Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ

13 Декабр 1997, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, № 8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, №3, мод. 177; №7, мод. 694; соли 2008, №10, мод.821; соли 2012,№4,мод.274; №8,мод.830; соли 2013,№12,мод.903)
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимоӣ татбиқ намешавад.
 
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ низоми навъҳои аз xониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиxаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд;
Суғуртакунанда — шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоxагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеӣ, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякорӣ xалб мекунанд, аз xумла ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориxӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анxом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки eҳдадоранд мутобиқи қонунҳои xорӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурта — шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои xорӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анxом медиҳад.
Шахси суғурташуда — шахси воқеӣ, ки ба манфиати e суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
 
{одисаи суғурта — ҳодисаи рeҳдода, ки бо фаро расидани он eҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда  ё талофии хароxоти масрафнамудаи e ба миён меояд.
Пардохти суғурта — маблағи пулӣ, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаxм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анxом дода мешавад.
Саҳми суғурта — пардохти ҳатмӣ барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта — андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаxми  мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфиродӣ — ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Собиқаи суғурта — давомнокии маxмeи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ — қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарx гардидаанд.
 
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иборатанд аз:
хусусияти умумӣ ва ҳатмӣ доштани суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта xиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро ба­рои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбинӣ менамоянд;
баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда); (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
дастраси ба дар таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва анxом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иxрои eҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимоӣ;
масъулияти давлат барои истифода, xойгиронӣ ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
 
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоxагидорӣ, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суѓуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суѓуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 6.{уқуқ ва eҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар мeҳлатҳои муайяншуда аз xониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
xиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисодӣ ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иxрои eҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иxро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анxом дода ба муас­сисаи суғурта оид ба хароxот ҳисобот диҳад.
 
 
 
 
 
Моддаи 7. {уқуқ ва eҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  суѓуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  менамояд  (минбаъд – мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад.
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пулӣ, китобҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ), журналӣ, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кeмакпулиҳоро анxом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиxаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарурӣ ба даст орад;
баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анxом диҳад;
аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро аз рўи пардохти саҳмҳои суѓурта ва хароҷоти ин маблаѓҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кўмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рўи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро оид ба суѓуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи қодекси  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рўёнад;
фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад;
маблаѓи муваққатан озодро ба қоѓазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад;
захираҳои нафақавии шахсони суѓурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад;
даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои  мақомоти ваколатдор   заруриро пешбинӣ намояд;
дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суѓуртаи иҷтимоии аҳолӣ омўзад ва истифода намояд;
коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд;
дар таъсис додани  муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суѓуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад;
 тибқи  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ѓайрипулӣ) буҷети  мақомоти ваколатдор  ба тарзи маҷбуран ситонидани маблаѓи пардохтнашудаи саҳмҳои суѓурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад;
аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кўмакпулӣ тибқи суѓуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад);
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпулӣ ва xубронпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳифз менамояд, иxро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амалӣ намояд; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақтӣ ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анxом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгирӣ ва пардохти нафақа ва кeмакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болоӣ xиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
 
Моддаи 8. {уқуқ ва eҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст оварда, хароxоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кeмакпулиҳоро тибқи ҳаxм ва мeҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаxми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кeмакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз xумла тибқи тартиби судӣ ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро xиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суѓуртакунанда баромад кунад.
Ашхоси суғурташуда eҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кeмакпулӣ ва xубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кeмакпулиҳо риоя кунанд.
 
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ
ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӣ
 
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғур­таи давлатии иҷтимоӣ муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кeмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
кeмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
кeмакпулиҳои оилавӣ;
кeмакпулӣ ба сабаби бекорӣ;
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат;(ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059)
хароxоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблаѓи андўхти нафақаи ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иxрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
 
