Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад

11 Декабр 1999, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод. 326)
 
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти қарзгирии давлатӣ аз xониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзгирии ғайридавлатиеро, ки аз xониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини кафолати давлатӣ ба вуқeъ мепайванданд танзим намуда, инчунин xараёни идора намудани қарзи давлатӣ ва қарзи бо кафолати давлатӣ гирифта шударо таъмин менамояд.
 
Боби I. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳо истифода карда мешаванд:
1) пули қарзи давлатӣ — қарзе, ки қарзбардори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
2) қарзи давлатӣ — маблағи гирифташуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи давлатӣ дар мeҳлати муқаррар гардида;
3) кафолати давлатӣ – eҳдадории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қарздиҳанда xиҳати пурра ё қисман пардохт намудани қарз дар ҳолати аз xониби қарзбардор-намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз дар мeҳлати муайяншуда;
4) қарзи аз xониби давлат кафолат додашуда — маблағи дар мeҳлати муайян гирифта шуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи ғайридавлатӣ, ки кафолати давлатӣ дорад;
5) пули қарзи аз xониби давлат кафолат додашуда — пули қарзи ғайридавлатие, ки барои он кафолати давлатӣ вуxуд дорад;
6) созишнома (қарордод) оиди пули қарз – ҳуxxате, ки дар он муносибатҳои ҳуқуқӣ дарx гардидааст ва мувофиқи он қарзбардор маблағи қарзро мегирад ва дар назди қарздиҳанда eҳдадории бозпардохти қарз, додани баҳрабардорӣ, инчунин дигар бозпардохтҳои алоқаманд бо пули қарзро дорад;
7) андозаи қарзи давлатӣ — маблағи дар буxети давлатӣ ба нақша гирифташаванда ва дар соли мувофиқ муайян гардида ва гирифташуда, вале бозпардохт нагардидаи пули қарз, ки набояд аз қарзи ҳақиқии давлатӣ дар охири соли молиявӣ зиёд бошад;
8) андозаи додани кафолати давлатӣ — маблағи муайяншуда ва тасдиқ гардида дар таркиби буxети давлатӣ дар соли мувофиқи молиявӣ, ки дар ҳудуди он имкони додани кафолати давлатӣ вуxуд дорад;
9) андозаи қарзгирии давлатӣ — дар соли мувофиқ дар буxети давлатӣ муқаррар намудани ҳудуди ҳаxми пули қарзи давлатии аз нав xалбшаванда;
10) намояндаҳо (резидентҳо):
а) ашхоси воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти доимӣ доранд, аз Ҷумла ашхоси муваққатан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мебошанд;
б) ашхоси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ва ба қайд гирифта шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон xойгиранд;
в) корхона ва ташкилотҳое, ки ашхоси ҳуқуқӣ намебошанд, вале мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон xойгиранд;
г) намояндагиҳои дипломатӣ, тиxоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон xойгиранд;
д) шeъбаҳо ва намояндагии намояндагоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон xойгиранд ва дар зербанди «б» ва «в» банди мазкур нишон дода шудаанд.
11) Ғайри намояндагон
ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки намоянда намебошанд.
12) Пули қарз ё қарзи берунӣ — пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгирӣ, ғайринамоянда мебошад;
13) Пули қарз ё қарзи дохилӣ — пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгирӣ, намоянда мебошад;
14) Коғазҳои қимматноки давлатӣ — варақаи қарзии қарзгирии давлатӣ;
15) Барномаи сармоягузории давлатӣ — барномаи сармоягузории васоити давлатӣ, аз ҳисоби пули қарз ва дороии худ дар қисматҳои бартаридоштаи иқтисодиёт, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
16) Кафолати xавобӣ — кафолати бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар нафъи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати таъмини гирифтани кафолати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар нафъи қарздиҳанда, барои пули қарзи намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода мешавад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шуда, аз Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқии аз xониби Тоҷикистон эътироф гардида, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мақсади қарзгирии давлатӣ
Мақсади қарзгирии давлатӣ аз xалб намудани воситаҳои зарурӣ барои иxрои буxет ва бозпардохти қарзи давлатӣ иборат аст.
Воситаҳое, ки аз рeи пули қарзи давлатӣ гирифта шудаанд ба ҳисоби буxети давлатӣ гузаронида мешаванд ва барои иxрои буxет истифода карда мешаванд, аз Ҷумла ба таври истифодаи бебозгашт (хароxотҳои буxетӣ) ё ин ки пешниҳод намудан ба қарзбардорони дохилӣ (қарзбардорони охирин) дар асоси бозгардонидани пули қарз.
 
