Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

16 Ноябр 1999, Сешанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №11, мод. 275; соли 2005, № 3, мод. 116;  соли 2007,  №5, мод.355; соли 2008, №10, мод.802; соли 2012,№8,мод.816; соли 2013,№6,мод.407, соли 2014,№11,мод.647;мод.648, соли 2015,№12қ1,мод.1112)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Фасли I. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи1.Мақсади қонуни мазкур
Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
тадбиқи eҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;
ташаккули вазьи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
ошкор, ва пешгирӣ ва қадь намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.
 
                             Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм
                  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3.Мафҳуми терроризм
Терроризм — яьне зeроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маxбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо xиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои xамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти xамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир xиҳати аз xониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои uайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таxовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё xамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сeиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари xисмонӣ ба ходими давлатӣ ё xамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё xамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир xиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё xамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориxӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояаи  байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо e истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани xанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад.
 
Моддаи 4.Мафҳумҳое,  ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд
Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:
амали террористӣ — бевосита содир намудани xинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, заҳрнок сахттаьсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обьектҳо; сeиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ  xамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурeҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуxуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо xиддӣ ба амвол ё ба вуxуд овардани дигар оқибатҳои барои xамъият вазнин; xиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-xиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793,  181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; ҚҶТ аз 27.11.14с.№1139)
 
гурeҳи террористӣ- шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;
террорист-  шахсе, ки дар анxом додани фаъолияи террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;
ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз xузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анxом медиҳад;
мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;
амалиёти зиддитеррористӣ – чораҳои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини  амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анxом дода мешавад;
минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ – қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;
гаравгон- шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маxбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;
субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамчунин субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.
 
Моддаи 5. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди террористзм
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориxӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо,  инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд.
 
Фасли  II. Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда
 
Моддаи   6.    Субъектҳои   бар   зиддитеррори   муборизабаранда
Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути  мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иxроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.
 
Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда
Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номгўи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути қонун таѓйир дода ё илова карда мешавад.
 
Моддаи 8. Ваколати субъектҳои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда
Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки:
бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;
бо тартиби муқараргардида ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;
фаъолияти субъектҳои  бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;
иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он Ҷумла иттилооти аз субъектҳои  зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризм дохил мешаванд, xамъ меоваранд, таҳлил ва xамъбаст менамояд;
бо тартиби  муқараргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.
Ба uайр аз ин  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амалӣ менамояд:
ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани xиноятҳои дорои  хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё  ифроти динӣ доранд;
ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ;
таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориxа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисаҳо;
таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
   ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кўшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;
қатъ намудани ѓайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда,заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1159)
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани xиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади uаразнок доранд, амалӣ менамояд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кeмак мерасонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якxоя бо мақомоти амнияти давлтӣ ва субьектҳои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зидитеррористии маҳалли корҳои анxомдиҳӣ   ва садамаю барқарокуниро таьмин менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.
Гвардияи  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассутӣ:
иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектҳои муҳофизатидавлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда
Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иxроия мебошанд, ки номгeи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз xониби инҳо ба амал бароварда мешавад:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиҳодияҳои xамьиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;
Вазорати корҳои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориxӣ ҳангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва дар шаклҳои дигаре, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян кардааст;
           Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қать намудани uайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти xангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналмилалӣ. ҚҶТ аз 27.11.14с.№1159)
Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.
 
 
Фасли III.   Фаъолияти террористӣ ва  зиддитеррористӣ
 
Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ
Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инҳоро дар бар мегирад:
ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;
иuво андохтан  ба амали террористӣ, зeроварӣ ба ашхоси воқеъӣ ё маxбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;
ташкили воҳидҳои uайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди xинояткорӣ (ташкилоти xинояткори), гурeҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;
xалб кардану мусаллаҳ гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;
бо маблаu таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурeҳи террористӣ ё кeмаки дигар ба онҳо.
 
Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон  eҳдадориҳои байналмилалии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналмилалӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:
аз xониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;
аз xониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;
дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам xабрдидаи терроризм шаҳрвандони ҳамон як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале xиноят дар хориxи қаламрави ин давлатҳо содир шудааст;
бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ.
 
Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ
Фаъолияти зиддитерроистӣ фаъолиятест, ки бо мақсади ҳимояи шахс, xамъият ва давлат аз фаъолияти террористӣ ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 13. Принсипҳои фаъолияти зиддитеррористӣ
Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
  • қонуният;
  • эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • ногузирии xазо барои фаъолияти террористӣ;
  • бо ҳам пайвастани усулҳои ошкор ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;
  • афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;
  • қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;
  • яккасардорӣ дар роҳбарии оперативӣ ба қувваҳо ва воситаҳои xалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зидди террористӣ;
  • пинҳонкории қатъӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррори
 
Фасли IV. Мубориза бар зидди терроризм
 
Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористӣ
Субектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мқсади ошкор намудани фаолияти террористӣ eҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.
Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон eҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳоионҳо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳӣ медиҳанд, фавран хабар диҳанд.
Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кeмак мерасонанд, кафолат медиҳад. Бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва қать намудани фаьолияти террористӣ бо тартиби муайянкардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблаuи он барои суьектҳои бар зидди терроризм  муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба ҳабс гирифтан ё маҳкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористӣ ё пешгирӣ ё қать кардани амали террористӣ гардидааст, мукофотпулӣ дода мешавад.
Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танҳо бо розигии онҳо мумкин аст.
 
Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористӣ
Бо мақсади пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:
таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотҳое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;
фаъолияте, ки ба тарuиби терроризм вобастагӣ дорад;
вориду хориx шудан ё бо транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
додани ҳуxxати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориxӣ, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблаѓҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблаѓҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд;(ҚҶТ аз 13.06.13с.№969)
аз xониби кормандони автовакзалҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва аэровокзалҳо аз мусофирон ба амонат қабул намудани баuоx, бори дастӣ (ба uайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдори баuоxхонаҳо);
гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар xойҳои муқаррарнашуда.
Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо роҳ дода мешавад:
ҳангоми гузарондани чорабиниҳои xамьиятию сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муҳофизати тартиботи xамьиятӣ xалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;
мустаҳкам намудани чорабиниҳои муҳофизатию режимӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дар корхонаҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити хист хатари калон доранд;
бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориxӣ тибқи меьёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатҳо иштирок намудаанд;
xамьоварӣ, таҳлил, xамьбаст намудани маьлумотҳо доир ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемаҳои терроризми назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил кардани онҳо;
дар назди субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани xузьу томҳои махсус.
Пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ, инчунин амалӣ  гардонидани дигар чорабиниҳоро низ дар бар мегирад, ки онҳоро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст  пешбинӣ кардаанд.
 
Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористӣ
Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми қать гардонидани фаьолияти террористӣ умуман ё дигар амали алоҳидаи террористӣ eҳдадоранд бо тартиби пешбини кардаи  қонунгузорӣ ҳамагуна чораҳои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.
 
Моддаи 17. Тафтиши xиноятҳои дорои хусусияти террористӣ
Таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рeи парвандаҳои xиноятӣ оид ба xиноятҳои дорои  хусусияти террористӣ аз xониби субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектҳо бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 171. Рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд
Рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарорҳои зикргардида барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шўрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.
Нусха аз рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи  ин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат бо терроризм ва андешидани чораҳо оид ба манъ намудани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.
Хориҷ намудан аз рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.
 
          Моддаи 172. Манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу  мулки шахсони бо терроризм алоқаманд
Воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1138)
Мусодираи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд  аз рўи қарорҳо оид ба террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф намудани онҳо ва оид ба манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ  шикоят намоянд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онҳо, оид ба   пардохти хароҷоти  хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аҳли  оила муроҷиат намоянд.
Бекор намудани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки  шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1138)
Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1138)
 
 
Моддаи 18. Истеҳсолоти судӣ аз рeи парвандаҳои xиноятӣ оид ба xиноятҳои дорои хусусияти террористӣ
Парвандаҳои xиноятӣ оид ба xиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин парвандаҳои гражданӣ дар бораи xуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маxлисҳои пушидаи судӣ барраси карда шаванд.
 
