Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ

11 Декабр 1999, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1999, №12, мод. 337; соли 2004, №7,
мод. 462; соли 2007, №5, мод.358; соли 2014,№11,мод.659)
 
Қонуни мазкур бо назардошти амнияти давлатӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат, муносибатҳои ҷамъиятии ба фармоиши давлати мудофиавӣ вобастаро ба танзим медарорад.
 
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборат аз муайян кардани принсипҳои умумии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, тартиби ташкил, xойгиронӣ, маблаuгузорӣ ва иxрои фармоиши давлатии мудофиавӣ мебошад.
 
     Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
фармоиши давлатии мудофиавӣ (минбаъд — фармоиши мудофиавӣ) санади ҳуқуқӣ буда, иxрои корҳоро xиҳати тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёxоти давлат аз қабили силоҳи xангӣ, лавозимоти xангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ (минбаъд — маҳсулот) иxрои корҳо ва хизматрасонӣ (минбаъд — корҳо, хизматрасонӣ), ки ба мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳамчунин таҳия   ва таъмини маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориxӣ мутобиқи санадҳои  ҳуќуќии  байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар назар доранд:
 фармоишдиҳандаи давлатии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд-фармоишдиҳандаи давлатӣ) — Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  ки  барои  таҳвили маҳсулот  (корҳо,  хизматрасонӣ)  аз  рўи  фармоиши  мудофиавӣ  фармоиш медиҳанд. Фармоишдиҳандаи давлатӣ нисбати фармоишҳои мудофиавӣ, ки дар бандҳои 1-5, 7-8, 11-12 ва банди 6 қисми якуми моддаи 4 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, дар қисмати молҳои uайриозуқавӣ-иxрокунандаи асосии фармоиши мудофиавӣ низ шуда метавонад;
иxрокунандаи асосии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд — иxрокунандаи асосии) Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси фармоиши мудофиавӣ оид ба таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо фармиоишдиҳандаи давлатӣ қарордоди давлатӣ мебандад ва тартибдиҳандаю таъминкунандаи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба ҳисоб меравад;
иxрокунандаи фармоиши мудофиавӣ (минбаъд — иxрокунанда) корхонаҳои тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар асоси қарордод бо фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иxрокунандаи асоси дар  иxрои фармоиши мудофиавӣ иштирок мекунанд. Иxрокунандаи фармоиши мудофиавӣ корхонаҳое низ буда метавонанд, ки тобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд ё бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат доранд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориxӣ, ки дар асоси қарордод бо иxрокунандаи асосӣ ё иxрокунанда дар иxрои фармоиши мудофиавӣ иштирок мекунанд;
қарордоди давлатӣ шартномаест, ки супоришдихандаи давлатӣ бо иxрокунандаи асоси мебандад ва он eҳдадорию xавобгарии тарафайнро барои иxрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ мекунад;
қарордод шартномаест, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иxрокунандаи асосӣ бо иxрокунанда (иxрокунандаи дигар) бастааст ва eҳдадарию xаобгарии тарафайнро барои иxрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ менамояд.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.(ЌҶТ аз 27.11.14с.№1150)
 
