Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 Оиди тасдиқ намудани Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 Декабр 1999, Ҷумъа

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа”, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Оинномаи мазкур мутобиқ намояд.
 
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         С.Раҷабов
 
ш.Душанбе, 10 декабри соли 1999
№ 868
 
__________________________
 
ОИННОМАИ ИНТИЗОМИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оинномаи мазкур моҳияти интизоми ҳарбӣ, ӯҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбиро оид ба риояи он, навъҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ, ҳуқуқҳои командирон (сардорон) оид ба истифода бурдани онҳо, инчунин тартиби пешниҳод ва баррасии арзу шикоятро муайян менамояд.
 
Амали ин Оиннома
 
  1. Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо (штабҳо), идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд қисмҳои ҳарбӣ) сарфи назар аз рутбаҳои ҳарбӣ, вазъи мансабӣ ва хизматиашон бояд талаботи ин Оинномаро қатъиян дастури амал қарор диҳанд.
  2. Амали ин Оиннома нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшуни сарҳадии Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшуни мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла мақомоти идоракунии онҳо), Қӯшуни дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қӯшуну сохторҳое, ки Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст низ татбиқ мегардад.
  3. Муқаррароти ин Оиннома
Оинномаи интизомӣ нисбати   шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ  бо ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси ҳарбӣ рухсат шудаанд, ҳангоми  дар бар доштани либоси ҳарбӣ, татбиқ мегардад.
 
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
  1. Интизоми ҳарбӣ — ин аз ҷониби ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ қатъиян ва дақиқ риоя намудани тартиб ва қоидаҳое мебошанд, ки қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳои командирон (сардорон)  муқаррар  намудаанд.
  2. Интизоми ҳарбӣ аз тарафи ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарк намудани қарзи ҳарбӣ, масъулияти шахсӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан, инчунин фидокорию вафодории беандоза  ба халқи худ, асос меёбад.
Усули асосии дар хизматчиёни ҳарбӣ тарбия намудани интизомнокии баланди ҳарбӣ эътиқод ба шумор меравад. Аммо  эътиқод истифодаи чораҳои маҷбуркуниро нисбати онҳое, ки қарзи ҳарбии худро софдилона ба ҷо намеоранд, истисно намекунад.
  1. Интизоми ҳарбӣ ҳар як хизматчии ҳарбиро ӯҳдадор менамояд, ки:
— ба Савганди ҳарбӣ вафодор бошад, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмиллалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қатъиян риоя намояд;
— қарзи ҳарбии худро моҳирона  ва мардонавор  иҷро намояд, поквиҷдонона касби ҳарбиро омӯзад, амволи ҳарбӣ  ва давлатиро эҳтиёт кунад;
— мушкилоти хизмати ҳарбиро суботкорона рафъ намояд, барои иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҳаёти худро дареғ надорад;
— қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро, ки оинномаҳои ҳарбӣ муқаррар намудаанд, риоя кунад, рафоқати низомиро мустаҳкам намояд;
— ҳушёру зирак бошад, сирри ҳарбӣ ва давлатиро қатъиян  пинҳон нигоҳ дорад;
— командирон (сардорон) ва якдигарро эҳтиром намояд, қоидаҳои саломи (муоширати) ҳарбӣ ва одоби ҳарбиро риоя кунад;
— дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шоиста рафтор кунад, кирдори номуносибро ба худ раво набинад ва дигаронро аз ин хел кирдор боздорад,  ба  ҳимояи шаъну шарафи шаҳрвандон мусоидат намояд.
  1. Интизоми баланди ҳарбӣ бо усули зайл ба даст оварда мешавад:
— тавассути тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ бо сифатҳои баланди маънавӣ-психологӣ ва ҷангӣ, итоати бошууронаи онҳо ба командирон (сардорон);
— тавассути масъулияти шахсии ҳар як хизматчии ҳарбӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ ва  талаботи оинномаҳои ҳарбӣ;
— тавассути нигоҳ доштани интизоми дохилӣ дар қисми ҳарбӣ (ҷузъу томҳои ҳарбӣ)  ва риояи қатъии  тартиботи рӯзнома аз ҷониби ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ;
— тавассути ташкили дақиқи омодагии ҷангӣ ва ба он фаро гирифтани тамоми ҳайати шахсӣ;
— тавассути серталабии ҳаррӯзаи командирон (сардорон) нисбат ба тобеон ва назорати вазифашиносии онҳо, нигоҳ доштани эҳтироми шахсии хизматчиёни ҳарбӣ ва  нисбат ба онҳо зоҳир намудани ғамхории доимӣ, моҳирона ба ҳам пайвастан  ва истифодаи дурусти тадбирҳои боварикунонӣ, маҷбурсозӣ ва таъсири ҷамъиятии коллективӣ;
— тавассути дар қисми ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) фароҳам овардани шароитҳои моддию маишии зарурӣ.
  1. Барои вазъи тартибу интизом дар қисми ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) командир ва муовини ӯ оид ба корҳои тарбиявӣ масъулиятдор буда, онҳо бояд доимо интизоми баланди ҳарбиро нигоҳ доранд, аз тобеон риояи онро талаб кунанд, шахсони арзандаро қадрдонӣ намоянд ва фориғболонро қатъиян ҷазо диҳанд.
  2. Ба мақсади нигоҳ доштани интизоми баланди ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) командир вазифадор аст:
— сифати шахсии тобеонро омӯзад, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии онҳоро, ки оинномаҳои ҳарбӣ муқаррар намудаанд, нигоҳ дорад, коллективи ҳарбиро муттаҳид созад, дӯстии байни хизматчиёни ҳарбии миллатҳои гуногунро мустаҳкам намояд:
— вазъи интизоми ҳарбӣ ва ҳолати рӯҳию  психологии ҳайати шахсиро донад ва ба дарки умумии талабот, вазифаҳо ва роҳҳои тақвияти интизоми ҳарбӣ аз ҷониби тобеон, ноил гардад;
— фаъолияти  тобеонро оид ба тақвияти интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани ҳолатҳои рӯҳию психологии ҳайати шахсӣ роҳбарӣ намояд, амалияи татбиқи ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомиро омӯзонад;
— вайронкориҳои ошкоршударо фавран рафъ намуда, ҳама гуна кирдореро, ки метавонад ба қобилияти ҷангии қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) зарар оварад, қатъиян пешгирӣ намояд, оид ба  пешгирии   ҷиноят, ҳодиса ва кирдори ношоиста корҳоро анҷом диҳад;
—   тобеонро дар рӯҳияи иҷрои бечунучарои талаботи интизоми ҳарбӣ тарбия намуда, дар онҳо ҳисси шаъну эътибори шахсӣ, дарки  ифтихори ҳарбӣ ва қарзи ҳарбӣ рушду такомул диҳад, дар қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) нисбат ба вайронкуниҳои интизоми ҳарбӣ, махсусан нисбат ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар  байни хизматчиёни ҳарбӣ, ҳолатҳои беадолатии иҷтимоӣ  фазои оштинопазир фароҳам орад ва ба ин мақсад ба таври васеъ аз ошкорбаёнӣ истифода барад;
— мунтазам ҳолати интизоми ҳарбӣ ва ҳолати рӯҳию психологии тобеонро таҳлил намуда, дар ин бора сари вақт ва объективона, дар хусуси ҷинояту ҳодисаҳо бошад фавран ба командирони (сардорони) болоӣ гузориш диҳад.
Яке аз ӯҳдадориҳои муҳимтарини командир — ин эҳтироми шахсият, ифтихори миллӣ,  ғамхорӣ оид ба ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.  Командире (сардоре), ки вайронкунии интизоми ҳарбӣ, ҷиноят ва ҳодисаҳоро пинҳон медорад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  1. Командир (сардор) бояд ба тобеони худ наздик бошад, эҳтиёҷ ва талаботи онҳоро донад, ба қонеъ гардонидани онҳо муваффақ шавад, ба дағалӣ ва пастзании шаъну эътибори тобеон роҳ надиҳад, дар риояи қатъии қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва фармонҳо, инчунин дар покизагии ахлоқ, ростқавлӣ, хоксорӣ ва адолатпарастӣ ҳамеша намунаи ибрат бошад.
Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд итминон дошта бошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ ҳимоя карда мешаванд  ва ӯ бояд ғамхории командиронро (сардоронро) нисбат ба дахлнопазирии шахсиаш, нисбат ба эҳтироми шаъну шарафаш  дарк  намояд.
  1. Фаъолияти командирон (сардорон) оид ба нигоҳдории интизоми ҳарбӣ на бо шумораи қонуншиканиҳои дар қисми ҳарбӣ ҷойдошта, балки бо риояи дақиқи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбӣ, аз тарафи онҳо пурра истифода бурдани ҳуқуқи интизомӣ,  иҷрои ӯҳдадориҳояшон бо мақсади  ҷорӣ намудани тартибот ва сари вақт пешгирӣ намудани вайронкуниҳои интизоми ҳарбӣ баҳо дода мешавад. Ҳеҷ як  вайронкунандаи интизоми ҳарбӣ набояд аз ҷавобгарӣ дар канор монад ва ҳеҷ   як бегуноҳе набояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Командире (сардоре), ки барои риояи тартиботи оинномавӣ ва талаботи интизоми ҳарбӣ шароити заруриро таъмин наменамояд ва оиди барқарор кардани онҳо ягон чора намеандешад, барои ин  ҷавобгар мебошад.
Ҳар як хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст, ки дар барқарорсозии тартибу интизом ба командирон (сардорон) мусоидат намояд. Хизматчии ҳарбӣ барои саркашӣ кардан аз  кӯмак ба командир (сардор) ҷавобгар мебошад.
  1. Ҳуқуқи командир (сардор) дар бораи додани фармон ва ӯҳдадории тобеон оид ба итоати бечунучаро — принсипҳои асосии яккасардорӣ мебошад.
Дар сурати аз тарафи тобеон ошкоро итоат накардан ё муқобилият намудан, командир (сардор) ӯҳдадор  аст барои барқарор намудани тартибу интизом  тамоми чораҳои маҷбуркунии дар қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбӣ пешбинишударо, аз ҷумла ҳабс ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорро, андешад. Зимнан яроқ танҳо дар вазъияти ҷангӣ,  дар шароити осоишта бошад- танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ,ки таъхирнопазир аст, мувофиқи талаботи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мумкин  аст, истифода бурда шавад.
  1. Истифодаи ҳавасмандгардонӣ ва андешидани ҷазои интизомиро метавонанд танҳо командирони бевосита ва командироне, ки дар фасли «Андешидани ҷазоҳои интизомӣ дар ҳолатҳои махсус» зикр гардидаанд, амалӣ намоянд.
Ҳуқуқҳои интизомие, ки ба сардорони хурд дода шудаанд, ҳамеша ба сардорони калон низ тааллуқ доранд.
  1. Командироне (сардороне), ки вазифаҳояшон дар ҳамин Оиннома (замимаи 1) номбар нашудааст, нисбат ба хизматчиёни ҳарбии дар тобеи онҳо буда, аз ҳуқуқи интизомӣ, мувофиқи рутбаи ҳарбии худ,  ки тибқи вазифаи ишғолкардаашон дар назар дошта шудааст, истифода мебаранд:
а) сержанти хурд , сержант- аз ҳуқуқи командири отделения;
б) сержанти калон — аз ҳуқуқи муовини командири взвод;
в) старшина, прапорщик ва прапорщики калон — аз ҳуқуқи старшинаи рота;
г) лейтенанти хурд, лейтенант ва лейтенанти калон — аз ҳуқуқи командири взвод (гурӯҳ);
д) капитан- аз ҳуқуқи командири рота;
е) майор, подполковник — аз ҳуқуқи командири баталён;
ж) полковник — аз ҳуқуқи командири бригада ;
з) генерал – майор, генерал – лейтенант,  генерал-полковник — — аз ҳуқуқи фармондеҳи  навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ.
  1. Муовинони командирони ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои муттаҳид нисбат ба тобеони худ аз ҳуқуқи интизомие истифода мебаранд, ки аз ҳуқуқҳои ба командирони бевоситаи онҳо додашуда як дараҷа  пасттар  мебошад.
  2. Афсарон аз муовинони командирони баталёни алоҳида ва аз онҳо пасттар ҳангоми сафари хизматӣ бо ҷузъу томҳо, командаҳо (дастаҳо) ба сифати сардори онҳо, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаи мустақилона берун аз қароргоҳи қисми ҳарбии худ, ки тибқи фармони командири қисми ҳарбӣ муайян шудааст, аз ҳуқуқи интизомии як дараҷа болотар аз ҳуқуқҳои барои вазифаи ишғолнамудаашон муайянгардида истифода мебаранд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки сардорони командаҳо таъин шудаанд, дар ҳолатҳои қаблан зикргардида аз ҳуқуқи  интизомии зерин истифода мебаранд:
сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо — аз ҳуқуқи   старшинаи рота (команда); дорандагони рутбаи ҳарбии старшина, прапоршик — аз ҳуқуқи   командири взвод (гурӯҳ); прапоршикҳое, ки вазифаи командири взводро ишғол менамоянд —  аз ҳуқуқи   командири рота.
  1. Афсарон — командирони ҷузъу томҳои шунавандагон, курсантҳо дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ нисбат ба тобеони худ аз ҳуқуқи интизомии як дараҷа болотар, аз ҳуқуқҳои барои вазифаи ишғолкардаашон муайяншуда  истифода  мебаранд.
  2. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи интизомии дар ҳамин Оиннома муқарраргардида ба таври пурра истифода мебарад.
  3. Муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳуқуқи интизомӣ, ки як дараҷа аз ҳуқуқҳои барои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда пасттаранд, истифода мебаранд.
 
