Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират

11 Декабр 1999, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 320; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 248; соли  2005, №12, мод. 657; соли 2008, №12, қисми 2, мод.1004; соли 2010, №1, мод.15, соли 2018 №7-8, мод.525.)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
-муҳоҷират — xойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ, инчунин мавсимии шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба тағйири маҳалли истиқомат, кор, кeчидани  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷирати дохилӣ — xойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ инчунин мавсимии  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷири хориxӣ – шаҳрвандони хориxӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доими омадаанд;
-муҳоҷирати хориxӣ – ҳиxрати шаҳрвандони хориxӣ ё  шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳоҷирати оилавии хориҷиён – ҳиxрати гурeҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳочирати коллективонаи хориҷиён — муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кeчида омадани шаҳрвандони хориxӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ;
-муҳоҷирони ғайриқонунии хориxӣ – шаҳрвандони хориxӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки мустақилона, бе иxозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иxозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани мeҳлати будубош тарк накардаанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
-муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориxа — сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон   сукунатдошта ба ҳудуди он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ — сафари ҳаррeза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлати ҳамсарҳад ва сафари харрeза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, бо шарти истиқомати доимӣ дар ҳудуди давлати тарк намудаашон;
-коргари муҳоҷир — шахсе, ки дар давлати xои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул  мешавад;
-коргари наздисарҳадӣ — коргари муҳоҷире, ки xои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рeз ё як маротиба дар як ҳафта ба он xо бармегардад;
-давлати таркнамуда — давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
-давлати xои кор — давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад;
— муҳоҷирон – шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-муҳоҷирони иҷборӣ —  шахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зeроварӣ ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ, эътиқоди динӣ, забонӣ, мавқеи сиёси, мансубият ба гурeҳи муайяни иxтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар ҳудуди кишвари хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470).
-маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон — маҳалли аҳолинишини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз xониби мақоми марказии иxроия бо мувофиқаи мақомоти  иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавxуданд, ки барои xойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва фирориён мувофиқанд;
-репатриатсия — ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарбӣ, шахси зeран кeчонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон;
-репатриантҳо —  шахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;
-эмигратсия – ҳиxрати бебозгашт ё муваққатии  шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дигар;
-реэмигрантҳо — ба Ватан баргаштани  шахси дар эмигратсия буда;
-эмигрантҳо —  шахси воқеие, ки эмигратсия мекунад;
-муҳоҷири экологӣ —  шахси, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоx тарк кардаанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
— муҳоҷирати экологӣ — ҷараёни маҷбурии кўчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
           -субъектҳои хоҷагидорӣ – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 2. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират
Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:
— таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиxрат, озодии рафтуомад;
— норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз рeи миллат, нажод, xинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот, вазъи ҳуқуқии иxтимоӣ ва молу мулк; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
— иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
— иштироки шахсии муҳоҷирон дар xобаxокунӣ дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологӣ ва табиӣ кeчонида шудаанд;
— манъи бадарға ё баргардонидани маxбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
— ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
(ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
 
Моддаи 4. Субъектҳои муҳоҷират
1.Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд,  вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ барои истиқомати доимӣ   аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо кeчидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориxӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориxӣ муваққатан фаъолияти меҳнатиро анxом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иxро мекунанд, инчунин  шахсе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристӣ ва хизматӣ мебошанд)  вазъи ҳуқуқии  муҳоҷиронро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
3.Шахсоне, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷборан кeчидаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони дохилиро мегиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
4.Шахсонеки ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, башарият, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро содир кардаанд, муҳоҷири хориxӣ ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
 
Моддаи 5. Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологӣ
Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори  давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Идораи равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии муаяйннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ) анxом медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Низомномаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.(Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зайлро дорад: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1). дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2). ба шаҳрвандони хориxӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ барои анxом додани фаъолияти меҳнатӣ, иxозати дахлдор медиҳад;
3). равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгeӣ намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоъ медиҳад;
4). ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориxӣ пешниҳод манзур менамояд;
5). дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кeчонидан, қабул ва xобаxокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва  муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6). бақайдгирӣ, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анxом медиҳад;
7). дархости хаттии шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад;
                   8) бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
                   9) барои амалӣ гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома  медиҳад ва ҷиҳати ташкили фаъолият ба субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намуда, санҷиши фаъолияти онҳоро амалӣ мекунад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
                   10) муҳоҷирати меҳнатии ѓайриқонуниро пешгирӣ менамояд, дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои истиқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод таҳия мекунад;  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
 
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориxа
  1. Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристодашаванд, ки дар он xо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
  2. Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориxа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
-дар давлати xои кор мавxуд будани қонунгузории меҳнатӣ ва иxтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
-иштироки давлати xои кор дар  созишномаҳои байналмилалӣ, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
-мавxуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати xои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориxа;
-қабули тадбирҳои амалии мусбӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати xои кор.
 
