Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 Май 1998, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1998, №10, мод. 100; соли 2010, №12, қисми 1, мод. 814)
 
Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иxтимоии фаъолияти Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, усулҳои муносибати мутақобилаи онро бо давлат муқаррар менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳуми Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Палата) ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиxоратӣ мебошад ва корхонаҳо ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид месозад.
Палатаи савдои саноатӣ ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиxоратӣ фаъолияти хоxагидории худро танҳо вобаста бо иxрои вазифаҳои оинномавии худ анxом медиҳад ва фоидаи бадастомадаро дар байни аъзои худ тақсим намекунад.
Палатаи савдои саноатӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи савдои саноатӣ
Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи савдои саноатӣ аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Амали ин Қонун ба аъзои Палатаи савдои саноатӣ ҳангоми анxом додани фаъолияте, ки бо узвият дар Палатаи савдои саноатӣ вобаста намебошад, татбиқ намегардад.
Номи «Палатаи савдои саноатӣ» ва ибораҳое, ки дар асоси он сохта шудаанд, танҳо дар номи ташкилотҳое истифода шуда метавонанд, ки аз тарафи Палата мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун таъсис дода шудаанд.
Дигар ташкилотҳо ҳақ надоранд, ки дар номҳои худ ибораҳои «палатаи савдои саноатӣ», «палатаи савдо», «палатаи саноат»-ро истифода намоянд ва онҳо набояд бо номҳое, ки ин калимаҳоро дар ҳамин гуна ибораҳо дарбар мегиранд, ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
 
Моддаи 3. Мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Палатаи савдои саноатӣ
  1. Палатаи савдои саноатӣ фаъолияти худро бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгироии он ба низоми хоxагидории xаҳонӣ, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозаргонӣ, ба вуxуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориxӣ, танзими муносиботи соҳибкорон бо шарикони иxтимоии онҳо, тараққии ҳамаxонибаи соҳибкорӣ, робитаҳои тиxоратию иқтисодӣ ва илмию техникии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони кишварҳои хориxӣ анxом медиҳад.
Палатаи савдои саноатӣ вазифаҳои асосии зеринро иxро мекунад:
— ба корхонаҳо, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо кумак мерасонад, онҳоро намояндагӣ мекунад ва манфиатҳои онҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба анxом додани фаъолияти хоxагидорӣ, аз Ҷумла дар хориxа вобастаанд, ҳимоя менамояд;
— дар асоси шартномаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои асоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соҳаи тиxорати байналхалқӣ, моликияти саноатӣ ва зеҳнӣ амалӣ мегардонад;
— ба рушди ҳамаи навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои хоxагии халқ ва корхонаҳо мусоидат мерасонад;
— муносибати мутақобиларо дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо давлат дар симои мақомоти он, ҳамчунин шарикони иxтимоӣ ташкил мекунад;
— вазифаҳои намояндагии аъзои Палатаро дар ташкилотҳои байналхалқии тиxоратӣ, молиявӣ ва дигар созмонҳои иқтисодӣ анxом медиҳад;
— ба инкишофи низоми таҳсилот ва тарбияи кадрҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мерасонад, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар ин соҳа ширкат менамояд;
— ба соҳибкорон, иттиҳодияҳо, иттифоқҳо, ассотсиатсияҳои онҳо хизматҳои иттилоотӣ мерасонад, ба ташкили зербинои хизматрасонии иттилоотии соҳибкорӣ мусоидат мекунад;
— ба рушди содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ аз Ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, ба корхонаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон дар гузаронидани амалиёт дар бозори берунӣ ва аз худ кардани шаклҳои нави ҳамкории тиxоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ кумаки амалӣ мерасонад;
— ҳайатҳои хориxӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорон ва миссияҳоро қабул мекунад, ба xустуxeи шарикон ва барқарор намудани робитаҳои корӣ мусоидат мерасонад, ҳамчунин барои соҳибкорони Тоҷикистон, ки ба дигар кишварҳо мераванд, чунин вазифаҳоро иxро мекунад;
— оид ба масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти иқтисодии хориxӣ хизматҳои иттилоотию машваратӣ мерасонад;
— дар байни соҳибкорони Тоҷикистон ва шарикони хориxӣ вазифаҳои миёнаравиро анxом медиҳад;
— бо палатаҳои савдо ва дигар ташкилотҳои ҳаммонанд дар хориxа робитаҳо барқарор мекунад ва онҳоро инкишоф медиҳад, бо палатаҳо ва ташкилотҳои мазкур созишномаҳо мебандад, миссияҳо ва ҳайатҳои иқтисодӣ ва тиxоратӣ ташкил мекунад;
— бо супориши ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориxӣ оид ба сифат, назорати миқдор ва пуррагии молу маҳсулот экспертизаҳо мегузаронад;
— таҳсил ва коромeзии мутахассиcонро барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъҳои таҳсилро, аз Ҷумла дар хориxа ташкил мекунад;
— доир ба тарҶума, аз Ҷумла тарҶумаи шифоҳии асноди техникӣ, маводи маълумотию рекламавӣ ва дигар мавод хизмат мерасонад;
— фаъолияти рекламавиро, ки барои иxрои вазифаҳои палатаи савдои саноатӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёxоти аъзои он зарур аст, анxом медиҳад, лоиҳаҳо тартиб медиҳад ва низоми намоишро барои соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои хориxӣ таъин мекунад, аломатҳои молу маҳсулот, нишонаҳои фирма, намунаҳои саноатӣ ва дигар тарҳҳои ороиширо таҳия менамояд;
— дар ҳудуди ваколатҳои доштааш дар мавриди роҳ надодан ба рақобати ғайрисолим ва шарикии ғайри қобили корӣ ва пешгирии онҳо тадбирҳо меандешад;
— дар танзими баҳсҳое, ки дар байни корхонаҳо, соҳибкорон ба вуxуд меоянд, кумак мерасонад.
Палата ҳамчунин мутобиқи қонунҳо ва асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳоро низ анxом медиҳад.
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ
Палатаи савдои саноатӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, баробарии аъзои он ва худидоракунӣ ба роҳ мемонад.
 
