, №12, мод. 323; соли 2002, № 4, қисми 1, мод. 170; соли 2006, №4, мод.194; соли 2009, №12, мод.821; соли 2010, №7, мод. 540; соли 2012,№7, мод.699; соли 2013,№7, мод.505; Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019 №1558)
 
ФАСЛИ  IV
НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ EҲДАДОРӣ
 
БОБИ 29. Хариду фурeш
 
  1. Муқаррароти умумии хариду фурeш
 
Моддаи 488. Шартномаи хариду фурeш
  1. Мутобиқи шартномаи хариду фурeш як тараф (фурeшанда) eҳдадор мешавад, ки молро ба моликият (ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ)-и тарафи дигар (харидор) диҳад ва харидор eҳдадор мешавад ин молро қабул карда, бар ивазаш маблағи муайяни пулӣ (арзиши он)-ро супорад.
  2. Нисбат ба фурeши коғазҳои қиматнок ва арзишҳои асъорӣ, агар дар қонун қоидаҳои махсуси фурeши онҳо муайян нагардида бошад, муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб истифода бурда мешавад.
  3. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб нисбат ба фурeши ҳуқуқи амвол, агар аз мeҳтаво ё хусусияти ин ҳуқуқ тартиби дигаре барнаояд, низ истифода бурда мешавад.
  4. Хусусиятҳои намудҳои шартномаи хариду фурeш (хариду фурeши чакана, маҳсулотсупорӣ, маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ, контрактатсия, таъмини барқ, фурeши амволи ғайриманқул, фурeши корхонаҳо)-ро, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 489. Шакли шартномаи хариду фурeш
Шартномаи хариду фурeши иншооти ғайриманқул, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 466 ҳамин Кодекс зикр шудааст, бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.
Шартномаи хариду фурeши иншооти ғайриманқул бояд мутобиқи моддаи 189 ҳамин Кодекс ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
 
Моддаи 490. Шартҳои шартнома оид ба  мол
  1. Таҳти мафҳуми мол дар шартномаи хариду фурeш бо риояи қоидаҳои моддаи 141 ҳамин Кодекс ҳама гуна ашё қарор гирифтанаш мумкин аст.
  2. Шартномаи хариду фурeш ба моли нақд, инчунин моле ки дар оянда сохта шуданаш мумкин аст, агар дар ҳамин Кодекс ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, баста шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 491. Eҳдадории фурeшанда оид ба додани мол
  1. Фурeшанда eҳдадор аст моли дар шартномаи хариду фурeш пешбинишударо ба харидор диҳад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фурeшанда eҳдадор аст ҳамзамон бо додани мол ба харидор асбобу анxоми марбути он, инчунин ҳуxxатҳои ба он тааллуқдошта (паспорти техникӣ, сертификати сифат ва ғайра)- ро, ки қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартнома пешбинӣ намудааст, диҳад.
 
Моддаи 492. Мeҳлати иxрои eҳдадории супурдани мол
  1. Мeҳлати аз xониби фурeшанда иxро кардани eҳдадории ба харидор супурдани мол тибқи шартномаи хариду фурeш ва агар шартнома имкон надиҳад, ки ин мeҳлат муайян карда шавад, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 335 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  2. Шартномаи хариду фурeш бо шарти иxрои он дар мeҳлати қатъиян муайянгардида, агар аз шартнома аниқ чунин барояд, ки ҳангоми вайрон кардани ин мeҳлат харидор нисбат ба иxрои шартнома ҳавасмандии худро аз даст медиҳад, басташуда эътироф мегардад.
Фурeшанда ҳуқуқ надорад бидуни розигии харидор чунин шартномаро то фарорасӣ ё баъди гузашти мeҳлати дар он муқарраршуда ва  инчунин дар ҳолате, ки харидор аз иxрои шартнома даст  накашидааст, иxро кунад.
 
Моддаи 493. Лаҳзаи иxрои eҳдадории фурeшанда оид ба супурдани мол
  1. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, eҳдадории фурeшанда оид ба супурдани мол ба харидор дар лаҳзаи зайл иxрошуда ба ҳисоб меравад:
— ба харидор ё ба шахси аз xониби e зикргардида супурдани мол, агар дар шартнома eҳдадории фурeшанда вобаста ба расонидани мол пешбинӣ гардида бошад;
— ба ихтиёри харидор пешниҳод кардани мол, агар мол бояд ба харидор ё шахси зикрнамудаи e дар маҳалли xойгиршавии мол супурда шавад.
Мол ҳангоме ба ихтиёри харидор ё шахси зикрнамудаи e вогузошта ба ҳисоб меравад, ки агар он бо мақсади ҳамин шартнома бо роҳи тамғагузорӣ, огоҳонӣ, ба харидор интиқол додан ё усули дигар дақиқ ҳаммонанд (идентификатсия) карда шуда бошад.
  1. Дар ҳолатҳое ки аз шартномаи хариду фурeш eҳдадории фурeшанда дар мавриди расонидани мол ё дар маҳалли xойгиршавии мол додани он ба харидор барнаояд ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, eҳдадории фурeшанда аз лаҳзаи ба боррасон xиҳати ҳамлу нақл ба харидор ё ташкилоти алоқа супурдани мол иxрогардида ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 494. Eҳдадории фурeшанда оид ба ҳифзи  моли фурeхташуда
Ҳангоме ки ҳуқуқи моликият (ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ) ба харидор қабл аз супурдани амвол мегузарад, фурeшанда вазифадор аст, то супурдани он амволро ҳифз намояд ва ба бесифат шудани он роҳ надиҳад.
Агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор бояд хароxоти барои ин кор заруриро ба фурeшанда xуброн намояд.
 
Моддаи 495. Гузаштани таваккали тасодуфан нобуд шудани мол
  1. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани мол аз лаҳзае ба харидор мегузарад, ки мутобиқи қонун ё шартнома фурeшанда eҳдадории худро оид ба супурдани мол ба харидор иxронамуда меҳисобад.
  2. Таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани моле, ки ҳангоми дар роҳ будани он (интиқоли он) фурeхта шудааст, агар дар шартномаи тарафҳо ё анъанаҳои муомилоти корӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи бастани шартномаи хариду фурeш ба харидор мегузарад.
  3. Шарти шартнома дар бораи он, ки таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани мол аз лаҳзаи ба боррасони аввалин супурдани он ба харидор мегузарад, агар дар лаҳзаи бастани шартнома фурeшанда медонист ё мебоист донад, ки мол нобуд шудааст ё зарар дидааст, вале ба харидор иттилоъ надодааст, тибқи талаби харидор аз xониби суд ғайриқонунӣ эътироф шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 496. Eҳдадории фурeшанда вобаста ба додани моли аз ҳуқуқи ашхоси сеюм озод
  1. Фурeшанда вазифадор аст ба харидор моли аз ҳуқуқи ҳама гуна ашхоси сеюм озодро, ба истиснои ҳолате ки харидор розӣ шудааст моли дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюмро қабул кунад, супорад.
Аз xониби фурeшанда иxро накардани чунин eҳдадорӣ, ба истиснои ҳолатҳои исботи он, ки харидор дар мавриди ҳуқуқҳои ашхоси сеюм медонист ва ё мебоист донад, ба харидор ҳуқуқ медиҳад, ки паст кардани арзиши хариди мол ё бекор кардани шартномаи хариду фурeш ва xуброни зарарро талаб намояд.
  1. Қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда мутаносибан инчунин дар ҳолатҳое ки нисбат ба ҳамин мол дар лаҳзаи супурдани он ба харидор даъвои ашхоси сеюм вуxуд дошт ва харидор огоҳ буд ва агар ин даъвоҳо минбаъд тибқи тартиби муқарраршуда ҳаққонӣ эътироф гардида бошанд, истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 497. Eҳдадориҳои  харидор  ва  фурeшанда дар ҳолатҳои пешниҳоди
даъво оид ба кашида гирифтани амвол
  1. Агар шахси сеюм тибқи асосҳои то иxрои шартномаи хариду фурeш бамиёномада ба харидор дар мавриди кашида гирифтани амвол даъво арз кунад, харидор eҳдадор аст барои иштирок дар парванда фурeшандаро xалб намояд ва фурeшанда вазифадор аст дар ин парванда ба xонибдории харидор баромад кунад.
  2. Аз xониби харидор барои иштирок дар парванда xалб накардани фурeшанда, агар фурeшанда исбот намояд, ки дар парванда иштирок намуда, e метавонист аз харидор кашида гирифтани моли фурeхташударо пешгирӣ намояд, eро аз масъулият дар назди харидор озод мекунад.
  3. Фурeшандае, ки аз xониби харидор барои иштирок дар парванда xалб шудааст, вале дар он иштирок накардааст, аз ҳуқуқи исботи он, ки харидор парвандаро нодуруст пеш мебарад, маҳрум карда мешавад.
 
Моддаи 498. Масъулияти фурeшанда ҳангоми аз харидор кашида гирифтани мол
  1. Ҳангоми аз xониби ашхоси сеюм аз харидор кашида гирифтани мол тибқи асосҳое, ки то иxрои шартномаи хариду фурeш ба миён омадаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор оид ба мавxуд будани чунин ҳолатҳо медонист ва ё мебоист донад, фурeшанда вазифадор аст зарари ба харидор расонидашударо xуброн намояд.
  2. Дар сурати аз xониби ашхоси сеюм талаб карда гирифтани амволи бадастовардаи харидор созишномаи тарафҳо дар мавриди аз xавобгарӣ озод намудани фурeшанда ё маҳдуд кардани он эътибор надорад.
 
Моддаи 499. Оқибатҳои аз xониби фурeшанда рад  кардани супоридани мол
  1. Агар фурeшанда ба харидор додани моли фурeхтаашро рад намояд, харидор ҳуқуқ дорад аз иxрои шартномаи хариду фурeш даст кашад ва xуброни зарарро талаб намояд.
  2. Ҳангоми додани ашёи инфироди муайяншударо рад кардани фурeшанда харидор ҳуқуқ дорад нисбат ба фурeшанда талаботи пешбининамудаи моддаи 429 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.
 
Моддаи 500. Оқибатҳои  иxро накардани eҳдадории додани асбобу анxом ва ҳуxxатҳои марбути мол
Агар фурeшанда ба харидор асбобу анxом ё ҳуxxатҳои марбути молро надиҳад ё додани онро, ки бояд мутобиқи қонунҳо ё шартнома (қисми 2 моддаи 491) анxом диҳад рад намояд, харидор ҳуқуқ дорад барои додани он мeҳлати мувофиқ муқаррар намояд.
Дар ҳолате ки агар асбобу анxом ё ҳуxxатҳои марбути мол дар мeҳлати муқарраршуда аз xониби фурeшанда супурда нашавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, харидор ҳуқуқ дорад аз қабули мол даст кашад ва xуброни зарарро талаб намояд.
 
Моддаи 501. Теъдоди мол
  1. Теъдоди моли ба харидор додашаванда дар шартномаи хариду фурeш бояд бо воҳидҳои ченаки дахлдор ё дар шакли пулӣ инъикос гардад.
  2. Агар шартномаи хариду фурeш имконият надиҳад, ки теъдоди моли додашаванда муайян гардад, шартнома басташуда ҳисобида намешавад.
 
Моддаи 502. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома вобаста ба теъдод
  1. Дар сурате ки фурeшанда шартҳои шартномаро вайрон карда, ба харидор нисбат аз теъдод камтар мол диҳад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ё теъдоди боқимондаи камбудро талаб кунад ё аз молҳои додашуда ё аз пардохти маблағи он даст кашад ва агар маблағи он пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташуда ва товони зарарро талаб намояд.
  2. Дар сурате ки агар фурeшанда нисбат ба теъдоди дар шартномаи хариду фурeш зикргардида ба харидор теъдоди бештарро дода бошад, харидор вазифадор аст тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 519 ҳамин Кодекс фурeшандаро огоҳ созад. Агар теъдоди мол нисбат ба теъдоди дар шартнома нишон дода шуда зиёд бошад, харидор ҳуқуқ дорад ин молро қабул кунад ва мувофиқи нархи шартнома маблағи онро пардозад.
 
Моддаи 503. Навъ (ассортимент)-и молҳо
  1. Агар тибқи шартномаи хариду фурeш додани мол бояд бо таносуби муайян вобаста ба навъ, намуна, андоза, ранг ва дигар аломатҳо (ассортимент) сурат гирад, фурeшанда вазифадор аст ба харидор молро тибқи навъе, ки байни тарафҳо мувофиқа шудааст, супорад.
  2. Агар навъ (ассортимент) дар шартномаи хариду фурeш муайян нашуда бошад ва дар шартнома тартиби муайян кардани он муқаррар нагардида бошад, вале аз моҳияти eҳдадорӣ чунин барояд, ки мол бояд ба харидор тибқи навъ (ассортимент) супурда шавад, фурeшанда ҳуқуқ дорад ба харидор, бо назардошти талаботи e, ки ҳангоми бастани шартнома ба фурeшанда маълум гардида буд, мувофиқи навъ (ассортимент) мол диҳад ё аз иxрои шартнома даст кашад.
 
Моддаи 504. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои вобаста ба навъ (ассортимент)-и мол
  1. Ҳангоми аз xониби фурeшанда тибқи шартномаи хариду фурeш додани мол бо навъ (ассортимент)-е, ки ба шартнома мутобиқат намекунад, харидор ҳуқуқ дорад аз қабул ва пардохти он даст кашад ва агар арзиши он пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
  2. Агар фурeшанда дар баробари моле, ки навъ (ассортимент)-и он ба шартномаи хариду фурeш мувофиқ аст, ба харидор моли хилофи шартҳои шартнома оид ба навъ (ассортимент)-ро супорад, харидор ҳуқуқ дорад мувофиқи салоҳдиди худ:
— молҳои ба шарти шартнома оид ба навъ (ассортимент) мувофиқро қабул намояд ва аз молҳои дигар даст кашад;
— аз ҳамаи молҳои додашуда даст кашад;
— иваз намудани молҳои ба шарти навъ (ассортимент)-и мол ва  молҳои ба навъ (ассортимент)-и пешбининамудаи шартнома мувофиқ набударо талаб намояд;
— тамоми молҳои додашударо қабул кунад.
  1. Ҳангоми радди қабули молҳои навъ (ассортимент)-ашон ба шартҳои шартномаи хариду фурeш номувофиқ ё пешниҳоди талаб оид ба иваз намудани молҳое, ки ба шарти навъ (ассортимент) мувофиқ намебошанд, харидор ҳамчунин ҳуқуқ дорад аз пардохти онҳо даст кашад ва агар арзиши онҳо пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
  2. Молҳое, ки ба шартҳои шартномаи хариду фурeш оид ба навъ (ассортимент) мувофиқ нестанд, агар харидор дар мeҳлати мувофиқи баъди гирифтани он ба фурeшанда дар бораи радди қабули онҳо иттилоъ надиҳад, қабулгардида ба ҳисоб меравад.
  3. Агар харидор аз молҳои навъ (ассортимент)-ашон ба шартҳои шартномаи хариду фурeш номувофиқ даст накашад, e вазифадор аст арзиши онҳоро тибқи нархи бо фурeшанда мувофиқашуда пардозад.
 
Моддаи 505. Сифати мол
  1. Фурeшанда бояд ба харидор молеро, ки сифати он ба талаботи шартномаи хариду фурeш ё одатан барои ҳамин мақсад истифодаи чунин мол мувофиқ аст, диҳад.
  2. Ҳангоми тибқи намуна ва (ё) тибқи тасвир (тавсиф) фурeхтани мол фурeшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба намуна ва (ё) тасвир (тавсиф) мувофиқ аст.
  3. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба сифати моли фурeхташаванда талаботи ҳатмӣ пешниҳод гардида бошад, дар ин сурат фурeшандае, ки фаъолияти соҳибкориро анxом медиҳад, вазифадор аст ба харидор моли ба ин талабот мувофиқро супорад.
Мутобиқи созишномаи байни фурeшанда ва харидор нисбат ба моле, ки ба талаботи ҳатмии тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешбинишуда xавобгe мебошад, моли дорои талаботи баландтар дода шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 506. Кафолати сифат
  1. Моле, ки фурeшанда eҳдадор аст ба харидор диҳад, дар лаҳзаи супоридан ба харидор, агар дар шартномаи хариду фурeш лаҳзаи дигари муайян кардани мутобиқати молҳо ба ин талабот пешбинӣ нагардида бошад, бояд ба талаботи пешбининамудаи моддаи 505 ҳамин Кодекс мутобиқ бошад.
  2. Дар сурате ки агар дар шартномаи хариду фурeш аз xониби фурeшанда додани кафолати сифати мол пешбинӣ гардида бошад, фурeшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба талаботи дар шартнома муқаррар гардида (мeҳлати кафолат) мувофиқат намояд.
  3. Кафолати сифат, агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, инчунин барои ҳамаи xузъҳои таркиби он (асбобу анxом) дода мешавад.
 
Моддаи 507. Тартиби баҳисобгирии мeҳлати кафолат
  1. Мeҳлати кафолат, агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи ба харидор супурдани мол (моддаи 491) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Агар харидор аз имконияти истифодаи моли тибқи шартнома ба он мeҳлати кафолат муқарраршуда вобаста ба ҳолатҳои марбут ба фурeшанда маҳрум гардида бошад, мeҳлати кафолат то лаҳзаи аз xониби фурeшанда рафъ нашудани ҳолатҳои дахлдор, xараён намеёбад ба шарте, ки  фурeшанда оиди норасоиҳои мол бо тартиби муқаррар кардаи моддаи 519 ҳамин Кодекс огоҳ карда бошад.
  3. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мeҳлати кафолат ба асбобу анxоми таркибӣ ба мeҳлати кафолат ба асбобу анxоми асосӣ баробар дониста шуда, ҳамзамон аз рeзи мeҳлати кафолати асбобу анxоми асосӣ xараён мегирад.
  4. Ҳангоми иваз намудани мол (асбобу анxоми таркибӣ) xараёни мeҳлати кафолат аз нав оғоз меёбад.
 
Моддаи 508. Мeҳлати коршоямии мол
Тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ, талаботи ҳатмии намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ ё дигар қоидаҳои ҳатмӣ метавонад мeҳлате муқарраркарда шавад, ки бо гузашти он мол барои тибқи таъинот истифода бурда шуданаш корношоям эътироф  гардад (мeҳлати коршоямӣ).
 
Моддаи 509. Ба ҳисобгирии мeҳлати коршоямии мол
Мeҳлати коршоямии мол бо давраи вақте, ки аз рeзи истеҳсоли он ба ҳисоб гирифта шуда, дар xараёни он мол барои истифода коршоям мебошад ё бо санае, ки то фаро расидани он мол барои истифода коршоям аст, муайян карда мешавад.
 
Моддаи 510. Тафтиши сифати мол
  1. Тафтиши сифати мол мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои ҳуқуқӣ, талаботҳои ҳатмии намуна (стандарт)-и давлатӣ ё шартнома анxом дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки агар намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба намуна (стандартизатсия) вобаста ба тафтиши сифат талаботи ҳатмӣ пешбинӣ карда бошанд, тафтиши сифат бояд мутобиқи талаботи дар онҳо зикргардида анxом дода шавад.
  1. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда, шарти тафтиши сифат пешбинӣ нагардида бошад, дар он сурат тафтиши сифат бояд мутобиқи анъаноти муомилоти корӣ ё шартҳои дигари тафтиши одатан истифодашаванда нисбат ба моле, ки тибқи шартнома бояд супурда шавад, сурат мегирад.
  2. Агар қонунҳо, талаботи ҳатмии намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ, дигар санадҳои меъёрӣ оид ба намуна (стандартизатсия) ё шартнома eҳдадории фурeшандаро оид ба тафтиши сифати моли ба харидор фурeхташаванда (озмоиш, ташхис, азназаргузаронӣ (муоина)) ва ғайра пешбинӣ намуда бошанд, фурeшанда бояд мутобиқи талаби харидор далелҳои анxом дода шудани тафтиши сифати молро пешниҳод намояд.
  3. Тафтиши сифати мол аз xониби фурeшанда ва харидор бояд таҳти ҳамон як шароит анxом дода шавад.
 
Моддаи 511. Оқибатҳои додани моли дорои  сифати номатлуб
  1. Агар норасоиҳои мол аз xониби фурeшанда қайду шарт нашуда бошад, харидоре, ки ба e моли сифатан номатлуб дода шудааст, ҳуқуқ дорад бо интихоби хеш аз фурeшанда талаб намояд, ки:
— ба андозаи муносиб нархи фурeшро паст кунад;
— ройгон, дар мeҳлатҳои мувофиқ норасоиҳои молро бартараф намояд;
— хароxоти вобаста ба рафъи норасоиҳои молро xуброн намояд.
  1. Дар сурати моҳиятан вайрон кардани талабот нисбат ба сифати мол (ошкор намудани норасоиҳои рафънопазир, норасоиҳое, ки бидуни хароxоти беандоза ё масрафи вақт бартараф кардани онҳо ғайриимкон аст, ё чандин маротиба ошкор гардидаст ё баъди бартараф намудан боз такрор меёбад ва дигар норасоиҳои монанд) харидор ҳуқуқ дорад тибқи салоҳдиди хеш:
— аз иxрои шартномаи хариду фурeш даст кашад ва баргардонидани маблағи барои харидории мол масрафшударо талаб намояд;
— иваз намудани молро бо моли дорои сифати матлуби ба шартнома мувофиқ талаб намояд.
  1. Дар сурати сифатан номатлуб будани қисми моле, ки ба маxмeъ (комплект)-и мол (моддаи 515) шомиланд, харидор метавонад нисбат ба чунин мол ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаро истифода барад.
 
Моддаи 512. Норасоиҳои мол, ки барои он фурeшанда xавобгар аст
  1. Фурeшанда барои норасоиҳои мол xавобгар аст агар харидор исбот карда тавонад, ки норасоиҳои мол то ба харидор додани он ё бо сабабҳои то ин лаҳза ба миёномада фаро расидаанд.
  2. Фурeшанда нисбат ба моле, ки барои он кафолат додааст, агар исбот карда натавонад, ки норасоиҳои мол баъди ба харидор додани он дар натиxаи аз xониби харидор риоя накардани қоидаҳои истифодаи мол ё нигаҳдошт ё таъсири ашхоси сеюм ё қувваи рафънопазир ба миён омадааст, xавобгар мебошад.
 
Моддаи 513. Мeҳлати ошкор намудани норасоиҳои  моли додашуда
  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад вобаста ба норасоиҳои мол, ба шарте ин норасоиҳо дар мeҳлатҳои муайяннамудаи ҳамин модда ошкор карда шуда бошанд, талабот арз намояд.
  2. Агар ба мол мeҳлати кафолат ё мeҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, аз xониби харидор талаботи вобаста ба норасоиҳо ба шарте арз карда мешавад, ки агар норасоиҳои мол дар мeҳлати мувофиқ, вале дар зарфи ду сол аз рeзи ба харидор додани мол ошкор гардидааст ва агар қонун ё шартномаи хариду фурeш мeҳлати бештареро пешбинӣ накарда бошанд. Мeҳлат барои ошкор кардани норасоиҳои моле, ки бояд интиқол дода шавад ё таҳти ирсоли почта қарор гирад, аз рeзи дар маҳалли таъинот гирифтани мол ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Агар барои мол мeҳлати кафолат муқаррар гардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ҳангоми ошкор намудани камбудии вобаста ба норасоии мол дар xараёни мeҳлати кафолат талабот арз намояд.
Агар дар шартномаи хариду фурeш ба асбобу анxоми таркибӣ нисбат ба асбобу анxоми асосӣ мeҳлати кeтоҳтари кафолат муқаррар гардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ҳангоми дар xараёни мeҳлати кафолати асбобу анxоми асосӣ ошкор намудани норасоӣ вобаста ба норасоиҳои маxмeи таркибӣ талабот арз кунад.
Агар дар шартномаи хариду фурeш ба асбобу анxоми такмилӣ нисбат ба асбобу анxоми асосӣ мeҳлати бештари кафолат муқаррар гардида бошад ва норасоиҳои асбобу анxоми такмилӣ, сарфи назар аз гузашти мeҳлати кафолат ба асбобу анxоми асосӣ, дар xараёни мeҳлати кафолат ошкор  гардида бошанд, харидор ҳуқуқ дорад оид ба норасоии мол шикоят арз кунад.
  1. Нисбат ба моли барои он мeҳлати коршоямӣ муқарраргардида харидор ҳуқуқ дорад оид ба норасоии мол, агар он дар xараёни мeҳлати коршоямӣ ошкор гардида бошад, талабот арз кунад.
  2. Агар харидор норасоии молро баъди гузашти мeҳлати кафолат ё мeҳлати коршоямӣ ошкор намуда бошад ва агар исбот карда тавонад, ки норасоии мол то ба харидор додани он ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида ба миён омадаанд, фурeшанда xавобгариро ба зимма дорад.
 
 
Моддаи 514. Мукаммалии мол
  1. Фурeшанда eҳдадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба шартҳои шартномаи хариду фурeш оид ба мукаммалии мол мувофиқ мебошад.
  2. Ҳангоми дар шартномаи хариду фурeш муайян карда нашудани мукаммалии мол, фурeшанда вазифадор аст ба харидор молеро фурeшад, ки мукаммалии он тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи дигари одатан пешниҳодшаванда муайян мегардад.
 
Моддаи 515. Маxмeъ (комплект)-и мол
  1. Агар шартномаи хариду фурeш eҳдадории фурeшандаро ба харидор дар маxмeъ (комплект) додани номгeи муайяни мол пешбинӣ карда бошад, eҳдадорӣ аз лаҳзаи ба харидор додани ҳамаи моле, ки ба маxмeъ (комплект) дохил гардидаанд, иxрошуда ба ҳисоб меравад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, фурeшанда вазифадор аст ба харидор ҳамзамон ҳамаи молҳои ба маxмeъ тааллуқдоштаро супорад.
 
Моддаи 516. Оқибати додани молҳои ғайримаxмeъ  (ғайрикомплект)
  1. Дар сурати додани молҳои ғайримаxмeъ (ғайрикомплект) (моддаи 514) харидор ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ аз фурeшанда талаб намояд, ки:
— ё мутаносибан нархро паст кунад;
  • ё дар мeҳлатҳои мувофиқ молро мукаммал намояд.
  1. Агар фурeшанда дар мeҳлатҳои мувофиқ талаби харидорро дар мавриди мукамал намудани мол иxро накунад, харидор ҳуқуқ дорад тибқи ихтиёри худ:
— ё моли номукаммалро ба моли мукаммал иваз намояд;
  • ё аз иxрои шартномаи хариду фурeш даст кашад ва баргардонидани маблағи барои онҳо пардохташуда, инчунин xуброни зарарро талаб намояд.
  1. Оқибатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, инчунин дар ҳолатҳои аз xониби фурeшанда вайрон кардани eҳдадории ба харидор супурдани маxмeи мол (моддаи 515) истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 517. Зарф ва борпеч
  1. Агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, фурeшанда eҳдадор аст ба харидор молро, ба истиснои молҳое, ки мувофиқи хосияти худ зарф ва (ё) борпечро тақозо намекунанд, дар зарф ва (ё) таҳти борпеч диҳад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурeш талабот нисбат ба зарф ё борпеч муайян нагардида бошад, мол бояд бо усули одатан барои чунин навъ муқарраршуда дар зарф xойгир ё борпеч карда шавад ва дар сурати набудани чунин имкон бо усуле, ки ҳангоми ҳамлу нақл ҳифзи чунин навъи молро дар шароити муқаррарии нигаҳдошт ва интиқол таъмин менамояд.
  3. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба зарф ва (ё) борпеч талаботи ҳатмӣ пешбинӣ гардида бошад, дар он сурат фурeшандае, ки фаъолияти соҳибкориро анxом медиҳад, вазифадор аст ба харидор молро дар зарф ва (ё) таҳти борпече, ки ба ин талабот xавобгe мебошад, супорад.
 
Моддаи 518. Оқибатҳои бидуни зарф ва (ё) борпеч ё дар зарф ва (ё) таҳти борпеч  номатлуб додани мол
Дар ҳолатҳое ки агар молҳои дар зарф xойгиршаванда ва (ё) борпечдошта ба харидор бидуни зарф ва (ё) борпеч ё дар зарф ва ё таҳти борпечи номатлуб дода мешавад, агар аз eҳдадорӣ ё хосияти мол тартиби дигаре барнаояд, харидор ҳуқуқ дорад аз фурeшанда дар зарф xой додан ё борпеч кардани мол ё иваз намудани зарф ва (ё) борпечи номатлуби молро талаб намояд.
Дар баробари ба фурeшанда арз намудани талаби зикргардида харидор ҳуқуқ дорад нисбат ба e инчунин дигар талаботеро, ки аз додани молҳои дорои сифати номатлуб (моддаи 511) бармеоянд, арз кунад.
 
Моддаи 519. Огоҳ намудани фурeшанда дар хусуси номатлуб иxро кардани  шартномаи хариду фурeш
  1. Харидор вазифадор аст дар мeҳлатҳои муқаррар намудаи қонунҳо ё шартномаи хариду фурeш ва агар чунин мeҳлат муқаррар нагардида бошад дар мeҳлатҳои мувофиқи минбаъда, ки чунин вайрон кардани шартҳои дахлдори шартнома вобаста ба хусусият ва таъиноти мол бояд ошкор гардад, фурeшандаро дар мавриди вайрон кардани шартномаи хариду фурeш вобаста ба теъдод, навъ (ассортимент), сифат, мукаммалӣ, зарф ва (ё) борпеч огоҳ созад.
  2. Дар сурати аз xониби харидор иxро накардани eҳдадориҳои зикргардида фурeшанда, агар исбот карда тавонад, ки он боиси имконпазирии талаботи дахлдори харидор гардидааст ё барои фурeшанда боиси хароxоти номутаносибе мешавад, ки дар муқоиса бо хароxоти e ҳангоми сари вақт оид ба вайрон карда шудани шартҳои шартнома огоҳ буданаш масраф мегардид, ҳуқуқ дорад пурра ё қисман қонеъ намудани талаботи дахлдори харидорро рад намояд.
  3. Агар фурeшанда медонист ё мебоист донад, ки молҳои ба харидор додашуда ба шартҳои шартномаи хариду фурeш мувофиқ нестанд, e ҳуқуқ надорад ба иxро нашудани eҳдадориҳои барои харидор пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда истинод кунад.
 
Моддаи 520. Eҳдадории харидор оид ба  қабули мол
  1. Харидор eҳдадор аст моли ба e додашударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки e ҳуқуқ дорад иваз намудани молро талаб кунад ё аз иxрои шартномаи хариду фурeш даст кашад, қабул кунад.
  2. Дар ҳолатҳое ки харидор бо вайрон кардани қонунҳо ё шартномаи хариду фурeш молро қабул намекунад ё қабули онро рад менамояд, фурeшанда ҳуқуқ дорад аз харидор қабули молро талаб кунад ё аз иxрои шартнома даст кашад.
 
Моддаи 521. Eҳдадории харидор оид ба пардохти нарх
  1. Харидор eҳдадор аст молро тибқи нархе, ки мувофиқи қоидаҳои моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, пардозад.
  2. Ҳангоми вобаста ба вазни мол муқаррар гардидани нарх, агар дар шартномаи хариду фурeш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, он тибқи вазни холис муайян карда мешавад.
  3. Агар шартномаи хариду фурeш пешбинӣ намояд, ки нархи мол бояд вобаста ба нишондиҳандаҳое, ки нархи молро қайду шарт менамоянд (арзиши асли, хароxот ва ғайра) тағйир ёбад, вале ҳамзамон тариқи аз нав арзёбӣ намудани нарх муайян нагардида бошад, нарх бо назардошти мутаносибии ин нишондиҳандаҳо дар лаҳзаи иxрои eҳдадорӣ вобаста ба додани мол муайян карда мешавад.
Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин қисм, агар ҳамин Кодекс, дигар санадҳои қонунӣ тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, истифода бурда мешаванд.
Моддаи 522. Пардохти мол
  1. Агар аз шартҳои шартнома ва қонунҳо eҳдадории дар мeҳлати муайян пардохтани арзиши мол барнаояд, харидор вазифадор аст арзиши онро баъди додани мол аз xониби фурeшанда ё додани ҳуxxатҳои ихтиёрдорӣ ба ин мол бидуни таъхир пардозад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурeш тамдиди пардохти арзиши моли додашуда пешбинӣ нагардида бошад, харидор вазифадор аст ба фурeшанда маблағро вобаста ба ҳаxми пурраи моли додашуда пардозад.
  3. Агар харидор сари вақт арзиши моли тибқи шартномаи хариду фурeш додашударо напардозад, фурeшанда ҳуқуқ дорад бо интихоби худ пардохти арзиши мол ва пардохти фоизҳоро вобаста ба истифодаи воситаҳои пулии ғайр (бегона) (моддаи 426) талаб намояд.
  4. Агар харидор хилофи шартномаи хариду фурeш аз қабули мол ва пардохти арзиши он даст кашад, фурeшанда ҳуқуқ дорад бо интихоби худ пардохти арзиши молро талаб кунад ё аз иxрои шартнома даст кашад.
 
Моддаи 523. Пешпардохти мол
  1. Дар ҳолатҳое ки агар дар шартномаи хариду фурeш eҳдадории харидор дар мавриди то аз xониби фурeшанда додани мол пурра ё қисман пардохтани арзиши мол (пешпардохт) пешбинӣ гардида бошад, харидор вазифадор аст дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома ва агар дар шартнома чунин мeҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мeҳлатҳои тибқи моддаи 335 ҳамин Кодекс муайянгардида, пардозад.
  2. Дар сурати eҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи хариду фурeшро дар хусуси пешпардохти арзиши мол иxро накардани харидор қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 353 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳое ки агар фурeшанда маблағи пешпардохтро гирифта, eҳдадории худро вобаста ба додани мол (моддаи 492) анxом надиҳад, харидор ҳуқуқ дорад додани молҳои арзишашон пардохташуда ё баргардонидани пешпардохти барои молҳои аз xониби фурeшанда доданашударо бо ҳисоб кардани фоиз аз рeзе, ки мебоист додани мол сурат гирад, то рeзи додани мол ба харидор ё ба e баргардонидани пешпардохт, талаб кунад.
  4. Дар шартнома eҳдадории фурeшанда оид ба пардохти фоиз ба маблағи пешпардохт аз лаҳзаи аз харидор гирифтани ин маблағ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 524. Пардохти молҳое, ки ба кредит  фурeхта шудааст
  1. Дар ҳолате ки тибқи шартномаи хариду фурeш пардохти мол пас аз муддати муайяни баъди додани он ба харидор (фурeши мол ба кредит) пешбинӣ шудааст, харидор бояд пардохтро дар мeҳлати дар шартнома пешбинигардида ва агар чунин мeҳлат дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, дар мeҳлатҳои мутобиқи моддаи 335 ҳамин Кодекс муайяншуда пардозад.
  2. Дар ҳолати аз xониби фурeшанда иxро нагардидани eҳдадории додани мол қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 353 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
  3. Дар сурате ки агар харидори молро гирифта eҳдадориашро вобаста ба пардохти арзиши мол иxро нанамояд, фурeшанда ҳуқуқ дорад пардохти мол ё баргардонидани молҳои пардохташударо талаб намояд.
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар ҳолатҳои дар мeҳлати муайянгардида аз xониби харидор иxро накардани eҳдадориҳо оид ба пардохти моли додашуда, аз рeзе ки мол мебоист пардохта шавад то рeзи пардохти он аз xониби харидор, ба маблағи мeҳлаташ гузаронидашуда мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс бояд фоиз супурда шавад.
  1. Дар шартнома eҳдадории харидор дар мавриди аз рeзи гирифтани мол супурдани фоизе, ки ба нархи мол мутаносиб мебошад, пешбинӣ карда шуданаш мумкин аст.
  2. Фурeши мол ба кредит тибқи нархҳои дар рeзи фурeш амалкунанда анxом дода мешавад. Тағйирёбии минбаъдаи нарх ба молҳои ба кредит фурeхташуда, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, боиси ҳисобу китоби нав намегардад.
 
Моддаи 525. Бастани шартномаи хариду фурeш бо кредит
Шартномаи бо кредит фурeхтани мол бо шарти пардохти давра ба давра, агар дар он ҳамзамон бо дигар шартҳои муҳими шартномаи хариду фурeш нархи мол, тартиб, мeҳлат ва андозаи пардохт зикр гардида бошад, басташуда эътироф мегардад.
 
Моддаи 526. Суғуртаи мол
  1. Агар дар шартномаи хариду фурeш eҳдадории фурeшанда ё харидор дар мавриди суғуртаи мол пешбинӣ гардида, вале дар айни замон шартҳои суғурта ва маблағи ҳадди ақале, ки ба он мол суғурта карда мешавад, зикр нагардида бошад, маблағи xуброни суғурта, ки шартномаи суғурта пешбинӣ намудааст, наметавонад аз арзиши мол камтар бошад.
  2. Ҳангоми аз xониби тарафи анxомдиҳандаи суғурта тибқи шартҳои шартнома анxом надодани суғурта тарафи дигар ҳуқуқ дорад молро суғурта намуда, аз тарафи масъул xуброни хароxоти вобаста ба суғуртаро талаб намояд ё аз иxрои eҳдадорӣ даст кашад.
 
Моддаи 527. Нигоҳ доштани ҳуќуќи моликиятии фурўшанда
  1. Агар дар шартномаи хариду фурўш нигоҳдории ҳуќуќи моликият ба мол ба фурўшанда то пардохти он ё фарорасии дигар ҳолатҳо пешбинї шуда бошад, харидор ҳуќуќ дорад, ки танҳо ҳамон ќисми арзиши молро, ки аз баќияи нархи ба фурўшанда пардохтшаванда зиёд аст, фурўшад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар ихтиёрдорї намояд. Харидор аз лаҳзаи гирифтани мол таваккали тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани он, масъулият оид ба нигоҳдорї, таъмир ва дигар ҳуќуќу ўҳдадориҳои моликро ба ўҳда дорад.
Агар дар ќонун дигар ҳолат пешбинї нашуда бошад, маҳсулот, самара ва дигар даромадҳое, ки харидор дар натиҷаи истифодаи моли гирифташуда ба даст овардааст, мавзўи гарав вобаста ба таъмини иҷрои ўҳдадориҳои ў аз ҷониби харидор дар назди фурўшанда оид ба пардохти мол мебошад.
  1. Дар ҳолатҳои дар мўҳлати пешбининамудаи шартнома пардохт нагардидани моли додашуда ё фаро нарасидани ҳолатҳои дигари гузариши ҳуќуќи моликият ба харидор фурўшанда ҳуќуќ дорад аз харидор баргардонидани молро талаб намояд ё молро бо тартиби барои фурўши мавзўи гарав пешбинишуда фурўшад. Дар ин ҳолат маблаѓҳои аз фурўши мол бадастомада бо тартиби барои фурўши мавзўи гарав муќаррарнамудаи ќонун таќсим карда мешаванд.
  2. Фурўшанда нисбати харидори моли фурўхташуда кредитори таъминшуда мебошад.
  3. Харидор ҳуќуќ дорад то фурўши мол ўҳдадориҳоро оид ба пардохти арзиши мол ё ҳамон ќисме, ки иҷрои он ба таъхир гузошта шудааст, иҷро намуда, рўёндан аз ҳисоби онро ќатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуќуќро маҳдуд менамояд, эътибор надорад. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
  4. Хариду фурeши чакана
 
Моддаи 528. Шартномаи хариду фурeши чакана
  1. Тибқи шартномаи хариду фурeши чакана фурeшандае, ки фаъолияти соҳибкориро оид ба фурeши чаканаи мол анxом медиҳад, eҳдадор мешавад ба харидор молҳоеро диҳад, ки одатан барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё дигар навъи истифода таъин гардидааст.
  2. Шартномаи хариду фурeши чакана оммавӣ (моддаи 458) мебошад.
 
Моддаи 529. Офертаи оммавии мол
  1. Пешниҳоди мол, ки тамоми шартҳои муҳими шартномаи хариду фурeши чаканаи моли дар рекламаи мол, феҳраст (каталог) зикргардидаро дар бар гирифтааст, инчунин дигар навъи тасвири мол, ки ба доираи номуайяни ашхос нигаронида шудааст, офертаи оммавӣ эътироф карда мешавад (банди 2 моддаи 469).
  2. Ба тамошо гузоштан, намоиши намунаҳои мол ё додани маълумот оид ба молҳои фурeшӣ (тасвир, феҳрастҳо, аксҳо ва ғайра) дар маҳалли фурeши мол, сарфи назар аз он, ки оё нарх ва дигар шартҳои муҳими шартномаи хариду фурeш зикр гардидааст ё на, ба истиснои ҳолатҳое ки фурeшанда барои фурeш таъин нагардидани молҳои дахлдорро дақиқ муайян кардааст, офертаи оммавӣ эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 530. Ба харидор пешниҳод намудани  маълумот оид ба мол
  1. Фурeшанда вазифадор аст ба ихтиёри харидор оид ба моли барои фурeш пешниҳодгардида маълумоти зарурӣ ва саҳеҳро гузорад, ки ба талаботи дахлдори муқаррарнамудаи қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё одатан дар савдои чакана пешниҳодшавандаи вобаста ба мeҳтаво ва усули пешниҳоди он мувофиқ мебошад.
  2. Харидор ҳуқуқ дорад то бастани шартнома молро аз назар гузаронад ва агар ин вобаста ба хосияти мол истисно нагардида бошад ва хилофи қоидаҳои дар савдои чакана қабулгардида набошад, дар ҳозирии e анxом додани санxиши хосияти мол ё намоиши истифодаи молро талаб кунад.
  3. Агар ба харидор имконияти бетаъхир, дар маҳалли фурeш ба даст овардани маълумот оид ба мол, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикр гардидааст, фароҳам оварда нашуда бошад, e ҳуқуқ дорад аз фурeшанда xуброни зарари вобаста ба саркашии беасос аз бастани шартномаи хариду фурeши чакана (қисми 4 моддаи 477) ба e расонидашударо талаб намояд ва агар шартнома баста шуда бошад, дар мeҳлати мувофиқ аз иxрои шартнома даст кашад, баргардонидани маблағи барои мол пардохташуда ва xуброни дигар зарарро талаб намояд.
 
Моддаи 531. Фурeши мол бо истифодаи автоматҳо
  1. Дар ҳолатҳое ки фурeши мол бо истифодаи автоматҳо сурат мегирад, соҳиби автомат eҳдадор аст ба харидорон бо усули дар автомат xойгир намудани иттилоот оид ба фурeшандаи мол ё бо усули дигар номи фурeшанда (номи фирмавӣ), маҳалли xойгиршавии он, низоми кор, инчунин оид ба амале, ки харидорон барои гирифтани мол ҳатман анxом диҳанд, маълумот пешкаш намояд.
  2. Шартномаи хариду фурeши чакана бо истифодаи автоматҳо аз лаҳзаи аз xониби харидор анxом додани амале, ки барои харидани мол зарур мебошад, басташуда ҳисобида мешавад.
  3. Агар ба харидор моли арзишаш пардохташуда дода нашавад, фурeшанда вазифадор аст фавран ба харидор дастрас шудани молро таъмин намояд ё маблағи пардохтаи eро баргардонад. Дар сурати иxро накардани ин eҳдадорӣ харидор ҳуқуқ дорад аз фурeшанда xуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
 
Моддаи 532. Шартномаи бо шарти ба харидор  расонидани мол
  1. Дар ҳолатҳое ки шартномаи хариду фурeши чакана бо шарти ба харидор расонидани мол баста шудааст, фурeшанда вазифадор аст, ки дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома молро ба маҳалли зикрнамудаи харидор ва агар маҳалли супурдани молро харидор зикр накарда бошад, ба маҳалли истиқомати шаҳрванд ё маҳалли xойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, ки харидор мебошад, расонад.
  2. Шартномаи хариду фурeши чакана, агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, аз лаҳзаи ба харидор ва дар сурати набудани e ба ҳар шахси пешниҳодкардаи квитансия ё дигар санади тасдиқкунандаи бастани шартнома ё ба расмият даровардани супурдани мол аз xониби фурeшанда иxрогардида ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 533. Шартнома бо шарти аз xониби харидор барои мeҳлати муайян гирифтани мол
  1. Тарафҳо метавонанд бо шарти аз xониби харидор барои мeҳлати муайян гирифтани мол, ки дар xараёни он ин мол ба дигар харидор фурeхта намешавад, шартномаи хариду фурeши чакана банданд.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳозир нашудани харидор ё дар мeҳлати муқаррарнамудаи шартнома барои гирифтани мол анxом надодани дигар амали заруриро фурeшанда метавонад ҳамчун аз xониби харидор рад намудани иxрои шартнома арзёбӣ намояд.
  3. Хароxоти иловагии фурeшанда вобаста ба таъмини додани мол ба харидор дар мeҳлати муайяннамудаи шартнома, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба арзиши мол зам карда мешавад.
 
Моддаи 534. Фурeши мол тибқи намунаҳо
  1. Тарафҳо метавонанд оид ба фурeши мол тибқи намуна (тасвир, феҳраст ва ғайра) шартномаи хариду фурeши чаканаро ба имзо расонанд.
  2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, чунин шартнома аз лаҳзаи расидани бор ба маҳалли дар шартнома зикргардида ва агар маҳалли додани мол дар шартнома зикр нагардида бошад, аз лаҳзаи расонидани бор ба xои истиқомати шаҳрванд ё маҳалли xойгиршавии шахси ҳуқуқӣ иxрогардида ҳисобида мешавад.
  3. Харидор, бо шарти ба фурeшанда xуброн намудани хароxоти мувофиқе, ки бо анxом додани амали дахлдор оид ба иxрои шартнома сарф намудааст, метавонад то додани мол аз иxрои шартномаи хариду фурeши чакана даст кашад.
 
Моддаи 535. Арзиш ва пардохти мол
  1. Харидор, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, eҳдадор аст пардохти молро мувофиқи нархе, ки фурeшанда ҳангоми бастани шартномаи хариду фурeши чакана эълон намудааст, пардозад.
  2. Дар ҳолате ки шартномаи хариду фурeши чакана пешпардохти молро (моддаи 523) пешбинӣ намудааст, агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз xониби харидор дар мeҳлати муқаррарнамудаи шартнома напардохтани арзиши мол ҳамчун аз xониби харидор рад намудани шартнома эътироф карда мешавад.
  3. Нисбат ба шартномаҳои хариду фурeши чакана бо кредит, аз Ҷумла бо шарти аз xониби харидор давра ба давра пардохтани арзиши мол, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 525 ҳамин Кодекс бояд татбиқ карда нашаванд.
 
Моддаи 536. Иваз кардани моли дорои сифатан  матлуб
  1. Харидор ҳуқуқ дорад дар xараёни чордаҳ рeз аз лаҳзаи ба e додани моли ғайриозуқаворӣ, агар фурeшанда мeҳлати бештареро эълон накарда бошад, моли харидаашро дар маҳалли харид ё xойҳои дигаре, ки фурeшанда эълон кардааст, ба моли якхелаи дорои андозаи дигар, навъ, ҳаxм, тарз, ранг, такмил (комплектатсия)-и дигар ва ғайра иваз кунад ва дар сурати фарқияти нарх бо фурeшанда ҳисоббаробаркунии заруриро анxом диҳад.
Агар фурeшанда барои иваз моли заруриро надошта бошад, харидор ҳуқуқ дорад моли харидаашро баргардонад ва маблағи пардохтаашро пас гирад.
Талаби харидор дар мавриди иваз ё баргардонидани маблағ, агар мол истифода нашуда бошад, хосияти истеъмоли худро гум накарда бошад, дорои далелҳое бошад, ки аз ҳамин фурeшанда харида шудааст, бояд аз xониби фурeшанда қонеъ гардонида шавад.
  1. Номгeи молҳое, ки тибқи асосҳои дар ҳамин модда зикргардида иваз ё баргардонида намешаванд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳо муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 537. Ҳуқуқи харидор дар ҳолатҳои ба e фурeхтани моли сифатан номатлуб
  1. Харидоре, ки ба e моли сифатан номатлуб фурeхта шудааст ва агар норасоиҳои он бо фурeшанда қайду шарт нагардида бошанд, ҳуқуқ дорад бо интихоби худ талаб кунад:
— моли сифатан номатлубро бо моли хушсифат иваз намояд;
— бидуни таъхир, ройгон норасоиҳоро бартараф созад;
— xуброни хароxоти вобаста ба бартараф намудани норасоиҳоро пардозад;
— мутаносибан нархи харидро паст кунад.
Харидор ҳуқуқ дорад дар сурати моҳиятан вайрон кардани талаботи сифат нисбат ба моли аз нигоҳи техникӣ мураккаб ва гаронарзиш (қисми 2 моддаи 511) иваз кардани онро талаб намояд.
  1. Дар сурати ошкор намудани норасоиҳои моле, ки хосияти он имконият намедиҳад ин норасоиҳо рафъ карда шаванд (молҳои озуқаворӣ, маҳсулоти химиявии маишӣ ва ғайра) харидор ҳуқуқ дорад бо интихоби худ бо моли хушсифат иваз намудани чунин мол ё мутаносибан паст кардани нархи фурeшро талаб намояд.
  2. Бар замми арзу талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида харидор ҳуқуқ дорад моли сифатан номатлубро ба фурeшанда баргардонда, инчунин додани маблағи пардохташуда ва xуброни дигар зарарро талаб кунад.
Ҳангоми баргардонидани маблағи харидор, ки барои мол пардохта шуда буд, фурeшанда ҳуқуқ надорад аз он маблағеро, ки дар натиxаи пурра ё қисман истифода шудани мол, аз даст додани сифати молӣ ва ғайра боиси паст гардидани нархи он гаштааст, нигоҳ дорад.
 
Моддаи 538. Xуброни фарқи нарх ҳангоми ивази мол, паст кардани нархи харид ва баргардонидани моли сифатан номатлуб
  1. Ҳангоми ивази моли бесифат ба моли мувофиқи шартномаи хариду фурeши чакана сифатан матлуб фурeшанда ҳуқуқ надорад xуброни фарқияти нархи моли дар шартнома муқарраршуда ва нархи моли ҳангоми ивази мол ё ҳангоми баровардани қарори суд дар хусуси иваз намудани мол мавxудбударо талаб кунад.
  2. Ҳангоми ивази моли бесифат ба моли шабеҳ, вале моли аз xиҳати андоза, шакл ва навъ ва ғайра фарқкунанда фарқи байни арзиши моли ивазшаванда дар лаҳзаи ивази мол ва нархи моли бар ивази моли бесифат додашаванда бояд пардохта шавад.
Агар талаби харидор аз xониби фурeшанда қонеъ нагардида бошад, ин нархҳо  вобаста ба нархҳои аз лаҳзаи қабул намудани қарори суд оид ба ивази мол муайян карда мешаванд.
  1. Ҳангоми пешниҳоди талабот оид ба мутаносибан паст кардани нархи хариди мол нархи мол дар лаҳзаи пешниҳоди талаб оид ба паст кардани арзиш ва агар талаби харидор ихтиёран қонеъ нашуда бошад, аз лаҳзаи аз xониби суд баровардани қарор оид ба мутаносибан кам кардани нархи мол ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Ҳангоми ба фурeшанда баргардонидани моли бесифат харидор ҳуқуқ дорад пардохтани фарқияти байни нархи моли дар шартномаи хариду фурeши чакана пешбинигардида ва нархи моли дахлдор дар лаҳзаи ихтиёран қонеъ кардани талаботи e мавxудбударо ва агар талабот қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд мавxудбударо талаб намояд.
 
Моддаи 539. Масъулияти фурeшанда ва дар шакли асл (натура) иxро намудани eҳдадорӣ
Дар сурати аз xониби фурeшанда иxро накардани eҳдадории шартномаи хариду фурeши чакана xуброни зарар ва пардохти ноустуворона фурeшандаро аз eҳдадории дар шакли асл (натура) иxро намудани он озод намекунад.
 
Моддаи 540. Xуброни зарари маънавӣ
Зарари маънавие, ки ба истеъмолкунанда дар натиxаи аз xониби фурeшанда вайрон кардани ҳуқуқҳои e расонида шудааст, ҳангоми мавxуд будани гуноҳ аз xониби шахсе, ки зарар расондааст, xуброн карда мешавад. Андозаи xуброни зарари расонидашуда, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз xониби суд муқаррар карда мешавад.
 
  1. Шартномаи маҳсулотсупорӣ
 
Моддаи 541. Шартномаи маҳсулотсупорӣ
Мутобиқи шартномаи маҳсулотсупорӣ фурeшанда (маҳсулотсупор) eҳдадор мешавад, ки дар мeҳлати қайду шартшуда ё мeҳлатҳои истеҳсол ё мeҳлатҳои аз xониби e харидани мол барои харидор xиҳати истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ ё мақсадҳои дигар, молро ба харидор расонад.
 
Моддаи 542. Мeҳлати амали шартномаи маҳсулотсупорӣ
  1. Шартномаи маҳсулотсупорӣ ба мeҳлати як сол, ба мeҳлати бештар аз як сол (шартномаи дарозмуддат) ё ба мeҳлати дигари дар созишномаи тарафҳо пешбинигардида баста шуданаш мумкин аст.
Агар дар шартнома мeҳлати он муайян нагардида бошад, шартнома ба мeҳлати як сол басташуда эътироф карда мешавад.
  1. Агар дар шартномаи дарозмуддат теъдоди моли супоридашаванда ё дигар шартҳои шартнома барои як сол ё ба мeҳлати камтар аз он муайян гардида бошад, дар шартнома бояд тартиби аз xониби тарафҳо ба мувофиқа расонидани ин шартҳо барои мeҳлатҳои минбаъда то қатъ гардидани мeҳлати амали шартнома муайян карда шаванд. Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани чунин тартиб шартнома ба мeҳлати як сол ё ба мeҳлате, ки шартҳои шартнома ба мувофиқа расонида шудаанд, басташуда эътироф карда мешавад.
  2. Ҳангоми аз xониби яке аз тарафҳои шартномаи дарозмуддат рад кардан ё саркашӣ аз мувофиқаи теъдоди маҳсулоти супурдашаванда ё шартҳои дигари шартнома барои давраи минбаъда, ки тибқи тартиби муайяннамудаи шартнома муқаррар гардидааст, тарафи дигар ҳуқуқ дорад бо талаботи муайян намудани шартҳои маҳсулотсупорӣ барои давраҳои дахлдор ё бекор кардани шартнома ба суд муроxиат намояд.
 
Моддаи 543. Бастани шартномаи  маҳсулотсупорӣ
  1. Ҳангоми пешниҳоди як тараф дар хусуси бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ, ки дар шакли лоиҳаи шартнома ба тарафи дигар фиристода шудааст ва тарафи дигар минбаъд розӣ аст тибқи шартҳои дигар шартномаро имзо кунад, дар мeҳлати на дертар аз 30 рeзи баъди гирифтани лоиҳа протоколи ихтилофи назар таҳия намуда, онро бо шартномаи ба имзо расонидашуда бармегардонад. Тарафе, ки протоколи ихтилофи назарро гирифтааст, вазифадор аст дар мeҳлати 30 рeз xиҳати ба мувофиқа расонидани он (дар сурати имконпазир якxоя бо тарафи дигар) тадбирҳо андешад.
  2. Агар дар мeҳлати муайянкарда тарафи лоиҳаи шартномаро гирифта чораҳои оиди бастани шартнома наандешида бошад, шартнома баста нашуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 544. Давраҳои маҳсулотсупорӣ
  1. Агар тарафҳо дар давоми мeҳлати xараёни амали шартномаи молсупорӣ бо қисматҳои алоҳида супоридани маҳсулотро пешбинӣ карда бошанд, мeҳлати расонидани қисматҳои алоҳида (давраи маҳсулотсупорӣ) дар он муайян нашуда бошад, дар он сурат мол бояд ҳар моҳ бо қисматҳои баробар расонида шаванд, зеро аз қонунҳо ё анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти eҳдадорӣ тартиби дигаре барнамеояд.
  2. Ҳамзамон бо муайян кардани давраи маҳсулотсупорӣ дар шартнома инчунин xадвали маҳсулотсупорӣ (ҳар даҳрeза, шабонарeзӣ, соат ба соат ва ғайра) муқаррар карда шуданаш мумкин аст.
  3. Маҳсулотсупории пеш аз мeҳлат танҳо бо розигии харидор анxом дода шуданаш мумкин аст.
Моли пеш аз мeҳлат супоридашуда ва аз xониби харидор қабулгардида ба ҳисоби теъдоди моле, ки бояд дар давраи минбаъда расонида шавад, ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 545. Ҳалли ихтилофи назар ҳангоми бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ
  1. Дар сурати ҳангоми бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ оид ба шартҳои алоҳида байни тарафҳо ба миён омадани ихтилофи назар тарафе, ки бастани шартномаро пешниҳод намуда, оид ба мувофиқаи шартҳо пешниҳоди тарафи дигарро гирифтааст, бояд дар мeҳлати сӣ рeз аз рeзи гирифтани ин пешниҳод, агар дар қонун мeҳлати дигаре муқаррар нагардида бошад ё бо тарафҳо мувофиқа нагардида бошад, дар хусуси ба мувофиқа расонидани шартҳои дахлдори шартнома тадбирҳо андешад ё ба таври хаттӣ тарафи дигарро оид ба радди бастани шартнома огоҳ созад.
  2. Тарафе, ки оид ба шартҳои дахлдори шартнома пешниҳодот гирифта, вале барои мувофиқаи шартҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ тадбирҳо наандешидааст ва тарафи дигарро дар мавриди радди бастани шартнома дар мeҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ накардааст, бояд зарари вобаста ба радди ин шартҳои шартнома расонидашударо xуброн намояд.
 
Моддаи 546. Тартиби маҳсулотсупорӣ
  1. Маҳсулотсупорӣ аз xониби маҳсулотсупор тибқи шартнома ба харидор ё шахси дар шартнома ба сифати харидор зикргардида бо усули бор карда фиристодан (додан)-и мол анxом дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар дар шартнома ҳуқуқи харидор дар бобати ба маҳсулотсупор додани супориш оид ба фиристодани бор ба молгиранда (таъиноти борфиристӣ)-гон пешбинӣ гардида бошад, фиристодан (додан)-и мол аз xониби маҳсулотсупор ба молгирандагони дар таъиноти борфиристӣ зикргардида анxом дода мешавад.
Мeҳтавои таъиноти борфиристӣ ва мeҳлатҳои аз xониби харидор ба маҳсулотсупор фиристодани он тибқи шартнома муайян карда мешавад. Агар мeҳлати фиристодани таъиноти борфиристӣ дар шартнома муайян нагардида бошад, он бояд ба маҳсулотсупор дар мeҳлати на камтар аз сӣ рeзи то фаро расидани давраи маҳсулотсупорӣ ирсол гардад.
  1. Аз xониби харидор дар мeҳлати муайяншуда пешниҳод накардани таъиноти борфиристӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба маҳсулотсупор ҳуқуқ медиҳад, ки аз иxрои шартнома даст кашад.
 
Моддаи 547. Молрасонӣ
  1. Маҳсулотсупорӣ аз xониби маҳсулотсупор бо усули борфиристӣ (ҳамлу нақл) тавассути нақлиёте, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст ва тибқи шартҳои муайяннамудаи он анxом дода мешавад.
Агар дар шартнома тавассути кадом навъи нақлиёт ва тибқи кадом шарт интиқол додани мол муайян нагардида бошад, ҳуқуқи интихоби навъи нақлиёт ё муайян кардани шарти ҳамлу нақл ба маҳсулотсупор мегузарад, зеро аз қонунҳо, анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти eҳдадорӣ тартиби дигаре барнамеояд.
  1. Тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ аз xониби харидор (боргиранда) дар маҳалли xойгиршавии маҳсулотсупор гирифтани мол (интихоби мол) пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
Агар мeҳлати интихоби мол дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, интихоби мол аз xониби харидор (молгиранда) бояд дар мeҳлатҳои мувофиқ, пас аз гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор дар мавриди таҳияи мол анxом дода мешавад.
 
Моддаи 548. Пурра намудани камбудии  маҳсулотсупорӣ
  1. Молрасоне, ки дар давраи муайяни маҳсулотсупорӣ ба пурра нарасонидани мол роҳ додааст, eҳдадор аст ки теъдоди камбудии молро барои давра  (давраҳо)-и минбаъда, дар доираи мeҳлати  амали шартнома, нисбати шартномаҳои дарозмуддат бошад дар доираи ҳамон соле ба пурра нарасонидани мол роҳ додасст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пурра намояд.
  2. Дар ҳолатҳое ки маҳсулотсупор ҳамзамон ба якчанд молгирандагони дар шартнома ё дар таъиноти борфиристии харидор зикргардида мол мефиристад, моле, ки ба як молгиранда зиёда аз теъдоди дар шартнома ё таъиноти борфиристӣ пешбинигардида фиристода шудааст, барои пeшонидани камбудии маҳсулотсупорӣ ба дигар молгиранда ба ҳисоб гирифта намешавад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бояд аз xониби маҳсулотсупор пурра карда шавад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад, ки молрасонро огоҳ намуда, аз қабули моле, ки мeҳлати расонидани он гузаштааст, даст кашад. Харидор вазифадор аст молеро, ки то аз xониби маҳсулотсупор гирифтани огоҳинома расидааст, қабул намояд ва арзиши онҳоро пардозад.
 
Моддаи 549. Навъ (ассортимент)-и мол ҳангоми пурра намудани камбудии маҳсулотсупорӣ
  1. Навъ (ассортимент)-и моле, ки камбудии молрасонии онҳо бояд барқарор гардад, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми мавxуд набудани чунин созишнома маҳсулотсупор вазифадор аст камбудии теъдоди молро тибқи навъ (ассортимент)-и барои ҳамон давра муайяншуда, ки дар он давра ба камбуди маҳсулотсупорӣ роҳ дода шуда буд, пурра намояд.
  2. Нисбат ба теъдоди пешбининамудаи шартнома расонидани теъдоди зиёди як номгeи мол барои пeшонидани камбуди дигар номгeи мол, ки ба ҳамон як навъ (ассортимент) дохил мешаванд, ба ҳисоб гирифта намешавад ва ба истиснои ҳолатҳое ки чунин маҳсулотсупорӣ бо розигии хаттии пешакии харидор анxом дода шудааст, бояд пурра карда шавад.
 
Моддаи 550. Қабули мол аз xониби харидор
  1. Харидор (молгиранда) бояд барои таъмини қабули моли тибқи шартнома расида тамоми амалиётҳои заруриро анxом диҳад.
  2. Моле, ки харидор (молгиранда) гирифтааст, бояд аз xониби e дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ аз назар гузаронида шавад.
Харидор (молгиранда) вазифадор аст дар ҳамин мeҳлат теъдод ва сифати молҳои қабулшударо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ санxида, дар мавриди номутобиқатиҳои ошкоргардида ва норасоиҳои мол бетаъхир дар шакли хаттӣ молрасонро огоҳ намояд.
  1. Дар сурати аз ташкилоти нақлиётӣ гирифтани молҳои расонидашуда харидор (молгиранда) вазифадор аст мутобиқати молро бо маълумоти дар ҳуxxатҳои нақлиётӣ ва ҳамроҳикунанда зикргардида тафтиш намуда, инчунин бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳое, ки фаъолияти нақлиётро танзим менамоянд , ин молҳоро аз ташкилоти нақлиётӣ қабул кунад.
 
Моддаи 551. Нигаҳдошти масъулиятноки моле, ки  харидор қабул накардааст
  1. Ҳангоме ки харидор (молгиранда) мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ ё шартномаи маҳсулотсупорӣ аз моли фиристодаи маҳсулотсупор даст мекашад, e вазифадор аст ҳифзи ин мол (нигаҳдошти масъулиятнок)-ро таъмин намуда, фавран молрасонро огоҳ созад.
  2. Маҳсулотсупор вазифадор аст моли таҳти нигаҳдошти масъулиятнок гирифтаи харидор (молгиранда)-ро интиқол диҳад ё онро дар мeҳлати мувофиқ ихтиёрдорӣ намояд.
Агар маҳсулотсупор дар ҳамин мeҳлат молро ихтиёрдорӣ накунад, харидор ҳуқуқ дорад онро фурeшад ё ба маҳсулотсупор баргардонад.
  1. Хароxоти зарурии харидор вобаста ба қабули моли таҳти нигаҳдошти масъулиятнок, фурeш ё баргардонидани он ба маҳсулотсупор бояд аз xониби маҳсулотсупор xуброн карда шавад.
Дар айни замон маблағи аз фурeши мол гирифташуда, бо нигаҳ доштани маблағи  ба харидор  тааллуқдошта, ба маҳсулотсупор гузаронида мешавад.
 
Моддаи 552. Интихоби мол
  1. Агар дар шартнома дар маҳалли xойгиршавии маҳсулотсупор ба харидор (молгиранда) додани мол (интихоби мол) пешбинӣ гардида бошад, харидор (молгиранда) бояд моли ба e додашавандаро аз назар гузаронад. Ҳангоми ошкор намудани номутобиқатии мол ба шартнома e ҳуқуқ дорад аз қабули он даст кашад.
  2. Интихоб карда нагирифтани мол аз xониби харидор (молгиранда) дар мeҳлати муқаррарнамудаи шартнома ва агар мeҳлат муайян нагардида бошад, дар мeҳлатҳои мувофиқи баъди гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор дар хусуси тайёр будани мол ба маҳсулотсупор ҳуқуқ медиҳад, ки аз иxрои шартнома даст кашад ё аз харидор пардохти арзиши молро талаб кунад.
 
Моддаи 553. Ҳисобу китоб барои моли расонидашаванда
  1. Харидор пардохти моли расонидашавандаро бо риояи тартиб ва шакли ҳисобу китобе, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, анxом медиҳад.
  2. Агар дар шартнома қисм ба қисм расонидани бор пешбинӣ гардида бошад, ки ба маxмeъ (комплект) дохил мешавад, аз xониби харидор пардохтани он баъди гирифтани охирин қисмати он мол (интихоби мол)-е, ки ба маxмeъ (комплект) дохил мегардад, анxом дода мешавад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
  3. Агар дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, ки пардохт аз xониби молгиранда (пардозанда) анxом дода мешавад ва охирин бидуни асос аз пардохт даст кашад ё дар мeҳлати муқарраршуда пардохтро анxом надиҳад, маҳсулотсупор ҳуқуқ дорад аз харидор пардохти моли расонидашударо талаб кунад.
 