Моддаи 4. Андозаҳои қарзгирии давлатӣ, қарзи давлатӣ ва кафолатҳои давлатӣ
Андозаҳои қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, инчунин кафолатҳои давлатӣ дар қонун дар бораи буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли марбута, муқаррар карда мешаванд.
Андозаҳо бо арзи миллӣ ва хориxӣ муқаррар карда мешаванд. Андозаҳо дар он сурат риоя шуда ба ҳисоб мераванд, ки агар мушахассоти онҳо бо яке аз арзҳои дарxгардида мувофиқат дошта бошанд.
Маблағи қарзи давлатие, ки аз кафолати давлатӣ ба қарзи давлатӣ мубаддал мегардад, ҳангоми баҳодиҳии андозаи муқарраршудаи қарзи давлатӣ, ба эътибор гирифта намешавад.
Дар ҳолате, ки қарзи давлатии xалбгардида барои бозпардохти eҳдадориҳои қарзии мeҳлаташон расида, аз рeи бозгардонии қисми асосии қарзи давлатӣ равона карда мешавад, ҳаxми ин қарзгирӣ мутобиқи андозаи бозпардохти дар пеш буда, ҳангоми баҳо додан ба риояи андозаи муқаррар гардидаи қарзи гирифтаи давлатӣ, ба эътибор гирифта намешавад.
 
Моддаи 5. Ваколати мақомоти давлатӣ дар соҳаи қарзгирӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ
Маxлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоcикистон:
Ҳуқуқҳои ба e додаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, буxети давлатиро тасдиқ мекунад, барои додан ва гирифтани қарзи давлатӣ иxозат медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ҳукумат):
1) ҳар сол, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буxети давлатӣ, барномаи қаразгириро дар соли оянда қабул менамояд, ки мувофиқи он қарзгирии давлатӣ бо назардошти сиёсати буxетии давлат ва барномаи сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор мегирад;
2) оид ба зарурияти xалб намудани пули қарзи давлатӣ ё пули қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад, қарор қабул менамояд;
3) тартиби бурдани гуфтушунидро бо қарздиҳандагон, имзо намудани ҳуxxатҳои мувофиқро барои гирифтани қарз, гирифтан, хисоб бурдан ва истифода кардани воситаҳои қарзӣ, инчунин идора намудан ва пардохт кардани қарзҳои гирифтаи давлатиро, муайян мекунад;
4) идора намудани қарзи давлатиро ташкил мекунад;
5) дар таркиби лоиҳои буxети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ, маблағи қарзгирии давлатии ба ин буxет дохилшаванда, андозаҳои қарзи давлатӣ, қарзгирии давлатӣ, андозаҳои кафолатҳои давлатии додашаванда ва маблағи воситаҳои қарзиро, ки барои идора кардани қарзи давлатӣ пешбинӣ шудааст, инчунин маблағи зарурии захираи буxетӣ, ки барои идора намудани eҳдадориҳои аз рeи кафолатҳои давлатӣ дода шударо муайян мекунад;
6) салоҳияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлатӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ муқаррар мекунад;
7) фаъолияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлатӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ, ҳамоҳанг месозад;
8) ҳамчун кафили қарзҳои гирифташудаи ғайридавлатии кафолати давлатӣ дошта, баромад мекунад;
9) дигар ваколатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, мавриди амал қарор медиҳад.
Бонки Миллии Тоҷикистон:
1) бо ризоияти Ҳукумат хизматрасонии техникии қарзи давлатиро, амалӣ мегардонад;
2) ба Ҳукумат мувофиқи қонун қарз медиҳад;
3) бо ризоияти Ҳукумат, аз номи e метавонад мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон», қарзи давлатӣ бигирад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорати молия):
1) барномаи гирифтани қарзро барои соли оянда дар асоси дурнамои тeлонии рушди иқтисодӣ бо назардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, тарҳрезӣ менамояд;
2) ба Ҳукумат оиди зарурияти xалб намудани васоити қарзиро пешниҳод ироа менамояд, ҳисоби қарзҳои гирифтаи давлатиро мебарад;
3) воситаҳои пулии қарзҳои давлатиро мегирад, мавриди истифода қарор медиҳад ва бозгардонидани онҳоро мувофиқи андоза ва ваколатҳои аз xониби Ҳукумат муайяншуда, агар дар шартномаҳои қарзгирӣ он пешбинӣ шуда бошад, амалӣ мегардонад;
4) қарзҳои давлатиро идора менамояд;
5) ба дигар бонкҳо барои хизматрасонии қарзҳои давлатӣ ваколат медиҳад;
6) дар асоси қарорҳои Ҳукумат коғазҳои қимматноки давлатӣ мебарорад;
7) дар асоси қарорҳои Ҳукумат кафолати давлатӣ медиҳад;
8) дигар ваколатҳои дар Қонуни мазкур пешбинӣ шударо мавриди амал қарор медиҳад.
Ҳеx ягон мақомоти давлатӣ ба ғайр аз Вазорати молия ва бонки Миллии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани қарзгирии давлатиро надоранд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ҳукуматҳо) дар маҳалҳо ҳуқуқи амалӣ гардонидани қарзгирии давлатиро дар чӣ шакле, ки набошад, надоранд.
 