Моддаи 5. Муносиботи мутақобилаи Палатаи савдои саноатӣ бо мақомоти давлатӣ
Палатаи савдои саноатӣ дар xараёни иxрои eҳдадориҳои худ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ мекунад.
Давлат назоратро аз болои фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ дар асоси ҳамин Қонун ва дигар асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти Палата, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, мумкин нест.
 
Моддаи 6. Таъсиси Палатаи савдои саноатӣ
Палатаи савдои саноатӣ бо ташаббуси на камтар аз панx муассис таъсис дода мешавад. Муассисони Палатаи савдои саноатӣ анҶумани (конференсияи) муассис ё маxлиси умумиро даъват мекунанд, ки дар он Оиннома қабул карда ва мақомоти роҳбарикунандаи Палата таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 7. Узвият дар Палатаи савдои саноатӣ
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои онҳо аъзои Палатаи савдои саноатӣ буда метавонанд.
Узвият дар Палатаи савдои саноатӣ ҳуқуқ медиҳад, ки аъзои он:
дар қабули қарорҳо дар анҶуманҳо, дар кори дигар мақомоти Палата, ҳамчунин дар таъсиси мақомоти мазкур мутобиқи муқаррароти дар асноди муассис зикршуда ширкат намоянд;
аз имтиёзот ва ҳуқуқе, ки дар асноди муассиси Палатаи савдои саноатӣ пешбинӣ шудаанд, истифода баранд.
 
Моддаи 8. Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ
Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ бояд нуқоти зеринро пешбинӣ намояд:
а) ном, мақсадҳо ва вазифаҳои Палата;
б) шароит ва тартиби қабул ба узвияти Палата ва хориx шудан аз он;
в) ҳуқуқ ва eҳдадориҳои аъзои Палата;
г) салоҳият ва тартиби таъсиси мақомоти роҳбарикунандаи Палата, мeҳлатҳои ваколатҳои мақомоти роҳбарикунанда ва тартиби аз тарафи онҳо қабул шудани қарорҳо;
д) манбаъҳои бавуxудоии маблағҳо ва дигар амволи Палата ва тартиби истифодаи онҳо;
е) сохтори Палата;
ж) тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Палата;
з) тартиби қатъи фаъолияти Палата;
Дар Оиннома ҳамчунин муқаррароти дигар низ, ки ба фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ мансубанд, пешбинӣ шуда метавонанд.
Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ набояд бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.
 
