Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии Миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ

13 Ноябр 1998, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 23-24, мод.326; соли 2008, №12,
 қ-2, мод. 1018; соли 2011, №7-8, мод.617)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
Моддаи 1. Хазинаи бойгонии миллӣ
           Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, ҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷои таъсис ва шакли моликият маҷмӯи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ, таърихию фарҳангӣ доранд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
Хазинаи бойгонии миллӣ таҳти муҳофизати давлат қарор дошта, барои қонеъ намудани эҳтиёxоти иттилоотӣ, иxтимоию фарҳангӣ, илмӣ ва эҳтиёҷоти дигари xомеа, татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Давлат шароит барои нигоҳдорӣ, ҳифз, uанигардонӣ ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода, xиҳати ноил гардидан ба сатҳи xаҳонӣ дар рушди кори бойгонӣ мусоидат менамояд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-бойгонӣ – муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;
-ҳуҷҷати бойгонӣ – ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;
-ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир – ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;  
-хазинаи бойгонӣ —  маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;
-кори бойгонӣ – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;
-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;
-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);
-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;
-муассисаҳои бойгонӣ – бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои бойгонии соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷчатҳои бойгониро таъмин менамоянд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
        Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои
       бойгонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
Моддаи 3. Бақайдгирии давлатии ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Бақайдгирии давлатии ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз xониби Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии 0ваколатдорнамудаи он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484) (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 4. Ёдгориҳои ҳуxxатии нодир
Ёдгориҳои ҳуxxатии нодир он санади Хазинаи бойгонии миллӣ ба ҳисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарҳангӣ мебошанд.
Тартиби ба ёдгориҳои ҳуxxатии нодир мансуб донистани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, инчунин нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ёдгориҳои ҳуxxатии нодир бояд ба таври ҳатмӣ суuурта кунонида шаванд.
Шахсоне, ки ёдгориҳои ҳуxxатии нодирро нигоҳ медоранд, ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои бойгонии давлатӣ имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхаҳои эҳтиётии ин ҳуxxатҳоро диҳанд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии миллӣ мансуб донистани ҳуxxатҳо
Ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ таҳти баҳисобгирии ҳатмии давлат қарор доранд. Ворид намудани ҳуxxатҳо ба Хазинаи бойгонии миллӣ ё аз он хориx кардани ҳуxxатҳо дар асоси экспертизаи арзиши онҳо бо тартиби муайяннамудаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Баҳсҳои байни муассисаҳои бойгонӣ ва молики ҳуxxатҳо дар бораи масъалаҳои ба Хазинаи бойгонии миллӣ ворид намудани ҳуxxатҳо ё аз он хориx кардани ҳуxxатҳо бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 6.  Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
бойгониҳои марказии давлатӣ;
бойгониҳои соҳавии давлатӣ;
муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ;
бахшҳои бойгонии муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ;
бахшҳои бойгонии мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ;
бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 7. Мақоми  ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Макоми ваколатдори бойгонӣ) Мақоми марказии ҳокимияти иxроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд.
Ба зиммаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузорӣ ва кори бойгонӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад.
Низомномаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 8. Бойгониҳои марказии давлатӣ
Бойгониҳои марказии давлатӣ барои нигоҳдории доимии ҳуxxатҳои бойгонии аҳамияти умумидавлатӣ дошта мутобиқи соҳаи худ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Онҳо дар соҳаи кори бойгонӣ марказҳои илмию методӣ ба ҳисоб мераванд.
Низомномаи бойгониҳои марказии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд.
(Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 9. Бойгониҳои соҳавии давлатӣ
Бойгониҳои соҳавии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимии ҳуxxатҳои геологӣ, метеорологӣ, картографӣ ва дигар навъҳои махсуси ҳуxxатҳои бойгонӣ, ки шароити хосаи нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.