Моддаи 6. Комиссияи Байниидоравӣ оиди қарзҳои берунии давлатӣ
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои қарзҳои хориxии ба Ҷумҳурӣ xалбшаванда, ки қарзҳои давлатии беруниро ташкил медиҳанд, иxро намудани шартҳои пули қарзи давлатӣ ва ё аз xониби давлат кафолат дода шуда, аз тарафи Ҳукумат комиссияи Байниидоравӣ оид ба қарзҳои берунӣ таҳти раёсати Вазири молия таъсис дода мешааад. Дар ҳайати комиссияи Байниидоравӣ Раиси бонки Миллии Тоҷикистон, инчунин дигар роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳдиди Ҳукумат дохил карда мешаванд.
Комиссия фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз xониби Ҳукумат тасдиқ гардида, мавриди амал қарор медиҳад.
 
Моддаи 7. Бурдани ҳисоби қарзи давлатӣ ва кафолати давлатӣ барои гирифтани пули қарз
Вазорати молия ҳамаи eҳдадориҳои аз рeи қарзи давлатӣ гирифташуда, кафолатҳои давлатии аз xониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда ва қарзҳои гирифташавандаи кафолатнокро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат ба қайд гирифта, ҳисоббарии ҳамаи онҳоро xорӣ менамояд.
Маълумотҳои ҳисоботие, ки бояд тавсиф ва ахбори оморӣ дошта бошанд, мувофиқи тартиботи муқарраршуда, ба дафтари қайди ҳисобдорӣ ворид карда мешаванд.
Дафтари қайди қарзи давлатӣ ва дафтари қайди кафолатҳои давлатии қарзгирӣ мунтазам аз xониби Вазорати молия таxдид карда шуда, нашр карда мешаванд.
 
Боби II. Қарзгирии давлатӣ ва қарзи давлатӣ
 
Моддаи 8. Иxро намудани eҳдадориҳо ва шартҳои қарзи давлатӣ
Ҳукумат бозпардохти пурраи маблағи баҳрабардорӣ ва маблағи асосии қарзи давлатиро мувофиқи шартҳои коғазҳои қимматноки давлатӣ ё созишномаи оид ба гирифтани қарзро новобаста аз он ки eҳдадориҳо (маблағxудокуниҳо) дар таркиби буxети давлатӣ дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.
 