Моддаи 81. Тартиби фиристодан ва xалб намудани қувваи корӣ
Аз xониби субъектҳои хоxагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо xои кор дар хориxа ва xалб намудани қувваи кории хориxӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иxозатномаи (литсензия) аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашаванда, мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  сурат мегирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 82. Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориxа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарурӣ раводиди намояндагии дипломатӣ ё идораи консулгарии давлати xои кор додашударо дошта бошанд.
  2. Тартиби xалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати xои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  3. Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориxа дода шудаанд, сафар менамоянд.
  4. Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиққунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (беморӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани xои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз xониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  5. Коргарони муҳоҷири ба Ҷумҳурии Тоҷикистон   омада, бояд тибқи   тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба маҳалли истиқомати муваққатӣ дар асоси пешниҳоди хаттии  шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  6. Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
  7. Бо гузашти мeҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати xои корро тарк намоянд.
 
Моддаи 83. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
  1. Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад: (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-мeҳлати амали он, хусусият ва xои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз Ҷумла барои кори шабона, кор дар рeзҳои истироҳат ва рeзҳои ид;
-андозаи мукофотпулӣ, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
-ҳуқуқҳо, eҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи e;
-тартиб ва шартҳои суғуртаи иxтимоии коргари  муҳоҷир;
-тартиби xуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар xараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иxтимои.
  1. Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
  2. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то сафар намудан ба давлати xои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад.
 
Моддаи 84. Додани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
           Тартиби додани иҷозат барои корро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориxӣ ва xалби қувваи кории хориxӣ
Квотаи муҳоҷирати хориxӣ ва xалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 91. Ҳисоботи оморӣ ва ахборот дар бораи муҳоҷират
1.Тартиби пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва оид ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботӣ ва дигар маълумотеро, ки барои иxрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ нашри ҳисоботи оморӣ ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориxа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориxа, имконияти бо кор таъминкунӣ, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Модда 92. Таҳвили маблағҳои пулӣ
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати тарк намудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд.
 