Моддаи 4. Таркиб ва тартиби маблаuгузории фармоиши давлатии мудофиавӣ
Ба таркиби фармоиши мудофиавӣ метавонанд инҳо дохил шаванд:
  1. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таxрибавию конструкторӣ барои тарҳрезӣ, такмил додан, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориx мешаванд, инчунин бурдани корҳо доир ба азхудкунӣ ва ташкили истеҳсоли намуди дигари амволи ҳарбӣ дар корҳонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли хоxагидорӣ ва моликият (минбаъд ташкилот, агар ба тарзи дигар ифода нашуда бошад);
  2. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таxрибавию конструкторӣ барои тараққӣ додани заминаи тадқиқотӣ, лоиҳавию конструкторӣ ва истеҳсолию технологии ташкилотҳо ба мақсади таъмини иxрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин баланд бардоштани дараxаи омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ;
  4. корҳое, ки барои таъмиру такмил намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, назорати кафолатӣ ва муаллифии ҳолати онҳо, инчунин барои коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориx карда мешаванд;
  5. корҳо барои сохтан, истеҳсолот ва таҳвил намудани маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо шахсони ҳуқуқии хориxӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокичии онҳо мебошад;
  6. Истеҳсоли анxому амволи ҳарбӣ, хeрокворӣ ва молҳои uайриозуқавӣ;
  7. корҳои оиди омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои эҳтиёxоти мудофиаи гражданӣ;
  9. тарҳрезӣ кардан, тайёр намудан, нав кардан ва интишор кардани нақшаю харитаҳои гуногунмасштаби топографӣ;
  10. xудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёxоти мудофиа;
  11. сохтан, таxдид намудан ва бо таxҳизоти нави техникӣ таъмин кардани объектҳои иxрокунандаи асосӣ, ки барои иxрои фармоиши мудофиавӣ, аз Ҷумла, барои коркарди партов ва нобуд сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбии аз истифода хориxшаванда пешбинӣ шудаанд;
  12. корҳои дигар барои таъмини қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фармоиши мудофиавӣ бояд инҳоро дар бар гирад:
  1. номгeӣ (номенклатура) ва миқдори маҳсулоти таҳвилшаванда (корҳо, хизматрасонӣ) ва мeҳлати таҳвили он;
  2. арзиши (нархи) пешбинишавандаи фармоиши мудофиавӣ умуман, инчунин аз рeи бахш ва марҳалаҳои алоҳидаи татбиқи он;
  3. номгeи фармоишдиҳандаи давлатӣ;
  4. номгeи иxрокунандаи асосӣ ё иxрокунандагон.
Корҳои доир ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли маснуоти масолеҳи комплектонӣ барои таъмини иxрои фармоиши мудофиавӣ ба корҳои фармоиши мудофиавӣ мансубанд,
Маблаuгузори фармоиши мудофиавӣ аз ҳисоби буxети Ҷумҳурӣ бо роҳи пулxудокунӣ барои  фармоишдиҳандаи давлатӣ сурат мегирад. Дар ин маврид маблаuҳои  пулии ба иxрокунандаи асосӣ барои иxрои фармоиши мудофиавӣ зарурбуда дар буxети Ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида нишон дода мешаванд.
Пардохти таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рeи фармоиши мудофиавӣ дар асосӣ шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) сурат мегирад.
Маблаuе, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ба иxрокунандаи асосӣ медиҳад, танҳо барои пардохти хароxоти иxрои фармоиши мудофиавӣ ва пешпардохти ҳаққи корҳои дахлдор пешбинӣ карда мешавад. Иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) барои ба мақсадҳои дигар истифода будани маблаuҳои зикршуда xавобгар аст.
 
