Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

03 Сентябр 1999, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 9, мод. 234; соли 2010,№12, қ-1, мод.809 ;соли 2014,№11,мод.652)
 
Моддаи 1. Мақсад ҳои қонун
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл xорӣ карда мешавад:
— тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меxeянд;
— муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд; (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
— кофтукови шаҳрвандоне, ки бе ному нишон гум шудаанд;
— муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум. (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647). 
 
Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.
Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳает ва саломатии инсон бошад, ору номус ва шаъну эътибори eро паст кунад.
Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:
а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;
б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.
 
Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондустӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махфият, ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
  
Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ
Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шаҳрвандон ё ки намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад.
 
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ
Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ шахсоне қарор мегиранд, ки:
— дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд; (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
 — ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгeи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд; (Қ.Ҷ.Т. №1143, 27.11.14.)
— ба мақомоти корҳои дохилии xои истиқоматашон барои гирифтани иxозатномаи истифодабарии силоҳи оташфишон муроxиат мекунанд; (Қ.Ҷ.Т. №1143, 27.11.14.)
— бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд; (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
— дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд; (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
 -шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд. (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
  Шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xустуxeи панноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.
  Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647). 
 
Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 8. Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 81. Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ  аз 29.12.10с, №647).
 
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни
                      мазкур
      Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи  Қонуни
мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (Қ.Ҷ.Т. №1143, 27.11.14.)
 
      Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                               Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе ,3 сентябри соли 1999,
№ 830
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 235)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
— қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
 
 
Раиси  Маxлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     С. РАXАБОВ
ш. Душанбе, 3 сентябри соли 1999,
№831

Илова кунед