Моддаи 554. Зарф ва борпеч
Зарф ва борпеч, тибқи тартиб ва мeҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё шартнома ба маҳсулотсупоранда баргардонда мешавад.
 
Моддаи 555. Оқибатҳои расонидани молҳои  сифатан номатлуб
  1. Харидор (молгиранда)-е, ки барояш моли сифатан номатлуб фиристода шудааст, ҳуқуқ дорад ба молсупор талаботи пешбининамудаи моддаи 511 ҳамин Кодексро, ба истиснои ҳолатҳое ки агар молсупор огоҳиномаи харидорро оид ба норасоиҳои молҳои расонидашуда гирифта, бидуни таъхир молҳои сифатан номатлубро ба молҳои хушсифат иваз карда бошад пешниҳод намояд.
  2. Харидор (молгиранда)-е, ки молҳои ба e расонидашударо чакана ба фурeш мерасонад, агар дар шартномаи маҳсулотсупорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад дар мeҳлатҳои мувофиқ иваз кардани моли сифатан номатлуберо, ки истеъмолкунанда баргардонидааст, талаб намояд.
 
Моддаи 556. Оқибатҳои фиристодани молҳои  номукаммал
  1. Харидор (молгиранда)-е, ки ба e хилофи шартҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ, талаботи қонунҳо, санадҳои дигари меъёрӣ, талаботи маъмулии барои мукаммалии мол пешниҳодшаванда мол расонида шудааст, ҳуқуқ дорад ба маҳсулотсупор ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маҳсулотсупор огоҳиномаи харидорро оид ба номукаммалии мол гирифта, фавран онро мукаммал месозад ё онро ба моли мукаммал иваз намуда, талаботи пешбининамудаи моддаи 516 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.
  2. Харидор (молгиранда)-е, ки молҳои ба e расонидашударо чакана ба фурeш мерасонад, агар дар шартномаи маҳсулотсупорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад дар мeҳлатҳои мувофиқ иваз кардани моли номукаммалро, ки истеъмолкунанда баргардонидааст, талаб намояд.
 
Моддаи 557. Ҳуқуқи харидор дар ҳолати камбудии маҳсулотсупорӣ, иxро накардани талабот дар  бораи  рафъи  норасоии мол ё дар хусуси мукаммал сохтани мол
Агар маҳсулотсупор теъдоди дар шартнома пешбинишудаи молро нарасонида бошад ё талаби харидорро дар мавриди иваз кардани моли бесифат ё дар мавриди мукаммал сохтани мол дар мeҳлатҳои муайян иxро накунад, харидор  (молгиранда) ҳуқуқ дорад аз пардохти арзиши моли сифатан номатлуб ва номукаммал даст кашад ва агар арзиши онҳо пардохта шуда бошад, то замони рафъи норасоӣ ва ё такмил ё иваз кардани он баргардонидани маблағи пардохтшударо талаб кунад.
 
Моддаи  558. Ноустуворона барои кам  супоридани  маҳсулот
Ноустуворонае, ки қонун ё шартнома барои кам супурдани мол ё гузаронидани мeҳлати маҳсулотсупорӣ муқаррар намудааст, агар тартиби дигари ситонидани ноустуворона тибқи қонун ё шартнома муқаррар нагардида бошад, аз маҳсулотсупор то иxрои воқеии eҳдадорӣ, дар доираи мeҳлати амали шартнома (моддаи 548) ситонида мешавад.
 
Моддаи 559. Адо кардани eҳдадориҳои шабеҳ (якхела) оид ба якчанд шартномаҳои маҳсулотсупорӣ
  1. Дар ҳолатҳое ки ба харидор расонидани борҳои якхела аз xониби маҳсулотсупор ҳамзамон вобаста ба якчанд шартномаи маҳсулотсупорӣ анxом дода мешавад ва теъдоди моли расонидашаванда барои адои eҳдадории маҳсулотсупор оид ба ҳамаи шартномаҳо нокифоя мебошад, молҳои расонидашуда бояд ба ҳисоби иxрои шартномае, ки маҳсулотсупор ҳангоми маҳсулотсупорӣ зикр намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Агар харидор ба маҳсулотсупор маблағи молҳои якхелаи оид ба якчанд шартномаи маҳсулотсупорӣ гирифтаашро пардохта бошад ва маблағи супурдашуда барои адоиeҳдадории харидор вобаста ба ҳама шартномаҳо нокифоя бошад, маблағи пардохташуда бояд ба ҳисоби иxрои шартномае, ки харидор ҳангоми пардохти мол ё бидуни таъхир пас аз пардохти мол зикр намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Агар маҳсулотсупор ё харидор аз ҳуқуқҳои ба онҳо мутаносибан фароҳамовардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда истифода набурда бошад, иxрои eҳдадорӣ ба ҳисоби пeшонидани он eҳдадории шартномае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки мeҳлати иxрои он зудтар фаро расидааст.
Агар мeҳлати иxрои eҳдадорӣ оид ба якчанд шартнома ҳамзамон фаро расида бошад, иxрои пешниҳодгардида мутаносибан барои адои eҳдадорӣ вобаста ба ҳамаи шартномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 560. Радди якxонибаи иxрои  шартномаи маҳсулотсупорӣ
  1. Радди якxонибаи иxрои  шартномаи маҳсулотсупорӣ (пурра ё қисман) ё якxониба тағйир додани он дар сурати аз xониби як тараф моҳиятан вайрон кардани шартнома (сарсатри 2 қисми 2 моддаи 482) роҳ дода мешавад.
  2. Вайрон кардани шартнома аз xониби маҳсулотсупор дар ҳолатҳои зайл моҳиятан арзёбӣ мегардад:
— расонидани моли сифатан номатлуб бо норасоиҳое, ки наметавонад дар мeҳлатҳои барои харидор муносиб рафъ гардад;
  • якчанд маротиба вайрон кардани мeҳлати боррасонӣ.
  1. Вайрон кардани шартнома аз xониби харидор дар ҳолатҳои зайл моҳиятан арзёбӣ мегардад:
— якчанд маротиба вайрон кардани мeҳлати пардохт;
— якчанд маротиба  интихоб карда нагирифтани мол.
  1. Дар созишномаи тарафҳо асосҳои дигари якxониба рад кардани иxрои шартномаи маҳсулотсупорӣ ё якxониба тағйир додани он пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
  2. Шартномаи маҳсулотсупорӣ аз лаҳзаи аз xониби як тараф гирифтани огоҳиномаи тарафи дигар дар хусуси якxониба рад кардани иxрои шартнома, агар мeҳлати дигари бекор кардан ё тағйир додани шартнома дар огоҳинома пешбинӣ нагардида бошад ё дар созишномаи тарафҳо муайян нашуда бошад, мутаносибан тағйирёфта ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 561. Баҳисобгирии зарар ҳангоми бекор кардани шартнома
  1. Агар дар мeҳлатҳои мувофиқи баъди бекор кардани шартнома дар натиxаи аз xониби маҳсулотсупоранда вайрон кардани eҳдадориҳо харидор аз шахси дигар бо нархи нисбатан баландтар, вале бо нархи муносиб бар ивази моли дар шартнома пешбинишуда мол ба даст оварда бошад, харидор метавонад ба фурeшанда дар мавриди xуброни зарар дар шакли фарқи байни нархи дар шартнома муқарраргардида ва нархе, ки дар аҳди анxомдодашуда мавxуд аст, талабот пешниҳод кунад.
  2. Агар дар мeҳлати муносиби баъди бекор кардани шартнома дар натиxаи аз xониби харидор вайрон кардани eҳдадориҳо маҳсулотсупоранда молро ба шахси дигар ба нархи нисбатан арзонтар нисбат ба оне, ки дар шартнома пешниҳод шудааст, вале бо нархи муносиб фурeхта бошад, фурeшанда метавонад ба харидор дар мавриди xуброни зарар дар шакли фарқи байни нархи дар шартнома муқарраргардида ва нархе, ки дар аҳди анxомдодашуда мавxуд аст, талабот пешниҳод кунад.
  3. Қонеъгардонии талаботе, ки қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, тараферо, ки eҳдадориро иxро накардааст ё номатлуб иxро кардааст аз xуброни дигар зараре, ки дар асоси моддаи 15 ҳамин Кодекс ба тарафи дигар расонида шудааст, озод намекунад.
 
  1. Маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлат
Моддаи 562. Асосҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлат
  1. Маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлат дар асоси фармоиши давлатӣ оид ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxи давлат, инчунин шартномаҳои дар асоси он басташудаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ анxом дода мешавад. Эҳтиёxоти давлат талаботест, ки бо тартиби муқаррар кардаи қонун муайян гардида, аз ҳисоби маблағи буxет таъмин карда мешавад.
  2. Нисбат ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ, агар дар ҳамин Кодекс қоидаҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд, қоидаҳо дар мавриди маҳсулотсупорӣ (моддаҳои 541 — 561) татбиқ мегарданд.
Нисбат ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ дар қисмате, ки ҳамин зербоб танзим нанамудааст, қонунҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 563. Эҳтиёxоти давлатӣ оид ба бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ 
  1. Агар дар фармоиши давлатӣ пешбинӣ шуда бошад, ки маҳсулотсупорӣ аз xониби маҳсулотсупор (иxрокунанда) ба харидоре сурат мегирад, ки фармоишгари давлатӣ тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ муқаррар намудааст, фармоишгари давлатӣ дар мeҳлати на дертар аз сӣ рeз аз рeзи имзои фармоиши давлатӣ ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) ва харидор дар мавриди ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) вобаста кардани харидор огоҳинома ирсол медорад.
Огоҳинома дар мавриди ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) вобаста кардани харидор, ки аз xониби фармоишгари давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ дода шудааст, барои бастани шартномаи давлатии маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ асос ҳисоб меёбад.
  1. Маҳсулотсупор (иxрокунанда) вазифадор аст лоиҳаи шартномаи маҳсулотсупори барои эҳтиёxоти давлатӣ ба харидоре, ки дар огоҳинома оид ба вобаста кардани e зикр гардидааст, дар мeҳлати на дертар аз сӣ рeз аз рeзи гирифтани огоҳинома аз фармоишгари давлатӣ, агар тартиби дигари таҳияи лоиҳаи шартнома  дар фармоиши давлатӣ пешбинӣ нашуда бошад ё лоиҳаи шартнома аз xониби харидор пешниҳод нагардида бошад,  ирсол дорад.
  2. Тарафе, ки лоиҳаи шартномаи маҳсулотсупориро барои эҳтиёxоти давлатӣ гирифтааст, онро имзо намуда, як нусхаашро дар мeҳлати на дертар аз сӣ рeз ба тарафи дигар мефиристад ва дар сурати мавxуд будани ихтилофоти назар оид ба шартҳои фармоиши давлатӣ дар ҳамин мeҳлат протоколи ихтилофи назар тартиб дода, онро якxоя бо шартномаи давлатии имзошуда ба тарафи дигар ирсол медорад.
  3. Тарафе, ки лоиҳаи имзошудаи шартномаи маҳсулотсупориро барои эҳтиёxоти давлатӣ бо протоколи ихтилофи назар гирифтааст, бояд дар муддати сӣ рeз онро баррасӣ намуда, xиҳати мувофиқа бо тарафи дигар тадбирҳо андешад ва тарафи дигарро дар бораи қабули шартнома дар таҳрири он ё дар мавриди  радди  протоколи ихтилофи назар  огоҳ созад. Ихтилофоти назари ҳаллу фасл нагардида дар муддати сӣ рeз метавонад аз xониби тарафи дигар ба баррасии суд пешниҳод карда шавад.
  4. Агар маҳсулотсупор (иxрокунанда) аз бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ саркашӣ намояд, харидор ҳуқуқ дорад ба суд бо талаботи доир ба маxбур кардани маҳсулотсупор (иxрокунанда) барои бастани шартнома дар асоси шартҳои лоиҳаи шартномаи таҳиянамудаи харидор муроxиат намояд.
 
Моддаи 564. Радди харидор аз бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ
  1. Харидор ҳуқуқ дорад аз молҳое, ки дар огоҳинома оид ба вобаста шудан зикр гардидаанд ва аз бастани шартнома дар мавриди таҳвили онҳо пурра ё қисман даст кашад.
Дар ин ҳолат маҳсулотсупор (иxрокунанда) бояд бетаъхир фармоишгари давлатиро огоҳ сохта, ҳуқуқ дорад аз e дар бораи ба дигар харидор вобаста намудан огоҳинома талаб намояд.
  1. Фармоишгари давлатӣ дар мeҳлати на дертар аз сӣ рeз аз рeзи гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор (иxрокунанда) ё дар мавриди ба e вобаста намудани дигар харидор огоҳинома медиҳад ё ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) таъиноти борфиристиро бо зикри молгиранда ирсол медорад ё дар мавриди қабул ва пардохти мол розигии худро иттилоъ медиҳад.
  2. Ҳангоми аз xониби фармоишгари давлатӣ иxро накардани eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда маҳсулотсупор (иxрокунанда) ҳуқуқ дорад аз фармоишгари давлатӣ қабул ва пардохти молро талаб кунад ё тибқи салоҳдиди худ молро фурeхта, хароxоти муносиби вобаста ба фурeши онро аз ҳисоби фармоишгари давлатӣ xуброн намояд.
 
Моддаи 565. Иxрои фармоиши давлатӣ
  1. Дар ҳолатҳое ки тибқи шартҳои фармоиши давлатӣ маҳсулотсупорӣ бевосита ба фармоишгари давлатӣ ё бо супориши e (таъиноти борфиристӣ) ба шахси дигар (молгиранда) анxом дода мешавад, муносибати тарафҳо дар мавриди иxрои фармоиши давлатӣ тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 541 — 561 ҳамин Кодекс танзим мегардад.
  2. Дар ҳолатҳое ки маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ аз xониби молгирандаи дар таъиноти борфиристӣ зикргардида анxом дода мешавад, агар дар фармоиши давлатӣ тартиби дигари ҳисобу китоб пешбинӣ нагардида бошад, пардохти мол аз xониби фармоишгари давлатӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 566. Пардохти мол тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ
Ҳангоми ба харидорон тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ таҳвил додани мол  пардохти он аз xониби харидорон мувофиқи нархе, ки дар асоси фармоиши давлатӣ муайян мегардад, агар дар фармоиши давлатӣ тартиби дигари муайян кардани нарх ё ҳисобу китоб пешбинӣ нагардида бошад, анxом дода мешавад.
Ҳангоми аз xониби харидорон пардохтани мол тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ фармоишгари давлатӣ кафолатдиҳандаи харидор оид ба ҳамин eҳдадорӣ эътироф карда мешавад ( моддаҳои 390 — 396).
 
Моддаи 567. Xуброни зараре, ки вобаста ба иxро ё бекор кардани фармоиши давлатӣ расонида шудааст
  1. Агар дар қонунҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, зарари ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) вобаста ба иxрои фармоиши давлатӣ расонидашуда бояд аз xониби фармоишгари давлатӣ дар мeҳлати на дертар аз сӣ рeз аз рeзи тибқи фармоиши давлатӣ супурдани мол xуброн карда шавад.
  2. Дар сурате ки зарари ба маҳсулотсупор (иxрокунанда) вобаста ба иxрои фармоиши давлатӣ расонидашуда xуброн карда нашавад, маҳсулотсупор (иxрокунанда) ҳуқуқ дорад аз иxрои фармоиши давлатӣ даст кашад ва xуброни зарари вобаста ба бекор кардани фармоиши давлатӣ расонидашударо талаб намояд.
  3. Ҳангоми тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида бекор кардани фармоиши давлатӣ маҳсулотсупор ҳуқуқ дорад аз иxрои шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ даст кашад.
 
Моддаи 568. Радди  фармоишгари давлатӣ  аз моле, ки тибқи фармоиши давлатӣ расонида шудааст
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун фармоишгари давлатӣ ҳуқуқ дорад аз молҳое, ки расонидани онҳо тибқи фармоиши давлатӣ пешбинӣ шудааст, бо шарти ба маҳсулотсупор xуброн намудани зарари бо чунин раддия расонидашуда пурра ё қисман даст кашад.
Агар дасткашии фармоишгари давлатӣ аз молҳое, ки расонидани онҳо тибқи фармоиши давлатӣ пешбинӣ гардидааст, боиси бекор кардан ё тағйир додани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ гардида бошад, зарари бо чунин бекор кардан ё тағйир додани шартнома ба харидор расонидашуда аз xониби фармоишгари давлатӣ xуброн карда мешавад.
 
  1. Таъмини барқ
 
Моддаи 569. Шартномаи таъмини барқ
  1. Тибқи шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ eҳдадор мешавад, аз тариқи хати барқи васлшуда нерeи барқ диҳад ва мизоx (абонент) бошад eҳдадор мегардад, ки арзиши барқи истифодашударо пардозад, инчунин низоми истифодаи онро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, риоя намояд, таъмини бехатарии истифодаи шабакаҳои барқи таҳти ихтиёраш қарордошта, инчунин дастгоҳ ва таxҳизоти истифода менамудаашро вобаста ба истифодаи барқ дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорад.
  2. Нисбат ба муносибатҳои шартномаи таъмини барқ, ки ҳамин Кодекс танзим нанамудааст, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ оид ба таъмини барқ, инчунин қоидаҳои ҳатмии мутобиқи он қабулгардида истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 570. Бастани шартнома
  1. Шартномаи таъмини барқ бо мизоx (абонент) ҳангоми дар e мавxуд будани таxҳизоти барқие, ки ба талаботи муқаррар гардида xавоб медиҳад ва дар шабакаҳои ташкилоти таъмини барқ тибқи тартиби муқаррарнамуда сабт шудаанд, инчунин мавxуд будани таxҳизот ва дастгоҳҳои дахлдори баҳисобгирии истифодаи барқ баста мешаванд.
Шартнома ба мeҳлати номуайян баста шуда ба ҳисоб меравад ва мумкин аст тибқи асосҳои дар моддаи 577 ҳамин Кодекс нишон дода шуда тағйир ё бекор карда шавад.
  1. Дар ҳолатҳое ки ба сифати мизоx (абонент) тибқи шартномаи таъмини барқ шаҳрванде баромад мекунад, ки нерeи барқро барои истифодаи маишӣ ба кор мебарад, шартнома аз лаҳзаи воқеии тибқи тартиби муқарраршуда васл намудани мизоx (абонент) ба шабакаи васлгардида басташуда эътироф мегардад.
 
Моддаи 571.  Меъёри қувваи барқ
  1. Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ба мизоx (абонент) аз тариқи шабакаи васлгардида ба ҳамон миқдоре, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, бо риояи низоми додани он, ки аз xониби тарафҳо мувофиқа шудааст, барқ диҳад. Меъёри барқи додашуда аз xониби ташкилоти таъмини барқ ва барқи қабулнамудаи мизоx (абонент) тибқи нишондоди дастгоҳи баҳисобгирии барқ ва дар сурати мавxуд набудани он тибқи ҳисобу китоб муайян карда мешавад.
  2. Дар шартнома ҳуқуқи мизоx (абонент) дар мавриди тағйир додани миқдори барқи дар шартнома муайяншуда бо шарти xуброни хароxоти ташкилоти таъмини барқ, ки вобаста ба интиқоли барқ тибқи миқдори дар шартнома пешбинишуда масраф намудааст, пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
  3. Дар ҳолатҳои ба сифати мизоx (абонент) тибқи шартномаи таъмини барқ баромад кардани шаҳрванде, ки қувваи барқро барои истеъмоли маишӣ истифода мебарад, e ҳуқуқ дорад қувваи барқро ба миқдори барояш зарурӣ истифода барад. Миқдори барқе, ки аз xониби ташкилоти таъмини барқ дода шудааст ва мизоx (абонент) қабул кардааст, тибқи нишондоди дастгоҳи баҳисобгирӣ муайян карда мешавад.
 
Моддаи 572. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома оид ба миқдори барқ
Агар ташкилоти таъмини барқ тавассути шабакаи васлгардида нисбат ба он, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, ба мизоx (абонент) камтар барқ дода бошад, агар дар қонунҳо ё шартномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 502 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 573. Сифати барқ
  1. Сифати барқе, ки ташкилоти таъмини барқ таъмин менамояд, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба намуна (стандартизатсия) ё сифати пешбининамудаи шартнома мутобиқат намояд.
  2. Дар ҳолати аз xониби ташкилоти таъмини барқ вайрон кардани талаботе, ки ба сифати барқ пешниҳод мегардад, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 511 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 574. Eҳдадории мизоx (абонент) оид ба таъмин ва истифодаи шабакаҳо,  асбоб, таxҳизот
  1. Мизоx (абонент) вазифадор аст ҳолати дахлдори техникӣ ва бехатарии шабакаҳои барқи истифодашаванда, асбобу анxом ва таxҳизотро таъмин намояд, низоми муқарраршудаи истифодаи барқро риоя карда, инчунин ба ташкилоти таъмини барқ дар бораи садамаҳо, сeхтор, норасогиҳои асбобу анxоми баҳисобгирии барқ ва дигар вайронкориҳое, ки ҳангоми истифодаи барқ рух додаанд, фавран иттилоъ диҳад.
  2. Дар ҳолатҳое ки оид ба шартномаи таъмини барқ ба ҳайси мизоx (абонент) шаҳрванде баромад карда барқро барои эҳтиёxоти маишӣ истифода мебарад, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, eҳдадории таъмини ҳолати муносиби техникӣ ва бехатарии шабакаҳои барқ, инчунин асбоби баҳисобгирии истифодаи барқ ба зиммаи ташкилоти таъмини барқ гузошта мешавад.
  3. Талабот нисбат ба ҳолати техникӣ ва истифодаи шабакаҳои барқ, асбоб ва таxҳизот, инчунин тартиби татбиқи назорати риояи он тибқи қонунҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 575. Пардохти барқ
Агар дар қонунҳо, санадҳои дигари меъёрӣ ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пардохти барқ барои миқдори воқеии барқи истифоданамудаи мизоx (абонент), ки мутобиқи моддаи 571 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад,  сурат мегирад
 
Моддаи 576.  Аз xониби мизоx (абонент) ба дигар шахс додани барқ
  1. Мизоx (абонент) метавонад барқеро, ки e аз ташкилоти таъмини барқ гирифтааст, тавассути шабакаи пайваста танҳо бо розигии ташкилоти таъмини барқ ба шахси дигар мизоx (абонент)-и фаръӣ интиқол диҳад.
  2. Нисбат ба шартнома дар мавриди аз xониби мизоx (абонент) ба мизоx (абонент)-и фаръӣ интиқол додани барқ, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд.
  3. Ҳангоми интиқоли барқ ба мизоx (абонент)-и фаръӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, дар назди ташкилоти таъмини барқ мизоx (абонент) масъул мебошад.
 
Моддаи 577. Тағйир додан ва бекор кардани  шартномаи таъмини барқ
  1. Дар ҳолатҳое ки ба ҳайси мизоx (абонент) оид ба шартномаи таъмини барқ шаҳрванде баромад мекунад, ки барқро барои эҳтиёxоти маишӣ истифода мебарад, он ҳуқуқ дорад бо шарти огоҳ намудани ташкилоти таъмини барқ ва пурра пардохтани арзиши барқи истифодашуда якxониба шартномаро бекор кунад.
Дар ҳолатҳое ки ба ҳайси мизоx (абонент) оид ба шартномаи таъмини барқ шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад, ташкилоти таъмини барқ ҳуқуқ дорад тибқи тартиби якxониба дар асосҳои пешбининамудаи моддаи 560 ҳамин Кодекс ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунҳо ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, аз иxрои шартнома даст кашад.
  1. Танаффус дар интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд кардани интиқоли барқ тибқи созишномаи тарафҳо, ба истиснои ҳолатҳои тасдиқнамудаи мақомоти назорати давлатии энергетикӣ, ки вазъи ғайриқаноатбахши таxҳизоти мизоx (абонент) дорои таҳдиди садама мебошад ё ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон хатар ба миён меоварад, иxозат дода мешавад. Дар мавриди танаффуси интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд кардани интиқоли он ташкилоти таъмини барқ бояд мизоx (абонент)-ро огоҳ созад.
  2. Танаффус дар интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд сохтани интиқоли он бидуни мувофиқаи мизоx (абонент) ва бидуни огоҳонии дахлдор танҳо дар ҳолатҳои зарурати андешидани тадбирҳои таъхирнопазир xиҳати пешгирӣ ё рафъи садама дар системаи ташкилоти таъмини барқ бо шарти фавран огоҳ намудани мизоx (абонент) иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 578. Масъулият оид ба шартномаи  таъмини барқ
  1. Дар ҳолати иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳои вобаста ба шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъмини барқ ва мизоx (абонент) eҳдадоранд зарари воқеии (қисми 2 моддаи 15) ба ин васила расонидашударо xуброн намоянд.
  2. Агар танаффус дар интиқоли барқ дар натиxаи аз xониби ташкилоти таъмини барқ танзим намудани низоми истифодаи барқ ҳангоми нокифоя будани иқтидор ва нерeи барқ бошад, ки дар асоси қонунҳо анxом дода шудааст, ташкилоти таъмини барқ танҳо дар сурати мавxуд будани гуноҳи он вобаста ба иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳои шартнома масъулият дорад.
 
Моддаи 579. Истифодаи қоидаҳои шартномаи таъмини барқ нисбат ба муносибатҳои дигари оид ба таъминот тавассути шабакаи васлгардида
  1. Нисбат ба муносибатҳои оид ба таъмини қувваи гармӣ тавассути шабакаи пайваста, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбат ба муносибатҳо оид ба таъмини газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ ва дигар молҳо тавассути шабакаи пайваста қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд.
 
  1. Фурeши амволи ғайриманқул
 
Моддаи 580.  Шартномаи  фурeши  амволи ғайриманқул
  1. Тибқи шартномаи хариду фурeши амволи ғайриманқул (шартномаи фурeши амволи ғайриманқул) фурeшанда eҳдадор мешавад, ки ба моликии харидор бино, иншоот, хона ё дигар амволи ғайриманқулро (моддаи 142) диҳад.
  2. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин зербоб вобаста ба фурeши корхонаҳо истифода бурда мешаванд, зеро дар қоидаҳои шартномаи фурeши корхонаҳо (моддаҳои 589 — 596) тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
 
Моддаи 581. Шакли шартномаи фурeши амволи ғайриманқул
Шартномаи фурeши амволи ғайриманқул дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуxxате, ки тарафҳо имзо намудаанд, баста (қисми 2 моддаи 466) мешавад.
Риоя накардани шакли шартномаи фурeши амволи ғайриманқул боиси беэътибор шудани он мегардад.
 
Моддаи 582. Бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул
  1. Ба харидор тибқи шартномаи фурeши амволи ғайриманқул гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
  2. Иxрои шартномаи фурeши амволи ғайриманқул аз xониби тарафҳо то лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтани гузаштани ҳуқуқи моликият барои тағйир додани муносибати онҳо бо ашхоси сеюм асос буда наметавонад.
  3. Дар ҳолате ки агар яке аз тарафҳо аз бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул саркашӣ намояд, суд ҳуқуқ дорад бо талаби тарафи дигар дар мавриди бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият қарор барорад. Тарафе, ки аз бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият беасос саркашӣ намудааст, бояд ба тарафи дигар зарари дар натиxаи ба таъхир андохтани бақайдгирӣ расонидашударо xуброн намояд.
 
Моддаи 583. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ҳангоми фурeши бино, иншоот ё дигар  амволи ғайриманқули  дар он xойгиршуда
  1. Мувофиқи шартномаи фурeши бино, иншоот ё дигар амволи ғайриманқул ба харидор ҳамзамон бо додани ҳуқуқи моликият ба чунин амволи ғайриманқул инчунин ҳуқуқи истифодаи он қисмати қитъаи замине, ки дар он ин амволи ғайриманқул xойгир аст ва барои истифодаи он зарур мебошад, дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар фурeшанда истифодабарандаи қитъаи замине бошад, ки дар он амволи ғайриманқули ба фурeш баровардашуда xойгир аст, ба харидор ҳуқуқи истифода ё ҳуқуқи иxора ё дигар ҳуқуқи пешбининамудаи шартномаи фурeши амволи ғайриманқул ё дигар ҳуқуқ ба қисми дахлдори қитъаи замин дода мешавад.
  3. Фурeши амволи ғайриманқуле, ки дар қитъаи замини ба фурeшанда дар асоси ҳуқуқи истифода қарор надошта xойгир шудааст, агар ин хилофи шартҳои истифодаи чунин қитъаҳои замин, ки қонунҳо ё шартнома муқаррар намудаанд, набошад, бидуни розигии истифодабарандаи ин қитъаи замин иxозат дода мешавад.
Ҳангоми фурeши чунин амволи ғайриманқул харидор ҳуқуқи истифодаи қисми дахлдори қитъаи заминро тибқи ҳамон шарте, ки фурeшандаи амволи ғайриманқул доро мебошад, ба даст меорад.
 
Моддаи 584. Муайян намудани мавзeи шартномаи фурeши амволи ғайриманқул
Дар шартномаи фурeши амволи ғайриманқул бояд маълумоте зикр ёбад, ки имконият диҳад ба таври дақиқ амволи ғайриманқули ба харидор тибқи шартнома додашаванда муайян гардад, аз Ҷумла маълумоте ки тарзи xойгиршавии амволи ғайриманқулро дар қитъаи замини дахлдор ё дар таркиби дигар амволи ғайриманқул муқаррар менамояд.
Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани чунин маълумотҳо шартҳо оид ба  амволи ғайриманқуле, ки бояд дода шавад, аз тарафи xонибҳо ба мувофиқа расонидашуда ҳисобида намешавад ва шартномаи дахлдор басташуда эътироф намегардад.
 
Моддаи 585. Нарх дар шартномаи фурeши  амволи ғайриманқул
Шартномаи фурeши амволи ғайриманқул бояд нархи ин амволро пешбинӣ намояд.
Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани нархи амволи ғайриманқуле, ки аз xониби тарафҳо дар шакли хаттӣ мувофиқа шудааст, шартномаи фурeши он  басташуда ҳисоб намеёбад. Дар айни замон қоидаҳои муайян намудани нархе, ки қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, татбиқ намегардад.
 
Моддаи 586.  Додани амволи ғайриманқул
  1. Додани амволи ғайриманқул аз xониби фурeшанда ва қабули он аз xониби харидор тибқи ҳуxxати доду гирифт бо имзои тарафҳо ё дигар ҳуxxати доду гирифт сурат мегирад.
Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, eҳдадории фурeшанда оид ба додани амволи ғайриманқул ба харидор баъди супурдани ин амвол ба харидор ва аз xониби тарафҳо имзо намудани ҳуxxати дахлдор оид ба додани амвол иxрогардида ба ҳисоб меравад.
Аз имзои ҳуxxати додани амволи ғайриманқул тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома саркашӣ кардани яке аз тарафҳо мутаносибан ҳамчун аз xониби фурeшанда рад кардани иxрои eҳдадории додани амвол ва аз xониби харидор eҳдадории қабули амвол ҳисобида мешавад.
  1. Аз xониби харидор қабул намудани амволи ғайриманқуле, ки ба шартҳои шартномаи фурeши амволи ғайриманқул мувофиқ намебошанд, аз Ҷумла дар ҳолатҳое ки чунин номутобиқатӣ дар ҳуxxати додани амвол қайду шарт гардидааст, барои фурeшандаро аз масъулияти иxрои номатлуби шартнома озод кардан асос буда наметавонад.
 
Моддаи 587. Оқибатҳои додани амволи ғайриманқули сифатан номатлуб
Дар сурати аз xониби фурeшанда ба харидор додани амволи ғайриманқуле, ки ба шартҳои шартномаи фурeши амволи ғайриманқул вобаста ба шакли он мутобиқат намекунад, ба истиснои муқаррарот оид ба ҳуқуқи харидор дар мавриди талаб кардани ивази моли сифатан номатлуб ба моле, ки ба шартнома мувофиқат мекунад, қоидаҳои моддаи 511 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 588. Хусусиятҳои фурeши биноҳои истиқоматӣ
  1. Шарти муҳими шартномаи фурeши бинои истиқоматӣ, хона, қисми бинои истиқоматӣ ё хонае, ки дар онҳо ашхосе зиндагӣ мекунанд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқи истифодаи ин биноро баъди аз xониби харидор гирифтани он нигоҳ медоранд, номнависи ин ашхос бо зикри ҳуқуқҳои онҳо барои истифодаи бинои истиқоматии бафурeшрасанда нишон дода мешавад.
  2. Шартномаи фурeши бинои истиқоматӣ, хона, қисми хонаи истиқоматӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад ва аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ басташуда ба ҳисоб меравад.
 
  1. Фурeши корхона
 
Моддаи 589. Шартномаи фурeши корхона
  1. Тибқи шартномаи фурeши корхона фурeшанда eҳдадор мешавад корхонаро пурра ҳамчун маxмeи амвол (моддаи 144) ба моликияти харидор диҳад, ба истиснои ҳуқуқ ва eҳдадориҳое, ки фурeшанда ҳақ надорад ба дигар ашхос супорад.
  2. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳо нисбат ба кормандони корхона тибқи тартиби пешбининамудаи қонунҳо оид ба меҳнат барои гузаштани чунин ҳуқуқ ва eҳдадориҳо дар ҳолати аз нав таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз фурeшанда ба харидори корхона мегузарад.
  3. Ҳуқуқи истифодаи номи фирмавӣ, нишонаҳои мол, нишонаи хизматрасонӣ ва дигар воситаҳои инфиродисозии фурeшанда ва маҳсулоти он, иxрои кор ва хизматрасонӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба харидор мегузарад.
  4. Ҳуқуқи фурeшанда, ки дар натиxаи иxозати махсус (литсензия) барои машғул шудан ба фаъолияти дахлдор гирифта шудааст, агар дар қонунҳо тартиби дигаре  пешбинӣ нагардида бошад, ба харидори корхона дода намешавад. Ба таркиби eҳдадориҳое, ки тибқи шартнома ба корхона дода мешаванд ва иxрои онҳо ҳангоми дар он мавxуд набудани чунин иxозати махсус (литсензия) аз xониби харидор имконнопазир аст, фурeшандаро аз eҳдадориҳои дахлдор дар назди кредиторон озод намекунад.
 
Моддаи 590.  Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи фурeши корхона
  1. Шартномаи фурeши корхона дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи як ҳуxxате, ки тарафҳо имзо намудаанд (қисми 2 моддаи 466), бо замимаи ҳатмии ҳуxxате, ки дар қисми 2 моддаи 594 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, баста мешавад.
  2. Риоя накардани шакли шартномаи фурeши корхона боиси беэътибор донистани он мегардад.
  3. Шартномаи фурeши корхона бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ басташуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 591. Муқаррар намудани таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурeхта шавад
  1. Таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурeхта шавад, дар асоси ҳисобраси (инвентаризатсия)-и пурраи корхона, ки тибқи қоидаҳои муқарраршудаи чунин ҳисобрасӣ (инвентаризатсия) гузаронида мешавад, муайян мегардад.
  2. То ба имзо расонидани шартномаи фурeши корхона бояд аз xониби тарафҳо акти ҳисобрасӣ (инвентаризатсия), баланси муҳосибавӣ, хулосаи аудитори мустақим оид ба таркиб ва арзиши корхона, ҳамчунин номгeи ҳамаи қарз (eҳдадори)-ҳои шомили таркиби корхона бо зикри кредиторон, хусусият, андоза ва мeҳлати талаботи онҳо таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Амвол, ҳуқуқ ва eҳдадориҳое, ки дар ҳуxxати зикршуда сабт гардидаанд, агар аз моддаи 582 ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд ва дар шартнома муқаррар нашуда бошад, бояд аз xониби фурeшанда ба харидор супурда шавад.
 
Моддаи 592. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми фурeши  корхона
  1. Кредиторҳо оид ба eҳдадориҳое, ки ба таркиби корхонаи фурeхташаванда дохиланд, бояд аз xониби фурeшанда дар шакли хаттӣ оид ба фурeши корхона то лаҳзаи додани он ба харидор огоҳ карда шаванд.
  2. Кредиторе, ки дар шакли хаттӣ фурeшандаро дар хусуси розигии худ оид ба гузаронидани қарз огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад дар тeли се моҳ аз рeзи гирифтани огоҳинома дар хусуси фурeхтани корхона ё қатъ ё иxрои пеш аз мeҳлати eҳдадорӣ ва аз xониби фурeшанда xуброн кардани зарарро талаб кунад ё шартномаи фурeши корхонаро пурра ё дар қисми дахлдори он беэътибор эътироф намояд.
  3. Кредиторе, ки дар мавриди фурeши корхона тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ карда нашудааст, ҳуқуқ дорад дар бораи қонеъ гардонидани талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дар xараёни як сол аз рeзе, ки e дар мавриди аз xониби фурeшанда ба харидор додани корхона фаҳмидааст ва ё мебоист фаҳмад, метавонад даъво пешниҳод намояд.
  4. Баъди ба харидор додани корхона фурeшанда ва харидор вобаста ба қарзҳои ба таркиби корхона гузаронидашуда, ки ба харидор бидуни розигии кредитор гузаронида шудааст, масъулияти муштарак доранд.
 
Моддаи 593. Додани корхона
Аз xониби фурeшанда ба харидор додани корхона тибқи ҳуxxати доду гирифт, ки дар он маълумот оид ба таркиби корхона ва огоҳ намудани кредиторон дар хусуси фурeши корхона, инчунин маълумот дар бораи норасоиҳои ошкоргардидаи амволи додашуда сабт карда мешаванд ва номгeи амволе, ки иxрои вазифаи додани онҳо аз сабаби гум шуданашон имконнопазир аст,  сурат мегирад.
Омодасозии корхона барои додани он, аз Ҷумла таҳия ва ба имзо пешниҳод намудани ҳуxxати доду гирифт вазифаи фурeшанда ба ҳисоб меравад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби e анxом дода мешавад.
 
Моддаи 594. Гузаштани ҳуқуқи моликият  ба корхона
  1. Ҳуқуқи моликият ба корхона аз рeзи ба қайди давлатӣ гирифтани ин ҳуқуқ ба харидор мегузарад. Аз ҳамин лаҳза таваккали тасодуфан нобуд шудан ва вайрон шудани мол ба харидор мегузарад.
  2. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба корхона мустақиман баъди ба харидор додани корхона (моддаи 593) анxом дода мешавад.
 
Моддаи 595. Оқибатҳои бо норасоиҳо додан ва қабул намудани корхона
  1. Оқибатҳои тибқи ҳуxxати доду гирифт аз xониби фурeшанда додан ва аз xониби харидор қабул намудани корхона, ки таркиби он ба таркиби дар шартнома пешбинишуда мутобиқ намебошад, аз Ҷумла вобаста ба сифати амволи супурдашуда, агар аз шартнома тартиби дигаре барнаояд ва дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда пешбинӣ нагардида бошад, дар асоси қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 496-498, 502, 505, 511, 516 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  2. Дар сурате ки корхона тибқи ҳуxxати доду гирифт супурда ё қабул карда шудааст, ки дар он норасоиҳои ошкоршудаи корхона ва амволи гумкардашуда зикр гардидаанд (қисми 1 моддаи 595), агар дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи пешниҳоди дигар талабҳо дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад мутаносибан паст кардани нархи корхонаро талаб намояд.
  3. Харидор ҳуқуқ дорад дар сурати ба e дар таркиби корхона додани қарз (eҳдадори)-ҳои фурeшанда, ки дар шартнома ё ҳуxxати доду гирифт зикр нагардидааст, кам кардани нархи харидро талаб намояд.
  4. Фурeшанда ҳангоми гирифтани огоҳиномаи харидор дар хусуси норасоиҳои амволи дар таркиби корхонаи ба он додашуда ё дар ин таркиб мавxуд будани навъҳои алоҳидаи амвол, ки бояд супурда шавад, метавонад бидуни таъхир амволи сифатан номатлубро иваз намояд ё ба харидор амволи камбудро фароҳам орад.
  5. Харидор, агар ошкор карда шавад, ки корхона аз сабаби норасоиҳои барои он фурeшанда xавобгар xиҳати иxрои мақсадҳои дар шартномаи фурeш зикргардида коршоям намебошад ва ин норасоиҳо аз xониби фурeшанда мувофиқи шартҳо ва тартибу мeҳлати шартнома бартараф карда нашудаанд ё рафъи ин норасоиҳо ғайриимкон аст, метавонад ба суд дар хусуси бекор кардан ё иваз намудани шартномаи фурeши корхона ва баргардонидани чизе, ки тарафҳо оид ба иxрои шартнома анxом додаанд, талабот пешниҳод намояд.
 
Моддаи 596. Нисбат ба шартномаи фурeши корхонаҳо истифода бурдани қоидаҳо оид ба оқибатҳои  беэътибор будани аҳдҳо ва оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартнома
Қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба оқибатҳои беэътибор будани аҳдҳо ва оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартномаи хариду фурeш, ки баргардонидан ё дар шакли асл (натура) ситонидани ҳамаи оне, ки тибқи шартнома як тараф ё ҳарду тараф ба даст овардаанд, пешбинӣ менамояд, агар чунин оқибатҳо моҳиятан ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи кредиторони фурeшанда ва харидор ё дигар ашхосро вайрон накунад ва ба манфиати xомеа мухолиф набошад, нисбат ба шартномаи фурeши корхона истифода бурда мешавад.
 
  1. Контрактатсия
 
Моддаи 597. Шартномаи контрактатсия
  1. Мутобиқи шартномаи контрактатсия истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ eҳдадор мешавад, ки дар мeҳлатҳои қайду шартшуда ба маҳсулоттайёркунанда шахсе, ки харидории чунин маҳсулотро анxом медиҳад, барои коркард ё фурeш маҳсулоти кишоварзӣ диҳад (медиҳад) ва маҳсулоттайёркунанда eҳдадор мешавад, ки ин маҳсулотро қабул кунад (қабул мекунад) ва дар мeҳлатҳои муқарраршуда тибқи нархи муайян ҳаққи онро пардозад (мепардозад).
  2. Нисбат ба шартномаи контрактатсия, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти eҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, қоидаҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор қоидаҳо дар бораи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 598. Eҳдадории истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ
  1. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ eҳдадор аст ба маҳсулоттайёркунанда маҳсулоти парваришкарда (истеҳсолнамуда)-и кишоварзиро мувофиқи теъдод ва навъ (ассортимент)-е, ки дар шартномаи контрактатсия пешбинӣ шудааст, супорад.
  2. Агар пешакӣ ошкор гардад, ки дар натиxаи аз xониби истеҳсолкунандаи маҳсулот иxрои eҳдадории дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида иxро намешавад ва маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи теъдод ва навъ (ассортимент)-и дар шартномаи контрактатсия пешбинишуда гирифта намешавад, маҳсулоттайёркунанда ҳуқуқ дорад бекор кардан ё тағйир додани шартнома ё xуброни зарарро талаб кунад.
 
Моддаи 599. Eҳдадории маҳсулоттайёркунанда
  1. Маҳсулоттайёркунанда eҳдадор аст аз маҳалли xойгиршавии истеҳсолкунанда маҳсулоти кишоварзиро қабул кунад ва агар дар шартномаи контрактатсия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад , интиқоли онро таъмин намояд.
  2. Агар қабули маҳсулот дар маҳалли xойгиршавии маҳсулоттайёркунанда ё дигар маҳалли зикршуда сурат гирад, маҳсулоттайёркунанда ҳуқуқ надорад аз қабули маҳсулоти кишоварзие, ки истеҳсолкунанда тибқи шартномаи контрактатсия ва дар мeҳлати қайду шартшуда овардааст, саркашӣ намояд.
  3. Дар ҳолате ки агар маҳсулоттайёркунанда интиқол ё қабули маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда натавонад, e ба истеҳсолкунанда арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хароxоти вобаста ба интиқоли онро мепардозад.
  4. Маҳсулоттайёркунандае, ки коркарди маҳсулоти кишоварзии тибқи шартномаи контрактатсия гирифтаашро анxом медиҳад, вазифадор аст мувофиқи талаби истеҳсолкунанда партов (боқимонда)-и аз коркарди маҳсулоти кишоварзӣ боқимондаро бо пардохти арзиши он тибқи нархи аз xониби тарафҳо мувофиқашуда ба e баргардонад.
 
Моддаи 600. Масъулияти истеҳсолкунандаи  маҳсулоти кишоварзӣ
Истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзие, ки eҳдадории худро иxро накардааст ё номатлуб ба xо овардааст, ҳангоми мавxуд будани гуноҳ масъулиятро ба eҳда дорад.
 
БОБИ  30.  Мубодила
 
Моддаи 601. Шартномаи мубодила
  1. Мутобиқи шартномаи мубодила ҳар яке аз тарафҳо eҳдадор мешавад, ки ба моликияти тарафи дигар бар ивази як мол моли дигар диҳад.
  2. Нисбат ба шартномаи мубодила мутаносибан қоидаҳои хариду фурeш татбиқ мегардад (боби 29), агар он хилофи қоидаҳои ҳамин боб ва моҳияти мубодила набошад. Дар айни замон ҳар яке аз тарафҳо фурeшандаи моле эътироф мегардад, ки eҳдадор мешавад онро супорад ва харидори моле ба ҳисоб меравад, ки eҳдадор мешавад бар ивази он қабул кунад.
 
Моддаи 602. Нарх ва хароxот вобаста ба шартномаи мубодила
  1. Агар аз шартнома тартиби дигаре барнаояд, молҳои ивазшаванда ба тарзи баробарарзиш дар назар дошта мешавад ва хароxоти вобаста ба супоридан ва қабули он дар ҳар як ҳолат аз xониби тарафе анxом дода мешавад, ки дорои масъулияти дахлдор мебошад.
  2. Дар ҳолатҳои нобаробарарзиш эътироф гардидани молҳои мубодилашаванда тарафи моле, ки арзиши он нисбат ба моли барои мубодила пешниҳодшуда пасттар аст, бояд бидуни таъхир, баъди супурдани мол ё ҳуxxатҳои танзимкунандаи мол фарқияти байни нархро, агар тарзи дигари пардохт дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, пардозад.
  3. Агар молҳои мубодилавӣ баробарарзиш эътироф нагарданд, вале нархи онҳо дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад ва бо назардошти шарти шартнома муайян кардани он имконнопазир бошад, ин нарх тибқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
 
Моддаи 603. Иxрои мутақобилаи eҳдадории тибқи шартномаи мубодила супурдани мол
Дар ҳолатҳое ки мутобиқи шартнома мeҳлати супурдани молҳои мубодилашаванда мувофиқ намеоянд, нисбат ба иxрои eҳдадорӣ оид ба супурдани мол аз xониби тарафе, ки бояд онро баъди супурдани мол ба тарафи дигар иxро кунад, қоидаҳои иxрои мутақобилаи eҳдадорӣ (моддаи 353) истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 604. Гузаштани ҳуқуқи моликият ба молҳои мубодилашаванда
Агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ҳамзамон баъди аз xониби ҳарду тараф иxро намудани eҳдадории супурдани молҳои дахлдор, ҳуқуқи моликият ба молҳои мубодилашаванда ба тарафҳое, ки тибқи шартномаи мубодила ба сифати харидор баромад мекунанд, мегузарад.
 
Моддаи 605. Масъулияти кашида гирифтани моле, ки тибқи шартномаи мубодила ба даст оварда шудааст
Тарафе, ки моли тибқи шартномаи мубодила бадастовардаи e аз xониби шахси сеюм кашида гирифтааст, дар сурати мавxуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 498 ҳамин Кодекс ҳуқуқ дорад аз тарафи дигар баргардонидани молеро, ки охирин дар натиxаи мубодила ба даст овардааст ва xуброни зарарро талаб намояд.
 
БОБИ 31. Ҳадя
 
Моддаи 606. Шартномаи ҳадя
Тибқи шартномаи ҳадя як тараф (ҳадякунанда) ройгон ба тарафи дигар (ҳадягиранда) ашёро ба моликият ё  ҳуқуқи молу мулк (талабот)-ро медиҳад ё онро аз eҳдадории  молу мулкӣ нисбат ба худ озод менамояд.
 
Моддаи 607.  Шакли шартномаи ҳадя
  1. Ҳадя, ки бо тақдими ҳадя ба ҳадягиранда сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 — 3 ҳамин модда шифоҳӣ анxом дода шуданаш мумкин аст.
Тақдими ҳадя тавассути додани он, ба таври рамзӣ супурдани он (супурдани калид ва ғайра) ё супурдани ҳуxxатҳои муқарраркунандаи ҳуқуқ, анxом дода мешавад.
  1. Шартномаи ҳадяи амволи манқул бояд дар шакли оддии хаттӣ дар ҳолатҳои зайл баста мешавад:
1) ҳадякунанда шахси ҳуқуқӣ буда, арзиши ашёи дар шартнома қароргирифта аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад; (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
2) ҳадякунанда шаҳрванд буда, арзиши ашёи шартнома аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
  1. Шартномаи ҳадяи амволи ғайриманқул бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
 
Моддаи 608. Аз xониби ҳадягиранда рад кардани қабули ҳадя
Ҳадягиранда ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то ба e супурдани ҳадя аз он даст кашад. Дар ин ҳолат шартномаи ҳадя бастанашуда  ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 609. Манъи ҳадя
Ба истиснои тeҳфаҳои оддии дорои арзиши на он қадар баланд ҳадя иxозат дода намешавад:
1) аз xониби  ашхоси ҳуқуқӣ – ҳадяи амволе, ки ба онҳо таҳти ҳуқуқи  пешбурди хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ марбут аст;
2) аз номи атфоли хурдсол ва шаҳрвандони ғайри қобили амал эътирофгардида — аз xониби намояндагони қонунии онҳо.
 
Моддаи 610.  Маҳдуд сохтани ҳадядиҳӣ
  1. Ҳадя намудани амволе, ки таҳти моликияти муштараки умумӣ қарор дорад, танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни моликияти муштарак бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 301 ҳамин Кодекс иxозат дода мешавад.
  2. Ҳадяи ҳуқуқи марбут ба ҳадякунанда дар мавриди талабот ба шахси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 411 — 415, 417 — 419 ҳамин Кодекс анxом дода мешавад.
  3. Ҳадядиҳӣ тавассути бар ивази ҳадягиранда иxро намудани eҳдадориҳои он дар назди ашхоси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 334 ҳамин Кодекс анxом дода мешавад.
Ҳадядиҳӣ тавассути аз xониби ҳадякунанда ба зиммаи худ гузаронидани қарзи ҳадягиранда дар назди ашхоси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 420 ва 421 ҳамин Кодекс анxом дода мешавад.
  1. Ваколатнома барои анxом додани ҳадядиҳӣ аз xониби намоянда, ки дар он номи ҳадягиранда сабт нагардидааст ва мавзeи ҳадя зикр нагардидааст, қурб надорад.
 
Моддаи 611. Бекор кардани ҳадя
  1. Ҳадякунанда, агар ҳадягиранда ба ҳаёти e таxовуз карда бошад ё ба ҳаёти яке аз аъзои оилаи e ё хешу ақрабои наздики e сeиқасд карда бошад ё дидаю дониста (бадқасдона) ба ҳадякунанда зарари xисмонӣ расонида бошад, ҳуқуқ дорад ҳадядиҳиро бекор кунад.
Дар сурати дидаю дониста аз xониби ҳадягиранда аз ҳаёт маҳрум кардани ҳадякунанда ҳуқуқи дар суд  пешниҳод намудани талаби бекор кардани ҳадядиҳӣ ба ворисони ҳадякунанда марбут мебошад.
  1. Ҳадякунанда, агар муносибати ҳадягиранда бо ашёи ҳадяшуда, ки барои ҳадякунанда дорои арзиши калони ғайриамволӣ буда, боиси таҳдиди бебозгашт несту нобуд шудани он мегардад, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ бекор кардани ҳадякуниро талаб намояд.
  2. Тибқи талаби шахси манфиатдор суд метавонад ҳадядиҳиро, ки соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ бо вайрон кардани муқаррароти қонун дар бораи ғайри қобили пардохт (муфлисӣ) аз ҳисоби маблағҳое, ки вобаста ба фаъолияти соҳибкории e дар xараёни шаш моҳи то лаҳзаи чунин шахсро ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон намудан анxом додааст, бекор кунад.
  3. Дар шартномаи ҳадя мумкин аст шартҳои ҳуқуқи ҳадякунанда оиди бекор кардани ҳадя дар сурате, агар ҳадякунанда аз ҳадягиранда дарозтар умр бинад, муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 612. Оқибатҳои расонидани зарар дар натиxаи камбудии ашёи ҳадякардашуда
Зараре, ки дар натиxаи норасоии ашёи ҳадякардашуда ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шаҳрванди ҳадягиранда расонида шудааст, агар исбот карда шавад, ки ин норасоиҳо то додани ашё ба ҳадягиранда ба миён омадаанд ва ба шумули норасоиҳои ошкоро дохил намешаванд ва ҳадякунанда ҳарчанд дар маврид огоҳ буд, вале оид ба онҳо ҳадягирандаро огоҳ насохтааст, бояд аз xониби ҳадякунанда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 59 ҳамин Кодекс xуброн карда шавад.
 
Моддаи 613. Хайрия
  1. Хайрия ҳадяе эътироф мегардад, ки бо мақсадҳои манфиати умум бахшида шудааст. Хайрияро шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳолатҳои муқаррар кардаи қонун дода метавонанд.
  2. Барои қабули хайрия иxозат ё розигии касе талаб карда намешавад.
  3. Хайрияи амвол ба шаҳрванд бояд ва ба дигар ашхос мумкин аст аз xониби хайркунанда оид ба истифодаи ин амвол тибқи таъиноти муайян қайду шарт карда шавад. Ҳангоми мавxуд набудани чунин шарт хайрияи амвол ба шаҳрванд ҳамчун ҳадяи муқаррарӣ ҳисобида мешавад ва дар ҳолатҳои дигар хайрияи амвол аз xониби хайриягиранда тибқи таъиноти амвол истифода бурда мешавад.
  4. Нисбат ба хайрия моддаи 611 ҳамин Кодекс истифода бурда намешавад.
 
БОБИ 32. Таъминоти якумрӣ бо саробонӣ
Моддаи 614. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ
  1. Мувофиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ шаҳрванд ҳавлии истиқоматӣ, хона ё дигар амволи ғайриманқулеро, ки ба e тааллуқ дорад, ба моликияти пардозандаи саробон, ки eҳдадор мешавад ин шаҳрванд ва (ё) шахси сеюми нишондодаи eро якумрӣ бо саробонӣ таъмин мекунад, таҳвил медиҳад.
  2. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ метавонад ба фоидаи якчанд шаҳрванд, ки онҳо ба гирифтани ҳиссаи тахминии баробар ҳуқуқ пайдо мекунанд, баста шавад. Дар сурати фавти яке аз гирандагони таъминот ҳуқуқи гирифтани ҳиссаи таъминот ба гирандаи таъминоте, ки зинда мондааст мегузарад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад дар сурати фавти охирин гирандаи таъминот eҳдадории пардохти таъминот қатъ мегардад.
 
Моддаи 615. Шакли шартномаи таъминоти якумрӣ  бо саробонӣ
  1. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ дар шакли хаттӣ баста шуда ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда мешавад ва шартномае, ки бегона кардани амволи ғайриманқулро бо шарти таъминоти якумрӣ бо саробонӣ пешбинӣ менамояд, ҳамчунин ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  2. Риоя накардани қоидаҳои пешбиникардаи қисми якуми ҳамин модда боиси беэътибор шудани он мегардад. Чунин аҳд эътибор надорад.
 
Моддаи 616. Eҳдадорӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ
  1. Eҳдадории пардозандаи саробонӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ метавонад аз таъмини эҳтиёxот ба манзил, хeрок ва пeшок ва агар вазъи саломатии шаҳрванд талаб намояд, ҳамчунин аз нигоҳубини e иборат бошад.
Дар шартнома ҳамчунин аз тарафи пардозандаи саробонӣ пардохта шудани хароxоти хизматрасонии маросимӣ пешбинӣ шуда метавонад.
  1. Дар шартнома бояд арзиши тамоми ҳаxми таъминот бо саробонӣ муайян карда шавад. Зимнан ҳаxми умумии таъминот дар як моҳ наметавонад аз андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки бо қонун муқаррар гардидааст, камтар бошад. (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
  2. Ҳангоми ҳалли баҳси байни тарафҳо ба вуxудомада оид ба ҳаxми таъминоте, ки ба шаҳрванд расонида мешавад ё бояд расонида шавад, суд бояд қоидаҳои шартнома ё қонунро дастури амал қарор диҳад.
 
Моддаи 617. Бо пардохтҳои давра ба давра иваз намудани таъминоти якумрӣ
Дар шартнома имконияти бо пардохти пулии давра ба давра иваз намудани таъминоти молӣ бо саробонӣ пешбинӣ шуда метавонад.
 
Моддаи 618. Таваккали тасодуфан нобуд шуда ё зарар дидани амволи дода шуда
                Тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани амволи ба саробон супорида, eро аз таъмини саробонӣ озод наменамояд.
 
Моддаи 619. Радди шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ
  1. Агар дар натиxаи вайрон кардани eҳдадориҳои шартномавӣ ё тоқатнопазир гардидан ё бо сабабҳои дигари xиддӣ аз ҳад зиёд душвор гардидани муносибат тарафҳо метавонанд аз шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ даст кашанд.
  2. Агар шартнома тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад амволи тибқи шартнома супорида, дар сурати қатъ ёфтани шартнома ба саробон баргардонда мешавад ва хароxоти то қатъи шартнома барояш xуброн карда намешавад.
 
Моддаи 620. Бегона кардан ва истифода бурдани амволе, ки барои таъминоти якумрӣ  таҳвил дода шудааст
  1. Пардозандаи таъминот ҳақ дорад амволи ғайриманқулеро, ки ба e барои таъминоти якумрӣ таҳвил дода шудааст, танҳо дар сурати мавxуд будани ризоияти гирандаи таъминот бегона кунад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар истифода барад.
  2. Пардозандаи таъминот вазифадор аст ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад, ки дар давраи расонидани таъминоти якумрӣ бо саробонӣ истифодаи амволи зикршуда боиси кам шудани арзиши ин амвол нагардад.
  3. Дар сурати ба саробон додани амвол, гирандаи таъминот нисбати таъмини eҳдадорӣ ҳуқуқи ба гарав мондани ин амволро дорад.
 
Моддаи 621. Бе кор кардани шартномаи таъминоти  якумрӣ бо саробонӣ
  1. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ метавонад бо талаби тарафҳо бекор карда шавад.
  2. Дар ҳолати шартномаро куллан риоя накардани саробон, гирандаи таъминот ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаро талаб намояд.
 
Моддаи 622. Қатъи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ
  1. Eҳдадории таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ба сабаби фавти гирандаи таъминот қатъ мегардад.
  2. Дар сурати аз тарафи пардозандаи таъминот ба андозаи муҳим вайрон карда шудани eҳдадориҳои e гирандаи таъминот ҳуқуқ дорад баргардонидани амволи ғайриманқули барои таъминоти якумрӣ таҳвил дода шударо ё ба e пардохтани нархи харида гирифтани таъминотро талаб намояд. Зимнан, пардозандаи таъминот ҳуқуқ надорад xуброни хароxотеро, ки вобаста бо таъминоти гирандаи таъминот анxом дода шудааст, талаб намояд.
 
Моддаи 623. Оқибати фавти саробон
  1. Дар сурати фавти саробон eҳдадории саробонӣ ба ворисоне мегузарад, ки амволи додаро қабул кардаанд.
  2. Дар сурати аз мерос даст кашидани ворис (ворисон) амвол ба гирандаи таъминот баргардонда мешавад ва дар натиxаи ин шартнома қатъ меёбад.
 
БОБИ 33. Кироя (иxора)-и амвол
 
  1. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 624. Шартномаи кироя (иxора)-и амвол
Мувофиқи шартномаи кироя (иxора)-и амвол кироядеҳ eҳдадор мешавад, ки амволро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ ё ба истифодаи кироягир таҳвил диҳад.
 
Моддаи 625. Ҳуқуқи моликияти кироягир ба маҳсулот, меваxот ва даромад аз  амволи кироягирифташуда
Маҳсулот, меваxот ва даромадҳои дигаре, ки кироягир дар натиxаи истифодаи амволи кироягирифташуда ба даст овардааст, моликияти e мебошанд, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
 
Моддаи 626. Объектҳои кироя (иxора)-и амвол
  1. Ба кироя (иxора)-и амвол метавонанд қитъаҳои замин, канданиҳои фоиданоки умумӣ ва дигар объектҳои алоҳидаи табиӣ, корхонаҳо ва дигар маxмeъ (комлекс)-ҳои амвол, биноҳо, иншоот, таxҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёе, ки дар xараёни истифода (ашёи ғайриистеъмолӣ) онҳо хосияти аслии худро гум намекунанд, дода шаванд.
  2. Бо қонун метавонанд навъҳо (гурeҳҳо)-и корхонаҳо ва навъҳои амволе, ки ба кирояи амвол додани онҳо мумкин нест ё ба кироя додани онҳо маҳдуд карда мешавад, муқаррар карда шаванд.
 
Моддаи 627. Кироядеҳ
  1. Ҳуқуқи ба кироя (иxора) додани амвол ба молики он тааллуқ дорад.
  2. Ҳамчунин ашхосе, ки аз тарафи қонун ё молик барои ба кироя (иxора) додани амвол ваколатдор карда шудаанд, метавонанд кироядеҳ бошанд.
 
Моддаи 628. Шакли шартномаи кироя (иxора)-и амвол
  1. Шартномаи кироя (иxора)-и амвол барои мeҳлати зиёда аз як сол ва агар ҳатто яке аз тарафҳои шартнома шахси ҳуқуқӣ бошад, сарфи назар аз мeҳлат, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  2. Шартномаи кироя (иxора)-и амволи ғайриманқул, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
  3. Шартномаи кироя (иxора)-и амволе, ки гузариши минбаъдаи ҳуқуқи моликияти амволро ба кироягир пешбинӣ мекунад, дар шакле баста мешавад, ки барои шартномаи хариду фурeши чунин амвол пешбинӣ гардидааст.
 
Моддаи 629. Мeҳлати шартномаи кироя (иxора)-и амвол
  1. Шартномаи кироя (иxора)-и амвол барои мeҳлати муайяннамудаи шартнома баста мешавад.
  2. Агар дар шартнома мeҳлати кироя (иxора)-и амвол муайян нашуда бошад, шартнома барои мeҳлати номуайян басташуда ҳисоб мегардад. Зимнан, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад ҳар вақт аз шартнома сарфи назар намояд ва дар ин бобат тарафи дигарро як моҳ пеш ва ҳангоми кироя (иxора)-и амволи ғайриманқул се моҳ пеш огоҳ созад. Дар қонун ё шартнома барои огоҳ кардан аз қатъи шартномаи кироя (иxора)-и амвол, ки барои мeҳлати номуайян баста шудааст, мeҳлати дигар муқаррар карда шуда метавонанд.
  3. Дар қонун метавонанд барои навъҳои алоҳидаи кироя (иxора)-и амвол, ҳамчунин барои навъҳои алоҳидаи амвол мeҳлатҳои ҳадди аксар (ниҳоӣ)-и шартнома муқаррар карда шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар дар шартнома мeҳлати кироя (иxора) муайян нашуда бошад ва ягон тарафи аз шартнома то хотимаи мeҳлати ниҳоии шартнома, ки қонун муқаррар намудааст, сарфи назар накарда бошад, шартнома баъди хотимаи мeҳлати ниҳоӣ қатъ мегардад.
Шартномаи кироя (иxора)-и чунин амволе, ки барои мeҳлати зиёда аз мeҳлати ниҳоии муқаррарнамудаи қонун баста шудааст, барои мeҳлати баробар бо мeҳлати ниҳоӣ басташуда ҳисоб мешавад.
 
Моддаи 630. Ба кироягир додани амвол
  1. Кироядеҳ вазифадор аст амволро ба кироягир дар ҳолате, ки бо шартҳои шартнома ва таъиноти амвол мутобиқ бошад, диҳад.
  2. Амвол ба кироя якxоя бо ҳамаи лавозим ва ҳуxxатҳои марбут ба он (паспорти техникӣ, сертификати сифат ва ғайра), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дода мешавад.
Агар чунин лавозим ва ҳуxxатҳо дода нашуда бошанд ва кироягир бе онҳо амволро мутобиқи таъиноти он истифода бурда натавонад ё ба дараxаи муҳим аз он шароите, ки ҳангоми бастани шартнома ба онҳо ҳақ дошт, маҳрум монад, e метавонад аз кироядеҳ додани чунин лавозим ва ҳуxxатҳо ё бекор кардани шартнома, ҳамчунин xуброни зарарро талаб намояд.
  1. Агар кироядеҳ амволи ба кироя додашударо дар мeҳлати дар шартнома зикршуда ба кироягир надиҳад ва агар дар шартнома чунин мeҳлат зикр нашуда бошад, кироягир дар мeҳлати қобили қабул ҳуқуқ дорад аз кироядеҳ ин амволро мутобиқи моддаи 429 ҳамин Кодекс дархост намояд ё бекор кардани шартномаро талаб кунад.
 