Моддаи 5. Тартибдиҳӣ ва xойгиронии фармоиши мудофиавӣ
Фармоиши мудофиавӣ дар доираи хароxоти дар буxети Ҷумҳуриявӣ барои ин мақсадҳо муқарраршуда ва дар назардошти зерин тартиб меёбад:
муқаррароти асосии доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сесола ё панxсолаи давлатии тараққиёти саноати мудофиавӣ, ки тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро пешбининамуда, фармоишҳоро барои иxрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таxрибавию конструкторӣ (аз Ҷумла корҳои оиди рушди технологияҳои асосии ҳарбӣ), истеҳсоли сериявӣ, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориx карда мешаванд, сохтмони асосӣ, инчунин тадбирҳоеро, ки барои таъминоти моддию техникии ин корҳо заруранд, дар бар мегиранд;
дархостҳои фармоишдиҳандаҳои давлатӣ;
нақшаҳои сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
барномаҳои ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориxӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии онҳо мебошанд;
барномаҳои дигари давлатӣ.
Лоиҳаи фармоиши мудофиави мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани буxети давлатӣ барои соли дахлдор  ва назардошти имкониятҳои захиравии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси лимитҳои xудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 6 моҳ пеш аз оuози давраи дахлдор таҳия карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои  соли навбатии молиявӣ тасдиқ менамояд.(ЌҶТ аз 27.11.14г.№1150)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати бист рeзи баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи буxети давлатӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиави фармоиши мудофиавиро дар ҳаxми пурра бо назардошти хароxоти барои ин мақсадҳо муқарраркардаи буxети Ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.
Xойгиркунии фармоиши мудофиави аз тарафи иxрокунандаи асосӣ ё иҷрокунандагон сурат мегирад.
Қабул кардани фармоиши мудофиави аз тарафи ҳамаи ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мақомоти бартарии онҳо дар бозори мол ё монополияи онҳо дар истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рeи фармоиши мудофиави ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки фармоиши мудофиави дараxаи фоиданокии муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми истеҳсоли ин намуди маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) таъмин намояд.
Фармоиши мудофиави ва бастани қарордоди давлатӣ (қарордод) оиди корҳои нигоҳдошти иқтидорҳои сафарбарӣ барои ҳамаи ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки xойгиркунонии фармоиши мудофиави дар сурати иxро шудани он зарари иқтисодӣ наорад.
Мувофиқи фармоиши мудофиавии тасдиқшуда фармоишдиҳандаи давлатӣ бо иxрокунандаи асосӣ ё иxрокунанда қарордоди давлатӣ мебандад. Аз xониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани маҳсулоти хориxие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоми доштани хулосаи дахлдор аз тарафи иxрокунандаи асосӣ бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
 
Моддаи 6. Функсияҳои асосии фармоишдиҳандаи давлатӣ
Фармоишдиҳандаи давлатӣ:
  1. нархи маҳсулотро (корҳо, хизматрасониро) мувофиқа мегардонад, оиди таҳвили маҳулот (корҳо, хизматрасонӣ) карордоди давлатӣ ё қарордод мебандад;
  2. маблаuгузории фармоиши мудофиавиро таъмин менамояд;
  3. аз тарафи иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) истифода намудани маблаuҳоеро, ки барои иxрои фармоиши давлатӣ xудо карда шудаанд, назорат мекунад;
  4. иxрои корҳоро чӣ дар давраҳои алоҳида ва чӣ пурра назорат менамояд;
  5. дар санxиши намунаҳои таxрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулотҳои сериявӣ ва инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ иштирок мекунад:
  6. озмоишҳои давлатии намунаҳои таxрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ташкил мекунад ва мегузаронад, барои қабули онҳо xиҳати xиҳозонӣ (таъминкунӣ) ҳуxxатҳои лозимиро тайёр мекунад;
  7. барои истеҳсоли сериявии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ҳуxxатҳои конструкториро тасдиқ менамояд;
  8. маҳсулоти фармоишшударо (корҳо, хизматрасонӣ) қабул мекунад.
Фармоишдиҳандаи давлатӣ дар асоси қарордоди давлатӣ метавонад як қисми вазифаҳои худро xиҳати иxрои фармоиши мудофиави ба eҳдаи иxрокунандаи асосӣ вогузорад.
 