Фасл  V.  Гузаронидани   амалиёти зиддитеррористӣ
 
Моддаи 19.  Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
Амалиёти зиддитеррористӣ аз xониби субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.
Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ  ҳайати шахсӣ, қувваю воситаҳои субъектҳои  дар қисми якуми моддаи 9 ҳамин қонун номбаршуда xалб карда мешаванд.
Амалиёти зиддитеррористӣ бевосита таҳти роҳбарии ситод, ки бо ҳамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ҳамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ xалб карда мешаванд, аз лаҳзаи оuози амалиёти мазкур ба роҳбари ситод итоат мекунанд.
Дахолати ҳар гуна шахс ба роҳбарии оперативии амалиёти зиддитеррористӣ,  манъ аст.
 
Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ва режими ҳуқуқии он
Сарҳади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро роҳбари ситод вобаста ба миқёс ва дараxаи оқибатҳои хатари xмъиятии амали террористӣ муайян менамояд.
Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, ҳақ доранд:
дар мавриди зарури бароӣ муваққатан   маҳдуд кардан ё манъ намудани  ҳаракати воситаҳои нақлиёт ё пиёдагардҳо дар кeчаҳо ва роҳҳо чораҳо бинанд;
ҳуxxатҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар ҳолати набудани чунин ҳуxxатҳо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онҳо ин шахсонро дастгир намоянд;
шахсонеро, ки ҳуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зоҳир менамоянд, ки он ба талаботҳои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористӣ халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иxозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористӣ иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корҳои дохилӣ баранд;
ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият, воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намдани амали террористӣ, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористӣ гумонбар мешаванд, агар сусткорӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуxуд оварад, бемамониат ворид шаванд;
ҳангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва ҳангоми даромадан ба  (баромадан аз) минтақаи мазкур воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориxӣ ва барои дар онҳо кашондашаванда, аз Ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намоянд;
бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқа, аз Ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;
бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба  истиснои воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориxӣ, дар ҳолатҳои таьxилӣ бошад, воситаҳои нақлиётии шаҳрвандонро низ барои пешгирии амали террористӣ таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьxилии тиббӣ  эҳтиёx  доранд, инчунин барои рафтан баxои воқеьа, истифода баранд.
Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 сол. №1266)
 
Моддаи 21. Маҳдудятҳои дигар ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
Роҳбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористӣ ҳақ дорад ба манфиати таьмини амнияти шахсӣ роҳ додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онҳоро дар бораи додани ахбор ба аҳли xамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;
тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;
ба тарuиб ва ҳақбаровардани терроризм мусоидат мекунад;
маьлумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;
маьлумотро, ки сирри давлатӣ мебошад, ошкор менамояд;
маьлумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро  паст мезанад, маҳдуд гардонад.
 
Фасли VI. Xуброни    зараре,  ки  дар  натиxаи  амали террористӣ расонда шудааст.
Барқарорсозии иxтимоии шахсоне,  ки аз амали терористӣ зарар дидаанд
 
Моддаи 22. Xуброни    зараре,  ки  дар  натиxаи  амали  террористӣ расонда шудааст
Xуброни зараре, ки ба шахсони воқеьи ва ҳуқуқӣ дар натиxаи амали террористӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблаuи буxети Ҷумҳурӣ ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонида ситонида мешавад.
 