Моддаи 9. Шаклҳои қарзгирии давлатӣ
Қарзгирии давлатӣ аз чунин шаклҳо иборат аст:
1) Коғазҳои қимматноки давлатӣ;
2) Созишномаҳо оид ба пули қарз.
 
Моддаи 10. Коғазҳои қимматноки давлатӣ
Ба Вазорати молия чунин ҳуқуқи истисноӣ дода мешавад:
— барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;
— қабул намудани қарор оид ба шартҳои сиришта кардан ва ба фурeш баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ дар бозор.
Бонки Миллии Тоҷикистон мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон» ва бо ризоияти Ҳукумат метавонад дар ташкили хизматрасонии коғазҳои қимматноки давлатӣ иштирок дошта бошад.
Барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ дар шакли бесанад ва санаддор дар натиxаи истифода кардани шаҳодатномаи пулии умумӣ ё шаҳодатномаи пулии алоҳида амалӣ мегардад. Вазорати молия инчунин ваколатдор аст, ки бевосита ё тавассути намояндаи ташкилотҳои хазинаи давлатӣ сохти компютерикунонидашудаи барориши коғазҳои қимматноки давлатии бесанадро ба роҳ монад.
Барориши коғазҳои қимматноки давлатие, ки дар шакли гузаронидан бо сохти бесанад амалӣ мегарданд, баробарарзиш ба коғазҳои қимматноки шакли санаддор мебошанд, ба истиснои он, ки барориш, бурдани ҳисобот амалиёт бо чунин коғазҳои қимматнок бо илдоваи бозпардохт, бо роҳи гузаронидан (феълан дар шакли компютеришуда) ба воситаи миёнаравҳое, ки вазифаи вакил ё нигоҳдорандаро иxро мекунанд, сурат мегирад.
Дар ҳолати истифода бурдани шаҳодатномаи пулии умумӣ, барои тасдиқи барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ, чун шаҳодатномаи пулии ягона маxмeи элементҳои як пули қарзро ифода мекунад, яъне маблағи умумии барориши як намуди муайяни бо ҳамон таърихи муайян барориш, мeҳлати бозпардохт ва ғайраро дар бар мегирад. Шаҳодатномаи пулии умумӣ аз xониби Вазорати молия бароварда шуда, рақами ба худ хосро мегирад ва дар амонат гузошта шуда, дар бонки Миллии Тоҷикистон бо таърихи барориш, то бозпардохт гардидани шаҳодатнома аз рeи расидани мeҳлаташ нигоҳ дошта мешавад. Талаботи сармоягузорон, ки дар ин шаҳодатномаи пулӣ нишон дода шудаанд, дар ҳисобҳои бухгалтерӣ ба воситаи миёнравҳо дарx шуда, ҳамин тавр, ҳамчун коғазҳои қимматноки фақат дар шакли ҳисоботи бухгалтерӣ бароварда шуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Коғазҳои қимматноки давлатии дар шакли санад нашр шуда, аз рeи номгeи пули қарз, шумораи умумӣ, арзиши пулӣ, таърихи барориш ва бозпардохт мутобиқ карда мешаванд ва онҳо метавонанд марбут ба шахси алоҳида ё пешниҳодкунанда бошанд.
Коғазҳои қимматноки давлатие, ки дар шакли бесанад ва санаддор бароварда мешаванд, аз рeи шартҳо ва ҳолатҳои барориши онҳо, ки бо санадҳои меъёрии Вазорати молия танзим мегарданд, муайян карда мешаванд. Аз рeи шартҳои истифодабариашон, коғазҳои қимматноки давлатӣ метавонанд муомилотӣ ва ғайримуомилотӣ (амрӣ ё ғайри амрӣ) бошанд. Онҳо метавонанд аз музояда бо дисконт, ё нархи муайянкардашуда ва ё аз рeи қурбнокӣ фурeхта шаванд. Вазорати молия арзиши пулии коғазҳои қимматнок, таърихи барориш ва бозпардохт ва ҳаxми пешниҳодшавандаи онҳо, инчунин мeҳлатҳои пардохти баҳрабардориро ҳангоми ҳисоб кардани онҳо, муайян мекунад.
 