Моддаи 631. Масъулияти кироядеҳ барои камбудиҳои амволи ба кироя додашуда
  1. Кироядеҳ барои камбудиҳои амволи ба кироя додашуда, ки монеи истифодаи пурра ё қисмии он мегарданд, ҳатто агар ҳангоми бастани шартнома e дар бораи ин камбудиҳо надониста бошад ҳам, xавобгар аст.
Ҳангоми ошкор гардидани чунин камбудиҳо кироягир ҳақ дорад бо интихоби худ ё бепул бартараф намудани камбудиҳои амвол ё мутаносибан кам кардани музди кироя ё xуброн намудани хароxоти вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои амвол ё бевосита кам кардани маблағи хароxоти анxомдодаи eро доир ба бартараф сохтани ин камбудиҳо аз музди истифодаи амвол талаб намояд ва дар ин бобат кироядеҳро пешакӣ огоҳ кунад ё пеш аз мeҳлат бекор кардани шартномаро талаб намояд.
  1. Кироядеҳе, ки дар бораи талаби кироягир ё нияти e доир ба бартараф кардани камбудиҳои амвол аз ҳисоби кироягир огоҳонида шудааст, метавонад бетаъхир амволи ба кироя додашударо бо дигар амволи ҳаммонанде, ки дар ҳолати дуруст қарор дорад, иваз кунад ё камбудиҳои амволро ройгон бартараф намояд.
  2. Агар қонеъ сохтани талаботи кироягир ё аз тарафи e аз музди истифодаи амвол нигоҳ доштани хароxот барои бартараф намудани камбудиҳо зарари ба кироягир расидаро пeшонида натавонад, e ҳақ дорад, ки xуброни қисми пардохтанашудаи зарарро талаб намояд.
  3. Кироядеҳ барои он камбудиҳои амволи ба кироя додашуда, ки ҳангоми бастани шартнома зикр шуда буданд ё қаблан ба кироягир маълум буданд ё мебоист аз тарафи e ҳангоми муоинаи амвол ё тафтиши дурусти он ҳангоми бастани шартнома ё ба кироя (иxора) додани амвол ошкор карда мешуданд, xавобгар намебошад.
 
Моддаи 632. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба амволе, ки ба кироя (иxора) дода мешавад
Ба кироя (иxора) дода шудани амвол боиси қатъ гардидан ё тағйир ёфтани ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ин амвол намегардад.
Ҳангоми бастани шартнома кироядеҳ вазифадор аст кироягирро оид ба ҳамаи ҳуқуқи ашхоси сеюм ба амволи ба кироя (иxора) додашаванда (сервитут, ҳуқуқи гарав ва ғайра) огоҳ намояд. Иxро накардани ин қоида ба кироягир ҳуқуқ медиҳад, ки кам кардани музди истифодаи амвол ё бекор кардани шартнома ва xуброни зарарро талаб намояд.
 
Моддаи 633. Музди истифодаи амвол
  1. Кироягир вазифадор аст, ки музди истифодаи амволро сари вақт пардозад.
Тартиб, шартҳо ва мeҳлатҳои пардохти музд дар шартнома муайян карда мешаванд. Дар ҳолатҳое ки агар онҳо дар шартнома муайян нашуда бошанд, чунин ҳисобида мешавад, ки тартиб, шартҳо ва мeҳлатҳое, ки маъмулан ҳангоми кирояи амволи ҳаммонанд ва дар ҳолатҳои муқоисашаванда истифода мегарданд, муқаррар карда шудаанд.
  1. Музд барои тамоми амволи ба кироя гирифташуда дар маxмeъ ё аз рeи ҳар як қисми таркибии он алоҳида дар шакли зерин муқаррар карда мешавад:
1) маблағи муайяни устувор гардида, ки давра ба давра ё якбора пардохта мешавад;
2) ҳиссаи муқарраргардидаи маҳсулот, меваxот ё даромадҳое, ки дар натиxаи истифодаи амволи ба кироя гирифташуда ба даст омадаанд;
3) аз тарафи кироягир расонида шудани хизматҳои муайян;
4) аз тарафи кироягир ба моликият ё кирояи кироядеҳ таҳвил дода шудани ашёи дар шартнома зикргардида;
5) ба зиммаи кироягир вогузор кардани хароxоти дар шартнома зикргардида оид ба беҳтар намудани амволи ба кироя гирифташуда.
Тарафҳо метавонанд дар шартнома шаклҳои мувофиқи зикршудаи музди истифодаи амвол ё шаклҳои дигари пардохтро пешбинӣ намоянд.
  1. Андозаҳои музди истифодаи амвол метавонанд бо созиши тарафҳо дар мeҳлатҳои дар шартнома пешбинигардида, аммо на бештар аз як бор дар сол тағйир дода шаванд. Дар қонун дигар мeҳлатҳои ҳадди ақал xиҳати аз нав дида баромадани андозаи музд барои навъҳои алоҳидаи кирояи амвол, ҳамчунин барои навъҳои алоҳидаи амвол пешбинӣ шуда метавонанд.
  2. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад, ки агар бо сабабҳои берун аз масъулияти e шароити истифодаи дар шартнома пешбинигардида ё ҳолати амвол ба андозаи муҳим бад шуда бошад, мутобиқан кам кардани муздро талаб намояд.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати аз тарафи кироягир ба андозаи муҳим вайрон карда шудани мeҳлатҳои пардохти музди истифодаи амвол кироядеҳ ҳақ дорад, ки аз e пеш аз мeҳлат пардохтани муздро дар мeҳлати муқаррарнамудаи кироядеҳ талаб намояд. Зимнан, кироядеҳ ҳақ надорад, ки пеш аз мeҳлат пардохтани муздро барои на зиёда аз ду мeҳлат паи ҳам талаб намояд.
 
Моддаи 634. Истифодаи амволи ба кироя (иxора) гирифташуда
  1. Кироягир вазифадор аст, ки амволро мутобиқи шартҳои шартнома ва агар чунин шартҳо дар шартнома муайян нашуда бошанд, мутобиқи таъиноти амвол истифода намояд.
  2. Агар дар Кодекс, дигар қонунҳо ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя (иxора) гирифташударо ба зеркироя (кирояи фаръӣ) супорад, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои худро аз рeи шартномаи кироя (иxора) ба шахси дигар вогузор намояд (кирояи такрорӣ), амволи кирояро ройгон ба истифода диҳад, ҳамчунин ҳуқуқи ба гаравмониро ва гузашткуниро ва онҳоро ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва xамъиятҳои хоxагидорӣ ё ҳиссаи дохилшавӣ ба коопреативи истеҳсолӣ гузорад. Агар дар қонун ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, нисбати шартномаи зеркироя қоидаҳои шартномаи кирояи амвол татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зикршуда, ба истиснои кирояи такрорӣ, масъулият аз рeи шартнома ба зиммаи кироягир мебошад.
Шартномаи зеркироя набояд аз мeҳлати шартномаи кироя зиёдтар баста шавад.
Нисбати шартномаи зеркироя агар дар қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқи тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, қоидаҳо оид ба шартномаи кироя татбиқ мегардад.
  1. Агар кироягир сарфи назар аз огоҳии кироядеҳ амволро мутобиқи шартҳои шартнома ё таъиноти он истифода набарад, он гоҳ  кироядеҳ ҳуқуқ дорад, ки бекор кардани шартнома ва xуброни зарарро  талаб намояд.
 
Моддаи 635. Аз тарафи кироягир ихтиёрдорӣ кардани амвол
Агар тибқи қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя гирифташударо ба зеркироя (иxораи фаръӣ) диҳад, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои худро аз рeи шартномаи кироя ба шахси дигар вогузор намояд (кирояи такрорӣ), амволи ба кироя гирифташударо ба истифодаи ройгон диҳад, ҳамчунин ин ҳуқуқро ба гарав гузорад ва онҳоро ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва xамъиятҳои хоxагидорӣ ё ҳиссаи дохилшави ба кооперативи истеҳсолӣ гузорад. Дар ҳолатҳои зикршуда, ба истиснои кирояи такрорӣ, масъулият аз рeи шартнома ба зиммаи кироягир мебошад.
Шартнома дар бораи ба ашхоси дигар таҳвил додани амвол наметавонад барои мeҳлати зиёда аз мeҳлати шартномаи кироя баста шавад.
Ба шартномаи зеркироя, агар тибқи қонунгузорӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, қоидаҳои шартномаи кирояи амвол истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 636. Eҳдадориҳои кироядеҳ дар мавриди нигаҳдории амвол
  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироядеҳ вазифадор аст, ки таъмири асосии амволи ба кироя додашударо аз ҳисоби худ анxом диҳад.
  2. Кироядеҳ вазифадор аст аз ҳисоби худ таъмиреро, ки онро зарурати ногузир тақозо мекунад ва бо сабабҳое, ки кироягир барои онҳо xавобгар нест, ба вуxуд омадааст, анxом диҳад.
  3. Таъмири асосӣ бояд дар мeҳлати муқаррарнамудаи шартномаи кирояи амвол ва агар чунин мeҳлат дар шартнома муайян нашуда бошад ё зарурати ногузир ба вуxуд омада бошад, дар мeҳлати қобили қабул анxом дода шавад.
  4. Аз тарафи кироядеҳ вайрон карда шудани eҳдадорӣ оид ба анxом додани таъмири асосӣ ба кироягир ҳуқуқ медиҳад, ки ё таъмири асосии дар шартнома пешбинигардида ё бо сабаби зарурати ногузир бавуxудомадаро анxом дода, аз кироядеҳ арзиши таъмирро рeёнад ё онро ба ҳисоби музди кирояи амвол дохил кунад ва ё мутобиқан кам кардани ин музд ё бекор кардани шартномаро талаб намояд.
 
Моддаи 637. Eҳдадориҳои кироягир доир ба  нигаҳдории амволи ба кироя  гирифташуда
Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, кироягир вазифадор аст, ки амволро дар ҳолати дуруст нигаҳ дорад, аз ҳисоби худ таъмири xориро анxом диҳад ва хароxоти нигаҳдории амволро ба зимма дошта бошад.
 
Моддаи 638.  Нигоҳ доштани эътибори шартномаи кирояи амвол дар сурати тағйир  ёфтани тарафҳо
  1. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликияти амволи ба кироя додашуда барои тағйир ёфтан ё бекор кардани шартномаи кирояи амвол асос намебошад.
  2. Дар сурати фавти шаҳрванде, ки кироягири амволи ғайриманқул мебошад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои e аз рeи шартномаи кирояи ин амвол ба меросхeр мегузаранд.
Кироядеҳ ба истиснои ҳолатҳое, ки бастани шартнома бо сифатҳои шахсии кироягир вобаста буд, ҳақ надорад, ки ба шартнома дохил шудани чунин меросхeрро барои мeҳлати боқимондаи амали шартнома рад намояд.
 
Моддаи 639. Қатъи шартномаи зеркироя ҳангоми пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартномаи кирояи амвол
  1. Агар дар шартномаи кирояи амвол чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартномаи кирояи амвол боиси қатъ гардидани шартномаи зеркирояи мутобиқи он басташуда мегардад.
  2. Агар шартномаи кирояи амвол аз рeи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс қурб надошта бошад, шартномаҳои мутобиқи он басташудаи зеркироя низ қурб надорад.
 
Моддаи 640. Пеш аз мeҳлат қатъ намудани шартнома бо талаби кироядеҳ
  1. Бо талаби кироядеҳ шартномаи кирояи амвол метавонад аз тарафи суд дар ҳолатҳое, қатъ карда шавад, ки агар кироягир:
1) амволро бо ба андозаи муҳим вайрон кардани шартҳои шартнома ё таъиноти амвол ё худ бо вуxуди огоҳии хаттии кироядеҳ бо вайрон кардани чандинкарата истифода намояд;
2) амволро ба андозаи муҳим бад гардонад;
3) зиёда аз ду дафъа паиҳам баъди хатми мeҳлати пардохти муқарраркардаи шартнома музди истифодаи амволро напардозад;
4) дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи кироя ва дар сурати мавxуд набудани онҳо дар шартнома дар мeҳлатҳои қобили қабул дар ҳолатҳое ки агар мутобиқи қонун ё шартнома eҳдадории таъмири асосӣ ба зиммаи кироягир бошад, таъмири асосии амволро анxом надиҳад.
Дар шартномаи кирояи амвол барои пеш аз мeҳлат қатъ гардонидани шартнома бо талаби кироядеҳ тибқи қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс метавонанд асосҳои дигар низ муқаррар карда шаванд.
  1. Кироядеҳ ҳақ дорад пеш аз мeҳлат қатъ намудани шартномаро танҳо баъди ба кироягир додани имконияти қобили қабули иxрои eҳдадории e талаб намояд.
 
Моддаи 641. Пеш  аз  мeҳлат  қатъ шудани шартнома бо талаби кироягир
Бо талаби кироягир шартномаи кирояи амвол метавонад аз тарафи суд дар ҳолатҳое қатъ карда шавад, ки агар:
1) кироядеҳ амволро ба истифодаи кироягир надиҳад ё барои истифодаи амвол мутобиқи шартҳои шартнома ё таъиноти амвол монеа ба вуxуд орад;
2) амволи ба кироягир додашуда камбудиҳои барои истифодаи он монеъшавандае дошта бошад, ки ҳангоми бастани шартнома аз тарафи кироядеҳ зикр карда нашудаанд, ба кироягир қаблан маълум набуданд ва дар вақти муоинаи амвол ё тафтиши дурустии он ҳангоми бастани шартнома наметавонистанд аз тарафи кироягир ошкор карда шаванд;
3) кироядеҳ дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома ва дар сурати мавxуд набудани онҳо дар шартнома — дар мeҳлатҳои қобили қабул eҳдадории ба зиммаи e гузошташударо доир ба таъмири асосии амвол иxро нанамояд;
4) амвол бо сабабҳое, ки барои онҳо кироягир xавобгар нест, ба ҳолати ғайри қобили истифода расида бошад.
Дар шартномаи кирояи амвол  барои пеш аз мeҳлат қатъ гардонидани шартнома бо талаби кироягир тибқи қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс метавонанд асосҳои дигар низ муқаррар карда шаванд.
 
Моддаи 642.  Ҳуқуқи афзалиятнокии кироягир ба бастани шартнома барои мeҳлати нав
  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягире, ки eҳдадориҳои худро ба таври лозима иxро мекунад, баъди хотимаи мeҳлати шартнома дар сурати шароити дигари баробар ба бастани шартномаи кирояи амвол барои мeҳлати нав нисбат ба дигар ашхос ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Кироягир вазифадор аст, ки ба кироядеҳ дар бораи хоҳиши бастани чунин шартнома дар мeҳлати дар шартномаи кирояи амвол зикршуда ва агар дар шартнома чунин мeҳлат зикр нашуда бошад, дар мeҳлати қобили қабул, то хотимаи эътибори шартнома ба таври хаттӣ хабар диҳад.
Ҳангоми бастани шартномаи кирояи амвол барои мeҳлати нав шартҳои шартнома метавонанд бо созиши тарафҳо тағйир дода шаванд.
  1. Агар кироягир истифодаи амволро баъди хотимаи мeҳлати шартнома ҳангоми мавxуд набудани эътироз аз тарафи кироядеҳ идома диҳад, шартнома бо ҳамон шартҳо барои мeҳлати номуайян навшуда (моддаи 629) ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 643. Баргардонидани амвол ба кироядеҳ
  1. Ҳангоми қатъи шартномаи кирояи амвол кироягир вазифадор аст амволро дар ҳамон ҳолате, ки онро гирифта буд, бо назардошти фарсоиши мeътадил ё бо ҳолате, ки дар шартнома зикр гардидааст, ба кироядеҳ баргардонад.
  2. Агар кироягир амволи ба кироя гирифташударо ба кироядеҳ барнагардонад ё сари вақт барнагардонидааст, кироядеҳ ҳуқуқ дорад пардохтро барои истифодаи амвол барои тамоми давраи гузаронидашуда талаб намояд. Дар ҳолати зарари хароxоти кироядеҳро напeшондани маблағи мазкур e ҳуқуқ дорад пардохти онро талаб намояд.
Дар сурате ки агар барои сари вақт барнагардонидани амволи ба кироя гирифташуда  дар шартнома ноустуворона пешбинӣ шуда бошад,  агар дар шартнома  тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, зарар метавонад дар ҳаxми пурраи зиёда аз ноустуворона ситонида шавад.
 
Моддаи 644. Беҳтарсозии алоҳидаи амволи ба кироя гирифташуда
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, корҳои беҳтарсозии алоҳидаи амволе, ки кироягир анxом додааст, моликияти шахсии e ба ҳисоб меравад.
  2. Дар ҳолате ки агар кироягир аз ҳисоби маблағҳои худ ва бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя гирифташударо бе расонидани зарар ба он беҳтар карда бошад, кироягир баъди қатъи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба xуброни арзиши чунин беҳтаркунӣ ҳақ дорад.
  3. Арзиши беҳтарсозиҳои xудонашавандаи амвол, ки аз тарафи кироягир бидуни ризоияти кироядеҳ анxом дода шудаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, xуброн карда намешавад.
  4. Беҳтарсозиҳои ҳам xудошаванда ва ҳам xудонашавандаи амвол, ки аз ҳисоби маблағxудокуниҳои фарсоиш аз ин амвол анxом дода шудаанд, моликияти кироядеҳ мебошанд.
 
Моддаи 645. Харида гирифтани амволи ба кироя гирифташуда
  1. Дар шартномаи кирояи амвол пешбинӣ шуда метавонад, ки амволи ба кироя гирифташуда баъди хотимаи мeҳлати кирояи амвол ё то хотимаи он ба шарти аз тарафи кироягир пардохта шудани тамоми нархи дар шартнома зикргардидаи харида гирифтан ба моликияти кироягир мегузарад.
  2. Агар шарти харида гирифтани амволи ба кироя гирифташуда дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад, он метавонад бо созиши иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бораи ба нархи харида гирифтани амвол ҳисоб кардани музди пештар пардохташудаи истифодаи амвол аҳд намоянд, муқаррар карда шавад.
  3. Муќаррароти ќисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба шартномаи иҷораи амволи давлатї паҳн намегарданд.
  4. Қонун метавонад ҳолатҳои манъи харида гирифтани амволи ба кироя гирифташударо муқаррар намояд.
  5. Ба муносибатҳои тарафҳо оид ба шартномаи харида гирифтани молу мулки ба кироя гирифташуда ќоидаҳои иҷораи молиявї (лизингї), ба истиснои муќаррароте, ки ба фурўшандаи мавзўи лизинг дахл дорад, татбиќ мегарданд. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
 
Моддаи 646. Хусусиятҳои навъҳои алоҳидаи кирояи амвол ва кирояи навъҳои  алоҳидаи амвол
Ба навъҳои алоҳидаи шартномаи кирояи амвол ва шартномаҳои навъҳои алоҳидаи амвол (прокат, иxораи воситаҳои нақлиёт, иxораи корхонаҳо, иxораи молиявӣ), агар дар қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, муқаррароти дар ҳамин зербоб пешбинишуда истифода мегарданд.
 
  1. Киро (Прокат)
Моддаи 647. Шартномаи киро (прокат)
  1. Аз рeи шартномаи киро (прокат) кироядеҳе, ки амволро ҳамчун объекти фаъолияти доимии соҳибкорӣ ба киро медиҳад, eҳдадор мешавад, ки амволи манқулро пулакӣ ба кирогир барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ таҳвил диҳад.
Амволе, ки аз рeи шартномаи киро (прокат) таҳвил дода шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ  нагардида бошад ё аз моҳияти eҳдадорӣ барнаояд, барои мақсадҳои эҳтиёxоти матлуботӣ истифода бурда мешавад.
  1. Шартномаи киро (прокат) дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Шартномаи киро (прокат) оммавӣ мебошад (моддаи 458).
 
Моддаи 648. Мeҳлати шартномаи киро (прокат)
  1. Шартномаи киро (прокат) барои мeҳлати то як сол баста мешавад.
  2. Қоидаҳои нав кардани шартномаи кирои амвол барои мeҳлати номуайян ва ҳуқуқи афзалиятноки кирогир барои нав кардани шартномаи амвол (моддаи 642) ба шартномаи киро (прокат) татбиқ намешаванд.
  3. Кирогир ҳақ дорад, ки киродеҳро дар мeҳлати на камтар аз 10 рeз пеш ба таври хаттӣ огоҳ карда, шартномаи киро (прокат)-ро ҳар вақт рад намояд.
 
Моддаи 649. Ба кирогир додани амвол
Киродеҳе, ки шартномаи киро (прокат)-ро мебандад, вазифадор аст дар ҳузури кирогир дурустии амволи ба киро додашавандаро санxад, ҳамчунин кирогирро бо қоидаҳои истифодабарии амвол шинос намояд ё ба e дар бораи истифодабарии ин амвол дастури хаттӣ диҳад.
 
Моддаи 650. Бартараф намудани камбудиҳои  амволи ба киро додашуда
  1. Дар сурати аз тарафи кирогир ошкор гардидани камбудиҳои амволи ба киро додашуда, ки истифодаи онро пурра ё қисман ғайриимкон месозанд, киродеҳ вазифадор аст аз рeзи арзи кирогир дар бораи камбудиҳо дар мeҳлати даҳ рeз, агар дар шартнома мeҳлати кeтоҳтар муқаррар нашуда бошад, камбудиҳои амволро дар xояш ройгон бартараф намояд ё амволи додашударо бо дигар амволи ҳаммонанде, ки дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад, иваз кунад.
  2. Агар камбудиҳои амволи ба киро додашуда дар натиxаи аз тарафи кирогир вайрон карда шудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигаҳдории амвол ба вуxуд омада бошанд, кирогир ба киродеҳ арзиши таъмир ва интиқоли амволро мепардозад.
 
Моддаи 651. Музди истифодаи амвол
  1. Музди истифодаи амвол аз рeи шартномаи киро (прокат) дар шакли маблағи муайяне, ки давра ба давра ё якбора пардохта мешавад, муқаррар мегардад.
  2. Дар ҳолати аз тарафи кирогир пеш аз мeҳлат баргардонида шудани амвол киродеҳ ба e қисми дахлдори музди барои истифодаи амвол гирифтаашро бо баҳисобгирӣ аз ҳамон рeзе, ки баъди рeзи баргардонидани воқеии амвол фаро мерасад, бармегардонад.
  3. Аз кирогир рeёнидани қарзи пардохти музди кирои амвол бо тартиби бебаҳс дар асоси санади иxроияи нотариус анxом дода мешавад.
 
Моддаи 652. Истифодаи амволи ба киро  гирифташуда
  1. Таъмири асосӣ ва xории амволи мувофиқи шартномаи киро (прокат) додашуда вазифаи киродеҳ мебошад.
  2. Ба зеркиро додани амволе, ки мувофиқи шартномаи киро (прокат) ба кирогир дода шудааст, аз тарафи кирогир ба шахси дигар вогузор гардидани ҳуқуқу eҳдадориҳои e мувофиқи шартномаи киро (прокат), ба гарав гузоштани ҳуқуқи кирогир ва чун ҳиссаи амволӣ ба ширкатҳо ва xамъиятҳои хоxагидорӣ, ба сифати ҳаққи дохилшавӣ ба кооперативҳои истеҳсолӣ гузоштани ин ҳуқуқ мумкин нест.
 
  1. Иxораи воситаҳои нақлиёт
  2. Иxораи воситаи нақлиёт бо хизматрасонӣ дар мавриди идоракунӣ ва
истифодабарии техникӣ
 
Моддаи 653. Шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж
  1. Аз рeи шартномаи иxора воситаи нақлиёт бо экипаж иxорадеҳ вазифадор аст воситаи нақлиётро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии иxорагир диҳад ва бо қувваи худ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии он хизмат расонад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб доир ба нав кардани шартномаи иxора барои мeҳлати номуайян ва ҳуқуқи афзалиятноки иxорагир ба нав кардани шартномаи иxора (моддаи 642) ба шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж татбиқ намегарданд.
 
Моддаи 654. Шакли шартномаи иxораи воситаи  нақлиёт
Шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж сарфи назар аз мeҳлати он бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Ба шартномаи иxораи воситаи нақлиёт қоидаҳои қисми дуюми моддаи 628 ҳамин Кодекс дар бораи бақайдгирии шартномаҳои иxора татбиқ намегарданд.
 
Моддаи 655. Eҳдадории иxорадеҳ оид ба нигоҳдории воситаи нақлиёт
Иxорадеҳ eҳдадор аст дар давоми тамоми мeҳлати амали шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж ҳолати лозимии воситаи нақлиёти ба иxора додашударо нигоҳ дорад, ҳамчунин таъмири xорӣ ва асосӣ ва расонидани лавозимоти заруриро анxом диҳад.
 
Моддаи 656. Eҳдадориҳои иxорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт
  1. Хизматҳое, ки ба иxорагир аз тарафи иxорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёт расонида мешаванд, бояд истифодабарии мeътадил ва бехатари онро тибқи мақсадҳои дар шартнома зикршудаи иxора таъмин намоянд. Дар шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж метавонанд доираи боз ҳам васеътари хизматҳое, ки ба иxорагир расонида мешаванд, пешбинӣ гарданд.
  2. Ҳайати экипажи воситаи нақлиёт ва сатҳи ихтисоси он бояд ба қоидаҳои барои тарафҳо ҳатмӣ ва шартҳои шартнома ва агар дар қоидаҳо барои тарафҳо чунин талаботи ҳатмӣ муқаррар нашуда бошанд, ба талаботи амалияи маълуми истифодабарии воситаи нақлиёти навъи додашуда ва шартҳои шартнома xавобгeй бошад.
  3. Аъзои экипаж муносибатҳои меҳнатии худро бо иxорадеҳ нигоҳ медоранд. Онҳо ба амрҳои иxорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ ва ба амрҳои иxорагир дар бобати истифодабарии тиxоратии воситаи нақлиёт итоат мекунанд.
  4. Агар дар шартномаи иxора тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароxот доир ба пардохти хизматҳои аъзои экипаж, ҳамчунин хароxоти нигоҳдории онҳо ба зиммаи иxорадеҳ мебошад.
 
Моддаи 657. Eҳдадории иxорагир доир ба пардохти хароxоте, ки бо истифодабарии тиxоратии воситаи нақлиёт вобаста мебошад
Агар дар шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароxоти пардохти сeзишворӣ ва дигар маводи дар xараёни истифодабарӣ сарфшаванда, пардохти боxҳо ва дигар хароxоте, ки вобаста бо истифодабарии тиxоратии воситаи нақлиёт ба вуxуд меоянд, ба зиммаи иxорагир мебошанд.
 
Моддаи 658. Суғуртаи воситаи нақлиёт
Агар дар шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, eҳдадории суғурта кардани воситаи нақлиёт ва (ё) суғурта кардани xавобгарӣ барои зараре, ки метавонад аз тарафи иxорагир дар xараёни истифодабарӣ расонида шавад, дар ҳолатҳое ба зиммаи иxорагир гузошта мешавад, ки чунин суғуртакунӣ мувофиқи қонун ё шартнома ҳатмӣ бошад.
 
Моддаи 659.  Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодаи воситаи нақлиёт
  1. Агар дар шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорагир ҳуқуқ дорад бе ризоияти иxорадеҳ воситаи нақлиётро ба зериxора диҳад.
  2. Иxорагир дар доираи анxом додани истифодабарии тиxоратии воситаи нақлиёти ба иxора гирифташуда ҳуқуқ дорад бе ризоияти иxорадеҳ бо ашхоси сеюм аз номи худ шартномаҳои ҳамлу нақл ё дигар шартномаҳо бандад, агар онҳо хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёт, ки дар шартномаи иxора зикр шудаанд ва дар сурате ки чунин мақсадҳо муқаррар нашудаанд, мухолифи таъиноти воситаи нақлиёт набошанд.
 
Моддаи 660. Xавобгарӣ барои зараре, ки ба воситаи нақлиёт расонида шудааст
Дар сурати нобудшавӣ ё зарар дидани воситаи нақлиёт, агар иxорадеҳ исбот кунад, ки нобудшавӣ ё зарар дидани воситаи нақлиёт бо сабабҳое ба вуxуд омадаанд, ки барои онҳо иxорагир тибқи қонун ё шартнома xавобгар аст, иxорагир eҳдадор аст ба иxорадеҳ зарари расидаро xуброн намояд.
 
Моддаи 661. Xавобгарӣ барои зараре, ки воситаи нақлиёт расонидааст
Xавобгарӣ барои зараре, ки ба ашхоси сеюм тавассути воситаи нақлиётӣ, механизмҳо, таxҳизот, дастгоҳҳои он ва ғайра расонида шудааст, тибқи қоидаҳои боби 55 ҳамин Кодекс ба зиммаи иxорагир аст.
 
Моддаи 662. Мушаххасоти иxораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт
  1. Мушаххасоти иxораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт бо расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ, ғайр аз мушаххасоте, ки дар ҳамин зербоб пешбинӣ шудаанд, метавонанд тибқи қонун муқаррар карда шаванд.
  2. Иxораи воситаи нақлиёт бе хизматрасонӣ аз тарафи иxорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ.
 
Моддаи 663. Шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж
  1. Аз рeи шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж иxорадеҳ ба иxорагир воситаи нақлиётро пулакӣ, бидуни расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии он ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ медиҳад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб дар бораи нав кардани шартномаи иxора барои мeҳлати номуайян ва ҳаққи афзалиятноки иxорагир оид ба нав кардани шартномаи иxора (моддаи 642) ба шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж татбиқ намегарданд.
 
Моддаи 664. Шакли шартномаи иxораи воситаи  нақлиёт
Шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж сарфи назар аз мeҳлати он бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.  Ба шартномаи иxораи воситаи нақлиёт қоидаҳои қисми дуюми моддаи 628 ҳамин Кодекс дар бораи бақайдгирии шартномаҳои иxора истифода намешаванд.
 
Моддаи 665. Eҳдадории иxорагир доир ба  нигоҳдории воситаи нақлиёт
Иxорагир вазифадор аст дар давоми тамоми мeҳлати амали шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж ҳолати лозимии воситаи нақлиётро нигоҳ дорад, аз Ҷумла таъмири xорӣ, ҳамчунин агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таъмири асосиро анxом диҳад.
 
Моддаи 666. Eҳдадории иxорагир дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт
Иxорагир бо қувваи худ идоракунии воситаи нақлиёти ба иxора гирифташуда, ҳамчунин истифодабарии тиxоратӣ ва техникии онро анxом медиҳад.
 
Моддаи 667. Eҳдадории иxорагир дар бобати пардохти хароxоти нигоҳдории
воситаи нақлиёт
Агар дар шартномаи иxораи воситаи нақлиёт бе экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароxоти нигоҳдории воситаи нақлиёти ба иxора гирифташуда, суғурта кардани он, аз Ҷумла суғуртаи xавобгарии иxорагир, ҳамчунин хароxоти вобаста бо истифодабарии воситаи нақлиёт ба зиммаи иxорагир мебошад.
 
Моддаи 668. Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодабарии воситаи нақлиёт
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорагир ҳуқуқ дорад воситаи нақлиёти ба иxора гирифташударо бо шартҳои шартномаи иxора бо экипаж ё бе экипаж бо ризоияти иxорадеҳ ба зериxора диҳад.
  2. Иxорагир ҳуқуқ дорад, ки бидуни ризоияти иxорадеҳ бо ашхоси сеюм аз номи худ шартномаҳои ҳамлу нақл ва дигар шартномаҳо бандад, агар онҳо хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёти дар шартномаи иxора зикршуда набошанд ва дар сурате ки чунин мақсадҳо муқаррар нашудаанд, мухолифи таъиноти воситаи нақлиёт набошанд.
 
Моддаи 669. Xавобгарӣ барои зараре, ки тавассути воситаи нақлиёт расонида шудааст
Xавобгарӣ барои зараре, ки ба ашхоси сеюм тавассути воситаи нақлиёт, механизмҳо, таxҳизот, дастгоҳҳои он ва ғайра расонида шудааст, тибқи қоидаҳои боби 55 ҳамин Кодекс ба зиммаи иxорагир аст.
 
Моддаи 670. Хусусиятҳои иxораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт
Хусусиятҳои иxораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт бидуни расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ, ғайр аз хусусиятҳое, ки дар ҳамин зербоб пешбинӣ шудаанд, метавонад бо қонун муқаррар карда шаванд.
 
  1. Иxораи биноҳҳо ва иншоот
Моддаи 671. Шартномаи иxораи бино ё  иншоот
  1. Аз рeи шартномаи иxораи бино ё иншоот иxорадеҳ eҳдадор мегардад, ки бино ё иншоотро ба ихтиёрдории муваққатӣ ва истифода ё истифодаи муваққатии иxорагир диҳад.
  2. Қоидаҳои ҳамин зербоб ба иxораи корхонаҳо, агар дар қоидаҳои ҳамин Кодекс доир ба иxораи корхона тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 672. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иxораи бино ё иншоот
  1. Шартномаи иxораи бино ё иншоот дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуxxати аз xониби тарафҳо (қисми 2 моддаи 466) имзошуда баста мешавад.
Риоя накардани шакли шартномаи иxораи бино ё иншоот боиси беэътибор дониста шудани он мегардад.
  1. Шартномаи иxораи бино ё иншооте, ки барои мeҳлати на камтар аз як сол баста шудааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад ва аз лаҳзаи бақайдгирӣ басташуда дониста мешавад.
 
Моддаи 673. Ҳуқуқ ба қитъаи замине, ки бино ё иншооти иxорагирифта дар он xойгир аст
  1. Аз рeи шартномаи иxораи бино ё иншоот ҳамзамон бо таҳвили ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифодаи чунин амволи ғайриманқул ба иxорагир ҳамчунин ҳуқуқ ба он қисми қитъаи замине, ки таҳти он амволи ғайриманқул қарор дорад ва барои истифодаи он зарур мебошад, таҳвил дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки иxорадеҳ истифодабарандаи қитъаи замине мебошад, ки бино ё иншооти ба иxора додашаванда дар он қарор дорад, ба иxорагир ҳуқуқи иxора ё дигар ҳуқуқи дар шартномаи иxораи бино ё иншоот пешбинигардида ба қитъаи замини дахлдор таҳвил дода мешавад.
Агар дар шартнома ҳуқуқи ба иxорагир додашаванда ба қитъаи дахлдори замин муайян нагардида бошад, ба e ҳуқуқи истифодаи ҳамон қитъаи замине, ки таҳти бино ё иншоот қарор дорад ва барои мутобиқи таъинот истифода бурдани ин амволи ғайриманқул зарур мебошад, мегузарад.
 
Моддаи 674. Ҳуқуқи  истифодаи қитъаи замин ҳангоми ба иҷора додани бино ва иншоот
Ҳангоми ба иҷора додани бино ё иншоот ҳуқуқи истифодаи қитъаи замине, ки онро бино ё иншоот ишѓол кардааст ба иxорагир то ба анҷом расидани мўҳлати иҷораи бино ё иншоот дода мешавад.
 
Моддаи 675. Андозаи музди иxора
  1. Дар шартномаи иxораи бино ё иншоот бояд андозаи музди иxора пешбинӣ карда шавад. Дар сурати мавxуд набудани шартҳои дар шакли хаттӣ мувофиқанамудаи тарафҳо дар бораи андозаи музди иxора, шартномаи иxораи бино ё иншоот басташуда ба ҳисоб намеравад. Дар ин сурат қоидаҳои муайян кардани нарх, ки дар қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегарданд.
  2. Музди дар шартномаи бино ё иншоот барои истифодаи бино ё иншоот муқарраргардида музди истифодаи қитъаи замин, ки бино ё иншоот дар он воқеъ аст ё қисми дахлдори қитъаи заминеро, ки ҳамроҳи бино ё иншоот дода мешавад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар бар мегирад.
  3. Дар ҳолатҳое ки музди иxораи бино ё иншоот дар шартнома барои воҳиди майдони бино (иншоот) ё дигар нишондиҳандаи андозаи он муқаррар шуда бошад, музди иxора бо назардошти андозаи воқеии бино ё иншооти ба иxорагир додашуда муайян карда мешавад.
 
Моддаи 676. Таҳвил додани бино ё иншоот
  1. Аз тарафи иxорадеҳ таҳвил додани бино ё иншоот ва аз тарафи иxорагир қабул карда шудани он бо акти таҳвил ё дигар ҳуxxат дар бораи таҳвилдиҳӣ, ки тарафҳо имзо мекунанд, анxом дода мешавад.
Агар дар қонун ё шартномаи иxораи бино ё иншоот тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, eҳдадории иxорадеҳ дар бораи ба иxорагир таҳвил додани бино ё иншоот баъди ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи иxорагир таҳвил додани он ва аз xониби тарафҳо имзо шудани ҳуxxати дахлдор доир ба таҳвилдиҳӣ иxрошуда ба ҳисоб меравад.
Аз имзои ҳуxxати таҳвилдиҳии бино ё иншоот бо шартҳои пешбининамудаи шартнома саркашӣ кардани яке аз тарафҳо мутобиқан маънои даст кашидани иxорадеҳ аз иxрои eҳдадорӣ доир ба таҳвилдиҳии амвол ва даст кашидани иxорагир аз қабули амволро дорад.
  1. Дар сурати қатъи шартномаи иxораи бино ё иншоот бино ё иншооти ба иxора гирифташуда бояд бо риояи қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида ба иxорадеҳ баргардонида шавад.
 
  1. Иxораи корхона
Моддаи 677. Шартномаи иxораи корхона
  1. Аз рeи шартномаи иxораи корхона (моддаи 144) иxорадеҳ eҳдадор мешавад, ки ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии иxорагир корхонаро ҳамчун маxмeи амволӣ, ба истиснои он ҳуқуқу eҳдадориҳое, ки иxорагир барои ба ашхоси дигар додани онҳо ҳуқуқ надорад, пулакӣ таҳвил диҳад.
  2. Дар бораи ба иxорагир гузаронидани қарзҳо иxорадеҳ вазифадор аст ба қарздиҳандагони худ, ки дар сурати розӣ набуданашон дар бобати гузаронидани қарзҳо ҳуқуқ доранд, дар давоми се моҳ аз рeзи гирифтани хабарнома аз иxорадеҳ қатъи eҳдадориҳо ё иxрои пеш аз мeҳлати eҳдадориҳои дахлдорро талаб намоянд. Агар дар мeҳлати зикршуда ягон талаби мазкур пешниҳод нашавад, қарздиҳанда барои гузаронидани қарзи дахлдор ба иxорагир ризоиятдода ҳисобида мешавад.
Корхона танҳо баъди хотимаи ҳисоббаробаркунӣ бо қарздиҳандагоне, ки аз иxорадеҳ қатъ кардан ё иxрои пеш аз мeҳлати eҳдадориҳоро талаб кардаанд, ба иxора дода шуда метавонад.
Баъди ба иxора додани корхона ҳамчун маxмeи амволӣ иxорадеҳ ва иxорагир барои қарзҳои ба таркиби корхонаи ба иxора додашуда дохилгардидае, ки бе ризоияти қарздиҳанда ба номи иxорагир гузаронида шудаанд, xавобгарии муштарак доранд.
  1. Ҳуқуқҳои иxорадеҳ, ки аз тарафи e дар асоси иxозатнома (литсензия)-и махсус барои машғулият бо фаъолияти дахлдор гирифта шудаанд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ба иxорагир дода намешаванд. Ба таркиби корхонаи мувофиқи шартнома додашаванда дохил кардани eҳдадориҳое, ки иxрои онҳо аз тарафи иxорагир дар сурати мавxуд набудани иxозатнома (литсензия)-и махсус аз имкон берун аст, иxорадеҳро аз eҳдадориҳои дахлдор дар назди қарздиҳандагон озод намекунад.
  2. Ҳуқуқу eҳдадориҳо нисбат ба кормандони корхона бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи меҳнат дар мавриди гузариши чунин ҳуқуқу eҳдадориҳо аз иxорадеҳ ба иxорагир мегузаранд.
 
Моддаи 678. Ҳуқуқи қарздиҳандагон ҳангоми иxораи корхона
  1. Қарздиҳандагон аз рeи eҳдадориҳои ба таркиби корхона дохилкардашуда бояд то таҳвил додани корхона ба иxорагир аз тарафи иxорадеҳ дар бораи ба иxора дода шудани корхона ба таври хаттӣ огоҳ карда шаванд.
  2. Қарздиҳандае, ки ба иxорадеҳ дар бораи ризоияти худ доир ба гузаронидани қарз ба таври хаттӣ хабар надодааст, ҳақ дорад аз рeзи гирифтани огоҳинома дар бораи ба иxора додани корхона дар давоми се моҳ қатъи eҳдадориҳо ё иxрои пеш аз мeҳлати eҳдадориҳо ва xуброни зарари дар натиxаи ин расидаро талаб намояд.
  3. Қарздиҳандае, ки дар бораи ба иxора додани корхона бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ карда нашудааст, метавонад доир ба қонеъ гардонидани талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дар давоми як сол аз рeзе, ки дар бораи ба иxора додани корхона хабардор шудааст ё бояд хабардор мешуд, даъво пешниҳод кунад.
  4. Баъди ба иxора додани корхона иxорадеҳ ва иxорагир аз рeи қарзҳои ба ҳайати корхона дохил кардашудае, ки бе ризоияти қарздиҳанда ба номи иxорагир гузаронида шудаанд, масъулияти муштарак доранд.
 
Моддаи 679. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иxораи корхона
  1. Шартномаи иxораи корхона дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуxxате, ки аз xониби тарафҳо имзо карда шудааст, баста мешавад ва бояд аз тарафи нотариус тасдиқ карда шавад ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Шартномаи иxораи корхона аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он басташуда ба ҳисоб меравад.
  1. Риоя накардани талаботи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда боиси беэътибор дониста шудани шартнома мегардад. Чунин шартнома беқурб дониста шуда, иxрои он мумкин нест ва нисбат ба он қоидаҳои пешбинишудаи қисми 2 моддаи 190 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд.
 
Моддаи 680. Таҳвил додани корхонаи ба иxора гирифташуда
Таҳвил додани  корхона ба иxорагир бо акти таҳвил анxом дода мешавад.
Ба таҳвилдиҳӣ омода намудани корхона, аз Ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод кардани акти таҳвил вазифаи иxорадеҳ мебошад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳисоби e анxом дода мешавад.
 
Моддаи 681. Eҳдадориҳои иxорагир дар бобати нигоҳдории корхона ва пардохти хароxоти баҳрабардории он
  1. Иxорагири корхона вазифадор аст, ки дар давоми тамоми мeҳлати амали шартнома корхонаро дар ҳолати лозимаи техникӣ, бо ҳисоби таъмири xорӣ ва асосии он нигоҳ дорад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароxоти вобаста бо истифодабарии корхонаи ба иxора гирифташуда, ҳамчунин супоридани пардохтҳои суғуртаи амволи ба иxора гирифташуда, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба зиммаи иxорагир гузошта мешаванд.
 
Моддаи 682. Истифодаи амволи корхонаи ба иxора гирифташуда
  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорагир ҳақ дорад бе ризоияти иxорадеҳ арзишҳои моддиеро, ки ба таркиби амволи корхонаи ба иxора гирифташуда дохил мешаванд фурeшад, иваз намояд, ба истифодаи муваққатӣ ё қарз диҳад, онро ба зериxора диҳад ва ҳуқуқу eҳдадориҳои худро аз рeи шартномаи иxора дар мавриди арзишҳо ба шахси дигар таҳвил диҳад, ба шарте ки ин амал боиси камшавии арзиши корхона нагардад ва дигар муқаррароти шартномаи иxораро вайрон насозад. Тартиби зикршуда нисбат ба замин ва дигар захираҳои табиӣ, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун татбиқ намегардад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорагир ҳақ дорад азнавсозии амволи ба иxора гирифташуда, васеъ намудани он, азнавтаxҳизонии техникии онро, ки арзиши онро зиёд мекунад, анxом диҳад.
 
Моддаи 683. Аз тарафи иxорагир беҳтар карда шудани корхонаи ба иxора гирифташуда
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорагир ба xуброни арзиши беҳтаркуниҳои xудонашавандаи амволи ба иxора гирифташуда сарфи назар аз иxозати иxорадеҳ барои чунин беҳтаркуниҳо ҳақ дорад.
Иxорадеҳ метавонад аз eҳдадории xуброн намудани арзиши чунин беҳтаркуниҳо ба иxорагир аз тарафи суд озод карда шавад, агар исбот намояд, ки хароxоти иxорагир барои ин беҳтаркуниҳо арзиши амволи ба иxора гирифташударо бидуни беҳтар намудани хусусиятҳои истифодабарии он зиёд мекунад ё ҳангоми чунин беҳтаркуниҳо усулҳои поквиxдонӣ ва қобили қабул вайрон карда шудаанд.
 
Моддаи 684. Ба шартномаи иxораи корхона татбиқ намудани қоидаҳо доир ба оқибатҳои беэътибории аҳдҳо ва қатъу тағйирдиҳии  шартнома
Қоидаҳои ҳамин Кодекс доир ба оқибатҳои беэътибории аҳдҳо ва қатъу тағйирдиҳии шартнома, ки баргардонидан ё дар шакли аслӣ рeёнидани амвол аз рeи шартнома аз як тараф ё аз ҳар ду тараф, ба шартномаи иxораи корхона, агар чунин оқибатҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳимояшавандаи қарздиҳандаи, иxорадеҳ ва иxорагир, дигар ашхосро ба андозаи муҳим вайрон накунанд ва мухолифи манфиатҳои xамъият набошанд, татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 685. Баргардонидани корхонаи ба иxора  гирифташуда
Дар сурати қатъи шартномаи иxораи корхона маxмeи амволи ба иxора гирифташуда бояд ба иxорадеҳ бо риояи қоидаҳои дар моддаҳои 678 ва 681 ҳамин Кодекс пешбинигардида баргардонида шавад.  Омодасозии корхона барои таҳвилдиҳӣ ба иxорадеҳ, аз Ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод намудани акти таҳвил дар ин ҳолат вазифаи иxорагир мебошад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби e анxом дода мешавад.
 
  1. Иxораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ
Моддаи 686. Шартномаи иxораи замин  ва дигар захираҳои табиӣ
  1. Иxорадеҳ тибқи шартномаи иxораи замин ва дигар захираҳои табиӣ eҳдадор мешавад, ки ба иxорагир барои ихтиёрдории муваққатӣ ва истифодабарӣ замин ва дигар захираҳои табииро ба иxора диҳад, иxорагир бошад, eҳдадор мешавад, ки онҳоро мувофиқи таъинот истифода бурда, маблағи иxораро пардозад.
  2. Агар қонун ё шартнома тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, қоидаҳои шартномаи иxора нисбати иxораи замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ татбиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 687. Субъектҳои иxораи замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ
  1. Мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроия ва мақомоти назорати кeҳкорӣ мутобиқи Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ҳақ доранд замин ва дигар захираҳои табииро ба иxора супоранд.
  2. Истифодабарандагони дуюми замин ҳақ доранд мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи заминро мустақилона ба иxора супоранд.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориxӣ, корхонаҳои муштарак, ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориxӣ иxорагир буда метавонанд.
 
Моддаи 688. Шакл ва мeҳлати шартномаи иxораи замин ва дигар захираҳои табиӣ
  1. Шартномаи иxораи замин ва дигар захираҳои табиӣ бояд хаттӣ баста шавад.
  2. Мeҳлати аққали шартномаи иxораи замин аз як навбати майдони киштгардон камтар буда наметавонад.
  3. Мeҳлати шартномаи иxораи дигар захираҳои табиӣ дар шартнома 5 сол ва бештар аз ин муайян карда мешавад.
 
Моддаи 689. Eҳдадории иxорадеҳ
  1. Иxорадеҳ eҳдадор аст замини таъиноти кишоварзиро ба иxорагир дар ҳолате супорад, ки барои таъиноти дар шартнома пешбинишуда мутобиқ бошад
  2. Иxорадеҳ eҳдадор аст чорабиниҳоро барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба мақсади истифодаи самарабахши замини ба иxора дода шуда (обрасонӣ, чораҳои ҳосилхез кардани хок, роҳсозӣ ва таъмири он ва ғайра) амалӣ гардонад.
  3. Иxорадеҳ eҳдадор аст хароxоти заруриро, ки дар замини иxоравӣ сарф кардааст, инчунин дигар хароxоти зарурии бо розигии иxорагир сарфшударо xуброн кунад.
  4. Иxорадеҳ eҳдадор аст ба иxорагир хароxоти заруриро, аз Ҷумла арзиши ҳосили ҳанeз ғундоштанашуда, ки ба он бо талаби иxорагир қатъ кардани шартномаи иxораи замин сабаб шудааст, xуброн намояд.
 
Моддаи 690. Eҳдадории иxорагир
  1. Иxорагир eҳдадор аст:
  • заминро аз рeи таъиноташ истифода барад;
  • заминро бе истифода нагузорад;
  • барои беҳтар намудани ҳолати замин чораҳо андешад.
  1. Музди иxораро сари вақт пардохт намояд.
  2. Баъди адо шудани мeҳлати шартномаи иxора заминро дар ҳолати даркорӣ баргардонад.
 
Моддаи 691. Ҳуқуқи xуброн кардани арзиши беҳсозӣ
Иxорагири замин ва дигар захираҳои табиӣ барои xуброни арзиши беҳсозиҳои анxом додашуда бо розигии иxорадеҳ ё беҳсозиҳои зарурӣ барои истифодаи муътадили замини иxора ҳуқуқ дорад.
 
Моддаи 692. Ҳуқуқи дароз кардани мeҳлати  шартномаи иxора
  1. Баъди ба охир расидани мeҳлати шартнома иxорагир ба аз нав барқарор кардани мeҳлати шартнома ҳуқуқ дорад.
  2. Дар сурати набудани аризаи яке аз тарафҳо дар бораи қатъ кардан ё тағйир додани шартнома оиди итмоми мeҳлат вай бо ҳамон шартҳое, ки шартнома пешбинӣ карда буд, тамдид меёбад.
 
  1. Иxораи молиявӣ (лизинг)
Моддаи 693. Шартномаи иxораи молиявӣ
  1. Аз рeи шартномаи иxораи молиявӣ (лизинг) иxорадеҳ (лизингдеҳ) eҳдадор мешавад, ки амволи нишондодаи иxорагир (лизинггир)-ро аз фурeшандаи муайянкардаи e ба моликият харидорӣ намояд ва ин амволро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ пешниҳод кунад.
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорадеҳ барои интихоби амволи ба иxора гирифташуда ва фурeшанда xавобгар нест.
  1. Аз рeи шартномаи иxораи молиявӣ ҳама гуна ашёву анxоми ғайриистеъмолие, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба истиснои қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ метавонанд таҳвил дода шаванд.
  2. Аз лаҳзаи додани объекти лизинг ба иҷорагир талаботи иҷорадеҳ объекти таъминшудаи лизинг эътироф мешаванд ва худи иҷорадеҳ бошад, кредитори таъминшуда эътироф мешавад.
  3. Иҷорагир ҳуќуќ дорад танҳо ҳамон ќисми арзиши мавзўи лизинг, ки аз баќияи пардохтҳои лизингї зиёд аст, фурўшад, ба гарав гузорад ё ба тариќи дигар ихтиёрдорї намояд.
(Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
Моддаи 694. Огоҳонидани фурeшанда дар бораи  ба иxора додани амвол
Иxорадеҳ амволро барои иxорагир харидорӣ намуда, бояд фурeшандаро дар бораи он, ки амвол xиҳати ба шахси муайян ба иxора додани он таъин шудааст, огоҳ созад.
 
Моддаи 695. Ба иxорагир таҳвил додани мавзeи  шартномаи иxораи молиявӣ
  1. Агар дар шартномаи иxораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, фурeшанда амволеро, ки мавзeи ин шартнома мебошад, бевосита ба иxорагир дар маҳалли қарор доштани e таҳвил медиҳад.
  2. Агар амволе, ки мавзeи шартномаи иxораи молиявӣ мебошад, дар мeҳлати дар ин шартнома зикршуда ва агар дар шартнома чунин мeҳлат зикр нашуда бошад, дар мeҳлати қобили қабул ба иxорагир таҳвил нагардад, иxорагир ҳақ дорад, ки агар мeҳлат бо сабабҳои вобаста ба иxорадеҳ гузашта бошад, қатъи шартнома ва xуброни зарарро талаб намояд.
 
Моддаи 696. Ба иxорагир гузаштани таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии  тасодуфии  амвол
Таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии тасодуфии амволи ба иxора гирифташуда ба иxорагир, агар дар шартномаи иxораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар лаҳзаи ба e таҳвил додани ин амвол мегузарад.
 
Моддаи 697. Масъулияти фурeшанда
  1. Иxорагир ҳуқуқ дорад амволеро, ки мавзeи шартномаи иxораи молиявӣ мебошад, талаботеро, ки аз шартномаи хариду фурeши байни фурeшанда ва иxорадеҳ басташуда, аз Ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии амвол, мeҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иxро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурeшанда пешниҳод намояд. Зимнан иxорагир ҳуқуқ ва eҳдадориҳои барои фурeшанда пешбининамудаи ҳамин Кодексро дар мавриде, ки агар e яке аз тарафҳои шартномаи хариду фурeши амволи зикршуда бошад, дорад. Аммо иxорагир наметавонад шартномаи хариду фурeшро бо фурeшанда бидуни ризоияти иxорадеҳ бекор намояд.
Дар муносибат бо фурeшанда иxорагир ва иxорадеҳ ҳамчун қарздиҳандагони муштарак (моддаи 349) баромад мекунанд.
  1. Агар дар шартномаи иxораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иxорадеҳ дар назди иxорагир барои аз тарафи фурeшанда иxро гардидани талаботе, ки аз шартномаи хариду фурeш бармеоянд, ғайр аз ҳолатҳое, ки масъулият барои интихоби фурeшанда ба зиммаи иxорагир мебошад, xавобгар нест. Дар ҳолати мазкур (охирин) иxорагир ҳақ дорад бо интихоби худ талаботеро, ки аз шартномаи хариду фурeш бармеоянд, бевосита ҳам ба фурeшандаи амвол ва ҳам ба иxорадеҳ, ки масъулияти муштарак доранд, пешниҳод намояд.
 
БОБИ  34. Иxораи манзили истиқоматӣ
Моддаи 698. Шартномаи иxораи манзили  истиқоматӣ
  1. Аз рeи шартномаи иxораи манзили истиқоматӣ иxорадеҳ eҳдадор мегардад, ки ба иxорагир ва аъзои оилаи e манзили истиқоматиро пулакӣ барои ихтиёрдорӣ ва истифода диҳад.
  2. Муносибатҳо аз рeи шартномаи иxораи манзили истиқоматӣ тавассути Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
 
БОБИ 35. Истифодаи ройгон (ссуда)
Моддаи 699. Мафҳуми шартномаи истифодаи  ройгон
  1. Аз рeи шартномаи истифодаи ройгон (шартномаи ссуда) як тараф (ссудадеҳ) eҳдадор мешавад, ки ашёву асбобро ба тарафи дигар (ссудагир) ба истифодаи муваққатии ройгон диҳад ё медиҳад ва тарафи охирин eҳдадор мешавад, ки худи ҳамон ашёву асбобро дар ҳамон ҳолате, ки онро гирифта буд, бо дарназардошти фарсоиши мeътадил ё дар ҳолате, ки дар шартнома зикр шудааст, бармегардонад.
  2. Ба шартномаи истифодаи ройгон мутобиқан қоидаҳои қисми 1 моддаи 626, қисми 1 ва қисми 2 моддаи 629, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 630, моддаи 634, қисми 2 моддаи 642, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 644 ҳамин Кодекс татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 700. Ссудадиҳанда (қарздеҳ)
Ҳуқуқи таҳвили ашёву асбоб барои истифодаи ройгон ба молики он ва дигар ашхосе, ки аз тарафи қонун ё молик ба ин кор ваколатдор карда шудаанд, тааллуқ дорад.
 
Моддаи 701. Барои истифодаи ройгон додани  ашёву асбоб
  1. Ссудадиҳанд (қарздеҳ) вазифадор аст ашёву асбобро дар ҳолати мутобиқ бо шартҳои шартнома ва таъиноти он бо ҳамаи лавозимоташ ва ҳуxxатҳои ба он тааллуқдошта диҳад.
  2. Агар чунин лавозим ва ҳуxxат дода нашуда бошанд ва бидуни онҳо ашёву асбоб мувофиқи таъинот истифода шуда натавонанд ё истифодаи он арзиши худро барои ссудагиранда ба андозаи муҳим гум кунад, ссудагиранда ҳақ дорад, ки додани чунин лавозим ва ҳуxxатро ё бекор кардани шартнома ва xуброни хароxоти воқеии худро талаб намояд.
 
Моддаи 702. Оқибатҳои барои истифодаи ройгон надодани ашёву асбоб
Агар ссудадиҳанда ашёву асбобро ба ссудагир надиҳад, ссудагир ҳақ дорад, ки бекор кардани шартнома ва xуброни  зарарро  дар шакли хароxоти воқеӣ талаб намояд.
 
Моддаи 703. Масъулият барои камбудиҳои ашёву асбобе, ки ба истифодаи ройгон дода шудааст
Ссудадиҳанда барои камбудиҳои ашёву асбобе, ки онҳоро ҳангоми бастани шартнома қасдан ё аз беэҳтиётии дағалона зикр накардааст, xавобгар аст.
Дар сурати ошкор гардидани чунин камбудиҳо ссудагиранда ҳуқуқ дорад, ки бо интихоби худ аз ссудадиҳанда ба таври ройгон бартараф намудани камбудиҳои ашёву асбоб ё xуброни хароxоти барқарор намудани камбудиҳои ашёву асбоб ё пеш аз мeҳлат бекор кардани шартнома ва xуброни зарари воқеиро талаб намояд.
 
Моддаи 704. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ашёву асбобе, ки барои истифодаи ройгон дода мешавад
                Таҳвил додани ашёву асбоб ба истифодаи ройгон барои тағйирёбӣ ё қатъи ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ин ашёву асбоб асос намебошад.
Ҳангоми бастани шартнома ссудадиҳанда вазифадор аст, ки ссудагирандаро доир ба  ҳуқуқҳои ашхоси сеюм ба ин ашёву асбоб (сервитут, ҳуқуқи гарав ва ғайра) огоҳ намояд. Иxро накардани ин eҳдадорӣ ба ссудагиранда ҳуқуқ медиҳад, ки бекор кардани шартнома ва xуброни зарари воқеиро талаб намояд.
 
Моддаи 705. Eҳдадориҳои  ссудагиранда  дар бобати нигоҳдории ашёву асбоб
Ссудагиранда вазифадор аст, ки ашёву асбоби барои истифодаи ройгон гирифташударо дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ссудагиранда вазифадор аст, ки таъмири xорӣ ва асосии ашёву асбобро анxом диҳад ва тамоми хароxоти нигоҳдории онро ба зимма гирад.
 
Моддаи 706. Xавобгарии ссудагиранда
Агар ашёву асбоб аз сабаби онро мувофиқи шартнома ё таъиноташ истифода набурдан ё бе розигии ссудадиҳанда ба шахси сеюм додан нобуд ё вайрон шуда бошад, e барои зарари ба ашёву асбоб расондааш xавобгар мебошад.
 
Моддаи 707. Масъулият барои зараре, ки ба шахси сеюм бо истифодаи ашёву асбоб расидааст
Ссудадиҳанда барои зараре, ки бо истифодаи ашёву асбоб ба шахси сеюм расонида шудааст, агар исбот накунад, ки зарар дар натиxаи ғараз ё беэҳтиётии дағалонаи ссудагиранда ё шахсе, ки ин ашёву асбоб бо ризоияти ссудадиҳанда дар ихтиёри e буд, расидааст, xавобгар мебошад.
 
Моддаи 708. Ба шахси сеюм додани ашёву асбобе, ки барои  истифодаи ройгон гирифта  шудааст
Ссудагиранда ҳуқуқ дорад танҳо бо ризоияти ссудадиҳанда, дар назди e масъул боқӣ монда, ба истифодаи шахси сеюм ашёву асбоби ройгон гирифташударо диҳад.
 
Моддаи 709. Бо талаби ссудадиҳанда пеш аз мeҳлат бекор кардани шартнома
Ссудадиҳанда ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин пеш аз мeҳлат бекоркунии шартномаро талаб намояд, агар ссудагиранда:
1) ашёву асбобро мутобиқи шартнома ё тибқи таъинот истифода набарад;
2) eҳдадориҳои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани ашёву асбоб ё нигоҳдории онро иxро накунад;
3)  ҳолати ашёву асбобро моҳиятан бад гардонад;
4) бе ризоияти ссудадиҳанда ба шахси сеюм ашёву асбобро дода бошад.
 
Моддаи 710. Бо талаби ссудагиранда пеш аз мeҳлат бекор кардани шартнома
Ссудагиранда ҳуқуқ дорад пеш аз мeҳлат бекоркунии шартномаи истифодаи ройгонро талаб  намояд:
1) ҳангоми ошкор кардани камбудиҳо, ки истифодаи дурусти ашёву анxомро имконнопазир ё мушкил мегардонад ва дар бораи мавxудияти онҳо e дар лаҳзаи бастани шартнома намедонист ва дониста ҳам наметавонист;
2) агар ашёву асбоб аз рeи ҳолате, ки ба он e xавобгe нест, дар вазъияти барои истифода корношоям бошад;
3) агар ҳангоми бастани шартнома ссудадиҳанда eро аз ҳуқуқҳои ашхоси сеюм дар бораи ашёву асбобе, ки дода мешавад, огоҳ накарда бошад.
 
Моддаи 711. Радди шартнома
Агар мeҳлати истифодаи ройгони ашёву асбоб дар шартнома муайян нашуда бошад, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад ҳар вақт, тарафи дигарро як моҳ пеш дар маврид огоҳ намуда, агар тибқи шартнома мeҳлати дигари огоҳкунӣ пешбинӣ нагардида бошад, аз шартнома даст кашад.
 
Моддаи 712. Тағйир ёфтани тарафҳо дар шартнома
  1. Ссудагиранда ҳуқуқ дорад бегона кардани ашёву асбобро ба xо орад. Дар ин маврид шартномаи ройгон истифодабарии ашёву анxом қувваи ҳуқуқиро барои соҳибмулки нав нигоҳ медорад.
  2. Дар сурати вафот кардани шаҳрванд – ссудадиҳанда ё аз нав таъсис ёфтан ё барҳам хeрдани шахси ҳуқуқӣ – ссудадиҳанда ҳуқуқ ва eҳдадориҳои онҳо тибқи шартнома ба ворис ё дигар вориси ҳуқуқӣ ё шахси дигар, ки ба e ҳуқуқи моликият ба ашёву асбоб ё ҳуқуқи дигар гузаштааст ва дар асоси он ашёву анxом ба истифодаи ройгон дода шудааст, мегузарад.
Дар сурати аз нав таъсис ёфтани шахси ҳуқуқӣ — ссудагиранда ҳуқуқҳо ва eҳдадориҳои e тибқи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба вориси ҳуқуқӣ мегузарад.
 
Моддаи 713. Қатъи шартнома
Шартномаи истифодаи ройгон ғайр аз асосҳои умумии қатъи eҳдадориҳо, инчунин дар сурати фавти шаҳрванд — ссудагиранда ё барҳам хeрдани шахси ҳуқуқӣ — ссудагиранда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қатъ мегардад.
 
БОБИ 36.  Пудрат
  1. Муқаррароти умумӣ оид ба пудрат
Моддаи 714. Шартномаи пудрат
  1. Тибқи шартномаи пудрат як тараф (пудратчӣ) eҳдадор мешавад тибқи супориши тарафи дигар (фармоишгар) кори муайянеро анxом диҳад, онро дар мeҳлати муайян ба фармоишгар супорад ва фармоишгар бошад, eҳдадор мешавад корро қабул намуда, ҳаққи онро пардозад (ҳаққи корро пардозад). Кор агар дар қонунҳо ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо таваккали фармоишгар анxом дода мешавад.
  2. Нисбат ба шаклҳои алоҳидаи шартномаи пудрат (пудрати маишӣ, пудрати сохтмон, пудрат доир ба корҳои лоиҳакашӣ ва xустxeӣ) муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 715. Корҳое, ки тибқи шартномаи  пудрат анxом дода мешаванд
  1. Шартномаи пудрат барои тайёр кардан ё коркарди ашё ё барои иxрои корҳои дигар бо додани натиxаи он, ба фармоишгар баста мешавад.
  2. Тибқи шартномаи пудрат, ки барои тайёр кардани ашё баста шудааст, пудратчӣ ҳуқуқи онро ба фармоишгар медиҳад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ мустақилона усули иxрои супориши фармоишгарро муайян менамояд.
 
Моддаи 716. Иxрои корҳо аз xониби пудратчӣ
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, корҳо аз xониби пудратчӣ бо мавод ва тавассути қувва ва воситаҳои e анxом дода мешавад.
  2. Пудратчӣ барои маводи сифатан номатлуб ва таxҳизоти додашуда, инчунин мавод ва таxҳизоти пешниҳодшудае, ки гаронии ҳуқуқҳои шахси сеюмро доро аст, масъул мебошад.
 
Моддаи 717. Таваккали тасодуфан нобуд ва вайрон шудани мавод
Таваккали тасодуфан несту нобуд гардидан ё тасодуфан вайрон шудан (осеб дидан)-и маводро, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, то фаро расидани мeҳлати аз xониби пудратчӣ дар шартнома пешбинишудаи корҳо, ки  маводро  фароҳам овардааст ва баъди  фаро расидани ин мeҳлат тарафе, ки мeҳлатро гузаронидааст, ба зимма доранд.
 
Моддаи 718.  Пудратчии генералӣ ва пудратчии ғайриасосӣ (фаръӣ)
  1. Агар аз қонунҳо ё шартномаи пудрат eҳдадориҳои пудратчӣ вобаста ба шахсан иxро намудани корҳои дар шартнома пешбинишуда барнаояд, пудратчӣ ҳуқуқ дорад барои иxрои як қисми eҳдадориҳои худ дигар ашхос (пудратчиёни ғайриасосӣ)-ро xалб кунад. Дар ин ҳолат пудратчӣ ба сифати пудратчии генералӣ баромад мекунад.
  2. Пудратчии генералӣ дар назди пудратчии ғайриасосӣ барои аз xониби фармоишгар иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳои худ оид ба шартномаи пудрат ва дар назди фармоишгар барои оқибатҳои аз xониби пудратчии ғайриасосӣ иxро накардан ё номатлуб иxро намудани eҳдадориҳои худ мутобиқи моддаи 434 ҳамин Кодекс масъулият дорад.
Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар ва пудратчии ғайриасосӣ ҳуқуқ надоранд вобаста ба вайрон кардани шартномаҳое, ки ҳар кадоми онҳо бо пудратчии генералӣ бастаанд, яке ба дигаре талабот пешниҳод кунанд.
  1. Бо мувофиқаи пудратчии генералӣ фармоишгар ҳуқуқ дорад барои иxрои корҳои алоҳида бо дигар ашхос шартнома бандад. Дар чунин ҳолат ашхоси зикргардида барои иxро накардан ё иxрои номатлуби кор дар назди фармоишгар мустақиман масъулият доранд.
 
