Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

10 Декабр 1999, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1999, № 12, мод. 298; соли 2007, №5, мод.353; соли 2012,№8, мод.813; соли 2014,№7қ.1, мод.383; №11, мод.640, соли 2017,№5 қ1, мод.269.)
 
 
 
 
  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мeҳлати панx сол гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.
Шахсоне, ки аз тарафи суд uайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар xойҳои аз озоди маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 3. Ҳуқуқи баробари интихобот
Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 4. Ҳуқуқи бевоситаи интихобот
Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман интихоб карда мешаванд.
 
Моддаи 5. Овоздиҳии пинҳони
Овоздиҳи дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳони мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.
 
Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот
Таёйри ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад.
Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, xою соати корашон ва аз рeйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд.
Комиссияҳои интихобот натиxаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакили, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиxаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва xамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар Маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳи дар рeзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (нозир) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуxxатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панx руз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.
Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иxозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диханд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур xалб созанд.
Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
  1. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ
 
Моддаи 7. Ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот
Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:
ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе — на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;
ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия — на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.
Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, интихоб карда мешавад.
Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд.
Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад.
Рeйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рeзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкаҳои интихобот
Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботӣ махаллӣ xойгиршавии онҳо дохил мешаванд.
Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот на дератр аз рeзи бисту панxуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мeҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панx рeз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.
Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.
Комисиияи интихоботӣ шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузори мекунад ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.
III. КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ
 
Моддаи 9. Системаи комиссияҳои интихобот
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:
комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоят;
комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;
комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия;
комиссияҳои ҳавзавии интихобот;
комиссияҳои участкавии интихобот.
Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 10. Ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот
Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда на дертар аз рўзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз xумлаи аъзоёни он дар аввалин Маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишони ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот
Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқӣ Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия:
— ба иxрои ҳамин Қонун дар ҳудуди дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
-оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;
— комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад;
— кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани таuйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад;
— ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;
— маблаuро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;
— аз рeи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, руйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мeҳри худ, дигар ҳуxxатҳои интихоботро таъмин мекунад;
— аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, хамчунин протоколҳои натиxаи интихоботи вакилони Маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи Маҷлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;
— ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои xамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;
— вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиxаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро xамъбаст мекунад, дар матбуот оиди xамъбасти интихобот хабар ва рeйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;
— масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳаллу фасл менамояд;
— интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба xои вакилони хориxгардида таъин мекунад ва мегузаронад;
— арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз руи онҳо қарор қабул мекунад;
— ба бойгони супоридани ҳуxxатҳои вобаста ба ташкилу гузаронидани интихоботро таъмин мекунад;
— ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 12. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот
Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда на дертар аз 55 рўз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
 
 
Моддаи 13. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот
Комиссияи ҳавзавии интихобот:
— иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;
— ба интихобкунандагон дар бораи маҳалли участкаҳои интихобот хабар медиҳад;
— ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихоботи шароити баробарро таъмин мекунад;
— номзадҳои ба вакили пешбаригардида, шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад;
— барои ташкили вохуриҳои номзадҳо ба вакили ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;
— ахбори комиссияҳои участкавӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо, ҳамчунин мақомоти иттиҳодияҳои xамъиятиро вобаста ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад;
— аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани рeйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;
— матни бюллетени интихоботро аз рeи ҳавзаи интихобот тасдиқ мекунад ва участкаҳои интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд;
— натиxаи интихоботӣ ҳавзаро муқаррар ва ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳри ноҳиявии интихобот месупорад;
— натиxаи интихоботро оид ба ҳавзаи интихобот муқаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаҳодатнома медиҳад;
— овоздиҳии такрорӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хориxшуда ташкил менамояд;
— арзу шикоятҳоро аз хусуси қарорҳо ва фаъолияти комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;
— ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 14. Ташкил кардани комиссиям участкавии интихобот
Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 руз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз xумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.
Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.
 
Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои участкавии интихобот
Комиссияи участкавии интихобот:
— рeйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;
— интихобкунандагонро бо рeйхати иитихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву uалатҳои рeйхат қабул ва баррасӣ менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани таuйироти дахлдорро ҳал мекунад;
— аз интихобкунандагоне, ки дар рeзи интихобот барои дар xои истиқомат будан ва дар овоздиҳӣ иштирок кардан имконият надоранд, лифофаҳои сарбастаи дорои варақаҳои интихоботро қабул мекунад;
— аҳолиро дар бораи маҳалли воқеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вақти кори он, инчунин рeзи интихобот ва xои овоздиҳӣ хабардор мекунад;
— бинои овоздиҳӣ ва қуттиҳои интихобот ва дигар таxҳизоти интихоботро тайёр мекунад;
— овоздиҳиро дар рeзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;
— овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;
— арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёри ба интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;
— ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 16. Узвият дар комиссияҳои интихобот
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иxрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад.
Узви комиссияро аз руи аризаи шахсияш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз иxрои вазифа озод кардан мумкин аст.
Дар ҳолати талабҳои ҳамин Қонунро риоя накардан ва мудом ба вазифаҳои худ беэътинои намудани узви комиссия ҳуқуқи аз ваколатҳояш маҳрум кардани e ба мақоме тааллук дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст.
Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун таъйин карда мешавад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад.
Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 17. Ташкили кори комиссияҳои интихобот
Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар Маҷлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.
Маҷлиси комиссияи интихобот дар сурате салоҳиятдор мебошад, ки дар Маҷлис на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок намояд. Қарори комиссия ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо овози аксарияти ҳайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он рози нестанд, хуқуқ доранд ақидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
Комиссияҳои интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеx мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Иxрои қарори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он қабул шудааст, барои комиссияҳои поении интихобот, ҳамчунин мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои xамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кeмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд.
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ барои тайёри ва гузаронидани интихобот биноҳо, таxҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияҳои интихобот вогузор менамоянд.
Биноҳо ва таxхизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои uайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихобот дар асоси иxора аз ҳисоби буxаи xумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.
Комиссияи интихобот хуқуқ дорад оид ба масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иттиходияҳои xамъиятӣ, ба ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроxиат намояд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро барраси намуда, дар мeҳлати на дертар аз се рeз ба комиссияи интихобот xавоб диҳанд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз иxрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шаванд, ки дар ин ҳол маоши миёнаи онҳо аз ҳисоби маблаuи барои гузаронидани интихобот xудокарда дода мешавад.
Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ваколатҳои вакилонро оид ба ҳавзаҳои дахлдори интихоботӣ тасдиқ кард, фаъолияти худро катъ менамоянд.
Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 18. Баррасии шикоят аз қарори комиссияҳои интихобот
Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари намудаанд, номзадҳо ба вакили, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон аз қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рeзи баъд аз қабули қарор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рeзи баъд аз расиданаш ва агар то рeзи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад, фавран баррасӣ карда шавад.
IV. РEЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
 