Моддаи 23. Барқарорсозии иxтимоии шахсоне, ки дар натиxаи   амал терористӣ   зарар дидаанд
Барқарорсозии иxтимоии шахсоне, ки дар натиxаи   амали терористӣ   зарар дидаанд, аз ҳисоби маблаuи буxети Ҷумҳурӣ бо мақсади баргардонидани онҳо ба ҳаёти мeьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии ҳуқуқӣ, психологӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар ҳолатхои зарурӣ ба кор барқарор кардан, ба онҳо  додани манзилро дар бар мегирад.
Тартиби барқарорсозии иxтимоии шахсонеро, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Фасли  VII.   Ҳимояи ҳуқуқи ва  иxтимоии шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок кардаанд
 
Моддаи 24. Шахсоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоӣ дахл доранд
Ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоӣ инҳо дахл доранд;
1) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок кардаанд;
2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо xинояткорӣ, пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он дар асоси доимӣ ё муваққатӣ кeмак мерасонанд;
3) шахсони дар бораи фаьолияти террористӣ ва ҳар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онҳо барои пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ мусоидат намудааст;
4) аьзоёни оилаҳои шахсоне, ки дар бандҳои 1-3 ҳамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таьмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.
 
Моддаи 25. Xуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок менамоянд ва барқарорсозии иxтимоии онҳо
Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xуброн карда мешавад. Дар сурати ҳалок гардидани ин шахсон ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ  ё маъюб шудан ё маxруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоӣ бо назардошти статуси ҳуқуқии чунин шахсон, ки қонуҳои дахлдор ва дигар санадҳои меьёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, тадбиқ карда мешаванд.
Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онҳо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xуброн карда мешавад.
Дар сурати ҳалок гардидани шахсони дар бандҳои 2 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё маъюб шудан ё маxруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори фаьолияти оперативӣ-xустуxeӣ» пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.
Дар сурати ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ  маxруҳ (захмин) шудани шахсони дар бандҳои 3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюбӣ нашудааст, ба онҳо кeмакпулии яквақта дар ҳаxми  сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; ҳангоми маxруҳ(захмин) шудани онҳо ки боиси маъюбӣ шудааст,- дар ҳаxми панxсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати ҳалок шудан ба аъзоёни оилаи онҳо дар ҳаxми якҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кeмакпулӣ дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.
Барқарорсозии иxтимоии шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиxаи иштироки онҳо дар амалиёти зиддитеррористӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби маблаuи буxети Ҷумҳурӣ пардохта мешавад.
Тартиби барқарорсозии иxтимоии ин шахсон, инчунин дар ҳолати ба амнияти онҳо таҳдид кардани хатар, таuйир додани маьлумотҳои шиноснома, xои истиқомат, кор (таҳсил), таuйир додани андоми ин шахсон бо роҳи тиббӣ аз xониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Фасли VIII. Xавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ ва озод кардан аз xавобгарӣ
 
Моддаи 26. Xавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ
Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машuул мешаванд ё бо террористҳо  ва ташкилотҳои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро  тарuиб менамоянд, мувофиқи Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онҳо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблаu, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористӣ xавобгар мебошанд.
Шахсоне, дар бораи мавxудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳида ба фаъолияти террористӣ шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи Кодекси xинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 27. Xавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористӣ.
Дар сурати аз xониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.
 
Моддаи 28. Озодкунӣ аз xавобгарӣ.
Шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуuл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будани онҳо қасдан xиноят содир накарда бошанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои  бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънавӣ, моддӣ ва xисмонӣ расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, xавобгар нестанд.
Шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштиҳои ҳавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  xавобгар намебошанд.
 
Фасли IХ. Муқарароти хотимавӣ
 
Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба маоши хизматӣ
Ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар xузьу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мeҳлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафақа як рeзи хизмат ҳамчун ду рeз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ- як рeзи хизмати ҳачун се рeз (агар ин мeҳлатҳо тибқи қонунгузорӣ барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифавӣ ва маоши рутбавӣ меафзояд.
 
Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок менамоянд (иштирок намудаанд)
Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ,  кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар xузъу томҳои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёрӣ расонидаанд, мумкин аст аз xониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шаванд.
 
 
Президент
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  16 ноябри соли 1999
№ 845
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ  ОЛИИ
 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 276)
 
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мувофиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мувофиқ намояд.
 
 
Раиси Маxлиси Олии                                                             С. РАXАБОВ
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            
ш. Душанбе  16 ноябри соли 1999
№ 846

Илова кунед