Моддаи 719. Дар иxрои кор иштирок намудани якчанд шахс
  1. Агар аз xониби пудратчӣ ҳамзамон ду ё якчанд шахс баромад кунанд, дар сурати тақсим нашудани мавзeи eҳдадорӣ онҳо нисбат ба фармоишгар қарздорони муштарак дониста шуда, мутаносибан кредиторони муштарак эътироф карда мешаванд.
  2. Ҳангоми тақсимшаванда будани мавзeи eҳдадорӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ё шартнома ҳар яке аз ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардида нисбат ба фармоишгар дар доираи ҳиссаи худ ҳуқуқ ба даст меоранд ва дорои масъулият (моддаи 344) мебошанд.
 
Моддаи 720. Мeҳлати иxрои корҳо
  1. Дар шартномаи пудрат мeҳлати ибтидоӣ ва ниҳоии иxрои кор зикр мегардад. Бо мувофиқаи байни тарафҳо дар шартнома метавонад, инчунин мeҳлати хотимаи давраҳои алоҳидаи кор (мeҳлатҳои мобайнӣ) пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ барои вайрон кардани ҳам мeҳлати ибтидоӣ ва ҳам мeҳлати ниҳоӣ, инчунин мeҳлатҳои мобайнии иxрои кор масъулият дорад.
  1. Мeҳлатҳои ибтидоӣ, ниҳоӣ ва мобайнии иxрои корҳо, ки дар шартнома зикр гардидаанд, тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи шартнома метавонад тағйир дода шаванд.
  2. Оқибатҳои гузаронидани мeҳлати иxро, ки дар моддаи 436 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, ҳангоми вайрон кардани мeҳлати ниҳоии иxрои кор фаро мерасанд.
 
Моддаи 721. Арзиши кор
  1. Дар шартномаи пудрат арзиши коре, ки бояд иxро шавад ё усули муайян кардани он зикр мешавад. Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани чунин нишондод нарх мутобиқи банди 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс аз xониби суд муқаррар карда мешавад.
  2. Нарх дар шартномаи пудрат xуброни хароxоти пудратчӣ ва подошпулии ба e марбутаро дар бар мегирад.
  3. Нархи корҳо метавонад бо роҳи тартиб додани смета муайян карда шавад.
Дар ҳолатҳое ки агар кор мутобиқи сметаи тартибдодаи пудратчӣ анxом дода шавад, смета аз лаҳзаи аз xониби фармоишгар тасдиқ шудани он дорои эътибор гардида, як xузъи шартнома ба ҳисоб меравад.
  1. Нархи корҳо (смета) метавонад тахминӣ ё устувор бошад. Ҳангоми дар шартнома набудани нишондодҳои дигар нархи корҳо (смета) устувор ҳисобида мешавад.
  2. Агар зарурати гузаронидани корҳои иловагӣ ва аз ин сабаб моҳиятан баланд гардидани нархи кори тахминан муайянгардида (сметаи тахминӣ) ба миён ояд пудратчӣ вазифадор аст сари вақт фармоишгарро огоҳ созад. Фармоишгаре, ки ба баланд шудани нархи кор (смета) розӣ намебошад, ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат пудратчӣ метавонад барои иxрои қисми кор аз фармоишгар пардохти арзиши онро талаб намояд.
Пудратчие, ки сари вақт фармоишгарро дар  мавриди зарурати баланд кардани нарх (смета)-и дар шартнома пешбинишуда огоҳ накардааст, вазифадор аст, бо ҳифзи ҳуқуқи худ оид ба пардохти кор тибқи нархе, ки дар шартнома муайян гардидааст, шартномаро иxро кунад.
  1. Пудратчӣ ҳуқуқ надорад зиёд кардани нархи устувор (сметаи устувор) ва фармоишгар кам кардани онро талаб намояд, аз Ҷумла дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома имконияти пешбинӣ намудани ҳаxми умумии корҳои иxрошаванда ё хароxоти барои ин зарурӣ истисно шудааст.
Ҳангоми баъди бастани шартнома ба таври муҳим баланд шудани арзиши мавод ва таxҳизоте, ки бояд пудратчӣ фароҳам орад, инчунин боло рафтани арзиши хизмати  ашхоси сеюм пудратчӣ ҳуқуқ дорад зиёд кардани нарх (смета)-и муқарраршударо талаб кунад ва дар сурати аз xониби фармоишгар рад кардани иxрои талаботи e мутобиқи моддаи 483 ҳамин Кодекс бекор кардани шартномаро талаб намояд.
 
Моддаи 722. Сарфакории пудратчӣ
  1. Дар ҳолатҳое ки агар хароxоти воқеии пудратчӣ нисбат ба оне, ки ҳангоми муайян кардани нарх (таҳияи смета) ба ҳисоб гирифта шудааст, камтар бошад, агар фармоишгар исбот карда натавонад, ки сарфаи ба даст овардаи пудратчӣ ба сифати иxрои кор таъсир расондааст, пудратчӣ ҳуқуқи худро барои пардохти кор тибқи нарх (смета)-е, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, нигоҳ медорад.
  2. Дар шартномаи пудрат метавонад тақсими сарфаи ба дастовардаи пудратчӣ байни тарафҳо пешбинӣ карда шавад.
 
Моддаи 723. Тартиби пардохти корҳо
  1. Агар дар шартномаи пудрат пешпардохти иxрои кор ё давраҳои алоҳидаи он пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар вазифадор аст ба пудратчӣ баъди хотимаи кор, ба шарте ки кор ба таври дахлдор ва дар мeҳлати мувофиқашуда ва ё бо мувофиқаи фармоишгар пеш аз мeҳлат анxом дода шуда бошад, маблағи қайду шартшударо пардозад.
  2. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад ба андози дар шартнома зикргардида аз фармоишгар пардохти бунак (аванс)-ро талаб кунад.
 
Моддаи 724.  Ҳуқуқи пудратчӣ барои нигоҳ доштан
Ҳангоми аз xониби фармоишгар иxро накардани eҳдадории пардохти арзиши муқарраршуда ё дигар маблағе, ки вобаста ба иxрои кор ба пудратчӣ тааллуқ дорад, пудратчӣ мутобиқи моддаҳои 388, 389 ҳамин Кодекс натиxаи кор, инчунин таxҳизоти марбути фармоишгарро, ки барои коркарди ашё дода шудааст, боқимондаи маводи истифоданашуда ва дигар амволи дар наздаш бударо то аз xониби фармоишгар пардохта шудани маблағи дахлдор метавонад нигоҳ дорад.
 
Моддаи 725. Иxрои кор бо истифодаи маводи фармоишгар
  1. Пудратчӣ вазифадор аст маводи фароҳамовардаи фармоишгарро сарфакорона ва боэҳтиёт истифода бурда, баъди ба итмом расонидани кор оид ба масрафи мавод ҳисобот дода, бақияи онро баргардонад ё бо мувофиқаи фармоишгар бо назардошти арзиши маводи истифоданашудае, ки дар назди пудратчӣ боқӣ мондааст, арзиши корро пасттар кунад.
  2. Агар бо сабабҳои камбудии маводе, ки фармоишгар фароҳам овардааст, натиxаи кор ба даст наомада бошад ё натиxаи бадастовардашуда дорои камбудие бошад, ки истифодаи онро тибқи таъиноти пешбининамудаи шартнома имконнопазир мегардонад ва ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани шарти дахлдор барои истифодаи оддӣ номумкин аст, пудратчӣ ҳуқуқ дорад пардохти кори анxомдодаашро талаб намояд.
  3. Пудратчӣ, агар исбот карда тавонад, ки камбудии мавод ҳангоми ба таври дахлдор қабул кардани мавод аз xониби пудратчӣ ошкор карда шуданаш номумкин буд, метавонад ҳуқуқҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардидаро татбиқ намояд.
 
Моддаи 726.  Масъулияти пудратчӣ барои нигаҳдошти амволи фароҳамовардаи  фармоишгар
Пудратчӣ барои эҳтиёт накардани маводу таxҳизоте ки фармоишгар барои коркарди мавод фароҳам овардааст, инчунин дигар амволе, ки вобаста ба иxрои шартномаи пудрат таҳти ихтиёри пудратчӣ қарор гирифтааст, масъулият дорад.
 
Моддаи 727. Ҳуқуқи фармоишгар ҳангоми иxрои кор
  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳар вақте xараёни иxро ва сифати корро бидуни дахолат ба фаъолияти пудратчӣ тафтиш намояд.
  2. Агар пудратчӣ сари вақт ба иxрои шартномаи пудрат оғоз накунад ё корро чунон бо оҳистагӣ иxро кунад, ки то мeҳлати муқарраршуда анxом додани он баръало имконнопазир гардад, фармоишгар ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва xуброни зарарро талаб намояд.
  3. Агар ҳангоми иxрои кор аён гардад, ки кор ба таври дахлдор анxом дода намешавад, фармоишгар ҳуқуқ дорад ба пудратчӣ барои рафъи камбудиҳо мeҳлати муносиб муайян кунад ва дар сурати аз xониби пудратчӣ дар мeҳлати муайяншуда иxро накардани ин талабот аз шартнома даст кашад ё барои ислоҳи кор аз ҳисоби пудратчӣ ба дигар шахс муроxиат кунад, инчунин xуброни зарарро талаб намояд.
  4. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар метавонад дар ҳар лаҳза, то ба e супурдани иxрои кор аз шартномаи пудрат даст кашад ва ба пудратчӣ қисми муқарраршудаи арзиши корро, ки то гирифтани огоҳинома дар мавриди аз шартнома даст кашидани фармоишгар анxом дода шудааст, пардозад. Фармоишгар инчунин вазифадор аст ба пудратчӣ зарареро, ки вобаста ба қатъи шартнома расонида шудааст, xуброн намояд.
 
Моддаи 728. Ҳолатҳое, ки пудратчӣ вазифадор аст дар маврид фармоишгарро огоҳ намояд
  1. Пудратчӣ вазифадор аст фавран фармоишгарро огоҳ созад ва то аз e гирифтани нишондод корро ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои зайл қатъ намояд:
— корношоямӣ ё бесифатии мавод, таxҳизот, ҳуxxатҳои техникӣ ё ашёи барои коркард пешниҳоднамудаи фармоишгар;
— оқибатҳои имконпазири нохуши ба иxрои супориши фармоишгар  оид ба усули иxрои кор вобаста;
— дигар ҳолатҳои ба пудратчӣ вобастанабудае, ки ба коршоямӣ ё устувории натиxаҳои иxрои кор таҳдид мекунанд ё дар мeҳлати муайянгардида анxом додани корро ғайриимкон мегардонанд.
  1. Пудратчие, ки фармоишгарро дар мавриди ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида огоҳ насохтааст ё мeҳлати дахлдореро, ки барои гирифтани xавоб ба огоҳонӣ зарур аст мунтазир нашуда, корро идома додааст ё сарфи назар аз огоҳонии саривақтии фармоишгар дар мавриди боздоштани корҳо фаъолиятро давом додааст, ҳуқуқ надорад ҳангоми нисбат ба e ё пешниҳод шудани талабот ё аз xониби e пешниҳод кардани талаботи дахлдор ба фармоишгар ба ҳолатҳои зикргардида истинод кунад.
  2. Агар фармоишгар, сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асосноки пудратчӣ оид ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, дар мeҳлати муносиб маводи корношоям ё бесифатро иваз накунад, супоришро оид ба усули иxрои кор тағйир надиҳад ё барои рафъи ҳолатҳое, ки ба коршоямӣ ё устувории корҳо таҳдид менамоянд, чораҳои дигар наандешад, пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва xуброни зарари вобаста ба қатъи шартнома расонидашударо талаб намояд.
 
Моддаи 729. Аз xониби фармоишгар иxро накардани eҳдадориҳои мутақобила оид ба шартномаи пудрат
  1. Пудратчӣ, ҳангоме ки фармоишгар eҳдадориҳои худро оид ба шартномаи пудрат ба xо намеорад, аз Ҷумла мавод, таxҳизот, ҳуxxатҳои техникӣ ё ашёи барои коркард заруриро таҳия намекунад, барои аз xониби пудратчӣ иxро намудани шартномаи пудрат монеа мешавад, инчунин ҳангоми мавxуд будани ҳолатҳое, ки баръало дар мeҳлати муқарраршуда иxро нагардидани ин eҳдадориҳо гувоҳӣ медиҳанд, ҳуқуқ дорад ба кор шурeъ накунад ё корҳои оғозгардидаро (моддаи 353) қатъ намояд.
  2. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми мавxуд будани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз иxрои шартнома даст кашад ва xуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
 
Моддаи 730. Мусоидати фармоишгар
  1. Фармоишгар вазифадор аст тибқи ҳолатҳо, ҳаxм ва тартиби дар шартномаи пудрат пешбинигардида ба пудратчӣ дар иxрои кор мусоидат намояд.
Ҳангоми аз xониби фармоишгар иxро накардани ин eҳдадориҳо пудратчӣ ҳуқуқ дорад xуброни зарари расонидашуда, инчунин хароxоти иловагиро вобаста ба бекористӣ ё гузаронидан (тамдид)-и мeҳлати иxрои кор ё зиёд кардани арзиши корро талаб намояд.
  1. Дар ҳолатҳое ки дар натиxаи амал ё камбудиҳои фармоишгар иxрои кор вобаста ба шартномаи пудрат имконнопазир гардидааст, пудратчӣ ҳуқуқи худро барои пардохтани маблағи муқарраршуда бо назардошти қисми кори анxомдодашуда, нигоҳ медорад.
 
Моддаи 731. Қабули иxрои кор аз xониби  фармоишгар
  1. Фармоишгар вазифадор аст тибқи мeҳлат ва тартиби пешбининамудаи шартномаи пудрат бо иштироки пудратчӣ иxрои корро аз назар гузаронад ва қабул кунад ва ҳангоми ошкор намудани сарфи назар кардани шартнома, ки корро бадтар мегардонад ё дигар норасоиҳо фавран ба пудратчӣ арз намояд.
  2. Фармоишгаре, ки ҳангоми қабул камбудиҳои корро аён сохтааст, ҳуқуқ дорад ба онҳо танҳо дар ҳолате истинод намояд, ки агар дар акт ё дар дигар ҳуxxати тасдиқкунандаи қабул ин норасоиҳо қайду шарт шудаанд ё имконияти минбаъд пешниҳод шудани талаб дар мавриди рафъи онҳо зикр гардидааст.
  3. Фармоишгаре, ки корро бидуни тафтиш қабул кардааст, аз ҳуқуқи истинод ба камбудиҳо, ки метавонист ҳангоми усули оддии қабули кор (камбудиҳои ошкоро) ошкор карда шавад, маҳрум мегардад.
  4. Фармоишгаре, ки баъди қабули кор риоя нашудани шартнома ё дигар камбудиҳоро ошкор намудааст, ки ҳангоми усули оддии қабул муайян намудани онҳо (камбудиҳои ноаён) ғайриимкон аст аз Ҷумла чунин камбудиҳое, ки қасдан аз xониби пудратчӣ пинҳон карда шудаанд, вазифадор аст пудратчиро дар мeҳлати қобили қабул огоҳ созад.
  5. Ҳангоми ба миён омадани баҳс байни фармоишгар ва пудратчӣ вобаста ба камбудиҳои иxрои кор ё сабабҳои он бо талаби ҳар кадоме аз тарафҳо экспертиза таъин карда шуданаш мумкин аст. Хароxоти вобаста ба гузаронидани экспертиза ба истиснои ҳолатҳое, ки агар экспертиза вайрон карда нашудани шартнома ё байни амали пудратчӣ ва камбудии ошкоршуда вуxуд надоштани алоқамандиро муқаррар карда бошад, ба зиммаи пудратчӣ мебошад. Дар чунин ҳолатҳо хароxоти гузаронидани экспертизаро тарафе анxом медиҳад, ки гузаронидани онро талаб кардааст ва агар экспертиза тибқи созишномаи тарафҳо гузаронида шуда бошад, аз xониби ҳар ду тараф пардохта мешавад.
  6. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми саркашии фармоишгар аз қабули иxрои кор пудратчӣ бо гузашти мeҳлати як моҳ аз рeзе, ки бояд мувофиқи шартнома кор ба фармоишгар супурда шавад ва баъд аз ду маротиба огоҳ намудани e, ҳуқуқ дорад натиxаи корро фурeшад ва маблағи бадастовардаро бо аз ҳисоб баровардани ҳамаи пардохтҳои ба пудратчӣ тааллуқдошта ба депозити идораи нотариалӣ ба номи фармоишгар гузаронад.
  7. Агар саркашии фармоишгар аз иxрои қабули кор боиси минбаъд гузаронидани мeҳлати супурдани кор гардида бошад, ҳуқуқи моликият ба ашёи тайёркардашуда (коркардшуда) аз лаҳзае, ки супурдани он сурат гирифтааст, ба фармоишгар гузашта эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 732. Сифати кор
  1. Кори анxомдодаи пудратчӣ бояд ба шартҳои шартнома мутобиқат намояд ва дар сурати мавxуд набудани шарт ё комилан пурра набудани он ба талаботе, ки одатан ба чунин кори навъи дахлдор пешниҳод мегардад, xавобгe бошад. Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, иxрои кор бояд:
— дар лаҳзаи супурдан ба фармоишгар дорои хосиятҳои дар шартнома пешбинигардида ё ба талаботи муайяни одатан пешниҳодшаванда xавоб диҳад;
— дар давоми давраи қобили қабул барои истифода тибқи таъиноти дар шартнома пешбинишуда коршоям бошад ва агар он дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи чунин навъи корҳо муносиб бошад.
  1. Агар тибқи қонунpо ё тартиби муқаррарнамудаи онҳо нисбат ба кори тибқи шартномаи пудрат иxрошаванда талаботи ҳатмӣ пешбинӣ гардида бошад, пудратчии ба сифати соҳибкор баромадкунанда бояд корро бо риояи ҳамон талаботи ҳатмӣ анxом диҳад.
Пудратчӣ метавонад вобаста ба шартнома eҳдадорӣ қабул намуда, иxрои корро тавре анxом диҳад, ки нисбат ба талаботи сифати дар талаботи ҳатмӣ муқарраргардида xавобгeи  талаботи сифатан баландтар бошад.
 
Моддаи 733. Кафолати сифати кор
  1. Ҳангоме ки тибқи қонунҳо ё шартнома ё тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ аз xониби пудратчӣ ба фармоишгар додани кафолати сифати кор пешбинӣ шуда бошад, пудратчӣ вазифадор аст ба фармоишгар дар тeли тамоми мeҳлати кафолат натиxаи кореро, ки бояд ба талаботи қисми 1 моддаи 732 ҳамин Кодекс мутобиқ бошад, супорад.
  2. Кафолати сифати натиxаи кор, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба ҳамаи он чизе, ки натиxаи корро ташкил медиҳад, татбиқ мегардад.
 
Моддаи 734. Тартиби баҳисобгирии мeҳлати кафолат
  1. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре, пешбинӣ нагардида бошад xараёни мeҳлати кафолат аз лаҳзае ки иxрои кор қабул гардидааст ё мебоист аз xониби фармоишгар қабул гардад, оғоз меёбад.
  2. Барои баҳисобгирии мeҳлати кафолат тибқи шартномаи пудрат, агар дар қонунҳо ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз мушахассоти шартномаи пудрат барнаояд, мутаносибан қоидаҳои дар қисмҳои 2 — 4 моддаи 507 ҳамин Кодекс зикргардида истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 735. Масъулияти пудратчӣ барои сифати номатлуби кор
  1. Агар кор аз xониби пудратчӣ бо риоя накардани шартнома анxом дода шуда бошад, ки боиси бад шудани кор гаштааст ё бо камбудиҳои дигаре анxом ёфтааст, ки истифодаи онро барои мақсади дар шартнома пешбинигардида ношоям сохтааст ё ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани чунин шартҳо барои истифодаи оддӣ ғайриимкон аст, азбаски дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст, фармоишгар ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ аз пудратчӣ талаб кунад, ки:
— дар мeҳлати муносиб камбудиҳои корро ройгон рафъ намояд;
— мутаносибан нархҳои барои кор муқарраргардидаро паст кунад;
— хароxоташро барои рафъи камбудиҳо дар сурате ки агар дар шартнома ҳуқуқи фармоишгар оид ба рафъи камбудиҳо пешбинӣ гардида бошад, xуброн намояд.
  1. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад бар ивази рафъи камбудиҳои коре, ки барои онҳо e xавобгар мебошад, ройгон, бо xуброни зараре, ки вобаста ба гузаронидани мeҳлати иxрои кор расонида шудааст, аз нав корҳоро иxро кунад. Дар ин сурат фармоишгар вазифадор аст кори қаблии анxомдодашударо, агар мувофиқи хусусияти кор чунин баргардонидан имконпазир бошад, ба пудратчӣ баргардонад.
  2. Агар дар кор сарфи назар кардани шарти шартнома ё дигар камбудиҳои кор муҳим ё рафънопазир бошанд ё дар мeҳлати мувофиқи муқаррарнамудаи фармоишгар норасоиҳои ошкоргардида бартараф карда нашуда бошанд, фармоишгар ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва xуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
  3. Шартҳои шартномаи пудрат дар хусуси барои камбудиҳои дахлдор аз масъулият озод кардани пудратчӣ, агар исбот шуда бошад, ки чунин камбудиҳо дар натиxаи амал ё беамалии гунаҳкоронаи пудратчӣ ба вуқeъ пайвастааст, eро аз масъулият озод карда наметавонад.
  4. Пудратчие, ки барои иxрои корҳо мавод таҳия намудааст, барои сифати онҳо тибқи қоидаҳо оид ба масъулияти фурeшанда барои молҳои сифатан номатлуб (қисмҳои 1 — 3 ва 5 моддаи 511) xавобгар аст.
 
Моддаи 736. Мeҳлатҳои ошкор намудани сифати номатлуби натиxаҳои кор
  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар ҳуқуқ дорад вобаста ба сифати номатлуби кор ба шарти дар мeҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ошкор гардидани онҳо талабот пешниҳод кунад.
  2. Дар сурате ки агар барои натиxаи кор мeҳлати кафолат муқаррар нагардида бошад, талаботи вобаста ба камбудиҳои натиxаи кор аз xониби фармоишгар ба шарти дар мeҳлатҳои мувофиқ ошкор намудани онҳо, вале дар доираи ду сол аз рeзи супурдани натиxаи кор, агар дар қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ мeҳлати дигаре муқаррар нашуда бошад, пешниҳод шуданаш мумкин аст.
  3. Фармоишгар ҳуқуқ дорад вобаста ба камбудиҳои натиxаи коре, ки дар натиxаи xараёни мeҳлати кафолат ошкор гардидааст, талабот пешниҳод намояд.
  4. Дар ҳолатҳое, ки мeҳлати кафолати пешбининамудаи шартнома аз ду сол камтар бошад ва норасоиҳои натиxаи кор аз xониби фармоишгар пас аз гузашти мeҳлати кафолат, вале дар доираи ду сол аз лаҳзаи пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда ошкор гардидааст, агар фармоишгар исбот карда тавонад, ки камбудиҳо то супурдани натиxаи кор ба фармоишгар ё бо сабабҳое, ки то ин лаҳза рух додаанд, ба миён омадаанд, пудратчӣ масъулиятро ба зимма дорад.
  5. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мeҳлати кафолат (қисми 1 моддаи 734) аз лаҳзае, ки натиxаи иxрои кор қабул гардида буд ё мебоист аз xониби фармоишгар қабул гардад, xараён меёбад.
  6. Нисбат ба ҳисоби мeҳлати кафолат тибқи шартномаи пудрат, агар дар қонунҳо, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз мушаххасоти шартномаи пудрат барнаояд, мутаносибан қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 4 моддаи 507 ҳамин Кодекс зикргардида истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 737. Мeҳлати даъво оид ба даъвоҳо дар мавриди кори сифатан номатлуб
  1. Мeҳлати даъво барои талаботе, ки вобаста ба кори сифатан номатлуб тибқи шартномаи пудрат анxомдодашуда ба миён омадаанд, мувофиқи қоидаҳои моддаи 221 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Мeҳлати даъво барои талабот вобаста ба камбудиҳои бино, сохтмон, иншоот, агар ин камбудиҳо ҳангоми усули оддии қабули кор ошкор шуданашон ғайриимкон бошад, аз лаҳзаи ошкор шудани камбудиҳо панx солро дар бар мегирад.
  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи пудрат аз xониби пудратчӣ додани кафолати сифати кор пешбинӣ, мeҳлати кафолат муқаррар гардида бошад ва ариза дар мавриди камбудиҳои кор дар доираи мeҳлати кафолат дода шуда бошад, xараёни мeҳлати даъво аз рeзи додани ариза дар мавриди камбудиҳо оғоз меёбад.
  2. Агар мутобиқи шартномаи пудрат кор аз xониби фармоишгар қисм ба қисм қабул карда шуда бошад, xараёни мeҳлати даъво аз рeзи пурра қабул кардани кор оғоз меёбад.
 
Моддаи 738. Eҳдадории пудратчӣ дар мавриди ба фармоишгар додани маълумот
Пудратчӣ вазифадор аст якxоя бо натиxаи кор ба фармоишгар маълумотеро супорад, ки ба истифода ё навъи дигари истифодаи мавзeи шартнома дахл дорад, агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида ё маълумот дорои хусусияте бошад, ки бидуни он истифодаи натиxаҳои кор барои мақсадҳои дар шартнома зикргардида ғайриимкон аст.
 
Моддаи 739. Махфӣ нигоҳ доштани маълумоти  бадастовардаи тарафҳо
Агар тарафҳо ба туфайли иxрои eҳдадориҳои хеш вобаста ба шартнома аз xониби дигар дар мавриди тасмим ва донишҳои техникӣ маълумоте гирифта бошанд, аз Ҷумла маълумоте, ки аз ҳуқуқи ҳифз истифода намебарад, инчунин маълумоте, ки метавонад чун сирри тиxоратӣ арзёбӣ гардад, он ҳуқуқ надорад бидуни розигии тарафи дигар  ба ашхоси сеюм иттилоъ диҳад.
Тартиб ва шартҳои истифодаи чунин маълумот тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 740. Ба фармоишгар баргардонидани мавод ва таxҳизот
Дар ҳолатҳое ки агар фармоишгар дар асоси қисми 4 моддаи 727 ё қисми 3 моддаи 735 ҳамин Кодекс аз шартномаи пудрат даст кашад, пудратчӣ вазифадор аст мавод ва таxҳизоти фароҳамовардаи фармоишгарро, ки барои коркарди ашё дода шуда аст ё дигар амволро баргардонад ё онро ба ашхоси зикрнамудаи фармоишгар диҳад ва агар иxрои ин кор ғайриимкон гардида бошад, арзиши мавод, таxҳизот ва дигар амволро xуброн намояд.
 
Моддаи 741. Оқибатҳои қатъи шартномаи пудрат то қабули натиxаи кор
Дар сурати қатъ гардидани шартномаи пудрат то қабули натиxаи кор аз xониби фармоишгар тибқи асосҳои пешбининамудаи қонунҳо ё шартномаи пудрат, ки пудратчӣ анxом додааст (қисми 1 моддаи 731), фармоишгар ҳуқуқ дорад ба e супурдани натиxаи кори ба итмом расониданашударо бо xуброни хароxоти масрафнамудаи пудратчӣ талаб намояд.
 
  1. Пудрати маишӣ
Моддаи 742. Шартномаи пудрати маишӣ
  1. Мувофиқи шартномаи пудрати маишӣ пудратчие, ки фаъолияти соҳибкориро анxом медиҳад, eҳдадор мешавад тибқи фармоиши шаҳрванд — фармоишгар фаъолияти муайянеро, ки барои қонеъ гардонидани талаботи маишӣ ё дигар талаботи шахсии фармоишгар таъин шудааст, анxом диҳад ва фармоишгар бошад eҳдадор мешавад корро қабул намуда, ҳаққи онро пардозад.
  2. Шартномаи пудрати маишӣ ба шартномаи оммавӣ (моддаи 458) дохил мешавад.
  3. Нисбат ба шартномаи пудрати маишӣ, ки бо ҳамин Кодекс танзим нагардидааст, қонунҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси он қабул гардидаанд, истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 743. Кафолати ҳуқуқи фармоишгар
  1. Пудратчӣ ҳуқуқ надорад ба фармоишгар ба шартномаи пудрати маишӣ дохил намудани кор ва хизматрасонии иловагии пулакиро талаб намояд. Ҳангоми вайрон кардани ин талабот фармоишгар ҳуқуқ дорад аз пардохти кор ё хизматрасониҳои дахлдор даст кашад.
  2. Фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то ба e супурдани кор аз шартномаи пудрати маишӣ бо пардохти қисми нархи муқарраршуда барои кор, ки то гирифтани огоҳинома дар мавриди радди фармоишгар аз шартнома аз xониби пудратчӣ анxом дода шудааст, даст кашад ва ба e хароxоти то ин лаҳза бо мақсади иxрои кор масрафнамудаашро, агар онҳо ба арзиши ҳамин қисмати кор дохил нашуда бошад, пардозад. Шартҳои шартномае, ки фармоишгарро аз ин ҳуқуқ маҳрум месозанд, қурб надоранд.
 
Моддаи 744. Шакли шартнома
Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагадида бошад, шартномаи пудрати маишӣ аз лаҳзаи аз xониби фармоишгар  ба пудратчӣ супурдани квитансия ё дигар ҳуxxати тасдиқкунандаи бастани шартнома баимзорасида ҳисобида мешавад.
Мавxуд набудани ҳуxxатҳои зикргардида фармоишгарро аз ҳуқуқи истинод ба баёноти шоҳидон xиҳати тасдиқи далели бастани шартнома ё шартҳои он маҳрум намесозад.
 
Моддаи 745.  Офертаи оммавии корҳо
  1. Нисбат ба реклама ва дигар пешниҳоди корҳое, ки тибқи шартномаи пудрати маишӣ иxро карда мешавад, мутаносибан қоидаҳо дар мавриди офертаи оммавии молҳо, ки дар моддаи 529 ҳамин Кодекс зикр шудааст, истифода бурда мешавад.
  2. Ҳангоми ба фармоишгар супурдани кор пудратчӣ вазифадор аст ба e оид ба талаботе, ки барои самарабахш ва бехатар истифода бурдани ашёи таҳиягардида ё коркардашуда ё корҳои дигари анxомдодашуда риоя кардани онҳо зарур аст, инчунин оид ба оқибатҳои эҳтимолие, ки риоя накардани талаботи дахлдор ба худи фармоишгар ё дигар ашхос таҳдид карда метавонад, маълумот диҳад.
  3. Фармоишгар, агар дар натиxаи аз пудратчӣ гирифтани маълумоти нопурра ё нодуруст барои иxрои кор шартнома баста бошад, ки дорои хосиятҳои дарназардоштаи фармоишгар намебошад, ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи пудрати маишӣ ва xуброни зарарро талаб намояд.
 
Моддаи 746. Ба фармоишгар пешниҳод намудани маълумот оид ба кор
Пудратчӣ вазифадор аст то бастани шартномаи пудрати маишӣ ба фармоишгар оид ба корҳои пешниҳодшаванда, навъ ва мушаххасоти он, оид ба нарх ва шакли пардохт маълумоти зарурӣ ва саҳеҳ диҳад, инчунин бо хоҳиши фармоишгар дар мавриди маълумотҳои дигари марбут ба шартнома ва кори дахлдор иттилоъ диҳад.  Агар тибқи хусусияти кор ин дорои аҳамият бошад, пудратчӣ бояд ба фармоишгар шахси аниқро, ки ин корро анxом медиҳад, зикр намояд.
 
Моддаи 747.  Иxрои корҳо аз маводи пудратчӣ
  1. Агар кор оид ба шартномаи пудрати маишӣ аз маводи пудратчӣ анxом дода шавад, арзиши мавод ҳангоми бастани шартнома пурра ё қисман, чуноне ки дар шартнома зикр шудааст, бо ҳисоббаробаркунии ниҳоӣ баъди аз xониби фармоишгар аз пудратчӣ гирифтани мол пардохта мешавад.
Мутобиқи шартномаи пудрати маишӣ мавод метавонад ба пудратчӣ ба таври кредит, аз Ҷумла бо шарти аз xониби фармоишгар давра ба давра пардохтани он пешниҳод карда шавад.
  1. Тағйир ёфтани нархи маводе, ки пудратчӣ пешниҳод кардааст, баъди бастани шартнома боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.
 
Моддаи 748. Иxрои кор аз маводи фармоишгар
Агар корҳо оид ба шартномаи пудрати маишӣ аз маводи фармоишгар анxом дода шавад, дар квитансия ё ҳуxxати дигаре, ки ҳангоми бастани шартнома пудратчӣ ба фармоишгар медиҳад, бояд номи дақиқ, тасвир ва арзиши маводи тибқи созишномаи тарафҳо муқарраргардида зикр карда шавад. Нархгузории мавод дар квитансия ё дигар ҳуxxати шабеҳ метавонад минбаъд аз xониби фармоишгар дар суд, бо роҳи пешниҳоди далелҳои хаттӣ мавриди баҳс қарор дода шавад.
 
Моддаи 749. Нарх ва пардохти кор
Нархи кор дар шартномаи пудрати маишӣ тибқи созишномаи тарафҳо муқаррар гардида, наметавонад аз нархи дар  нархнома (прейскурант) эълоннамудаи пудратчӣ болотар бошад. Корро фармоишгар баъди аз xониби пудратчӣ пурра супурдани он мепардозад. Тибқи созишномаи тарафҳо кор метавонад аз xониби фармоишгар ҳангоми бастани шартнома пурра ё бо усули додани  бунак (аванс) пардохта шавад.
 
Моддаи 750. Огоҳ сохтани фармоишгар дар мавриди шартҳои истифодаи кори иxрошуда
Ҳангоми ба фармоишгар супурдани кор пудратчӣ вазифадор аст ба e оид ба талаботе, ки барои кори самарабахш ва бехатари истифодаи натиxаи кор риоя намудани онҳо зарур аст, инчунин аз оқибатҳои имконпазири риоя накардани талаботи дахлдор барои худи фармоишгар ва дигар ашхос иттилоъ диҳад.
 
Моддаи 751. Оқибатҳои ошкор намудани камбудиҳои иxрои кор
  1. Фармоишгар, дар сурати ҳангоми қабули кор ё дар вақти истифодаи ашёи пудрат ошкор намудани камбудиҳо метавонад дар xараёни мeҳлати дар моддаи 731 ҳамин Кодекс зикргардида ва ҳангоми мавxуд будани мeҳлати кафолат дар тeли ин муддат яке аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 736 ҳамин Кодексро истифода барад.
  2. Талабот оид ба рафъи ройгони чунин камбудиҳои кори тибқи шартномаи пудрати маишӣ анxомдодашуда, ки метавонад ба ҳаёт ё саломатии худи фармоишгар ва дигар ашхос таҳдид кунад, агар дар тартиби муайяннамудаи қонун мeҳлати нисбатан бештаре муқаррар (мeҳлати хизмат) нагардида бошад, аз xониби фармоишгар ё вориси ҳуқуқии e дар xараёни даҳ сол аз лаҳзаи қабули кор пешниҳод шуданаш мумкин аст. Чунин талаботро, сарфи назар аз он, ки кай чунин камбудиҳо ошкор гардидаанд, аз Ҷумла баъди хотимаи мeҳлати кафолат ошкор шуданашон низ пешниҳод намудан мумкин аст.
Ҳангоми аз xониби пудратчӣ иxро накардани талаботи зикргардида фармоишгар ҳуқуқ дорад дар xараёни ҳамин мeҳлат ё баргардонидани қисми арзише, ки барои кор супурда буд ё xуброни хароxотеро, ки барои рафъи камбудиҳо бо қувваи худ ё бо кeмаки ашхоси сеюм масраф кардааст, талаб намояд.
Моддаи 752. Оқибатҳои барои гирифтани кор ҳозир нашудани фармоишгар
  1. Дар сурати барои гирифтани кор ҳозир нашудани фармоишгар ё ба таври дигар аз қабули кор саркашӣ намудани e пудратчӣ ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ фармоишгарро огоҳ намуда, бо гузашти ду моҳ аз рeзи огоҳонӣ ашёи пудратро бо нархи муносиб фурeшад ва маблағи аз фурeш ба даст овардаашро, бо касри ҳамаи маблағи пардохти ба e тааллуқдошта мутобиқи моддаи 352 ҳамин Кодекс ба номи фармоишгар ба депозити нотариус гузаронад.
  2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида пудратчӣ метавонад бар ивази фурeши ашёи пудрат аз ҳуқуқи нигоҳ доштан (боздоштан)-и ашё (моддаи 724) истифода барад ё аз фармоишгар xуброни зарари расонидашударо ситонад.
 
Моддаи 753. Ҳуқуқи фармоишгар дар сурати иxрои номатлуб ё иxро накардани кор тибқи шартномаи пудрати маишӣ
Дар сурати иxрои номатлуб ё иxро накардани корҳо тибқи шартномаи пудрати маишӣ фармоишгар метавонад аз ҳуқуқҳои мувофиқи моддаҳои 537-539 ҳамин Кодекс ба харидор додашуда истифода барад.
 
Моддаи 754. Оқибатҳои фавти яке аз тарафҳо дар шартнома
Ҳангоми қатъи шартномаи пудрати маишӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаи 450 ҳамин Кодекс оқибатҳои қатъи шартнома мувофиқи созишномаи байни вориси ҳуқуқии тарафи дахлдор ва контрагенти e ва дар сурати ба мувофиқа нарасидани онҳо аз xониби суд бо дарназардошти ҳаxми кори анxомдодашуда ва нархи он арзиши маводи масрафшуда ва боқимонда, инчунин дигар ҳолатҳои назаррас муайян карда мешавад.
 
  1. Пудрати сохтмон
Моддаи 755. Шартномаи пудрати сохтмон
  1. Мувофиқи шартномаи пудрати сохтмон пудратчӣ вазифадор мешавад дар мeҳлати муқаррарнамудаи шартнома тибқи супориши фармоишгар иншооти муайян ё дигар корҳои сохтмониро анxом диҳад ва фармоишгар eҳдадор мешавад барои пудратчӣ xиҳати иxрои кор шароити зарурӣ фароҳам оварад, корро қабул кунад ва ба он нархи қайду шартшударо пардозад.
  2. Шартномаи пудрати сохтмон барои сохтмон ё азнавсозии корхонаҳо, бино (аз Ҷумла бинои истиқоматӣ), иншоот ё дигар объектҳо, инчунин барои иxрои корҳои васл, танзиму истифодадиҳӣ ва дигар корҳои ба ҳам алоқаманди иншооти эъморшаванда баста мешавад.
Агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, пудратчӣ eҳдадор мешавад, ки истифодаи иншоотро баъди қабули он аз xониби фармоишгар дар xараёни мeҳлати дар шартнома зикргардида таъмин намояд.
  1. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи шартномаи пудрати сохтмон корҳо xиҳати қонеъ гардонидани талаботи маишӣ ё дигар талаботи шахсии шаҳрванд (фармоишгар) анxом дода шавад, нисбат ба чунин шартнома мутаносибан қоидаҳои зербоби 2 ҳамин модда оид ба ҳуқуқҳои фармоишгар вобаста ба шартномаи пудрати маишӣ истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 756. Тақсими таваккал байни тарафҳо
  1. Таваккали тасодуфан несту нобуд гардидан ё тасодуфан осеб дидани иншооти сохтмон, ки мавзeи шартномаи пудрати сохтмонро ташкил медиҳад, то лаҳзаи аз xониби фармоишгар қабул гардидани ин иншоот ба зиммаи пудратчӣ мебошад.
  2. Агар иншооти сохтмон то қабули он аз xониби фармоишгар несту нобуд гардида бошад ё дар натиxаи бесифатии маводи фароҳамовардаи фармоишгар (асбобу анxом, конструксияҳо) ё таxҳизот ё иxрои нодурусти супориши фармоишгар осеб дида бошад, пудратчӣ ҳуқуқ дорад пардохти тамоми арзиши дар смета пешбинишудаи корҳоро бо шарти он ки e eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 728 ҳамин Кодексро иxро кардааст, талаб намояд.
 
Моддаи 757. Масъулият барои бехатарии корҳои  анxомдодашаванда
Масъулият барои бехатар анxом додани корҳо ба зиммаи пудратчӣ гузошта мешавад.
 
Моддаи 758. Суғурта кардани иншооти сохташаванда
Пудратчӣ eҳдадор аст, аз ҳисоби худ суғуртаи иншоот ё маxмeи корҳоеро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, агар дар шартнома тартиб ва шарти дигаре аз xониби тарафҳо муқаррар нагардида бошад, суғурта кунад.
Тарафе, ки ба зиммаи e eҳдадории суғурта вогузошта шудааст, бояд ба тарафи дигар тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома далели аз xониби он бастани шартномаи суғуртаро мутобиқи шартҳои шартномаи пудрати сохтмон, аз Ҷумла маълумотро дар бораи суғуртакунанда, маблағи суғурта ва таваккалҳои суғурташуда  пешкаш намояд.
 
Моддаи 759. Ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ
  1. Пудратчӣ вазифадор аст сохтмон ва корҳои вобаста ба онро тибқи ҳуxxатҳои лоиҳавӣ, ки ҳаxм ва мeҳтавои корҳо ва дигар талаботи ба кор алоқаманд ва сметае, ки арзиши корро муайян менамояд, анxом диҳад.
  2. Пудратчие, ки дар xараёни сохтмон корҳои дар ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ зикрнагардида ва вобаста ба ин зарурати корҳои иловагӣ ва зиёд кардани арзиши сметавии сохтмонро ошкор менамояд, бояд дар маврид ба фармоишгар маълумот диҳад.
Дар сурати дар тeли даҳ рeз аз фармоишгар нагирифтани xавоб ба маълумоти ирсолгардида, агар дар қонун ё шартнома барои ин мeҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ вазифадор аст корҳои дахлдорро боздорад ва зарари вобаста ба бекористӣ расонидашударо аз ҳисоби фармоишгар xуброн намояд. Фармоишгар, агар исбот карда тавонад, ки ба гузаронидани корҳои иловагӣ зарурат нест, аз xуброни чунин зарар озод карда мешавад.
  1. Пудратчие, ки eҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин моддаро иxро накардааст аз ҳуқуқи аз фармоишгар талаб кардани пардохти корҳои иловагии анxом додашуда ва зарари вобаста ба он расонидашуда, маҳрум мегардад.
 
Моддаи 760. Ворид намудани тағйирот ба ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ
  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ба ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки ба хароxоти иловагии пудратчӣ алоқаманд нестанд, ворид намудани тағйиротро талаб намояд.
  2. Тағйир додани ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки хароxоти иловагии пудратчиро талаб мекунад, аз ҳисоби фармоишгар дар асоси сметаи иловагии аз xониби тарафҳо мувофиқашуда анxом дода мешавад.
  3. Пудратчӣ, агар бо сабабҳои ба e вобастанабуда арзиши корҳоро нисбат ба он, ки дар смета пешбинӣ шудааст на камтар аз даҳ фоиз афзуда бошад, ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаи 446 ҳамин Кодекс аз нав дида баромадани сметаро талаб кунад.
  4. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад xуброни хароxотҳои оқилонаеро, ки вобаста ба муқаррар намудан ва рафъи норасогиҳои ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ расонида шудааст, талаб намояд.
 
Моддаи 761. Таъмини моддии корҳо
  1. Eҳдадории бо мавод, аз Ҷумла xузъҳо ва конструксияҳо, инчунин бо таxҳизот таъмин намудани сохтмон, агар дар шартнома таъмини моддии сохтмонро дар маxмeъ ё вобаста ба як қисми он фармоишгар анxом диҳад, ба eҳдаи пудратчӣ вогузошта мешавад.
  2. Пудратчие, ки ба зиммааш таъминоти моддии сохтмон гузошта шудааст, таваккали ошкор намудани имконнопазирии истифода бурдани мавод (xузъҳо ва конструксияҳо) ё таxҳизоти пешниҳодшударо бидуни бад гардонидани сифати иxрои корҳо ба eҳда дорад.
  3. Дар сурати ошкор намудани имконнопазирии истифодаи мавод (xузъҳо ва конструксияҳо) ё таxҳизоти фароҳамовардаи фармоишгар бидуни бад гардонидани сифати иxрои корҳо пудратчӣ eҳдадор аст аз фармоишгар дар мeҳлатҳои мувофиқ бартараф кардани онҳоро талаб намояд ва агар ин талаб иxро нагардад пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашида, аз фармоишгар талаб намояд, ки арзиши шартномаро мутаносибан ба иxрои қисми кор, инчунин зарареро, ки бо ин маблағ пeшонида нашудааст, xуброн намояд.
 
Моддаи 762. Пардохти корҳо
  1. Пардохти корҳои анxомдодашуда аз xониби фармоишгар тибқи андозаи дар смета пешбинишуда дар мeҳлат ва мувофиқи тартибе, ки қонун ё шартнома пешбинӣ намудаанд, анxом дода мешавад. Ҳангоми дар қонун ё шартнома мавxуд набудани супориши дахлдор пардохти корҳои анxомдодаи пудратчӣ мутобиқи моддаи 723 ҳамин Кодекс сурат мегирад.
  2. Ҳангоми иxрои корҳои сохтмон таҳти шарти “супурдани калид” (хотимаи пурра), баъди қабули иншоот аз xониби фармоишгар, нархи дар шартнома зикргардида дар ҳаxми пурра, якдафъаина пардохта мешавад.
 
Моддаи 763. Фароҳам овардани қитъаи замин барои сохтмон
Фармоишгар вазифадор аст барои сохтмон сари вақт чунин қитъаи заминеро xудо намояд, ки аз xиҳати майдон ва ҳолат дар шартнома зикр гардидааст. Ҳангоми дар шартнома набудани чунин нишондод — майдон ва ҳолати қитъаи замин бояд оғози сари вақти кор, пешбурди мeътадил ва дар мeҳлати муайянгардида анxом додани корро таъмин намояд.
 
Моддаи 764. Eҳдадориҳои иловагии фармоишгар дар шартномаи пудрати сохтмон
Фармоишгар eҳдадор аст, тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи шартномаи пудрати сохтмон ба пудратчӣ xиҳати анxом додани кор барои истифода бино ва иншооти заруриро дода, ба унвонии e ҳамлу нақли бор, гузаронидани хатҳои муваққатии шабакаи барқ, об, налҳои буғгузаронӣ ва ғайраро таъмин намояд.
 
Моддаи 765. Аз xониби фармоишгар тибқи шартнома назорат кардан ва санxидани иxрои кор
  1. Фармоишгари шартномаи пудрати сохтмон ҳуқуқ дорад назорат ва санxиши xараёни кор ва сифати он, риояи мeҳлати иxро (нақша), сифати маҳсулоти фароҳамовардаи пудратчӣ, инчунин дурустии аз xониби пудратчӣ истифода бурдани маводи фармоишгарро анxом дода, вале дар айни замон ба фаъолияти оперативию хоxагидории пудратчӣ дахолат накунад.
  2. Фармоишгаре, ки ҳангоми анxом додани назорат ва санxиши xараёни иxрои кор риоя накардани шарти шартномаро, ки метавонад боиси паст шудани сифати кор гардад ё дигар камбудиҳоро ошкор намудааст, вазифадор аст фавран пудратчиро огоҳ созад. Фармоишгаре, ки чунин арзро пешниҳод накардааст, минбаъд ҳуқуқи худро ба истисно ба камбудиҳои ошкоргардида аз даст медиҳад.
  3. Пудратчӣ вазифадор аст супоришҳои дар xараёни сохтмон аз фармоишгар гирифтаашро, агар ин супоришҳо хилофи шартҳои шартнома набошанд, иxро кунад.
 
Моддаи 766. Ҳамкории тарафҳо дар шартномаи  пудрати сохтмон
  1. Агар ҳангоми иxрои сохтмон ва корҳои вобаста ба он барои иxрои матлуби шартномаи пудрати сохтмон монеъаҳо ошкор гарданд, ҳар кадоме аз тарафҳо eҳдадоранд барои рафъи чунин монеъаҳо тадбирҳои муносиби ба онҳо вобастаро андешанд. Тарафе, ки ин eҳдадориро иxро накардааст, аз ҳуқуқи худ барои ситонидани xуброни зарари вобаста ба рафъ накардани камбудиҳои дахлдор расонидашуда маҳрум мегардад.
  2. Хароxоти ба иxрои eҳдадориҳо вобастаи тарафҳо, ки дар қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартномаи пудрати сохтмон аз xониби тарафи дигар xуброн карда мешавад.
 
Моддаи 767. Eҳдадории пудратчӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии пешбурди корҳои сохтмон
  1. Пудратчӣ вазифадор аст ҳангоми анxом додани сохтмон ва корҳои вобаста ба он талаботи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқиро оид ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии пешбурди сохтмон риоя намояд ва дар назди ашхоси сеюм барои вайрон кардани ин талабот xавобгар аст.
  2. Пудратчӣ, агар ин боиси вайрон кардани талаботи ҳатмӣ барои тарафҳо оид ба ҳифзи муҳити атроф ва пешбурди бехатари корҳои сохтмонӣ гардад, ҳуқуқ надорад дар xараёни кор мавод (xузъҳо ва конструксияҳо) ва таxҳизоти фароҳамовардаи фармоишгарро истифода барад ё супоришҳои eро иxро кунад.
 
Моддаи 768. Eҳдадории тарафҳо ҳангоми муваққатан хобондани (консерватсияи) сохтмон
Агар бо сабабҳои ба тарафҳо алоқаманд набуда корҳои вобаста ба шартномаи пудрати сохтмон боздошта шуда бошанд ва иншооти сохтмон муваққатан хобонда шуда (консерватсия) бошад, фармоишгар eҳдадор аст,  корҳои то лаҳзаи муваққатан хобонда шудан (консерватсия)  иxрошударо ба пудратчӣ дар ҳаxми пурра пардозад, инчунин хароxоти бо зарурати қатъи кор ва муваққатан хобонда шудан (консерватсия)-и сохтмон масрафшударо бо дарназардошти фоидае, ки пудратчӣ мегирифт ё метавонист дар натиxаи қатъи корҳо ба даст орад, xуброн намояд.
 
Моддаи 769. Супурдан ва қабули кор
  1. Фармоишгаре, ки иттилооти пудратчиро дар мавриди омодагӣ барои супурдани кори тибқи шартномаи пудрати сохтмон анxомдодашуда ё давраи кори дар шартнома пешбинигардида гирифтааст, вазифадор аст фавран ба қабули он шурeъ намояд.
  2. Фармоишгар, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қабули корро аз ҳисоби худ ташкил ва анxом медиҳад. Дар ҳолатҳои дар қонун ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ муқарраргардида дар қабули кор бояд намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ иштирок намоянд.
  3. Фармоишгаре, ки давраҳои алоҳидаи корро пешакӣ қабул намудааст, таваккали несту нобуд гардидан ё зарар дидани сохтмонро, ки бо айби пудратчӣ сурат нагирифтааст, аз Ҷумла дар ҳолатҳое, ки дар шартнома иxрои корҳо тибқи таваккали пудратчӣ пешбинӣ гардидааст, ба зимма дорад.
  4. Аз xониби пудратчӣ супурдани кор ва қабули он аз xониби фармоишгар бо акте, ки ҳар ду тараф имзо намудаанд, ба расмият дароварда мешавад.  Дар сурати аз имзои акт саркашӣ намудани яке аз тарафҳо дар акт сабт гардида, он аз xониби тарафи дигар имзо карда мешавад.
Акти яктарафа супурдан ва ё қабул кардани кор метавонад аз xониби суд ғайриқонунӣ эътироф гардад.
  1. Дар ҳолатҳое ки агар ин дар қонун ё дар шартнома пешбинӣ гардида бошад ё аз хусусияти коре, ки тибқи шартномаи пудрати сохтмон анxом дода мешавад ба миён ояд, пеш аз қабули кор бояд санxиши пешакии он сурат гирад. Дар ин ҳолат қабули кор танҳо баъди натиxаи мусбии санxиши пешакӣ анxом дода шуданаш мумкин аст.
  2. Фармоишгар дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳое, ки имконияти истифодаи онро барои тибқи мақсадҳои дар шартнома зикргардида ғайриимкон мегардонад ҳуқуқ дорад, аз қабули кор даст кашад.
 
Моддаи 770. Масъулияти пудратчӣ барои сифати кор
  1. Пудратчӣ барои риоя накардани талаботи пешбининамудаи шартнома, лоиҳаи техникӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмони барои ҳар ду тараф ҳатмӣ, инчунин барои ноил нагардидан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуxxатҳои лоиҳавию сохтмонӣ пешбинигардидаи ҳаxми сохтмон, аз Ҷумла ба монанди иқтидори истеҳсолии корхона, дар назди фармоишгар xавобгар мебошад.
Ҳангоми азнавсозӣ (навсозӣ, бозсозӣ, таxдид ва ғайра)-и бино ё иншоот барои кам кардан ё аз даст додани пойдорӣ, (устуворӣ)  ва эътимоднокии бино, иншоот ё як қисми он пудратчӣ масъулиятро ба зимма дорад.
  1. Пудратчӣ барои бидуни розигии фармоишгар xузъан дур рафтан аз ҳуxxатҳои лоиҳавӣ, ки манфиатҳои муҳими фармоишгарро дахолат намекунад, масъулият надорад.
 
Моддаи 771.  Кафолати сифат дар шартномаи пудрати сохтмон
  1. Агар дар шартномаи пудрати сохтмон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ ба даст овардани нишондиҳандаҳои дар ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ зикргардидаро аз xониби иншооти сохтмон ва барои тамоми мeҳлати кафолат имконияти истифода бурдани иншоотро тибқи шартнома кафолат медиҳад. Агар дар қонун ё шартнома мeҳлати дигари кафолат муқаррар нагардида бошад, мeҳлати кафолат аз рeзи қабули иншоот аз xониби фармоишгар даҳ солро дар бар мегирад.
  2. Пудратчӣ агар исбот карда натавонад, ки камбудиҳо дар натиxаи мeътадил фарсуда шудани иншоот ё як қисми он, истифодаи нодуруст ё нишондодҳои нодурусти вобаста ба истифодаи он, ки худи фармоишгар ё ашхоси сеюми xалбкардаи он таҳия намудаанд, таъмири номатлуби иншоот, ки худи фармоишгар анxом додааст ё бо xалби ашхоси сеюм иxро кардааст, барои камбудиҳои дар давраи мeҳлати кафолат ошкоргардида xавобгар мебошад.
  3. Xараёни мeҳлати кафолат барои тамоми мeҳлате, ки дар давоми он иншоот дар натиxаи камбудиҳо (норасоиҳо ва номукаммалӣ) истифода бурда нашуд ва барои он пудратчӣ xавобгар аст, ба таъхир андохта мешавад.
  4. Дар ҳолати дар xараёни мeҳлати кафолат ошкор намудани камбудиҳои дар қисми 1 моддаи 809 ҳамин Кодекс зикргардида фармоишгар вазифадор аст дар мeҳлатҳои мувофиқи баъди ошкор кардани он ба пудратчӣ арз кунад.
 
Моддаи 772. Мeҳлатҳои ошкор намудани сифати  номатлуби корҳои сохтмон
Ҳангоми пешниҳоди талаботи вобаста ба сифати номатлуби иxрои кор қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 — 5 моддаи 735 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
Дар айни замон мeҳлати ниҳоии ошкор сохтани камбудиҳо мутобиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 735 ҳамин Кодекс панx солро дар бар мегирад.
 
Моддаи 773. Бартараф намудани камбудиҳои содиршуда  аз тарафи пудратчӣ
  1. Пудратчӣ eҳдадор аст камбудиҳои содиркарда (норасоиҳо ва камукостҳо)-ро дар давоми мeҳлати муайянкардаи акти қабул ва супоридани кор бартараф намояд.
  2. Пудратчӣ барои сари вақт бартараф накардани камбудиҳо тибқи тартиби муқарраркардаи шартнома ё қонун xавобгар аст.
 
Моддаи 774. Xуброни зарари маънавӣ
Зарари маънавие, ки ба фармоишгар дар натиxаи аз xониби иxрокунанда вайрон кардани ҳуқуқҳои e расонида шудааст, дар сурати мавxуд будани гуноҳ аз xониби расонандаи зарар xуброн карда мешавад. Андозаи xуброни зарари маънавӣ, агар дар санадҳои қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз xониби суд муқаррар карда мешавад.
 
  1. Пудрат барои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ
Моддаи 775. Шартномаи пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ
Тибқи шартнома барои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ пудратчӣ (лоиҳакаш, xустуxeкунанда) eҳдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар санадҳои лоиҳавию сметавӣ ва (ё) корҳои xустуxeиро анxом диҳад ва фармоишгар бошад, eҳдадор мешавад, ки онро қабул намуда, ҳаққи корро пардозад.
 
Моддаи 776. Маълумоти ибтидоӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ
  1. Тибқи шартномаи пудрат барои корҳои лоиҳакашию xустуxeӣ фармоишгар вазифадор аст ба пудратчӣ дар мавриди лоиҳакашӣ супориш диҳад, инчунин дигар маълумоти ибтидоии барои таҳияи ҳуxxатҳои лоиҳакашию xустуxeӣ заруриро пешниҳод намояд. Вазифаи лоиҳакаширо бо супориши фармоишгар метавонад пудратчӣ низ анxом диҳад. Дар ин ҳолат чунин вазифа аз лаҳзаи аз xониби фармоишгар тасдиқ шуданаш барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
  2. Пудратчӣ вазифадор аст талаботи дар супориш ва дигар маълумоти ибтидоии барои лоиҳакашӣ ва иxрои корҳои xустуxeӣ мавxударо риоя намуда, танҳо бо розигии фармоишгар метавонад аз талаботи он сарфи назар намояд.
 
Моддаи 777. Eҳдадориҳои фармоишгар
Тибқи шартномаи пудрат барои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ, агар дар шартномаи тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар вазифадор аст:
— ба пудратчӣ баъди анxом додани ҳамаи корҳо ё қисман, баъди анxом додани давраҳои алоҳидаи  кор, нархи муқарраршударо пардозад;
— ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавиро, ки аз пудратчӣ гирифтааст, танҳо барои мақсадҳои дар шартнома пешбинигардида истифода барад, ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавиро ба ашхоси сеюм надиҳад ва бидуни розигии пудратчӣ маълумоти дар онҳо зикргардидаро ошкор нанамояд;
— ба пудратчӣ дар иxрои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома хизмат расонад;
— якxоя бо пудратчӣ дар корҳои бо мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба мувофиқа расонидани ҳуxxатҳои лоиҳакашию xустуxeӣ иштирок намояд;
— ба пудратчӣ хароxоти иловагиро вобаста ба тағйир ёфтани маълумоти ибтидоӣ барои лоиҳакашӣ ва корҳои xустуxeӣ, ки дар натиxаи ҳолатҳои ба пудратчӣ марбутнабуда ба миён омадаанд, xуброн намояд;
— пудратчиро ба парванда оид ба даъвое, ки шахси сеюм нисбат ба фармоишгар вобаста ба камбудиҳои ҳуxxатҳои лоиҳавӣ ё иxрои корҳои xустуxeӣ пешниҳод намудааст, xалб кунад.
 
Моддаи 778. Eҳдадориҳои пудратчӣ
  1. Тибқи шартномаи пудрат барои иxрои корҳои лоиҳакашию xустуxeӣ пудратчӣ вазифадор аст:
— тибқи супориш ё дигар ҳуxxатҳои ибтидоӣ оид ба лоиҳакашӣ ва шартнома корҳоро анxом диҳад;
— ҳуxxатҳои таҳиягардидаи техникиро бо фармоишгар ва дар сурати зарурат якxоя бо фармоишгар бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба мувофиқа расонад;
— ба фармоишгар ҳуxxатҳои тайёри техникӣ ва натиxаи корҳои xустуxeиро супорад.
Пудратчӣ ҳуқуқ надорад ҳуxxатҳои техникиро бидуни мувофиқаи фармоишгар ба ашхоси сеюм диҳад.
  1. Пудратчӣ оид ба шартномаи пудрат дар мавриди иxрои корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ ба фармоишгар мавxуд набудани ҳуқуқи ашхоси сеюмро барои монеъ шудан ба иxрои корҳо ё маҳдуд сохтани иxрои онҳоро дар асоси ҳуxxатҳои техникии таҳиянамудаи пудратчӣ кафолат медиҳад.
 
Моддаи 779. Масъулияти пудратчӣ барои камбудиҳои ҳуxxатҳо ва корҳо
  1. Пудратчӣ оид ба шартномаи пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва xустуxeӣ барои камбудиҳои ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ ва xустуxeӣ, аз Ҷумла камбудиҳое, ки дар натиxаи xараёни сохтмон, инчунин дар xараёни истифодаи объекти дар асоси ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ ва маълумоти корҳои xустуxeӣ таҳиягардида ошкор шудаанд, масъулият дорад.
  2. Ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо дар ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавӣ ё корҳои xустуxeӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ бо талаби фармоишгар вазифадор аст ройгон ҳуxxатҳои лоиҳавию сметавиро аз нав таҳия намояд ва мутаносибан ба таври иловагӣ корҳои зарурии xустуxeиро анxом диҳад, инчунин ба фармоишгар зарари расонидашударо xуброн намояд.
 
  1. Корҳои пудратӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ
Моддаи 780. Фармоиши давлатӣ xиҳати иxрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёxоти  давлатӣ
  1. Корҳои пудрати сохтмон (моддаи 755), корҳои лоиҳакашию xустуxeӣ (моддаи 775), ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст ва аз ҳисоби буxетҳои дахлдор маблағгузорӣ мегардад, дар асоси фармоиши давлатӣ xиҳати иxрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ анxом дода мешавад.
  2. Тибқи фармоиши давлатӣ xиҳати иxрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ пудратчӣ вазифадор мешавад, ки корҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва дигар корҳои вобаста ба сохтмон ва таъмири иншооти дорои хусусияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро анxом диҳад ва онро ба фармоишгари давлатӣ супорад ва фармоишгари давлатӣ eҳдадор мешавад, ки корҳои иxрошударо қабул намуда, арзиши онҳоро пардозад ё пардохти онро таъмин кунад.
 
Моддаи 781. Тарафҳо дар фармоиши давлатӣ
Ба сифати фармоишгари давлатӣ мақомоти давлатие, ки дорои захираҳои инвеститсионии зарурӣ мебошанд ё ташкилоте, ки аз xониби мақоми дахлдори давлатӣ ба он ҳуқуқи ихтиёрдории чунин захираҳо дода шудааст ва ба сифати пудратчӣ бошад шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд баромад мекунанд.
 
Моддаи 782. Асосҳо ва тартиби бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёxоти давлатӣ
  1. Асос барои бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёxоти давлатӣ фармоиши давлатӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Тартиби бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёxоти давлатӣ мутобиқи қоидаи моддаи 563 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 783. Мeҳтавои фармоиши давлатӣ
Фармоиши давлатӣ бояд шартҳоро оид ба ҳаxм ва арзиши корҳои иxрошаванда, мeҳлати оғоз ва хотимаи он, андоза ва тартиби маблағгузорӣ ва пардохти корҳо, усули таъмини иxрои eҳдадориҳои тарафҳоро дар бар гирад.
 
Моддаи 784. Тағйир додани фармоиши давлатӣ
  1. Ҳангоми аз xониби мақоми дахлдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда кам кардани маблағи буxети дахлдори барои маблағгузории корҳои пудрат xудокардашуда тарафҳо бояд мeҳлатҳои нав ва агар зарур бошад шартҳои дигари иxрои корро ба мувофиқа расонанд. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз фармоишгари давлатӣ xуброни зарари вобаста ба тағйир додани мeҳлати ирои корҳо расонидашударо талаб намояд.
  2. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тағйир додани фармоиши давлатӣ, ки ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида алоқаманд намебошанд, тибқи созишномаи тарафҳо анxом дода мешаванд.
 
Моддаи 785. Танзими ҳуқуқии фармоиши давлатӣ
Нисбат ба фармоиши давлатӣ xиҳати иxрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ дар қисмате, ки бо ҳамин Кодекс танзим нагардидааст, қонуни пудрат барои эҳтиёxоти давлатӣ татбиқ мегардад.
 
  1. Пудрат барои корҳои илмию тадқиқотӣ, таxрибавӣ (озмоишӣ)-ю
конструкторӣ ва  корҳои технологӣ
Моддаи 786. Шартномаҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ, таxрибавию (озмоишӣ) конструкторӣ ва корҳои технологӣ
  1. Тибқи шартнома барои корҳои илмию тадқиқотӣ пудратчӣ (иxрокунанда) eҳдадор мешавад, ки тадқиқоти илмии бо фармоишгар қайду шартшударо анxом диҳад ва тибқи шартномаи таxрибавию конструкторӣ ва корҳои технологӣ бошад намунаи маҳсулоти нав, ҳуxxатҳои конструктории он, технологияи навро таҳия намояд ва ё намунаи нав созад; фармоишгар eҳдадор мешавад, ки ба пудратчӣ (иxрокунанда) супориши техникӣ диҳад, корро қабул кунад ва арзиши онро пардозад.
  2. Шартнома бо пудратчӣ (иxрокунанда) метавонад ҳам тамоми силсилаи (сикли) гузаронидани тадқиқ, таҳия ва тайёр кардани намунаҳо, ҳамчунин xузъҳои алоҳидаи онро дар бар гирад.
 
Моддаи 787.  Иxрои  кор
  1. Пудратчӣ eҳдадор аст танҳо дар сурате шахсан корро иxро намояд, ки он аз eҳдадории мушаххас ё хусусияти кор бармеояд. Дар ҳолатҳои дигар вай ҳақ дорад ба иxрои шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ шахсони сеюмро xалб намояд.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми иxрои корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ пудратчӣ ҳуқуқ дорад xиҳати иxрои ин корҳо ашхоси сеюмро ба сифати пудратчиёни ғайриасосӣ xалб намояд.
 