Моддаи 7. Функсияҳои асосии иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда)
Иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда)
  1. дар тартиб додани фармоиши мудофиави иштирок менамояд;
2.нархи маҳсулотро (корҳои пурра, қисман ва дар давраҳои алоҳида иxрошударо) асоснок мекунад;
  1. оиди иxрои фармоиши мудофиави қарордоди давлатӣ (қарордод) мебандад:
  2. иxрои корҳо, истеҳсоли намунаҳои таxрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, азхудкунӣ, истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ), назорати муаллифию кафолатии ҳолати аслиҳа ва техникаи ҳарбиро анxом медиҳад;
  3. мувофиқати корҳои иxрошуда, намунаҳои таxрибавии тайёркардашудаи (комплексҳо, системаҳо)-и аслиҳа, техникаи ҳарбии тайёркардашуда ва маҳсулоти сериявиро ба талаботи стандартҳои давлатӣ, вазифаҳои гузошташудаи тактикию техникӣ (техникӣ)-и супоришдиҳандаи давлатӣ, ҳуxxатҳои техникӣ, ҳамчунин характеристикаҳои тактикию техникӣ ва қарордоди давлатӣ таъмин мекунад;
  4. озмоиши намунаҳои таxрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти сериявиро дар асоси талаботи ҳуxxатҳои техники ташкил мекунад ва мегузаронад;
  5. дар рафти ихтироъ, истеҳсол ва таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарби барои назорати иxрои корҳо чӣ дар давраҳои xудогона ва чӣ пурра барои фармоишдиҳандаи давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад;
  6. ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз xониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани маҳсулоти хориxие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, хулосаи дахлдор медиҳад.
Дар сурати қатъ гардидани корҳо оиди иxрои фармоиши мудофиавӣ, иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи барҳам додан ё дигаргун сохтани иқтидорҳои истеҳсолиеро, ки иxрои фармоиши мудофиавиро таъмин мекунанд, надорад.
Зарареро, ки иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби истифода набурдани  иқтидорҳои номбаршуда мебинад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаxми пуррааш товон менамоад.
 
Моддаи 8. Қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иxрои фармоиши мудофиавӣ
Қарордоди давлатӣ (қарордод) чӣ барои иxрои тамоми маxмeи корҳои илмию тадқиқотӣ ва таxрибавию конструкторӣ, истеҳсол, таҳвил, истифода, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, чӣ барои намудҳои алоҳидаи ин гуна корҳо баста мешавад.
Сифати маҳсулоте (корҳо, хизматрасонӣ), ки мувофиқи қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иxрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад, бояд ба талаботи ҳуxxатҳои нормативию техникӣ ва шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) мувофиқат намояд.
Шартҳои намунавии қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иxрои фармоиши мудофиавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқи хориxӣ барои иxрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин барои таҳвили содиротию воридотии маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.
 
Моддаи 9. Таъминоти моддию техникии фармоиши мудофиавӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳое, ки муҳимтарин намуди захираҳои моддию техникиро таҳвил (истеҳсол) менамоянд, барои иxрои фармоиши мудофиавӣ ҳиссаи (квотаи ) ҳатмии ба иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) таҳвил намудани ин захираҳоро бо нархи xории бозори мол муайян менамояд.
Захираҳои моддию техникӣ мувофиқи ҳиссаи (квота) муайянгардида танҳо ба иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) барои иxрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад.
 
