Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 Август 1997, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод. 254; № 23-24, мод. 333; соли  2001, № 4, мод. 197, 203; соли 2002 № 4, қ.1, мод. 200; соли 2005, № 7, мод. 403; соли 2006, №11, мод. 470; соли 2008, №10, мод.801; соли 2009, № 3, мод. 94)
 
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 21.11.06,№209) (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
БОБИ 1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Сарҳади давлатӣ) – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
           Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи. 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазоӣ ҳавоии) аз xиҳати ҳуқуқӣ тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархурдор мебошад, арзёбӣ менамояд;
дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рeзи эътибор пайдо карани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз Ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо — собиқ Ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад;
ҳангоми муқаррар намудан ва таuйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмилалӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаxониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зурӣ масъалаҳои сарҳадиро анxом медиҳад;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқарраркунии низомии Сарҳади давлатӣ ва фаъолияти оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 3. Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ
Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуxeӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
Тадбирҳои оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ мутобиқи статуси Сарҳади давлатӣ, ки санадҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориxӣ дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси принсипҳои эътирофнамудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Ҳимояи Сарҳади давлатӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, xамъият ва давлатро дар Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ (минтақаи сарҳадӣ, қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва обанборҳои дигари сарҳадӣ, гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, инчунин қаламрави ноҳия ва шаҳрҳои маъмурии назди Сарҳади давлатӣ, минтақаи сарҳадӣ, соҳилҳои дарё, кeлҳо ва дигар обанборҳо) таъмин менамояд ва аз xониби тамоми мақомоти ҳокимияти иxроияи мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
Муҳофизати Сарҳади давлатӣ, қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буда, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳо аз xониби Қeшунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад — аз xониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Муҳофизати Сарҳади давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба uайриқонунй таuйир додани хати Сарҳади давлатӣ, таъмини риоя гардидани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз xониби ашхоси воқеӣ ва юридикӣ анxом дода мешавад. Тадбирҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳамин Қонун ҳамчун тадбирҳои сарҳадӣ арзёбӣ мегарданд.
Тадбирҳои сарҳадӣ ба системаи тадбирҳои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, xамъият ва давлат мутобиқ мешаванд, дохил мегарданд.
 
Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилилие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
 
БОБИ 2
МУҚАРРАР НАМУДАН ВА ТАUЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ ВА АЛОМАТГУЗОРИИ ОН
 
Моддаи 5. Муқаррар намудан ва таuйир додани Сарҳади давлатӣ
Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Аснод дар бораи таuйир додан ва аниқ кардани хати Сарҳади давлатӣ дар маҳал, ки ба тариқи тафтиши Сарҳади давлатӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал xорӣ карда мешаванд.
Хати Сарҳади давлатӣ, агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин муқаррар карда мешавад:
а) дар хушкӣ — аз рeи нуқтаҳои махсус, хатҳои релеф ё нишонаҳои доимии аниқ дидашаванда;
б) дар дарёҳои киштигард — аз миёнаи маъбари асосӣ ё талвеги дарё, дар дарёҳои uайрикиштигард ва дарёчаҳо — аз миёни онҳо ё аз миёнаи шоҳоби асосии дарё; дар кeлҳо ва дигар обанборҳо — аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоҳи Сарҳади давлатиро бо кeлҳо ё дигар обанборҳо мепайвандад.
Сарҳади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кeл ё дигар обанборҳо мегузарад, чи ҳангоми таuйирёбии суроби соҳилҳои онҳо ё сатҳи об ва чи ҳангоми ба ин ё он тараф майл кардани маxрои дарё ва дарёча таuйир намеёбад;
в) дар обанбори гидроузелҳо ва дигар обанборҳои сунъӣ — мутобиқи хати Сарҳади давлатӣ, ки то зери об мондани он мегузашт;
г) дар кeлҳою сарбандҳо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кeл ва дигар обанборҳо мегузаранд, — аз миёнаи ин иншооот ё мувофиқи мехвари технологии онҳо, сарфи назар аз гузаштани Сарҳади давлатӣ аз об.
 