Моддаи 19. Рeйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он
Рeйхати интихобкунандагон доир ба ҳар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани рeйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони аҳли xамъиятро xалб намояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобкунандагонро ба ҳисоб мегиранд ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини ҳудуди дахлдор маълумотро барои тартиб додани рeйхати интихобкунандагон медиханд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
Рeйхати интихобкунандагон — хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар интихобкунандагон, агар онҳо дар маҳаллӣ xойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ зиндаги кунанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндаги мекунанд, дар асосҳои умумӣ дар xои истиқомат ба рeйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.
Рeйхати интихобкунандагон дар он участкаҳои интихобот, ки дар хонаҳои истироҳат, санаторияҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарони ҳамин муассисаҳо тартиб дода мешавад. Фамилияи интихобкунандагон дар рeйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздиҳӣ осон аст, зикр мешавад.
Ба рeйхат фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии ҳар интихобкунанда дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 20. Тартиби ба рeйхати интихобкунандагон дохил кардани шаҳрвандон
Ба рeйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки то рeзи интихобот ё дар рeзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рeйхат дар ҳудуди ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндаги мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд.
Ҳар интихобкунанда танҳо ба як рeйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.
Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи мазкури интихобот зиндаги мекунад ва бо сабабе ба руйхати иловагӣ дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба рeйхати иловагӣ дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 21. Шиносонидани шаҳрвандон бо рeйхати интихобкунандагон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз uалати рeйхати интихобкунандагон
Рeйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 рeз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихоботие, ки дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ду рeз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз маҳал ва вақти шиносои бо рeйхат огоҳ мекунад.
Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рeйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рўйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рўйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рўйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рўйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мўҳлати на дертар аз ду рўзи то интихобот ва дар рўзи интихобот фавран дида баромада, ба рўйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рўйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ҳангоми иваз кардани маҳалли истиқомат
Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рeйхати интихобкунандагон ва то рeзи интихобот интихобкунандае, ки рeзи интихобот имконияти дар xои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизмати будан, ба муассисаҳои табобати рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуxxати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рeйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мeҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст.
 
  1. V. ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӣ ВА БА ҚАЙД ГИРИФТАНИ НОМЗАДҲО
 
Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон
Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Xумҳурии Тоxикистон камаш 75 рeз пеш аз хатми мўҳлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад.
Дар бораи рeзи интихобот на дертар аз се рўзи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 24. Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакили
Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбари ҳуқуқ доранд.
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти пешбини шудааст.
Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тарики худпешбари ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.
Ҳизби сиёсӣ ба шарте, ки аз тарафи Вазорати адлияи Xумҳурии Точикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, номзадро ба вакили пешбари карда метавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакили
Пешбари намудани номзадҳо ба вакили 50 рeз пеш аз интихобот оuоз ёфта, 35 рeз то интихобот хатм мегардад.
Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилоии халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳри ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як нафари номзад ба вакилии Маҷлиси вилояти, шаҳри ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар ҳудуди шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбари карда мешавад.
Тартиби хостагирии номзадҳоро ҳудӣ хизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.
Дар бораи пешбарии номзад ба вакили аз хизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.
Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакили дар мeҳлати ду рeз хабар дода мешавад.
Дар сурати худпешбари номзад имзои сад нафар интихобкунандагонро аз ҳавзаи мазкур бо якxоягии ариза пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 26. Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ
Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412) (ҚҶТ аз 1.08.12с.№898)
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
Ҳодимони касбии ташкилотҳо ва иттиходияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад шуданро надоранд:
-шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Xумҳурии Тоxикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур xавоб дода наметавонанд; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
-шаҳрвандоне, ки суд онҳоро uайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар xойҳои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маxбури мебошанд;
— хизматчиёни  ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Xумҳурии Тоxикистон;
 -шаҳрвандоне, ки барои содир кардани xиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мeҳлат ва бардошта шудани доuи судиашон;
— шаҳрвандоне, ки доuи судиашон бардошта нашудааст ;
— шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
— шаҳрвандоне, ки барои содир кардани xиноятҳои   ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар xиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқику тафтишот гумонбаршудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 27. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ
Комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳоро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ё ба таври худпешбари пешниҳод шудаанд ба қайд мегирад.
Бақайдгирии номзадҳо ба вакили 35 рeз пеш оuоз ёфта, 20 рeз пеш аз интихобот ба охир мерасад.
Қарор дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба вакили дар сурати мавxуд будани ҳуxxатҳои зерин қабул карда мешавад:
қарори мақоми шаҳри, ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешбари кардани номзадҳо ба вакили;
ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар қисми дуюми моддаи 26-и ҳамин Қонун зикр ёфтаанд.
Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакили протокол тартиб дода, онро ҳамроҳи аризаи номзад ба вакили, ки рози шудааст номзадиаш дар ҳамон ҳавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот пешниҳод мекунад.
Ҳамаи номзадҳо ба вакили, ки бо риояи талаботи ҳамин Қонун пешбари шудаанд, ҳатман бояд ба қайд гирифта шаванд. Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарўз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд.Аз хусуси рад карда шудани бақайдгирии номзад ба вакили ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад ба вакили пешбари намудаанд ва номзади мустақил дар мeҳлати се рeз ба комиссияи интихоботии болои шикоят карда метавонанд.
Номзад ба вакили аъзои комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин комиссияҳои ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакили пешбари шудааст ва аъзои яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ба қайд гирифта шудани номзадиаш ба вакили аз вазифаи аъзои комиссия озод карда мешавад.
Комиссияи ҳавзавии интихобот на дертар аз рeзи чоруми баъди ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакили дар бораи бақайдгири бо нишон додани ному насаб, соли таваллуд, вазифа (шуuл), хизбият, xои кор ва истикомати ҳар кадом номзад ба вакили ахбор нашр менамояд.
Номзадҳои ба вакилии дар яке аз ҳавзаҳои интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ ба қайд гирифташуда дар дигар ҳавзаи интихобот, аз xумла дар сурати пас гирифтани номзадиашон дар ҳавзаи интихоботие, ки аввал ба қайд гирифта шуда буданд, барои бақайдгири ба ҳавзаи дигари интихобот пешниҳод шуда наметавонанд.
Ба ҳар кадоми номзади ба қайд гирифташуда, комиссияи ҳавзавии интихобот дар давоми се рeзи баъди ба қайд гирифтан шаҳодатнома месупоранд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 28. Бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакили. Номзадии худро пас гирифтани номзад
Мақоми ҳизбӣ сиёсӣ, ки номзад ба вакили пешбари кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба вакили бекор кунад. Қарор дар хусуси ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад ба вакили пешбини шудааст, қабул карда, ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот пешниҳод карда мешавад.
Номзад ба вакили ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот муроxиат карда метавонад.
Комиссияи интихоботие, ки номзадро ба вакили ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакили ё дар бораи аз номзадӣ даст кашидани номзад ба маълумоти аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилиро пешбари намудааст ва номзади мустақил мерасонад.
 