Моддаи 10. Тадбирҳои дастгирии давлатии иxрои фармоиши мудофиавӣ
Ба мақсади ҳавасмандгардонии иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) мумкин аст пешбнӣ шавад:
ҳангоми иxрои фармоиши мудофиавӣ додани кафолати дараxаи фоиданоки бақайдгирифташуда бо истифодаи механизми тартибдиҳии нархи маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ)    ба намудҳои маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) мудофиавие, ки заминаи мустаҳками молиявиро барои тараққӣ додани истеҳсолот, илму техника ва иxтимоиёти ташкилотҳои иxрокунандагони асосӣ (иxрокунанда) таъмин менамояд;
пешпардохти кварталӣ ё марҳилавии корҳо барои иxрои фармоиши мудофиавӣ ба андоза на камтар аз чил фоизи арзиши онҳо аз ҳисоби буxети Ҷумҳуриявӣ барои маблаuгузори фармоиши мудофиавӣ;
ба мақсади бо таxҳизоти нав таъмин намудан, таxдид ва васеъ кардани истеҳсолот барои иxрои фармоиши мудофиавӣ ба фурeш ё ин ки ба иваз гузоштани молумулки ташкилот ба истеъмолкунандаи берунӣ ё дохилӣ;
тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) аз пардохти боxи гумрукӣ аз дастгоҳ ва дигар маҳсулоте, ки саноати ватанӣ истеҳсол намекунад ва онҳо ба мақсади бо техникаи нав таxҳизонидани ташкилотҳо, ки фармоиши мудофиавиро иxро мекунанд, ворид шудааст.
Ба мақсади ҳалли масъалаҳои бо маблаu таъмин намудани корхонаҳои мудофиавӣ ва ҳангоми ташкили истеҳсолоти нав, таxдид, васеъ кардани иқтидорҳои мавxудаи истеҳсолӣ, азнавсозии техникӣ, пурра гардондани маблаuҳои гардон, ки барои иxрои ҳатмии фармоиши мудофиавӣ равона карда мешаванд, иxрокунандаи асосӣ (иxрокунанда) мумкин аст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳои зерин озод бошад:
андози як қисми фоидае, ки аз иxрои фармоиши мудофиавӣ ба даст меояд:
андози замин аз қитъаҳои замине, ки дар онҳо объектҳои истеҳсолӣ, тадқиқотию илмӣ ва конструкторию технологӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз Ҷумла комплексу стансияҳои озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатию сафарбарӣ воқеанд;
андоз аз амволи барои татбиқи фармоиши мудофиавӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз Ҷумла комплексу стансияҳои озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ вобастабуда;
андоз аз арзиши иловашуда аз таҳвили маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) аз рeи фармоиши мудофиавӣ ба фармоишдиҳандаи давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба мақсади ҳавасмандгардонии иxрокунандаи асоси (иxрокунанда) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои дигарро низ пешбинӣ намояд.
Навъу ҳаxм ва тартиби дастгирии давлатии иxрокунандаи асосиро (иxрокунандаро) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Фармоишдиҳандаи давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар қарордоди давлатӣ (қарордод) намудҳои дигари ҳавасмандгардониро пешбинӣ намояд.
 
Моддаи 11. Xавобгарӣ барои иxро накардани фармоиши давлатии мудофиавӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, барои татбиқи сиёсати ҳарбию техникӣ, таъмини иxрои барномаи давлатии тараққиёти саноати мудофиа, тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, тартиб додани барномаҳои дигари давлатӣ, мувофиқи ҳиссаҳо (квотаҳо) бо захираҳои моддию техникӣ ва маблаu сари вақт таъмин намудани иxрокунандаи асоси (иxрокунанда) барои додани пешпардохт ва пардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) ва иxрои корҳои дигари фармоиши мудофиавӣ мутобики қонун xавобгаранд.
Фармоишдиҳандаи давлатӣ барои сари вақт дастраси иxрокунандаи асоси (иxрокунанда) намудани фармоиши мудофиавӣ, мувофиқи мақсад истифода шудани маблаuҳое, ки барои пешпардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои вай xудо карда мешаванд, тибқи қонун xавобгар аст.
Иxрокунандаи асоси (иxрокунанда) дар сурати иxро накардан ё ба таври бояду шояд иxро кардани eҳдадории худ, ки дар қарордоди давлатӣ (қарордод) пешбинӣ шудааст, аз ҳуқуқҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии дар моддаи 10-и Қонуни мазкур пешбинишуда маҳрум мешавад.
Намудҳои дигари xавобгарӣ тавассусти дар қарордоди давлатӣ ва санадҳои қонунгузорӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои иxрои фармоиши мудофиавӣ муайян карда мешаванд.
 
 
      Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  11 декабри соли 1999,
№897
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №12, мод.338)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқ намудани қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» таклифҳо пешниҳод намояд;
— қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      С. РАXАБОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,
№898

Илова кунед