Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ

14 Май 1999, Ҷумъа

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Низомнома дар бораи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки ба хизматчиёни давлатӣ иловапулӣ барои собиқаи кор, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин Низомнома таъин карда шудааст, нигоҳ дошта мешавад. Иловапулиҳои баъдан барои собиқаи кори муқарраршуда ба онҳо мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳисоб карда мешавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Низомнома дар бораи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ мутобиқ гардонад;
аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадан ва бекор кардани асноди  меъёрию ҳуқуқиро, ки хилофи Низомнома дар бораи ҳисоб кардани собиқаи  хизмати давлатӣ мебошанд, таъмин намояд.
 
 
 
 
 
Раиси Маҷлиси Олии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          С.  Раҷабов
 
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999
№ 764
______________________________
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
НИЗОМНОМА
Дар бораи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ
 
  1. Ин Низомнома мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатиро, ки он ба хизматчиёни давлатӣ ба гирифтани иловапулӣ барои хизмати дарозмӯҳлат, рухсатии пулакии иловагӣ, таъини нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла барои пеш аз мӯҳлат баромадан ба нафақа аз рӯи синну сол, гирифтани ёрдампулии якдафъагӣ дар сурати ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад, муайян мекунад, инчунин тартиби ҳисоб кардани ин собиқаи хизматиро ҳангоми гузаронидани аттестатсия ва ба хизматчиёни давлат додани рутбаҳои тахассусӣ ва муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши вазифавӣ барои рутбаи тахассусӣ ё категория муайян мекунад.
  2. Ба собиқаи хизмати давлатии хизматчиёни давлатӣ вақти фаъолияти касбии онҳо ҳамчун шахсоне, ки мансабҳои хизмати давлатиро ишӯол  намуда, ваколатҳои мақомоти давлатӣ  (аз ҷумла мансабҳои интихоботӣ) ва мансабҳои давлатии дар моддаҳои 5 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нишон додашударо иҷро мекунанд, инчунин давраҳои фаъолияти онҳо дар мақомоти зайл дохил мешаванд:
а) кор дар мақомоти давлатӣ, дар системаи бонки давлатӣ, назорати (халқӣ) давлатӣ, арбитражи давлатӣ, мақомоти гумрукӣ ва мақомоти андоз, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мансабҳое, ки бо хизматрасонии техникӣ ва таъминоти фаъолияти онҳо вобастагӣ надоранд;
б) кор дар ташкилотҳо ва муассисаҳои байналхалқӣ  бо роҳхатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳое, ки  ба хизматрасонии техникӣ ва таъминоти фаъолияти  он ташкилоту муассисаҳо алоқаманд нестанд;
в) кор дар хориҷа бо роҳхатҳои макомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, агар қабл аз фиристодан ба хориҷа хизматчӣ дар хизмати давлатӣ буд ва дар муддати ду моҳ аз рӯзи бозгашташ аз хориҷа бе назардошти вақти дар роҳ сарфшуда, ба хизмати давлатӣ дохил шуда бошад;
г) кор дар мақомоти интихоботӣ ва дигар мансабҳои масъули  ҳизбӣ, иттифоқи касаба ва комсомолии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то 9 сентябри соли 1991;
д) дар ҷои охирини кор ба мансабҳои роҳбарикунанда, дар корхонаҳои давлатӣ, дар муассисаҳои илмию таълимии  давлатӣ, ки аз он ҷо хизматчиёни давлатӣ ба тартиби гузаронидан   ба  мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ аз тарафи мақомоти болоии давлатӣ таъин  шудаанд;
е) кор ба сифати вакил дар асоси касбӣ дар Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо;
ж) давраи рухсатиҳои шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ буда, барои нигоҳбини тифл то ба синни якуним сола расидан ва рухсатии иловагии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳбини кӯдак то синни сесолагӣ;
з) давраи таҳсил бо роҳхатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар  курсҳои тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва  такмили тахассуси кадрҳои аз кор дур нашуда, агар хизматчӣ қабл аз шомил шудан ба курсҳо дар хизмати давлатӣ буда ва баъди хатми он ба хизмати давлатӣ баргаштааст;
и) давраи адои хизмати ҳарбии мӯҳлатнок, агар корманд то даъват ба хизмати ҳарбӣ дар мақомоти давлатӣ дар мансаби  хизматчии  давлатӣ кор карда бошад ва на дертар аз се моҳ баъди ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ қабул шуда бошад;
к) давраи  адои хизмати ҳақиқии ҳарбии изофамӯҳлати ҳайати афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии дар Қувваҳои Мусаллаҳ, Қушӯнҳои дохилӣ, қисмҳои сарҳадӣ, мақомоти идора ва қисмҳои мудофиаи гражданӣ ва дигар воҳидҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС, Кумитаи оид ба вазъияти фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар системаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС ва дар Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
л) давраи адои хизмат аз ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар системаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС;
м) давраи аз иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ сабукдӯш намудан агар дар натиҷаи  тафтишоти хизматӣ, қонунӣ сабукдӯш  намудани хизматчии давлатӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ тасдиқ нашуда бошад.
  1. Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ё адо намудани мӯҳлати ҷазо, ӯайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, мувофиқи тартиби муқарраршуда сафед карда шудани хизматчии давлатӣ ба собиқаи хизматии хизматчии давлатӣ дохил мегардад.
  2. Давраҳои фаъолияти меҳнатии ба собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб (дохил) кардашаванда, сарфи назар аз мӯҳлатҳои қатъ шуданашон, бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо ҳисоб карда мешаванд.
  3. Ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатии хизматчиёни давлатӣ, ки собиқаи хизмати давлатиро тасдиқ мекунад, дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои делои шахсии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Дар сурати набудани сабти зарурӣ ё нодуруст ва ӯалат будани сабти давраҳои кор, барои тасдиқ намудани собиқаи меҳнатӣ, маълумотномаҳо, нусхаи қарорҳо (фармонҳо, қарорҳо, дастурҳо, амрҳо ва дигар қарорҳои) мақомоти дахлдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар бораи таъини шаҳрванд ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ, ҳисоби шахсӣ ва ведомостҳо дар бораи пардохти музди меҳнат ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумот оид ба фаъолияти меҳнатии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ин Низомнома зикршуда мебошанд,  истифода бурда мешаванд.
  4. Собиқаи хизматӣ, ки собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб карда мешавад, аз тарафи комиссияи оид ба муқаррар крадани собиқаи хизмати давлатӣ муайян мегардад. Ҳайат, тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияро роҳбари мақомоти дахлдори давлатӣ таъин мекунад.
Қарори комиссия дар бораи муқаррар намудани собиқаи хизмати давлатӣ бо протоколи тавассути фармон ё ки дигар қарори роҳбари мақомоти давлатӣ тасдиқ шуда қабул мегардад, тартиб дода мешавад. Нусхаи фармон ва протокол ба ҷои  талабкунанда (бухгалтерия, шӯъбаи кадрҳо) фиристода мешавад ва барои муайян кардани иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои хизмати дарозмуддат, муайян кардани музди миёнаи меҳнатӣ, ки  барои хизматчиёни давлатӣ мутобиқи қонунҳои  амалкунанда (ҳангоми рухсатӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои давлатию ҷамъиятӣ дар давраи муваққатан ӯайриқобили меҳнатӣ будан, дар мавриди таъин намудани нафақаи  давлатӣ ва ӯайра) нигоҳ дошта мешавад, асос ҳисоб меёбад.
  1. Баҳсҳои вобаста бо муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ ба тартиби пешбининамудаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Илова кунед