ҲАВАСМАНДГАРДОНӣ
 
  1. Ҳавасмандгардонӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ мебошад.
Ҳар як командир (сардор) дар доираи ҳуқуқҳое,ки  ҳамин Оиннома барояш пешбинӣ намудааст ӯҳдадор аст, ки хизматчиёни ҳарбии тобеашро барои корнамоӣ, ташаббуси оқилона, ҷидду ҷаҳд ва корномаи хизматӣ ҳавасманд намояд.
Дар сурате, ки агар командир (сардор) ҳуқуқҳои барояш додашударо нокифоя  шуморад, ӯ метавонад  барои бо ҳуқуқи   командири калон (сардор) ҳавасманд намудани хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати шоён намудаанд, дархост пешниҳод кунад.
  1. Барои мардонагӣ ва шуҷоат, ки ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ нишон дода шудааст, барои роҳбарии намунавии қӯшунҳо ва дигар хизматҳои барҷаста дар назди давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди омодагии ҷангӣ, барои ба дараҷаи аъло азхуд намудани намунаҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, сардорон, (аз командирони полк сар карда то командирони ба онҳо баробар ва болотар аз онҳо), командирони баталёнҳои алоҳида, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии алоҳидае, ки мувофиқи банди 14 ,,е” дорои ҳуқуқи интизомии командири баталён мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки дар хусуси пешниҳоди хизматчиёни ҳарбии дар тобеашонбуда барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ, дархост пешниҳод намоянд.
 
ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲОЕ, КИ  НИСБАТ БА  САРБОЗОН,
СЕРЖАНТҲО  ВА СТАРШИНАҲО ТАТБИҚ  КАРДА  МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо ҳавасмандгардониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
а) бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда;
б) эълон кардани раҳматнома;
в) дар хусуси иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ ва  дар хусуси ҳавасманд гардиданаш хабар додан ба волидайн ё ҷои кори (таҳсили) қаблии хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд;
г) сарфароз намудан бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои қиматбаҳо ё пулӣ;
д) сарфароз намудан бо  акси шахсии хизматчии ҳарбӣ, ки он дар назди Байрақи  Ҷангии парафшони қисми ҳарбӣ гирифта шудааст;
е) ба сарбозон додани рутбаи ефрейтор;
ж) ба сержантҳо додани рутбаи навбатии ҳарбие, ки он аз рӯи рутбаи ҳарбии барои мансаби штатии ишғолкардаашон пешбинӣ  шудааст,  як дараҷа болотар мебошад;
з)  мукофотонӣ бо нишони сарисинагии аълочӣ;
и) ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудани ному насаби сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо (замимаи 2);
к) ба мӯҳлати 5 шабонарӯз зиёд намудани давомнокии рухсати асосии хизматчиёни ҳарбие, ки хизматро тибқи даъват адо менамоянд (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии маьлумоти касбӣ).
Нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар мансабҳои сарбоз, сержант ва старшина тибқи қарордод хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба истиснои зербандҳои «в» ва «к», ҳамаи ҳавасмандгардонии дар ҳамин банд зикргардида татбиқ мешаванд.
 
ҲУҚУҚИ КОМАНДИРОН (САРДОРОН) ОИД БА ТАТБИҚИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲО  нисбат ба  сарбозон,  сержантҳо ва  старшинаҳои  тобеИ онҲО
 
  1. Командири отделения, муовини командири взвод, старшинаи рота ва фармондеҳи взвод ҳуқуқ доранд:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашонро бекор кунанд;
б) раҳматнома эълон намоянд.
  1. Командири рота ҳуқуқ дорад:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашро бекор кунад;
б) раҳматнома эълон намояд;
в) ба волидайн ё ҷои кори (таҳсили) қаблии хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд,  дар хусуси ба иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ, инчунин дар хусуси ҳавасманд гардиданаш хабар диҳад;
г) давомнокии рухсати асосии хизматчиёни ҳарбиеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват иҷро менамоянд, ба мӯҳлати то ду шабонарӯз зиёд намояд.
  1. Командири баталён ҳуқуқ дорад:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашро бекор намояд;
б) раҳматнома эълон намояд;
в) ба волидайн ё ҷои кори (таҳсили)  қаблии хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд, дар хусуси иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ, инчунин дар хусуси ҳавасманд гардиданаш   хабар диҳад;
г) бо ифтихорнома сарфароз гардонад;
е) давомнокии рухсати асосии хизматчиёни ҳарбиеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд, ба мӯҳлати то се шабонарӯз зиёд намояд.
Командири баталёни алоҳида,  инчунин командири қисми ҳарбии алоҳида, ки мутобиқи зербанди «е» банди 14 дорои ҳуқуқи интизомии командири баталён мебошанд, ба ғайр аз ин ҳуқуқ доранд  ҳавасмандгардонии дар зербандҳои «г»-“и» банди 26 зикргардидаро низ истифода баранд.
  1. Командири полк ҳуқуқ дорад:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашро бекор кунад;
б) раҳматнома эълон намояд;
в) ба волидайн ё ҷои кори (таҳсили) қаблии хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд, дар хусуси иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ, инчунин  дар хусуси ҳавасманд гардиданаш  хабар  диҳад;
г) бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои қиматбаҳо  ё пулӣ  сарфароз гардонад;
д) сарфароз намудан бо   акси шахсии хизматчии ҳарбӣ, ки дар назди Байрақи Ҷангии парафшони қисми ҳарбӣ гирифта шудааст;
е) рутбаи ҳарбии ефрейтор диҳад;
ж) ба сержантҳо   рутбаи  навбатии ҳарбӣ  то ҳадди сержанти калон диҳад, ки он аз рӯи рутбаи ҳарбии мансаби  штатии ишғолкардааш пешбинӣ  шудааст,  як   дараҷа болотар мебошад;
з) бо нишони сарисинагии аълочӣ  мукофотонад;
и) ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ   ному насаби сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоро  сабт кунад;
к) давомнокии рухсати  асосии хизматчиёни ҳарбиеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд, ба мӯҳлати  то 5 шабонарӯз зиёд намояд.
  1. Командироне (сардороне), ки аз командирони бригада ва аз онҳо болотар мебошанд, нисбат ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳои тобеи худ ҳуқуқ доранд тадбирҳои ҳавасмандгардонии тибқи Оинномаи мазкур пешбинишударо ба таври пурра истифода баранд.
 
ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲОЕ,  КИ  НИСБАТ БА  ПРАПОРЩИКҲО
ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба прапорщикҳо ҳавасмандгардониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
а) бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда;
б) эълон кардани раҳматнома;
в)  бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои қиматбаҳо ё пулӣ  сарфароз гардонидан;
г) ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудани ному насаби прапорщикҳо;
д) пеш аз мӯҳлат додани рутбаи ҳарбии прапорщики  калон.
 
ҲУҚУҚИ КОМАНДИРОН (САРДОРОН) ОИД БА ТАТБИҚИ  ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲО  НИСБАТ  БА  ПРАПОРЩИКҲОИ  ТОБЕИ  ОНҲО
 
  1. Командири взвод (гурӯҳ), командири рота ва командири баталён ҳуқуқ доранд:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашонро бекор кунанд;
б) раҳматнома эълон кунанд;
  1. Командири баталёни алоҳида, инчунин командири қисми ҳарбии алоҳида, ки мувофиқи банди 14 дорои ҳуқуқи интизомии командири баталён, командири полк, командири бригада мебошад, ба ғайр аз ин ҳуқуқ дорад ҳавасмандгардониҳои дар зербандҳои «в»  ва  «г»  банди 28 зикргардидаро низ  истифода баранд.
  2. Фармондеҳи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, шахсони ба ӯ баробар ва аз ӯ болотар нисбат ба прапорщикҳои тобеи худ ҳуқуқ доранд чораҳои ҳавасмандгардониҳои дар ҳамин Оиннома пешбинишударо дар ҳаҷми пурра истифода баранд.
 
ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲОЕ, КИ  НИСБАТ БА
АФСАРОН ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба афсарон ҳавасмандгардониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
а) бекор кардани ҷазои  интизомии қаблан додашуда;
б) эълон кардани раҳматнома;
в) сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои қиматбаҳо  (аз ҷумла ҳадяҳои номӣ) ё пулӣ;
г)  ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудани ному насаби афсарон;
д) пеш аз мӯҳлат додани рутбаи ҳарбии навбатӣ;
е) додани рутбаи навбатии ҳарбӣ то  ҳадди майор, ки он аз рӯи рутбаи ҳарбии, барои мансаби штатии ишғолкардаашон пешбинӣ  шудааст, як дараҷа болотар мебошад;
ж) сарфароз гардонидан бо  яроқи номӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ».
  1. Дар муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбӣ ба ғайр аз ҳавасмандгардониҳои дар банди 32 номбаршуда, инчунин дар Лавҳаи фахрӣ ному насаби шунаванда ва курсантҳое сабт карда мешаванд, ки муассисаҳои таълими ҳарбии  маълумоти  олии касбиро бо медали тилло ё муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти  миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
 
ҲУҚУҚИ  КОМАНДИРОН (САРДОРОН) ОИД БА ТАТБИҚИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӣ   НИСБАТ  БА АФСАРОНИ ТОБЕИ ОНҲО
 
  1. Командири рота ва командири баталён ҳуқуқ доранд:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашонро бекор кунанд;
б) раҳматнома эълон намоянд.
Командири баталёни алоҳида, инчунин командири қисми ҳарбии алоҳида, ки мутобиқи банди 14 дорои ҳуқуқи  интизомии командири баталён мебошанд, ба ғайр аз ин ҳуқуқ доранд ҳавасмандгардониҳои дар зербанди “в” банди 35 зикргардидаро истифода баранд.
  1. Командири полк, командири бригада, фармондеҳи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳуқуқ дорад:
а) ҷазои интизомии қаблан додаашро бекор намояд;
б) раҳматнома эълон намояд;
в) бо ифтихорнома, тӯҳфаҳои қиматбаҳо  (аз ҷумла  тӯҳфаҳои номӣ)    ё  пулӣ  сарфароз гардонад;
г)  ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ ному насаби афсаронро сабт намояд.
 
ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӣ
 
  1. Командирон (сардорон) метавонанд ҳавасмандгардониро нисбат ба хизматчиёни ҳарбии алоҳида ё тамоми ҳайати шахсии ҷузъу том ва қисми ҳарбӣ истифода баранд.
Барои ҳамон як хизмати шоиста хизматчии ҳарбӣ як маротиба  ҳавасманд гардонида мешавад.
Ҳангоми муайян намудани  навъи ҳавасмандгардонӣ хусусияти хизмати шоиста,  корнамоии хизматчии ҳарбӣ,  инчунин муносибати қаблии ӯ ба хизмати ҳарбӣ ба инобат гирифта мешавад.
  1. Хизматчии ҳарбие, ки ҷазои интизомӣ дорад, бо бекор кардани он ҳавасманд гардонида мешавад. Ба бекор кардани ҷазои интизомӣ танҳо командире (сардоре), ки ҷазоро додааст, инчунин командири бевоситае, ки аз  ӯ на камтар ҳуқуқи интизомӣ дорад,  ҳақ дорад.
Дар як вақт аз хизматчии ҳарбӣ мумкин аст танҳо як ҷазои интизомӣ   бардошта  шавад.
Командир (сардор) танҳо баъди нақши тарбиявии худро ба ҷо овардани ҷазои  интизомӣ ва  пас аз он, ки хизматчии ҳарбӣ бо иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ рафторашро ислоҳ намудааст, метавонад ҷазои интизомиро бекор кунад.
  1. Бекор кардани ҷазои интизомии паст кардан дар рутбаи (мансаби) ҳарбӣ нисбат ба хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд, танҳо баъди на камтар аз се моҳи паст намудани рутбаи (мансаби) ҳарбӣ мумкин аст татбиқ карда шавад. Бекор  кардани ҷазои  интизомии паст кардани  мансаби хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо менамояд, чунин сурат мегирад:
— аз сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо — на барвақттар аз шаш моҳ;
— аз прапорщикҳо ва афсарон — на барвақттар аз як сол аз рӯзи паст  кардан дар мансаб.
Сержанту старшинаҳо, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд ва дар рутбаи ҳарбӣ паст карда шудаанд, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардаашон дар як вақт  бо бекор кардани ҷазои интизомӣ ба рутбаи пешинаи ҳарбиашон барқарор карда мешаванд.
Ҷазои интизомии паст кардан дар мансаб мумкин аст ҳамзамон  бе  барқарор намудани хизматчии ҳарбӣ ба мансаб,  бекор карда шавад.
  1. Ҳавасмандгардонӣ — эълон кардани раҳматнома, сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, бо тӯҳфаи қиматбаҳо ё пулӣ мумкин аст нисбат ба хизматчии ҳарбии алоҳида, инчунин нисбат ба ҳамаи ҳайати шахсии чузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, чун қоида дар охири давраи соли таълимӣ (соли таҳсил), ҳангоми рухсат шудан ба эҳтиёт (истеъфо), инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои мусобиқа (зӯрозмоӣ) истифода бурда шавад.
  2. Ҳавасмандгардонӣ – хабар додан ба зодгоҳ ё ҷои кори (таҳсили) қаблии хизматчии ҳарбӣ дар хусуси ба таври намунавӣ иҷро намудани қарзи ҳарбӣ ва дар хусуси ӯро ҳавасманд гардонидан нисбат ба хизматчии ҳарбие истифода мешавад, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд, зимнан ба зодгоҳ ё ба ҷои кори (таҳсил) қаблии хизматчии ҳарбӣ оид ба софдилона иҷро намудани қарзи ҳарбӣ ва дар бораи гирифтани ҳавасмандгардонӣ  таҳсиннома  фиристода мешавад.
  3. Ҳавасмандагрдонӣ — сарфароз гардонидан бо акси шахсии хизматчии ҳарбӣ, ки он дар назди Байрақи Ҷангии парафшони қисми ҳарбӣ гирифта шудааст, нисбат ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо истифода бурда мешавад.
Ба ҳар хизматчии ҳарбие, ки нисбат ба ӯ чунин ҳавасмандгардонӣ истифода шудааст, ду акс (сурати хизматчии ҳарбӣ бо либоси идона ва яроқ гирифта мешавад) , бо матни ба  кӣ ва барои чӣ дода шудани акс, ки  дар паси он сабт шудааст, такдим  мегардад.
  1. Ҳавасмандгардонӣ — додани рутбаи ҳарбии ефрейтор, пеш аз мӯҳлат додани рутбаи ҳарбӣ ва додани рутбаи ҳарбӣ то ҳадди майор, ки он аз рӯи рутбаи ҳарбии барои мансаби штатии ишғолкардаашон пешбинӣ шудааст, як дараҷа болотар мебошад нисбат ба хизматчиёни ҳарбие истифода мешавад, ки ҳангоми ҳимояи давлат, иҷрои навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) ё иҷрои уҳдадориҳои дигари хизмати ҳарбӣ сифатҳои баланди ахлоқию ҷангӣ зоҳир намудаанд, дар омодагии ҷангӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудаанд.
  2. Бо нишони сарисинагии аълочӣ танҳо он сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳое, ки дар тӯли як давраи таълимӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти касбӣ, ки дар давоми   соли таҳсил аълочӣ буданд,  мукофотонида мешаванд.
  3. Ҳавасмандгардонӣ – ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудани ному насаб нисбат ба шахсони зерин истифода бурда мешавад:
сарбозон, сержант ва старшинаҳои давраи ниҳоии таълим, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанду дар омодагии ҷангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд ва   ҳангоми   иҷрои хизмат  интизоми бенуқсон ва шуурнокии баланд зоҳир кардаанд,  пеш аз рухсат  шудан аз хизмат ба эҳтиёт (курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълими ҳарбии  маълумоти  касбӣ — баъди хатми таълим);
хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо менамоянд, барои хизмати бенуқсон дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин ҳамаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ   дар тамоми мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ корномаҳои шоён кардаанд.
Ҳангоми эълони ҳавасмандгардонӣ дар хусуси  ба  Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудан ба хизматчии ҳарбӣ бо имзои командири қисми ҳарбӣ таърифнома супорида мешавад ва  дар хусуси ба Китоби фахрии қисми ҳарбӣ сабт намудани ному насаби хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд, ба ғайр аз ин ба волидайн ё ҷои кори (таҳсили) қаблии ӯ хабар дода мешавад.
  1. Зиёд намудани давомнокии рухсати асосӣ ҳамчун навъи ҳавасмандгардонӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбие татбиқ мешавад, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, дар омодагии ҷангӣ натиҷаҳои хубу аъло доранд, ҳангоми хизмат ҷидду ҷаҳд ва корнамоӣ зоҳир намудаанд. Доир ба зиёд намудани давомнокии рухсатии асосӣ дар фармони қисми ҳарбӣ эълон карда мешавад.
  2. Сарафароз гардонидани афсарон бо яроқ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъоми фахрӣ ба ҳисоб рафта, бо он бо тартиби муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» афсарон барои корнамоии мумтоз ва хизмати шоиста дар назди давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофотонида мешаванд. Яроқи номӣ шамшер, ханҷар, таппонча ё милтиқи шикорӣ буда метавонад. Ба ғайр аз   навиштаҷоти дахлдор дар яроқи номӣ   рутбаи ҳарбӣ, ному насаби шахси мукофотонидашуда низ сабт мегардад. Навиштаҷот дар худи яроқ   ё дар  лавҳачаи оҳание, ки дар болои яроқ, корд ё ғилоф насб мегардад, анҷом дода мешавад.
47.Ҳавасмангардонӣ дар назди саф,  дар маҷлиси хизматчиёни ҳарбӣ, бо  фармон ё шахсан эълон карда мешавад.
Эълони фармонҳо дар бораи ҳавасмангардонӣ, инчунин супоридани мукофотҳо ба хизматчиёни беҳтарин одатан дар вазъияти ботантана сурат мегирад.
Бо эълони фармон оид ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун қоида дар як вақт ба онҳо ифтихорнома, тӯҳфаҳои киматбаҳо ё пулӣ, акси шахсии хизматчии ҳарбӣ, ки он дар назди Байрақи   Ҷангии  парафшони қисми ҳарбӣ  гирифта шудааст, ё мактуб ба ҷои кори (таҳсили) қаблӣ дар хусуси иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ аз чониби онҳо, супорида мешавад.
  1. Хизматчии ҳарбӣ баъди бекор кардани ҷазои интизомӣ аз ҷониби командири дахлдор ё пас аз гузаштани як сол аз лаҳзаи додани ҷазои охирин, агар дар ин муддат аз ҷониби ӯ кирдори дигаре содир нашуда бошад, ҷазои интизомӣ надошта эътироф карда мешавад.
 
ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМӣ
 
  1. Барои вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ хизматчии ҳарбӣ шахсан масъулияти интизомиро ба зимма дорад.
Ҳангоми аз тарафи хизматчии ҳарбӣ вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ командир (сардор) метавонад  танҳо бо хотиррасон кардани ӯҳдадорӣ ва қарзи ҳарбиаш маҳдуд шавад,  дар ҳолатҳои зарурӣ бошад,  нисбати ӯ ҷазои интизомӣ татбиқ кунад. Зимнан ӯ бояд ба инобат гирад, ки ҷазои муқарраршуда ҳамчун тадбири таҳкими  интизомнокӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба вазнинии кирдори содиршуда ва дараҷаи гуноҳе, ки аз тарафи командир дар натиҷаи тафтиш муқаррар гардидааст, мувофиқ  бошад.
  1. Ба мақсади маҳкумсозии ҷамъиятии вайронкунии интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ, кирдори хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи қарори командир (сардор) метавонад ба таври зайл баррасӣ ва муҳокима гардад:
сарбозон — дар маҷлисҳои ҳайати шахсӣ;
сержантҳо ва старшинаҳо — дар маҷлисҳои сержантҳо ва старшинаҳо;
прапорщикҳо — дар маҷлисҳои прапорщикҳо;
хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан — дар маҷлисҳои заноне, ки рутбаи ҳарбиашон (вазифаашон) аз рутбаи ҳарбии (вазифаи) хизматчизане, ки кирдори ӯ муҳокима карда мешавад, паст набошад;
афсарон — дар  маҷлисҳои афсарон.
Ба ғайр аз ин кирдори афсарон ва прапорщикҳо  мумкин  аст дар судҳои рафиқонаи шаъни афсарӣ ва прапорщикҳо мавриди муҳокима қарор гирад.
Қарор дар бораи арзёбии кирдори афсарон  ва прапоршикҳо дар судҳои рафиқонаи шаъни афсарӣ аз тарафи командири қисми ҳарбие, ки дар  он суд ташкил карда шудааст, инчунин аз тарафи сардорони аз онҳо болотар қабул карда мешавад. Бо қабули қарор оид ба муҳокимаи кирдори афсарон ва прапорщикҳо дар судҳои рафиқонаи шаъни  афсарӣ, ба онҳо дар  як вақт барои ҳамин кирдор татбиқ  намудани ҷазои интизомӣ манъ аст.
  1. Дар ҳолатҳои ноилоҷ, ки таъхирнопазир аст, хизматчиёни ҳарбӣ мумкин аст аз мансаб барканор  карда шаванд.
Аз мансаб барканор кардани хизматчиёни ҳарбиро он командир (сардор) метавонад анҷом диҳад, ки  ӯ ҳуқуқи ба ин вазифа таъин намудани онҳоро  дорад. Командире (сардоре), ки тобеи худро аз мансаб барканор  менамояд, вазифадор аст фавран дар ин хусус ба командирони болоӣ хабар диҳад, сабабу шароите, ки боиси аз мансаб  дур кардан  гаштааст,  муфассал баён намояд.
Командире (сардоре), ки тобеи худро бидуни асосҳои кофӣ  аз мансаб барканор  намудааст, барои ин  ҷавобгар мебошад.
Фармони командир (сардор) оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ мумкин аст дар шакли шифоҳӣ  ё хаттӣ дода шавад.
 
ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМИЕ,  КИ  НИСБАТ БА  САРБОЗОН,
СЕРЖАНТҲО ВА СТАРШИНАҲО ТАТБИҚ КАРДА  МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба сарбозон мумкин аст ҷазоҳои зерин татбиқ карда шаванд:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ маҳрум  кардани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд;
г) ба  сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд таъин кардани навбати (наряди) ғайринавбатии корӣ  то  5 навбат;
д) ҳабс намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо менамоянд то 7 шабонарӯз; сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд — то 10 рӯз  бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ;
е) маҳрум намудан аз нишонаи сарисинагии аълочӣ;
ж) пеш аз мӯҳлат аз хизмат рухсат  намудани сарбозоне, ки хизмати  ҳарбиро  тибқи  қарордод  адо  менамоянд.
  1. Барои сержантҳо ва старшинаҳое, ки хизматро тибқи даъват адо менамоянд, мумкин аст ҷазоҳои зерин татбиқ карда шавад:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) маҳрум кардан аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ;
г) ҳабс намудан бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ  то 10 шабонарӯз;
д) маҳрум намудан аз нишони сарисинагии аълочӣ;
е)   паст кардан дар мансаб;
ж) як  дараҷа паст кардани рутбаи ҳарбӣ;
з) як  дараҷа паст кардани рутбаи ҳарбӣ бо гузаронидан ба мансаби пасттар.
  1. Ба сержанту старшинаҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо менамоянд, ҷазоҳои зерин муқаррар карда шуданаш мумкин аст:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) ҳабс  намудан бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ   ба мӯҳлати то 7 шабонарӯз;
г) маҳрум  намудан  аз нишони сарисинагии аълочӣ;
д) паст кардан дар мансаб;
е)  пеш аз мӯҳлат  рухсат намудан ба эҳтиёт.
Нисбат ба хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки хизмати ҳарбиро ба сифати сарбоз, сержант ё старшина адо менамоянд, ҷазоҳои дар зербанди «в» ҳамин банд ва зербандҳои «в» ва «д»-и банди  52  зикргардида,  татбиқ  карда намешаванд.
 
ҲУҚУҚИ   КОМАНДИРОН  (САРДОРОН)  ОИД БА  ТАТБИҚИ  ҶАЗОИ ИНТИЗОМӣ НИСБАТ БА   САРБОЗОН,  СЕРЖАНТҲО ВА СТАРШИНАҲОИ ТОБЕИ ОНҲО
 
  1. Командири отделения ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозонеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд аз  рухсатии навбатии  берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ маҳрум кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд,  —  то 1 навбати  ғайринавбатии корӣ таъин намояд.
  1. Муовини командири взвод ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозон ва сержантҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд, аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ маҳрум кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд — то  2 навбати ғайринавбатии корӣ таъин намояд.
  1. Старшинаи рота (команда) ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи катъӣ эълон намояд;
б) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки  хизмати ҳарбиро  тибқи даъват адо мекунанд, аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ маҳрум  кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд — то   3 навбати ғайринавбатии корӣ  таъин намояд.
  1. Командири взвод (гурӯҳ) ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи  қисми ҳарбӣ  маҳрум  кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд — то 4 навбати ғайринавбатии корӣ  таъин  намояд.
  1. Командири рота ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи  қисми  ҳарбӣ  маҳрум  кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд — то 5 навбати ғайринавбатии корӣ таъин намояд;
г) сарбозон, сержант ва старшинаҳоро бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ   то 3 шабонарӯз,  ҳабс  намояд.
  1. Командири баталён ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро  тибқи даъват адо мекунанд,  аз рухсатии навбатии берун аз  қароргоҳи  қисми  ҳарбӣ  маҳрум   кунад;
в) ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд —  то 5 навбати ғайринавбатии корӣ таъин намояд;
г) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд,  бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ то 7 шабонарӯз ва сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро  тибқи қарордод адо мекунанд,   то 5 шабонарӯз  ҳабс намояд.
Командири баталёни алоҳида, инчунин командири қисми ҳарбии алоҳида, ки мувофиқи банди 14 ҳуқуқи интизомии командири баталёнро дорад, ба ғайр аз ин ҳуқуқ дорад ҷазоҳои дар зербандҳои «д» -«з»-и  банди 58  зикршударо низ татбиқ  намояд.
  1. Командири полк ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ маҳрум кунад;
в) ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи  даъват адо мекунанд то 5 навбати ғайринавбатии корӣ таъин намояд;
г) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд,   бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ —  то 10 шабонарӯз ва сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанд,  то 7 шабонарӯз,  ҳабс намояд;
д) аз нишони сарисинагии аълочӣ маҳрум намояд;
е) сержанту старшинаҳоро ба мансаби пасттар таъин кунад;
ж) фаровардани як зина аз   ҳадди сержанти калон сар карда пасттар рутбаи ҳарбии  сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз он поён,  аз ҷумла  бо ба   мансаби  пасттар гузарониданро анҷом диҳад;
з) сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳоеро, ки хизматро тибқи қарордод адо менамоянд, пеш аз мӯҳлат  ба эҳтиёт рухсат намояд;
  1. Командири бригада, ба ӯ баробар ва болотар аз ӯ нисбат ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳои  дар тобеи онҳо буда, ҳуқуқ доранд, ки ҷазои интизомии муқаррарнамудаи ҳамин Оинномаро дар ҳаҷми пурра  татбиқ  намоянд.
 
ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМИЕ,  КИ  НИСБАТ БА  ПРАПОРЩИКҲО
ТАТБИҚ  КАРДА МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба прапорщикҳо мумкин аст, ҷазоҳои зерин  татбиқ карда шаванд:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) ҳабс намудан бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ    то 5 шабонарӯз;
г) огоҳ намудан  дар хусуси номувофиқии пурраи хизматӣ;
д) паст кардан дар мансаб;
е) пеш аз мӯҳлат рухсат намудан ба эҳтиёт.
Нисбат ба хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки хизмати ҳарбиро ба сифати прапоршикҳо адо менамоянд, ҷазои дар зербанди «в» ҳамин банд зикргардида татбиқ карда намешавад.
 
ҲУҚУҚИ КОМАНДИРОН (САРДОРОН) ОИД БА ТАТБИҚИ ҶАЗОҲОИ
ИНТИЗОМӣ  НИСБАТ  БА ПРАПОРЩИКҲОИ   ТОБЕИ ОНҲО
 
  1. Командири взвод (гурӯҳ) ва командири рота ҳуқуқ доранд, ки танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намоянд.
  2. Командири баталён ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) ба ҳабс гирад ва то 3 шабонарӯз дар маҳбаси ҳарбӣ нигоҳ дорад.
Командири баталёни алоҳида, инчунин командири қисми ҳарбии алоҳидае, ки мувофиқи банди 14 ҳуқуқи  интизомии     командири баталёнро дорад, ба ғайр аз  ин,  ҳуқуқ дорад прапоршикҳоро дар хусуси номувофиқии пурраи хизматӣ огоҳ намоянд.
  1. Командири полк ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намояд;
б) ба ҳабс гирад ва то 4 шабонарӯз дар маҳбаси ҳарбӣ нигоҳ дорад;
в)  дар хусуси номувофиқии пурраи  хизматӣ огоҳ намояд.
  1. Командирони дивизия (бригада) ҳуқуқ дорад:
а) танбеҳ ва  танбеҳи  қатъӣ эълон намояд;
б) ба ҳабс гирад ва то 5 шабонарӯз дар маҳбаси ҳарбӣ нигоҳ дорад;
в)  дар хусуси номувофиқии  пурраи хизматӣ огоҳ намояд.
  1. Фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба прапорщикҳои дар тобеашон буда ҳуқуқ доранд, ки ҷазои интизомии пешбининамудаи ҳамин Оинномаро дар ҳаҷми пурра татбиқ намоянд.
 
ҶАЗОҲОИ ИНТИЗОМИЕ, КИ НИСБАТ БА АФСАРОН
ТАТБИҚ   КАРДА  МЕШАВАНД
 
  1. Нисбат ба афсарон (ба истиснои афсарони олӣ) мумкин аст ҷазоҳои зерин татбиқ карда шаванд:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) огоҳ намудан дар хусуси номувофиқии пурраи хизматӣ;
г) паст кардан дар  мансаб;
д) пеш аз мӯҳлат рухсат намудан ба эҳтиёт.
  1. Нисбат ба афсарони олӣ мумкин аст ҷазоҳои зерин татбиқ карда шаванд:
а) танбеҳ;
б) танбеҳи қатъӣ;
в) огоҳ намудан дар хусуси номувофиқии пурраи хизматӣ;
г) паст кардан дар мансаб.
 
ҲУҚУҚИ  КОМАНДИРОН (сардорон) ОИД БА  ТАТБИҚИ ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМӣ  НИСБАТ БА АФСАРОНИ ТОБЕИ ОНҲО
 
  1. Командири рота ва баталён ҳуқуқ доранд танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намоянд.
Командири баталёни алоҳида, инчунин командири қисми ҳарбии алоҳида, ки мувофиқи банди 14  ҳуқуқи интизомии командири баталёнро дорад, ба ғайр аз ин ҳуқуқ дорад афсаронро дар хусуси номувофиқии  пурраи  хизматӣ огоҳ намоянд.
  1. Командири полк ва командири бригада ҳуқуқ доранд:
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон намоянд;
б) дар хусуси номувофиқии  пурраи  хизматӣ огоҳ намоянд.
  1. Фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳуқуқ доранд:
  2. Нисбат ба афсарон (ба истиснои афсарони олӣ):
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон кунанд;
б) дар хусуси номувофиқии  пурраи  хизматӣ огоҳ намоянд;
в) афсаронеро, ки аз рӯи штат мансаби  “капитан” ва аз он пасттарро ишғол менамоянд,  дар мансаб паст кунанд;
г) афсарони аз рутбаи «капитан» ва пасттар аз онро пеш аз мӯҳлат ба эҳтиёт рухсат намоянд.
  1. Нисбат ба афсарони олӣ:
а) танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон кунанд;
б) дар хусуси номувофиқии  пурраи  хизматӣ огоҳ намоянд.
 