Моддаи 788. Супоридан, қабул ва пардохти кор
Пудратчӣ (иxрокунанда) вазифадор аст корҳои иxрошудаи илмию тадқиқотӣ, таxрибавию конструкторӣ ва технологиро супорад ва фармоишгар онро қабул намояд ва арзиши онро пардозад. Дар шартнома қабул ва пардохти давраҳои алоҳидаи кор ё усули дигари пардохт пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
 
Моддаи 789. Махфӣ будани маълумот оид ба шартнома
Агар дар шартномаи оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад:
— ҳам пудратчӣ (иxрокунанда) ва ҳам фармоишгар вазифадоранд махфӣ нигоҳ доштани малъумоти вобаста ба мавзeи шартнома, xараёни иxрои он ва натиxаҳои ба даст овардашударо таъмин намоянд. Ҳаxми маълумоте, ки махфӣ эътироф мешавад, тибқи шартнома муқаррар мегардад;
— пудратчӣ ҳуқуқ дорад танҳо бо розигии фармоишгар патенткунонии натиxаҳои корро, ки тибқи шартномаи зикргардида ба даст оварда шудааст, анxом диҳад.
 
Моддаи 790. Ҳуқуқи тарафҳо барои натиxаҳои кор
  1. Фармоишгар оид ба шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таxрибавию конструкторӣ ва корҳои технологӣ ҳуқуқ дорад натиxаҳои кори ба e супурдашударо тибқи ҳаxм ва шартҳои пешбининамудаи шартнома истифода барад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ (иxрокунанда) ҳуқуқ дорад натиxаҳои кори иxрокардаашро барои худ истифода барад.
  3. Дар шартнома ҳуқуқи пудратчӣ (иxрокунанда) дар хусуси ба ашхоси сеюм фурeхтани натиxаи кор пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 791. Eҳдадории фармоишгар
Фармоишгар оид ба шартномаи илмию тадқиқотӣ ё оид ба корҳои таxрибавию конструкторӣ ё технологӣ eҳдадор аст:
ба пудратчӣ (иxрокунанда) вазифаи техникӣ диҳад ва бо e барнома (параметрҳои техникию иқтисодӣ) ё мавзeи корро  ба мувофиқа расонад;
ба пудратчӣ (иxрокунанда) иттилооти барои иxрои кор заруриро супорад;
корҳои иxрошударо қабул намуда, арзиши онро (моддаи 788) пардозад.
 
Моддаи 792. Eҳдадории пудратчӣ (иxрокунанда)
  1. Пудратчӣ (иxрокунанда) оид ба шартномаи илмию тадқиқотӣ ё корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ eҳдадор аст:
1) корҳоро мутобиқи барнома (параметрҳои техникию иқтисодӣ) ё мавзeъ иxро намуда, дар мeҳлати дар шартнома муқарраргардида натиxаи онро ба фармоишгар супорад;
2) талаботи вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро (моддаи 152) риоя намояд;
3) бо қувва ва аз ҳисоби худ камбудиҳои бо гуноҳаш роҳдодашударо дар ҳуxxатҳои техникие, ки боиси дур гардидан аз параметрҳои техникию иқтисодии дар супориши фармоишгар ё дар шартнома пешбинигардида шуда метавонад, рафъ намояд;
4) бетаъхир ба фармоишгар дар хусуси имконнопазирии ба даст овардани натиxаҳои дарназардошташуда ё мувофиқи мақсад набудани идомаи кор маълумот диҳад;
5) ба фармоишгар кафолат диҳад, ки ашхоси сеюм ба натиxаҳои дар асоси чунин шартнома додашуда дорои ҳуқуқи мустасно намебошанд;
6) барои истифодаи натиxаҳои кор иxозатнома (литсензия)-и дахлдор диҳад.
  1. Агар дар шартнома оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ (иxрокунанда) вазифадор аст:
1) бидуни розигии фармоишгар аз нашри натиxаҳои корҳои илмию техникие, ки ҳангоми иxрои кор ба даст оварда шудаанд, худдорӣ намояд;
2) барои ҳифзи натиxаҳое, ки ҳангоми иxрои корҳо ба даст оварда шудаанд ва қобили ҳимояи ҳуқуқӣ мебошанд, тадбирҳо андешад ва  фармоишгарро огоҳ созад.
  1. Ба фармоишгар, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи натиxаҳои илмию техникии дорои ҳимояи ҳуқуқи дар корҳои иxрошуда истифодагардида иxозатнома (литсензия)-и мустасно фароҳам орад.
 
Моддаи 793. Оқибатҳои имконнопазирии ба дастовардани натиxаҳо дар шартнома оид  ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологӣ
Агар дар xараёни корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологӣ ошкор гардад, ки истифодаи натиxаҳои кор вобаста ба ҳолатҳои ба пудратчӣ (иxрокунанда) марбутнабуда имконнопазир аст, фармоишгар вазифадор аст арзиши корҳои то ошкор гардидани имконнопазирии ба даст овардани натиxаҳои дар шартнома пешбинигардида анxомдодашударо, вале на бештар аз он қисми дахлдори нархе, ки дар шартнома зикр гардидааст, пардозад.
 
Моддаи 794. Оқибати имконнопазирии ба даст овардани натиxаҳо дар шартнома оид ба корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ
Агар дар xараёни корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ ғайриимкон ё мувофиқи мақсад набудани идомаи кор ошкор гардад, ки дар он пудратчӣ гуноҳ надорад, фармоишгар вазифадор аст хароxоти иxрокунандаро xуброн намояд.
 
Моддаи 795. Масъулияти пудратчӣ (иxрокунанда) барои вайрон кардани шартнома
  1. Пудратчӣ (иxрокунанда) барои иxро накардан ё иxрои номатлуби шартнома барои корҳои илмию тадқиқотӣ ё корҳои таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ, агар исбот карда натавонад, ки вайрон кардани шартнома на бо гуноҳи пудратчӣ (иxрокунанда) рух додааст, дар назди фармоишгар xавобгар мебошад.
  2. Пудратчӣ (иxрокунанда), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, вазифадор аст ба фармоишгар зарарро дар шакли зарари воқеӣ, дар доираи арзиши кор xуброн намояд.
 
Моддаи 796. Танзими ҳуқуқии шартномаҳо барои иxрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ
Нисбат ба мeҳлати иxро ва арзиши корҳо, инчунин оқибатҳои ҳозир нашудани фармоишгар барои қабули кор мутаносибан қоидаҳои моддаҳои 720-723 ва 752 ҳамин Кодекс  татбиқ карда мешаванд.
Нисбат ба фармоишҳои давлатӣ xиҳати иxрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таxрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 781 — 785 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешаванд.
 
БОБИ 37. Хизматрасонии пулакӣ
Моддаи 797. Шартномаи хизматрасонии пулакӣ
Тибқи шартномаи хизматрасонии пулакӣ бо супориши фармоишгар иxрокунанда вазифадор аст хизмате расонад (амали муайяне ё фаъолияти муайянеро анxом диҳад), ки дорои шакли ашёӣ набошад ва фармоишгар eҳдадор аст арзиши онро пардозад.
 
Моддаи 798. Мавзeи шартномаи хизматрасонии пулакӣ
Мавзeи шартнома аз хизматрасонии алоқа, тиббӣ, байторӣ (ветеринарӣ), аудиторӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, оид ба таълим, хизматрасонии фарҳангӣ, туристӣ ва ғайра иборат аст.
 
Моддаи 799. Иxрои шартнома
Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани нишондоди дигар иxрокунанда eҳдадор аст хизматрасонӣ (хизматрасониҳо)-и дар шартнома пешбинишударо шахсан анxом диҳад.
 
Моддаи 800. Нархи хизматрасонӣ
  1. Фармоишгар eҳдадор аст хизмат (хизматҳо)-и ба e расонидашударо тибқи мeҳлат ва тартиби дар шартнома зикргардида пардозад.
  2. Дар сурати имконнопазирии иxро, ки бо гуноҳи иxрокунанда ба миён наомадааст, фармоишгар вазифадор аст бо нигоҳ доштани фоидае, ки иxрокунанда ба даст овардааст ё метавонист дар натиxаи озод намудани e аз иxрои хизматрасонӣ (хизматрасониҳо) ба даст орад, подошпулии муносиб диҳад.
Дар сурати бо гуноҳи фармоишгар ба миён омадани имконнопазирии иxро, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши хизматрасонӣ дар ҳаxми пурра пардохта мешавад.
 
Моддаи 801. Масъулияти иxрокунанда барои вайрон кардани шартнома
  1. Дар сурати иxро накардан ё иxрои номатлуби шартномаи хизматрасонии пулакӣ иxрокунанда вазифадор аст ба фармоишгар зарари расонидашударо дар ҳаxми пурра, xуброн намояд.
  2. Дар ҳолате ки агар иxрокунанда eҳдадориро ҳангоми анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ иxро накардааст ё номатлуб анxом додааст, дар шартнома нисбат ба масъулияти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида масъулияти баландтаре пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 802. Даст кашидан аз  шартнома
  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҳолати аз тарафи иxрокунанда пардохтани арзиши ҳақиқии хизматрасонӣ аз шартномаи хизматрасонии пулакӣ даст кашад.
  2. Иxрокунанда ҳуқуқ дорад танҳо баъди пурра xуброн кардани зарари вобаста ба бекор кардани шартнома ба фармоишгар расонидашударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки он бо гуноҳи фармоишгар рух додааст ва аз иxрои шартнома хизматрасонии пулакӣ талаб намояд.
 
Моддаи 803. Танзими ҳуқуқии шартномаи хизматрасонии пулакӣ
Муқаррароти умумӣ оид ба пудрат (моддаҳои 714 — 741) ва муқаррарот оид ба пудрати маишӣ (моддаҳои 742 — 754), агар онҳо хилофи қоидаҳои ҳамин боб, инчунин мушаххасоти мавзeи шартномаи хизматрасонии пулакӣ набошанд, нисбат ба шартномаи хизматрасонии пулакӣ  татбиқ карда мешаванд.
 
БОБИ 38. Ҳамлу нақл
Моддаи 804. Муқаррароти умумӣ
  1. Ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ дар асоси шартномаи ҳамлу нақл анxом дода мешавад.
  2. Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар ҳамин Кодекс, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, дигар қонунҳо ё қоидаҳои дар асоси онҳо баровардашуда тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мувофиқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 805. Шартномаи боркашонӣ
  1. Тибқи шартномаи боркашонӣ боркашон вазифадор аст бори аз xониби борфиристанда ба e боваркардашударо ба маҳалли таъинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда бошад, eҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор музди муайяншударо пардозад.
  2. Бастани шартномаи боркашонӣ бо таҳияи борномаи нақлиёт, коносамент ё дигар ҳуxxатҳое, ки дар оинномаҳои нақлиёт ё кодексҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 806. Шартномаи мусофиркашонӣ
  1. Тибқи шартномаи мусофиркашонӣ мусофиркашон eҳдадор мешавад, ки мусофирро ба маҳалли таъинот расонад ва дар сурате ки мусофир бағоx супурда бошад, инчунин бағоxро ба маҳалли таъинот интиқол дода, онро ба шахси барои гирифтани бағоx ваколатдор супорад, мусофир бошад eҳдадор аст барои сафар маблағи муқарраршуда ва ҳангоми супоридани бағоx инчунин маблағи интиқоли онро пардозад.
  2. Бастани шартномаи мусофиркашонӣ ва интиқоли бағоx мутаносибан бо роҳхат (билет) ва квитансияи бағоx тасдиқ карда мешавад.
  3. Мусофир тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиётӣ ҳуқуқ дорад, ки ройгон:
— ҳамроҳи худ атфол ё дигар шартҳои имтиёзнок интиқол диҳад;
— дар доираи меъёри муқарраргардида  бағоxро  бо худ дошта бошад;
— барои ҳамлу нақл дар доираи меъёри муқарраргардида бор супорад ва дар сурати аз меъёр зиёд будани он тибқи тариф арзиши онро пардозад.
 
Моддаи 807. Шартномаи чартер 
Тибқи шартномаи чартер яке аз тарафҳо (кирогиранда) eҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (кирокунанда) ба таври пулакӣ  пурра ё як қисми боркашонӣ як ё якчанд васоити нақлиётро барои як ё якчанд рейс xиҳати ҳамлу нақли мусофир, бор ва бағоx xудо кунад.
Тартиби бастани шартномаи чартер, инчунин шакли шартномаи зикргардида ва навъи он тибқи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 808. Ҳамлу нақли мустақими омехта
Ҳамкориҳои мутақобилаи ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ тавассути навъҳои мухталифи нақлиёт оид ба ҳуxxати ягонаи нақлиётӣ (ҳамлу нақли мустақими омехта), инчунин тартиби ташкили чунин ҳамлу нақл тибқи созишномаи ташкилотҳои дахлдори навъҳои нақлиёт, ки мутобиқи қонунҳо дар бораи ҳамлу нақли мустақими омехта (мураккаб) ба имзо мерасонад, муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 809. Ҳамлу нақл тавассути нақлиёти истифодаи умум
Ҳамлу нақле, ки ташкилоти тиxоратӣ анxом медиҳад, агар аз қонун, санадҳои дигари қонунӣ ё иxозатнома (литсензия)-и ба ин ташкилот додашуда чунин хулоса барояд, ки ин ташкилот вазифадор аст ҳамлу нақли мусофирон, бор ва бағоxро тибқи муроxиати ҳар як шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ иxро мекунад, ҳамчун ҳамлу нақл тавассути нақлиёти истифодаи умум (моддаи 458) эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 810. Музди ҳамлу нақл
  1. Барои ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, музд тибқи созишномаи тарафҳо муқаррар карда мешавад.
  2. Пардохт барои ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум дар асоси тарифе, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт тасдиқ гардидаанд, муайян карда мешавад.
  3. Кор ва хизматрасониҳои тибқи талаби моликони бор анxомдодашуда, ки дар тариф пешбинӣ нагардидаанд, мувофиқи созишномаи тарафҳо пардохта мешаванд.
  4. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, боркашон ҳуқуқ дорад бори xиҳати ҳамлу нақл ба e супурдашударо барои таъмини пардохти ҳамлу нақл ва дигар пардохтҳои боркашонӣ (моддаҳои 388 — 389) нигоҳ дорад.
  5. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ оид ба маблағи пардохт вобаста ба ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофиркашонӣ имтиёз ё афзалият муқаррар гардида бошад, хароxоти вобаста ба он аз xониби ташкилоти нақлиёт аз ҳисоби буxети дахлдор xуброн карда мешавад.
 
Моддаи 811. Додани воситаҳои нақлиёт, борбардорӣ (борфарорӣ)
  1. Боркашон вазифадор аст ба борфиристанда таҳти борбардорӣ дар мeҳлате, ки дар дархост (фармоиш)-и қабулнамуда, шартномаи ташкили ҳамлу нақл ё дигар шартнома зикр шудааст, воситаҳои нақлиёти коршоями барои интиқоли бори дахлдор муносибро фароҳам орад.
Борфиристанда ҳуқуқ дорад аз воситаҳои нақлиёти пешниҳодшуда, ки барои интиқоли бори дахлдор муносиб нестанд, даст кашад.
  1. Борбардорӣ (борфарорӣ) аз xониби ташкилоти нақлиётӣ ё борфиристанда (боргиранда) тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳо, кодексҳои нақлиёт ё дигар қоидаҳои дар асоси онҳо қабулгардида анxом дода мешавад.
  2. Борбардорӣ (борфарорӣ) тавассути қувва ва воситаҳои борфиристанда (боргиранда) бояд дар мeҳлатҳои дар шартнома пешбинигардида ва агар чунин мeҳлатҳо муайян карда нашуда бошанд тибқи оинномаҳо, кодексҳои нақлиёт ё дигар қоидаҳои дар асоси онҳо баровардашуда анxом дода шаванд.
 
Моддаи 812. Мeҳлати расонидани бор,  мусофир ва бағоx
Боркашон вазифадор аст ҳамлу нақли бор, бағоx ва мусофирро дар мeҳлати муқарраргардида, ки тибқи тартиби пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт муайян карда шудаанд ва дар сурати мавxуд набудани чунин мeҳлатҳо дар мeҳлати муносиб  ба маҳалли таъинот расонад.
 
Моддаи 813. Масъулият оид ба eҳдадориҳое, ки аз ҳамлу нақл бармеояд
  1. Дар ҳолатҳои иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳо вобаста ба ҳамлу нақл тарафҳо дорои масъулияти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, инчунин созишномаи тарафҳо мебошанд.
  2. Созишномаҳои ташкилотҳои нақлиётӣ бо мусофирон ва соҳибони бор дар бораи маҳдуд кардан ё барҳам додани масъулияти муқаррарнамудаи қонун, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии чунин созишномаҳо ҳангоми интиқоли бор дар оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт пешбинӣ гардидаанд, эътибор надоранд.
 
Моддаи 814. Масъулияти боркашон барои фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ва борфиристанда барои  истифода  набурдани воситаи нақлиёти пешкашшуда
  1. Боркашон барои тибқи дархост (фармоиш) ё дигар шартнома фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт xиҳати интиқоли бор ва борфиристанда барои пешниҳод накардани бор ё бо сабабҳои дигар истифода набурдани воситаҳои нақлиёти додашуда дорои масъулияти муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, инчунин созишномаи тарафҳо мебошанд.
  2. Боркашон ва борфиристанда барои фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ё сари вақт надодани воситаҳои нақлиёт ё истифода набурдани воситаҳои нақлиёт дар сурате аз xавобгарӣ озод карда мешаванд, ки агар он бо сабабҳои зайл рух дода бошад:
дар натиxаи қувваи рафънопазир ё дигар рeйдодҳои дорои хусусияти табиӣ, инчунин амалиёти xангӣ;
қатъ ё маҳдуд сохтани ҳамлу нақли бор дар самтҳои муайян ё ба самтҳои муайян тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт;
дигар ҳолатҳои пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт.
 
Моддаи 815. Масъулияти боркашон барои ба таъхир андохтани мусофиркашонӣ
  1. Боркашон барои ба таъхир андохтани фиристодани воситаҳои нақлиёт xиҳати мусофиркашонӣ ё сари вақт ба маҳалли таъинот нарасидани воситаҳои нақлиёт ба истиснои ҳамлу нақл дар хатҳои шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, агар исбот карда натавонад, ки ба таъхир андохтан ва ё дер мондан дар натиxаи қувваи рафънопазир, бартараф намудани норасоиҳои воситаи нақлиёт, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофирон таҳдид менамуд ё дигар ҳолатҳои ба боркашон марбутнабуда ба миён омадааст, ба мусофир ба андозаи пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт xарима мепардозад.
  2. Дар сурати бо сабаби ба таъхир андохтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз сафар даст кашидани мусофир боркашон вазифадор аст ба e ҳаққи сафар ва дигар хароxоташро пардозад.
 
Моддаи 816. Масъулияти боркашон барои гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоx
  1. Боркашон, агар исбот карда натавонад, ки гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ва бағоx бо гуноҳи e рух надодааст, барои гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоxи барои ҳамлу нақл қабулкардааш xавобгар аст.
Дар оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт метавонад ҳолатҳое пешбинӣ гардад, ки исботи гуноҳи боркашон дар гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоx ба зиммаи боргиранда ё борфиристанда гузошта мешавад.
  1. Зарари ҳангоми ҳамлу нақли бор ё бағоx расонидашуда аз xониби боркашон ба андозаи зайл пардохта мешавад:
— ҳангоми гум кардан ё камомади бор ё бағоx — ба андозаи арзиши бор ё бағоxи гумкардашуда ё камбуд;
— ҳангоми зарар дидани бор ё бағоx — ба андозаи маблағе, ки арзиши он поин рафтааст ва ҳангоми имконнопазирии барқарор сохтани бор ё бағоxи зарардида — ба андозаи арзиши он;
— ҳангоми гум кардани бор ё бағоxе, ки барои интиқол бо эълони арзиши он супурда шудааст — ба андозаи арзиши эълоншудаи бор ё бағоx.
Арзиши бор ё бағоx, бо назардошти нархи он, ки дар нархномаи фурeшанда зикр шудааст ё дар шартнома пешбинӣ гардидааст ва агар нархнома мавxуд набошад ва дар шартнома нарх зикр нагардида бошад, бо назардошти нархе, ки дар ҳолатҳои қиёсӣ одатан барои чунин молҳои шабеҳ гирифта мешавад, муайян карда мешавад.
  1. Ташкилоти нақлиёт ҳамзамон бо xуброни зарари воқеӣ ба борфиристанда (боргиранда) инчунин маблағи ҳамлу нақлеро, ки барои интиқоли мол ва бағоxи гумшуда, камбуд, вайроншуда ё зарардида пардохтааст, агар ин пардохт ба арзиши мол дохил нашуда бошад, xуброн менамояд.
  2. Барои гум кардан, вайрон кардан, зарар дидан ё камомади мол ё бағоx боркашонҳои самти ҳамлу нақли мустақими омехта дар назди борфиристанда (боргиранда) масъулияти муштарак доранд.
Масъулияти ба таъхир андохтан (гузаронидан)-и мeҳлат ба зиммаи боркашони ниҳоӣ гузошта мешавад, агар исбот карда натавонад, ки гузаронидани мeҳлат бо гуноҳи e рух надодааст.
 
Моддаи 817. Шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақл
Боркашон ва молики бор ҳангоми зарурати анxом додани ҳамлу нақли мунтазам метавонанд оид ба ташкили ҳамлу нақл шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расонанд.
Тибқи шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақл боркашон вазифадор мешавад дар мeҳлати муайян молро қабул кунад ва молики бор бошад, xиҳати интиқол борро дар ҳаxми қайду шартшуда пешниҳод намояд. Дар шартномаи ташкили ҳамлу нақли бор ҳаxм, мeҳлат ва дигар шартҳои фароҳам овардани воситаҳои нақлиётӣ ва пешниҳоди бор xиҳати интиқол, тартиби ҳисобу китоб, инчунин шартҳои дигари ташкили ҳамлу нақл муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 818. Шартномаҳо байни ташкилотҳои  нақлиётӣ
Байни ташкилотҳои навъҳои гуногуни нақлиёт оид ба ташкили кор, xиҳати таъмини ҳамлу нақли бор созишнома (созишномаҳои узелӣ, шартномаҳо оид ба воридот (содирот)-и мутамаркази борҳо ва ғайра) мутобики қоидаҳои нақлиётӣ баста шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 819. Эътироз ва даъво оид ба  боркашонӣ
  1. То ба боркашон пешниҳод намудани даъво, ки аз интиқоли бор бармеояд, тибқи тартиби пешбининамудаи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт пешниҳоди эътироз ҳатмӣ мебошад.
  2. Даъво ба боркашон аз xониби борфиристанда ё боргиранда ҳангоми пурра ё қисман аз xониби боркашон рад намудани қонеъгардонии эътироз ё аз xониби боркашон дар мeҳлати сӣ рeз нагирифтани xавоб пешниҳод шуданаш мумкин аст.
  3. Мeҳлати даъво тибқи талаботе, ки аз боркашонӣ бармеояд, аз лаҳзае ки тибқи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт муайян мегардад, ба мeҳлати як сол муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 820. Масъулияти боркашон ҳангоми фавт ё зарар дидани саломатии мусофир
Масъулияти боркашон ҳангоми фавт  ё расонидани зарар ба саломатии мусофир, агар дар қонун ё шартнома масъулияти баландтари боркашон пешбинӣ нагардида бошад, тибқи қоидаҳои боби  55 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
 
БОБИ 39. Экспедитсияи нақлиётӣ
Моддаи 821.  Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ
  1. Тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор eҳдадор мешавад бо пардохти подошпулӣ ва аз ҳисоби муштарӣ (борфиристанда ё боргиранда) хизматрасонии вобаста ба боркашониро, ки дар шартномаи экспедитсия муайян гардидааст, иxро ё ташкил намояд.
Дар шартномаи экспедитсия метавонад eҳдадории экспедитор дар мавриди боркашонӣ тавассути нақлиёт ва  ба самти ҳаракате, ки экспедитор ё муштарӣ интихоб намудаанд, eҳдадории экспедитор дар мавриди аз номи муштарӣ ё аз номи худ бастани шартнома (шартномаҳо)-и боркашонӣ, таъмини фиристодан ва гирифтани бор, инчунин дигар eҳдадориҳои вобаста ба ҳамлу нақл пешбинӣ карда шавад.
Дар шартномаи экспедитсия ба сифати хизматрасонии иловагӣ анxом додани чунин амалиётҳои барои боркашонӣ муҳим ба монанди гирифтани ҳуxxатҳои барои воридот ва содирот зарурӣ, иxрои расмиёти гумрукӣ ва дигар расмиёт, санxиши теъдод ва ҳолати бор, борбардорӣ ва борфарорӣ, пардохти боxу хироx ва дигар хароxотҳое, ки ба зиммаи борфиристанда (боргиранда) гузошта мешавад, нигаҳдошти бор, гирифтани он дар маҳалли таъинот, инчунин дигар амалиёт ва хизматрасонӣ пешбинӣ карда шуданаш мумкин аст.
  1. Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба ҳолатҳое, ки тибқи шартнома eҳдадории экспедиторро боркашон анxом медиҳад, татбиқ мегардад.
  2. Шартҳои иxрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, агар дар қонунҳо оид ба фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 822.  Шакли шартнома
  1. Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Борфиристанда (боргиранда) бояд ба экспедитор ваколатнома диҳад, агар он барои иxрои eҳдадориҳои e зарур бошад.
 
Моддаи 823. Масъулияти  экспедитор  оид  ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ
Барои иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳо оид ба экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор тибқи асосҳо ва андозае, ки мутобиқи қоидаҳои боби 24 ҳамин Кодекс муайян мегарданд, дорои масъулият мебошад.
Агар экспедитор исбот карда тавонад, ки вайрон кардани eҳдадориҳо бо сабаби иxрои номатлуби шартномаи боркашонӣ рух додааст, масъулияти экспедитор дар назди борфиристанда (боргиранда) тибқи ҳамон қоидаҳое, ки мутобиқи онҳо экспедитор дар назди боркашони дахлдор xавобгар аст, муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 824. Ҳуxxатҳо ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор дода мешавад
  1. Муштарӣ вазифадор аст ба экспедитор ҳуxxатҳо ва дигар маълумотро оид ба хосияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он, инчунин дигар маълумотеро, ки ба экспедитор барои иxрои eҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда зарур аст, пешниҳод намояд.
  2. Экспедитор вазифадор аст ба муштарӣ дар бораи камбудиҳои ошкоршудаи маълумоти гирифташуда ва дар сурати номукаммал будани маълумот аз муштарӣ маълумотҳои иловагии заруриро талаб намояд.
  3. Дар сурати аз xониби муштарӣ фароҳам наовардани маълумоти зарурӣ экспедитор ҳуқуқ дорад, то пешниҳоди чунин маълумот ба иxрои eҳдадориҳои дахлдор шурeъ накунад.
  4. Муштарӣ барои зарари ба экспедитор расондашуда вобаста ба вайрон кардани иxрои eҳдадории пешниҳоди маълумоте, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, xавобгар мебошад.
 
Моддаи 825. Иxрои eҳдадории экспедитор аз xониби шахси сеюм
Агар аз шартномаи экспедитсия eҳдадории экспедитор оид ба шахсан иxро намудани eҳдадорӣ барнаояд, экспедитор ҳуқуқ дорад барои иxрои eҳдадориҳояш ашхоси дигарро xалб намояд.
Вогузоштани иxрои eҳдадориҳо ба зиммаи шахси сеюм экспедиторро аз масъулияти иxрои шартнома дар назди муштарӣ озод намекунад.
 
Моддаи 826. Даст кашидан  аз шартномаи экспедитсия
Муштарӣ ё экспедитор ҳуқуқ доранд бо огоҳ кардани ҳамдигар аз иxрои шартномаи экспедитсия дар давоми ду ҳафта даст кашанд.
Тарафе, ки раддия пешниҳод намудааст, бояд ба тарафи дигар зарари вобаста ба қатъи шартнома  расонидашударо xуброн намояд.
 
БОБИ 40. Қарз ва кредит
  1. Қарз
Моддаи 827. Шартномаи қарз
  1. Тибқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда) ба моликият пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда eҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра ба ҳамин андоза маблағ ё баробар ба теъдоди ашёи ба қарз гирифташудаи дорои ҳамон навъ ва сифат (маблағи қарз)-ро баргардонад.
  2. Шартномаи қарз аз лаҳзаи супурдани пул ё ашё басташуда ба ҳисоб меравад.
  3. Асъори хориxӣ ва арзишҳои асъорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо риояи қоидаҳои моддаҳои 155, 156 ва 340 ҳамин Кодекс мавзeи шартнома қарор гирад.
 
Моддаи 828. Шакли шартномаи қарз
  1. Шартномаи қарз, агар маблағи он на камтар аз бист нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ баландтар бошад, инчунин дар ҳолате ки як тарафи шартнома, сарфи назар аз маблағ, шахси ҳуқуқӣ мебошад, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
  2. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи қарз боиси оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 187 ҳамин Кодекс мегардад.
  3. Шартномаи қарз дар сурати мавxуд будани забонхати қарзгиранда ё дигар ҳуxxате, ки ба e аз xониби қарздиҳанда додани маблағи муайян ё теъдоди муайяни ашёро тасдиқ мекунад, дар шакли хаттӣ басташуда эътироф мегардад.
  4. Шакли хаттии шартномаи қарз, агар eҳдадории қарз бо вексел, вомбарг ё дигар коғази қиматноки додаи қарзгиранда, ки маблағи қарз ва ҳуқуқи қарздиҳандаро барои ситондани он муқаррар менамояд, риояшуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 829. Фоизҳо оид ба шартномаи қарз
  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда барои аз қарзгиранда аз маблағи қарз тибқи андоза ва тартиби муайяннамудаи шартнома гирифтани фоиз ҳуқуқ дорад. Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани шартҳо оид ба фоиз андозаи он тибқи ставкаи ба таври дахлдор муайяннамудаи фоизи бонк дар рeзи аз xониби қарзгиранда баргардонидани қарзи худ ё як қисми дахлдори он муайян карда мешавад.
  2. Шартномаи қарзе, ки байни шаҳрвандон ба маблағ на бештар аз андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳои тибқи қонун пешбинигардида баста шудааст ва ба анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз xониби ҳатто яке аз тарафҳо алоқаманд намебошад, агар дар он мустақиман тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бидуни фоиз  тахмин шуданаш мумкин аст. (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
  3. Агар тибқи шартномаи қарз ба қарзгиранда ашёи дорои аломатҳои навъи муайян супурда шавад, фоиз дар ҳолате бояд пардохта шавад, ки агар андоза ва шакли он (пулӣ ё дар шакли асл) дар шартнома пешбинӣ шудааст.
  4. Тартиб ва мeҳлати пардохти фоизҳо тибқи шартномаи қарз муқаррар карда мешавад. Дар сурати мавxуд набудани чунин нишондод фоизҳо тибқи тартиб ва мeҳлати пешбининамудаи шартнома оид ба баргардондани қарзи асосӣ пардохта мешаванд.
 
Моддаи 830. Eҳдадории қарзгиранда оиди  баргардонидани маблағи қарз
  1. Қарзгиранда вазифадор аст ба қарздиҳанда маблағи гирифтаашро тибқи мeҳлат ва тартиби пешбининамудаи шартнома баргардонад.
Агар мeҳлати баргардонидани қарз дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз xониби қарзгиранда дар мeҳлати сӣ рeз аз рeзи пешниҳод намудани талабот аз xониби қарздиҳанда баргардонида шавад.
  1. Маблағи пешниҳод кардаи қарз пеш аз мeҳлат баргардонида шуданаш мумкин аст.
Фоизҳо оид ба қарз дар ҳар лаҳза пеш аз мeҳлат пардохта шуданашон мумкин аст.
  1. Агар дар шартномаи қарз тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи қарз аз лаҳзаи ба қарздиҳанда додани қарз ё гузаронидани маблағи пулии дахлдор ба суратҳисоби бонкии e баргардонидашуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 831. Оқибатҳои вайрон кардани шартнома аз xониби қарзгиранда
  1. Агар дар қонунҳо ё дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар ҳолатҳое ки қарзгиранда маблағи қарзро дар мeҳлати муайяншуда барнамегардонад, ба ҳамин маблағ бояд дар ҳаxми муайяннамудаи қисми 1 моддаи 426 ҳамин Кодекс аз ҳамон рeзе, ки қарз бояд баргардонида шавад ва то рeзи баргардонидани он ба қарздиҳанда фоиз пардозад.
  2. Агар дар шартнома қисман баргардонидани қарз (давра ба давра) пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми аз xониби қарзгиранда вайрон кардани мeҳлати барои баргардонидани қисми навбатии қарзи муқарраргардида қарздиҳанда ҳуқуқ дорад пеш аз мeҳлат баргардонидани ҳамин маблағҳои қарзи боқимондаро якxоя бо фоизҳои марбута талаб кунад. Агар қарзгиранда беш аз нисфи маблағи қарзро баргардонида бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад.
  3. Агар дар шартнома пардохти фоизи қарз дар мeҳлате, ки аз мeҳлати баргардонидани худи қарз пештар аст пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми вайрон кардани чунин eҳдадорӣ қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мeҳлат баргардонидани маблағи қарзро якxоя бо фоизҳои марбута талаб кунад.
 
Моддаи 832. Баҳс вобаста ба шартномаи қарз
  1. Қарзгиранда ҳуқуқ дорад вобаста ба бепулӣ ва бо исботи он, ки пул ё ашё воқеан аз қарздиҳанда гирифта нашудааст ё нисбат ба он чи дар шартнома зикр гардидааст андозаи камтарро ташкил медиҳад, шартномаи қарзро таҳти баҳс қарор диҳад.
  2. Шартномаи қарзе, ки бояд дар шакли хаттӣ баста шавад (моддаи 828) наметавонад вобаста ба бепулии он, ба истиснои ҳолате, ки агар шартнома таҳти таъсири фиреб, зeроварӣ, таҳдид, созишномаи бадаҳдонаи намояндаи қарздиҳанда бо қарзгиранда ё ба миён омадани ҳолатҳои вазнин (моддаи 204) баста шудааст, тавассути баёноти шоҳидӣ мавриди баҳс қарор дода шавад.
  3. Агар дар xараёни баҳси қарзгиранда оид ба бепулии шартномаи қарз муқаррар карда шавад, ки пул ё дигар ашё дар ҳақиқат аз қарздиҳанда гирифта нашудааст, шартномаи қарз бастанашуда ба ҳисоб меравад. Дар сурате ки агар пул ё ашё дар ҳақиқат аз xониби қарзгиранда нисбат ба оне, ки дар шартнома зикр гардидааст, камтар гирифта шуда бошад, шартнома ба андозаи ҳамин маблағ ё теъдоди ашё басташуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 833. Таъмини иxрои eҳдадориҳои қарзгиранда
Ҳангоми аз xониби қарзгиранда иxро накардани eҳдадориҳои шартномаи қарз xиҳати баргардонидани маблағи қарз, инчунин ҳангоми аз даст додани таъмин ё бад гардидани шартҳои он вобаста ба ҳолате, ки барои он қарздиҳанда xавобгар намебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мeҳлат пардохтани қарзро талаб намояд.
 
Моддаи 834. Қарзи мақсаднок
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарзгиранда маблағҳои қарзи тибқи шартнома гирифтаашро мувофиқи салоҳдиди худ истифода мебарад.
  2. Агар шартномаи қарз бо шарти аз xониби қарзгиранда барои мақсадҳои муайян (қарзи мақсаднок) истифода бурдани маблағҳои гирифташуда баста шуда бошад, қарзгиранда вазифадор аст ба қарздиҳанда имконияти назорати тибқи мақсад истифода гардидани маблағи қарзро фароҳам орад.
  3. Дар сурати аз xониби қарзгиранда иxро накардани шарти шартнома оид ба истифодаи мақсадноки маблағи қарз қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мeҳлат пардохтани қарзро талаб намояд.
 
Моддаи 835.  Нав шудан (новатсия)-и қарз бо eҳдадории қарз
  1. Тибқи созишномаи тарафҳо ҳама гуна қарзе, ки аз хариду фурeш, кирояи амвол ё дар асосҳои дигар ба миён омадааст, метавонад бо eҳдадории қарз иваз карда шавад.
  2. Иваз намудани қарз бо eҳдадории қарз бо риояи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар мавриди нав шудани eҳдадорӣ (моддаи 446) ва дар шакли барои шартномаи қарз муқарраргардида (моддаи 828) анxом дода мешавад.
 
Моддаи 836. Шартномаи қарзи давлатӣ
  1. Тибқи шартномаи қарзи давлатӣ ба сифати қарзгиранда давлат ва ба сифати қарздиҳанда шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориxӣ баромад мекунанд.
  2. Қарзҳои давлатӣ ихтиёрӣ мебошанд.
  3. Шартномаи қарзи давлатӣ бо усули аз xониби қарздиҳанда ба даст овардани вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки баровардашудаи давлатӣ, ки ҳуқуқи қарздиҳандаро барои аз қарзгиранда гирифтани маблағҳои пулии қарзи додашуда ё вобаста ба шарти қарз додани дигар амвол, фоизҳои муқарраршуда ё дигар ҳуқуқи амволиро дар мeҳлатҳои пешбининамудаи шартҳои ба муомилот баровардани вомбаргҳо тасдиқ менамояд, баста мешавад.
  4. Тағйир додани шартҳои вомбаргҳои ба муомилот баровардашуда (конверсияи вомбарг), аз Ҷумла тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаи 483 ҳамин Кодекс ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иxозат дода намешавад.
  5. Давлат оид ба шартномаи қарзи давлатӣ мутобиқи қоидаҳои моддаи 138 ҳамин Кодекс масъулият дорад.
 
Моддаи 837. Вексел
Дар ҳолатҳое ки тибқи созишномаи тарафҳо аз xониби қарзгиранда векселе дода шудааст, ки eҳдадории бидуни ҳеx гуна шарти векселдиҳанда (вексели оддӣ) ё дигар  пардозандаи дар вексел зикргардидаро (вексели интиқолӣ) дар мавриди бо фарорасии мeҳлати пешбининамудаи вексел пардохтани  маблағҳои қарзи гирифташударо тасдиқ мекунад,  муносибати тарафҳо вобаста ба вексел мувофиқи қонун дар бораи вексели интиқолӣ ва оддӣ танзим карда мешавад.
Аз лаҳзаи додани вексел қоидаҳои ҳамин зербоб нисбат ба чунин муносибатҳо истифода бурда шуданашон мумкин аст, зеро онҳо хилофи қонун дар бораи вексели интиқолӣ ва оддӣ намебошанд.
 
Моддаи 838.  Вомбарг (облигатсия)
  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ шартномаи қарз метавонад бо усули барориш ва фурeши вомбаргҳо баста шавад.
  2. Вомбарг коғази арзишноке эътироф мегардад, ки ҳуқуқи дорандаи онро барои аз шахси вомбаргро бароварда дар мeҳлати пешбининамудаи он гирифтани арзиши собит (номиналӣ)-и вомбарг ё дигар амволи баробарарзишро тасдиқ менамояд. Вомбарг ба дорандаи он инчунин ҳуқуқи гирифтани фоизи дар он муайяншударо медиҳад.
  3. Нисбат ба муносибатҳои байни шахсе, ки вомбаргро баровардааст ва дорандаи он қоидаи ҳамин зербоб татбиқ мегардад, зеро дар қонун чизи дигари пешбинӣ нагардидааст.
 
  1. Кредит
Моддаи 839. Шартномаи кредит
  1. Тибқи шартномаи кредит як тараф — бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ (кредитор) eҳдадор мешавад ба тарафи дигар (қарзгиранда) тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағҳои пулӣ (кредит) диҳад ва қарзгиранда бошад, eҳдадор мешавад маблағи пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад.
  2. Дар ҳолатҳое ки мувофиқи қонунҳо аз xониби ташкилотҳои тиxоратие, ки ташкилотҳои кредитӣ ба ҳисоб намераванд, анxом додани кредитонӣ иxозат дода шудааст, нисбат ба муносибатҳои кредитоние, ки аз xониби чунин ташкилоти тиxоратӣ анxом дода шудааст, қоидаҳои шартномаи кредитӣ татбиқ мегардад.
  3. Нисбат ба муносибатҳо оид ба шартномаи кредит, агар тибқи қоидаҳои ҳамин зербоб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти шартномаи кредит барнаояд, қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи шартномаи қарз татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 840. Шакли шартномаи кредит
Шартномаи кредит бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Риоя накардани шарти хаттӣ боиси беэътибор донистани шартномаи кредитӣ мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.
 
Моддаи 841. Радди додан ё гирифтани кредит
  1. Кредитор ҳуқуқ дорад ба қарзгиранда додани кредити дар шартнома пешбинигардидаро пурра ё қисман дар сурати ғайри қобили пардохт эътироф гардидани қарзгиранда, аз xониби e иxро накардани eҳдадориҳо оид ба таъмини кредит, вайрон кардани eҳдадории дар шартнома пешбинигардидаи мақсадноки истифодаи кредит, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома рад намояд.
  2. Қарзгиранда ҳуқуқ дорад аз гирифтани кредит пурра ё қисман даст кашида дар маврид кредиторро то мeҳлати дар шартнома муқарраргардидаи фароҳам овардани кредит огоҳ созад.
 
Моддаи 842. Кредити молӣ
Тарафҳо метавонанд шартномаеро ба имзо расонанд, ки eҳдадории як тарафро барои ба тарафи дигар тибқи шартҳои шартномаи кредит додани ашёи дорои аломатҳои навъи муайян пешбинӣ менамояд.
Агар дар чунин шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шарти он дар мавриди теъдод,  навъ (ассортимент), мукаммалӣ, сифат, зарф ва (ё)  басту банди ашёи пешниҳодшуда бояд тибқи қоидаҳо оид ба шартномаи хариду фурeши мол (моддаҳои 488 — 527) иxро карда шавад.
 
Моддаи 843. Кредити тиxоратӣ
  1. Шартномаҳое, ки иxрои онҳо барои ба моликияти дигар тараф додани маблағи пулӣ ё амволи дорои аломатҳои навъи муайян тафриқашаванда алоқаманд мебошанд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, метавонанд ба ин тараф ё аз xониби ин тараф додани кредитро, аз Ҷумла дар шакли бунак (аванс), пешпардохт, тамдиди мeҳлат ё давра ба давра пардохти мол, кор ё хизматрасонӣ (кредити молӣ) пешбинӣ намояд.
  2. Нисбат ба кредити молӣ мутаносибан қоидаҳои моддаҳои 839 — 841 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.
 
БОБИ  41. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ
Моддаи 844. Шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ
  1. Тибқи шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ як тараф – бонк ё дигар ташкилоти тиxоратӣ (миёнарав) eҳдадор мешавад ба муштарӣ барои маблағи моли пешниҳод карда, иxрои кор ё хизматрасонии шахси сеюмро пардозад ва муштарӣ бошад, талаботи пулии шахси сеюмро ба миёнарав гузашт кунад ва подоши муайянро пардозад.
Талаботи пулӣ нисбат ба қарздор матавонад аз xониби муштарӣ ба миёнарав инчунин бо мақсади иxрои eҳдадориҳои муштарӣ дар назди миёнарав гузашт карда шавад. Дар ҳолати гарав, гузашти талабҳои пулї ё ба тариќи дигар додани он ба якчанд шахсон навбати ќонеъгардонї мутобиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
  1. Eҳдадории миёнарав оид ба шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ метавонад барои муштарӣ пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ, инчунин ба мизоx фароҳам овардани дигар хизматрасониҳои молиявии вобаста ба талаботи пулиро, ки мавзeи гузаштро ташкил медиҳанд, дар бар гирад.
 
Моддаи 845. Миёнарав
Ба сифати миёнарави шартномаи маблағгузорӣ бо гузашт кардани талаботи пулӣ метавонанд бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, инчунин дигар ташкилотҳои тиxоратие, ки барои анxом додани чунин навъи фаъолият иxозат (литсензия) доранд, баста метавонанд.
 
Моддаи 846. Талаботи пулие, ки бо мақсади ба даст овардани маблағгузорӣ гузашт карда мешавад
  1. Мавзeи гузашт, ки таҳти он маблағгузорӣ пешниҳод карда мешавад, ҳам талаботи пулие, ки мeҳлати пардохти он фаро расидааст (талаботи мавxуда) ва ҳам ҳуқуқи гирифтани маблағи пулие, ки дар оянда ба миён меояд (талаботи минбаъда) буда метавонад.
Талаботи пулие, ки мавзeи гузашт мебошад бояд дар шартномаи муштарӣ бо миёнарав чунон муайян карда шавад, ки имконият диҳад талаботи мавxуда дар лаҳзаи бастани шартнома ва талаботи минбаъда бошад на дертар аз лаҳзаи ба миён омадани он ҳаммонанд ( идентификатсия) карда шавад.
  1. Ҳангоми гузашт кардани талаботи пулии минбаъда он баъди ба миён омадани худи ҳуқуқи аз қарздор гирифтани маблағҳои пулӣ, ки мавзeи гузашти талаби пешбининамудаи шартнома мебошад, ба миёнарав гузашта ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 847. Масъулияти муштарӣ дар назди  миёнарав
  1. Агар дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муштарӣ барои ҳаққонӣ будани талаботи пулие, ки мавзeи гузашт мебошад, дар назди миёнарав масъулият дорад.
  2. Талаботи пулии мавзeи гузашт қарордошта дар сурате қобили эътибор эътироф мегардад, ки агар муштарӣ барои додани талаботи пулӣ ҳуқуқ дошта бошад ва дар лаҳзаи гузашт кардани ин талабот ба e ҳолатҳое, ки дар натиxаи он қарздор ҳуқуқ дорад онро иxро накунад, маълум набошанд.
  3. Муштарӣ барои аз xониби қарздор иxро накардан ё иxрои номатлуби талаботе, ки мавзeи гузашт қарор дорад, агар дар шартномаи байни муштарӣ ва миёнарав тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати аз xониби миёнарав xиҳати иxро пешниҳод гардидидани он xавобгар намебошад.
 
Моддаи 848. Беэътибор будани манъи гузашт кардани талаботи пулӣ
  1. Ба миёнарав гузашт кардани талаботи пулӣ, ҳатто агар байни муштарӣ ва қарздори e оид ба манъ ё маҳдуд кардани он созишнома мавxуд бошад ҳам, қобили эътибор аст.
  2. Муқаррароти муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда муштариро дар назди қарздор аз eҳдадорӣ ё масъулияти вобаста ба гузашт кардани талабот хилофи созишномаи байни онҳо дар мавриди манъ ё маҳдуд кардани он озод намекунад.
 
Моддаи 849. Минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ
Агар дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ аз xониби миёнарав иxозат дода намешавад.
Дар ҳолатҳое ки агар минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, нисбат ба он мутаносибан муқаррароти ҳамин боб татбиқ мегардад.
 
Моддаи 850. Аз xониби қарздор ба миёнарав  иxро намудани талаботи пулӣ
  1. Қарздор вазифадор аст ба миёнарав ба шарте, ки он аз муштарӣ ё аз миёнарав дар мавриди ба ҳамин миёнарав гузашт кардани талабот огоҳиномаи хаттӣ гирифта бошад ва дар огоҳинома иxрои дахлдори талаботи пулӣ муайян, инчунин миёнараве, ки ба e пардохт бояд анxом дода шавад зикр гардида бошад, пардохтро анxом диҳад.
  2. Бо хоҳиши қарздор миёнарав вазифадор аст дар мeҳлати мувофиқ ба қарздор далели онро, ки гузашт кардани талаботи пулӣ дар ҳақиқат ба миёнарав xой дошт, пешниҳод намояд. Агар миёнарав ин eҳдадориро иxро накунад, қарздор ҳуқуқ дорад оид ба талаботи мазкур ба муштарӣ xиҳати иxрои eҳдадориҳои худ дар назди охирин пардохтро анxом диҳад.
  3. Аз xониби қарздор ба миёнарав иxро намудани талаботи пулӣ мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда қарздорро аз eҳдадориҳои дахлдор дар назди муштарӣ озод месозад.
 
Моддаи 851. Ҳуқуқи миёнарав ба маблағҳое, ки аз қарздор гирифта шудааст
  1. Агар тибқи шарти шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ маблағгузории муштарӣ бо роҳи аз e аз xониби миёнарав харидани ин талабот сурат гирад, охирин ҳуқуқро ба ҳамаи маблағҳо аз қарздор барои иxрои талаботи мегирифтааш ба даст меорад ва муштарӣ бошад дар назди миёнарав барои он, ки маблағҳои гирифтаи e нисбат ба нархи талаботро бадастовардаи миёнарав камтар мебошад, масъулият надорад.
  2. Агар гузашт кардани талаботи пулӣ ба миёнарав бо мақсади ба вай таъмин намудани иxрои eҳдадории муштарӣ анxом дода шуда бошад ва дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талабот тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, миёнарав вазифадор аст ба муштарӣ ҳисобот диҳад ва маблағи аз маблағи қарзи муштарӣ зиёдатиро, ки бо гузашт кардани талабот таъмин гардидааст, супорад. Агар маблағи пулие, ки миёнарав аз қарздор гирифтааст, аз маблағи қарзи муштарӣ ба миёнарав, ки бо гузашт кардани талабот таъмин гардидааст, камтар бошад, муштарӣ дар назди миёнарав барои бақияи қарз масъул боқӣ мемонад.
 
Моддаи 852. Талаботи мутақобилаи қарздор
  1. Дар сурати ба қарздор бо талаби пардохти маблағ муроxиат кардани миёнарав қарздор ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаҳои 442 — 444 ҳамин Кодекс баҳисобгирии талаботи пулии худро, ки ба шартнома бо муштарӣ асос ёфтааст ва он то вақти гирифтани огоҳинома дар мавриди гузашт кардани талаботи e ба миёнарав, ки аллакай дар назди қарздор вуxуд дошт, пешниҳод намояд.
  2. Талаботе, ки қарздор метавонист нисбат ба муштарӣ вобаста ба он, ки охирин созишномаро дар мавриди манъ ё маҳдуд кардани гузашти талабот вайрон кардааст пешниҳод намояд, нисбат ба миёнарав эътибор надорад.
 
Моддаи 853.  Ба қарздор баргардонидани маблағе, ки миёнарав гирифтааст
  1. Дар сурати аз xониби муштарӣ вайрон кардани eҳдадориҳои вобаста ба шартнома, ки бо қарздор баста шудааст охирин ҳуқуқ надорад аз миёнарав баргардондани маблағи аллакай ба e тибқи талаботи ба миёнарав гузашта пардохташударо талаб намояд, агар қарздор ҳуқуқ дошта бошад, ки чунин маблағро мустақиман аз муштарӣ гирад.
  2. Қарздоре, ки ҳуқуқ дорад мустақиман аз муштарӣ маблағи ба миёнарав дар натиxаи гузашт кардани талабот додашударо ба даст орад, бо вуxуди ин, агар исбот карда шавад, ки охирин eҳдадории худро дар мавриди ба муштарӣ анxом додани пардохти ваъдашуда вобаста ба гузашт кардани талаботро иxро накардааст ё аз xониби муштарӣ вайрон кардани ҳамон eҳдадориеро, ки нисбат ба он пардохти вобаста ба гузашт кардани талабот алоқамандро дониста, чунин пардохтро анxом додааст, ҳуқуқ дорад аз xониби миёнарав баргардонидани ин маблағро талаб кунад.
 
БОБИ  42. Пасандози бонкӣ
Моддаи 854. Шартнома пасандози бонкӣ
  1. Тибқи шартномаи пасандози бонкӣ (депозити бонк) як тараф (бонк), ки маблағ (пасандоз)-и ба ҳисоби тарафи дигар (амонатгузор) воридшударо қабул кардааст, eҳдадор мешавад, ки ба амонатгузор ин маблағро баргардонад ва барои он фоиз ё дар шакли дигар тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи шартнома фоида пардозад.
Шартномаи пасандози бонкӣ аз рeзи ворид шудани пасандоз ба бонк басташуда ба ҳисоб  меравад.
  1. Шартномаи пасандози бонкие, ки дар он амонатгузор шаҳрванд мебошад, шартномаи оммавӣ (моддаи 458) ба ҳисоб меравад.
  2. Нисбат ба муносибатҳои бонк ва амонатгузор оид ба суратҳисобе, ки ба он пасандоз гузошта шудааст, қоидаҳо дар бораи шартномаи суратҳисоби бонк (боби 43), агар дар қоидаҳои ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти шартномаи пасандози бонкӣ тартиби дигаре барнаояд, татбиқ мегардад.
Ашхоси ҳуқуқӣ ҳуқуқ надоранд маблағҳои пулии дар пасандоз (депозитҳо) мавxудбударо ба ашхоси дигар гузаронанд.
  1. Қоидаҳои ҳамин боб, ки марбут ба бонкҳо мебошанд, инчунин нисбат ба дигар ташкилотҳои кредитӣ, ҳангоми аз xониби онҳо бастани шартномаи пасандози бонкӣ татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 855. Ҳуқуқи ба пасандозҳо xалб кардани маблағҳои пулӣ
Ҳуқуқи xалби маблағҳои пулиро ба пасандозҳо бонкҳое доро мебошанд, ки ба онҳо ин ҳуқуқ тибқи иxозатнома (литсензия)-и мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун гирифташуда дода шудааст.
 
Моддаи 856.  Кафолати пасандоз
Бонки амонатгузор ё шeъбаҳои он ҳифз ва баргардондани пули пасандози амонатгузорро дар ҳар лаҳза кафолат медиҳад.
 
Моддаи 857. Шакли шартномаи пасандози бонкӣ
  1. Шартномаи пасандози бонкӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Шакли хаттии шартномаи пасандози бонкӣ ба шарте риоягардида ба ҳисоб меравад, ки  агар гузаронидани пасандоз бо дафтарчаи амонат, сертификат (амонат)-и бонкӣ ё дигар ҳуxxати ба амонатгузор додаи бонк, ки ба талаботи барои чунин ҳуxxатҳо муайяннамудаи қонун, қоидаҳои мутобиқи он  муқаррарнамудаи бонкӣ ва дар амалияи анъанаҳои муомилоти кории бонкӣ истифодашаванда xавобгe бошад, тасдиқ карда шудааст.
  1. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи пасандози бонкӣ боиси беэътибор гардидани ин шартнома шуда метавонад.
 
Моддаи 858.  Навъҳои пасандозҳо
  1. Шартномаи пасандози бонкӣ бо шарти тибқи талаби аввалини амонатгузор додани пасандоз (пасандози талаб карда гирифташаванда) ё тибқи шарти баргардонидани пасандоз бо гузашти мeҳлати дар шартнома муқарраргардида (пасандози мeҳлатнок) баста мешавад.
Дар шартнома гузоштани пасандоз таҳти шарти бо тартиби дигар баргардонидани он, ки хилофи қонунҳо намебошад, пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
  1. Тибқи шартномаи пасандози бонкии навъи мухталиф бонк eҳдадор аст маблағи пасандоз ё як қисми онро бо талаботи аввалини амонатгузор, ба истиснои пасандозҳои таҳти шартҳои дигари баргардонидани онҳо гузоштаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, диҳад.
Шартҳои шартнома дар бораи рад кардани ҳуқуқ барои бо талаби аввалин гирифтани пасандоз эътибор надорад.
  1. Дар ҳолатҳое ки пасандози мeҳлатнок ё дигар пасандоз, ки аз пасандози тибқи талаб гирифташаванда фарқ мекунад, ба амонатгузор мувофиқи талаби e то гузаштани мeҳлат ё то фаро расидани мeҳлатҳои дар шартнома зикргардида баргардонида мешавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоизҳои пасандоз ба андозаи баробар ба андозаи фоизе, ки бонк тибқи пасандози мувофиқи талаб гирифташаванда мепардозад, пардохта мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки амонатгузор баргардонидани маблағи пасандози мeҳлатнокро бо гузашти мeҳлат ё маблағи пасандозеро, ки бо дигар шарти баргардонидан бо фарорасии ҳолатҳои дар шартнома пешбинигардида талаб намекунад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шартнома тибқи шартҳои пасандози талаб карда гирифташаванда тамдидгардида ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 859. Фоизҳо ба пасандоз
  1. Бонк ба маблағҳои пулии амонатгузор ба андозаи муайяннамудани шартнома фоиз мепардозад.
Ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани шарт оид ба андозаи фоизҳои пардохтшаванда, бонк вазифадор аст фоизҳоро дар ҳаxми мутобиқи қисми 1 моддаи 829 ҳамин Кодекс муайянгардида пардозад.
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бонк ҳуқуқ дорад андозаи фоизи тибқи пасандози талаб карда гирифтан пардохташавандаро тағйир диҳад.
Дар сурати аз xониби бонк кам кардани андозаи фоиз, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи нави фоизҳо нисбат ба пасандозҳое истифода бурда мешавад, ки то лаҳзаи иттилоъ додани амонатгузор дар мавриди кам кардани фоиз бо гузашти як моҳ аз лаҳзаи додани чунин иттилоот, гузаронида шудаанд.
  1. Андозаи фоизи дар шартнома муқарраршуда ба пасандозе, ки тибқи шартҳои баргардонидани он бо гузашти мeҳлати муайян ё фарорасии ҳолатҳои дар шартнома пешбинигардида гузаронида шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, наметавонад аз xониби бонк якxониба кам карда шавад.
 
Моддаи 860. Тартиби ҳисоб кардан ва пардохти фоизҳо ба пасандоз
  1. Фоизҳо ба маблағи пасандози бонкӣ аз рeзи баъди рeзи ба бонк ворид шудани он фарорасанда то рeзи ба амонатгузор баргардонидани он ё аз ҳисоби амонатгузор тибқи дигар асосҳо баровардани пасандоз ҳисоб карда мешавад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоизҳо ба маблағи пасандози бонкӣ ба амонатгузор тибқи талаби e бо гузашти ҳар як семоҳа, алоҳида аз маблағи пасандоз пардохта шуда, фоизҳои дар ин мeҳлат талаб карда гирифтанашуда бошад маблағҳои пасандози ба он фоизҳо замшавандаро афзун менамоянд. Ҳангоми баргардонидани пасандоз ҳамаи фоизҳои то ин лаҳза замгардида пардохта мешаванд.
 
Моддаи 861. Таъмини баргардонидани пасандоз
  1. Восита ва усулҳое, ки бонк вазифадор аст барои таъмини баргардонидани пасандозҳои қабулкардааш истифода барад, тибқи қонун ё шартнома муайян карда мешавад.
  2. Бонк eҳдадор аст бо талаби амонатгузор дар мавриди таъмини баргардонидани пасандоз маълумот диҳад.
  3. Ҳангоми аз xониби бонк иxро накардани eҳдадории таъмини баргардондани пасандоз, инчунин ҳангоми гум кардани таъмин ё бадтар кардани шартҳои он амонатгузор ҳуқуқ дорад аз бонк фавран баргардонидани маблағи пасандоз, пардохти фоизҳо ва xуброни зарари расонидашударо мутобиқи моддаи 829 ҳамин Кодекс талаб намояд.
 
Моддаи 862. Масъулият барои иxро накардани талаботи баргардонидани пасандоз
Дар сурати аз xониби бонк иxро накардани талаботи амонатгузор дар мавриди баргардонидани пасандоз ё як қисми он дар мeҳлатҳое, ки моддаи 861 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, сарфи назар аз пардохти фоизҳо ба пасандоз, бонк вазифадор аст мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс зарари расонидашударо xуброн намояд.
 
Моддаи 863. Аз xониби ашхоси сеюм ба суратҳисоби амонатгузор гузаронидани маблағҳои пулӣ
Агар дар шартномаи пасандози бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба пасандоз маблағҳое, ки ба бонк ба номи амонатгузор аз ашхоси сеюм бо зикри маълумотҳои зарурӣ дар мавриди суратҳисоби e вобаста ба пасандоз ворид гардидаанд, гузаронида мешавад. Дар айни замон чунин эҳтимол меравад, ки амонатгузор барои аз шахси сеюм гирифтани маблағи пулӣ розигӣ изҳор кардааст ва ба e оид ба пасандози худ дар суратҳисоб маълумоти зарурӣ додааст.
 
Моддаи 864.  Пасандозҳо ба манфиати ашхоси сеюм
  1. Пасандоз метавонад ба бонк ба номи шахси сеюми муайян гузаронида шавад.
Зикри номи шаҳрванд (моддаи 20) ё номи шахси ҳуқуқӣ (моддаи 55), ки ба манфиати он пасандоз гузаронида шудааст, шарти муҳими шартномаи дахлдори бонкӣ мебошад.
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ашхоси сеюме, ки ба номаш пасандоз гузошта шудааст, аз лаҳзаи ба номаш ворид шудани маблағ ҳуқуқи амонатгузорро пайдо мекунад.
  2. Шартномаи пасандози бонкӣ ба манфиати шаҳрванде, ки то лаҳзаи бастани шартнома фавтидааст ё шахси ҳуқуқии то ҳамин лаҳза вуxуднадошта қурб надорад.
  3. То лаҳзаи аз xониби шахси сеюм изҳор кардани нияти истифодаи ҳуқуқи амонатгузор шахсе, ки шартномаи пасандози бонкиро бастааст, метавонад аз ҳуқуқи амонатгузор вобаста ба воситаҳои пулие, ки ба суратҳисоб тибқи пасандоз гузаронидааст, истифода барад.
  4. Агар ашхоси сеюме, ки ба номаш пасандоз ворид гаштааст, аз пасандоз даст кашад, шахси ба номи шахси сеюм шартномаи пасандози бонкӣ баста, ҳуқуқ дорад пасандозро пас талаб карда гирад ё ки онро ба номи худ ё ба номи шахси дигар гузаронад.
  5. Қоидаҳо оид ба шартнома ба манфиати шахси сеюм (моддаи 462) нисбат ба шарномаи пасандози бонкӣ ба манфиати шахси сеюм, агар он хилофи қоидаҳои ҳамин модда ва моҳияти пасандози бонкӣ набошад, татбиқ мегардад.
 
Моддаи 865. Дафтарчаи амонат
  1. Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастани шартномаи пасандози бонкӣ бо шаҳрванд ва ба суратҳисоби e гузаронидани маблағ тибқи пасандоз бо дафтарчаи амонат тасдиқ карда мешавад.
Дар дафтарчаи амонат бояд аз xониби бонк ном ва маҳалли xойгиршавии бонк (моддаи 55) ё филиали дахлдори он, инчунин рақами суратҳисоб тибқи пасандоз, ҳамаи маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоб дохил шудаанд, ҳамаи маблағҳои пулие, ки аз суратҳисоб хориx карда шудаанд ва бақияи маблағҳои пулӣ дар суратҳисоб дар лаҳзаи ба бонк пешниҳод кардани дафтарчаи амонатӣ сабт ва тасдиқ карда шавад.
Бо сабаби исбот нашудани  ҳолати дигари пасандоз, маълумот оид ба пасандози дар дафтарчаи амонат сабтгардида барои ҳисобу китоби вобаста ба пасандоз байни бонк ва амонатгузор асос буда метавонад.
  1. Шартномаи пасандози бонк метавонад додани дафтарчаи амонатии номӣ ё дафтарчаи амонатии манзуркунандаро пешбинӣ намояд. Дафтарчаи амонатии манзуркунанда коғази қиматнок мебошад.
  2. Додани пасандоз, пардохти фоизҳо ва иxрои супориши амонатгузор дар мавриди гузаронидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби пасандоз ба дигар шахс аз xониби бонк ҳангоми пешниҳоди дафтарчаи амонат анxом дода мешавад.
Агар дафтарчаи амонати номӣ гум шуда бошад ё ба ҳолате расонида шуда бошад, ки шоистаи пешниҳод нест, бонк тибқи аризаи амонатгузор ба e дафтарчаи амонати нав медиҳад.
Барқарор кардани ҳуқуқ ба дафтарчаи амонатии манзуркунанда тибқи тартиби барои коғазҳои қиматнок ба манзуркунанда пешбинигардида анxом дода мешавад.
 
БОБИ 43. Суратҳисоби бонк
Моддаи 866. Шартномаи суратҳисоби бонк
Тибқи шартномаи суратҳисоби бонк як тараф (бонк) ё дигар муассисаи кредитӣ (минбаъд – «бонк») eҳдадор мешавад, ки маблағи пулии ба суратҳисоби тарафи дигар (молики суратҳисоб) воридшударо қабул кунад ва гузаронад, супориши молики суратҳисобро дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидан ва пардохти маблағҳои дахлдор ва вобаста ба суратҳисоб иxро намудани дигар амалиётро анxом диҳад.
 
Моддаи 867. Аз xониби бонк истифода бурдани маблағҳои молики суратҳисоб
Бонк метавонад маблағҳои пулии дар суратҳисоби бонк мавxудбудаи молики суратҳисобро бо кафолати вуxуд доштани он ҳангоми пешниҳоди талабот ба суратҳисоб ва ҳуқуқи молики онро бидуни мамоният ихтиёрдорӣ кардани ин маблағҳо дар доираи маблағҳои дар суратҳисоб буда истифода барад.
 
Моддаи 868. Аз xониби молики суратҳисоб ихтиёрдорӣ кардани  маблағҳои пулӣ
Молики суратҳисоб маблағҳои пулии худро, ки дар суратҳисоби бонк мавxуд аст, мустақилона ихтиёрдорӣ мекунад.
Бонк  ҳуқуқ надорад самти истифодаи воситаҳои пулии молики суратҳисобро таъин ва назорат кунад ва ё дигар маҳдудиятҳои ҳуқуқи eро дар мавриди тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои пулӣ, ки дар қонун ё дар шартнома пешбинӣ нашудаанд, муқаррар намояд.
 
Моддаи 869.  Шакли шартномаи суратҳисоби бонкӣ
  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  2. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи суратҳисоби бонкӣ боиси беэътибор донистани ин шартнома мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.
 