Моддаи 10. Тартиби  пардохтҳо аз маблаѓи ҳисобномаҳои андўхти инфиродии шаҳрвандон
Муассисаи суғурта пардохтҳоро  аз  маблаѓи андўхти нафақа ба шахсони суѓурташудае, ки ба синни муқарраргардидаи нафақа расидаанд ва тавассути корфармо ё мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи қонун саҳмҳои нафақа (суѓурта)-ро ба ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ саривақт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.
Пардохт дар шаклҳои зайл анҷом дода мешавад:
— муқаррар намудани иловапулии мунтазам ( ҳармоҳа) ба нафақаи меҳнатӣ;
— пардохти яквақтаи маблаѓи андўхтшуда;
— гузаронидани  маблаѓи андўхтшуда ба фонди ѓайридавлатии нафақаи интихобкардаи нафақаҳўр.
Аз маблаѓи андўхти нафақа, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахси суѓурташуда мавҷуд аст, ҳангоми расидан ба синни нафақа иловапулӣ ба нафақа таъин карда мешавад.
Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Пардохти яквақтаи маблаѓи андўхти инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суѓурта ҳангоме амалӣ карда  мешавад,ки маблаѓи умумии андўхташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии ҳармоҳаи нафақа баробар ба ҳаҷми 36 – каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқ ба иловапулӣ ( аз лаҳзаи муроҷиат ба таъини иловапулӣ) муқаррар гардидааст, камтар бошад.
Пардохти яквақта аз ҷониби муассисаи суѓурта ҳангоми расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа ва пайдо гардидани ҳуқуқ ба гирифтани иловапулӣ дода мешавад. Пардохт бо роҳи гузаронидани маблаѓ ба ҳисобномае (пасандозе), ки шахси суѓурташуда пешниҳод менамояд, анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓе, ки дар ҳисобномае захиравии инфироии шахси суѓурташуда мавҷуд аст, дар асоси аризаи хаттии ў метавонад ба фонди ѓайридавлатии нафақа, ки реквизитҳои онҳоро аризадиҳанди зикр менамояд, гузаронида шавад.
Фонди ѓайридавлатии нафақаро (ба истиснои фондҳои ѓайридавлатии нафақае, ки ба шахсони барои зисти доимӣ ба хориҷа  сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ва ҳуқуқ доранд фонди ѓайридавлатии нафақаро вобаста ба маҳалли (кишвари) нави зист зикр намоянд), шахси суѓурташуда аз ҳисоби фондҳое метавонад  интихоб намояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Тартиб ва шарти гузаронидани маблаѓи андўхти нафақаро ба фондҳои ѓайридавлатии нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар сурати пардохти маблаѓи андўхти нафақавӣ мутобиқи қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи мазкур шахси суѓурташуда ҳуқуқи худро барои муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ аз маблаѓе, ки дар ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ мавҷуданд, аз даст медиҳад.
Моддаи 101  
Хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 16.04.12 №824
Моддаи 102.  Рақами инфиродии суѓуртаи иҷтимоӣ
     Дар низоми суѓуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суѓурташуда рақами инфиродии суѓурта   гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андўхти инфиродӣ мебошад.
     Зикри рақамҳои инфиродии суѓуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суѓуртакунанда, муассисаи суѓурта ва шахси суѓурташуда ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
 
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 12. Кeмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ
{ангоми беморӣ (xароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти корӣ вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузорӣ кeмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ пардохта мешавад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:
100 фоизи музди меҳнат:
— ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
— ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
— ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ѓадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кўчонида шудаанд.
 70 фоизи музди меҳнат:
— ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;
— ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
— ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
   60 фоизи музди меҳнат: 
— ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983)
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ  ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор  ба хона рафтан, аз ҷумла рўзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳақ дорад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои  касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ   мефиристанд.
 Кeмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рeи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад.
Барои таъини кeмакпулӣ барои корношоями муваққатӣ варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корно­шоямӣ кeмакпулӣ тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаxми собиқаи бефосилаи корӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи бефосилаи кории кормандон ҳангоми таъини кeмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки онро {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рeзи фарорасии корношоямӣ ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кeмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққатӣ дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суѓурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби  умумӣ ба кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд. Кўмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суѓуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблаѓи кўмакпулии ба онҳо таалуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи  суѓурта пардохта мешавад.
 
Моддаи 13. Кeмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд
Кeмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рeзи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рeзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.
 
Моддаи 14. Кeмакпулии оилавӣ
{ангоми таваллуди кeдак дар оила кeмакпулии оилавии зайл пардох­та мешавад:
кeмакпулии яквақта бинобар таваллуди кeдак;
кeмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кeдак.
Кeмакпулии яквақта бинобар таваллуди кeдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кeдаки якум — ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кeдаки дуюм — ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кeдаки сеюм ва зиёда — ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кeмакпулӣ дар xои кори (таҳсилӣ) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд — аз xониби шeъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кeмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кeдак аз рeзи таваллуди кeдак таъин ва пардохта мешавад,  агар муроxиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рeзи таваллуди кeдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кeдак то ба синни якунимсолагӣ расидани он барои ин мeҳлат дар xои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба e кeмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кeдак пардохта мешавад.
 