Низомномаҳои бойгониҳои соҳавии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 10. Муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ
Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ шeъбаҳои бойгонии мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ки дар қаламрави дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва  бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, филиалҳои Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои нигоҳдории доимии ҳуxxатҳои бойгонии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд, тааллуқ доранд.
Низомномаи намунавии муассисаҳои маҳаллии бойгониҳои давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484), (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 11. Бахшҳои бойгонии муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ
Муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии дар амборҳои ин муассисаҳо ҷамъшуда шуъбаҳои дастхатҳо ва дигар бахшҳои сохторӣ таъсис диҳанд, инчунин хазина ва коллексияҳои худро бо ҳуҷҷатҳои соҳавӣ пурра созанд.
Низомномаи бахшҳои зикргардидаи бойгониҳоро муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатии дахлдор бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамоянд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 12. Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатй барои нигохдории муваққатии ҳуxxатҳои бойгонӣ, истифодаи онҳо бо мақсадҳои хизматӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, инчунин барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бахшҳои бойгонӣ таъсис медиҳанд. Шахсони зикргардидаи ҳуқуқӣ eҳдадоранд ҳуxxатҳои қонунгузории xориро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Макоми ваколатдори бойгонӣ ба бахшҳои бойгонии худ супоранд.
Мeҳлати нигоҳдории муваққатии ҳуxxатҳоро дар бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори бойгонӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти мақомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд.
Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ eҳдадоранд пас аз гузаштани мeҳлати нигоҳдории соҳавии ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, аз Ҷумла аксу овоз ва синамо онҳоро барои нигоҳдории доимӣ ба муассисаҳои марказӣ, соҳавӣ ё маҳаллии бойгонии давлатӣ супоранд.
Низомномаи намунавии бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ аз xониби Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 13. Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ
Иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ метавонанд барои нигоҳдории доимӣ ё муваққатии ҳуxxатҳояшон бойгониҳо (бахшҳои бойгонӣ) таъсис диҳанд.
Низомномаи намунавии бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ аз xониби Мақоми ваколатдори бойгонӣ тартиб дода мешавад. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 14. Барҳамдиҳӣ ва боздоштани фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ
       Муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.
Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки бе осеб нигоҳ доштани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бақайдгирии давлатии ҳуxxатҳоро вайрон мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
Моддаи 15. Ҳуқуқи моликият ба ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ метавонанд моликияти давлатӣ, коллективӣ, хусусӣ ва uайра бошанд. Ҳуқуқи моликият ба ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
Молик ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин модда соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Молики ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ ҳуқуқ, надорад онҳоро нобуд созад.
Ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, наметавонанд объекти uайридавлатӣ ва хусусигардонӣ, хариду фурeш ё муомилоти дигари вобаста ба додани ҳуқуқи моликият бошанд ва танҳо барои истифода дода мешаванд.
Ҳуқуқи моликият ба ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлатӣ намебошанд, бо огоҳии мақоми ваколатдори бойгонӣ ё муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурeхта шудани ин ҳуxxатҳо давлат барои бо нархи фурeш харидорӣ намудани онҳо ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Шартҳои хариду фурeш бояд барои ҳамаи харидорон баробар бошанд.
Ҳуxxатҳои бойгонии миллӣ ба хориxиён фурeхта намешаванд.
Молики ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки ба таври зарурӣ бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намекунад, суд метавонад бо ҳалномаи худ ин ҳуxxатҳоро бо пардохти маблаѓ ба фоидаи  Мақоми ваколатдори бойгонӣ мусодира намояд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484), (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 16. Таъмини беосебнигоҳдории Хазинаи бойгонии миллӣ
Моликони ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ eҳдадоранд бе осеб нигоҳ доштани онҳоро бо тартиби пешбининамудаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ таъмин намоянд.