Моддаи 29. Тартиби пешбарии номзадҳо ба xои номзадҳои хориxшуда
Дар сурати хориx шудани номзадҳо ба вакили баъди итмоми мeҳлати қайди номзадҳо ба вакили, агар дар ҳавзаи интихоботӣ дигар номзадҳо набошанд, комиссияи ҳавзавии интихобот бо иxозати комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ муроxиат намуда, таклиф мекунад, ки номзадҳои нав ба вакили пешбари карда шаванд.
Дар сурати понздаҳ руз пеш аз cap шудани интихобот хориx шудани номзадҳо ба вакили интихоботи вакил аз ҳавзаи дахлдори интихобот дар давоми ду моҳи баъди интихоботи асоси гузаронида мешавад.
 
Моддаи 30. Бюллетени интихобот
Ба бюллетени интихобот бо тартиби алифбо ному насаби номзад ба вакили, соли таваллуд, ҳизбият вазифа (шуuл), xои кор ва истиқомат, мақоме, ки eро номзад ба вакили пешбарӣ намудааст, нишон дода мешавад. Ба бюллетени интихобот баъд аз рўйхати номзадҳо сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» нишон дода мешавад.Бюллетенҳои интихобот ба забони давлати, инчунин бо қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ вилоятӣ, шаҳри, ноҳиявӣ бо забонҳое, ки аксарияти кулли аҳолии ҳавзаи интихоботӣ истифода мебаранд, чоп карда мешавад. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
Комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳоро аз комиссияи ҳавзавӣ на дертар аз се рузи то интихобот мегиранд. Додану гирифтани бюллетенҳоро раис ё моувини раис ё котиби комиссияи дахлдори ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ менамоянд.
Биное, ки бюллетенҳои интихобот мавxуданд, муҳр зада, барои посбонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.
 