Боби III. Кафолати давлатӣ аз рeи пули қарз
 
Моддаи 11. Кафолати давлатӣ аз рeи пули қарз
Кафолати давлатӣ, яке аз eҳдадории шартноки Ҳукумат мувофиқи шартҳои созишномаи кафолатнок (eҳдадориҳои кафолатнок) мебошад. Eҳдадорӣ фақат дар он сурат мувофиқи шартҳои кафолат, мавриди амал қарор мегирад, ки агар гирандаи воситаҳои пулии қарз, ки аз рeи он кафолат дода шудааст, бозпардохти ин қарзро пурра ва ё қисман, бо баҳрабардории муқараршуда, мувофиқи муқаррароти созишнома оиди пули қарз ва ҳуxxатҳои дахлдори меъёрӣ, иxро накарда бошад.
Кафолатҳои дохилии давлатӣ аз рeи пули қарз ва кафолатҳои берунии давлатӣ аз рeи пули қарз мувофиқан дар он ҳангом ба қарзи дохилӣ ва берунии давлатӣ мубаддал мегарданд, ки агар Вазорати молия мувофиқи шартҳои кафолат, маблағ ё маблағҳои ҳисоб кардашударо аз рeи пули қарзе, ки кафолат дода шудааст, мувофиқи шартҳои қарзгирӣ, адо нагардида, муайян намояд. Ин муайянкунӣ аз хулосаи хаттии Вазорати молия иборат буда, оид ба зиммаи Ҳукумат гузоштани иxрои eҳдадории пардохти пули қарзро, мувофиқи кафолати давлатии додашуда, тасдиқ мекунад.
 
Модддаи 12. Ваколат барои додани кафолати давлатӣ xиҳати гирифтани пули қарз
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат Вазорати молия ягона мақоми ваколатдор аст, ки кафолати давлатӣ бидиҳад. Кафолати давлатӣ фақат дар асоси қарори ҳукумат, мувофиқи андозаи дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буxети давлатӣ» дар соли мувофиқ дода мешавад. Тартиб ва шартҳои додани кафолати давлатиро Ҳукумат муқаррар мекунад. Барои додани кафолати давлатӣ мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррар кардаи Ҳукумат хироx гирифта мешавад.
 
Модддаи 13. Талаботҳои умумие, ки ба ашхоси дархосткунанда пешниҳод карда мешаванд
Ашхоси дархосткунанда барои гирифтани кафолати давлатӣ eҳдадоранд:
а) шахси ҳуқуқӣ ва намояндаи (резиденти) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
б) фаъолияти соҳибкорро амалӣ гардонанд;
в) соҳиби дороӣ буда, ё кафолати xавобии шахси сеюмро, ки талаботи ба кафолати xавобӣ марбутро ба сифати бозгардонии пули қарз қонеъ гардонад, дошта бошад.
г) аз рeи кафолати давлатии пештар дода шуда eҳдадориҳои бидуни иxро монда ва дигар eҳдадориҳо дар назди буxет надошта бошад.
Ҳукумат метавонад дигар талаботҳои иловагии ба ашхоси дархосткунанда пешниҳодшавандаро, ки ба Қонуни мазкур мухолиф набошанд, вобаста ба шартҳои қарзгирии ғайридавлатӣ ва дараxаи бехавфии лоиҳаи сармоягузорӣ муқаррар намояд.
 