ТАТБИҚИ ҶАЗОҲОИ ИНТИЗОМӣ ДАР ҲОЛАТҲОИ МАХСУС
 
  1. Сардорони гарнизонҳо ва комендантҳои ҳарбии гарнизонҳо ҳуқуқ доранд, ки ба хизматчиёни ҳарбии дар гарнизон буда ва ё муваққатан дар гарнизон таваққуфкарда, дар ҳолатҳои зерин ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намоянд:
а) дар ҳолате, ки кирдори содиршуда ба вайрон кардани қоидаҳои хизмати гарнизонӣ ё  қаровулӣ вобаста бошад;
б) дар ҳолате, ки вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ берун аз қисми ҳарбӣ содир шуда бошад;
в) дар ҳолате, ки кирдор ҳангоми рухсатӣ, сафари хизматӣ ё ҳангоми нигаҳдошт дар  маҳбаси ҳарбии гарнизон   содир шуда бошад.
Сардорони робитаҳои ҳарбӣ дар навъҳои нақлиёт ва комендантҳои ҳарбӣ дар роҳҳо  ҳуқуқ доранд, ки нисбат ба хизматчиёни ҳарбии  ҳангоми сафар кирдор   содиркарда,  ҷазои интизомӣ татбиқ намоянд.
  1. Нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки мутобиқи ҳолатҳои дар банди 74 ҳамин Оиннома зикршуда кирдор содир кардаанд, сардорон ҳуқуқҳои интизомии зеринро доранд:
— сардори гарнизон бо ҳуқуқе, ки дар асоси  мансаби   штатии  асосӣ ба ӯ дода шудааст;
— сардори робитаҳои ҳарбӣ дар навъҳои нақлиёт бо ҳуқуқе, ки мувофиқи рутбаи ҳарбӣ аз рӯи мансаби  штатии ишғолкардааш пешбинӣ шудааст (банди 14);
— коменданти ҳарбии гарнизон ва ҳамаи комендантҳои ҳарбӣ дар роҳҳо як дараҷа баландтар аз ҳуқуқе,  ки ба онҳо мутобиқи  рутбаи ҳарбии    аз рӯи   мансаби   штатии ишғолкардаашон  пешбингардида, дода шудааст;
— коменданти ғайриштатии гарнизон  як дараҷа баландтар аз ҳуқуқе, ки ба ӯ мутобиқи  рутбаи ҳарбии   аз рӯи мансаби  асосии штатии ишғолкардааш пешбингардида,  дода шудааст.
  1. Сардороне, ки мувофиқи банди 74 ҷазо додаанд, дар ин бора ба командирони он қисмҳои ҳарбӣ ва сардорони он муассисаю корхонае, ки хизматчиёни ҳарбии кирдор содирнамудагон бошад ба ҳайати онҳо шомиланд, бо усули гузоштани сабт дар билетҳои рухсатӣ ё гувоҳномаҳои сафари хизматӣ ё супоришномаи хизматчиёни ҳарбӣ хабар медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ баъди расидан ба ҷои хизмати доимӣ  бояд ба сардорони бевоситаи худ оид ба гирифтани ҷазои интизомӣ гузориш диҳанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷазои гирифтаашон хабар намедиҳанд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.
  1. Хизматчиёни ҳарбии дар эҳтиёт ва дар истеъфобуда дар сурати содир кардани кирдоре, ки шарафи ҳарбӣ ва шаъни рутбаи ҳарбиро бадном мекунад, мумкин аст бо ҳукми муовини Вазири мудофиа ё Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи пӯшидани сару либоси ҳарбӣ маҳрум карда шаванд.
  2. Ҳангоми якҷоя адо намудани хизмат аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки дар тобеъияти якдигар намебошанд,  вақте, ки муносибатҳои байниҳамдигарии хизматии онҳоро командирон (сардорон) муайян накардаанд, хизматчии ҳарбии  аз рӯи мансаб баландтар, вале дар сурати баробар будани мансаби онҳо,  дорои рутбаи ҳарбии баландтар сардор ба ҳисоб меравад ва ӯ  аз ҳуқуқи интизомие, ки тибқи вазифаи ишғолкардааш ба ӯ дода шудааст, истифода мебарад.
  3. Барои дар ҳузури калонтар аз ҷониби хурд риоя накардани интизоми ҳарбӣ ё қоидаи саломи ҳарбӣ, калонтар бояд ба хурд огоҳӣ диҳад ва агар ин кор таъсир нарасонад, ӯ метавонад дигар  чораҳои дар оинномаҳои ҳарбӣ пешбинишуда, аз ҷумла то ба  ҳабс гирифтан ва дар  маҳбаси ҳарбӣ   нигоҳ доштанро истифода  барад.
Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи ба ҳабс гирифтан ба инҳо тааллуқ дорад: нисбат ба прапорщикҳо- ба афсарони олирутба ва калон  ва нисбат ба сарбозону сержантҳо ва старшинаҳо бошад — ба ҳамаи афсарон.
Тартиби дар ҳолатҳои таъхирнопазир татбиқ намудани баҳабсгирӣ ва нигоҳдорӣ дар маҳбасхонаи ҳарбӣ  дар замимаи 5,  банди 11  муайян карда шудааст.
  1. Шахсоне, ки талаби калонро ҷиҳати рафтан зери ҳабс ба ҷо намеоранд (банди 79) , ҳамчун барои иҷро накардани фармони сардор  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
ТАРТИБИ  ТАТБИҚИ  ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМӣ
 
  1. Нисбат ба хизматчии ҳарбие, ки интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст, фақат ҳамон ҷазоҳои интизомие татбиқ карда  мешаванд, ки дар ҳамин Оиннома муайян шудаанд ва ба рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбию  ҳуқуқи интизомии командире (сардоре), ки  барои ба ҷавобгарии интизомӣ  кашидани гунаҳкор қарор қабул кардааст,  мувофиқ мебошанд.
  2. Қабл аз баровардани қарор дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ аз ҷониби командир (сардор) бояд тафтиш сурат гирад. Ин амал бо мақсади муқаррар кардани шахсони гунаҳкор ва ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани кирдор мусоидат намудаанд, гузаронида мешавад. Командир (сардор) дар ҷараёни тафтиш бояд муайян кунад ки;
оё дар ҳақиқат кирдор ҷой дорад,  дар куҷо, кай,  дар кадом ҳолат ва бо кадом мақсад он содир шудааст ва  дар чӣ ифода ёфтааст; будани гуноҳ дар ҳаракати (беҳаракатии) шахсони мушаххас, дараҷаи гуноҳи ҳар яки онҳо дар мавриди содир  намудани кирдор аз тарафи якчанд шахсон; оқибати кирдор чӣ гуна аст, ҳолатҳое, ки ҷавобгарии шахси гунаҳкорро сабук  ё вазнин месозад, сабаб  ва шароите, ки ба содир шудани кирдор мусоидат намудааст.
Агар дар ҷараёни тафтиш маълум гардад, ки кирдори хизматчии ҳарбӣ аломатҳои таркиби ҷиноятро дорад, командири қисми ҳарбӣ прокурори ҳарбиро хабардор менамояд ва ӯ ҳангоми зарурат парвандаи ҷиноятиро оғоз ва тафтиши пешакиро таъин мекунад.
  1. Ҳангоми муайян кардани гуноҳ ва татбиқи чораҳои ҷазои интизомӣ хусусияти кирдор, ҳолате, ки зимни он кирдор содир шуда буд; оқибатҳои он, рафтори қаблии гунаҳкор, ҳамчунин давомнокии хизмати ҳарбии ӯ ва дараҷаи донистани тартиби адои хизмат, ба инобат гирифта мешаванд.
Вазнинии ҷазои интизомӣ меафзояд, агар кирдор ҳангоми иҷрои навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) ва  иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳои хизматӣ ё дар ҳолати мастӣ содир шуда бошад, ё   агар он боиси моҳиятан вайрон кардани тартибот гашта бошад.
  1. Ҷазои интизомӣ нисбат ба хизматчии ҳарбие, ки кирдор содир кардааст, чун қоида баъди як шабонарӯз, вале на дертар аз 10 шабонарӯз аз рӯзе, ки ба командир (сардор) содир шудани кирдор маълум мегардад, андешида мешавад. Ҳангоми андешидани ҷазои интизомӣ командир (сардор) набояд, шаъну эътибори шахсии тобеъро паст занад ва ба дағалӣ роҳ диҳад.
Огоҳӣ, эрод ё дастурҳои қатъие, ки командир (сардор)  барои камбудиҳои хизматӣ  ба тобеаш изҳор кардааст, ҷазои интизомӣ ба ҳисоб намеравад.
Хизматчии ҳарбие, ки худро гунаҳкор намеҳисобад, ҳуқуқ дорад дар муддати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи андешидани ҷазои интизомӣ ба мақоми болоӣ шикоят   кунад.
  1. Татбиқи ҷазои интизомӣ нисбати хизматчии ҳарбие, ки ба ҳайати навбати шабонарӯзӣ (навбатдории ҷангӣ) шомил аст, барои кирдори ҳангоми иҷрои хизмат содиркардааш баъди иваз кардани навбатӣ  (навбатдории ҷангӣ) ё баъди ивази ӯ бо дигар хизматчии ҳарбӣ, вале дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз, анҷом дода мешавад.
  2. Татбиқи ҷазои интизомӣ ба хизматчии ҳарбие, ки дар ҳолати мастӣ мебошад, инчунин аз ӯ гирифтани баёнот то мавриди ҳушёр шудан, мавқуф гузошта мешавад. Дар чунин ҳолатҳо, ҳангоми зарурат, мумкин аст, ки ӯ дар маҳбаси ҳарбӣ ё дар камераи муваққатии боздоштшудагон ба мӯҳлати як шабонарӯз нигоҳ дошта шуда, сипас доир ба ҷавобгарии ӯ қарор қабул гардад.
  3. Барои ҳамон як гуноҳ татбиқи якчанд ҷазои интизомӣ ё   як ҷазоро бо дигар пайвастан, бар  ивази гунаҳкори бевосита татбиқ  намудани  ҷазо ба ҳамаи  ҳайати шахсии ҷузъу том, ҳамчунин татбиқи истифода бурдани ҷазои интизомии баҳабсгирӣ, бидуни муайян кардани мӯҳлат манъ аст.
  4. Агар командир (сардор) бинобар вазнинии кирдори содиркардаи тобеон ҳуқуқи интизомии ба ӯ додашударо нокифоя ҳисобад, ӯ дар мавриди нисбат ба гунаҳкор бо ҳуқуқи командири (сардори) калонтар андешидани ҷазо дархост пешниҳод менамояд.
Командире (сардоре),  ки аз ҳадди ҳуқуқи ҷазои интизомии ба ӯ додашуда мегузарад, барои чунин кирдор масъулият дорад.
  1. Командири (сардори) калон ҳуқуқ надорад, ки бо сабаби вазнинии ҷазои таъиншуда, онро бекор ё кам кунад, агар охирин аз ҳуқуқи ба ӯ додашуда сӯйистифода накарда бошад.
Командири (сардори) калон агар муайян намояд, ки ҷазои интизомии татбиқкардаи  командири (сардори) хурд ба вазнинии кирдори содиршуда мувофиқат намекунад, ҳуқуқ дорад онро   бекор кунад ва ҷазои вазнинтаре татбиқ  намояд.
  1. Хизматчии ҳарбие, ки барои ҷинояти содиркарда ва ба давлат расондани зарари моддӣ гирифтори ҷазои интизомӣ шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва моддӣ озод карда намешавад.
 