Моддаи 870.  Бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ
  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бо роҳи аз xониби бонк тибқи шартҳои аз xониби тарафҳо мувофиқашуда ба муштарӣ ё шахси зикрнамудаи e кушодани суратҳисоб дар бонк баста мешавад.
  2. Ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои суратҳисоби xории худ ва таъмини кассавӣ мустақилона бонкро интихоб менамоянд ва метавонанд бо як ё якчанд бонкҳо шартномаи суратҳисоби бонкӣ банданд.
  3. Бонк вазифадор аст бо муштарие, ки тибқи шартҳои барои кушодани чунин навъи суратҳисоб эълонкардаи бонк бо пешниҳоди кушодани суратҳисоби ба талаботи пешбининамудаи қонун ва қоидаҳои мутобиқи онҳо қабулнамудаи бонк мувофиқ муроxиат намудааст, суратҳисоб кушояд.
Бонк ҳуқуқ надорад кушодани суратҳисоб, анxом додани амалиёти дахлдорро, ки қонун, ҳуxxатҳои муассисии бонк ва иxозатнома (литсензия)-и ба e додашуда пешбинӣ намудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин саркашӣ бо сабаби дар бонк мавxуд набудани имконияти фароҳам овардани хизматрасонии бонкӣ ба миён омадааст, рад намояд.
Ҳангоми беасос аз бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ саркашӣ намудани бонк муштарӣ ҳуқуқ дорад ба e талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 477 ҳамин Кодексро пешниҳод намояд.
 
Моддаи 871. Тасдиқи ҳуқуқи ихтиёрдории маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоб мавxуданд
  1. Ҳуқуқи ихтиёрдории ашхосе, ки аз номи молики суратҳисоб дар мавриди гузаронидан ё додани маблағҳо аз суратҳисоб анxом медиҳанд, аз xониби молики он бо роҳи ба бонк пешниҳод намудани ҳуxxатҳое, ки қонун, қоидаҳои мутобиқи он муқаррарнамудаи бонк ва шартнома пешбинӣ намудаанд, тасдиқ карда мешаванд.
  2. Молики суратҳисоб метавонад ба бонк дар мавриди аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи талаботи ашхоси сеюм, аз Ҷумла вобаста ба иxрои eҳдадориҳои худ аз xониби муштарӣ дар назди ин ашхос супориш диҳад. Бонк ин супоришро бо шарти дар он дар шакли хаттӣ зикр намудани маълумоти зарурие, ки имкон медиҳад ҳангоми пешниҳоди талаботи дахлдор шахси барои чунин пешниҳод ҳуқуқдоштаро ҳаммонанд созад ва хусусият ва асосҳои чунин талабро муқаррар намояд, қабул мекунад.
  3. Дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ метавонад тасдиқи ҳуқуқ оид ба ихтиёрдории маблағҳои пулии дар суратҳисобҳо мавxудбуда бо усули электронии пардохт ва дигар ҳуxxатҳо бо истифодаи имзои шабеҳи шахсӣ дар онҳо (қисми 2 моддаи 185) код, рамз ва дигар воситаҳо, ки аз xониби шахси барои ин кор ваколатдор дода шудани онро тасдиқ менамояд, пешбинӣ карда шавад.
 
Моддаи 872. Амалиёте, ки бонк вобаста ба суратҳисоб анxом медиҳад
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бонк вазифадор аст маблағҳои пулии воридшударо қабул кунад ва ба суратҳисоб дохил намуда, супориши молики онро дар бораи гузаронидан ва додани маблағҳои пулӣ бо усули анxом додани амалиёти барои чунин навъи суратҳисобҳо пешбининамудаи қонунҳо, қоидаҳои тибқи онҳо қабулнамудаи бонкҳо ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ  истифодашавандаро анxом диҳад.
 
Моддаи 873. Мeҳлатҳои амалиёт оид ба суратҳисоб
Бонк вазифадор аст тибқи супориши молики он на дертар аз як рeзи баъд аз рeзи ба бонк ворид гардидани ҳуxxатҳои дахлдори пардохт  фарорасида, агар дар шартнома мeҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағҳои пулии воридшударо ба суратҳисоб гузаронад, онро  диҳад ё онро аз суратҳисоб барорад.
 
Моддаи 874. Кредитонии суратҳисоб
  1. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи шартнома бонк пардохтҳоро мувофиқи талабот ба молики суратҳисоб анxом медиҳад, ҳарчанд дар суратҳисоби e маблағҳои пулӣ мавxуд набошанд, бонк аз рeзи анxом додани пардохт ба муштарӣ ба маблағи дахлдор кредитдода (кредитонии суратҳисоб) ба шумор меравад.
  2. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба кредитонии суратҳисоб, агар дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи қоидаҳо дар бораи қарз (моддаҳои 827-830, 833) муайян карда мешавад.
 
Моддаи 875.  Пардохти  хароxоти бонк  барои анxом додани амалиёти вобаста ба суратҳисоб
  1. Молики суратҳисоб хизматрасонии бонкро xиҳати анxом додани амалиёт бо маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавxудбуда тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома мепардозад.
Дар ҳолатҳое ки агар нархи хизматрасонии бонк оид ба анxом додани амалиётҳои зикргардида дар шартнома муайян нашудаанд, пардохти хизматрасонӣ тибқи моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  1. Пардохти хизматрасонии бонк, ки қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз xониби бонк аз маблағҳои пулии молики суратҳисоб, ки дар суратҳисоби e мавxуд аст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо гузашти ҳар семоҳа ситонида мешавад.
 
Моддаи 876. Фоизҳо барои аз xониби бонк истифода бурдани маблағҳои пулии суратҳисоб
  1. Агар дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавxудбуда бонк ба молики он фоиз мепардозад, ки маблағи он ба суратҳисоб гузаронида мешавад.
  2. Фоизҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз xониби бонк тибқи андозае, ки дар шартнома муайян гардидааст ва ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани шартҳои дахлдор ба андозае, ки маъмулан бонк ба пасандозҳои талаб карда гирифташаванда (моддаи 859) мепардозад, пардохта мешавад.
  3. Маблағи фоизҳо тибқи мeҳлатҳои пешбининамудаи шартнома ва дар ҳолатҳои дар шартнома пешбинӣ нагардидани чунин мeҳлатҳо бо гузашти ҳар семоҳа ба суратҳисоб гузаронида мешавад.
 
Моддаи 877. Баҳисобгирии талаботи мутақобилаи бонк ва молики суратҳисоб
  1. Талаботи пулии бонк ба молики суратҳисоб вобаста ба кредитонии суратҳисоб (моддаи 874) ва пардохти хизматрасонии бонк (моддаи 875), инчунин талаботи молики суратҳисоб ба бонк дар мавриди пардохти фоиз барои истифодаи маблағҳои пулӣ (моддаи 876), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо баҳисобгирӣ (моддаи 442) қатъ мегардад.
  2. Баҳисобгирии талаботи дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз xониби бонке, ки вазифадор аст молики суратҳисобро дар бораи баҳисобгирии анxомдодашуда тибқи тартиб ва мeҳлати дар шартнома пешбинигардида огоҳ созад ва агар шартҳои дахлдор аз xониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад, тибқи тартиб ва мeҳлати барои амалияи бонкӣ маъмулии додани иттилоот оид ба вазъи воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби дахлдор анxом дода мешавад.
 
Моддаи 878.  Асосҳои аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб
  1. Аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб дар асоси супориши молики он анxом дода мешавад.
  2. Бидуни супориши муштарӣ аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавxудбуда танҳо бо қарори суд, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ё шартномаи байни бонк ва муштарӣ шартномаи байни бонк ё муштарӣ иxозат дода мешавад (Ќ ҶТ аз 3.05.02с №5).
 
Моддаи 879. Тибқи навбат аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии суратҳисоб
  1. Ҳангоми дар суратҳисоб мавxуд будани маблағҳои пулие, ки он барои қонеъ гардонидани тамоми талаботи ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда кофӣ мебошад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоб баровардани ин маблағҳо аз суратҳисоби e бо тартиби ворид гардидани супориши молики суратҳисоб ва дигар ҳуxxатҳои азҳисоббарорӣ (аз рeи навбати тақвимӣ) сурат мегирад.
  2. Ҳангоми нокифоя будани маблаѓҳои пулии суратҳисоб барои ќонеъгардонии тамоми талабҳои ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда, аз ҳисоб баровардани маблаѓҳои пулї тибќи тартиби зерин анҷом дода мешавад:
             — дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рўи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблаѓҳои пулї таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ба ќайд гирифта шудаанд ва аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки интиќол ё додани маблаѓҳои пулиро аз суратҳисоб барои ќонеъгардонии талабҳои ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатї расонида шудааст, инчунин талабҳо оид ба ситонидани алиментро пешбинї менамояд;
             — дар навбати дуюм аз рўи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблаѓҳои пулї таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ба ќайд гирифта нашудаанд ва аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблаѓи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба шахси тибќи шартномаи меҳнатї, аз ҷумла тибќи ќарордод коркунандаро, ки маблаѓгузаронї ё додани маблаѓи пулиро, инчунин оид ба пардохти мукофотпулї тибќи шартномаи муаллифиро пешбинї менамояд;
             — дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рўи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинї менамояд;
             — дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки ќонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинї менамояд;
             — дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рўи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибќи тартиби навбати таќвимї.
                Аз ҳисоб баровардани маблаѓҳо аз суратҳисоб тибќи талаботи марбут ба як навбат мувофиќи тартиби навбати таќвими ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
 
Моддаи 880. Масъулияти бонк барои сари вақт анxом надодани амалиёт оид ба суратҳисоб ва беасос аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ
Дар ҳолатҳои сари вақт анxом надодани амалиёти гузаронидани маблағҳои пулии воридшуда ба суратҳисоби молик ё беасос аз ҳисоби суратҳисоб баровардани маблағҳо бонк вазифадор аст, тибқи талаби молики суратҳисоб маблағи дахлдорро ба суратҳисоб гузаронад.
Бонк инчунин барои сари вақт нагузаронидан ё беасос аз ҳисоб баровардани маблағ eҳдадор аст фоиз супорад ва мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс зарари расонидашударо xуброн намояд. Бонк инчунин барои сари вақт аз суратҳисоб надодани маблағ ва сари вақт иxро накардан фармоиши молики суратҳисоб дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидани маблағ масъулият дорад.
 
Моддаи 881. Махфӣ будани суратҳисобҳои  бонкӣ
  1. Бонк махфӣ будани суратҳисоби бонкӣ, амалиётҳо вобаста ба он ва маълумот оид ба молики суратҳисобро кафолат медиҳад.
  2. Маълумот оид ба амалиёт ва суратҳисобҳо метавонанд танҳо ба соҳибони суратҳисоб ё намояндагони онҳо, инчунин судҳо, мақомоти тафтиш ва мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳои таҳти пешбурдашон қарордошта, дар сурате ки агар маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавxудбуда тавқиф карда шавад, аз он xарима ситонида шавад ё ин маблағҳо бояд мусодира гардад, пешниҳод шуданашон мумкин аст.
Чунин маълумот метавонад, инчунин аз xониби нотариус вобаста ба парвандаҳои меросӣ дар мавриди амволи моликони фавтидаи суратҳисобҳо, ки таҳти пешбурдашон қарор доранд, инчунин ба ашхосе, ки нисбат ба онҳо фавтида ба бонк фармоиши васиятӣ гузоштааст, пешниҳод шуданашон мумкин аст.
  1. Дар сурати аз xониби бонк ошкор намудани маълумоте, ки асоси махфӣ будани суратҳисобро ташкил медиҳад, муштарие, ки ҳуқуқи e вайрон шудааст, ҳақ дорад аз бонк xуброни зарари расонидашударо талаб кунад.
 
Моддаи 882. Тавқифи маблағҳои суратҳисоб
  1. Маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавxудбуда танҳо бо қарори суд, ќарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ё бо қарори мақомоти тафтиш тавқиф карда шуданашон мумкин аст, агар дар санадҳои ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муќаррар нашуда бошад(Ќ ҶТ аз 3.12.09с, №569). (Ќ ҶТ  аз 21.07.10с, №607).
  2. Мeҳлати тавқифи маблағҳои пулӣ, ки дар суратҳисоби бонк мавxуд аст, наметавонад аз мeҳлати барои пешбурди парвандаҳои дахлдор муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ бештар бошад, агар дар санадҳои ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муќаррар нашуда бошад. (Ќ ҶТ аз 3.12.09с, №569).
 
Моддаи 883. Ситонидан аз маблағҳои суратҳисоб
Ситонидани маxбурӣ аз маблағҳои пулии ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар суратҳисоби бонкҳо мавxуд аст, аз Ҷумла ситонидани маxбурӣ ва мусодира метавонад танҳо дар асоси ҳукм ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ва ё ќарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро анxом дода шавад, агар дар санадҳои ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муќаррар нашуда бошад(Ќ ҶТ  аз 3.12.09с, №569). (Ќ ҶТ  аз 21.07.10с, №607).
 
Моддаи 884. Бастани суратҳисоб
  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ метавонад тибқи аризаи молики он дар ҳар лаҳза бекор карда шавад.
  2. Бонк дар сурате ки агар маблағи воситағои пулии дар суратғисоб мавxуда аз андозаи ҳадди ақали пешбининамудаи қонун ва қидаҳои мувофиқи он муқаррарнамудаи бонкҳо ё шартнома камтар бошад, ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи суратҳисоби бонкиро талаб намояд.
  3. Бекор кардани шартнома барои бастани суратҳисоб асос мебошад.
  4. Бақияи маблағҳои пулии суратҳисоб ба молики он баргардонида мешавад ё тибқи дастури e ба дигар суратҳисоб гузаронида мешавад.
 
Моддаи 885. Суратҳисобҳои бонкҳо
Агар дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё қоидаҳои мутобиқи онҳо муқаррарнамудаи бонкҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин боб ба суратҳисобҳои корреспондентӣ, суратҳисобҳои фаръии (ғайриасосии) корреспондентӣ ва дигар суратҳисобҳои бонк татбиқ мегардад.
 
БОБИ 44. Ҳисоббаробаркунӣ
  1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 886. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ
  1. Ҳисоббаробаркунӣ байни шаҳрвандон ва ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон, ки бо иxрои фаъолияти соҳибкории онҳо вобаста намебошад, бо пули нақд (моддаи 155) бидуни маҳдудияти маблағ анxом дода мешавад.
  2. Ҳисоббаробаркунӣ байни ашхоси ҳуқуқӣ, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон, ки бо иxрои фаъолияти соҳибкории (моддаи 24) онҳо вобаста аст ба таври ғайринақдӣ анxом дода мешавад. Ҳисоббаробаркунӣ байни ашхоси зикргардида, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, инчунин бо пули нақд анxом дода шуданаш мумкин аст.
  3. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути бонкҳо, дигар ташкилотҳои кредитӣ (минбаъд – «бонкҳо»), ки дар онҳо суратҳисобҳои ашхоси иштирокчии ҳисоббаробаркуниҳо кушода шудаанд, агар аз қонун тартиби дигари ҳисоббаробаркунӣ барнаояд ва дар шакли ҳисоббаробаркуниҳои истифодашаванда қайду шарти дигаре набошад, анxом дода мешавад.
  4. Тибқи шартнома бо муштарӣ бонк метавонад eҳдадории қабул ва хизматрасонии қарзи муштариро (шартномаи факторинг) ба зиммаи худ гирад. Баъди пeшонидани қарз бонк маблағи бадастомадаро ба муштарӣ медиҳад ва аз e ҳаққи хизмат, ки ҳаққи комиссиониро барои хизматрасонии қарз дар бар мегирад, дар ҳаxми муайяннамудаи шартнома меситонад.
 
Моддаи 887. Шакли ғайринақдии ҳисоббаробаркуниҳо
  1. Ҳангоми анxом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт, тибқи аккредитив, чекҳо, ҳисобу китоб тибқи инкассо, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо дигар шаклҳо, ки қонунҳо, қоидаҳои бонкии мутобиқи онҳо таҳиягардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда пешбинӣ намудаанд, иxозат дода мешавад.
  2. Тарафҳои шартнома ҳуқуқ доранд дар шартнома ҳама гуна шаклҳои ҳисоббаробаркуниро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, интихоб ва пешбинӣ намоянд.
 
  1. Ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт
Моддаи 888. Муқаррароти умумӣ
  1. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бо супоришномаҳои пардохт бонк eҳдадор мегардад бо супориши муштарӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар суратҳисоби e мавxуданд, маблағи муайяни пулиро ба суратҳисоби шахси зикркардаи муштарӣ дар мeҳлати муқарраршуда (моддаи 873) ба ин ё он бонк гузаронад.
  2. Шахси дар супоришномаи пардохт зикргардида ба ҳайси маблағгиранда ҳуқуқи аз бонк талаб кардани иxрои пардохтро, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуқуқро қонун ё шартномаи муштарӣ бо бонк пешбинӣ намудааст, ба даст намеорад.
 
Моддаи 889. Шарти қабули супоришномаи пардохт аз xониби бонк
  1. Мeҳтавои супоришномаи пардохт ва ҳуxxатҳои ҳисоббаробаркунии якxоя бо он пешниҳодшаванда ва шакли онҳо бояд ба талаботи муқарраркардаи қонун ва қоидаҳои бонкӣ мутобиқат намоянд.
  2. Дар сурати номутобиқатии супоришномаи пардохт ба талаботи дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида бонк метавонад мeҳтавои супоришномаро аниқ кунад. Чунин дархост баъди гирифтани супоришнома ба пардозанда бояд фавран пешниҳод карда шавад. Дар сурати нагирифтани xавоб дар мeҳлати пешбиникардаи қонун ё қоидаҳои мутобиқи он муқарраркардаи бонк ва ҳангоми вуxуд надоштани онҳо, агар дар қонун ва қоидаҳои бонкии дар асоси он муқарраргардида ё шартномаи байни бонк ва пардозанда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар мeҳлати қобили қабул бонк метавонад супоришномаро бидуни иxро монад ва онро ба пардозанда баргардонад.
  3. Агар тибқи шартномаи байни муштарӣ ва бонк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, супоришномаи муштарӣ аз xониби бонк xиҳати иxро танҳо дар мавриди дар суратҳисоби муштарӣ вуxуд доштани маблағ қабул карда мешавад.
 
Моддаи 890. Иxрои супоришнома
  1. Бонке, ки супоришномаи пардохти муштариро қабул мекунад, вазифадор аст маблағи пулии дахлдорро xиҳати ворид намудани он ба суратҳисоби шахси дар супоришнома зикргардида ба бонки маблағгиранда дар мeҳлати дар шартномаи суратҳисобҳои бонкӣ муқарраршуда ва агар дар шартнома мeҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мeҳлати муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда гузаронад.
  2. Бонк ҳуқуқ дорад дигар бонкҳоро барои иxрои амалиёти интиқоли маблағи пулӣ ба суратҳисоби дар супоришномаи муштарӣ зикргардида xалб намояд.
  3. Агар тибқи шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бонк вазифадор аст ба муштарӣ дар хусуси иxрои супоришнома фавран хабар диҳад.
 
Моддаи 891. Xавобгарӣ барои иxро накардан ё иxрои номатлуби супоришнома
  1. Дар ҳолати иxро накардан ё иxрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бонк барои ин вайронкунӣ мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс xавобгар аст.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар иxро накардан ё иxрои номатлуби супоришнома бинобар вайронкунии қоидаҳои анxом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз xониби бонки барои иxрои супоришномаи пардозанда xалбгардида рух дода бошад, мутобиқи қисми 1 ҳамин модда суд метавонад масъулиятро ба зиммаи ҳамин бонк гузорад.
  3. Агар вайронкунии қоидаҳои анxом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз xониби бонк боиси нигоҳдории ғайриқонунии маблағи пулӣ гардад, бонк вазифадор аст тибқи тартиб ва андозаи пешбининамудаи моддаи 426 ҳамин Кодекс фоизи онро пардозад.
 
  1. Ҳисоббаробаркунӣ тибқи аккредитив
Моддаи 892. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳисоббаробаркунии аккредитив
  1. Дар сурати ҳисоббаробаркунии аккредитив бонке, ки бо супориши пардозанда дар бораи кушодани аккредитив ва мутобиқи дастури e (бонк — эмитент) амал мекунад, eҳдадор мешавад пардохтҳоро ба маблағгиранда гузаронад ё пардохт намояд, актсепт кунад ё вексели интиқолиро ба инобат гирад ё ваколати гузаронидани пардохтҳоро ба маблағгиранда ё пардохт намудан, актсепт кардан ё ба инобат гирифтани вексели интиқолиро ба зиммаи бонки дигар (бонки иxрокунанда) гузорад.
Нисбат ба бонки эмитент, ки пардохтҳоро ба маблағгиранда мегузаронад ё худ пардохт мекунад, аксепт менамояд ё вексели интиқолиро ба инобат мегирад, қоидаҳо  оид ба бонки иxрокунанда истифода бурда мешавад.
  1. Дар ҳолати кушодани аккредитиви пeшонидашуда (ба депозит гузошташуда) бонки эмитент дар мавриди кушодани он вазифадор аст маблағи аккредитив (пeшонидани он)-ро аз ҳисоби пардозанда ё кредити ба e пешниҳодшуда барои тамоми мeҳлати амали eҳдадории бонки эмитент ба ихтиёри бонки иxрокунанда гузаронад.
Дар ҳолати кушодани аккредитиви пeшониданашуда (кафолатнок) ба бонки иxрокунанда ҳуқуқ дода мешавад, аз суратҳисоби бонки эмитент, ки пешбурди онро анxом медиҳад, ҳамаи маблағи аккредитивро соқит гардонад.
  1. Тартиби анxом додани ҳисоббаробаркунӣ оид ба аккредитив тибқи қонун, инчунин қоидаҳои бонкии дар асоси он муқарраргардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда танзим карда мешавад.
  2. Ќабулкунандаи маблаѓ метавонад ҳуќуќҳои худро оид ба ќабули пардохтҳо аз рўи аккредитив дар ҳолатҳои иҷрои ҳамаи шартҳои он мутобиќи шартнома гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариќи дигар ихтиёрдорї намояд. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
 
Моддаи 893. Аккредитиви бозхостшаванда
  1. Аккредитиве бозхостшаванда эътироф мешавад, ки онро бонки эмитент бидуни огоҳониии пешакии маблағгиранда метавонад тағйир диҳад ё бекор кунад. Бозхости аккредитив ҳеx кадом eҳдадории бонки эмитентро дар назди маблағгиранда ба вуxуд намеорад.
  2. Бонки иxрокунанда вазифадор аст пардохтҳо ва дигар амалиётро оид ба аккредитиви бозхостшаванда анxом диҳад, агар дар лаҳзаи анxом додани онҳо дар хусуси тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аккредитив огоҳинома нагирифта бошад.
 
Моддаи 894. Аккредитиви бозхостнашаванда
  1. Аккредитиве бозхостнашаванда дониста мешавад, ки бидуни ризоияти маблағгиранда онро бекор кардан мумкин нест.
  2. Тибқи хоҳиши бонки эмитент бонки иxрокунанда, ки дар гузаронидани амалиёти аккредитиви иштирок дорад, метавонад аккредитиви бозхостнашаванда (аккредитиви кафолатнок)-ро тасдиқ намояд. Ин кафолат чунин маъно дорад, ки бонки иxрокунанда иловатан ба eҳдадории бонки эмитент оид ба анxом додани пардохт тибқи шартҳои аккредитив eҳдадорӣ қабул кардааст.
Аккредитиви кафолатнокро бидуни розигии бонки иxрокунанда тағйир додан ё бекор кардан мумкин нест.
 
Моддаи 895. Иxрои аккредитив
  1. Xиҳати иxрои аккредитив маблағгиранда ба бонки иxрокунанда ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи иxрои ҳамаи шартҳои аккредитивро пешниҳод менамояд. Дар сурати вайрон кардани ҳатто яке аз ин шартҳо пардохт аз ҳисоби аккредитив  анxом дода намешавад.
  2. Агар бонки иxрокунанда мутобиқи шартҳои аккредитив пардохтро ба xо орад ё дигар амалиётро анxом диҳад, бонки эмитент вазифадор аст ба e товони хароxоти масрафгардидаро тибқи қоидаҳои муқарраршудаи бонкӣ диҳад. Ин хароxот, инчунин ҳамаи дигар хароxоти бонки эмитент, ки бо иxрои аккредитив вобаста аст, аз xониби пардозанда пeшонида мешавад.
 
Моддаи 896. Радди қабули ҳуxxатҳо
  1. Агар бонки иxрокунанда қабули ҳуxxатҳоеро, ки он бо аломатҳои зоҳирӣ ба шартҳои аккредитив мутобиқат намекунад, рад намояд, e вазифадор аст дар ин хусус фавран, бо зикри сабабҳои рад ба маблағгиранда ва бонки эмитент хабар диҳад.
  2. Агар бонки эмитент, ҳуxxатҳои қабулнамудаи бонки иxрокунандаро гирифта чунин ҳисоб кунад, ки он тибқи аломатҳои зоҳирӣ бо шартҳои аккредитив мутобиқат намекунад, ҳуқуқ дорад қабули онҳоро рад намояд ва аз бонки иxрокунанда маблағи ба маблағгиранда бо вайрон кардани шартҳои аккредитив пардохташударо талаб намояд ва вобаста ба аккредитиви пeшониданашуда бошад, метавонад xуброни маблағи пардохташударо рад кунад.
 
Моддаи 897. Xавобгарии бонки иxрокунандаи аккредитив
Ҳангоми пардохти нодуруст ё радди беасоси пардохти маблағ тибқи аккредитив, ки дар натиxаи eҳдадориҳои пешбининамудаи қоидаҳои бонкиро вайрон кардани бонки иxрокунанда рух додааст, бонки иxрокунанда дар назди бонки эмитент ва дар ҳолатҳое ки иxрои аккредитивро бонки эмитент амалӣ мегардонад, дар назди пардозанда xавобгар мебошад.
 
Моддаи 898. Маҳкам кардани аккредитив
  1. Аккредитив дар бонки иxрокунанда дар ҳолатҳои зайл маҳкам карда мешавад:
бо гузашти мeҳлати аккредитив;
тибқи аризаи маблағгиранда дар хусуси радди истифодаи аккредитив то гузаштани мeҳлати амали он, агар имконияти чунин рад бо шартҳои аккредитив пешбинӣ шуда бошад;
тибқи талаби пардозанда дар бораи пурра ё қисман бозхости аккредитив, агар чунин бозхост тибқи шартҳои аккредитив мумкин бошад.
Дар бораи маҳкам кардани аккредитив бонки иxрокунанда бояд бонки эмитентро огоҳ намояд.
  1. Маблағи истифоданашудаи аккредитиви депозитгардида бояд ҳамзамон бо маҳкам кардани аккредитив ба бонки эмитент баргардонида шавад. Бонки эмитент вазифадор аст маблағи баргардонидашударо ба суратҳисоби пардозанда, ки маблағи e ба депозит гузошта шудааст, ворид намояд.
  2. Ҳисоббаробаркунӣ тибқи инкассо
Моддаи 899. Муқаррароти асосӣ
  1. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои супоришномаи инкассавӣ муштарӣ ба бонки худ (бонки эмитент) супоришнома мефиристад, ки аз ҳисоби муштарӣ аз пардозанда гирифтани пардохт анxом дода шавад.
  2. Бонки эмитенте, ки супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, ҳуқуқ дорад барои иxрои он бонки дигар (бонки иxрокунанда)-ро xалб намояд.
Тартиби анxом додани ҳисоббаробаркунии супоришномаи инкассавӣ тибқи қонунҳо, қоидаҳои бонкии мутобиқи он таҳиягардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда танзим карда мешавад.
  1. Дар сурати иxро накардан ё иxрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бонки эмитент дар назди он тибқи асосҳо ва андозаи пешбиникардаи боби 24 ҳамин Кодекс xавобгар мебошад.
Агар иxро накардан ё иxрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бинобар вайронкунии қоидаҳои анxом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз xониби бонки иxрокунанда ба миён омада бошад, xавобгарӣ дар назди муштарӣ ба зиммаи ҳамин бонк гузошта шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 900. Иxрои супоришномаи инкассавӣ
  1. Ҳангоми вуxуд надоштани ягон ҳуxxат ё аз рeи аломатҳои зоҳирӣ номутобиқатии ҳуxxатҳо ба супоришномаи инкассавӣ бонки иxрокунанда вазифадор аст аз ин хусус шахсеро, ки аз номи e супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, фавран огоҳ созад. Дар ҳолати бартараф нагардидани камбудиҳои зикршуда бонк ҳуқуқ дорад ҳуxxатҳоро бидуни иxро баргардонад.
  2. Ҳуxxатҳо ба пардозанда дар ҳамон шакле, ки гирифта шудааст, ба истиснои қайдҳо ва навиштаxоти бонкҳо, ки барои расмиёти амалиёти инкассавӣ заруранд, баргардонида мешаванд.
  3. Агар ҳуxxатҳо бо манзур доштани онҳо мавриди пардохт қарор гирифта бошад, бонки иxрокунанда бо гирифтани супоришномаи инкассавӣ бояд фавран онро барои пардохт пешниҳод намояд.
Агар ҳуxxатҳо дар дигар мeҳлат пардохта шавад, бонки иxрокунанда бояд xиҳати гирифтани актсепти пардозанда фавран бо гирифтани супоришномаи инкассавӣ ба актсепт ҳуxxатҳо пешниҳод намояд ва талаботи пардохт на дертар аз рeзи фаро расидани мeҳлати пардохти дар ҳуxxатҳо зикргардида бояд қонеъ гардонида шавад.
  1. Пардохтҳо қисман дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё ҳангоми мавxудияти иxозати махсус дар супоришномаҳои инкассавӣ қабул карда шуданашон мумкин аст.
  2. Бонки иxрокунанда маблағи гирифта (инкассатсияшуда)-ро бояд фавран ба ихтиёри бонки эмитент, ки вазифадор аст ин маблағро ба суратҳисоби муштарӣ ворид кунад, интиқол диҳад. Бонки иxрокунанда ҳуқуқ дорад аз маблағҳои инкассатсияшуда подоши ба e тааллуқдошта ва пардохти хароxотро нигоҳ дорад.
 
Моддаи 901. Огоҳинома дар хусуси радди пардохт
  1. Агар пардохт ва (ё) аксепт дастрас нагардида бошад, бонки иxрокунанда вазифадор аст бонки эмитентро дар хусуси радди пардохт ё сабабҳои рад фавран огоҳ созад.
Бонки эмитент вазифадор аст фавран ба муштарӣ хабар диҳад ва вобаста ба амалиёти минбаъда  дастур талаб намояд.
  1. Ҳангоми дар мeҳлати муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ нагирифтани дастур оид ба амалиёти минбаъда ва дар сурати зикр нашудани чунин мeҳлат — дар мeҳлати қобили қабул бонки иxрокунанда ҳуқуқ дорад ҳуxxатҳоро ба бонке, ки аз он супоришномаи инкассавӣ гирифта шуда буд, баргардонад.
 
  1. Ҳисоббаробаркунӣ бо чек
Моддаи 902. Муқаррароти умумӣ
  1. Чек коғази қиматнокест, ки дастури бидуни ягон қайду шарти чекдиҳанда ба бонк xиҳати ба дорандаи чек анxом додани пардохти маблағи зикргардидаро дар бар мегирад.
  2. Ба ҳайси пардозандаи чек танҳо бонке метавонад зикр гардад, ки дар он чекдиҳанда маблағ дошта, метавонад онро бо роҳи пешниҳоди чек ихтиёрдорӣ намояд.
  3. Бозхости чек то гузаштани мeҳлати манзур кардани он мумкин нест.
  4. Додани чек eҳдадории пулиеро, ки xиҳати иxрои он дода шудааст, намепeшонад.
  5. Тартиб ва шарти истифодаи чекҳо дар муомилоти пардохт тибқи ҳамин Кодекс танзим мешавад ва дар қисмати танзимнакардаи он, тибқи дигар қонунҳои ба масъалаҳои ҳуқуқии муносибатҳои чекӣ бахшидашаванда танзим мегардад.
 
Моддаи 903. Реквизитҳои чек
  1. Чек бояд инҳоро дар бар гирад:
1) номи «чек», ки дар матни ҳуxxат ворид гардидааст;
2) супоришнома ба пардозанда оид ба пардохти маблағи муайяни пулӣ;
3) номи пардозанда ва зикри суратҳисобе, ки аз он бояд пардохт анxом дода шавад.
4) зикри асъори пардохт;
5) зикри сана ва маҳалли  мураттаб сохтани чек;
6) имзои шахсе, ки чекро чекдиҳанда навишта додааст.
Дар ҳуxxат мавxуд набудани яке аз реквизитҳои зикршуда чекро беэътибор мегардонад.
Чеке, ки дар он маҳалли мураттаб сохтани он зикр нагардидааст, ҳамчун имзогардида дар xое, ки маълумот оид ба чекдиҳанда нишон дода шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  1. Шакли чек ва тартиби пур кардани он тибқи қонунҳо ва қоидаҳои бонкии мутобиқи онҳо таҳиягардида муайян карда мешавад.
 
Моддаи 904. Пардохти чек
  1. Чек аз ҳисоби маблағҳои чекдиҳанда пардохта мешавад. Дар ҳолати ба депозит гузоштани маблағ тартиб ва шарти ба депозитгузории маблағ барои пeшонидани чек тибқи қоидаҳои бонкӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Чекро бояд пардозанда бо шарти дар мeҳлати муқарраркардаи қонун барои пардохт пешниҳод кардани он пардозад.
  3. Пардозандаи чек вазифадор аст бо ҳама гуна усули ба e дастрас ба ҳаққонӣ будани чек, инчунин ба он ки пешниҳодкунанда нисбат ба он шахси ваколатдор мебошад, боварӣ ҳосил намояд.
Ҳангоми пардохти чеки индосатсияшуда пардозанда бояд на имзои индоссантҳо, балки дурустии индоссаментҳоро тафтиш кунад.
  1. Зарари аз xониби пардозанда вобаста ба пардохти чеки қалбакӣ, дуздидашуда ё гумшуда расонидашуда, вобаста ба он ки зарар бо гуноҳи кӣ расонида шудааст, ба зиммаи пардозанда ё чекдиҳанда гузошта мешавад.
  2. Шахси пардозандаи чек ҳуқуқ дорад ба e додани чекро бо забонхат оид ба гирифтани пардохт талаб намояд.
 
Моддаи 905. Додани ҳуқуқ  оид ба чек
  1. Додани ҳуқуқ оид ба чек тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 160 ҳамин Кодекс бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин модда сурат мегирад.
  2. Чеки номӣ ба шахси дигар дода намешавад.
  3. Дар чеки интиқолӣ индоссамент ба пардозанда барои гирифтани пардохт эътибори забонхатро дорад.
Индоссаменте, ки аз xониби пардозанда анxом дода шудааст, эътибор надорад.
Шахси соҳиби чеки интиқолӣ, ки онро тибқи индоссамент гирифтааст, агар e ҳуқуқи худро дар қатори индоссаментҳои бефосила (мусалсал) асоснок кунад, соҳиби қонунии чек ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 906. Кафолати пардохт (авал)
  1. Пардохт оид ба чек тавассути кафолат (авал) пурра ё қисман кафолатнок шуда метавонад.
Авалро ҳар шахс, ба истиснои пардозанда дода метавонад.
  1. Авал дар тарафи рости чек ё дар варақи иловагӣ бо роҳи сабти «авал ҳисобида шавад» ва зикри он, ки аз xониби кӣ, бар ивази кӣ дода шудааст, сабт мешавад. Агар бар ивази кӣ додани он зикр нашуда бошад, дар он ҳолат авал аз номи чекдиҳанда додашуда ба ҳисоб меравад.
Авалро соҳиби авал бо зикри суроғаи худ (маҳалли xойгиршавӣ) ва санаи ба xо овардани навиштаxот ва агар соҳиби авал шахси ҳуқуқӣ бошад, бо зикри маҳалли xойгиршавии он ва санаи ба xо овардани навиштаxот имзо мекунад.
  1. Соҳиби авал ба мисли шахсе, ки бар ивази он авалро додааст, дорои масъулият мебошад. Eҳдадории e, ҳатто агар eҳдадории кафолатдодаи он нисбат ба ҳама гуна асосҳои дигар, ба xуз нуқсони вобаста ба шакл беэътибор бошад ҳам,  дорои эътибор  аст.
  2. Соҳиби авали чекро пардохта муқобили оне, ки e ба вай кафолат додааст ва зидди онҳое, ки дар назди шахси охирин eҳдадор мебошанд, ҳуқуқеро, ки аз чек бармеояд, пайдо мекунад.
 
Моддаи 907. Инкассакунонии чек
  1. Пешниҳоди чек ба бонки ба соҳиби чек хизматрасон барои инкасса xиҳати гирифтани пардохт барои пардохт манзуршуда ба ҳисоб меравад.
Чек тибқи тартиби муқарраркардаи моддаи 900 ҳамин Кодекс пардохта мешавад.
  1. Ворид кардани маблағ тибқи чеки инкассашуда ба суратҳисоби соҳиби чек, агар дар шартномаи байни соҳиби чек ва бонк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, баъди гирифтани пардохт аз пардозанда анxом дода мешавад.
 
Моддаи 908. Вазифаҳои пардозанда
Пардозандаи чек вазифадор аст бо ҳама гуна усули барояш дастрас ҳаққонӣ будани чек, инчунин ба он ки пешниҳодкунанда шахси ваколатдори вобаста ба чек мебошад, боварӣ ҳосил намояд.
Ҳангоми пардохти чеки инкассашуда пардозанда вазифадор аст на имзои индоссантҳо, балки дурустии индоссаментҳоро тафтиш намояд.
 
Моддаи 909. Тасдиқи рад аз пардохти чек
  1. Рад аз пардохти чек бояд бо яке аз усулҳои зайл тасдиқ карда шавад:
1) аз xониби нотариус тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод кардани эътироз;
2)  бо  усули дар чек дар хусуси радди пардохт ва санаи пешниҳоди чек ба пардохт сабт гузоштани пардозанда;
3) қайди бонки инкассакунанда бо зикри санае, ки чек сари вақт пешниҳод гардида, вале пардохта нашудааст.
  1. Эътироз ё ҳуxxати ба он баробар бояд то гузаштани мeҳлати пешниҳоди чек барои пардохт анxом дода шавад.
Агар пешниҳоди чек дар рeзи охирини мeҳлат сурат гирифта бошад, эътироз ё ҳуxxати ба он баробарро дар рeзи дигари корӣ анxом додан мумкин аст.
 
Моддаи 910. Огоҳинома аз напардохтани чек
Дорандаи чек вазифадор аст индоссанти худ ва чекдиҳандаро дар бораи анxом дода нашудани пардохт дар тeли ду рeзи кории баъди рeзи эътироз ё санади ба он баробар фарорасанда огоҳ намояд.
Ҳар як индоссант дар тeли ду рeзи кории баъди рeзи гирифтани огоҳинома фарорасанда бояд ба индоссанти худ (қаблӣ) дар бораи огоҳиномаи гирифтааш хабар диҳад. Дар ҳамин мeҳлат огоҳинома ба шахсе фиристода мешавад, ки бар ивази ин шахс авал додааст.
Шахсе, ки дар мeҳлати зикргардида огоҳинома нафиристодааст, ҳуқуқи худро ба чек гум намекунад. E вазифадор аст зарареро, ки вобаста ба огоҳ накардан аз напардохтани чек расонида шудааст, дар  доираи маблағи чек xуброн намояд.
 
Моддаи 911. Оқибати напардохтани чек
  1. Дар сурати пардохти чекро рад намудани пардозанда, дорандаи чек ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ нисбат ба як, якчанд ё ба ҳамаи ашхоси оид ба чек eҳдадор (ба чекдиҳанда, соҳиби авалҳо, индоссантҳо), ки дар назди вай масъулияти муштарак доранд, даъво арз кунад.
  2. Дорандаи чек ҳуқуқ дорад аз ашхоси зикргардида пардохти маблағи чек, хароxоти худро барои гирифтани пардохт, инчунин фоизҳоро тибқи ҳаxм ва тартиби дар қисми 1 моддаи 426 ҳамин Кодекс пешбинишуда талаб намояд.
  3. Даъвои дорандаи чек нисбат ба ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар тeли шаш моҳ аз рeзи ба анxом расидани мeҳлати барои пардохт пешниҳод намудани чек манзур шуданаш мумкин аст.
Талаботи регрессивӣ оид ба даъвои ашхоси нисбат ба ҳамдигар eҳдадор бо гузашти шаш моҳ, аз рeзе, ки шахси eҳдадори дахлдор талаботро қонеъ гардонидааст ё аз рeзи ба e пешниҳод шудани даъво қатъ карда мешавад.
 
БОБИ 45. Супориш
Моддаи 912. Шартномаи супориш
  1. Тибқи шартномаи супориш як тараф (вакил) аз ном ва аз ҳисоби тарафи дигар (ваколатдиҳанда) иxро кардан ё ба xо овардани амали муайяни ҳуқуқиро eҳдадор мешавад. Вобаста ба муомилае, ки вакил анxом медиҳад, ҳуқуқ ва вазифаҳоро бевосита ваколатдиҳанда пайдо мекунад.
  2. Супориш аз xониби вакил анxом додани як ё якчанд амалиёти муайяни ҳуқуқӣ ё пешбурди корҳои ваколатдиҳандаро мутобиқи нишондодҳои e дар бар гирифта метавонад.
  3. Шартномаи супориш дар шакли хаттӣ баста мешавад.
 
Моддаи 913. Подошпулӣ дар шартномаи супориш
  1. Ваколатдиҳанда, агар дар қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, вазифадор аст ба вакил подошпулӣ пардозад.
Агар шартномаи супориш бо анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз xониби ҳар ду тараф ё яке аз онҳо вобаста бошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ваколатдиҳанда вазифадор аст ба вакил  подошпулӣ  пардозад.
  1. Ҳангоми дар шартномаи супориши пулакӣ мавxуд набудани шартҳо оид ба ҳаxми подошпулӣ ва тартиби пардохт он мувофиқи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс тибқи нархномаи маъмулан ба чунин шакли хизматрасонӣ қабулшуда муайян гардида, баъди иxрои супориш пардохта мешавад.
 
Моддаи 914. Иxрои супориш мутобиқи дастурҳои ваколатдиҳанда
  1. Вакил вазифадор аст супориши ба e мутобиқи дастурҳои ваколатдиҳанда додашударо иxро намояд. Дастури ваколатдиҳанда бояд мушаххас, xоиз ва имконпазир бошад.
  2. Вакил, агар аз рeи вазъи кор ин ба манфиати ваколатдиҳанда зарур бошад ва вакил пешакӣ аз ваколатдиҳанда дархост карда натавонад ё ба дархости худ сари вақт xавоб нагирад, ҳуқуқ дорад аз дастурҳои ваколатдиҳанда даст кашад. Дар ин ҳолат вакил вазифадор аст ваколатдиҳандаро бо фарорасии шароити имконпазири огоҳсозӣ дар мавриди сарфи назар огоҳ намояд.
  3. Бо созишномаи тарафҳо намояндаи тиxоратиро аз иxрои вазифаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида озод кардан мумкин аст.
 
Моддаи 915. Вазифаҳои вакил
  1. Вакил вазифадор аст супориши ба e додашударо шахсан иxро намояд.
  2. Вакил вазифадор аст ба ваколатдиҳанда тибқи талаботи e оид ба xараёни иxрои супориш ҳамаи маълумотро хабар диҳад.
  3. Вакил вазифадор аст ба e бетаъхир тамоми маблағи вобаста ба анxом додани муомилот ба даст овардаашро диҳад.
  4. Вакил вазифадор аст баъди иxрои супориш ба ваколатдиҳанда бетаъхир ваколатномаи мeҳлати эътибораш нагузаштаро баргардонад ва агар ин аз рeи хусусияти супориш тақозо гардад, ҳисоботро бо замимаи ҳуxxатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намояд.
 
Моддаи 916. Вазифаҳои ваколатдиҳанда
Ваколатдиҳанда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, вазифадор аст:
1) вакилро бо васоити барои иxрои супориш зарурӣ таъмин намояд;
2) бетаъхир аз xониби вакил иxрои мутобиқи шартнома анxомдодашударо қабул кунад;
3) ба вакил хароxотеро, ки барои иxрои супориш зарур буд, пардозад;
4)  баъди иxрои супориш, агар он тибқи шартнома ё қонунҳо пешбинӣ шуда бошад, ба вакил подошпулӣ пардозад.
 
Моддаи 917. Вогузоштани ваколат
  1. Вакил, агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида бошад ё агар вобаста ба ҳолатҳо вакил маxбур шуда бошад, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ваколатдиҳанда ин корро анxом диҳад, ҳуқуқ дорад иxрои супоришро ба дигар шахс (муовин) вогузорад.
  2. Вакиле, ки иxрои супоришро ба дигар шахс вогузоштааст, бояд фавран ваколатдиҳандаро огоҳ созад.
Ваколатдиҳанда ҳуқуқ дорад муовинашро, ки вакил интихоб кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин муовин дар шартнома номбар шудааст, рад намояд.
  1. Агар муовини вакил дар шартнома номбар шуда бошад барои пешбурди корҳо аз xониби муовинаш вакил xавобгар намебошад.
  2. Агар дар шартнома пешбурди корҳо аз xониби муовин пешбинӣ шуда, вале муовин дар он номбар нагардида бошад вакил барои кирдорҳои гунаҳкоронаи муовини худ xавобгар намебошад.
  3. Агар дар шартнома пешбурди корҳо аз xониби муовини вакил пешбинӣ нагардида бошад, вакил барои ҳама гуна амали мувоини худ xавобгар аст.
 
Моддаи 918. Қатъи шартномаи супориш
  1. Шартномаи супориш ҳамзамон бо асосҳои умумии қатъи eҳдадорӣ дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:
1) аз xониби ваколатдиҳанда бекор кардани он;
2) рад кардани вакил;
3) марги ваколатдиҳанда ё вакил, ғайри қобили амал, қобили маҳдуди амал ё бедарак ғоиб шуда эътироф намудани яке аз онҳо.
  1. Агар вакил аз шартнома таҳти чунин шартҳое даст кашида бошад, ки ваколатдиҳанда имкон надорад eро иваз намояд ё ба таври дигар манфиатҳои худро таъмин кунад, вакил вазифадор аст, зарари вобаста бо қатъи шартнома расонидашударо xуброн намояд.
  2. Агар вакил дар бораи қатъи шартномаи супориш намедонист ва дониста ҳам наметавонист, дар ин сурат амали e, ки қонунан тибқи супориши ваколатдиҳанда анxом дода шудааст, ваколатдиҳанда (вориси ҳуқуқии e)-ро нисбат ба ашхоси сеюм ва вакил eҳдадор месозад.
  3. Тарафе, ки аз шартнома бо вакили ба сифати соҳибкор баромадкунанда даст кашидааст, агар дар шартнома мeҳлати нисбатан бештар пешбинӣ нагардида бошад, бояд тарафи дигарро дар мeҳлати як моҳ пештар аз қатъи шартнома огоҳ созад.
Ҳангоми азнавтаъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки намояндаи тиxоратӣ мебошад, ваколатдиҳанда ҳуқуқ дорад супоришро бидуни чунин огоҳонии пешакӣ бекор кунад.
 
Моддаи 919.  Оқибатҳои қатъи шартномаи супориш
  1. Агар шартномаи супориш то лаҳзаи аз xониби вакил пурра иxро гардидани он қатъ карда шуда бошад, ваколатдиҳанда eҳдадор аст ба вакил хароxоти вобаста ба иxрои супоришро xуброн намояд ва агар вакил ба подошпулӣ ҳақ дошта бошад, инчунин мутаносибан ба кори иxронамудааш бояд ба e подошпулӣ пардохта шавад. Ин қоида нисбат ба супорише, ки вакил баъди фаҳмидани қатъ гардидани супориш иxро кардааст ё мебоист донад, татбиқ намегардад.
  2. Аз xониби ваколатдиҳанда бекор кардани супориш барои xуброни зараре, ки бо қатъи шартнома ба вакил расонида шудааст, ба истиснои ҳолатҳои қатъи шартнома бо вакиле, ки ба сифати соҳибкор фаъолият мекунад, асос буда наметавонад.
  3. Радди вакил аз иxрои супориши ваколатдиҳанда, ба истиснои ҳолатҳои саркашии вакил вобаста ба шароите, ки ваколатдиҳанда аз имконияти ба таври дигар таъмин намудани манфиатҳои худ маҳрум шудааст, инчунин ҳолатҳои қатъи шартнома аз xониби вакиле, ки ба сифати соҳибкор баромад мекунад, барои xуброни зарари вобаста бо қатъи шартнома ба ваколатдиҳанда расонидашуда асос буда наметавонад.
 
Моддаи 920.  Ворисии ҳуқуқӣ дар шартномаи супориш
  1. Дар сурати фавти вакил ворисони он ё дигар ашхосе, ки ба зиммаашон таъмини ҳифзи амволи меросӣ гузошта шудааст, вазифадоранд ваколатдиҳандаро дар мавриди қатъи шартномаи супориш огоҳ созанд ва xиҳати ҳифзи амволи ваколатдиҳанда тадбирҳои зарурӣ андешанд, аз Ҷумла ашё, инчунин ҳуxxатҳои вакилро ҳифз кунанд ва сипас онҳоро ба e супоранд.
Чунин eҳдадорӣ инчунин ба зиммаи барҳамдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ, ки вакил мебошад, низ гузошта мешавад.
  1. Ҳангоми азнавтаъсисдиҳии шахси ҳуқуқие, ки ба сифати намоянда амал мекунад, ваколатдиҳанда бояд бетаъхир тибқи моддаи 61 ҳамин Кодекс огоҳ карда шавад. Дар ҳолати зикргардида, агар ваколатдиҳанда дар мeҳлатҳои мувофиқ дар мавриди аз xониби e рад кардани шартнома иттилоъ надиҳад, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои чунин шахси ҳуқуқӣ ба вориси ҳуқуқии e мегузарад .
 
БОБИ  46. Фаъолият ба манфиати ғайр бидуни супориш
Моддаи 921. Фаъолият ба манфиати ғайр  бидуни супориш
  1. Шахсе, ки ба манфиати ғайр бидуни супориши e амал мекунад, бояд бо аввалин имконият шахси манфиатдорро огоҳ созад. Агар шахси манфиатдор ин амалро маъқул шуморад, минбаъд нисбат ба муносибати тарафҳо қоидаҳо оид ба шартномаи супориш татбиқ мегардад. Ҳангоми маъқул надонистани амалҳои зикргардида масъулият ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки бидуни супориш амал кардааст.
  2. Ҳангоми имконнопазирии огоҳ сохтани шахси манфиатдор шахсе, ки амалро бидуни супориш оғоз кардааст, бояд онро то ба охир расонад ва xиҳати пешгирии оқибатҳои манфии чунин амал барои ин шахс тамоми тадбирҳои ба e вобастаро андешад. Дар айни замон шахсе, ки бидуни супориш амал мекунад, бояд ҳамаи он чизеро, ки вобаста ба пешбурди кор алоқаманд аст, аз Ҷумла eҳдадории бастани аҳдҳоро ба зиммаи худ гирад.
  3. Агар шахсе, ки ба манфиати шахси дигар бидуни супориши e амал мекунад, бо аввалин имкон шахси манфиатдорро огоҳ насозад, e ҳуқуқ надорад xуброни хароxоташро талаб кунад.
  4. Шахсе, ки бидуни супориш ба манфиати ғайр амал мекунад, бояд амали оғознамудаашро инчунин дар ҳолати фавти шаҳрванд ё қатъ гардидани шахси ҳуқуқие, ки ба манфиати e фаъолияти дахлдор иxро мегардид, то лаҳзае, ки ворисон (ворисони ҳуқуқӣ)-и шахси манфиатдор наметавонанд eро иваз намоянд, идома диҳад.
 
Моддаи 922. Бастани аҳд ба манфиати ғайр
  1. Eҳдадорӣ оид ба аҳди ба манфиати ғайр басташуда ба шахсе, ки ба манфиати e аҳд анxом дода шудааст, агар тарафи дигар ҳангоми бастани аҳд медонист ё бояд медонист, ки аҳд ба манфиати ғайр баста шудааст, аз лаҳзаи аз xониби e маъқул донистани ин аҳд ба вай мегузарад.
Ҳангоми тибқи чунин аҳд гузаштани eҳдадорӣ ба шахсе, ки ба манфиати он баста шуда буд, ба охирин бояд ҳуқуқ ба ин аҳд низ дода шавад.
  1. Шахсе, ки аҳд бастааст, метавонад то лаҳзаи ба e xуброн намудани хароxоти вобаста ба фаъолияташ ба манфиати ғайр додани ҳуқуқро боздорад.
 
Моддаи 923. Eҳдадории шахсе, ки ба манфиаташ бидуни супориш фаъолият анxом дода шудааст
  1. Шахсе, ки ба манфиаташ бидуни супориш фаъолият анxом дода шудааст, eҳдадор аст ба шахси ба манфиати e амалкарда хароxоти зарурӣ ва зарари воқеии расонидашударо xуброн намояд. Eҳдадории зикргардида инчунин дар ҳолате ки амал ба манфиати ғайр мувофиқ бошад ҳам, вале натиxаи дарназардошташуда ба даст наомадааст, нигоҳ дошта мешавад.
  2. Агар фаъолияти шахс мустақиман ба таъмини манфиатҳои шахси дигар равона нашуда бошад, аз Ҷумла ҳатто агар шахс саҳван дар назар дошта бошад, ки ба манфиати худ амал мекунад, суд ҳангоми ҳалли масъалаи ситонидани хароxот ва андозаи он бояд он фоидаеро, ки амали шахси фаъолияти дахлдорро анxомдода фароҳам овардаааст, ба инобат гирад.
  3. Дар ҳолатҳое ки агар амал ба манфиати ғайр ба доираи фаъолияти соҳибкории e марбут аст, он метавонад ҳамзамон бо xуброни зарари воқеӣ, инчунин подошпулии мутаносибро пардозад.
 
Моддаи 924. Xуброни зараре, ки вобаста ба фаъолият ба манфиати ғайр расонида шудааст
Муносибат вобаста ба xуброни зараре, ки дар натиxаи фаъолият ба манфиати ғайр расонида шудааст, мутобиқи боби 55 ҳамин Кодекс (деликтҳо) танзим карда мешаванд.
 
Моддаи 925. Xуброни хароxоти вобаста ба пешгирии зарар ба амволи ашхоси дигар
Агар шахс бидуни ваколатҳои дахлдор таҳдиди воқеии вобаста ба расонидани зарар ба амволи ашхоси дигарро дар шароите, ки имконнопазирии огоҳонии онҳоро оид ба чунин таҳдид истисно менамуд, пешгирӣ карда бошад, ҳуқуқ дорад аз ин ашхос xуброни хароxоти зарурӣ, инчунин дигар зарари воқеии вобаста ба онро талаб  намояд.
 
Моддаи 926. Ҳисоботдиҳии шахсе, ки ба манфиати ғайр амал кардааст
Шахси ба манфиати ғайр амалнамуда вазифадор аст ба шахсе, ки ба манфиати e фаъолиятро анxом додааст, бо зикри даромади бадастоварда, хароxот ва зарари расонидашуда ҳисобот диҳад.
 
БОБИ  47. Комиссия
Моддаи 927.  Шартномаи комиссия
  1. Тибқи шартномаи комиссия як тараф (комиссионер) eҳдадор мешавад бо супориши тарафи дигар (комитент) бо подошпулӣ як ё якчанд аҳдро бо номи худ, вале аз ҳисоби комитент анxом диҳад.
Мутобиқи аҳди бо шахси сеюм  бастаи комиссионер, ҳарчанд агар комитент дар аҳд ном бурда шуда ё бо шахси сеюм мустақиман xиҳати иxрои аҳд муносибат барқарор карда бошад ҳам, комиссионер ҳуқуқ ба даст меорад ва eҳдадор мегардад.
  1. Шартномаи комиссия ба мeҳлати муайян ё бидуни муайян кардани мeҳлати он бо зикри маҳалли иxро ё бидуни зикри маҳалли иxро баста шуданаш мумкин аст.
  2. Тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудани мушаххасоти навъҳои алоҳидаи шартномаи комиссия мумкин аст.
  3. Шартномаи комиссия бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
 
Моддаи 928. Подошпулии комиссионӣ
Комитент вазифадор аст ба комиссионер подошпулӣ диҳад ва дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 939 ҳамин боб инчунин ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома подошпулии иловагӣ пардозад. Агар дар шартнома ин андоза пешбинӣ нагардида бошад ва вобаста ба шарти он муайян карда шуданаш ҳам имконнопазир бошад, андозаи подошпулӣ тибқи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
Агар шартномаи комиссия бо сабабҳои вобаста ба комитент иxро нагардида бошад, комиссионер ҳуқуқи худро ба подошпулии комиссионӣ, инчунин xуброни хароxоти масрафшуда нигоҳ медорад.
 
Моддаи 929. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои комиссионер вобаста ба аҳд бо ашхоси сеюм
  1. Вобаста ба аҳди бо шахси сеюм анxомдодаи комиссионер, ҳарчанд комитент дар аҳднома номбар шуда буд ё бо шахси сеюм мустақиман оид ба аҳд муносибат дошт, комиссионер ҳуқуқ ва eҳдадорӣ ба даст меорад.
  2. Тибқи талаби комитент комиссионер вазифадор аст ба e ҳуқуқи чунин аҳдро супорад ва eро аз додани ҳуқуқи шахси сеюме, ки бо e аҳд анxом дода шудааст, огоҳ созад. Охирин ҳуқуқ надорад ба муқобили талаботи комитент, ки ба талаботаш нисбат ба комиссионер асос ёфтааст ва аз ҳамин аҳд барнамеояд, эътироз пешниҳод кунад.
 
Моддаи 930. Иxрои супориши комиссионӣ
  1. Комиссионер бояд тамоми eҳдадориҳоро анxом диҳад ва тамоми ҳуқуқҳои худро, ки аз аҳди бо ашхоси сеюм басташуда бармеояд, татбиқ намояд.
  2. Комиссионер бояд супориши қабулкардаашро мутобиқи дастури комитент ва ҳангоми дар шартнома мавxуд набудани чунин супориш тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи маъмулан пешниҳодшаванда бо шартҳои барои комитент нисбатан муфид анxом диҳад. Агар комиссионер аҳдеро нисбат ба он, ки комитент супориш дода буд, бо шартҳои нисбатан муфид анxом дода бошад, дар ин сурат фоида байни онҳо баробар тақсим карда мешавад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
  3. Комиссионер дар назди комитент ба истиснои ҳолате, ки комиссионер ҳангоми интихоби e дурандешии зарурӣ зоҳир накардааст ё кафолати иxрои аҳдро ба зиммаи худ гирифтааст, барои аз xониби шахси сеюм иxро нашудани аҳд (делкредер) xавобгар намебошад.
  4. Дар сурати аз xониби шахси сеюм вайрон кардани аҳде, ки комиссионер бо e бастааст, комиссионер вазифадор аст фавран комитентро огоҳ намуда, далелҳои заруриро xамъоварӣ ва таъмин намояд.
  5. Комитенте, ки дар мавриди аз xониби шахси сеюм вайрон кардани аҳди бо e бастаи комиссионер огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад дар асоси ҳамин аҳд ба e додани талаботи комиссионерро нисбат ба шахси сеюм талаб намояд.
 
Моддаи 931. Субкомиссия
  1. Комиссионер ҳуқуқ дорад бо дигар шахс шартномаи субкомиссия (комиссияи фаръӣ) ба имзо расонад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар айни замон барои амали субкомиссионер дар назди комитент масъул монад.
Тибқи шартномаи субкомиссия комиссионер, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 929 ҳамин Кодекс ҳуқуқ ва eҳдадориҳои комитентро нисбат ба субкомиссионер ба даст меорад.
Дар ҳолатҳое ки қонун анxом додани ин ё он аҳдро танҳо барои ашхоси махсус ваколатдоршуда иxозат медиҳад, шартномаи субкомиссия танҳо бо чунин шахс баста шуданаш мумкин аст.
  1. То қатъ гардидани шартномаи субкомиссия, агар дар шартномаи байни комитент бо комиссионер тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, комитент ҳуқуқ надорад мустақилона бо субкомиссионер муносибат барқарор намояд.
 
Моддаи 932. Нархи амволе, ки комиссионер мефурeшад
Нархи амволе, ки комиссионер мефурeшад, агар дар қонун, санадҳои дигари меъёрӣ ё шартномаи комиссия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи созишнома бо комитент муайян карда мешавад.
 
Моддаи 933. Сарфи назар кардан  аз супориши комитент
  1. Комиссионер ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 930 ҳамин Кодекс аз супориши комитент сарфи назар кунад.
  2. Комиссионере, ки амволро нисбат ба нархи бо комитент мувофиқашуда арзонтар фурeхтааст, агар исбот карда натавонад, ки e имконияти бо нархи мувофиқашуда фурeхтани молро надошт ва бо нархи арзон фурeхтани мол eро аз зарари бештаре эмин дошт, инчунин исбот намояд, ки имконият надошт розигии пешакии комитентро дар мавриди риоя кардани супориши e гирад eҳдадор аст ба охирин фарқияти байни нархро пардозад.
  3. Агар комиссионер молро аз нархи бо комитент мувофиқашуда бо нархи баландтар харидорӣ намояд, комитенте, ки намехоҳад чунин молро қабул кунад вазифадор аст бетаъхир, бо гирифтани огоҳинома дар хусуси бастани аҳд бо шахси сеюм ба комиссионер дар маврид арз кунад. Дар акси ҳол моли харидашуда аз xониби комитент қабулгардида эътироф карда мешавад.
Агар комиссионер хабар диҳад, ки фарқияти байни нархро ба ҳисоби худ қабул мекунад, комитент ҳуқуқ надорад аз аҳди ба манфиати e басташуда даст кашад.
 
Моддаи 934. Ҳуқуқ  ба амволе, ки мавзeи комиссия мебошад
  1. Амволе, ки аз комиссионер ба комитент расидаст ё комиссионер онро аз ҳисоби комитент харидааст, моликияти комитент мебошад.
  2. Комиссионер ҳуқуқ дорад то пардохти маблағи тибқи шартномаи комиссия ба e тааллуқдошта ашёеро, ки мувофиқи аҳди имзонамудаи комиссионер бояд ба комитент ё шахси сеюм дода шавад, нигоҳ дорад. Агар ба молу мулки аз рўи шартномаи комиссия бадастомада ҳуќуќҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати ќонеъгардонии талаботи комитент, комиссионер ва шахсони сеюм мутобиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
  3. Дар сурати ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон кардани комитент ҳуқуқи зикршудаи комиссионер қатъ гардида, талаботи e нисбат ба комитент дар доираи арзиши ашёе, ки e нигоҳ доштааст, мутобиқи моддаҳои 388-389 ҳамин Кодекс баробар бо талаботи бо замонат таъмингардида қонеъ гардонида мешавад.
 
Моддаи 935.  Аз xониби комиссионер нигоҳ доштани маблағҳои ба комитент тааллуқдошта
Комиссионер ҳуқуқ дорад маблағҳои тибқи шартномаи комиссия ба вай тааллуқдоштаро аз ҳамаи маблағҳое, ки ба e аз ҳисоби комитент ворид гардидаанд, нигоҳ дорад.
 
Моддаи 936. Масъулияти комиссионер барои гум кардан,  камомад  ё  зарар дидани амволи комитент
  1. Комиссионер дар назди комитент барои ҳар як камбудие, ки боиси гум кардан, камомад ё зарар дидани амволи дар назди e будаи комитент шудааст, масъулият дорад.
  2. Агар ҳангоми аз xониби комиссионер қабул кардани моли фиристодаи комитент ё ба комиссионер расидани мол барои комитент дар ин амвол ба мушоҳида расидани норасогиҳое, ки ҳангоми аз назаргузаронии зоҳирӣ ошкор карда шуданаш мумкин аст, инчунин ҳангоми аз xониби ин ё он шахс расонидани зарар ба амволи комитент, ки дар назди комиссионер мебошад, комиссионер бояд xиҳати ҳифзи ҳуқуқи комитент тадбирҳо андешад, далелҳои зарурӣ xамъ оварад ва бетаъхир комитентро огоҳ созад.
  3. Комиссионере, ки моли дар наздаш мавxудбудаи комитентро суғурта накардааст, барои ин танҳо дар ҳолатҳое xавобгар аст, ки агар комитент суғурта кардани амволро супориш додааст ва ё суғуртаи чунин амвол бо ҳукми қонун ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 937. Ҳисоботи комиссионер
Бо иxро намудани супориш комиссионер вазифадор аст ба комитент ҳисобот диҳад ва ҳамаи он чизи тибқи шартномаи комиссия гирифтаашро супорад. Комитенте, ки вобаста ба ҳисобот эътироз дорад, бояд дар xараёни сӣ рeз аз рeзи гирифтани ҳисобот, агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре набошад, ба комиссионер онро арз намояд. Дар акси ҳол, дар сурати набудани созишномаи дигар ҳисобот қабулгардида ба шумор меравад.
 
Моддаи 938. Қабули иxро аз xониби комитент
Комитент eҳдадор аст:
— аз комиссионер ҳамаи иxрои вобаста ба супоришро қабул намояд;
— амволи барои e бадастовардаи комиссионерро аз назар гузаронад ва охиринро бетаъхир оид ба норасоиҳои дар ин амвол ошкоргардида огоҳ созад;
— комиссионерро xиҳати иxрои eҳдадориҳои комиссионӣ, ки дар назди шахси сеюм оид ба иxрои супориш ба зиммаи худ гирифта буд, бо ҳамаи чизҳои зарурӣ (маҳсулотсупорӣ, гузаронидани маблағи пулӣ ва ғайра)  таъмин намояд.
 
Моддаи 939. Xуброни хароxот вобаста ба иxрои  супориши комиссионӣ
Комитент вазифадор аст ба ғайр аз пардохти маблағи комиссионӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор инчунин подошпулии иловагӣ барои делкредере ба комиссионер маблағҳои вобаста ба иxрои супоришро xуброн намояд.
Комиссионер, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ надорад хароxоти вобаста ба ҳифзи амволи комитентро, ки дар наздаш мавxуд аст, xуброн намояд.
 