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони хориxӣ
Шахсе, ки муҳоҷири хориxӣ эътироф шудааст ва иҷозат барои истиқомат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои eҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 11. Шахсе, ки муҳочири хориxӣ намебошанд
  1. Вазъи ҳуқуқии муҳоҷири хориxӣ ба шаҳрвандони хориxӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд дода намешаванд, агар онҳо: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
— хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд;
— дар ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бошанд;
— дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромeзӣ машғул бошанд;
— тибқи шартномаҳои  байналмилалӣ фаъолияти меҳнатиро анxом медода бошанд;
— сайёҳ (турист), дар сафари хизматӣ, муҳоҷирони меҳнатии муваққатӣ (аз Ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, Тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
— намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориxӣ, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
— дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касбӣ машғул бошанд;
— ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кeмаки хайрия ва башардeстона омада бошанд;
— аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёӣ, нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ бошанд.
  1. Вазъи ҳуқуқии шахсе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, бо қонунҳо ва шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
 Моддаи 12. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархости шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд, агар онҳо иҷозати дахлдори бо гувоҳномаи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашударо дошта бошанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Ариза оид ба додани иҷозат барои истиқомати доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони дар хориҷа истиқоматкунанда бошанд, ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).  
  3. Қарорро оид ба дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи ба онҳо додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ қабул менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
  4. Мўҳлати баррасии мавод дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як моҳ зиёд бошад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  5. Қарор дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардан ва ба онҳо додани гувоҳномаи истиқомат асос шуда метавонад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  6. Қарор дар бораи рад намудани истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се рўз аз рўзи қабули қарор ба аризадиҳандагон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 13. Ҳуқуқу eҳдадориҳои шахсе, ки барои муҳоҷири хориxӣ ва муҳоҷир эътироф карданашон бо дархост муроxиат намудаанд
1.Ҳангоми бақайдгирии дархост дар бораи муҳоҷирони хориxӣ ва муҳоҷир эътироф кардани  шахсе, ки дархост додаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, онҳо ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирони хориxӣ, муҳоҷирон, аз Ҷумла ба xои мустақилона интихобнамудаашон, ки ҳатман бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудааст, роҳхат мегиранд. (ҚҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.То ҳаллу фасли масъалаи ҳамчун муҳоҷири хориxӣ ё муҳоҷир эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроxиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои барои шаҳрвандони хориxӣ ва шахси бешаҳрвандӣ пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад.
  1. Дар мавриди эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориxӣ ва муҳоҷир ба вай дар давоми сӣ рeз аз рeзи қабули қарор огоҳномаи хаттӣ дода мешавад.
  2. Агар шахси мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вай огоҳномаи хаттӣ бо нишондоди сабабҳои эътироф нашудан ҳамчун муҳоҷири хориxӣ ва муҳоҷир ва тартиби шикоят аз болои қарори қабулшуда фиристода мешавад.
  3. Қарор дар бобати эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориxӣ ва муҳоҷир аз тарафи ин шахс дар мақомоти ваколатдори болоӣ ё бо тартиби судӣ дар мeҳлати як моҳ пас аз гирифтани огоҳнома метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  4. Қарор оиди эътироф нагаштани шахс ҳамчун муҳоҷири хориxӣ ва муҳоҷир ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ташкили баромада рафтани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
 
Моддаи 14. Ҳуқуқу eҳдадориҳои шахсе, ки барои репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост муроxиат намудаанд
1.То ҳал шудани масъалаи ҳамчун репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроxиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз тамоми ҳуқуқу eҳдадориҳое, ки барои шаҳрвандони хориxӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст истифода мебарад.
2.Шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон истиқомат кардани шахсе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, муҳоҷирони иҷборӣ эътироф карданашон бо дархост муроxиат намудаанд, тартиби пардохти хароxоти хизмати коммуналӣ, ёрии тиббии расонидашаванда, фароҳам овардани дигар имтиёз ва xубронпулиҳо аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3.Шахси дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:
— баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он xо ҳозир шавад ва агар xои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
— тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
— бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муоинаи тиббӣ гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро ба xо оварад;
— ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
 
Моддаи 15. Тартиби репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ, реэмигрант эътироф кардани ашхос
1.Қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рeзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Ба шахсе, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф шудааст шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
  1. Дар сурати репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс e дар мeҳлати сӣ рeзи баъди қабули қарор ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он ҳолат ба e бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани қарори қабулгардида ба таври хаттӣ огоҳнома ирсол карда мешавад.
  2. Оид ба қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як моҳи баъди гирифтани огоҳномаи хаттӣ ба мақомоти ваколатдори болоӣ тибқи тартиби судӣ шикоят арз намояд.
  3. Қарори дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳамчунин ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ xиҳати ташкили аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани шахсе, ки xавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад.
 
Моддаи 16. Муҳоҷирати оилавии хоричиён
1.Шахсе, ки оилаи муҳоҷири хориҷиро ташкил медиҳанд – шавҳар (зан),  падару модари онҳо ва фарзандони таҳти таъминоти шавҳар (зан) қарордошта, аз Ҷумла писархондҳо (духтархондҳо), инчунин бародарону хоҳарони ноболиғи бе падару модар ё худ бе васӣ ва дигар хешу табори корношоями таҳти таъминоти шавҳар (зан) буда, ки барои таъмини онҳо дар маҳалли пештараи истиқомат eҳдадор буданд, мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
  1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиxрат намудани кeдакони то синни ҳаждахсола бо розигии падару модари ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онҳо ҳал карда мешавад. Дар айни замон барои кeдакони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола розиномаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
 
Моддаи 17. Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кeчонидани шахсе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аxдодиашон баргаштанро изҳор кардаанд, сурат мегирад.
 