 
ТАРТИБИ   ИҶРОИ  ҶАЗОҲОИ  ИНТИЗОМӣ
 
  1. Ҷазои интизомӣ, чун қоида, ҳамоно ва дар ҳолатҳои истисноӣ дар мӯҳлати на камтар аз як моҳ аз рӯзи татбиқи он, иҷро карда мешавад. Бо гузашти як моҳ ҷазо иҷро карда намешавад, вале сабти он дар варақаи хизматӣ  нигоҳ дошта мешавад. Дар чунин ҳолат шахсе, ки бо гуноҳи ӯ ҷазо иҷро нагардидааст,  масъулиятро ба ӯҳда дорад.
Ҳангоми  шикоят иҷрои ҷазои интизомӣ, то лаҳзае, ки командири калон (сардор) доир ба бекор кардани он фармон набаровардааст, боздошта намешавад.
  1. Дар бораи татбиқи ҷазоҳои интизомӣ, агар тартиби истифодаи онҳо дар ҳамин Оиннома нишон дода нашуда бошад, чунин эълон карда мешавад:
а) ба сарбозон  — шахсан ё дар назди саф;
б) ба сержант ва старшинаҳо —  шахсан, дар маҷлис ё дар назди сафи сержантҳо ва старшинаҳо;
в) ба прапорщикҳо —  шахсан, дар маҷлиси прапорщикҳо, ҳамчунин дар маҷлисҳои прапорщикҳо ва афсарон;
г) ба афсарон – шахсан  дар супоришнома ё дар маҷлисҳо (ба афсарони хурд — дар ҳузури афсарони хурд ва калон, ба афсарони калон — дар ҳузури афсарони калон ва олӣ);
д) ба афсарони олӣ –шахсан дар супоришнома ё дар маҷлисҳо – дар ҳузури афсарони олӣ. Ба ғайр аз ин  ҷазои интизомӣ  мумкин аст бо фармон эълон карда шавад.
Эълон кардани ҷазои интизомӣ ба командирон (сардорон) дар ҳузури тобеи онҳо  манъ аст.
Ҳангоми ба хизматчии ҳарбӣ эълон кардани ҷазои интизомӣ сабабе, ки  боиси татбиқи   ҷазо гардидааст ва дар чӣ зоҳир  шудани вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ё  тартиботи ҷамъиятӣ     нишон дода  мешавад.
  1. Танбеҳ ҷазои интизомии ибтидоӣ буда, ба хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи тартиби дар банди 92 ҳамин Оиннома зикршуда эълон мегардад.
Танбеҳи қатъӣ танҳо дар назди саф, дар маҷлисҳо ё бо фармон эълон карда мешавад.
  1. Маҳрум кардан аз рухсатии навбатии берун аз қароргоҳи қисми ҳарбӣ  маънии онро дорад, ки дар муддати 7 шабонарӯз ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, бидуни зарурати хизматӣ баромадан аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, инчунин  иштироки онҳо дар ташрифи  коллективона   (дар ҳайати ҷузъу том) ба муассисаҳои маданию фароғатӣ ва ҷойҳои истироҳатии берун аз шаҳраки ҳарбӣ,  манъ аст.
  2. Ҷазои интизомӣ — таъин кардани навбати ғайринавбатии корӣ  аз ҷониби старшинаи рота ё муовини командири взвод иҷро  карда мешавад.
Сарбозоне, ки хизматро тибқи даъват адо мекунанд, инчунин курсантҳои курси 1 ва 2  муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти  касбӣ   (ба истиснои хизматчиёне, ки хизматро тибқи даъват адо кардаанд), ки ба  навбати ғайринавбатии  корӣ таъин шудаанд, барои иҷрои корҳо дар дохили ҷузъу томи худ ё   қисми ҳарбии худ дар ҳар рӯзи муносиби ҳафта, ҳангоми фориғ будан аз таҳсил, ҷалб карда мешаванд. Давомнокии иҷрои як навбати  корӣ дар як шабонарӯз набояд аз 4 соат бештар бошад. Корҳо то вақти хоб  иҷро карда мешаванд.
  1. Ҳабс намудан бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ яке аз чораҳои ниҳоии таъсиррасонӣ буда, дар ҳолатҳои кирдори дағалонаи интизомӣ содир кардани хизматчии ҳарбӣ  ё вақте ки дигар чораҳои амалинамудаи командир (сардор)  бемувафаққият бошад, татбиқ карда мешавад. Нисбат ба хизматчии ҳарбие, ки ҳанӯз Савганди ҳарбиро қабул накардааст, ҳабс намудан бо нигоҳ доштан дар  маҳбаси ҳарбӣ набояд татбиқ карда шавад. Агар дар муддати як соли баъди додани  чунин ҷазо аз хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо карда истодааст, ҷазо бардошта нашавад, пас рухсатии асосӣ ба мӯҳлати рӯзҳое, ки хизматчии ҳарбии  маҳбусшуда дар маҳбаси ҳарбӣ гузаронидааст, кӯтоҳ карда мешавад,  вале дар ҳар ҳолат, ба ӯ на камтар аз нисфи мӯҳлати муқарраршуда рухсатӣ дода мешавад.
Номгӯи кирдори дағалонаи интизомӣ ва тартиби иҷрои ҳабс  намудан бо нигоҳ доштани сарбозон, сержантҳо, старшинаҳо ва прапорщикҳо дар  маҳбаси  ҳарбӣ дар  замимаи 5 дарҷ   гардидаанд.
  1. Маҳрум намудан аз нишони сарисинагии аълочӣ бо фармони хаттии командир (сардор), ки ҳуқуқи дахлдори интизомӣ дорад, чунин иҷро карда мешавад: нисбат ба сарбозон — дар назди сафи қисми ҳарбӣ ва  нисбат ба сержант ва старшинаҳо — дар назди сафи сержантҳо ва старшинаҳо .
  2. Ҷазои интизомӣ — огоҳ намудан дар хусуси номувофиқии пурраи хизматӣ будани прапорщик ё афсар дар мансаби штатии ишғолнамудаи  ӯ як маротиба татбиқ карда мешавад.
Агар дар муддати як соли додани ин ҷазо, прапорщик ё афсар рафтори худро бо иҷрои намунавии қарзи ҳарбӣ ислоҳ нанамояд ва ҷазо нақши тарбиявии худро ба ҷо наорад, ӯ тибқи тартиби муқарраргардида барои паст кардан дар мансаб ё пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсат намудан ба эҳтиёт пешниҳод карда мешавад.
  1. Ҷазои интизомӣ — паст кардани рутбаи ҳарбии сержант ва старшинаҳо, аз ҷумла бо гузаронидани онҳо ба мансаби пасттар, нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизматро тибқи даъват адо мекунанд, татбиқ гардида, бо фармони командире (сардоре), ки дорои ҳуқуқи дахлдори интизомӣ мебошад, эълон карда мешавад. Ба хизматчии ҳарбие, ки нисбат ба ӯ ҷазои интизомии як дараҷа паст кардани рутбаи ҳарбӣ истифода шудааст, ҳангоми эълони ҷазо барои дигар кардани аломатҳои фарқкунандаи дахлдор мӯҳлат  муайян карда  мешавад. Кандани погон, буридани  нишонаҳо ва дигар амалҳое, ки шахсияти хизматчии ҳарбиро паст мезанад, манъ аст.
  2. Ҷазои интизомӣ — пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсат намудан ба эҳтиёт нисбат ба хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо намуда, шартҳои қарордодро иҷро накардааст, барои содир кардани кирдоре, ки шарафи хизматчии ҳарбиро бадном менамояд ва дар ҳолатҳое, ки хизматчии ҳарбӣ талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иҷро намекунад,  табиқ карда  мешавад.
 
БАҚАЙДГИРИИ  ҲАВАСМАНДГАРДОНИҲО  ВА ҶАЗОИ  ИНТИЗОМӣ
 
  1. Сардорони бевосита роҷеъ ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ бояд ба командирони калон хабар диҳанд:
а) дар бораи сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо — ҳамарӯза ба командирони ротаҳо ва командирони ба онҳо баробаркардашуда;
б) дар бораи прапорщикҳо ва афсарон (ба истиснои афсарони олӣ) — ҳар ҳафта ба командирони қисми ҳарбӣ;
в) дар бораи командирони қисми ҳарбӣ, ҳамчунин афсарони олӣ — ҳар  моҳ ба ситоди болоӣ.
  1. Бақайдгирии ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ, ки дар ҳамин Оиннома пешбинӣ шудааст, инчунин он ҳавасмандагрдоние, ки командир (сардор) ба ҳамаи ҳайати шахсии ҷузъу том (команда) ва қисми ҳарбӣ эълон кардааст, дар муддати на камтар аз 7 рӯз ба варақаи хизматӣ (замимаи 3) гузаронида мешавад.
Ҳангоми аз хизматчии ҳарбӣ бардоштани ҷазои интизомӣ дар боби  «Ҷазо»-и варақаи хизматӣ  маълумот дар бораи кай ва тавассути кӣ ҷазо бардошта шудааст,  сабт карда мешавад.
Агар ҷазои интизомии ба хизматчии ҳарбӣ додашуда бо гузашти як сол бардошта нашавад ва  дар ин давра ӯ кирдори дигаре содир накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар бандҳои 38 ва 98 ҳамин Оиннома зикр шудааст, дар он сурат дар  боби дахлдори «Ҷазо» маълумот сабт карда мешавад, ки  ҷазо бинобар гузаштани мӯҳлат бардошта шуд.
Варақаи хизматӣ  чунин пеш бурда мешавад:
а) дар рота — нисбати сарбозон ва сержантҳо;
б) дар ситоди қисми ҳарбӣ — нисбати прапорщикҳо ва афсарон;
в) дар хадамот ва идораҳо — барои ҳамаи хизматчиёни ҳарбии хадамот ва идораҳо.
Варақаи хизматӣ нисбати командирони қисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои муттаҳид, ҳамчунин ба афсарони олирутба дар ситоди болоӣ пеш бурда мешавад.
  1. Ҳар як сабт дар варақаи хизматии хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунад, бояд тавассути командири рота (ҷузъу томи дахлдор)  тасдиқ карда шавад.
Дар варақаи хизматии хизматчии ҳарбие, ки ба хизмати ҳарбӣ тибқи қарордод дохил шудааст, ҳар як сабтро сардори ситоди қисми ҳарбӣ ва сабти командирони қисмҳои ҳарбӣ, қисми муттаҳид ва афсарони олирутбаро  бошад, сардори ситоди болоӣ тасдиқ менамояд.
  1. Командирони баталёнҳо, полкҳо ва командирони ба онҳо баробаркардашуда бояд бо мақсади назорати дурустии истифодаи ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ мунтазам варақаҳои хизматиро аз назар гузаронанд.Ҳар як хизматчии ҳарбӣ метавонад дар як сол як маротиба бо варақаи шахсии хизматӣ шинос шавад. Варақаи хизматии хизматчии ҳарбӣ ҳангоми аз ҷое ба ҷое гузарондани ӯ ба ҷои хизмати нави ӯ фиристода мешавад.
 