  1. КАФОЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИ
 
Моддаи 31. Ҳуқуқи номзад ба вакили барои иштирок дар маъракаи пешазинтихоботӣ
Номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллӣ аз вақти пешбари шудани онҳо дар маъракаи пешазинтихоботи дар асоси шартҳои баробар иштирок менамоянд. Номзадҳо ба вакили ҳуқуқ доранд дар Маҷлисхою машваратхои пешазинтихоботӣ ва дигар мачлисхо иштирок намоянд, тавассути матбуот, телевизион ва радио баромад кунанд.
Макомоти давлатию чамъияти, роҳбарони ташкилотҳо ва макомоти ташаббускори xамъятӣ вазифадоранд, ки барои ташкили вохуриҳо бо интихобкунандагон, ба даст овардани маълумотномаю хабарномаҳо ба номзад ба вакили кeмак намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 32. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилӣ
Номзад ба вакили метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи хеш баромад намояд. Барномаи номзад ба вакили набояд мухолифи Конститутсия  ва қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон бошад. Номзад ба вакили дар сурати интихоб шуданаш дар назди интихоботкунандагон барои иxрои барномаи пешазинтихоботияш масъул аст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 33. Шахсони боэътимоди номзад ба вакили
Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқӣ вилоят метавонад то се ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву нохиявӣ то ду нафар шахси боэтимод дошта бошад, ки онҳо дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ба e ёри мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвикот мебаранд, дар муносибат бо мақомоти давлатию xамъиятӣ, интихобкунандагон ва комиссияҳои интихоботӣ манфиатҳои eро ҳимоя менамоянд.
Номзад ба вакили шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот барои ба қайд гирифтанашон хабар медиҳад. Комиссияи интихобот баъди ба кайд гирифтани шахсони боэътимод ба онхо шаходатнома медихад. Номзад ба вакилӣ хуқуқ дорад, ки шахсони боътимоди худро хар вақт то оuози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи ҳавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод ҳангоми Маҷлисҳои пешазинтихоботӣ бо ҳоҳиши номзадҳо ба вакили метавонанд аз иxрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин ҳол музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблаuи барои интихобот xудокарда пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087), (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 34. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рўзи бақайдгирии номзад оѓоз гардида, як шабонарўз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад.
Ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакили номзад пешниҳод намудаанд, ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ бе мамоният ташвиқот баранд, ҳамчунин барои гузаронидани Маҷлису гирдихамоиҳо биноҳои таxҳизонидашуда ва барои ташвиқоти пешазинтихоботӣ воситаҳои ахбори омма xудо намоянд. Ба шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, кафолат дода мешавад, ки хислатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳоро ба вакили озодона ва ҳаматарафа муҳокима намоянд, ҳамчунин онҳо хуқуқ доранд, ки дар Маҷлисҳо, матбуот, радио ва телевизион ба тарафдори ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои ахбори оммаро бо асосҳои баробар истифода баранд, вохўриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Комиссияи участкавии интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохўриҳо мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохўриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд.
Ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ мубоҳисаҳои амали хос буда, бояд ҳодисаҳои беэҳтироми нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад.
Ташвиқот дар рeзи интихобот манъ аст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 35. Барои иштирок дар маъракаи интихобот аз вазифаҳои хизматӣ ё истеҳсолӣ озод кардани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Номзад ба вакили баъди ба қайд гирифта шудан дар вақти гузаронидани вохуриҳо бо интихобкунандагон, баромад кардан дар Маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, гирдиҳамоиҳо, аз тариқи телевизион ва радио, аз иxрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ озод карда мешавад, ки дар ин ҳол маоши миёнаи e аз ҳисоби маблаuи барои гузаронидани интихобот xудо карда, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 36. Ба бе пул сафар кардани номзад ҳақ доштани номзад ба вакилӣ
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баъди аз қайд гузаштан хуқуқ дорад бо тамоми намудҳои наклиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои такси) дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ бе пул сафар кунад. Номзад ба вакили, ки берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот зиндагӣ мекунад, барои ба ҳавзаи интихобот сафар кардан ва аз он xо ба манзил баргаштан ҳамин гуна ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 37. Дахлнопазирии номзад ба вакилӣ.
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба истиснои дастгир намудани e ҳангоми содири xиноят, бе розигии комиссияи дахлдори интихоботи вилоят, шаҳр, ноҳия ба xавобгирии xиноӣ кашида, ҳабс карда ё худ гирифтори чораҳои xазои маъмурие, ки суд муайян кардааст, шуда наметавонад.
 
VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӣ ВА XАМЪБАСТИ НАТИXАҲОИ ИНТИХОБОТ
 
Моддаи 38. Вақт ва xои овоздиҳӣ
Дар интихоботи вакилон дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоздиҳӣ дар рeзи интихобот аз соати 6 то соати 20 вақти маҳалли гузаронида мешавад. Комиссияи участкави вақту xойи овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рeз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиxагоҳҳои дигари доими, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рeйхатшуда овоз дода бошанд тамом шуда эълон намояд.
 
Моддаи 39. Ташкили овоздиҳӣ
Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуxра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинхонӣ таxҳизонида, xои додани бюллетенҳои интихобот  муайян карда, куттиҳои интихобот гузошта шудаанд.
Куттиҳои интихобот  тавре гузошта мешаванд, ки ҳангоми наздашон омадани овоздиҳандагон бояд ҳатман аз ҳуxра ва хонаҳои овоздиҳии пинҳони гузаранд.
Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздиҳи, махфи доштани изҳори хоҳиши интихобкунандагон таxҳизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошад.
Раиси комиссияи интихоботи рeзи интихобот пеш аз огози овоздиҳи дар хузури ҳамаи аъзои комиссия куттиҳои интихоботро аз назар гузаронида, онҳоро сургуx мекунад ё муҳр мезанад.
Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад, Ба xои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рeйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани паспорт ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад.
Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботи гирифта, дар рeйхати интихобкунандагон дар муқобили фамилияи худ имзо мекунад.
 
Моддаи 40. Тартиби овоздиҳӣ
Бюллетенҳои интихоботро интихобкунандагон дар ҳуxра ё хонаи овоздиҳии пинҳони пур мекунанд. Ҳангоми пур кардани бюллетен uайр аз шахси овоздиҳанда ҳозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро шахсан худаш пур карда наметавонад, хуқуқ дорад бо хости худаш uайр аз узви комиссияи интихобот ҳар каси дигарро ба ҳуxра ё хонаи овоздиҳи даъват кунад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардаашро интихобкунанда ба қуттии интихобот меандозад. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломати ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳи шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар xои истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар рeйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рeйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуxxати тасдиқкунандаи шахсият дар маҳалли истиқоматиашон ба замимаи рeйхати интихобкунандагон дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с. №1412)
 
Моддаи 41. Ҳисоб кардани овозҳо дар участкаи интихоботӣ
Баъди тамом шудани овоздиҳи, пеш аз кушодани куттиҳои овоздиҳи дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкави лифофаҳои сарбаста ва варакаҳои овоздиҳи ба қутти партофта мешаванд.
Комиссияи участкавии интихобот ҳамаи бюллетенҳои интихоботии истифоданашударо ҳисоб ва ботил  мекунад.
Куттиҳои овоздиҳи аз тарафи комиссияи участкавии интихоботи дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳи кушода мешаванд. Кушодани куттиҳои овоздиҳи то ҳатми овоздиҳи манъ аст.
Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихобот  алоҳида-алоҳида аз рeи ҳавзаҳои интихобот оид ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва ҳар номзад ба вакили гузаронида мешавад.
Комиссияи участкавии итихобот мувофиқи рeйхати интихобкунандагон шумораи умумии интихобкунандагони участка, ҳамчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетен гирифтаанд, муқаррар мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варакаҳои дар куттиҳои интихоботи буда, комиссия муқаррар менамояд: шумораи умуми интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзида; шумораи овозҳои ба тарафдории ҳар номзад ба вакили ва шумораи овозҳои ба муқобили ваӣ додашуда; шумораи овозҳои «муқобили ҳамаи номзадҳо» додашуда теъдоди бюллетенҳою варақаҳое, ки беэътибор дониста шудаанд. Аз рeӣ фамилияҳои шаҳрвандоне, ки интихобкунандагон иловатан ба бюллетен ва варақаҳо дохил намудаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.
Бюллетенҳои интихоботии намунааш uайри муқаррарӣ, ҳамчунин бюллетенҳою варақаҳое, ки дар онҳо ҳини овоздиҳи беш аз як боқӣ мондааст, беэътибор дониста мешаванд. Ҳангоми пайдо гардидани шубҳа оид ба ҳаққони будан ё набудани бюллетену варақаи интихобот масъала аз xониби комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳи ҳал мегардад.
Натиxаи ҳисоби овозҳо дар Маҷлиси комиссияи участкавии интихобот барраси гардида, ба протокол дохил мешавад, ки онро раис, қотиб ва аъзои комиссия имзо намуда, он ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот фиристода мешавад. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
 