Моддаи 141. Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ
       Тартиб ва шартҳои пардохти  қўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059)
 
Моддаи 15. Кeмакпулӣ ба сабаби бекорӣ
Кeмакпулӣ ба сабаби бекорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин ва пардохта мешавад.
 
Моддаи 16. Кeмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кeмакпулӣ барои дафн (кeмакпулии маросимӣ) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти e мебошанд, дода мешавад. Андозаи кeмакпулӣ барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.
Тартиб ва шартҳои пардохти кeмакпулиро барои дафн {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983)
 
Моддаи 161. Таъин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи шахсони суѓурташуда
Шахсони суѓурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кўмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13,14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кўмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мепардозад.
Шахсоне,ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои  давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом медиҳанд, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суѓуртаро корфармоён (суѓуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблаѓи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.
 
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиxаи санаторию курортӣ, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хeроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда), анxом дода мешавад. Хароxоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз xониби мақоми дахлдори намояндагӣ ба андоза ва тартиби муайяннамудаи {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор,  инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд:
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳолӣ, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурустӣ, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва xавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои  тандурустии  кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд;
маблағгузории хароxот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзии бекорон, аз xумла пардохти стипендия, пардохти корҳои xамъиятӣ, таъсиси xойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳиф­зи иҷтимоӣ эҳтиёx доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси xойҳои иловагии корӣ, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва заминаҳои моддию техникии он, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
татбиқи барномаҳои Ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахeрон, маъюбон, атфол ва дигар гурeҳҳои аҳолӣ;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор,  тарбия ва бозомeзии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
пардохти xубронпулӣ ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиxаи санаторию курортӣ ба маъюбони Xанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ.
 
ФАСЛИ 3. ШАРТ{ОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒ{ОИ
СУҒУРТА ВА ПАРДОХТ{ОИ МАҚСАДНОК
 
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаxм ва мeҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти xамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҳаxм ва мeҳлатҳои пешбининамудаи қонун анxом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, кeмакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар xои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хeрдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кeмакпулиҳо аз xониби вориси ҳуқуқӣ таъин ва пар­дохта мешаванд ва ҳангоми мавxуд набудани вориси ҳуқуқӣ — аз xониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимоӣ (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анxом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз xониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта ме­шавад.
Кeмакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рeзи ҳатми ҳолати суғурта муроxиат карда бошанд.
Кeмакпулие, ки то рeзи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи e ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кeмакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи меросӣ дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндагӣ ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
 
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кeмакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапулӣ, агар додани изофапулӣ бо гуноҳи e сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
 
Моддаи 20. {алли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кeмакпулӣ
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мав­риди масъалаҳои таъминот бо кeмакпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо тартиби судӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
 
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз xониби {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки  намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суѓуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни  суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд,  анxом дода мешавад.(ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз xониби мақомоти ваколатдор  анxом дода мешавад.
Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае,  ки аз ҷониби {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад,  амалӣ  менамояд.
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кeмакпулӣ xиҳати суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимоӣ интихоб мешавад. Хароxоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхeрии парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анxом мегардад.
 
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӣ
 
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Маблағгузории пардохти нафақа, кeмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз xониби муассисаи суғурта анxом дода мешавад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд;
Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд (шахсони ҳуқуқӣ намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шавад;
Маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мeхлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ситонида мешавад;
Маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонида мешаванд;
Саҳмҳои ихтиёрӣ ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузорӣ манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молиявӣ аз ҳисоби маб­лағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои  мақомоти ваколатдор  ба даст оварда мешавад;
маблағҳои буxети Ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кeмак­пулиҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароxоти баланд бардоштани ҳаxми нафақа ва кeмакпулиҳо во­баста ба тағйирёфтани индекси рeзгузаронӣ ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буxети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳаллӣ, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд;
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ, xиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахeрон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид карда шудаанд;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии  мақомоти ваколатдор  мусодира ва андозбандӣ намегарданд аз онҳо боxу хироxи комиссионӣ ситонида намешавад.
Маблаѓи дар буҷети  мақомоти ваколатдор  ҷамъгардида ба ду гурўҳ тақсим мешавад:
— саҳмҳои суѓуртавӣ, маблаѓи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблаѓи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
— маблаѓе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суѓурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз ҷойгиркунии муваққатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети  мақомоти ваколатдор  барои соли навбатии молиявӣ маблаѓи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблаѓе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андўхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд.
 