Моддаи 9. Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумњурии Тоҷикистон
Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумњурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони њуқуқї ва соњибкорони инфиродї» амалї карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №655).
 
Моддаи 10.  Ҳуқуқи Палатаи савдои саноатӣ
Палатаи савдои саноатӣ дорои тамоми ҳуқуқе, ки барои иxрои мақсадҳо ва вазифаҳои он заруранд ва бо ҳамин Қонун ва Оинномаи он муайян карда шудаанд, мебошад. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки:
1) дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар асноди меъёрӣ дар соҳаи иқтисод, амалӣ намудани робитаҳои иқтисодии хориxӣ, ҳамчунин доир ба  масъалаҳое, ки ба манфиатҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дахл доранд, ширкат намояд;
2)  манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот намояндагӣ ва ҳимоя намояд;
3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва хориxӣ дар патентонии ихтироот, колбадҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, бақайдгирии аломаҳои молу маҳсулот, нишонаҳои хизматрасонӣ ва номгeи xойҳои асли баромади молу маҳсулот кумак расонад;
4) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориxа муомилот аз Ҷумла муомилоти тиxоратии хориxӣ, кредитӣ, векселӣ, амалиёт бо саҳмияҳо ва дигар коғазҳои арзишнок ва дигар амалиётро бо ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ анxом диҳад;
5) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориxа амволи манқул ва ғайриманқулро созад, харидорӣ намояд, бегона кунад, ба иxора гирад ва ба иxора диҳад;
6) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи   дар Ҷумҳурӣ   кушодани намояндагиҳои палатаҳои савдо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои соҳибкорон, ҳамчунин фирмаҳо ва ташкилотҳои хориxие, ки ба ҳамкорӣ бо онҳо Палата ва аъзои он манфиатдоранд, бо дарназардошти мушахассоти фаъолияти онҳо, пешниҳодҳо манзур намояд;
7) бо супориши корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва хориxӣ экспертиза, назорати сифат, миқдор ва пуррагии молу маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ, аз Ҷумла ашёи хом ва таxҳизотро гузаронад;
8) сифатномаҳои асли баромади молу маҳсулот, ҳамчунин дигар асноди марбут ба анxом додани фаъолияти иқтисодии хориxиро тасдиқ намояд;
9) феҳристи ғайридавлатии корхонаҳо ва соҳибкоронеро, ки вазъи молиявӣ ва иқтисодии онҳо дар бораи эътимоднокии онҳо ҳамчун шарикон дар фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурӣ ва хориxа шаҳодат медиҳад, пеш барад;
10) намоишҳои байналхалқӣ ташкил намояд, ҳамчунин омода ва  доир намудани намоишҳои молу маҳсулоти ватаниро дар хориxа таъмин созад;
11) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориxа корхонаю муассисаҳо ташкил намояд, таxдиди ташкил диҳад ва барҳам диҳад, ҳамчунин дар ташкили корхонаҳои мушгарак, утоқҳои тиxорат ва дигар сохторҳо ширкат намояд;
12) филиалҳо ва намояндагиҳои худро, аз Ҷумла дар хориxа кушояд;
13) барои таъмини фаъолияти соҳибкорӣ рузномаҳо, маxаллаҳо ва дигар маводи нашаротиро интишор диҳад;
14) усулҳои пешбурди фаъолияти худро мустақилона муайян намояд, сохтор, xадвали штатӣ, теъдоди кормандон, шакл ва андозаҳои музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии меҳнати онҳоро муқаррар созад;
15) дигар ваколатҳоеро, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд, амалӣ намояд.
Асноди ҳуқуқие, ки аз тарафи Палатаи савдои саноатӣ дар ҳудуди салоҳияти он дода шудаанд, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Ҳуқуқҳои Палатаи савдои саноатӣ дар Оинномаи он инъикос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 11. Моликияти Палатаи савдои саноатӣ