 
Моддаи 42. Муқаррар кардани натиxаи интихобот дар ҳавза
Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот инҳоро муайян месозад:  шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза; шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетенҳо ва варакаҳои интихоботи гирифтаанд; шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзида; миқдори овозҳое, ки «ба тарафдори» ва миқдори овозҳое, ки «ба муқобили» ҳар номзад ба вакили дода шудаанд; шумораи овозҳое, ки «муқобили ҳамаи номзадҳо» дода шудаанд; теъдоди бюллетенҳо ва варакаҳои беэътибор донисташуда.(ҚҶТ аз 27.11.14с.№1133)
Он номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳи ширкатварзидаро гирифтааст, интихобгардида дониста мешавад.
Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани ҳамин Қонун метавонад интихоботро беэътибор донад.
Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рeйхати интихобкунандагон дохилшуда иштироқ карда бошанд, ҳамчунин агар ҳамаи номзадҳо ба вакили хориx шуда бошанд.
Натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихобот дар Маҷлиси ҳавзавии интихобот муқаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз xониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия фиристода мешавад.
Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 43. Бақайдгирии вакилон
Комиссияи интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия дар асоси протоколҳои комиссияҳои интихобот, ки ба онҳо расидаанд, вакилони интихобшударо мутобиқан ба қайд мегирад.
Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиxаи интихобот ба вайронқунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ дода шуда бошад, комиссияи интихобот метавонад интихоботро беэътибор донад ва вакилро ба қайд нагирад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 44. Чоп кардани натиxаи интихоботӣ вакилон
Комиссияи дахлдори интихобот дар бораи натиxаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони ҳалки вилоят, шаҳр ва ноҳия хабар ва рeйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рeзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри фамилия, ном ва номи падар, вазифа (шугл), ҳизбият, xои кор ва истиқомати вакил, ҳавзаи интихобот, ки у интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 45. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакил
Комиссияи ҳавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп кардани рeйхати вакилоне, ки комиссияи дахлдори интихобот ба қайд гирифтааст, ба ҳар вакилӣ интихобшуда шаҳодатнома дар хусуси интихоб гардидани e медиҳад.
Пас аз он ки Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобшударо тасдиқ менамояд, ба онҳо ба xои шаҳрдатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакили дода мешавад. Ба  вакил ҳамчунин нишони дахлдори сарисинаги дода мешавад.
Шакл ва намуди шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
VIII. ОВОЗДИҲИИ ТАКРОРӣ, ИНТИХОБОТӣ ТАКРОРӣ ВА ИНТИХОБОТӣ ВАКИЛОН БА XОИ ВАКИЛОНИ ХОРИXШУДА. ИНТИХОБОТ ДАР ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ  НАВТАШКИЛ
Моддаи 46. Овоздиҳии такрорӣ
Агар дар ҳавзаӣ интихоботи номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеx яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрори дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакили, ки овозҳои бештар гирифтаанд, қарор қабул менамояд. Комиссияи ҳавзавӣ дар бораи ин қарор ба комиссияи дахлдори интихобот, ба интихобкунандагони ҳавза хабар медиҳад. Овоздиҳии такрори дар ҳавзаи интихоботи дар муҳлати на дертар аз ду ҳафта бо риояи талаботи ҳамин Қонун дар ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рeи ҳамон рeйхатҳои интихобкунандагон гузаронида мешавад.
Он номзад ба вакили, ки ҳангоми овоздиҳии такрори нисбат ба номзади дигар миқдори бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи иштироқкардаро соҳиб шудааст, интихобшуда ҳисоб меёбад, ба шарте, ки дар овоздиҳи на камтар аз нисфи интихобкунандагони дар рeйхатҳо дохилбуда иштироқ карда бошанд.
Агар ҳангоми овоздиҳии такрори яке аз номзадҳо бо сабабе хориx шавад, овоздиҳи аз рeи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад лозим аст, ки беш аз нисфи овозҳои шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзидаро гирад.
Ҳангоми овоздиҳии такрори комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро кадом соате набошад, тамомшуда эълон намояд, ба шарте, ки ҳамаи интихобкунандагони ба рeйхат дохилшуда овоз дода бошанд.
 