Моддаи 940. Бекор кардани супориш аз xониби комитент
  1. Комитент ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза супориши ба комиссионер додаашро бекор кунад. Дар айни замон зарари ба комиссионер вобаста бо бекор кардани супориш расонидашуда xуброн карда мешавад.
  2. Дар сурати бекор кардани супориш комитент вазифадор аст амволи дар назди комиссионер мавxударо дар xараёни як моҳ аз лаҳзаи бекор кардани супориш, агар дар шартнома мeҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ихтиёрдорӣ намояд. Агар комитент ин eҳдадориро анxом надиҳад, комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигаҳбонӣ супорад ё онро бо нархи ҳаддалимкон барои комитент муфидтар ба фурeш расонад.
 
Моддаи 941. Радди иxрои супориш аз xониби комиссионер
  1. Комиссионер ба истиснои ҳолатҳое, ки аз xониби комитент вайрон кардани иxрои eҳдадориҳои худ боиси имконнопазирии иxрои супориши мутобиқи дастури комитент пешниҳодгардида мегардад ё имконнопазирии иxро дар натиxаи ҳолатҳои дигаре ба миён меояд, ки барои онҳо комиссионер xавобгар намебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ надорад иxрои супориши қабулкардаашро рад намояд.
Комиссионер вазифадор аст комитентро дар мавриди радди худ ба таври хаттӣ огоҳ созад ва барои амволи дар назди e қарордоштаи комитент тадбирҳо андешад.
Комитенте, ки дар мавриди аз xониби комиссионер рад карда шудани иxрои супориш огоҳ карда шудааст, агар дар шартнома мeҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бояд амволи дар назди комиссионер мавxудбударо дар xараёни як моҳ аз рeзи гирифтани огоҳинома ихтиёрдорӣ намояд. Агар e ин eҳдадориро иxро накунад комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигаҳбонӣ супорад ё онро бо нархи ҳаддалимкон барои комитент муфидтар ба фурeш расонад.
  1. Комиссионере, ки дар натиxаи аз xониби комитент иxро накардани eҳдадорӣ аз иxрои супориш даст кашидааст, барои подошпулии комиссионӣ, инчунин xуброни ҳамаи хароxотҳо ҳуқуқи худро нигоҳ медорад.
  2. Агар дар шартномаи комиссия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, комиссионере, ки аз иxрои супориш даст кашидааст, ҳуқуқи худро ба подошпулии комиссионӣ барои аҳдҳои то қатъ гардидани шартнома бастааш, инчунин ба xуброни хароxоти то ин лаҳза масрафнамудааш нигоҳ медорад.
 
Моддаи 942. Қатъи шартномаи комиссия
Шартномаи комиссия ба ғайр аз тибқи асосҳои умумӣ инчунин дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:
1) аз xониби комитент рад кардани иxрои шартнома;
2) аз xониби комиссионер рад кардани иxрои шартнома;
3) фавти комиссионер, ғайри қобили амал, қобили амали маҳдуд, бедарак ғоиб шудан ё ғайри қобили пардохт (муфлис) эътироф намудани он.
 
БОБИ 48.  Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол
Моддаи 943. Шартномаи идораи ба боварӣ  асосёфтаи амвол
  1. Тибқи шартномаи ба боварӣ асосёфтаи амвол як тараф (муассиси идора) ба тарафи дигар (сардори ваколатдор) барои мeҳлати муайян барои идораи ба боварӣ асосёфта амвол медиҳад ва тарафи дигар eҳдадор мешавад, ки идораи ин амволро ба манфиати муассиси идора ё шахси зикрнамудаи он (бадастоварандаи фоида) анxом диҳад.
Додани амвол ба идораи ба боварӣ асосёфта боиси ба сардори ваколатдор гузаштани ҳуқуқи моликият ба ин амвол намегардад.
  1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амволро ба роҳ монда истода, сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад вобаста ба ин амвол тибқи шартнома ҳама гуна амали ҳуқуқӣ ва амалиро вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ба манфиати бадастоварандаи фоида анxом диҳад.
Тибқи қонун ё шартнома нисбат ба амалҳои алоҳидаи вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол маҳдудиятҳо пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
  1. Аҳдҳои вобаста ба амволи таҳти идораи ба боварӣ асосёфта супурдашударо сардори ваколатдор аз номи худ ва дар айни замон бо зикри он, ки он ба сифати чунин сардор баромад мекунад, анxом медиҳад. Чунин шартҳо, агар ҳангоми иxрои амале, ки ба таври хаттӣ ба расмият даровардани онро талаб намекунад, тарафи дигар дар мавриди анxом дода шудани он аз xониби сардори ваколатдор ба ҳамин сифат огоҳ карда шуда бошад ва дар ҳуxxатҳои хаттӣ бошад, баъди зикри ном ё сардори ваколатдор гузошта шудани сабти “С.В.” риоягардида ҳисобида мешаванд.
Ҳангоми набудани сабт оид ба амали сардори ваколатдор ба ҳамин сифат сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм шахсан масъул буда, дар назди онҳо танҳо ба амволи ба e тааллуқдошта xавобгар аст.
 
Моддаи 944. Объекти идораи ба боварӣ асосёфта
  1. Объекти идораи ба боварӣ асосёфта корхона ва дигар комплексҳои амволӣ, иншооти алоҳида, ки ба амволи ғайриманқул марбутанд, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳое, ки бо коғазҳои қиматноки бидуни санад тасдиқ карда шудаанд, ҳуқуқҳои мустасно ва дигар амвол буда метавонанд.
  2. Амволе, ки таҳти пешбурди хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ қарор дорад, наметавонад барои идораи ба боварӣ асосёфта дода шавад.
 
Моддаи 945. Асосҳои ба миён омадан (таъсис додан)-и идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол
Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол дар асосҳои зайл ба миён меояд (таъсис дода мешавад):
1) дар асоси шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол, ки байни муассис ва сардори ваколатдор баста шудааст;
2) васиятномае, ки дар он иxрокунандаи васият таъин гардидааст (сардори ваколатдор);
3) қарори суд;
4) қарори мақоми васоят ва парасторӣ дар мавриди муқаррар намудани васояти амволи шахси таҳти васоят;
5) дар асоси дигар далелҳои ҳуқуқии пешбининамудаи қонунҳо.
 
Моддаи 946. Субъектҳои идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол
Муассиси идора аз инҳо иборат аст:
1) молики амвол;
2) шахси дорои ҳуқуқи умрбод соҳибӣ кардани қитъаи замини меросӣ;
3) мақоми ваколатдори давлатӣ — нисбат ба амволе, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад;
4) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун — нотариус, мақоми васоят ва парасторӣ, суд ё дигар мақоми ба он ваколатдор.
  1. Сардори ваколатдор метавонанд чунин ашхос бошанд:
1) шаҳрванд;
2) шахси ҳуқуқӣ.
Таъини сардори ваколатдор метавонад танҳо бо ризоияти e сурат гирад.
  1. Бадастоварандаи фоида ба истиснои соҳиби ваколатдор ҳар гуна шахси дигаре буда метавонад.
 
Моддаи 947. Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол
  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
— номгeи амволе, ки барои идора дода мешавад;
— зикри бадастоварандаи фоида;
— мeҳлатҳои ҳисобот додани сардори ваколатдор;
— шахсе, ки дар ҳолати қатъи идора амволро мегирад;
— андоза ва шакли мукофотонии сардор.
Ҳангоми мавxуд набудани шартҳои зикргардида шартнома бастанашуда ба ҳисоб меравад.
  1. Шартнома ба мeҳлати на бештар аз 5 сол баста мешавад. Ҳангоми мавxуд набудани аризаи як тараф оид ба қатъ ё тағйир додани шартнома баъди хатми мeҳлати амал, он ба ҳамон мeҳлат ва бо ҳамон шартҳое, ки дар шартнома пешбинӣ гардида буд, тамдидшуда ба ҳисоб меравад.
Барои навъҳои алоҳидаи амволе, ки барои идора дода мешавад, дар қонунҳо  мeҳлатҳои дигари ниҳоии амали шартнома муқаррар шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 948. Шакли шартнома
  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амволи ғайриманқул тибқи шакл ва тартиби пешбининамудаи шартнома дар бораи бегона кардани амволи ғайриманқул баста мешавад.
  3. Риоя накардани шакли шартнома ё мавxуд набудани бақайдгирии он ба амволи ғайриманқул боиси беэътибории он мегардад.
 
Моддаи 949. Амволи махсусе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта қарор дорад
  1. Амволи барои идораи ба боварӣ асосёфта додашуда аз дигар амвол муассиси идора, инчунин аз амволи сардори ваколатдор махсус xудо карда мешавад. Ин амвол дар баланси алоҳидаи сардори ваколатдор инъикос гардида, нисбат ба он баҳисобгирии мустақим пеш бурда мешавад. Барои ҳисобу китоб оид ба фаъолияти вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфта суратҳисоби махсуси бонкӣ кушода мешавад.
  2. Ситонидани маблағ оид ба қарзҳои муассиси идора ба амволе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта интиқол дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои ғайри қобили пардохт (муфлис) будани он шахс, иxозат дода намешавад.
 
Моддаи 950. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амволе, ки бо гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм фаро гирифта шудааст
  1. Сардори ваколатдор бояд то баста шудани шартнома огоҳ карда шавад, ки амволи ба e таҳти идора интиқолдодашуда дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм мебошад.
Ҳангоми вайрон кардани ин шарт сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад, беэътибор донистани шартномаро бо xуброни зарари воқеӣ ва пардохти мутаносиби подошпулӣ талаб намояд.
  1. Агар амволи барои идораи ба боварӣ асосёфта додашуда баъди бастани шартнома дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм гардида бошад ва сардори ваколатдор дар мeҳлати мувофиқ огоҳ карда нашуда бошад, он ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаро бо xуброни зарари воқеии расонидашуда ва пардохти подошпулии мутаносиб талаб намояд.
  2. Агар ба молу мулке, ки аз рўи шартномаи идораи ба боварї асосёфта ба даст омадааст, ҳуќуќҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати ќонеъгардонии талаботи муассиси идора, сардори ваколатдор ва шахсони сеюм мутобиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Ќ ҶТ аз 02.01.2019сол №1558)
 
Моддаи 951. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои сардори ваколатдор
  1. Аҳдҳоро вобаста бо амволи таҳти идора додашуда сардори ваколатдор аз номи худ бо зикри ҳатмии он, ки e ба сифати чунин сардор баромад мекунад, анxом медиҳад. Ҳангоми мавxуд набудани чунин зикр сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм шахсан eҳдадор гардида, дар назди онҳо танҳо бо амволи ба e тааллуқдошта xавобгар аст.
  2. Ҳуқуқе, ки сардори ваколатдор дар натиxаи анxом додани амали вобаста ба идораи амвол ба даст овардааст, ба таркиби чунин амвол шомил мешавад. Eҳдадорие, ки дар натиxаи аз xониби сардори ваколатдор анxом додани чунин амал ба миён омадааст, аз ҳисоби амволи e иxро карда мешавад.
  3. Бегона кардан ё ба гарав гузоштании амволи ғайриманқули барои идора додашударо сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад танҳо дар он ҳолате, ки агар он дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол пешбинӣ гардидааст, анxом диҳад.
  4. Сардори ваколатдор ба муассис ва бадастоварандаи фоида оид ба фаъолияти хеш тибқи мeҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи шартномаи ба боварӣ асосёфтаи амвол ҳисобот медиҳад.
 
Моддаи 952. Ба дигар кас додани идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол
  1. Сардори ваколатдор идораи ба боварӣ асосёфтаи амволро ба ғайри аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, шахсан анxом медиҳад.
  2. Сардори ваколатдор, агар вай барои ин тибқи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ваколатдор шуда бошад ё розигии муассисро дар шакли хаттӣ гирифта бошад ё вобаста ба ҳолатҳо xиҳати таъмини манфиатҳои муассиси идора ё бадастоварандаи фоида ба ин кор маxбур аст ва ҳамзамон имкон надорад дастури муассиси идораро дар мeҳлати мувофиқ гирад, метавонад ба шахси дигар супориш диҳад, ки аз номи сардори ваколатдор амали барои eҳдадории амвол заруриро анxом диҳад.
Сардори ваколатдор барои амали шахси эътимодноки интихобнамудааш ҳамчун ба амали хеш xавобгар аст.
 
Моддаи 953. Масъулияти сардори ваколатдор
  1. Сардори ваколатдоре, ки ҳангоми идораи амвол дар мавриди манфиатҳои бадастоварандаи фоида, шахсе, ки ба он амвол таҳти ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ, ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ таваxxeҳи зарурӣ зоҳир накардааст, барои ба даст овардани фоидаи аздастдодаашро дар давраи идораи амвол xуброн менамояд ва ба шахсе, ки амвол таҳти моликияти ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ ё ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ карор дорад, зарари вобаста бо сабаби гум кардан, зарар расонидан ё нокифоя афзудани амволро, ки баъд аз қатъи идора бояд баргардонида шавад, бояд бо назардошти фарсудашавии мeътадили он xуброн намояд.
  2. Дар сурати номатлуб анxом додани идораи амвол шахсе, ки ба вай амвол тибқи ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ ё ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ тааллуқ дорад, метавонад ба суд оид ба қатъи идора ва xуброни зарар талабот пешниҳод кунад.
  3. Аҳде, ки сардори ваколатдор бо вайрон кардани маҳдудиятҳои ба e муқарраргардида анxом додааст, агар ашхоси сеюми дар чунин аҳд иштирокдошта дар бораи ин маҳдудиятҳо намедонистанд ва дониста ҳам наметавонистанд, дорои эътибор эътироф карда мешавад. Сардори ваколатдор дар чунин ҳолатҳо масъулияти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро ба eҳда дорад.
  4. Сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм бо амволи шахсии худ барои зарари вобаста бо амали номатлбуи худ дар идораи амвол расонидааш масъулияти субсидиарӣ дорад.
 
Моддаи 954. Подошпулӣ ба сардори ваколатдор
Сардори ваколатдор ба подошпулии дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол пешбинигардида, инчунин ба xуброни хароxоти зарурии ҳангоми идораи амвол масрафнамудааш аз ҳисоби амволи барои идора додашуда ё даромади аз истифодаи ин амвол ба даст оварда ҳуқуқ дорад.
 
Моддаи 955. Қатъи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта
  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ҳамзамон бо асосҳои умумии қатъи eҳдадорӣ, инчунин дар асосҳои зайл қатъ мегардад:
1) аризаи як тараф дар мавриди қатъи шартнома вобаста ба гузаштани мeҳлати он;
2) фавти шаҳрванде, ки бадастоварандаи фоида мебошад, барҳам додани шахси ҳуқуқӣ — бадастовардани фоида, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;
3) аз xониби бадастоварандаи фоида радди гирифтани фоида тибқи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;
4) фавти шаҳрванде, ки сардори ваколатдор мебошад, ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал, ғайри қобили пардохт, бедарак ғоиб эътироф шудани он, барҳам хeрдани шахси ҳуқуқӣ — сардори ваколатдор, ғайри қобили пардохт эътироф кардани он;
5) аз xониби сардори ваколатдор ё муассис рад кардани иxрои идора вобаста ба он, ки сардори ваколатдор имконият надорад шахсан идораи амволро анxом диҳад;
6) аз xониби муассис рад кардани шартнома бо шарти ба сардори ваколатдор пардохт намудани подошпулии дар шартнома қайду шартшуда;
7) ғайри қобили пардохт будани молики амвол;
8) бо қарори суд бекор кардани шартнома дар ҳолатҳои номатлуб анxом додани eҳдадориҳо аз xониби сардори ваколатдор;
9) тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома.
  1. Ҳангоми қатъи идора амволе, ки таҳти идора мавxуд аст, ба шахсе, ки ин амвол тибқи ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоxагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, интиқол дода мешавад.
  2. Ҳангоми қатъи шартнома бо ташаббуси яке аз тарафҳо тарафи дигар бояд дар мeҳлати на камтар аз се моҳ, агар дар шартнома мeҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, огоҳ карда шавад.
 
Моддаи 956. Барои идораи ба боварӣ асосёфта додани коғазҳои қиматнок
Ҳангоми барои идораи ба боварӣ асосёфта додани коғазҳои қиматнок метавонад муттаҳид сохтани коғазҳои қиматноке, ки аз xониби ашхоси мухталиф барои идораи ба боварӣ асосёфта дода шудааст, пешбинӣ карда шавад.
Салоҳияти сардори ваколатдор оид ба ихтиёрдории коғазҳои қиматнок дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта муайян карда мешавад.
Мушаххасоти идораи ба боварӣ асосёфтаи коғазҳои қиматнок тибқи қонун муайян карда мешавад.
Қоидаҳои ҳамин модда мутаносибан ба ҳуқуқҳои ба коғазҳои қиматноки бидуни санад тасдиқгардида (моддаи 163) татбиқ карда мешаванд .
 
Моддаи 957. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол тибқи асосҳои пешбининамудаи қонун
  1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол метавонад инчунин дар ҳолатҳои зайл таъсис дода шавад:
— дар натиxаи зарурати идораи доимии амволи таҳти васоят қарордошта, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 39 ҳамин Кодекс;
— дар асоси васиятномае, ки дар он иxрокунандаи васият таъин гардидааст;
— тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи қонун.
  1. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб мутаносибан нисбат ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол, ки тибқи асосҳои дар қисми 1 ҳамин моддаи зикргардида таъсис ёфтаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти чунин муносибатҳо барнаояд, татбиқ мегардад.
Дар ҳолатҳое ки идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол мувофиқи асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида таъсис меёбад, ҳуқуқҳои муассиси идора, ки тибқи қоидаҳои ҳамин боб пешбинӣ гардидаанд, мутаносибан ба мақомоти васоят ва парасторӣ, иxрокунандаи васият ё ба дигар шахсе, ки дар қонун зикр гардидааст, мегузарад.
 
БОБИ 49. Консессия (имтиёз)-и  тиxоратӣ
Моддаи 958. Шартномаи консессияи тиxоратӣ
  1. Тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ як тараф (дорандаи ҳуқуқ) eҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (истифодабаранда) бо пардохти подошпулӣ барои мeҳлати муайян ё бидуни зикри мeҳлат барои фаъолияти тиxоратии истифодабаранда маxмeи ҳуқуқҳои мустаснои барои истифода тааллуқдошта, аз Ҷумла ҳуқуқи номи фирмавӣ ва (ё) аломати тиxоратии дорандаи ҳуқуқ, ба иттилооти ҳифзшавандаи тиxоратӣ, инчунин ба дигар объектҳои ҳуқуқи мустаснои дар шартнома пешбинишуда — тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайраро диҳад.
  2. Шартномаи консессияи тиxоратӣ истифодаи маxмeи ҳуқуқи мустасно, эътибори корӣ ва таxрибаи тиxоратии дорандаи ҳуқуқро дар ҳаxми пурра (аз Ҷумла бо муқаррар намудани ҳаxми ҳадди ақал ё ҳадди аксари истифода), бо зикр ё зикр накардани минтақаи истифода вобаста ба соҳаи муайяни фаъолияти тиxоратӣ (фурeши моле, ки аз дорандаи ҳуқуқ гирифта шудааст ё истифодабаранда истеҳсол намудааст, анxом додани дигар фаъолияти вобаста ба фурeш, иxрои кор, хизматрасонӣ) пешбинӣ менамояд.
  3. Тарафҳои консессияи тиxоратӣ ташкилотҳои тиxоратӣ ва шаҳрвандоне, ки ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, буда метавонанд.
 
Моддаи 959.  Шакл ва бақайдгирии шартномаи  консессияи тиxоратӣ
  1. Шартномаи консессияи тиxоратӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Риоя накардани шакли хаттии шартнома боиси беэътибор донистани он мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.
  1. Шартномаи консессияи тиxоратӣ аз xониби мақоми давлатии бақайдгиранда, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии дар шартнома ба сифати дорандаи ҳуқуқ баромадкунандаро анxом медиҳад, ба қайд гирифта мешавад.
Агар дорандаи ҳуқуқ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар кишвари хориxӣ ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии шартномаи консессияи тиxоратро мақоме анxом медиҳад, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро, ки истифодабаранда мебошад, ба қайд гирифтааст.
Шартномаи консессияи тиxоратӣ барои истифодаи объекте, ки тибқи қонунҳои патент ҳифз карда мешаванд, инчунин бояд дар муассисаи бақайдгирии патент ва аломати мол ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми риоя накардани ин талабот шартнома қурб надорад.
 
Моддаи 960. Субконсессияи тиxоратӣ
  1. Дар шартномаи консессияи тиxоратӣ ҳуқуқи истифодабаранда барои ба дигар ашхос иxозат додани истифодаи маxмeи ҳуқуқҳои мустасно ё як қисми ин маxмeъ дар асоси субконсессия, ки бо дорандаи ҳуқуқ мувофиқа шудааст ё дар шартномаи консессияи тиxоратӣ муайян гардидааст, пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Дар шартнома eҳдадории истифодабаранда барои ба мeҳлати муайян, ба теъдоди муайяни ашхос додани ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои зикргардида тибқи шартҳои субконсессия пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
Шартномаи субконсессияи тиxоратӣ наметавонад аз мeҳлати шартномаи консессияи тиxоратӣ, ки дар асоси он баста шудаааст, ба мeҳлати бештаре баста шавад.
  1. Агар шартномаи консессияи тиxоратӣ беэътибор бошад, дар ин сурат ҳамаи шартномаи субконсессияи тиxоратии дар асоси он баимзорасида низ беэътибор мебошанд.
  2. Агар дар шартномаи консессияи тиxоратӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шартномае, ки барои мeҳлати муайян баста шудааст, дар сурати пеш аз мeҳлат қатъ кардани он ҳуқуқ ва eҳдадориҳои дорандаи ҳуқуқи дуюм оид ба шартномаи субконсессияи тиxоратӣ (истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ) ба дорандаи ҳуқуқ мегузарад, агар e қабули ҳуқуқ ва eҳдадориҳои вобаста ба ҳамин шартномаро рад накунад. Ин қоида мутаносибан ҳангоми бекор кардани шартномаи консессияи тиxоратӣ, ки бидуни зикри мeҳлат баста шудааст, татбиқ мегардад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, истифодабаранда барои зарари ба дорандаи ҳуқуқ вобаста ба амали истифодабарандагони дуюм расонидашуда масъулияти субсидиарӣ дорад.
  4. Агар аз мушаххасоти субконсессия тартиби дигаре барнаояд, нисбат ба шартномаи субконсессияи тиxоратӣ қоидаҳои шартномаи консессияи тиxоратӣ пешбининамудаи ҳамин боб татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 961.  Подошпулӣ тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ
Подошпулӣ тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ аз xониби истифодабаранда ба дорандаи ҳуқуқ дар шакли пардохтҳои собитшудаи якдафъаина ё давра ба давра, маблағгузаронӣ аз даромад, илова кардани нарх ба нархи яклухти моле, ки дорандаи ҳуқуқ барои харида фурeхтан медиҳад ё дар шакли дигари пешбининамудаи шартнома пардохта шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 962. Eҳдадории дорандаи ҳуқуқ
  1. Дорандаи ҳуқуқ eҳдадор аст:
— ба истифодабаранда ҳуxxатҳои техникию тиxоратӣ ва дигар иттилооти ба e xиҳати анxом додани ҳуқуқи тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ додашуда заруриро диҳад, инчунин  ба истифодабаранда ва кормандони он оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи ин ҳуқуқҳо дастур диҳад;
— ба истифодабаранда иxозатнома (литсензия)-ҳои дар шартнома пешбинишударо диҳад ва тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият даровардани онро таъмин намояд.
  1. Агар дар шартномаи консессияи тиxоратӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дорандаи ҳуқуқ вазифадор аст:
— бақайдгирии шартномаи консессияи тиxоратиро (қисми 2 моддаи 959) таъмин намояд;
— ба истифодабаранда ба таври доимӣ мусоидати техникӣ ва машваратӣ, аз Ҷумла дар таълим ва такмили тахассусии кормандон   мусоидат намояд;
— сифати мол (кор, хизматрасонӣ)-ро, ки дар асоси шартномаи консессияи тиxоратӣ аз xониби истифодабаранда истеҳсол мешавад (иxро карда мешавад, хизмат расонида мешавад),  назорат кунад.
 
Моддаи 963. Eҳдадориҳои истифодабаранда
Бо дарназардошти хосият ва мушаххасоти фаъолияте, ки истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ анxом медиҳад, истифодабаранда eҳдадор аст:
— ҳангоми анxом додани фаъолияти пешбининамудаи шартнома номи фирмавӣ ва ё  нишонаи тиxоратии дорандаи ҳуқуқро ба тарзи дар шартнома зикргардида истифода барад;
— сифати дахлдори маҳсулоти дар асоси шартнома баровардашаванда, иxрои кор, сифати хизматрасонии молҳои шабеҳ, кор ё хизматрасониеро, ки мустақиман аз xониби дорандаи ҳуқуқ истеҳсол, иxро ё хизмат расонида мешавад, таъмин намояд;
— дастур ва нишондоди дорандаи ҳуқуқро, ки барои таъмини мутобиқати хусусият, усул ва шарти истифодаи маxмeи ҳуқуқҳои мустасно вобаста ба он, ки чӣ тавр онро дорандаи ҳуқуқ истифода мебарад, аз Ҷумла супоришҳоро вобаста ба ороиши намуди зоҳирӣ ва дохилии биноҳои тиxоратӣ, ки аз xониби истифодабаранда ҳангоми татбиқи ҳуқуқи тибқи шартнома ба e додашуда истифода мешавад, риоя намояд;
— ба харидор (фармоишгар)-он ҳамаи он хизматрасониҳои иловагиеро, ки онҳо ҳангоми ба даст овардан (фармоиш додан)-и мол (кор, хизматрасонӣ) мустақиман аз дорандаи ҳуқуқ чашмдошт буданд, фароҳам орад;
— сирри истеҳсолии дорандаи ҳуқуқ ва дигар иттилооти тиxоратии махфии аз e гирифташударо ошкор насозад;
— агар чунин eҳдадорӣ дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, теъдоди қайду шартшудаи субконсессияро пешниҳод намояд;
— харидорон (фармоишгарон)-ро бо усули ба онҳо нисбатан маълумтар дар мавриди он, ки e номи фирмавӣ, аломати тиxоратӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ё дигар воситаҳои инфиродиро бо ҳукми шартномаи консессияи тиxоратӣ анxом медиҳад, огоҳ созад.
 
Моддаи 964. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи тарафҳо тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ
  1. Дар шартномаи консессияи тиxоратӣ метавонад маҳдудиятҳои ҳуқуқи тарафҳо оид ба ҳамин шартнома, аз Ҷумла маҳдудиятҳои зайл пешбинӣ карда шаванд:
— eҳдадории дорандаи ҳуқуқ дар мавриди ба дигар ашхос надодани маxмeи ҳуқуқҳои шабеҳи мустасно барои истифода дар ҳудуди ба истифодабаранда вобасташуда ё худдорӣ аз фаъолияти шабеҳи худӣ дар ин ҳудуд;
— eҳдадории истифодабаранда оид ба рақобат накардан бо дорандаи ҳуқуқ дар минтақае, ки амали шартномаи консессияи тиxорат нисбат ба фаъолияти соҳибкории аз xониби истифодабаранда бо истифодаи ҳуқуқи мустаснои марбути дорандаи ҳуқуқ татбиқ мегардад;
— аз xониби истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ рад кардани қабули ҳуқуқҳои шабеҳ аз рақибон (рақибони  эҳтимолӣ);
— eҳдадории истифодабаранда дар мавриди бо дорандаи ҳуқуқ ба мувофиқа расонидани маҳалли xойгиронии иншооти тиxоратӣ, ки ҳангоми анxом додани ҳуқуқҳои мустаснои тибқи шартнома пешбинигардида истифода мегардад, инчунин ороиши намуди зоҳирӣ ва дохилии бино.
  1. Шартҳои маҳдудкунанда бо талаби мақоми зиддиинҳисорӣ ё шахси дигари манфиатдор, агар ин шартҳо бо назардошти бозори дахлдор ва вазъи иқтисодии тарафҳо хилофи қонунҳои зиддиинҳисорӣ бошанд, беэътибор эътироф шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 965. Масъулияти дорандаи ҳуқуқ вобаста ба талаботе, ки нисбат ба истифодабаранда пешниҳод мегардад
Дорандаи ҳуқуқ вобаста ба талаботи нисбат ба истифодабаранда пешниҳодшуда дар мавриди номутобиқатии сифати мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз xониби истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ фурeхта мешавад (иxро карда мешавад, хизмат расонида мешавад), масъулияти субсидиарӣ дорад.
Оид ба талаботе, ки ба истифодабаранда ҳамчун ба тайёркунандаи маҳсулоти (мол) дорандаи ҳуқуқ пешниҳод мегардад, дорандаи ҳуқуқ бо истифодабаранда муштарак xавобгар мебошад.
 
Моддаи 966. Ҳуқуқи истифодабаранда оид ба бастани шартномаи консессияи тиxоратӣ ба мeҳлати нав
  1. Истифодабарандае, ки ба таври матлуб eҳдадориҳои худро анxом додааст, бо гузашти мeҳлати шартномаи консессияи тиxоратӣ ҳуқуқ дорад тибқи ҳамон шарт ба мeҳлати нав шартнома бандад.
  2. Дорандаи ҳуқуқ ҳақ дорад бастани шартномаи консессияи тиxоратиро ба мeҳлати нав, ба шарте ки дар xараёни гузашти се сол аз рeзи бастани ҳамин шартнома он бо дигар ашхос чунин шартномаҳои консессияи тиxоратии шабеҳро ба имзо нарасонад ва ба бастани чунин шартномаҳои субконсессияи тиxоратӣ, ки амали онҳо дар минтақаҳои амали шартномаи қатъгардида паҳн мегардад розигӣ надиҳад, рад намояд. Дар сурате ки агар то гузашти мeҳлати сесола дорандаи ҳуқуқ хоҳиш дошта бошад, ки ба ягон шахс ҳамон ҳуқуқҳои барои истифодабаранда вобаста ба шартномаи қатъшуда додашударо пешкаш намояд, e вазифадор аст ба истифодбаранда пешниҳод намояд, ки шартномаи нав бандад.
 
Моддаи 967. Тағйир додани шартномаи консессияи тиxоратӣ
Шартномаи консессияи тиxоратӣ метавонад тибқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 28 ҳамин Кодекс тағйир дода шавад.
 
Моддаи 968. Қатъи шартномаи консессияи тиxоратӣ
  1. Ҳар яке аз тарафҳои консессияи тиxоратии бидуни зикри мeҳлат басташуда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳза бо огоҳонии тарафи дигар дар мeҳлати то шаш моҳ, агар дар шартнома мeҳлати бештаре пешбинӣ нагардида бошад, шартномаро рад намоянд.
  2. Пеш аз мeҳлат қатъ намудани шартномаи консессияи тиxоратӣ, ки бо зикри мeҳлат баста шудааст, инчунин бекор кардани шартномае, ки бидуни зикри мeҳлат баста шудааст, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 959 ҳамин Кодекс ба қайд гирифта шавад.
  3. Дар сурати қатъи ҳуқуқи ба дорандаи ҳуқуқ тааллуқдошта ба номи фирмавӣ ва нишонаи тиxоратӣ бидуни ивази онҳо бо ҳуқуқҳои нави мушобеҳ шартномаи консессияи тиxоратӣ қатъ мегардад.
  4. Ҳангоми ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон гардидани дорандаи ҳуқуқ ё истифодабаранда шартномаи консессияи тиxоратӣ қатъ мегардад.
 
Моддаи 969. Дорои эътибор нигоҳ доштани шартномаи консессияи тиxоратӣ ҳангоми тағйир ёфтани тарафҳо
  1. Ба дигар шахс гузаштани кадом яке аз ҳуқуқҳои мустасное, ки ба маxмeи ҳуқуқҳои мустаснои ба истифодабаранда додашуда шомиланд, барои тағйир ё бекор кардани шартномаи консессияи тиxоратӣ асос буда наметавонад. Дорандаи нави ҳуқуқ дар қисмати ҳуқуқ ва eҳдадориҳои ба ҳуқуқи мустаснои ба e гузашта марбутанд, тарафи ин шартнома мегардад.
  2. Дар сурати фавти дорандаи ҳуқуқ ҳуқуқ ва eҳдадориҳои e оид ба шартномаи консессияи тиxоратӣ, ба шарти ба қайд гирифта шудани он ё дар xараёни шаш моҳ аз рeзи оғози мерос ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудани ворис, ба вориси e мегузарад. Дар акси ҳол шартнома қатъ мегардад.
Татбиқи ҳуқуқ ва иxрои eҳдадориҳои дорандаи ҳуқуқи фавтида то аз xониби меросхeр қабул кардани ин ҳуқуқ ва eҳдадориҳо ё то лаҳзаи бақайдгирии меросхeр ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз xониби сардоре, ки нотариус таъин менамояд, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 970. Оқибатҳои тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиxоратии дорандаи ҳуқуқ
Дар сурати аз xониби дорандаи ҳуқуқ тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиxоратӣ, ки ҳуқуқи истифодаи он ба маxмeи ҳуқуқҳои мустасно шомил аст, агар истифодабаранда бекор кардани шартномаро талаб накунад, шартномаи консессияи тиxоратӣ дар муносибат ба номи фирмавӣ ё нишонаи тиxоратии дорандаи ҳуқуқ амал мекунад.
 
Моддаи 971. Оқибатҳои қатъи ҳуқуқи мустасно, ки истифодаи он тибқи шартномаи консессияи тиxоратӣ дода шудааст
Агар дар давраи амали шартномаи консессияи тиxоратӣ мeҳлати амали ҳуқуқи мустасно, ки истифодаи он тибқи ҳамин шартнома дода шудааст ё чунин ҳуқуқ вобаста ба дигар асос қатъ гардида бошад, ба истиснои муқаррароте, ки ба ҳуқуқи қатъшуда марбут аст, шартномаи консессияи тиxоратӣ амали худро давом медиҳад ва истифодабаранда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад мутаносибан кам кардани подошпулии ба дорандаи ҳуқуқ тааллуқдоштаро талаб намояд.
Дар сурати ба номи фирмавӣ ё нишонаи тиxоратӣ қатъ гардидани ҳуқуқҳои дорандаи ҳуқуқ оқибатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 968 ва моддаи 970 ҳамин боб фаро мерасанд.
 
БОБИ 50. Нигаҳдошт
  1. Муқаррароти умумии нигаҳдошт
Моддаи 972. Шартномаи нигаҳдошт
  1. Тибқи шартномаи нигаҳдошт як тараф (нигаҳбон) eҳдадор мешавад, ки ашёи додаи тарафи дигар (молгузор)-ро нигаҳбонӣ мекунад ва ин ашёро беосеб бармегардонад.
  2. Шартномаи нигаҳдошт аз лаҳзаи барои нигаҳдошт супурдани ашё басташуда эътироф мегардад.
 
Моддаи 973. Шартнома дар бораи xиҳати нигаҳдошт қабул кардани ашё
  1. Нигаҳбоне, ки нигаҳдошти ашёро ба сифати соҳибкор ё шакли дигари фаъолияти касбӣ анxом медиҳад, метавонад тибқи шартнома eҳдадорӣ қабул кунад, ки ашёи молгузорро барои нигаҳдошт мегирад ва ашёи супурдаи молгузорро тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нигаҳ медорад.
  2. Молгузоре, ки ашёро дар мeҳлати тибқи шартнома пешбинигардида барои нигаҳдошт намесупорад, дар назди нигаҳбон барои зарари вобаста ба баргузор нашудани нигаҳдошт расонидашуда, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, xавобгар аст.
Молгузор, агар e дар мeҳлати мувофиқ оид ба радди хизмат нигаҳбонро огоҳ созад, барои ба нигаҳбонӣ надодани ашё аз xавобгарӣ озод карда мешавад.
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурате ки агар ашё дар мeҳлати дар шартнома қайду шартшуда барои нигаҳдошт супурда нашавад ва агар ин мeҳлат муайян нагардида бошад, бо гузашти шаш моҳ аз рeзи бастани шартнома нигаҳбон аз eҳдадории барои нигаҳдошт қабул кардани ашё озод карда мешавад.
 
Моддаи 974. Шакли шартномаи нигаҳдошт
  1. Дар ҳолатҳое ки шартномаи нигаҳдошт бояд дар шакли хаттӣ баста шавад (моддаи 186), шакли хаттии шартнома ҳангоме риоягардида эътироф мегардад, ки агар ашёи барои нигаҳдошт қабулгардида аз xониби нигаҳбон бо роҳи ба молгузор додани забонхат, квитансия, шаҳодатнома ё дигар ҳуxxати имзонамудаи нигаҳбон тасдиқ карда шавад.
  2. Риояи шакли хаттии шартнома, агар ашё барои нигаҳдошт дар ҳолатҳои фавқулодда (сeхтор, офати табиӣ, бемории ногаҳонӣ, таҳдиди ҳуҶум ва ғайра) супурда шуда бошад, талаб карда намешавад.
  3. Шартномаи нигаҳдошт бо роҳи аз xониби нигаҳбон ба молгузор додани жетони рақамдор (рақам), дигар аломате, ки барои нигаҳдошт додани молро тасдиқ мекунад, агар чунин тарзро қонун ё анъанаи барои чунин навъи нигаҳдошт маъмул иxозат диҳад, баста шуданаш мумкин аст.
  4. Дар ҳолатҳои баҳс оид ба айният (шабеҳӣ)-и ашёи барои нигаҳдошт қабулшуда ва ашёе, ки аз xониби нигаҳбон баргардонида мешавад, баёноти шоҳидӣ иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 975. Eҳдадории қабули ашё барои нигаҳдошт
Шахсе, ки ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар шакли фаъолияти касбӣ нигаҳдоштро дар анборҳо (бағоxхонаҳо, биноҳо)-и истифодаи умумӣ анxом медиҳад, ҳуқуқ надорад бастани шартномаи нигаҳдоштро рад намояд. Шартномаҳое, ки дар чунин ҳолатҳо бояд баста мешаванд, шартномаи оммавӣ (моддаи 458) эътироф мегарданд.
 
Моддаи 976. Мeҳлати нигаҳдошт
Нигаҳбон eҳдадор аст ашёро дар xараёни мeҳлати дар шартнома қайду шартшуда нигаҳ дорад ва агар дар шартнома мeҳлати нигаҳдошт пешбинӣ нагардида бошад ва вобаста ба шартҳои он пешбинӣ шуданаш ҳам мумкин набошад, нигаҳдошт то талаб кардани ашё аз xониби молгузор ба пардохти хароxотҳои иловагии содирнашудааш анxом дода мешавад.
 
Моддаи 977. Нигаҳдошти амвол бидуни зикри мушаххасот
Ҳангоми нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот ашёи барои нигаҳдошт қабулкарда бо ашёи ҳамшабеҳ ва ашёи дорои чунин сифати дигари молгузорон омехта шуданаш мумкин аст. Ба молгиранда миқдори баробар ё сифат ва навъи ашёи дар шартнома қайду шартнамудаи тарафҳо баргардонида мешавад.
 
Моддаи 978. Eҳдадории нигаҳбон оид ба таъмини ҳифзи ашё
  1. Нигаҳбон eҳдадор аст ҳамаи тадбирҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дигар тадбирҳои зарурии барои таъмини ҳифзи ашёи барои нигаҳдошт супурдашударо андешад.
Агар нигаҳдошт ройгон анxом дода шавад, нигаҳбон бояд  нисбат ба ашёи барои нигаҳдошт супурдашуда ҳамчун нисбат ба амволи худ ғамхорӣ зоҳир намояд.
  1. Нигаҳбон бояд ба молгузор ё шахси дигари аз xониби вай ба сифати боргиранда таъингардида, агар дар шартномаи нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот (моддаи 977) пешбинӣ нагардида бошад, ҳамон моли барои нигаҳдошт додаи eро баргардонад.
  2. Ашё бояд дар ҳамон ҳолате, ки барои нигаҳдошт супурда шуда буд, бо назардошти фарсудашавии табиӣ ё ба таври табиӣ кам гардидани вазни он баргардонида шавад.
  3. Ҳамзамон бо баргардонидани ашё, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нигаҳбон eҳдадор аст самара ва даромади ҳангоми нигаҳдошт бадастовардаашро баргардонад.
 
Моддаи 979. Истифодаи ашёи барои нигаҳдошт  супурдашуда
Бидуни ризоияти молгузор нигаҳбон ҳуқуқ надорад ашёи барои нигаҳдошт додашударо истифода барад ва ҳамчунин ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи ашёи нигаҳбонишаванда барои таъмини эҳтиёти он зарур аст, имконият надиҳад, ки онро ашхоси сеюм истифода баранд.
 
Моддаи 980. Тағйир додани шароити нигаҳдошт
  1. Нигаҳбон бояд фавран молгузорро дар мавриди зарурати тағйир додани шароити нигаҳдошти ашё огоҳ созад ва xавоби eро мунтазир шавад.
  2. Дар сурате ки агар хатари гум кардан ва ё зарар дидани ашё ба миён ояд, нигаҳбон eҳдадор аст усул ва xои нигаҳдошти дар шартнома пешбинигардидаро бидуни мунтазир шудани xавоби молгузор (қисми 1 ҳамин модда) иваз намояд.
  3. Агар ашё ҳангоми нигаҳдошт вайрон шуда бошад ё дигар ҳолатҳое ба миён омада бошад, ки имкон намедиҳад нигаҳдошти он таъмин гардад ва андешидани тадбирҳоро аз xониби молгузор мунтазир шудан бефоида бошад, нигаҳбон ҳуқуқ дорад ашё ё як қисми ашёро фурeшад ва хароxоташро вобаста ба фурeш аз ҳисоби арзиши бадастоварда xуброн намояд.
 
Моддаи 981.  Барои нигаҳдошт ба шахси сеюм додани ашё
  1. Агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ба шарте ки агар инро зарурати ҳифзи манфиати молгузор тақозо карда бошад ва нигаҳбон имкон надошта бошад, ки розигии eро ба даст орад, нигаҳбон ҳуқуқ надорад бидуни розигии молгузор ашёро барои нигаҳдошт ба шахси сеюм диҳад. Дар мавриди барои нигаҳдошт ба шахси сеюм додани ашё нигаҳбон вазифадор аст фавран молгузорро огоҳ созад.
  2. Нигаҳбон барои амали шахси сеюме, ки ашёро барои нигаҳдошт ба e додааст, xавобгар мебошад.
 
Моддаи 982. Подошпулӣ барои нигаҳдошт
  1. Подошпулӣ барои нигаҳдошт ба нигаҳбон бояд бо қатъи нигаҳдошти ашё пардохта шавад ва агар пардохти нигаҳдошт давра ба давра пешбинӣ гардида бошад, он бояд бо қисматҳои дахлдор, бо гузашти ҳар давра пардохта шавад.
  2. Ҳангоми бештар аз нисфи мeҳлати давра гузаронидаи мeҳлати пардохти подошпулии нигаҳдошти ашё, ки барои ҳамин бояд пардохта мешуд, нигаҳбон ҳуқуқ дорад аз иxрои шартнома даст кашад ва аз молгузор фавран гашта гирифтани ашёи барои нигаҳдошт супурдашударо талаб намояд.
  3. Агар нигаҳдошт то гузашти мeҳлати вобаста ба ҳолатҳо қайду шартшуда қатъ гардад ва барои он нигаҳбон xавобгар набошад e ба қисми мутаносиби подошпулӣ ва дар сурати пешбининамудаи қисми 1 моддаи 984 ҳамин Кодекс ба тамоми маблағи подошпулӣ ҳуқуқ дорад.
Агар нигаҳдошт вобаста ба ҳолатҳое қатъ гардад, ки барои он нигаҳбон xавобгар мебошад, e ҳуқу надорад барои нигаҳдошти мол подош талаб кунад ва  маблағҳои ба ҳисоби подошпулӣ гирифтаашро бояд ба молгузор баргардонад.
  1. Агар бо гузашти мeҳлати нигаҳдошт ашё аз xониби молгузор гирифта нашуда бошад, e бояд ба нигаҳбон барои минбаъд нигоҳ доштани ашё подошпулии мутаносиб диҳад. Ин қоида инчунин дар ҳолате ки молгузор вазифадор аст, то гузашти мeҳлати нигаҳдошт ашёро пас гирад, истифода бурда мешавад.
  2. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин модда истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 983. Нигаҳдошти ашёи дорои хусусияти  хатарнок
Ашёи зудоташгиранда, тарканда ё умуман ашёи вобаста ба табиати худ хатарнок, агар молгузор ҳангоми барои нигаҳдошт супурдани он  нигаҳбонро доир ба ин хусусиятҳо огоҳ накарда бошад, дар ҳар лаҳза аз xониби нигаҳбон бидуни xуброни зарар ба молгузор, безарар ё несту нобуд карда шуданаш мумкин аст. Молгузор барои зарари вобаста ба нигаҳдошти чунин ашё ба нигаҳбон ва ашхоси сеюм расонидашуда xавобгар мебошад.
 
Моддаи 984. Xуброни хароxоти нигаҳдошт
  1. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, хароxоти нигаҳдошт ба маблағи подошпулӣ зам карда мешавад. Тахмин мегардад, ки хароxотҳои фавқулодда ба маблағи подошпулӣ ё ба таркиби хароxоти пешбининамудаи шартнома зам карда намешавад.
  2. Ҳангоми ройгон ҳифз кардани ашё молгузор вазифадор аст хароxоти зарурии воқеан масрафшударо xуброн намояд.
 
 
Моддаи 985.  Пас гирифтани ашё аз xониби  молгузор
  1. Молгузор вазифадор аст ашёи барои нигаҳдошт супурдаашро бо гузашти мeҳлати нигаҳдошти дар шартнома пешбинишуда пас гирад.
  2. Ҳангоми аз гирифтани ашё саркашӣ намудани молгузор, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нигаҳбон ҳуқуқ дорад мустақилона ашёро фурeшад ва дар ҳолате ки агар арзиши он аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешбининамудаи ќонун баландтар бошад, тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 480 ҳамин Кодекс амал кунад. (ЌҶТ аз 03.07.2012 с №849)
Маблағи аз фурeши ашё бадастомада бо кам кардани маблағи ба нигаҳбон тааллуқдошта ба молгузор интиқол дода мешавад.
 
Моддаи 986. Хароxотҳои фавқулодда барои нигаҳдошт
  1. Хароxот барои нигаҳдошти ашёе, ки аз чунин навъи хароxоти одат баландтаранд ва тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи нигаҳдошт онро пешбинӣ карда наметавонистанд (хароxоти фавқулодда), агар молгузор ба ин хароxот розӣ шуда бошад ё онро минбаъд маъқул дониста бошад, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, санадҳои дигари меъёрӣ ё шартнома ба нигаҳбон xуброн карда мешавад.
  2. Дар сурати зарурати анxом додани масрафи фавқулодда нигаҳбон вазифадор аст аз дорандаи ҳуқуқ розигии eро пурсон шавад. Агар дорандаи ҳуқуқ норозигии худро дар мeҳлати зикрнамудаи нигаҳбон ё дар xараёни мeҳлати барои додани xавоб муносиб изҳор накарда бошад, чунин ҳисобида мешавад, ки e ба хароxоти фавқулодда розӣ мебошад.
Дар сурате ки агар нигаҳбон бидуни қаблан гирифтани розигии дорандаи ҳуқуқ хароxоти фавқулодда карда бошад, ҳарчанд вобаста ба ҳолатҳо чунин амал имконпазир буд ва молгузор оқибат онҳоро напазируфтааст, нигаҳбон ҳуқуқ дорад xуброни хароpxоти фавқулоддаро танҳо дар доираи зараре, ки  дар сурати анxом надодани чунин хароxот метавонист ба ашё расонида шавад, талаб намояд.
  1. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, хароxоти фавқулодда бар замми подошпулӣ барои нигаҳдошт xуброн карда мешавад.
 
Моддаи 987. Eҳдадории нигаҳбон барои баргардонидани ашё
  1. Нигаҳбон eҳдадор аст ба молгузор ё шахси ба сифати молгиранда зикрнамудаи он ҳамон молеро, ки барои нигаҳдошт супурда шудааст, агар дар шартномаи нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот (моддаи 977) пешбинӣ нагардида бошад, баргардонад.
  2. Ашё бояд аз xониби нигаҳбон дар ҳамон ҳолате, ки он барои нигаҳдошт қабул карда шуда буд, бо дарназардошти фарсудашавии табиӣ ва кам шудани вазни табиӣ ё дигар тағйиротҳои вобаста ба хосияти он ба молгузор супурда шавад.
  3. Ҳамзамон бо баргардонидани ашё нигаҳбон eҳдадор аст самара ва даромадеро, ки дар давраи нигаҳдошт гирифтааст, агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, баргардонад.
 
Моддаи 988. Масъулияти нигаҳбон барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашё
  1. Нигаҳбон барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашёи барои нигаҳдошт қабулкарда тибқи асосҳои пешбининамудаи боби 24 ҳамин Кодекс xавобгар мебошад.
  2. Нигаҳбоне, ки нигаҳдошти ашёро ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ ё шакли дигари фаъолияти касбӣ анxом медиҳад (нигаҳбони касбӣ) барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашё xавобгар аст, агар исбот карда натавонад, ки гум шудан, камомад ва ё зарар дидани ашё бо сабабҳои зайл рух додааст:
1) дар натиxаи қувваи рафънопазир;
2) вобаста бо хосиятҳои ниҳонии ашё, ки нигаҳбон ҳангоми барои нигаҳбонӣ қaбул кардани он намедонист ва дониста ҳам наметавонист;
3) дар натиxаи қасд ё беэҳтиётии дағалонаи молгузор.
  1. Агар ашёи нигаҳдошташаванда бо гузашти мeҳлати дар шартнома пешбинигардида ё мeҳлате, ки дар xараёни он молгузор бо талаби нигаҳбон вазифадор буд ашёро гирад ( қисми 3 моддаи 987) пас гирифта нашавад, дар ин сурат нигаҳбон минбаъд танҳо дар сурати дарқасдона ва ё аз беэҳтиётии дағалона гум шудан, камомад ё зарар дидани ин ашё xавобгар аст.
 
Моддаи 989. Андозаи масъулияти нигаҳбон
  1. Зарари ба молгузор вобаста ба гум шудан, камомад ё зарари ба ашё расонидашуда, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз xониби нигаҳбон тибқи моддаи 423 ҳамин Кодекс xуброн карда мешавад.
  2. Ҳангоми ройгон нигоҳ доштани мол зарари ба молгузор дар натиxаи гум кардан, камомад ё зарари ба ашё расонидашуда чунин xуброн карда мешавад:
1) барои гум кардан ё камомади ашё — ба андозаи арзиши ашёи гумшуда ё камомад;
2) барои зарар дидани мол — ба андозаи маблағе, ки арзиши ашё паст гардидааст.
  1. Агар дар натиxаи зараре, ки барои он нигаҳбон xавобгар аст, сифати мол чунон тағйир ёфта бошад, ки тибқи таъиноти ибтидоӣ истифода бурдани он ғайриимкон аст, молгузор ҳуқуқ дорад аз он даст кашад ва аз нигаҳбон арзиши ин ашёро талаб кунад ва агар ин дар қонун ё шартнома пешбинӣ гардида бошад, инчунин xуброни дигар зарари расонидашударо низ талаб намояд.
 
Моддаи 990. Xуброни зараре, ки ба нигаҳбон расонида шудааст
Молгузор вазифадор аст ба нигаҳбон зарари вобаста ба хосияти ашё барои нигаҳдошт супурдашуда расонидаро, агар нигаҳбон ҳангоми қабули ашё ин хосиятҳоро намедонист ва донистан ҳам наметавонист, xуброн намояд.
 
Моддаи 991. Қатъи eҳдадории нигаҳдошт тибқи талаби молгузор
Нигаҳбон, ҳарчанд дар шартнома мeҳлати дигари баргардонидани ашё муайян гардида бошад ҳам, вазифадор аст тибқи талаби молгузор фавран ашёи барои нигаҳдошт супурдаашро баргардонад.
Аммо дар чунин ҳолат молгузор вазифадор аст ба нигаҳбон зарари дар натиxаи пеш аз мeҳлат қатъ кардани шартнома расонидашударо, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, xуброн намояд.
 
Моддаи 992. Татбиқи муқаррароти умумии нигаҳдошт вобаста ба навъҳои алоҳидаи он
Муқаррароти умумии нигаҳдошт (моддаҳои 972-991), агар тибқи қоидаҳои оид ба навъҳои алоҳидаи нигаҳдошт муайяннамудаи моддаҳои 994 — 1112 ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ё санадҳои меъёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нисбат ба навъҳои алоҳидаи он низ татбиқ мегардад.
 
Моддаи 993. Нигаҳдошт бо ҳукми қонун
Қоидаҳои ҳамин боб инчунин нисбат ба eҳдадориҳое, ки вобаста ба ҳукми қонун ба миён меоянд, агар дар қонунҳо қоидаҳои дигаре муқаррар нагардида бошанд, татбиқ мешаванд.
 
  1. Намудҳои алоҳидаи нигаҳдошт
Моддаи 994. Нигаҳдошт дар гаравхона (ломбард)
  1. Барои нигаҳдошт дар гаравхона (ломбард) аз шаҳрвандон ашёи манқули барои таъиноти истифодаи шахсӣ қабул карда шуда мумкин аст.
  2. Шартномаи нигаҳдошти ашё дар гаравхона (ломбард) бо додани квитансияи номии нигаҳдошт аз xониби гаравхона (ломбард) ба расмият дароварда мешавад.
  3. Ашёи барои нигаҳдошт ба гаравхона (ломбард) супурдашаванда бояд тибқи созишномаи тарафҳо мувофиқи нархи чунин навъ ва сифати ашё, ки маъмулан дар савдо дар лаҳзаи супурдан ва қабули он дар маҳалли нигаҳдошт муқаррар шудааст, нархгузорӣ карда шавад.
  4. Гаравхона (ломбард) вазифадор аст ба манфиати молгузор ашёи барои нигаҳдошт қабулкардаашро ба маблағи умумии арзиши он, ки мувофиқи қисми 3 ҳамин модда анxом дода шудааст, суғурта кунад.
 
Моддаи 995. Ашёи аз гаравхона (ломбард) талаб карда  нашуда
  1. Ҳангоми аз гирифтани ашё саркашӣ намудани молгузор гаравхона (ломбард) вазифадор аст онро дар xараёни се моҳ нигоҳ дорад. Бо гузашти ин мeҳлат ашёи гирифтанашуда аз xониби гаравхона (ломбард) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 999 ҳамин Кодекс фурeхта шуданаш мумкин аст.
  2. Аз маблағи аз фурeши ашё бадастомада маблағи нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхона (ломбард) пeшонида мешавад. Маблағи боқимондаро гаравхона (ломбард) ба соҳиби квитансияи нигаҳдошт, ҳангоми пешниҳоди он бармегардонад.
 
Моддаи 996. Нигаҳдошти сарватҳо дар бонк
  1. Бонк метавонад барои нигаҳдошт коғазҳои қиматнок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи қиматнок ва дигар сарватҳо, инчунин ҳуxxатҳоро қабул кунад.
  2. Шартномаи нигаҳдошти сарват дар бонк бо додани ҳуxxати номии нигаҳдошт ба молгузор, ки пешниҳоди он барои аз xониби бонк баргардонидани сарватҳои молгузор асос мебошад, ба расмият дароварда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи нигаҳдошт (депозит)-и коғазҳои қиматнок, бонк ба ғайр аз таъмини ҳифз инчунин фаъолияти дорои аҳамияти ҳуқуқиро нисбат ба ин коғаз (намояндагӣ ва ғайра)-ҳо иxро мекунад.
  4. Сарватҳои дар бонк нигаҳдошташуда аз xониби бонк ба молгузор ё намояндаи он ҳангоми пешниҳоди ҳуxxати нигаҳдошт дода шуданаш мумкин аст.
  5. Шартномаи нигаҳдошти сарват бо истифодаи сейфи инфиродии бонк (як хоначаи сейф, бинои алоҳидаи нигаҳдошт) метавонад бо усули аз xониби бонк қабул кардани сарват барои нигаҳдошт ва ба молгузор додани калиди сейф, карточкаи инфиродисозанда (индентификатсия)-и молгузор, дигар нишона ё ҳуxxате, ки ҳуқуқи манзуркунандаро барои сейфро кушодан ва аз он гирифтани сарват тасдиқ менамояд, баста шавад.
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, молгузор ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза сарватро аз сейф гирад, онро пас гузорад, бо ҳуxxатҳои ҳифзшаванда кор кунад. Дар айни замон бонк ҳуқуқ дорад аз xониби молгузор гирифтан ва баргардонидани сарватро ба ҳисоб гирад.
Ҳангоми аз xониби молгузор аз сейф гирифтани як қисми сарват, аз Ҷумла муваққатан гирифтани он, бонк барои эҳтиёти қисми боқимондаи сарват xавобгар аст.
Шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда оиди нигаҳдошти сарват дар сейфи бонк ба ҳолатҳое, ки бонк сейфи худро ба дигар шахс тибқи шарти кирояи амвол ба истифода додааст, татбиқ намегардад.
 
Моддаи 997. Дар бағоxхонаи нигаҳдошти ташкилотҳои нақлиётӣ нигоҳ доштани ашё
  1. Бағxхонаи нигаҳдошти таҳти тобеияти ташкилотҳои нақлиётӣ eҳдадоранд ашёи мусофирон ва дигар шаҳрвандонро, сарфи назар аз доштани ҳуxxати сафар, барои нигаҳдошт қабул кунанд. Шартномаҳои нигаҳдошт дар бағоxхонаҳои нигаҳдошти ташкилотҳои нақлиётӣ оммавӣ (моддаи 458) эътироф карда мешаванд.
  2. Барои тасдиқи қабули ашё xиҳати нигаҳдошт дар бағоxхонаҳои нигаҳдошт (ба xузъ автоматикунонидашуда) ба молгузор квитансия ё жетони рақамдор дода мешавад.
  3. Маблағи зарари дар натиxаи гум кардан, камомад ё зарар дидани ашёи ба бағоxхонаи нигаҳдошт супурдаи молгузор расонидашуда, агар ҳангоми супурдани ашё барои нигаҳдошт нархгузории он сурат гирифта бошад ё тарафҳо оид ба арзиши пардохти xуброни зарар ба мувофиқа расида бошанд, ба молгузор дар xараёни як шабонарeз xуброн карда мешавад.
  4. Ашё xиҳати нигаҳдошт дар бағоxхонаи нигаҳдошт ба мeҳлати дар доираи қоидаҳои махсус ё созишномаи тарафҳо муқарраргардида супурда шуданаш мумкин аст. Ашёи дар мeҳлати муқарраргардида пас гирифта нашударо бағоxхонаи нигаҳдошт вазифадор аст дар тeли се моҳ нигоҳ дорад. Бо гузашти ин мeҳлат ашёи гирифтанашуда фурeхта шуда, маблағи аз фурeш бадастомада тибқи моддаи 995 ҳамин Кодекс тақсим карда шуданаш мумкин аст.
  5. Дар сурати гум кардани квитансия ё жетон ашёи барои нигаҳдошт ба бағоxхонаи нигаҳдошт супурдашуда ба молгузор дар сурати исботи ба e тааллуқ доштани ашё баргардонида мешавад.
 
Моддаи 998. Нигаҳдошт дар  либосхона (гардероб)-и ташкилот
  1. Нигаҳдошт дар либосхона (гардероб)-и ташкилотҳо, агар ҳангоми барои нигаҳдошт супурдани ашё пардохти подошпулӣ қайду шарт нагардида бошад, ройгон тахмин карда мешавад.
  2. Барои тасдиқи ба либосхона (гардероб) xиҳати нигоҳдошт қабул кардани мол ба молгузор жетони рақамдор ё дигар нишонае, ки барои нигаҳдошт қабул кардани молро тасдиқ мекунад, супурда мешавад.
  3. Ашёи ба либосхона (гардероб) супурдашуда бо манзуркунандаи жетон дода мешавад. Дар айни замон нигаҳбон вазифадор намебошад ваколати манзуркунандаи жетонро тафтиш кунад. Вале, агар нигаҳбон шубҳа дошта бошад, ки жетон ба манзуркунанда тааллуқ надорад, метавонад баргардонидани ашёро ба манзуркунанда ба таъхир гузорад.
  4. Нигаҳбон ҳуқуқ дорад инчунин дар сурати гум кардани жетон низ, агар далели ба гардероб супурдани ашё ё ба молгузор марбут будани он нигаҳбонро ба шубҳа наоварад ё онро молгузор исбот карда бошад, ашёро ба молгузор баргардонад.
 
Моддаи 999. Нигаҳдошт дар меҳмонхона
  1. Меҳмонхона ҳамчун нигаҳбон, бидуни созишномаи махсус низ барои гум кардан ё зарар расонидан ба ашё, ба истиснои пул, дигар арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматноке, ки шахси дар он истиқоматдошта ба меҳмонхона овардааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки гум шудан ё зарар дидани ашё дар натиxаи қувваи рафънопазир, хосияти худи ашё ё бо гуноҳи худи сокини меҳмонхона, ашхоси ҳамроҳикунанда ё меҳмонони e рух додааст, xавобгар мебошад.
Ашёи ба меҳмонхона овардашуда он ашёе ба ҳисоб меравад, ки онҳо ба кормандони меҳмонхона бовар карда шудаанд ё ашёе, ки дар xои барои онҳо (утоқи меҳмонхона ва ғайра) таъингардида нигоҳ дошта мешаванд.
  1. Меҳмонхона барои гум шудани пул, дигар арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматнок танҳо ба шарте xавобгар мебошад, ки агар онҳоро барои нигаҳдошт қабул карда бошад.
  2. Шахсе, ки дар меҳмонхона иқомат дорад, ҳангоми ошкор намудани гум шудани ашё ё зарар дидани он вазифадор аст фавран ба меҳмонхона хабар диҳад. Дар акси ҳол меҳмонхона аз масъулият озод мебошад.
  3. Меҳмонхона аз масъулияти муҳофизаи ашёи ашхоси дар он истиқоматкунанда озод карда намешавад, ҳарчанд эълон карда бошад, ки ба зиммаи худ чунин eҳдадориро қабул намекунад.
  4. Қоидаҳои ҳамин модда инчунин нисбат ба нигаҳдошти ашё дар меҳмонхонаҳои сайёҳон (мотелҳо), хонаҳои истиқматӣ, шифохона (санатория)-ҳо, хобгоҳҳои умумӣ, ҳаммом ва дигар ташкилотҳои шабеҳ, инчунин нигаҳдошт дар ташкилотҳое, ки барои нигаҳдошти сару либоси болоӣ, кулоҳ ва ашёи дигари шаҳрвандони ба ташкилот ташрифоваранда xойҳои махсус пешбинӣ кардаанд, татбиқ мегардад.
 
Моддаи 1000. Нигаҳдошти ашёи баҳснок (секвестр)
  1. Тибқи шартномаи секвестр ду ё якчанд шахсе, ки дар байни онҳо баҳс дар мавриди ҳуқуқ ба ашё ба миён омадааст, ашёи мавриди баҳсро ба шахси сеюм месупоранд ва он eҳдадор мешавад баъди ҳалли баҳс ашёро ба шахсе супорад, ки тибқи қарори суд ё тибқи созишномаи тарафҳои баҳс (секвестри шартномавӣ) ба вай дода шудааст.
  2. Ашёи мавриди баҳс барои нигаҳдошт бо қарори суд (секвестри судӣ) низ тибқи тартиби секвестр супурда шуданаш мумкин аст. Тибқи секвестри судӣ ҳам шахсе, ки eро суд таъин кардааст, ҳам шахсе, ки бо мувофиқаи тарафҳо муайян гардидааст, нигаҳбон буда метавонад. Дар ҳар ду ҳолат, агар аз қонун тартиби дигаре барнаояд, гирифтани розигии нигаҳбон талаб карда мешавад.
  3. Барои нигаҳдошти тибқи тартиби секвестр ҳам амволи манқул ва ҳам ғaйриманқул супурда шуданаш мумкин аст.
  4. Нигаҳбоне, ки ашёро тибқи тартиби секвестр анxом медиҳад, агар дар шартнома ё қарори суди муқаррарнамудаи секвестр тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби тарафҳои баҳс ба подошпулӣ ҳуқуқ дорад.
 
  1. Нигаҳдошт дар анбори мол
Моддаи 1001. Анбори мол
Анбори мол ташкилоте эътироф мегардад, ки нигаҳдошти мол ва хизматрасонии вобаста ба онро ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ анxом медиҳад.
 
Моддаи 1002. Шартномаи нигаҳдошт дар анбор
  1. Тибқи шартномаи нигаҳдошт дар анбор анбори мол (нигаҳбон) eҳдадор мешавад бо пардохти подош молеро, ки молики мол (молгузор) барои нигаҳдорӣ супурдааст, нигаҳбонӣ кунад ва беосеб баргардонад.
  2. Шакли хаттии шартнома ҳангоме риояшуда ба шумор меравад, ки агар бастани он ва қабули мол ба анбор бо ҳуxxати анбор (моддаи 1007) тасдиқ гардида бошад.
 
Моддаи 1003. Нигаҳдошти мол бо ҳуқуқи ихтиёрдории он
Агар тибқи қонунҳо ё шартнома чунин пешбинӣ шуда бошад, ки анбори мол метавонад моли барои нигаҳдошт супурдашударо ихтиёрдорӣ кунад, дар ин сурат нисбат ба тарафҳо муқаррарот барои қарз истифода гардида, вале вақт ва маҳалли баргардонидани мол тибқи муқаррарот оид ба нигаҳдошт муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1004. Eҳдадории анбори мол
  1. Анбори мол вазифадор аст шарт (низом)-и нигаҳдошти дар намуна (стандарт)-ҳо, шартҳои техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурҳои нигаҳдошт, қоидаҳои нигаҳдошти навъҳои алоҳидаи мол, дигар ҳуxxатҳои меъёрии махсуси барои анбор зарурии муқаррар-гардидаро риоя кунад.
  2. Анбори мол бояд ҳангоми барои нигоҳдошт қабул кардани мол аз ҳисоби худ азназаргузаронии онро анxом диҳад.
  3. Анбори мол, агар нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот анxом дода шавад, вазифадор аст ба молики мол имконият диҳад, ки азназаргузаронии мол ё намунаҳои онҳоро анxом диҳад, онро санxад ва барои таъмини беосеб нигоҳ доштани он тадбирҳо андешад.
  4. Дар сурате ки агар барои таъмини муҳофизаи мол фавран тағйир додани шароити нигаҳдошт зарур бошад, анбори мол ҳуқyқ дорад мустақилона тадбирҳои фавриро андешад. Он бояд молики молро оид ба тадбирҳои андешидашуда огоҳ созад.
  5. Ҳангоми ошкор сохтани зарари ба мол расонидашуда анбор бояд фавран акт тартиб дода, худи ҳамон рeз молики онро тибқи суроғаи дар анбори мол зикрнамудааш огоҳ созад. Бо гирифтани хабар молгузор eҳдадор аст молро аз назар гузаронад ва бо нигаҳбон шартҳои минбаъдаи шартномаро мувофиқат кунад.
 