Моддаи 14. Интихоб намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои додани кафолати давлатӣ
Кафолатҳои давлатӣ мувофиқи рeйхати ҳарсола тасдиқкардаи Ҳукумат оиди бахшҳои бартарӣ доштаи иқтисодиёт, барои фарзан маблағгузорӣ кардан аз ҳисоби xалб намудани қарзҳои ғайридавлатӣ бо кафолати давлатӣ, дода мешаванд. Рeйхати мазкур дар матбуот бояд ҳатман нашр карда шавад.
Интихоб намудани лоиҳаи сармоягузорӣ аз xониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, дар асоси мусобиқа (конкурс), мувофиқи тартиби муайян кардаи Ҳукумат, бо хулоса ва баҳодиҳии фоиданокии иқтисодии лоиҳа амалӣ мегардад.
Барои иштирок дар мусобиқаи (конкурси) лоиҳаҳои сармоягузорӣ, шахси дархосткунанда ба мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, муроxиат мекунад.
Дар ҳолате, ки шахси дархосткунанда эътибори қарзадокунии дахлдор ва таъмини зарурии eҳдадории кафолатнокро аз рeи лоиҳаи сармоягузорӣ дошта бошад, ё ин ки аз рeи чунин лоиҳа кафолати xавобии мувофиқи шахси сейeмро дошта бошад, он гоҳ шахси дархосткунанда ҳуқуқ дорад бевосита ба Вазорати молия барои гирифтани кафолати давлатӣ муроxиат намояд.
Дараxаи эътибори қарзадокунӣ, рeйхати намояндагиҳои бо эътибор ва талаботҳое, ки кафолатдиҳандагони xавобӣ пешниҳод карда мешаванд, аз xониби Ҳукумат муқаррар карда мешаванд.
Вазорати молия аз рeи дархостҳои қабул намудааш, инчунин аз рeи дархостҳои ворид гардидае, ки аз xониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор кардааст, хулосаи мусбӣ доранд, аз рeи шартҳои маблағгузории лоиҳа, дар чаҳорчeби андозаи кафолатҳои давлатӣ хулоса дода, рeйхати лоиҳаҳои сармоягузориҳоеро, ки аз ҳисоби xалб намудани қарзҳои кафолати давлатӣ дошта маблағгузорӣ карда мешаванд, ба комиссияи Байниидоравӣ оид ба қарзҳои берунаи давлатӣ, пешниҳод мекунад.
Ҳукумат, рeйхати пешниҳод намудаи комиссияи Байниидоравии оид ба қарзҳои берунаи давлатиро, дар бораи лоиҳае, ки аз ҳисоби xалб намудани қарзҳои бо кафолати давлатӣ гирифташаванда маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 15. Шакли кафолати давлатӣ
Кафолати давлатӣ бояд шакли созишномаро дар бораи додани кафолати давлатӣ (созишномаи кафолатнок), ки байни Вазорати молия ва қарздиҳанда баста мешавад ё ин ки хабарномаи хаттии (eҳдадории кафолатнок) Вазорати молияро, дошта бошад.
Созишномаи кафолатдор аз лаҳзаи аз xониби тарафайн имзо гардиданаш, мавриди амал қарор мегирад, агар дар созишнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Eҳдадории кафолатдор аз рeзи дода шуданаш амалӣ мегардад.
Созишномаи кафолатдор, eҳдадории кафолатдор аз рeи ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ аз xониби Вазири молия ё шахси вазифаи eро иxрокунанда имзо карда мешавад.
Ҳамаи кафолатҳои давлатӣ мувофиқи тартиби муқарар намудаи Вазорати молия ба қайд гирифта мешаванд.
 
Моддаи 16. Мазмуни кафолати давлатӣ
Дар созишномаи кафолатдор ва eҳдадории кафолатдор бояд нишон дода шаванд:
1) қарори Ҳукумат, ки мувофиқи он лоиҳаи сармоягузори дар рeйхати лоиҳаиҳои сармоягузории аз ҳисоби xалб намудани қарзҳои дорои кафолати давлатӣ маблағгузоришаванда дохил шуда бошад;
2) шахси мансабдоре, ки кафолати давлатӣ дода мешавад;
3) маблағи умумие, ки барои он кафолати давлатӣ дода мешавад;
4) мазмуни eҳдадории асосии қарзбардор аз рeи қарзгирие, ки кафолати давлатӣ дорад;
5) мeҳлате, ки дар давоми он кафолати давлатӣ дода шудааст.
Дар сурати дар созишномаи кафолатдор ва eҳдадории кафолатдор набудани шартҳои банди 1 қисми якуми моддаи мазкур ё имзо шудани онҳо аз xониби шахси беваколат бо риоя нагардидани қисми чаҳоруми моддаи 15-и Қонуни мазкур, кафолати давлатӣ беэътибор ҳисоб карда мешавад.
Фақат ҳамон ҳуxxате кафолати давлатӣ ба шумор меравад, ки он ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ бошад.
Санадҳо ё дигар ҳуxxатҳои мақомотҳои давлатӣ ва ашхоси мансабдори онҳо, рухсатномаҳо, амри хаттӣ, супоришҳое, ки созишномаи қарзгирӣ, шартҳои он ва қобилияти қарзадокунии қарзбардорро xонибдорӣ ва тасдиқ мекунад, вале ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ нестанд, амали кафолати давлатиро надоранд.
 