Моддаи 18. Тартиби ҳиxрати муҳоҷирони хориxӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби ба расмият даровардани ҳиxрати муҳоҷирони хориxӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
 
Моддаи 19. Асосҳои ба шаҳрванди хориxӣ ва шахси бешаҳрвандӣ рад кардани ҳиxрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳиxрати шаҳрванди хориxӣ ва шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иxозат дода намешавад:
1) агар e зидди сулҳ ва амнияти башар xиноят содир карда бошад;
2) агар e хусумати байнидавлатӣ, байналмиллӣ ва диниро барангезад;
3) агар e дидаву дониста муқобили соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар e барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум ё худ барои xинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғӣ суди дошта бошад;
5) агар e ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиxрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуxxатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар e қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қаблӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби e ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад;
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;
9) агар амалҳои ў ба саломатии аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намоянд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
10) агар амалҳои ў ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавф дошта бошанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
11) агар ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, хариду фурўши одамон, силоҳу аслиҳа ва маводи тарканда, муомилоти ѓайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ѓайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ѓайриқонунӣ, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
 
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ  иҷозат барои истиқомат ва ба шахсони бешаҳрванд бошад, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
 Моддаи 21. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  1. Додани иxозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси зерин рад шуданаш мумкин аст: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориxӣ;
2) ба  шахсе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани xиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд;
3) ба шахсе, ки зидди инсоният xиноят содир кардаанд;
4) ба  шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад;
5)  шахсе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориxӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомотҳои корҳои дохилӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
  1. Оид ба радди додани иxозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мақомоти ваколатдори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 22. Шахсе, ки репатриант мебошад
  1. Вазъи ҳуқуқии репатриант ба гурeҳи шахси миллати таҳxой, ки қурбони xазоҳои оммавии сиёсӣ мебошанд, ҳамчунин ба хешу авлоди онҳо дода мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Шахси зайл хешу авлоди репатриантҳо дониста мешаванд:
— фарзандон (аз Ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
— бародарон ва хоҳарони репатриант;
— набера ва аберагони репатриант;
-оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд.
Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рeзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 
Моддаи 23. Имтиёзҳо ва xубронпулиҳое, ки ба репатриантҳо дода мешаванд
Давлат барои репатриатсияи шахси воқеӣ ба ватани аxдодӣ, xобаxокунӣ, мутобиқшавии онҳо шароити имтиёзнок муҳайё мекунад ва таъминоти зайлро анxом медиҳад:
1) худашон ва молу мулки онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доимӣ мерасонад; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз мeҳлати истиқомат вобаста ба бекорӣ ба гирифтани кeмакпулӣ кeмак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кeмакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кeмакпулиҳои яквақта, xудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоxагиҳоро тибқи тартиби аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анxом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
 
Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблағгузории ҳиxрати эмигрантҳо
  1. Тартиби ба расмият даровардани ҳиxрати эмигрантҳо аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Маблағгузории хароxоти ҳиxрати шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба дигар кишварҳо аз ҳисоби маблағи худи эмигрантҳо сурат мегирад ва инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо низ анxом додан мумкин аст агар он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
  3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истиқомати доими ба дигар давлатҳо баромада мераванд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби хеш молу мулки худ ва молу мулки аъзоёни оилаашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд.
  4. Аз xониби шаҳрвандон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ашъёҳое, ки аҳамияти фарҳангӣ ва таърихӣ барои давлат доранд, баровардани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байнидавлатӣ танзим мегардад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
 
Моддаи 25. Асосҳои рад кардани ҳиxрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиxратро рад кардан мумкин аст, агар e:
1) аз маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани xиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда xалб шуда бошад – то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад — то адои мўҳлати ҷазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатмӣ бошад — то анxоми мeҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуxxатҳо xиҳати ҳиxрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад — то аз xониби мақомоте, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иxрои eҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи e гузоштааст саркашӣ кунад — то иxрои eҳдадориҳо;
7) нисбат ба e ба суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад — то анxоми истеҳсолоти парванда.
 
Моддаи 26. Масъулият барои ғайриқонунӣ даромадан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайри қонунӣ баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъулият барои ғайриқонунӣ дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
 
 
Президенти                                                                                                      Э. РАҲМОНОВ
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе,  11 декабри соли 1999,
№881
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муҳоҷират»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод.321)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират»  мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
— қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
 
 
Раиси Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       С. РАXАБОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,
№ 882

Илова кунед