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми  тарифҳои саҳмияҳои суғурта
Суѓуртакунандагон ўҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд.
Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
— саҳмҳо барои суѓуртаи иҷтимоӣ;
— саҳмҳои нафақавӣ;
— саҳмҳои суѓурта барои бекорӣ.
Саҳмҳои суѓуртае, ки шахсони суѓурташуда пардохтаанд, дар ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Маблағи адози иҷтимоӣ ва саҳмҳои  нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
 
Моддаи 231. Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи воситаҳои пулӣ, ки ба ҳисобномаи захиравии инфиродӣ ворид шудаанд
{ангоми xорӣ намудани баҳисобгирии захиравии инфиродӣ дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфиродӣ кушода мешавад, ки дар намуди электронӣ маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақавӣ аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қайд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анxомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшавӣ нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ xамъ омадаанд,  мақомоти ваколатдор  ҳуқуқ дорад, тибқи қонунҳои амалкунанда онҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад.
Бо мақсади таъмини даромад маблаѓи андўхти нафақавиро муассисаи суѓурта метавонад ба активҳои нафақаи фондҳои ѓайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд.
Муассисаи суѓурта ўхдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблаѓи андўхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи ставкаи азнавмаблаѓгузории Бонки миллии Тоҷикистон таъмин намояд.
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 24. Eҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба  мақомоти ваколатдор — суғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд.
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз xониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анxом дода мешавад.
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супурда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иxозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Моддаи 25. {исоби саҳмҳои суғурта
{исоби саҳмҳои суғуртаро адозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суѓурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машѓуланд, анҷом медиҳанд.
Суғуртакунанда ўҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суѓуртаро таъмин намояд.
{ангоми риоя накардани мўҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғуртаи ҳуқуқ дорад нисбати суѓуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд.
Моддаи 26. Тартиб ва мeҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар мeҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонкӣ ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фурeши маҳсулот, иxрои кор ва хизматрасонӣ анxом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории xорӣ барои меҳнат оид ба натиxаҳои  наҳоии  кор подошпулӣ муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиxаҳои сол, дар мeҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонкӣ гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анxом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он мeҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо бонкҳо ва дигар  ташкилотҳои  кредитӣ
Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобномаҳои (xорӣ) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз xумла буxетӣ, асъорӣ, қарзӣ, депозитӣ, аккредитивӣ ва дигарҳо бошад —ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор  дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузаш­та ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор  гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, xарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иxро карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонкӣ бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида мeҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз xониби онҳо барои ҳар як рeзи гузаронидани мeҳлат дар ҳаxми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии xории азнавмаблағгузории (рефи­нансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буxети  мақомоти ваколатдор  дар натиxаи иxрои муxозотҳои молиявӣ (пения, xарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ масраф карда мешаванд.
Амалиётҳо оид ба маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз xониби ташкилотҳои бонкӣ ё дигар ташкилотҳои кредитӣ бидуни талаби подоши комиссионӣ барои ин амалиёт анxом дода мешавад.
 
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароxоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароxоти маблағҳои су­ғуртаи иҷтимоӣ бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз xониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ё ташкилоти мустақили аудиторӣ анxом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалиётро анxом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимоӣ аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати xамъиятӣ xиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароxоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз xониби мақомоти намояндагии кормандон анxом дода мешавад.
 
Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта
Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ  ба xавобгарӣ кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амле, ки аз он ба буҷети мақомоти ваколатдор зиёни моддӣ расидааст, суѓуртакунанда ўҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо қарори суд ситонида шавад.
 
Моддаи 30. Мeҳлатҳои дида баромадани муроxиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузорӣ дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Муроxиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз рeи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузорӣ оиди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар мeҳлати 30 рўз баррасӣ карда мешавад. Аз натиxаи он  суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 рeз ба таври хаттӣ хабар медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
     
  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Э. РА{МОНОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№517
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
XУМ{УРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  cоли 1997, №23-24, мол.351)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пас аз интишори расмӣ ва қисми дуюми моддаи 23 — аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дода шавад.
  2. {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар хусуси бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мутобиқ намудани қонунҳо таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
 Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№ 518
 

Илова кунед