Моддаи 47. Интихоботи такрори
Агар дар ҳавзаи интихобти номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеч яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар ҳавзаи интихоботи барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрори имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ҳавзаи интихобот интихоботи такрори гузаронад. Дар ин ҳолат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияҳои ҳавзави ва участкавии интихбот дар хайати нав қарор қабул  намояд. Овоздиҳи дар ҳамон участкаҳои интихобот ва мувофиқи рeйхатҳои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асоси тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад.
Интихоботи такрори дар муҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асоси гузаронида мешавад. Ташкили комиссияҳои интихоботи, бақайдгирии номзадҳо ба вакили ва тадбирҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун сурат мегиранд.
Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 48. Гузаронидани интихоботӣ вакилон ба ивази вакилони хориxшуда
Дар сурати аз xониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мeҳлати се моҳи баъд аз хориx шудани вакил интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ на дертар аз ду моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талабҳои ҳамин Қонун ташкил карда мешавад. Дар ин ҳолат, комиссияи ҳавзавии интихобот 50 рeз пеш, комиссияҳои участкави як моҳ пеш аз интихобот таъсис гардида, бақайдгирии номзадҳо ба вакили як моҳ қабл аз интихобот ба охир мерасад.
Дар сурати камтар аз як сол қабл аз ҳатми мeҳлати ваколатҳои Маҷлиси даҳлдори вакилони халқ хориx шудани вакил интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хориxшуда гузаронида намешавад.
 
Моддаи 481. Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Маҷлиси маҳаллӣ вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки ба ҳайати воҳиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, ѓайриимкон аст.
Интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз ду моҳи баъди ташкил шудани воҳиди марзию маъмурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 49. Маблаѓгузории интихобот
Маблаѓгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблаѓгузорӣ намоянд. Ин маблаѓ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.
Назорати истифодаи маблаѓе, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ ва сарчашмаҳои маблаѓгузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)
 
Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор сокит дониста шудани Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи интихоботӣ вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
Аз рeзи мавриди амал қарор додани ин Қонуни конститутсиони Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ» (Ахборӣ Шeроӣ Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1994, № 23-24) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
       
Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                                             Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,
№ 858
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Xумҳурии Тоxикистон
«Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1999, № 12, мод. 299)
 
Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни конститутсионии Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон:
ба Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон оиди ворид намудани таuйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба муносибати қабули ҳамин Қонуни конститутсиони таклифҳо пешниҳод намояд;
карорҳои худро бо ҳамин Қонуни конститутсиони мутобиқ намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси Олии
Xумҳурии Тоxикистон                                                                                                    С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,
№ 859

Илова кунед