Ҳамаи дорандагони бойгониҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ, надоранд ҳуxxатҳоро бе мувофиқаи  Мақоми ваколатдори бойгонӣ нобуд созанд. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
 
Моддаи 17. Додани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ ба нигоҳдории давлатӣ
Мeҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз лаҳзаи ворид шуданашон барои нигоҳдорӣ ба муассисаҳои бойгонӣ барои истифода дода мешаванд.
Таъсис додани бойгониҳои пинҳонӣ ё бо роҳи дигар махфӣ тайёр кардани маълумот дар бораи xойҳои нигоҳдории ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.
Ҳамаи шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ ё нусхаҳои онҳоро истифода баранд.
Шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи шартҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ истифода мебаранд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
Моддаи 19. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ дар муассисаҳои бойгонии давлатӣ
Мақоми ваколатдори бойгонӣ ҳуқуқ дорад истифодаи ҳуxxатҳои нодирро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо маҳдуд созад ва нусхаҳои ин ҳуxxатҳоро барои истифода диҳад. (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Ба шахсоне, ки ҳуxxати тасдиқгардидаро барои зарурати истифодаи ҳуxxатҳои бойгонӣ надоранд, нусхаҳои онҳо дода мешаванд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
Ба манфиати ҳифзи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ки дар ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ маҳфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонун истифодаи ин ҳуxxатҳоро маҳдуд месозад.
Иxозати истифодаи ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки мазмуни онҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл дорад, бо розигии ин шаҳрвандон ё намояндагони қонунии онҳо дода мешавад.
Дар сурати ба муассисаҳои давлатӣ додани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки пештар моликияти коллективӣ ё хусусӣ буданд, шартҳои истифодаи минбаъдаи онҳо бо моликони пештара мувофиқа кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад ҳамчун дар ҳолатҳои ба нигоҳдории давлатӣ додани ҳуxxатҳо бидуни таuйир додани ҳуқуқи моликият ба онҳо муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 20. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуxxатҳои хазинаи бойгонии миллӣ дар бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ
Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои uайридавлатӣ ҳуқуқ доранд имконияти дастрас намудани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои моликони ҳуxxатҳо ё дигар шахсони манфиатдор ба uайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо огоҳонии Мақоми ваколатдори бойгонӣ маҳдуд созанд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484), (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 21. Тартиби истифодаи ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Тартиби истифодаи ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки таҳти нигоҳдории давлат қарор доранд, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби истифодаи ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки дар бойгониҳои ѓайридавлатӣ ва идоравӣ маҳфуз мебошанд, аз xониби моликони ҳуxxатҳо бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484), (Қ ҶТ аз 02.08.11с, №763)
Моддаи 22. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ                       
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
                 Моддаи 221. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
           Мақомоти ваколатдор, муассисаҳои бойгонӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот ва муассисаҳои бойгонии хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалиро метавонанд ба роҳ монанд, агар ин ҳамкориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
 Моддаи 23. Маблаuгузорӣ ва таъмнноти моддию техникии муассисаҳои бойгонӣ                                                     
Маблаuгузории муассисаҳои давлатии бойгонӣ аз ҳисоби буxети дахлдор ва воситаҳои худӣ, муассисаҳои бойгонии дигар бошад — аз ҳисоби маблаuҳои муассисони онҳо сурат мегирад.
Таъминоти моддию техникии муассисаҳои бойгонӣ ба зиммаи моликони онҳо гузошта мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ eҳдадоранд муассисаҳои бойгониеро, ки ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллиро нигоҳ медоранд, бо иморат, таxҳизоти техникӣ ва захираҳои моддии дахлдор таъмин созанд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои умумӣ eҳдадоранд барои нигоҳдории ҳуxxатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ иншооти ба талаботи бе осеб нигоҳ доштани ҳуxxатҳо мувофиқбударо пешбинӣ намоянд.
 
                Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (Қ ҶТ аз 31.12.2008с., № 484)
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                     Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,
№704
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар хусуси мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод.327)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе,  13 ноябри соли 1998,
№ 705

Илова кунед