ТАРТИБИ БАРРАСИИ ПЕШНИҲОД,  АРИЗА ВА ШИКОЯТ
 
  1. Хизматчии ҳарбие, ки аз тасарруф ва хароб кардани амволи ҳарбӣ, ғайриқонунӣ харҷ кардани маблағи пулӣ, сӯиистифода дар таъмини қӯшунҳо, норасоӣ дар нигоҳ доштани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва аз дигар ҳолатҳои ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани зарар хабардор мешавад, вазифадор аст дар ин бора ба сардори бевоситаи худ хабар диҳад ва дар сурати ҷиҳати рафъи он наандешидани чораҳо, хизматчии ҳарбӣ метавонад барои моҳиятан ҳал намудани масъала ба таври хаттӣ (ариза, пешниҳод, шикоят) ба сардори калонтар, то худи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти адлияи ҳарбӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ   (хаттӣ ё  шифоҳӣ)  муроҷиат кунад. Хизматчии ҳарбӣ ҳамчунин ҳуқуқ дорад оид ба амали ғайриқонунии мақомоти  давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор, инчунин шаҳрвандон ба суд бо шикоят муроҷиат намояд.
  2. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқ дорад, ки шахсан ё аз тариқи шахси дигари ваколатдодааш доир ба амали ғайриқонунии командирон (сардорон) ё дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки нисбати ӯ раво дидаанд, оид ба вайрон кардани ҳуқуқ ва имтиёзи тибқи қонун  муқарраршуда, ҳамчунин доир ба ғайриқаноатбахш будани меъёри таъминотиаш  шикоят кунад.
Шикоят ба сардори бевоситаи ҳамон шахсе, ки амали  ӯ шикоят карда мешавад, ирсол мегардад, вале агар аризадиҳанда   надонад, ки бо гуноҳи кӣ ҳуқуқи ӯ поймол шудааст, пас ӯ метавонад ба командирони болоӣ шикоят  намояд.
Хизматчии ҳарбие, ки шикоят намудааст, аз иҷрои фармон  ва ӯҳдадориҳои хизматии худ озод карда намешавад.
  1. Хизматчии ҳарбие, ки шикоят арз кардааст, ҳуқуқ дорад:
— шахсан далелҳоро ба шахси тафтишкунандаи шикоят баён кунад;
— бо маводи тафтиши шикоят шинос шавад;
— маводи иловагӣ пешниҳод кунад ё дар мавриди аз ҷониби командир (сардор) ё мақоми тафтишкунандаи шикоят талаб карда гирифтани ин мавод илтимоснома диҳад;
— тибқи тартиби муайяннамудаи қонун ҷуброни зарарро талаб намояд.
  1. Ҳангоми навбатдории ҷангӣ, дар саф (ба истиснои шикояте, ки ҳангоми пурсиши хизматчиёни ҳарбӣ арз мешавад), ҳангоми посбонӣ, ҳамчунин  дар дигар навбатии шабонарӯзӣ ва ҳангоми машғулият арзи шикоят,  манъ аст.
  2. Ба хизматчиёни ҳарбӣ барои додани аризаи шикоятӣ монеъ шудан ва вобаста ба он нисбат ба онҳо татбиқи ҷазо, таъқиб ё маҳдуд кардан дар хизмат, манъ аст.
Командире (сардоре), ки  дар ин кор гунаҳкор аст, ҳамчунин хизматчии ҳарбие, ки дидаю дониста аризаи (шикояти)  бардурӯғ додааст,   мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ  кашида мешавад.
  1. Ҳангоми пурсиши хизматчиёни ҳарбӣ ба шахсе, ки пурсишро анҷом медиҳад, шикоят шифоҳӣ ё ба таври хаттӣ пешниҳод шуданаш мумкин аст.
Хизматчиёни ҳарбие, ки  бо  ягон сабабе ҳангоми пурсиш ҳозир набуданд, метавонанд бевосита ба номи командире (сардоре), ки  пурсишро анҷом додааст, аризаи   хаттӣ пешниҳод кунанд.
  1. Пешниҳод (ариза, шикоят) мумкин аст шифоҳӣ ё хаттӣ арз карда шавад. Дар ҳолати дуюм дар ариза бояд имзои хизматчии ҳарбӣ, бо нишон додани насаб, ном ва номи падар, ҳамчунин маълумот дар бораи ҷои истиқомат ё хизмати (таълим) ӯ зикр гардад. Пешниҳоде (аризае,  шикояте ), ки ин маълумотҳоро надорад, беимзо ҳисобида шуда, баррасӣ намегардад.
  2. Командир (сардор) бояд ба пешниҳод ва арзу шикояти воридшуда ғамхорона ва бодиққат муносибат кунад. ӯ барои сари вақт баррасӣ намудан ва андешидани тадбирҳо масъулияти шахсӣ дорад.
Командир (сардор) ӯҳдадор аст, ки пешниҳоди (аризаи,  шикояти)  гирифтаро дар муддати се рӯз баррасӣ намояд ва агар дурустии пешниҳод  (ариза, шикоят ) тасдиқ шавад, фавран барои иҷрои пешниҳод  ё қонеъ гардонидани талаби аризадиҳанда (шикояткунанда) чораҳо андешад; барои ошкор ва рафъи сабабҳое, ки боиси шикояти хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон гардидааст, тадбирҳо андешад ва иттилооти дар онҳо мавҷударо барои омӯзиши вазъи  кор дар ҷузъу томҳо пурра истифода барад.
Агар командире (сардоре), ки пешниҳодро (аризаро, шикоятро) қабул кардааст, барои иҷрои пешниҳод ё қонеъ гардонидани талаби аризадиҳанда (шикоятдиҳанда) ҳуқуқи кофӣ надошта бошад, пас ӯ дар муддати 5 рӯз пешниҳодро (аризаро, шикоятро) мувофиқи тартиби муайяншуда ба идораҳои болоӣ ирсол менамояд.
  1. Ҳангоми дар пешниҳоди (аризаи, шикояти) хизматчии ҳарбӣ мавҷуд набудани маълумоти кофӣ дар хусуси  қабули қарор ҷиҳати баррасӣ ба куҷо фиристода  шудани пешниҳод  (ариза, шикоят), ё вақте ки  зарурияти маълумотҳои иловагӣ ё ба расмиятдарории дигар   барои ирсол  намудани он ба идораҳои болоӣ ё   муассисаҳои дахлдор (муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбӣ) лозиманд, пешниҳод (ариза, шикоят) бо тавзеҳоти лозима ба хизматчии ҳарбие, ки онро пешниҳод кардааст, баргардонида мешавад.
Фиристодани ариза ва шикоят барои баррасии шахсе, ки амали ӯ шикоят карда мешавад, манъ аст.
Дар бораи ба дигар муассиса (ситод, идора) ирсол гардидани пешниҳод (ариза, шикоят) хизматчии ҳарбие, ки пешниҳод  (ариза, шикоят)  додааст, ҳатман  огоҳ карда мешавад.
  1. Пешниҳод, ариза ва шикоят ҳангоме ҳалгардида ҳисоб меёбад, ки агар ҳамаи масъалаҳои дар онҳо ҷойдошта баррасӣ гардида, доир ба он тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст ва ҷавобҳои муфассал, ки ба қонунгузории дахлдор мувофиқ аст, дода шудааст.
Рад кардани қонеъгардонии дархостҳое, ки дар пешниҳод (ариза, шикоят) ифода ёфтааст, бо ишора ба қонун ё оинномаҳои ҳарбӣ ва сабаби рад намудан, ҳамчунин  бо шарҳ додани тартиби пешниҳоди шикоят аз болои  қарори қабулшуда, ба маълумоти хизматчии ҳарбие, ки онро додааст, расонида мешавад.
  1. Қарор дар бораи пешниҳодҳо, аризаҳо ва шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ қабул карда мешавад:
— дар қисмҳои ҳарбӣ — бетаъхир, вале на дертар аз 7 рӯзи ворид шудани онҳо;
— дар идораҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар мӯҳлати то 15 рӯз аз рӯзи ворид  шудани онҳо.
Дар ҳолатҳое, ки барои ҳаллу фасли пешниҳод (ариза, шикоят) гузаронидани тафтиши махсус, талаб намудани маводи иловагӣ ва қабули чораҳои дигар зарур бошад, командири қисми ҳарбӣ мӯҳлати ҳалли пешниҳодро (аризаро, шикоятро) ба тариқи истисно метавонад то 15 рӯз дароз кунад ва дар ин бора хизматчии ҳарбиеро, ки пешниҳод (ариза, шикоят)  додааст, огоҳ намояд.
  1. Ҳангоми баррасии пешниҳод (ариза, шикоят) ба командир (сардор) ё шахси дигар, ки иштирокчии баррасии он аст, иҷозат дода намешавад, ки бидуни розигии хизматчии ҳарбӣ маълумотро роҷеъ ба ҳаёти шахсии ӯ, ошкор намояд.
  2. Командирони қисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои муттаҳид ӯҳдадоранд, ки на камтар аз як маротиба дар як семоҳа тафтиши дохилии вазъи корро доир ба баррасии пешниҳод, ариза ва шикоят ва қабули қарор оид ба пешниҳод,  ариза  ва шикоятро анҷом диҳанд ва бо ин мақсад  комиссия  таъсис диҳанд. Доир ба натиҷаҳои тафтиш  санад тартиб дода мешавад.
  3. Ҳамаи пешниҳод, ариза ва шикоят дар рӯзи ворид шудан дар китоби пешниҳод, ариза ва шикоят  (замимаи 4), ки дар ҳар як қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад,  ба қайд гирифта мешавад.
Шикояти ҳангоми пурсиш, ки дар рафти санҷиши инспексионӣ  (тафтиш)   хизматчиёни ҳарбӣ  арз намудаанд дар китоби пешниҳод, ариза  ва шикоят ба қайд гирифта намешавад.
  1. Дар китоби пешниҳод, ариза ва шикоят қароре, ки оид ба ҳар як пешниҳод (ариза, шикоят) қабул шудааст, сабт мегардад.
Китоби пешниҳод, ариза  ва шикоят барои тафтиши саривақтӣ ва дуруст будани иҷрои қарорҳои қабулшуда ҳар моҳ ба командири қисми ҳарбӣ ва ба назораткунандагон (тафтишкунандагон)   бошад бо талаби онҳо, пешниҳод карда мешавад.
Китоби пешниҳод, ариза  ва шикоят бояд  рақамгузорӣ шуда, дӯхта шавад ва мӯҳри сирешимӣ гузошта  шуда, онро командири қисми ҳарбӣ тасдиқ намояд.
 
ЗАМИМАҲО
Замимаи 1
Ба банди 1 9
 
ҶАДВАЛИ МУҚОИСАВИИ ҲУҚУҚҲОИ ИНТИЗОМӣ   АЗ РӯИ
МАНСАБҲОИ ЯКХЕЛАИ  ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
 
Командири отделения, экипаж, даста
Муовини командири взвод
Старшинаи рота, батарея, авиаэскадрилия
Командири взвод
Командири рота, батарея, авиазвено, взводи алоҳида
Командири баталён, дивизион, авиаэскадрилия, ротаи алоҳида (батарея)
Командири баталёни алоҳида (дивизион, авиаэскадрилия)
Командири полки алоҳида ва полки  ғайриалоҳида
Командири дивизия, бригадаи алоҳида, сардори маркази таълимии Вазорати мудофиа (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст)
Фармондеҳи навъи Қувваҳои Мусаллаҳ
 
 
Замимаи 2
Ба банди  22
 
КИТОБИ ФАХРИИ ҚИСМИ ҲАРБӣ
 
  1. Китоби фахрӣ дар он ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад, ки дар онҳо ба ин зарурат вуҷуд дорад.
  2. Ба тариқи ҳавасмандгардӣ дар Китоби фахрӣ рутбаҳои ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падари хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи талаботи ҳамин Оиннома, сабт карда мешавад.
Сабт дар Китоби фахрӣ бо фармони қисми ҳарбӣ  анҷом дода мешавад. Акси хизматчии ҳарбӣ дар Китоби фахрӣ насб шуда, шарҳи мухтасари комёбӣ ва корнамоиҳои ӯ дарҷ  меёбад.
  1. Ҷои нигаҳдошти Китоби фахриро командири қисми ҳарбӣ тарзе муайян мекунад, ки он ба аҳамияти Китоб муносиб бошад  ва имкон  фароҳам оварад,  ки тамоми ҳайати шахсӣ бо он шинос шавад.
 