Моддаи 17. Рeёнидани воситаҳои пулӣ аз рeи кафолати давлатӣ оид ба қарзи гирифтаи дохилӣ ва берунӣ
Баъди ба қарздиҳанда гузаронидани маблағи қарзи гирифтаи дохилӣ ва берунӣ аз рeи кафолати давлатӣ ба Вазорати молия ҳамаи ҳуқуқ ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии ташкилот-қарзбардори пули қарзи кафолати давлатидошта мувофиқи созишномаи қарзӣ мегузаранд.
Вазорати молия ваколатдор аст, ки ҳама гуна чораҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди амал қарор диҳад ва маблағи кафолатро, аз Ҷумла хароxоти бо он вобаста бударо беқилуқол бирeёнад.
 
Боби IV. Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 18. Назорат аз болои истифодаи воситаҳое, мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзии дорои кафолати давлатӣ гирифта шудаанд ва xавобгарӣ барои истифодаи онҳо
Барои истифодаи воситаҳое мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзие, ки ба кафолати давлатӣ гирифта шудааст, Вазорати молия, мувофиқи тартиботи муқарарркардаи Ҳукумат назорат мебарад.
Қарзбардор аз рeи пули қарзи гирифтаи дорои кафолати давлатӣ дошта ва бонки кафолати xавобӣ дода барои мувофиқи мақсад истифода накардани воситаҳои қарзии аз рeи кафолати давлатӣ гирифташуда ва баргардонидани воситаҳое, ки барои аз тарафи Вазорати молия иxро гардидани eҳдадориҳо аз рeи кафолати давлатӣ ҳангоми аз тарафи қарзбардор иxро нагардидани eҳдадориҳои қарзӣ истифода шудаанд, мувофиқи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 19. Ҳал намудани баҳсҳо
Баҳсҳо ва ихтилофҳои бо созишномаи (қарордоди) оиди қарзгирӣ, баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ ё дар иртибот ба фаъолияти онҳо, аз Ҷумла идора кардани қарзи давлатӣ ё қарзи кафолатноки давлатӣ алоқаманд, аз рeи имкон ба тарзи гуфтушунид мувофиқи қоидаҳои пештар мутобиқ кардашудаи ҳалли баҳсҳо, ки дар созишномаи (қарордоди) оид ба гирифтани қарз, қоидаҳои баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ муқаррар кардашудааст ва дар сурати вуxуд надоштани чунин муқаррарот, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди истифода қарор додани меъёрҳои Қонуни мазкур нисбати муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани он ба вуқeъ мепайвандад
Аз рeи муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани Қонуни мазкур ба вуқeъ мепайванданд ва баъди амалӣ гардидани он идома меёбанд, меъёрҳои Қонуни мазкур дар бахшҳое истифода бурда мешаванд, ки мухолифи шартҳои созишномаҳои (қарордодҳои) пешин имзогардида xиҳати пули қарз ва кафолати давлатии мавриди амал қарор гирифта набошанд.
 
Моддаи 21. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Вайрон кардани Қонуни мазкур боиси љавобгарии бо қонун муқарраршуда мегардад.
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 11 декабри соли 1999
№886
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.327)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз xониби давлат кафолат дода мешавад» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадаҳои меъёрии худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  С. Раxабов
ш. Душанбе  11 декабри соли 1999
 №887

Илова кунед