Моддаи 1005. Талаботи молики мол ба  анбори мол
Агар дар шартнома оид ба гум кардани мол, камомад, ё зарар дидани мол, ки дар натиxаи нигаҳдошти номатлуб ба миён омадааст, тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, молгузор eҳдадор аст ба анбори мол ҳангоми аз анбор гирифтани мол ва дар мавриди камбудиҳои ниҳонӣ бошад, дар xараёни ҳафт рeз аз лаҳзаи ошкор намудани чунин камбудиҳо дар мeҳлати муносиб  арз кунад. Агар дар мавриди зарар дидани мол ё камомади он дар мeҳлатҳои дахлдор ба анбори мол арз карда нашавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарар қасдан ё дар натиxаи беэҳтиётии дағалона расонида шудааст, анбори мол xавобгар намебошад.
 
Моддаи 1006. Аз xониби анбори мол рад кардани шартномаи нигаҳдошт
Анбори мол дар ҳолатҳои аз xониби молгузор пинҳон доштани хосияти хатарнокии мол, ки ба расонидани зарари муҳим таҳдид мекунад, ҳуқуқ дорад аз иxрои шартномаи нигаҳдошт даст кашад.
 
Моддаи 1007. Ҳуxxатҳои анбор
  1. Анборҳои мол xиҳати тасдиқи нигаҳдошт қабул кардани мол яке аз ҳуxxатҳои зайлро дода метавонанд:
1) шаҳодатномаи дугонаи анбор;
2) шаҳодатномаи оддии анбор;
3) квитансияи анбор.
  1. Шаҳодатномаи дугонаи анбор ва ҳар як қисми он, инчунин шаҳодатномаи оддии анбор коғазҳои қиматнок мебошанд.
  2. Шаҳодатномаи дугона, оддии анбор мавзeи гарав қарор дода шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 1008. Шаҳодатномаи дугонаи анбор
  1. Шаҳодатномаи дугонаи анбор аз шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (варрант) иборат аст, ки аз ҳамдигар xудо карда шуданаш мумкин аст.
  2. Дар ҳар як қисми шаҳодатномаи дугонаи анбор инҳо бояд зикр гарданд:
1) ном ва суроғаи анборе, ки молро барои нигаҳдошт қабул кардааст;
2) рақами xории шаҳодатномаи анбор тибқи феҳраст (реестр)-и анбор;
3) номи ташкилот ё шаҳрванде, ки аз онҳо барои нигаҳдошт мол қабул карда шудааст, инчунин маҳалли xойгиршавӣ (маҳалли истиқомат)-и молики мол;
4) номгeй ва теъдоди мол, шумораи xои мол;
5) мeҳлате, ки мол барои нигаҳдошт қабул гардидааст, агар чунин мeҳлат муқаррар гардида бошад;
6) тарифҳо ва тартиби пардохти нигаҳдошт;
7) санаи қабул ва баргардонидани мол;
8) имзои шахси ваколатдор ва мeҳри анбори мол.
 
Моддаи 1009. Ҳуқуқи дорандаи шаҳодатномаҳои анбор ва гарав ба мол
  1. Дорандаи шаҳодатномаҳои анбор ва гарав ҳуқуқ дорад дар ҳаxми пурра моли дар анбор нигаҳдошташавандаро ихтиёрдорӣ намояд.
  2. Дорандаи шаҳодатномаи анборе, ки аз шаҳодатномаи гарав xудо карда шудааст, ҳуқуқ дорад молро ихтиёрдорӣ намояд, вале то пeшонидани кредити тибқи шаҳодатномаи гарав додашуда молро аз анбор гирифта наметавонад.
  3. Дорандаи шаҳодатномаи гарав нисбат ба дорандаи шаҳодатномаи анбор барои гарави мол ба андозаи кредити оид ба шаҳодатномаи гарав додашуда ва фоизҳои он ҳуқуқ дорад. Ҳангоми гарави мол дар шаҳодатномаи анбор дар ин бора сабт гузошта мешавад.
 
Моддаи 1010. Таҳвили шаҳодатномаҳои анбор ва гарав
                Шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав якxоя ё алоҳида тибқи навиштаxот таҳвил дода шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 1011. Шаҳодатномаи оддии анбор
  1. Шаҳодатномаи оддии анбор ба манзуркунанда дода мешавад.
  2. Шаҳодатномаи оддии анбор бояд маълумоти дар моддаи 1008 пешбинишуда, инчунин сабти онро, ки ба манзуркунанда дода шудааст, дар бар гирад.
 
Моддаи 1012. Додани мол тибқи шаҳодатномаи дугонаи анбор
  1. Анбори мол ба дорандаи шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (шаҳодатномаи дугонаи анбор) бар ивази ҳар ду шаҳодатнома дар якxоягӣ молро бармегардонад.
Ба дорандаи шаҳодатномаи анбор, ки шаҳодатномаи гарав надорад, вале қарзи вобаста ба онро пардохтааст, мол аз анбор танҳо бар ивази шаҳодатномаи анбор ва ҳангоми пардохти тамоми маблағи қарз  тибқи шаҳодатномаи гарав, ки бо квитансия ё дигар ҳуxxатҳое, ки гаравгир додани онро тасдиқ кардааст,  дода мешавад.
  1. Дорандаи шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав ҳуқуқ дорад қисман додани молро талаб кунад. Дар айни ҳол бар ивази шаҳодатномаҳои аввалин барои моли дар анбор боқимонда ба e шаҳодатномаҳои нав дода мешавад.
  2. Анбори мол, ки хилофи талаботи ҳамин модда ба дорандаи шаҳодатномаи анбор, ки дорои шаҳодатномаи гарав нест ва маблағи қарзи вобаста ба онро напардохтааст, мол додааст, дар назди дорандаи шаҳодатномаи гарав барои пардохти ҳамаи маблағҳои ба e тааллуқдошта xавобгар аст.
 
БОБИ 51. Суғурта
Моддаи 1013. Суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ
  1. Суғурта дар асоси шартномаҳои амвол ё суғуртаи шахсӣ, ки байни шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ (суғурташаванда) бо ташкилоти суғурта (суғуртакунанда) баста шудааст, анxом дода мешавад.
Шартномаи суғуртаи шахсӣ шартномаи оммавӣ (моддаи 458) мебошад.
  1. Дар ҳолатҳое ки дар қонун ба зиммаи ашхоси дар он зикргардида eҳдадории ба сифати суғуртакунанда суғурта кардани ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар, ё масъулияти худи шаҳрванд дар назди ашхоси дигар аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби ашхоси манфиатдор (суғуртаи ҳатмӣ) гузошта шудааст, суғурта бо роҳи мутобиқи қоидаҳои ҳамин боб бастани шартнома анxом дода мешавад.
Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ суғурташаванда бояд бо суғуртакунанда тибқи шартҳои пешбининамудаи қонунҳои ҳамин навъи суғуртаро танзимкунанда шартнома бандад.
  1. Дар қонун суғуртаи ҳатмии ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои аз буxетҳои дахлдор (суғуртаи ҳатмии давлатӣ) додашуда пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1014. Манфиатҳое, ки суғуртаи онҳо иxозат дода намешавад
  1. Суғуртаи манфиатҳои зиддиқонунӣ иxозат дода намешавад.
  2. Суғуртаи зарари иштирок дар бозиҳо, лотереяҳо ва шарт (гарав)-ҳо иxозат дода намешавад.
  3. Суғуртаи хароxоте, ки шахс барои мақсади озод кардани гаравгонон маxбуран xалб шуданаш мумкин аст, иxозат дода намешавад.
  4. Шартҳои шартномаи суғурта, ки хилофи қисмҳои 1 — 3 ҳамин модда мебошанд, қурб надоранд.
 
Моддаи 1015. Шартномаи суғуртаи амвол
  1. Мутобиқи шартномаи суғуртаи амвол як тараф (суғуртакунанда) eҳдадор мешавад, ки бо пардохти дар шартнома қайду шартшуда (мукофоти суғурта) ҳангоми фаро расидани ҳодисаи дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) ба тарафи дигар (суғурташаванда) ё шахси дигаре, ки ба манфиати он шартнома баста шудааст (бадастоварандаи фоида), зарари вобаста ба ин ҳодиса ба амволи суғуртакунанда расонидашуда ё зарари вобаста ба дигар манфиати амволии суғурташаванда расонидашударо дар доираи маблағи дар шартнома муайянгардида (маблағи суғурта) пардозад (xубронпулии суғуртаро пардозад).
  2. Тибқи шартномаи суғуртаи амвол инҳо метавонанд суғурта карда шавад:
1) амвол:
2) таваккали масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба eҳдадорие, ки дар натиxаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар  ба миён омадааст ва дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, инчунин масъулият (моддаҳои 1017 ва 1018) тибқи шартнома;
3) таваккали соҳибкорӣ — таваккали ба даст наовардани даромади дарназардошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани eҳдадориҳои худ аз xониби контрагентҳои соҳибкор ё тағйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки ба соҳибкорӣ (моддаи 1019) алоқаманд намебошанд.
 
Моддаи 1016. Суғуртаи амвол
  1. Амвол тибқи шартномаи суғурта ба манфиати шахсе (суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида), ки мувофиқи қонунҳо ё шартнома барои ба манфиати худ нигоҳ доштани ҳамин амвол асос дорад, ба манфиати молики он, шахсе, ки ба ин амвол ҳуқуқи дигари амволӣ дорад, иxоракор, пудратчӣ, нигаҳбон, комиссионер ва ғайра суғурта шуданаш мумкин аст.
  2. Шартномаи суғуртаи амвол ба манфиати бадастоварандаи фоида бидуни зикри ном ё номгeи бадастоварандаи фоида баста шуданаш мумкин аст.
Ҳангоми бастани чунин шартнома полиси суғурта ба манзуркунанда дода мешавад. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқ оид ба чунин шартнома ба суғуртакунанда пешниҳод кардани чунин полис зарур мебошад.
 
Моддаи 1017. Суғуртаи масъулият барои расонидани зарар
  1. Тибқи шартномаи таваккали масъулият оид ба eҳдадориҳое, ки дар натиxаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи дигар ашхос ба миён омадааст, таваккали масъулияти худи суғуртакунанда ё шахси дигаре, ки ба зиммаи он чунин масъулият гузошта мешавад, суғурта шуданаш мумкин аст.
  2. Шахсе, ки таваккали масъулияти e барои расонидани зарар суғурта шудааст, бояд дар шартномаи суғурта зикр карда шавад. Агар чунин шахс дар шартнома зикр нашуда бошад, эътироф мегардад, ки таваккали масъулият худи суғуртакунанда суғурта шудааст.
  3. Шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои расонидани зарар ба манфиати ашхосе, ки ба онҳо зарар расонида шуданаш мумкин аст (бадастоварандагони фоида) басташуда ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 1018. Суғуртаи масъулият оид ба шартнома
  1. Суғуртаи таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома нисбат ба масъулияти соҳибкори инфиродӣ ё ташкилоти тиxоратӣ барои иxро накардан ё иxрои номатлуби шартномаи оммавӣ (моддаи 458) ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иxозат дода мешавад.
  2. Тибқи шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома танҳо таваккали масъулияти худи суғуртакунанда суғурта карда шуданаш мумкин аст. Шартномаи суғурта, ки ба ин талабот мувофиқ намебошад, қурб надорад.
  3. Таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома ба манфиати тарафе, ки нисбат ба он тибқи шартҳои ин шартнома суғуртакунанда бояд xавобгарии дахлдор (бадастоварандаи фоида)-ро ба зимма гирад, суғурташуда ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 1019. Суғуртаи таваккали соҳибкорӣ
Тибқи шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкорӣ (банди 2 қисми 2 моддаи 1015) танҳо таваккали соҳибкории худи суғуртакунанда ва танҳо ба манфиати вай суғурта шуданаш мумкин аст.
Шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкории шахсе, ки суғуртакунанда намебошад, қурб надорад.
Шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкорӣ ба манфиати шахсе, ки суғуртакунанда намебошад, ба манфиати суғуртакунанда басташуда ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 1020. Шартномаи суғуртаи шахсӣ
  1. Тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ як тараф (суғурташаванда) eҳдадор мешавад, ки тибқи пардохти дар шартнома қайду шартшуда (мукофоти суғурта), ки аз тарафи дигар пардохта мешавад (суғуртакунанда), дар ҳолати расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии худи суғуртакунанда ё шаҳрванди дигари дар шартнома зикргардида (шахси суғурташуда) бо расидан ба синну соли муайян ё дар ҳаёти e фарорасии рeйдоди дигари дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) якдафъаина ё давра ба давра маблағи қайду шартшударо мепардозад.
Ҳуқуқи гирифтани маблағи суғурта ба шахсе тааллуқ дорад, ки ба манфиати вай шартнома баста шудааст.
  1. Шартномаи суғуртаи шахсӣ, агар дар шартнома ба сифати бадастоварандаи фоида шахси дигар номбар нагардида бошад, ба манфиати шахси суғурташуда басташуда ба ҳисоб меравад.
Дар сурати фавти шахси тибқи шартнома суғурташуда, агар дар шартнома бадастоварандаи дигари фоида номбар нашудааст, ворисони шахси суғурташуда бадастоварандагони фоида эътироф карда мешаванд.
Шартномаи суғуртаи шахсӣ ба манфиати шахсе, ки суғурта нашудааст, аз Ҷумла ба манфиати шахсе, ки суғурташудаи суғуртакунанда намебошад, метавонад танҳо бо розигии хатти шахси суғурташуда баста шавад. Ҳангоми мавxуд набудани чунин розигӣ шартнома тибқи даъвои шахси суғурташуда ва дар сурати фавти чунин шахс  тибқи даъвои ворисони он беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1021. Суғуртаи ҳатмӣ
  1. Тибқи қонун eҳдадории суғуртаи зайл пешбинӣ шуданаш мумкин аст:
— ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигари дар қонун пешбинишуда дар ҳолати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи онҳо;
— таваккали масъулияти худи шаҳрванд, ки метавонад дар натиxаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар ё вайрон кардани шартнома бо ашхоси дигар фаро расад.
Eҳдадории баромад кардан ба сифати суғуртакунанда тибқи қонун ба зиммаи ашхоси  дар он муайянгардида вогузошта мешавад. Қонун метавонад инчунин дигар навъҳои суғуртаи ҳатмиро муқаррар намояд.
  1. Eҳдадории суғуртаи ҳаёт ё саломатии худ на тибқи қонун ва на тибқи шартнома ба зиммаи шаҳрванд вогузошта намешавад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи онҳо ба зиммаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки таҳти пешбурди хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ амволи марбути моликияти давлатиро доранд, eҳдадории суғурта кардани ин амвол гузошта шуданаш мумкин аст.
  3. Дар ҳолатҳое ки eҳдадории суғуртаи амвол на аз қонун, балки аз шартнома бо соҳиби амвол ё аз ҳуxxатҳои муассисии шахси ҳуқуқӣ, ки молики амвол аст, бармеояд, чунин шартнома тибқи муҳтавои ҳамин модда ҳатмӣ ба ҳисоб намеравад ва боиси оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 1023 ҳамин Кодекс намегардад.
 
Моддаи 1022. Анxом додани суғуртаи ҳатмӣ
  1. Суғуртаи ҳатмӣ бо усули бастани шартномаи суғурта аз xониби шахс (суғуртакунанда)-е, ки ба зиммааш бастани чунин суғурта гузошта шудааст, бо суғурташаванда баста мешавад.
  2. Суғуртаи ҳатмӣ аз ҳисоби суғурташаванда анxом дода мешавад.
  3. Объекте, ки бояд суғуртаи ҳатмӣ шавад, таваккале, ки аз он бояд суғурта шавад ва андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта тибқи қoнун ва дар ҳолатҳои пешбинишудаи қисми 3 моддаи 1036 ҳамин Кодекс бошад, тибқи қонун ё тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи он муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1023. Оқибатҳои вайрон кардани қоидаҳои суғуртаи ҳатмӣ
  1. Шахсе, ки тибқи қонун бояд ба манфиати вай суғуртаи ҳатмӣ анxом дода шавад, агар ба e маълум гардида бошад, ки суғурта сурат нагирифтааст, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ аз шахси ба сифати суғуртакунанда ба зимааш суғурта вогузошташуда анxом додани онро талаб намояд.
  2. Агар шахси ба сифати суғуртакунанда ба зимааш вазифаи суғурта вогузошташуда суғуртаро анxом надодааст ё шартномаи суғуртаро бо шартҳое ба имзо расонидааст, ки вазъи бадастоварандаи даромадро нисбат ба шароитҳои дар қонун муқарраршуда бадтар мегардонад, он дар назди бадастоварандаи фоида ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғурта тибқи ҳамон шартҳое, ки дар сурати матлуб анxом додани суғурта мебоист xуброни суғурта пардохта шавад, xавобгар мебошад.
  3. Маблағи беасос xамъовардаи шахси ба зиммааш вазифаи суғурта гузошташуда вобаста ба он, ки e вазифаи худро анxом надодааст ё номатлуб ба xо овардааст, тибқи даъвои мақомоти давлатии назорати суғурта бо баҳисобгирии фоиз ба ин маблағҳо тибқи моддаи 426 ҳамин Кодекс ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
 
Моддаи 1024. Суғуртакунанда
Ба сифати суғуртакунандагон шартномаи суғуртаро ашхоси ҳуқуқӣ, ки ташкилоти тиxоратӣ мебошанд ва барои анxом додани навъи дахлдори суғурта иxозатнома (литсензия) доранд, баста метавонанд.
Талаботе, ки ташкилотҳои суғурта бояд ба он xавобгe бошанд, тартиби иxозатнома (литсензия)-кунонии онҳо ва анxом додани назорати давлатии фаъолияти онҳо тибқи қонун дар мавриди ташкили фаъолияти суғурта муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 1025. Тибқи шартнома eҳдадориро иxро намудани суғуртакунанда ва бадастоварандаи фоида
  1. Бастани шартномаи суғурта ба манфиати бадастоварандаи фоида, аз Ҷумла ҳангоме ки e худ шахси суғурташуда мебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё eҳдадории ба зиммаи суғурташаванда вогузошташударо шахсе анxом дода бошад, ки ба манфиати e шартнома баста шудааст, суғурташавандаро аз иxрои eҳдадории вобаста ба ин шартнома озод намекунад.
  2. Ҳангоми аз xониби бадастоварандаи фоида талаб кардани пардохти xуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаи шартномаи суғуртаи шахсӣ суғуртакунанда ҳуқуқ дорад, аз Ҷумла ҳангоми шахси суғурташуда будани бадастоварандаи фоида, иxрои eҳдадориро оид ба шартномаи суғурта, аз Ҷумла eҳдадорие, ки ба зиммаи суғурташаванда гузошта шудааст, вале иxро накардааст, талаб намояд. Таваккали оқибатҳои иxро накардан ё сари вақт анxом надодани иxрои eҳдадорӣ, ки бояд қаблан иxро мегардид, ба зиммаи бадастоварандаи фоида мебошад.
 
Моддаи 1026. Шакли шартномаи суғурта
  1. Шартномаи суғурта бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Риоя накардани ин талабот ба истиснои шартномаи суғуртаи ҳатмии давлатӣ боиси беэътибор донистани шартнома мегардад.
  2. Шартномаи суғурта метавонад бо роҳи таҳияи як ҳуxxат (қисми 2 моддаи 466) ё аз xониби суғуртакунанда дар асоси аризаи хаттӣ ё шифоҳии e додани полиси суғурта (шаҳодатнома, сертификат, квитансия), ки аз xониби суғуртакунанда имзо шудааст ва шартҳои шартномаи суғуртаро дар бар мегирад, баста шавад.
Дар ин сурат розигии суғурташаванда дар мавриди бастани шартнома тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи суғуртакунанда бо гирифтани ҳуxxатҳое, ки дар сарсатри якуми ҳамин қисм зикр шудааст ва пардохти мукофоти суғурта ё ҳангоми давра ба давра гузаронидани мукофоти суғурта ба пардохти ҳаққи якум тасдиқ карда мешавад.
  1. Суғуртакунанда ҳангоми бастани шартнома ҳуқуқ дорад шаклҳои намуна (стандарт)-ии шартномаи суғурта (полиси суғурта)-и таҳиянамудаашро оид ба навъҳои алоҳидаи суғурта истифода барад.
 
Моддаи 1027. Суғурта оид ба полиси генералӣ
  1. Суғуртаи мунтазами қисматҳои мухталифи амволи якхела (мол, бор ва ғайра) бо шартҳои шабеҳ дар xараёни мeҳлати муайян тибқи созишномаи суғурташаванда ва суғуртакунанда дар асоси як шартномаи суғурта бо роҳи додани полиси генералӣ баста шуданаш мумкин аст.
  2. Маблағи суғурта ҳамчун ҳисоби миёнаи муқаррар кардаи солонаи воридшаванда ва содиршаванда аз қисмати амволи суғурта муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1028. Шартҳои муҳими шартномаи суғурта
  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи амвол байни суғуртакунанда ва суғурташаванда бояд дар мавриди зайл созиш ба миён ояд:
1) оид ба амволи муайян ё маxмeъ ё манфиати дигари амволӣ, ки объекти суғурта мебошад;
2) оид ба хусусияти ҳодисае, ки ҳангоми фарорасии он суғурта анxом дода мешавад (ҳодисаи суғурта);
3) оид ба андозаи маблағи суғурта;
4) оид ба тартиби муайян намудани xуброни суғурта, агар дар шартнома имконияти нисбат ба маблағи суғурта камтар пардохтани маблағ пешбинӣ гардида бошад;
5) оид ба андозаи мукофоти суғурта ва мeҳлат (мeҳлатҳо)-и пардохти он;
6) оид ба мeҳлати амали шартнома.
  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи шахсӣ байни суғурташаванда ва суғуртакунанда бояд дар мавриди зайл созиш ба миён ояд:
1) оид ба шахси суғурташуда;
2) оид ба хусусияти ҳодисае, ки ҳангоми фарорасии он дар ҳаёти шахси суғурташуда суғурта анxом дода мешавад (ҳодисаи суғурта);
3) оид ба андозаи маблағи суғурта;
4) дар бораи андозаи мукофот ва мeҳлат (мeҳлатҳо)-и пардохти он;
5) оид ба мeҳлати амали суғурта.
  1. Агар шартномаи суғурта шартҳоеро дар бар гирад, ки вазъи шаҳрванд, ки суғурташаванда мебошад, шахси суғурташуда ё бадастовардаи фоидаро нисбат ба муғаррароти муайяннамудаи қонунҳо бадтар мегардонад, бар ивази чунин шартҳои шартнома муқаррароти дахлдори қонунҳо татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 1029. Муайян кардани шартҳои шартномаи суғурта дар қоидаҳои суғурта 
  1. Шартҳое, ки мувофиқи он шартномаи суғурта баста мешавад, дар қоидаҳои намуна (стандарт)-ии суғуртаи навъи дахлдори аз xониби суғуртакунанда ё идтиҳодияи суғуртакунандагон (қоидаҳои суғурта) қабулгардида маъқул ва тасдиқшуда муайян карда шуданаш мумкин аст.
  2. Шартҳое, ки дар қоидаҳои суғурта мавxуданд ва ба матни шартномаи суғурта (полис) дохил карда нашудаанд, агар дар шартнома (полис) мустақилона оид ба истифодаи чунин қоидаҳо ишора шуда бошад ва худи қоидаҳо дар як ҳуxxат бо шартнома (полис) ё дар қисмати ақиби он зикр ё замима гардидааст, барои суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолати охирин ба суғурташаванда ҳангоми бастани шартнома супурда шудани қоидаҳои суғурта бояд бо сабт дар шартнома тасдиқ карда шавад.
  3. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта суғурташаванда ва суғуртакунанда дар мавриди тағйирот ё хориx кардани муқаррароти алоҳидаи қоидаҳои суғурта ва ба шартнома ворид намудани муқаррароте, ки дар қоидаҳо нестанд, метавонанд ба мувофиқа расанд.
  4. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад барои ҳифзи манфиатҳои хеш ба қоидаҳои суғуртаи навъи дахлдоре, ки ба онҳо дар шартномаи суғурта (полис) истинод шудааст, ҳарчанд ин қоидаҳо бо ҳукми ҳамин модда барои e ҳатмӣ набошанд ҳам, истинод кунад.
 
Моддаи 1030. Маълумоте, ки суғуртакунанда ҳангоми бастани шартнома пешниҳод мекунад
  1. Ҳангоми бастани шартнома суғурташаванда бояд ба суғуртакунанда ҳолатҳои барояш маълумеро, ки xиҳати муайян кардани имконпазирии фаро расидани ҳодисаи суғурта муҳим мебошад ва андозаи эҳтимолии зарареро, ки бо фарорасии он расонида шуданаш мумкин аст (таваккали суғурта), пешниҳод кунад.
Ҳолатҳое муҳим эътироф мегарданд, ки аз xониби суғуртакунанда дар шакли намуна (стандарт)-ии шартномаи суғурта (полис) ва қоидаҳои суғуртаи ба суғурташаванда додашуда ё дархости хаттӣ дақиқ зикр гардидаанд.
  1. Агар шартномаи суғурта ҳангоми мавxуд набудани xавоби суғурташаванда ба ин ё он саволи суғуртакунанда баста шуда бошад, суғуртакунанда наметавонад минбаъд дар асоси он, ки ҳолатҳои дахлдор аз xониби суғурташаванда иттилоъ дода нашудаанд, бекор кардани шартнома ё беэътибор донистани онро талаб намояд.
  2. Агар баъди бастани шартнома муқаррар карда шавад, ки суғурташаванда ба суғуртакунанда бадқасдона оид ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда маълумоти бардурeғ додааст, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад беэътибор донистани шартнома ва истифодаи оқибатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 204 ҳамин Кодексро талаб намояд.
Суғуртакунанда, агар ҳолатҳое, ки оид ба онҳо суғурташаванда изҳор накардааст, аз байн рафта бошанд, наметавонад беэътибор донистани шартномаро талаб кунад.
 
Моддаи 1031. Ҳуқуқи суғуртакунанда барои аз назар гузаронидани объекти суғурташаванда
  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи амвол суғуртакунанда ҳуқуқ дорад амволи суғурташавандаро аз назар гузаронад ва дар сурати зарурат бо мақсади муқаррар намудани арзиши ҳақиқии он, муоина (экспертиза) таъин намояд.
  2. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи шахсӣ суғуртакунанда ҳуқуқ дорад барои муқаррар намудани вазъи воқеии саломатии суғурташаванда муоинаи онро анxом диҳад.
 
Моддаи 1032. Сирри суғурта
Суғуртакунанда ҳуқуқ надорад маълумоти дар натиxаи суғурта оид ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ва ба дастоварандаи фоида, вазъи саломатӣ, инчунин вазъи амволии ин ашхос барояш маълумгардидаро ошкор намояд. Барои вайрон кардани сирри суғурта, вобаста ба шакли вайрон кардани ҳуқуқ ва мушаххасоти қонуншиканӣ суғуртакунанда мутобиқи қоидаҳои моддаи 153 ҳамин Кодекс масъулият дорад.
 
Моддаи 1033. Маблағи суғурта
  1. Маблағе, ки дар доираи он суғуртакунанда eҳдадор шудаастx xуброни суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи амвол ё тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ пардозад (маблағи суғурта) бо созишномаи суғурташаванда ва суғуртакунанда муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми суғуртаи амвол ё таваккали соҳибкорӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи суғурта набояд аз арзиши воқеии он (арзиши суғуртавӣ) баландтар бошад, ки чунон ба ҳисоб гирифта мешавад:
— барои амвол арзиши воқеии он дар маҳалли мавxудият дар рeзи бастани шартномаи суғурта;
— барои таваккали соҳибкорӣ даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, ки суғурташаванда, чуноне ки тахмин карда мешавад, дар ҳолати фарорасии ҳодисаи суғурта аз он маҳрум шуда метавонист.
  1. Дар шартномаҳои суғуртаи шахсӣ ва шартномаҳои суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ маблағи суғурта тибқи салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1034. Баҳс кардани арзиши суғуртавии  амвол
Арзиши суғуртавии амволи дар шартномаи суғурта зикршуда, ба истиснои ҳолате, ки агар суғуртакунанда то бастани шартнома аз ҳуқуқи худ дар мавриди нархбандии таваккали суғурта (қисми 1 моддаи 1045) истифода набурда, бадқасдона оид ба ин арзиш гумроҳ карда шуда буд, минбаъд мавриди баҳс қарор дода намешавад.
 
Моддаи 1035. Суғуртаи иловагии амвол
  1. Агар амвол ё таваккали соҳибкорӣ танҳо дар қисмати арзиши суғуртавӣ баста шуда бошад, суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад суғуртаи иловагии амволро, аз Ҷумла бо дигар суғуртакунанда, вале ба шарте ки маблағи умумии суғурта вобаста ба ҳамаи шартномаҳо аз арзиши суғурта бештар набошад, анxом диҳад.
  2. Риоя накардани муқаррароти қисми 1 ҳамин модда боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 1036 ҳамин Кодекс мегардад.
 
Моддаи 1036. Оқибатҳои суғуртаи бештар аз арзиши суғурта
  1. Агар маблағи дар шартномаи суғуртаи амвол ё таваккали соҳибкорӣ зикргардида аз арзиши суғуртавӣ бештар бошад, шартнома дар он қисмати маблағе, ки аз арзиши суғуртавӣ бештар аст, қурб надорад.
Дар чунин маврид қисмати зиёдатии маблағи мукофоти суғуртаи супоридашуда баргардонида намешавад.
  1. Агар мувофиқи шартномаи суғурта мукофоти суғурта давра ба давра пардохта шавад ва то лаҳзаи муайян намудани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида он пурра гузаронида нашуда бошад, ҳаққи боқимондаи суғурта бояд ба андозаи мутаносибан ба кам шудани андозаи маблағи суғурта пардохта шавад.
  2. Агар баланд кардани маблағи суғурта дар шартномаи суғурта натиxаи фиреб додан аз xониби суғурташаванда бошад, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад xуброни зарари вобаста ба ин расонидашударо ба андозае, ки аз мукофоти суғуртаи аз суғурташаванда гирифтааш бештар мебошад, талаб кунад.
  3. Қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 — 3 ҳамин модда мутаносибан барои суғуртаи дубора татбиқ мегардад.
Маблағи xуброни суғурта, ки бояд дар чунин ҳолат ба ҳар як суғурташаванда пардохта шавад, мутаносибан ба кам кардани маблағи ибтидоии суғурта оид ба шартномаи дахлдори суғурта кам карда мешавад.
 
Моддаи 1037. Суғуртаи дубора
  1. Қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 1036 ҳамин Кодекс мутаносибан инчунин дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки агар маблағи суғурта дар натиxаи суғурта намудани ҳамон як амвол ё таваккали соҳибкорӣ аз тариқи ду ё якчанд суғуртакунанда (суғуртаи дубора) аз арзиши суғуртавӣ бештар гардида бошад.
  2. Ҳангоми суғуртаи дубораи амвол ё таваккали соҳибкорӣ ҳар як суғуртакунанда eҳдадории пардохти xуброни суғуртаро дар доираи шартномаи басташуда ба зимма дорад, вале маблағи умумии xуброни суғурта, ки аз ҳамаи суғуртакунандагон гирифта шудааст, наметавонад аз зарари воқеӣ бештар бошад.
Дар айни замон суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад аз ҳар кадом суғуртакунанда дар доираи маблағе, ки дар шартномаҳои бо он басташуда пешбинӣ гардидааст, xуброни суғуртаро гирад. Дар ҳолате, ки агар xуброни суғуртаи гирифташуда зарари воқеан расонидашударо пeшонида натавонад, суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад қисмати нокифояи маблағро аз дигар суғуртакунанда гирад.
  1. Ҳангоми суғуртаи дубораи шахсӣ ҳар як суғуртакунанда eҳдадории худро дар назди суғурташаванда, шахси суғурташуда ва бадастоварандаи фоида мустақиман, сарфи назар аз иxрои eҳдадорӣ аз xониби дигар суғуртакунандагон, анxом медиҳад.
 
 
Моддаи 1038. Суғуртаи муштарак
Объекти суғурта метавонад тибқи як шартнома аз xониби якчанд суғуртакунанда якxоя суғурта карда шавад (суғуртаи муштарак). Агар дар чунин шартнома ҳуқуқ ва eҳдадориҳои ҳар кадоме аз суғуртакунандагон муайян нагардида бошад, онҳо дар назди суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) барои пардохти xуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаи шартномаи суғуртаи шахсӣ масъулияти муштарак доранд.
 
Моддаи 1039. Мукофоти суғурта ва ҳаққи суғурта
  1. Таҳти мафҳуми мукофоти суғурта маблағе дар назар дошта шудааст, ки суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) бояд барои суғурта тибқи тартиб ва мeҳлатҳои дар шартномаи суғурта муқарраргардида ба суғуртакунанда пардозад.
  2. Суғуртакунанда ҳангоми муайян кардани андозаи мукофоти суғуртаи тибқи шартномаи суғурта пардохташаванда ҳуқуқ дорад нақшаҳои тарифии таҳиянамудаашро, ки бо назардошти объекти суғурта ва хусусияти таваккали суғурта мукофоти аз воҳиди маблағи суғурта ситонидашавандаро муайян менамояд, истифода барад.
  3. Агар дар шартномаи суғурта давра ба давра пардохтани мукофоти суғурта пешбинӣ гардида бошад, дар ҳамон шартнома оқибатҳои дар мeҳлати муайянгардида напардохтани ҳаққи навбатии суғурта низ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
  4. Агар ҳодисаи суғурта то пардохтани ҳаққи навбатии суғурта, ки мeҳлати он гузаронида шудааст, фаро расида бошад, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад андозаи xуброни пардохташавандаи суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ мутаносибан ба қисми ба e пардохташудаи мукофоти суғурта маҳдуд созад ва маблағи ҳаққи мeҳлаташ гузаронидашудаи суғуртаро ба ҳисоб гирад.
 
Моддаи 1040. Беэътибории шартномаи суғурта
Шартномаи суғурта дар ҳолатҳои зайл қурб надорад:
1) агар дар лаҳзаи бастани шартнома объекти суғурта вуxуд надошта бошад;
2) агар тибқи шартномаи суғуртаи амвол амволе суғурта шуда бошад, ки бо роҳи xиноят ба даст оварда шудааст, ашёи xиноят мебошад ё бояд мусодира гардад.
Шартномаи суғурта инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 1041 ҳамин Кодекс ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар қурб надорад.
 
Моддаи 1041. Иваз намудани шахси суғурташуда
  1. Дар ҳолате ки агар тибқи шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои расонидани зарар (моддаи 1061) масъулияти шахси нисбат ба суғуртакунанда дигар суғурта шуда бошад, охирин ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то фаро расидани ҳодисаи суғурта ин шахсро ба дигар шахс иваз намояд ва суғуртакунандаро ба таври хаттӣ огоҳ созад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.
  2. Шахси суғурташудае, ки дар шартномаи суғуртаи шахсӣ зикр шудааст, аз xониби суғуртакунанда танҳо бо розигии худи суғурташаванда ва суғуртакунанда ба дигар шахс иваз карда шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1042. Иваз намудани бадастоварандаи фоида
Суғурташаванда ҳуқуқ дорад бадастоварандаи фоидаро, ки дар шартномаи суғурта зикр гардидааст, ба шахси дигар иваз намояд ва ба таври хаттӣ суғуртакунандаро огоҳ созад.
Бадастоварандаи фоида наметавонад, баъди он ки e ин ё он eҳдадориро вобаста ба шартномаи суғурта анxом додааст ё ба суғуртакунанда дар мавриди пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта талабот пешниҳод кардааст, ба дигар шахс иваз намояд.
 
Моддаи 1043. Оғози амали шартномаи суғурта
  1. Шартномаи суғурта, агар дар он тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи пардохти мукофоти суғурта ё саҳми нахустини он эътибор пайдо мекунад.
  2. Суғуртаи дар шартнома қайду шартшуда ба ҳодисаҳои суғуртае, ки баъди эътибор пайдо кардани шартномаи суғурта ба вуқeъ пайвастаанд, татбиқ мегардад.
 
Моддаи 1044. Пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартнома
  1. Шартномаи суғурта то фаро расидани мeҳлати барои он басташуда қатъ мегардад, агар:
1) несту нобуд гардидани амвол бо сабабҳои нисбат ба фарорасии ҳодисаи суғурта  фарқкунанда;
2) тибқи тартиби муқарраргардида аз xониби шахсе, ки таваккали соҳибкорӣ ё таваккали масъулияти шаҳрвандиро вобаста ба ин фаъолият анxом медод, қатъ шудани фаъолияти соҳибкорӣ;
3) ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал эътироф кардани шахсе, ки таваккали масъулияти шаҳрвандиаш суғурта шуда буд.
  1. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза аз шартномаи суғурта даст кашад, агар то лаҳзаи даст кашидан мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда имконияти фарорасии ҳодисаи суғурта аз байн нарафта бошад.
  2. Ҳангоми пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартномаи суғурта вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар ин ҳодисаҳо бо сабабҳое ба миён омада бошанд, ки ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) алоқаманд намебошанд, суғуртакунанда мутаносибан ба вақте ки дар xараёни он суғурта амал мекард, ба як қисми мукофоти суғурта ҳуқуқ дорад ва бояд маблағи изофагии қисми мукофоти суғуртаи гирифтааш-ро баргардонад. Дар ҳолатҳои дигари қатъ гардидани шартномаи суғурта тибқи ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғуртакунанда ҳуқуқи худро барои ҳамаи маблағи мукофоти суғурта нигоҳ медорад.
Ҳангоми пеш аз мeҳлат аз шартномаи суғурта даст кашидани суғурташаванда (бадастоварандаи фоида), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мукофоти суғуртаи ба суғуртакунанда додашуда баргардонида намешавад.
 
Моддаи 1045. Оқибатҳои зиёд кардани таваккали суғурта дар давраи амали шартномаи суғурта
  1. Дар давраи амали шартномаи суғуртаи амвол суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) вазифадор аст ба суғуртакунанда оид ба ошкор гардидани тағйиротҳои муҳими ҳолатҳое, ки e ҳангоми бастани шартнома ба суғуртакунанда баён карда буд, агар ин тағйиротҳо тавонанд ба таври муҳим ба афзудани таваккали суғурта таъсир расонанд, бетаъхир иттилоъ диҳад.
Дар ҳар ҳолат тағйиротҳои муҳим он тағйиротҳое эътироф мегарданд, ки дар шартномаи суғурта (полиси суғурта) қайду шарт шудаанд ва дар қоидаҳои суғуртаи ба суғурташаванда додашуда зикр ёфтаанд.
  1. Суғуртакунанда, ки оид ба ҳолатҳое, ки метавонанд боиси афзоиши таваккали суғурта шаванд, огоҳ гардидааст, ҳуқуқ дорад тағйир додани шартҳои шартнома ё мутаносибан ба афзоиши таваккали суғурта пардохтани мукофоти иловагии суғуртаро талаб намояд.
Агар суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ба иваз намудани шартҳои шартнома ё пардохти мукофоти суғурта эътироз намояд, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 28 ҳамин Кодекс бекор кардани шартномаро талаб намояд.
  1. Ҳангоми аз xониби суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида иxро накардани eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда суғуртакунанда ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи суғурта ва xуброни зарари вобаста ба бекор кардани шартномаро (қисми 5 моддаи 485) талаб кунад.
  2. Суғуртакунанда, агар ҳолатҳое ки метавонистанд боиси афзудани таваккали суѓурта гарданд, бартараф шуда бошанд, ҳуќуќ надорад бекор кардани шартномаро талаб намояд.
  3. Ҳангоми суғуртаи шахсӣ оқибатҳои тағйир додани таваккали суғурта дар давраи амали шартномаи суғурта, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикр гардидаанд, метавонанд танҳо вақте фаро расанд, ки агар онҳо мустақиман дар шартнома пешбинӣ гардида бошанд.
 
Моддаи 1046. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқ ба амволи суғурташуда
Ҳангоми аз шахси ба манфиати он шартномаи суғурта басташуда ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқ ба амволи суғурташуда, ба истиснои ҳолатҳои тибқи асосҳои дар қисми 2 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикргардида маxбурӣ кашида гирифтани амвол ва радди ҳуқуқи моликият (моддаи 260), ҳуқyқ ва eҳдадориҳо оид ба ҳамин шартнома ба шахсе мегузарад, ки ба e ҳуқуқ ба амвол гузаштааст.
Шахсе, ки ба e ҳуқуқ ба амволи суғурташуда гузаштааст бояд фавран дар шакли хаттӣ суғуртакунандаро огоҳ намояд.
 
Моддаи 1047. Огоҳ намудани суғуртакунанда аз  фарорасии ҳодисаи суғурта
  1. Суғурташаванда тибқи шартномаи суғуртаи амвол баъди ба e маълум гардидани фарорасии ҳодисаи суғурта вазифадор аст фавран дар мавриди фарорасии он ба суғуртакунанда ё намояндаи вай хабар диҳад. Агар дар шартнома мeҳлат ва (ё) усули огоҳонӣ пешбинӣ гардида бошад, он бояд дар мeҳлати муайяншуда ва усули муқарраргардида анxом дода шавад.
Чунин eҳдадорӣ инчунин ба зиммаи бадастоварандаи фоида, ки ба манфиати e баста шудани шартномаи суғурта барояш маълум аст, агар e ният дошта бошад, ки ҳуқуқи xуброни суғуртаи тибқи шартномаи ба манфиати e басташударо истифода барад, гузошта мешавад.
  1. Иxро накардани eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар исбот карда нашавад, ки суғуртакунанда оид ба фарорасии ҳодисаи суғурта огоҳ буд ё дар натиxаи надоштани маълумот наметавонист ба eҳдадориҳои суғуртакунанда вобаста ба пардохти xуброни суғурта таъсир расонад, ба суғуртакунанда ҳуқуқ медиҳад пардохти xуброни суғуртаро рад намояд.
  2. Агар ҳодисаи суғурта фавти шахси суғурташуда ё расонидани зарар ба саломатии e бошад, қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда мутаносибан ба шартномаи суғуртаи шахсӣ низ татбиқ мегардад. Дар айни ҳол мeҳлати дар шартнома пешбинигардида оид бо огоҳсозии суғуртакунанда аз бист рeз камтар буда наметавонад.
 
Моддаи 1048. Кам кардани зарар аз ҳодисаи суғурта
  1. Ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртаи пешбининамудаи шартномаи суғуртаи амвол суғурташаванда вазифадор аст барои кам кардани зарари эҳтимолии ҳодиса тамоми тадбирҳои имконпазирро андешад.
Чунин тадбирҳоро андешида, суғурташаванда бояд тибқи дастури суғуртакунанда, агар онҳо ба суғурташаванда иттилоъ дода шуда бошанд, амал кунад.
  1. Хароxоти бо мақсади кам кардани зарар масрафгардида, ки бояд суғуртакунанда xуброн намояд, агар чунин хароxот зарурӣ бошад ё он барои иxрои дастури суғуртакунанда анxом дода шуда бошад, ҳатто агар тадбирҳои дахлдор натиxа надода бошанд ҳам, бояд аз xониби суғуртакунанда пардохта шаванд.
Чунин хароxот мутаносибан ба маблағи суғурта ва арзиши суғурта, сарфи назар аз он ки дар якxоягӣ бо xуброни дигар зарарҳо метавонад аз маблағи суғурта бештар бошад, xуброн карда мешавад.
  1. Суғуртакунанда аз xуброни зараре, ки дар натиxаи аз xониби суғурташаванда дидаю дониста xиҳати кам кардани зарари имконпазир наандешидани тадбирҳо расонида шудааст, озод карда мешавад.
 
Моддаи 1049. Оқибатҳои фаро расидани ҳодисаи суғурта бо гуноҳи суғурташаванда, бадастоварандаи  фоида ё шахси суғурташуда
  1. Суғуртакунанда, агар ҳодисаи суғурта дар натиxаи кирдори бадқасдонаи суғурташаванда, бадастоварандаи фоида ё шахси суғурташуда рух дода бошад, аз пардохти xуброни суғурта озод карда мешавад.
  2. Дар қонун ҳолатҳои аз пардохти xуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол озод кардани суғуртакунанда ё кам кардани андозаи xуброн ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғурта дар натиxаи беэҳтиётии дағалонаи суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1050. Асосҳо барои аз пардохти xуброни суғурта ва маблағи суғурта  озод  кардани суғуртакунанда
  1. Агар дар қонун ё шартномаи суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, суғуртакунанда аз пардохти xуброн суғурта (маблағи суғурта) озод карда мешавад, агар ҳодисаи суғурта вобаста ба натиxаҳои зайл фаро расида бошад:
1) таъсири таркиши силоҳи ядрої, радиатсия ё заҳролудшавии радиоактивӣ; (ЌЧТ аз 22.07.13,№977)
2) амалиётҳои xангӣ,  инчунин xанги шаҳрвандӣ.
  1. Агар дар шартномаи суғуртаи амвол тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, суғуртакунанда аз пардохти зарари бо фармоиши мақомоти давлатӣ дар натиxаи кашида гирифтан, мусодира, реквизитсия, тавқиф ё несту нобуд кардани амвол расонидашуда озод карда мешавад.
 
Моддаи 1051. Радди пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта
  1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) пардохти xуброни суғуртаро вобаста ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаро оид ба шартномаи суғуртаи шахсӣ дар ҳолатҳои зайл рад намояд:
1) агар амали шартномаи суғурта то фаро расидани ҳодисаи суғурта, аз Ҷумла тибқи асосҳои дар моддаҳои 1043 ва 1044 ҳамин Кодекс зикргардида қатъ шуда бошад;
2) агар шартномаи суғурта тибқи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо, аз Ҷумла тибқи асосҳои дар моддаи 1040 ҳамин Кодекс зикргардида қурб надошта бошад;
3) агар суғуртакунанда аз пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта тибқи асосҳои зикрнамудаи моддаҳои 1047 — 1049 ҳамин Кодекс озод карда шуда бошад;
4) агар суғуртакунанда дар мавриди беэътибор донистани шартномаи суғурта тибқи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ё дар бораи бекор кардани шартнома дар натиxаи он, ки суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) барои тафтиши ҳолати ҳодисаи суғурта ё муайян кардани андозаи зарари расонидашуда монеа шудааст,  даъво пешниҳод карда бошад.
  1. Қарори суғуртакунанда дар мавриди радди пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта бояд ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) дар мeҳлати на дертар аз понздаҳ рeзи баъди муроxиати онҳо барои пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта иттилоъ дода шуда, раддия бояд сабаби дақиқ асоснокшударо дар бар гирад.
  2. Раддияи пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта аз xониби суғуртакунанда бо усули нисбат ба e пешниҳод кардани даъво ба суд мавриди баҳс қарор дода шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1052. Пардохти маблағи суғурта оид ба  шартномаи суғуртаи шахсӣ
  1. Маблағи суғурта тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ сарфи назар аз маблағи ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ё бадастоварандаи фоида оид ба суғуртаи иxтимоӣ, таъминоти иxтимоӣ, оид ба дигар шартномаҳои суғурта ё тибқи xуброни зарар тааллуқдошта ба шахсе пардохта мешавад, ки ба манфиати вай шартнома (қисми 2 моддаи 1020) баста шудааст.
  2. Маблағи суғурта тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ, ки ба ворисони шахси суғурташуда мувофиқи асосҳои қисми 2 моддаи 1020 ҳамин Кодекс пардохта мешавад, ба таркиби мероси шахси суғурташуда дохил намешавад.
 
Моддаи 1053. Ба суғуртакунанда гузаштани ҳуқуқи суғурташаванда барои xуброни зарар  (суброгатсия)
  1. Агар шартномаи суғуртаи амвол ё қонун тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ба суғуртакунандае, ки xуброни суғуртаро пардохтааст, дар доираи маблағҳои пардохташуда ҳуқуқи талаби суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) нисбат ба шахсе, ки барои расонидани зарари дар натиxаи суғурта xуброншуда масъулият дорад, мегузарад.
  2. Ҳуқуқи талаби ба суғуртакунанда гузашта аз xониби e бо риояи қоидаҳое, ки муносибати байни суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ва шахси масъули зарарро танзим менамояд, татбиқ карда мешавад.
  3. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) вазифадор аст ба суғуртакунанда тамоми ҳуxxат ва далелҳоро супорида, ба e тамоми маълумотеро, ки xиҳати татбиқи ҳуқуқи талаботи гузашт барояш зарур мебошанд, иттилоъ диҳад.
  4. Агар суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) аз ҳуқуқи талаби худ нисбат ба шахси масъули зараре, ки суғуртакунанда xуброн кардааст, даст кашад ё анxом додани ин ҳуқуқ бо гуноҳи суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) имконнопазир гардад, суғуртакунанда аз пардохти xуброни суғурта пурра озод мегардад.
 
Моддаи 1054. Аз нав суғурта кардан
  1. Таваккали пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта, ки суғуртакунанда мувофиқи шартномаи суғурта ба зиммаи худ қабул кардааст, метавонад аз xониби e пурра ё қисман дар назди дигар суғуртакунанда (суғуртакунандагон) тибқи шартномаи бо охирин басташуда аз нав суғурта карда шавад.
  2. Нисбат ба шартномаи аз нав суғурта кардан, қоидаҳои ҳамин боб, ки бояд нисбат ба суғуртаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда шавад, татбиқ мегардад. Дар айни замон суғуртакунанда оид ба шартномаи суғурта (шартномаи асосӣ), ки шартномаи аз нав суғурта карданро бастааст, дар ҳамин шартнома охирин суғурташаванда ба ҳисоб меравад.
  3. Ҳангоми аз нав суғурта кардан оид ба шартномаи асосии суғурта xиҳати пардохти xуброни суғурта ё маблағи суғурта суғуртакунанда дар назди суғурташаванда масъул боқӣ мемонад.
Вале ҳангоми барҳам додани ташкилоти суғурта, ки оид ба шартномаи асосӣ суғуртакунанда ба ҳисоб меравад, то фаро расидани ҳодисаи суғурта ҳуқуқ ва eҳдадории e оид ба ҳамин шартнома дар қисмати аз нав суғуртакардашуда ба зиммаи суғуртакунандаи  шартномаи аз нав суғурта кардан мегузарад.
  1. Ба таври муттасил бастани як ё якчанд шартномаи аз нав суғурта кардан иxозат дода мешавад. Ҳар яке аз чунин шартномаҳо нисбат ба шартномаи минбаъдаи аз нав суғурта кардан шартномаи асосии суғурта ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 1055. Суғуртаи мутақобила
  1. Шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ метавонанд амволи худ ё дигар манфиатҳои амволии дар қисми 2 моддаи 1015 ҳамин боб зикршударо дар асоси мутақобила, бо роҳи дар xамъиятҳои суғуртаи мутақобила муттаҳид намудани маблағҳои барои ин зарурӣ суғурта кунанд.
  2. Xамъиятҳои суғуртаи мутақобила суғуртаи амвол ва дигар манфиатҳои амволии аъзои худро анxом дода, ташкилотҳои ғайритиxоратӣ мебошанд.
Мушаххасоти вазъи ҳуқуққии xамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва шарти фаъолияти онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонуни суғуртаи мутақобила муайян карда мешавад.
  1. Аз xониби xамъиятҳои суғуртаи мутақобила суғурта кардани амвол ва манфиатҳои амволии аъзои худ, агар дар ҳуxxатҳои муассисии xамъият дар чунин ҳолатҳо бастани шартномаи суғурта пешбинӣ нагардида бошад, мустақиман, дар асоси узвият анxом дода мешавад.
Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба суғурта байни xамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва аъзои он истифода бурда мешавад, зеро дар қонуни суғуртаи мутақобила, ҳуxxатҳои муассисии xамъияти дахлдор ё қоидаҳои тибқи он муқарраргардидаи суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.
  1. Анxом додани суғуртаи ҳатмӣ бо роҳи суғуртаи мутақобила танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни суғуртаи мутақобила иxозат дода мешавад.
  2. Xамъияти суғуртаи мутақобила метавонад ба сифати суғуртакунанда суғуртаи манфиати ашхосеро, ки узви он намебошанд, агар чунин фаъолияти суғурта дар ҳуxxатҳои муассисии он пешбинӣ гардида бошад, агар xамъият дар шакли ташкилоти тиxоратӣ таъсис ёфта бошад, барои анxом додани суғуртаи навъи муайян иxозатнома (литсензия) дошта бошад ва ба дигар талаботи муқаррарнамудаи қонун оид ба ташкили фаъолияти суғурта xавобгe бошад, анxом диҳад.
Суғуртаи манфиатҳои ашхосе, ки узви xамъияти суғуртаи мутақобила намебошанд, аз xониби xамъият тибқи шартнома мувофиқи қоидаҳои ҳамин боб анxом дода мешавад.
 
Моддаи 1056. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ
  1. Бо мақсади таъмини манфиатҳои иxтимоии шаҳрвандон ва манфиатҳои давлат тибқи қонун суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт, саломатӣ ва амволи гурeҳҳои муайяни маъмурин (хизматчиён)-и давлатӣ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
Суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз ҳисоби маблақғое, ки барои чунин мақсад аз буxети давлат xудо карда мешаванд, сурат мегирад.
  1. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ мустақиман дар асоси қонунҳо оид ба чунин суғурта, ки дар ин ҳуxxатҳо аз xониби ташкилотҳoи суғуртаи давлатӣё дигар мақомоти давлатӣ (суғуртакунандагон) зикр намудаанд ё дар асоси шартномаи суғурта, ки мутобиқи ҳамин ҳуxxатҳо байни суғурташаванда ва суғуртакунанда баста мешавад, сурат мегирад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ татбиқ мегардад, зеро дар қонун оид ба чунин суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст ва аз моҳияти муносибатҳои дахлдори вобаста ба суғурта барнамеояд.
 
Моддаи 1057. Истифодаи қоидаҳои умумии суғурта нисбат ба навъҳои махсуси суғурта
Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нисбат ба суғуртаи инвеститсияҳои хориxӣ аз таваккали ғайритиxоратӣ, суғуртаи баҳрӣ, суғуртаи тиббӣ, суғуртаи пасандозҳои бонк ва  суғуртаи нафақа истифода бурда мешаванд, зеро дар қонун оид ба чунин навъи  суғуртаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
 
БОБИ 52. Фаъолияти якxоя (ширкати оддӣ)
 
Моддаи 1058. Шартномаи фаъолияти якxоя (ширкати оддӣ)
  1. Тибқи шартномаи фаъолияти якxоя ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якxоя) ду ё зиёда ашхосе, ки шарикон номида мешаванд, eҳдадор мегарданд ҳиссаҳои худро муттаҳид намуда, якxоя, бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсади дигар, ки хилофи қонун намебошад, амал кунанд.
  2. Шартномаи фаъолияти якxоя бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  3. Тарафҳои шартномаи фаъолияти якxоя, ки xиҳати анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ баста мешавад, танҳо соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиxоратӣ буда метавонанд.
 
Моддаи 1059. Ҳиссаи шарикон
  1. Ҳиссаи шарик ҳамаи он чизе, ки e ба манфиати кори умум гузаронидааст, аз Ҷумла пул, амволи дигар, дониши касбӣ ва дониши дигар, малака ва маҳорат, инчунин эътибори корӣ ва робитаҳои корӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Агар аз шартнома ё ҳолатҳои воқеӣ тартиби дигаре барнаояд, ҳиссаи шарикон баробар тахмин карда мешавад. Арзёбии арзиши пулии ҳиссаи шарик тибқи созишномаи байни шарикон анxом дода мешавад.
 
Моддаи 1060. Амволи умумии шарикон
  1. Амволи додаи шарикон, ки онро тибқи ҳуқуқи моликият соҳиб буданд, инчунин маҳсулоти дар натиxаи фаъолияти муштарак истеҳсолгардида, маҳсул ва даромади аз чунин фаъолият бадастовардашуда моликияти умумии ҳиссавии онҳо эътироф мегардад, зеро дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
Амволи таҳти моликияти умумии ҳиссавии шарикон қарордошта, инчунин талаботи умумии онҳо ва ҳуқуқҳои мустаснои умумии онҳо амволи умумии шариконро ташаккул медиҳад. Амволи умумӣ ба манфиати ҳамаи шарикон истифода бурда мешавад.
  1. Пешбурди баҳисобгирии муҳосибавии амволи умумӣ метавонад ба яке аз шахси ҳуқуқии иштирокчиёни ширкат супурда шавад.
  2. Истифодаи амволи умумии шарикон бо мувофиқаи умумии онҳо ва дар сурати ба мувофиқа нарасидан, тибқи тартиби муқаррарнамудаи суд сурат мегирад.
  3. Eҳдадории шарикон оид ба эҳтиёти амволи умум ва тартиби xуброни хароxоти вобаста ба иxрои ин eҳдадориҳо дар шартнома пешбинӣ карда мешавад.
 
Моддаи 1061. Пешбурди корҳои умумии шарикон
  1. Пешбурди корҳои умумии иштирокчиёни шартнома оид ба фаъолияти якxоя тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома анxом дода мешавад.
  2. Ҳангоми пешбурди корҳои умумӣ, агар дар шартнома муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни он корро якxоя пеш мебаранд ва ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супурда шудааст, ҳар як шарик ҳуқуқ дорад аз номи шарикони худ баромад кунад.
Ҳангоми пешбурди яxояи кор барои анxом додани ҳар як аҳд  розигии шарикон талаб карда мешавад.
  1. Дар муносибат бо ашхоси сеюм салоҳияти шарик дар мавриди аз номи шарикон бастани аҳд тибқи ваколатномае, ки ба e шарикон додаанд, тасдиқ карда мешавад ё аз шартномаи ширкати оддӣ чунин аён мегардад.
  2. Дар муносибат бо ашхоси сеюм шарикон наметавонанд ба маҳдуд будани ҳуқуқ оиди пешбурди корҳои умумии шарике, ки аҳдро анxомдода, ба истиснои ҳолате ки агар онҳо исбот намоянд, ки ҳангоми бастани аҳд дар мавриди мавxудияти чунин маҳдудият шахси сеюм медонист ё бояд қаблан медонист, истинод намоянд.
  3. Шарике, ки аз номи тамоми шарикон аҳдҳо бастааст ва нисбат ба онҳо ҳуқуқи e барои пешбурд маҳдуд гардида буд ё ба манфиати шарикон аҳдро аз номи худаш бастааст, агар зарурати ин аҳд дар мeҳлатҳои қобили қабул аз xониби иштирокчиёни дигар мавриди баҳс қарор нагирифта бошад, ба xуброни маблағҳои хароxоти аз ҳисоби худ масрафнамудааш ҳуқуқ дорад.
Агар бо чунин аҳдҳо ба шарикони дигар зарар расонида шуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд xуброни зарарро талаб намоянд.
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарорҳои марбут ба корҳои умумӣ аз xониби шарикон бо мувофиқаи умум қабул карда мешаванд.
  2. Иштирокчиёни шартномае, ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор шудаанд, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба подошпулии алоҳида ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 1062. Ҳуқуқи шарик ба маълумот
Ҳар як шарик, сарфи назар аз он ки барои пешбурди корҳои умумӣ салоҳият дорад ё на, ҳуқуқ дорад бо ҳамаи ҳуxxатҳои пешбурди кор  шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз Ҷумла бо мувофиқаи шарикон, иxозат дода намешавад.
 
Моддаи 1063. Хароxоти умумӣ, зарар ва масъулияти  шарикон
  1. Тартиби пeшонидани хароxот ва зарари вобаста ба фаъолияти якxояи шарикон тибқи созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми мавxуд набудани чунин созишнома ҳар як шарик хароxот ва зарари худро мутаносибан ба арзиш ҳиссаи e дар кори умумӣ ба зимма дорад.
Созишномае, ки яке аз шариконро аз  иштирок дар пeшонидани хароxот ё зарар озод мекунад, иxозат дода намешавад.
  1. Агар шартномаи фаъолияти якxоя бо фаъолияти соҳибкории анxомдодашавандаи аъзои он иртибот надошта бошад, дар он сурат вобаста ба eҳдадории шартномавии умумӣ ҳар як шарик мутаносибан ба арзиши ҳиссаи он дар кори умумӣ xавобгe мебошад.
Оид ба eҳдадориҳои умумӣ, ки аз шартнома ба миён наомадааст, шарикон муштарак xавобгар мебошанд.
Агар шартномаи фаъолияти якxоя бо анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз xониби иштирокчиёни он алоқаманд бошад, оид ба eҳдадориҳои умумӣ шарикон муштарак xавобгар мебошанд.
 
Моддаи 1064. Тақсими фоида
Фоидаи дар натиxаи фаъолияти якxоя бадастовардаи шарикон, агар дар шартнома ё дигар созишномаи шарикон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мутаносибан ба арзиши ҳиссаи шарикон ба кори умумӣ тақсим карда мешавад.  Созишнома дар мавриди аз иштирок дар фоида бартарф кардани яке аз шарикон иxозат дода намешавад.
 
Моддаи 1065. Xудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредитори он
Кредитори иштирокчии шартномаи фаъолияти якxоя ҳуқуқ дорад оид ба xудо кардани ҳиссаи e дар амволи умумӣ тибқи моддаи 303 ҳамин Кодекс талабот пешниҳод намояд.
 
Моддаи 1066. Қатъи шартномаи фаъолияти якxоя
  1. Шартномаи фаъолияти якxоя дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:
1) дар натиxаи бедарак ғоиб шуда, ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал эълон кардани яке аз шарикон;
2) дар натиxаи ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон кардани яке аз шарикон;
3) дар натиxаи фавти яке аз шарикон ё барҳам додан ё аз нав ташкилшавии шахси ҳуқуқии иштирокчии шартнома, агар дар шартнома ё созишномаи минбаъда нигоҳ доштани шартнома дар муносибат байни шарикони дигар ё иваз кардани шарики фавтида (шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшуда) бо ворисони он (ворисони ҳуқуқӣ) пешбинӣ нагардида бошад;
4) дар натиxаи аз иштирок дар шартномаи бемeҳлати фаъолияти якxоя даст кашидани яке аз шарикон;
5) дар натиxаи бекор кардани шартномаи фаъолияти якxояи бо зикри мeҳлат басташуда, тибқи талаби яке аз шарикон дар муносибати байни e ва шарикони дигар;
6) дар натиxаи бекор кардани шартномаи фаъолияти якxоя бо созишномаи тарафҳо;
7) дар натиxаи гузашти мeҳлати шартномаи фаъолияти якxоя;
8) дар натиxаи ноил шудан ба мақсадҳои шартномаи фаъолияти якxоя ё фарорасии шароите, ки ноил шудан ба ин мақсадҳоро имконнопазир мегардонад;
9) дар натиxаи xудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредитори он;
10) тибқи асосҳои дигаре, ки ҳамин Кодекс ё шартномаи фаъолияти якxоя пешбинӣ намудаанд.
Дар шартномаи фаъолияти якxоя ё созишномаи минбаъдаи иштирокчиён дар ҳолатҳои дар бандҳои якум, дуюм, чорум, панҶум ва нуҳуми ҳамин қисм зикргардида нигоҳ доштани шартнома дар муносибат байни дигар шарикон пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
  1. Ҳангоми қатъи шартномаи фаъолияти якxоя ашёе, ки барои соҳибии умум ва (ё) истифодаи шарикон дода шуда буд, бидуни подошпулӣ ба шарикони онҳоро фароҳамоварда баргардонида мешавад, зеро дар созишномаи тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардидааст.
Аз лаҳзаи қатъи шартномаи фаъолияти якxоя иштирокчиёни он вобаста ба иxро накардани eҳдадориҳои умумӣ дар назди ашхоси сеюм масъулияти муштарак доранд.
Тақсими амволи таҳти моликияти умумии шарикон қарордошта ва ҳуқуқҳои умумии талаби байни онҳо бамиёномада тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 302 ҳамин Кодекс анxом дода мешавад.
Шарике, ки ба моликияти умумӣ ашёи инфироди муайяншударо фароҳам овардааст, ҳуқуқ дорад ҳангоми қатъи шартномаи фаъолияти якxоя, бо шарти риояи манфиатҳои шарикони боқимонда ва  кредиторон ба e баргардонидани ин ашёро талаб кунад.
 
Моддаи 1067. Радд кардани шартномаи бемeҳлати фаъолияти якxоя
Ариза дар мавриди шартномаи бемeҳлати фаъолияти якxояро рад кардани шахс бояд аз xониби чунин шахс дар мeҳлати на дертар аз се моҳ то лаҳзаи эҳтимолии аз шартнома баромадан, агар дар шартнома мeҳлати дигар пешбинӣ нагардида бошад, арз карда шавад.
Созишнома дар хусуси маҳдуд кардани ҳуқуқи радди шартномаи бемeҳлати фаъолияти якxоя иxозат дода намешавад.
 
Моддаи 1068. Бекор кардани шартномаи фаъолияти  якxоя бо талаби тарафҳо
Дар баробари асосҳои дар банди 1 қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс зикргардида тарафи шартномаи фаъолияти якxояе, ки бо зикри мeҳлат ё бо зикри мақсад ба сифати шарти бекор сохтан баста шудааст, ҳуқуқ дорад бо сабабҳои узрнок дар муносибати байни худ ва дигар шарикон бекор кардани шартномаро бо xуброни зарари воқеии вобаста ба бекор кардани шартнома ба шарикони боқимонда расонидашуда, талаб кунад.
 
Моддаи 1069. Масъулияти шарике, ки аз шартнома даст кашидааст ё бекор кардани онро  талаб кардааст