 
 
 
Замимаи 3
Ба банди 102
 
Тарафи пеш
 
ВАРАҚАИ ХИЗМАТӣ
 
Ротаи (команда) _____________________ қисми ҳарбии__________________
  1. Вазифа _________________________________________________________
  2. Рутбаи ҳарбӣ ___________________________________________________
  3. Насаб, ном, номи падар ________________________________________
  4. Аз кадом сол дар хизмати ҳарбӣ ___________________________________
 
 
ҲАВАСМАНДГАРДОНӣ
 
Барои чӣ Навъи ҳавасмандгардонӣ Кай татбиқ шудааст (таърих  ва № фармон) Аз ҷониби кӣ ҳавасманд гардонида шудааст
 
Тарафи қафо
ҶАЗО
 
Барои чӣ Кай кирдор содир  шудааст Навъи ҷазо Кай татбиқ шудааст (таърих ва №  фармон) Кӣ ҷазо додааст кай бекор карда шудааст, (тавас-сути  кӣ ё бо гузаштани мӯҳлат)

 

 

 
ИМЗО ДАР МАВРИДИ
ШИНОС ШУДАН
 
Эзоҳ:
  1. Ҳангоми ба хизматчии ҳарбӣ додани унвони прапорщик, унвони аввали афсарӣ, ҳамчунин унвони аввали афсари калон ё афсари олӣ ба онҳо варақаи нави хизматӣ кушода мешавад. Дар варақаи нави хизматӣ ҷазоҳои интизомии қаблан гирифтаи хизматчии ҳарбӣ сабт намегардад ва ба  истиснои ҳавасмандгардонӣ дар бораи бардоштани ҷазо дигар  ҳавасмангардониҳо сабт карда мешаванд. Варақаи қаблии хизматӣ бошад нобуд карда мешавад.
  2. Ҳамаи ҷазоҳои интизомии ба хизматчиёни ҳарбӣ додашудае, ки то рӯзи ба эҳтиёт ё истеъфо рафтанашон бекор карда нашудаанд, бо гузашти як сол аз рӯзи рухсатшавӣ, агар дар ин давра шахси ҷавобшуда ҷазои дигар нагирифта бошад, эътибори худро гум мекунанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Замимаи 4
Ба банди 118
 
 
КИТОБИ ПЕШНИҲОД, АРИЗА  ВА
ШИКОЯТИ ҚИСМИ ҲАРБӣ
 
“№

 

 

Таърихи

 

Воридот

(сол, моҳ, рӯз)

насаб,ном номи падари шахси ирсол-намудаи пеш-ни ҳод, (ариза, шикоят) ва муносибати  ӯ ба хизмати ҳарбӣ Мазмуни мухтасари пешниҳод (ариза,  шикоят) Барои иҷро

 

ба кӣ, кай дода шуда-аст ва имзои иҷро-кунанда

Мӯҳлати

 

иҷро

Кай  ва

 

кадом

қарор

қабул

шудааст

Парвандае, ки дар он аснод дӯхта мешаванд
 
Замимаи 5
ба бандҳои 79, 96
 
РӯЙХАТИ КИРДОРҲОИ ДАҒАЛОНАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӣ  ВА
ТАРТИБИ  ИҶРОИ ҲАБС, КИ   нисбат БА ОНҲО БО  ТАРТИБИ
ИНТИЗОМӣ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАД
 
  1. Ба кирдорҳои дағалонаи интизомии хизматчиёни ҳарбӣ инҳо дохиланд:
—  худсарона баромада рафтан;
— дер баргаштан аз рухсатӣ, сафари хизматӣ ва аз муассисаҳои табобатӣ;
— дер омадан ё худсарона рафтан аз хизмат;
— вайрон кардани қоидаи иҷрои хизмати посбонӣ (вахтавӣ), хизмати дохилӣ ва навбатдории ҷангӣ;
— дар ҳолати мастии алкоголӣ, нашъа ва токсикӣ иҷро кардани вазифаи хизматӣ;
— вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ;
— гум кардани амволи ҳарбӣ;
— берун аз вақти хизматӣ содир кардани кирдор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ.
  1. Иҷрои ҳабс бо нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:
— нисбат ба сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо — ба старшинаи рота;
— нисбат ба прапорщикҳо — ба навбатдори қисми ҳарбӣ.
Дар идораҳо (муассисаҳо ва муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбӣ) иҷрои ҳабсро, ки нисбат ба хизматчии ҳарбӣ андешида шудааст, шахсе, ки ба ӯ сардори ҷазоро андешида дастур додааст ё аз ҷониби сардори идора (муассиса, муассисаи таълими ҳарбии малумоти касбӣ), иҷро  карда мешавад. Дар ин ҳолат иҷрои ҳабси прапорщикҳо ба зиммаи прапорщикҳо  ё   ба ӯҳдаи афсарон гузошта мешавад.
  1. Дастхат дар бораи ба ҳабс гирифтани сарбозу сержантҳо ва старшинаҳо аз ҷониби командири рота (ҷузъу томи дахлдор) ба имзо расида, он бо мӯҳри  нишонӣ доштаи қисми ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад.
Сардоре, ки ҷазои ҳабсро татбиқ кардааст, бояд дастур диҳад ва командири рота дар дастхат дар бораи ба ҳабс гирирфтан, дар кадом камера (якканишин, умумӣ) нигоҳ доштани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, сабт  намояд.
Дастхат дар бораи ба ҳабс гирифтани прапорщик  аз ҷониби  командир ё сардори ситоди қисми ҳарбӣ ба  имзо расида, он  бо мӯҳри  нишонӣ  доштаи қисми ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад.
  1. Шахсоне, ки иҷрои ҳабсро ба ӯҳда доранд, бояд қаблан масъалаи будани ҷои холиро дар маҳбаси ҳарбӣ ҳаллу фасл  намоянд ва дар ҳолати зарурӣ мушоият   (канвой) дархост кунанд.
  2. Шахсоне, ки иҷрои ҳабсро ба ӯҳда доранд, пеш аз бурдани ҳабсшудагон ба маҳбаси ҳарбӣ бояд аз ҳамаи онҳо яроқ ва лавозимоти ҷангии доштаашонро, инчунин аз сарбозон сержантҳо ва старшинаҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, ба ғайр аз он, мувофиқи рӯйхат бояд пул ва  дигар амволе, ки дар маҳбаси ҳарбӣ  набояд ҳамроҳи худ дошта бошанд, гиранд.
Хизматчиёни ҳарбии ҳабсшуда  ордену медал ва зеҳҳоро (планка) бо лентаҳои орденӣ, ҳамчунин нишонаҳои сарисинагиро барои нигаҳдошт   ба ситоди қисми ҳарбӣ ё комендатураи ҳарбии гарнизон месупоранд.
Мувофиқи тартиби интизомӣ ҳабсшудагон, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанд, ҳангоми ба маҳбаси ҳарбӣ фиристода шуданашон бояд дар тан либоси расмии ҳамарӯзаи сафӣ, аммо хизматчиёни ҳарбие, ки хизматро тибқи даъват адо мекунанд дар тан либоси расмии корӣ ва шинел дошта бошанд. Ба ғайр аз ин ҳар як  ҳабсшуда бояд бо худ сачоқ, дастрӯймол, зеҳгиребони тозаи эҳтиётӣ, асбобу анҷоми ороиш ва асбоби риштарошӣ, инчунин,  агар хизматчии ҳарбӣ ба мӯҳлати беш аз 7 шабонарӯз ҳабс шуда бошад, дар он сурат  як даста тагпӯши тоза  низ дошта бошад.
Ба сарбозон, сержант  ва старшинаҳои ҳабсшуда бо худ доштани амволи дигар, инчунин муҳимоти тамокукашӣ ва оташгиранда,   манъ аст.
Ҳамаи  ба ҳабс гирифташудагон пеш аз фиристодан ба маҳбаси ҳарбӣ бояд аз муоинаи духтур ва дар ҳолати зарурат аз коркарди санитарӣ (шустушӯй дар ҳаммом) ва тамъизи (дезинфекцияи) либосҳои расмӣ гузаронида шуда, дар ин бора духтур  дар дастхат дар бораи ба ҳабс гирифтан  сабт менамояд.
  1. Сарбозони тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда ба маҳбаси қисми ҳарбӣ ё гарнизон таҳти назорати қаравулон ё сержантҳо,   старшинаҳо бошанд,  таҳти мушоияти сержантҳо ва старшинаҳо фиристода мешаванд.
Прапорщикҳои ҳабсшуда ба маҳбаси ҳарбии гарнизон мустақилона мераванд.
  1. Тартиби фиристодани ҳабсшудагон ба маҳбаси ҳарбӣ, муҳофизат (мушоият), супоридан ва қабул кардан, таъмин ва аз ҳабс озод намудани онҳо тавассути Низомномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ҳангоми тибқи талаботи пешбининамудаи банди 82 ҳабс кардани хизматчии ҳарбӣ, сардор ӯҳдадор аст, ки ҳабсшударо назди коменданти ҳарбии гарнизон фиристад ё ба ӯ фармон диҳад, ки худаш ба назди коменданти ҳарбии гарнизон ҳозир шавад.
Ҳабсшуда вазифадор аст, ки ба коменданти ҳарбии гарнизон дар бораи аз ҷониби кӣ ва барои чӣ ба ҳабс гирифта шуданаш хабар диҳад. Шахсе, ки ҳабсро татбиқ кардааст, ӯҳдадор аст, ки худи ҳамон рӯз коменданти ҳарбии гарнизонро (шахсан, ба воситаи телефон ё  ба таври хаттӣ) дар  бораи сабаби баҳасбгирӣ, огоҳ созад. Дар навбати худ коменданти ҳарбии гарнизон ӯҳдадор аст, ки командири (сардори) шахси ба ҳабс гирифташударо  дар ин бора огоҳ намояд.
Мӯҳлати ҳабсро коменданти ҳарбии гарнизон ё командири (сардори) тарафи пешшахси ба ҳабс гирифташуда  муайян мекунад.
 
Дастхат дар бораи ба ҳабс гирифтан
«__»_____________с.
 
№ рота (фалон команда)_______________________________________________________________________
Мансаб ________________________________________________________________________
Рутбаи   ҳарбӣ __________________________________________________________________
Насаб, ном номи падар __________________________________________________________
Тавассути кӣ ва кай ҳабс шудааст_________________________________________________
Сабаби ҳабс  ____________________________________________________________________
Мӯҳлати баҳабсгирӣ ____________________________________________________________
Дар кадом камера нигоҳ дошта мешавад __________________________________________
Кай дар ҳаммом шустушӯ кардааст________________________________________________
Хулосаи духтур _________________________________________________________________
Командири рота (команда) _______________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
Ҷ.М.
қисми ҳарбӣ                                                                    Қайди сардори маҳбаси ҳарбӣ
(навбатдори қисми ҳарбӣ)
 
 
 
 
 
Қабул карда шуд ________________________________________________________________
Бояд __________________________________________________________ озод карда шавад
Сардори маҳбаси ҳарбӣ (навбатдори қисми ҳарбӣ) ____________________________________
________________________________________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
Тағйир додани низоми нигоҳ доштан дар ҳабс _____________________________________
Озод шудааст ___________________________________________________________________
Сардори маҳбаси ҳарбӣ (навбатдори қисми ҳарбӣ) _________________________________
________________________________________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
Тарафи қафо
Ҳабсшуда бо худ ашёи зерин дорад  _______________________________________________
Командири рота (команда) ________________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
Ашёи зикршуда мавҷуданд (ё ба истиснои фалон чиз) _________________________________
________________________________________________________________________________Сардори маҳбаси ҳарбӣ (сардори қаровул) __________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)

Илова кунед