Палатаи савдои саноатӣ метавонад дар моликияти худ биноҳо, иншоот, таxҳизот, саҳмияҳо, дигар коғазҳои арзишнок ва амволи дигари алоҳидае, ки барои иxрои вазифаҳои оинномавӣ заруранд, дошта бошад.
Корхонаҳое, ки аз тарафи Палатаи савдои саноатӣ таъсис дода шудаанд, амволи мавxудаи худро дар доираи ваколатҳои ба онҳо аз тарафи Палата додашуда мутобиқи мақсадҳо ва вазифаҳое, ки бо оинномаҳои онҳо, ҳамчунин шартномаҳои дар байни Палатаи савдои саноатӣ бо корхонаҳои мазкур басташуда пешбинӣ гардидаанд, истифода мебаранд ва ихтиёрдорӣ мекунанд.
Манбаи маблағҳои Палатаи савдои саноатӣ ҳиссаҳои дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, даромадҳо аз фаъолияти худӣ ва фаъолияти хоxагидории корхонаҳои таъсисдодаи он ва дигар маблағҳои воридшуда мебошанд.
Маблағҳои Палатаи савдои саноатӣ барои таъмини фаъолияти он ва таъсиси фондҳои он истифода бурда мешаванд.
Ҳангоми аз Палатаи   савдои саноатӣ хориx шудани аъзои он ҳаққулузвиятҳои пардохтшуда баргардонида намешаванд ва даъво ба ҳиссаи амволи Палатаи савдои саноатӣ қабул карда намешавад.
Ҳуқуқи моликияти Палатаи савдои саноатӣ бо қонун муҳофизат карда мешавад.
Моддаи 12. Масъулияти Палатаи савдои саноатӣ
Палатаи савдои саноатӣ барои eҳдадориҳои худ бо амволе, ки ба он тааллуқ дорад, масъул аст.
Палатаи савдои саноатӣ барои eҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад ва аъзои он низ барои eҳдадориҳои Палатаи савдои саноатӣ масъул намебошанд.
Палатаи савдои саноатӣ барои eҳдадориҳои корхонаҳои таъсисдодаи худ масъулият надорад ва корхонаҳои мазкур низ барои eҳдадориҳои Палатаи савдои саноатӣ масъул намебошанд.
Моддаи 13. Робитаҳои байналхалқии Палатаи савдои саноатӣ ва ширкат дар ташкилотҳои байналхалқӣ
Палатаи савдои саноатӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ метавонад робитаҳои мустақими байналхалқӣ дошта бошад ва созишномаҳои дахлдор бандад.
Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои аъзои худро дар Палатаи байналхалқии савдо, Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ, Бюрои байналхалқии намоишҳо, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, ҳамчунин дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар масъалаи марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ намояндагӣ мекунад.
Барои иxрои вазифаҳои худ Палата филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар хориxа таъсис медиҳад, ҳамчунин ҳақ дорад, ки якxоя бо кишварҳои хориxӣ палатаҳои тиxоратӣ ва тиxоратию саноатии муштарак таъсис диҳад.
 
 
Моддаи 14. Шартномаҳои байналхалқӣ
Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои ҳамин Қонун фарқ дошта бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
 
 
 
           Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э. РАҲМОНОВ       
ш. Душанбе,  22 майи соли 1998,
№603
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1998, №10, мод. 101)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки ташкилотҳои то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифташуда ва онҳое, ки дар номи худ ибораҳои «палатаи савдо», «палатаи саноатӣ» ё «палатаи савдои саноатӣ»-ро истифода мебаранд, вазифадоранд мутобиқи Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шаванд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— қарорҳои худро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонад;
— аз тарафи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шудани санадҳои меъёрии онҳоро, ки хилофи ҳамин Қонун мебошанд, таъмин намояд.
 
 
 Раиси Маxлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,  22 майи соли 1998,
№604

Илова кунед