Моддаи 6. Аломатгузории Сарҳади давлатӣ
Сарҳади давлатӣ дар маҳал бо аломатҳои аниқ дидашавандаи, сарҳадӣ ифода карда мешавад.
Шакл, андозаҳо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳадӣ бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 3
НИЗОМИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 7. Нигаҳдорӣ ва муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ
Низоми Сарҳади давлатӣ мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад ва қоидаҳои зеринро дар бар мегирад:
нигаҳдории Сарҳади давлатӣ;
аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт;
ба воситаи Сарҳади давлатӣ интиқол додани борҳо, молҳо ва ҳайвонот;
аз Сарҳади давлатӣ гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот;
пешбурди фаъолияти хоxагидорӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
якxоя бо давлатҳои хориxӣ ҳаллу фасл кардани ҳодисаҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои мазкур вобастаанд.
Бо назардошти манфиатҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд муқаррар макардани баъзе қоидаҳои низоми Сарҳади давлатӣ мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятхои қоидаҳои муқарраршаванда соддатар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 8. Нигаҳдории Сарҳади давлатӣ
Бо қоидаҳои нигаҳдории Сарҳади давлатӣ тартиби гузоштан, ҳифз ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аломатҳои сарҳадӣ ва муоинаи санxиши онҳо; xиҳозонидан ва нигоҳ доштани пайроҳаҳои сарҳади, якxоя бо давлатҳои ҳамҳудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар маҳал танзим карда мешавад.
Ҳуxxатҳои тафтиши якxоя гузариши Сарҳади давлатӣ, ки таuйирдиҳии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Бо мақсади ба таври зарурӣ нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ аз xониби Қeшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қeшунҳои сарҳадӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи замине, ки бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ ё қад-қади соҳилҳои қисми Тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади мегузарад, мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемeҳлат (доимӣ) дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 9. Аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт
Аз Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳҳои оҳан  ва мошингарди байналмилалӣ ё ба воситаи дигар xойҳое, ки бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо ҳамин аснод вақти убур аз Сарҳади давлатӣ муайян шуда метавонад, тартиби ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ  то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс муқаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва ба воситаҳои нақлиёт шинондан ё бор кардани онҳо мумкин нест.
Нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ маънии қаламраверо дар ҳудуди вокзал, истгоҳҳои роҳи оҳан, автомобил, ҳамчунин бандари дарёӣ, майдони ҳавоӣ, аэродромӣ барои алоқаҳои байналмилалӣ (парвозҳои байналмилалӣ) кушода, ҳамчунин xои дигари махсус xиҳозонидашуда, ки дар он xой назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, дар мавриди зарурат дигар навъҳои назорат бурда ва аз Сарҳади давлатӣ ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот гузаронда мешавад, доранд.
Ба Қeшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо мувофиқаи ҳокимияти давлатҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари аз Сарҳади давлатӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбии ин Қeшунҳо ва дигар ашхосро ҳангоми иxрои вазифаи онҳо оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ истифода баранд.
Киштиҳои дарёии uайринизомӣ ва низомӣ Сарҳади давлатиро аз дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд.
Киштиронӣ дар дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо убури Сарҳади давлатӣ бе дохил шудан ба бандарҳои (рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд танзим мегардад.
Ба киштиҳои uайринизомӣ ҳангоми ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва пас гаштан ба Сарҳади давлатӣ ба киштиҳои низомии хориxӣ ҳангоми шинои осоишта дар қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва обанборҳои сарҳадӣ бе ворид шудан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба uайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ кард мешаванд: (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
а) даромадан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ ва даромадани киштиҳои хориxӣ кушода нашудаанд;
б) баромадан аз бандарҳое (аз рейдҳое), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;
в) даромадан ба минтақаҳое, ки шино дар онҳо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти ҳама хабар дода шудааст;
г) таваққуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холӣ (бор) кардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар xойҳое, ки барои чунин корҳо муқаррар нашудаанд ё дар xойҳое, ки муқаррар шудаанд, аммо барои анxоми чунин корҳо иxозати дахлдор мавҷуд набошад, ба об сар додани воситаҳои шинокунанда, ба ҳаво сар додани таxҳизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онҳо, шикор кардан, анxом додани фаъолияти таҳқиқотӣ ва дигар фаъолият;
д) дигар амалҳое, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Киштиҳои хориxии uайринизомӣ ва низомӣ ҳангоми шино кардан ва қарор доштан дар қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои алоқаи радиоӣ, киштиронӣ, бандарӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ ва дигар қоидаҳоеро, ки қонунгузорӣ ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намоянд.
Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатиро аз хати махсус ҷудокардашудаи парвоз бо риояи қоидаҳое, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигатсионие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарҳади давлатӣ берун аз хатҳои ҳавоии ҷудокардашуда, uайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми ёздаҳуми ҳамин модда зикр шудаанд, танҳо бо иxозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Барои ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз аз Сарҳади давлатӣ нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс, ҳамчунин ҳангоми парвози транзитӣ ба воситаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба uайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд;
а) нишастан дар майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;
б) парвоз аз майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалии кушода нашудаанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми иxрои парвозҳои махсуси байналмилалӣ парвози ҳавопаймоҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баъди парвоз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавоӣ ва аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ кушодабуда нишастани онҳо танҳо бо иxозати Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
в) парвоз карда даромадан ба минтақаҳои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онҳо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;
г) дигар амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо хоҳиши давлатҳои хориxӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  убури  Сарҳади давлатӣ аз қитъаҳои ҷудогонаи он муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад ва дар ин бобат ҳокимияти давлатҳои манфиатдор огоҳонида мешаванд.
Ҳангоми рeй додани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиxаи садамаҳои бузург, фалокат ё офатҳои табиӣ ба миён омадаанд, ҷузъу томҳои (нерeҳои) рафъи садамаю наxотдиҳӣ, рафъи садамаю барқароркунӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз Сарҳади давлатӣ убур мекунанд.
Ноилоx аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт ва воситаи хушкӣ, даромадани киштиҳои дарёии хориxии чи uайринизомӣ ва чи низомӣ ба қисми Тоҷикистонии оби дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳо, маxбуран ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз карда даромадани ҳавопаймоҳо, ки дар натиxаи ҳолатҳои фавқулодда: фалокат, садама, офати табиӣ, ки ба бехатарии киштиҳо таҳдид менамояд, кашидани киштиҳои вайроншуда, расонидани одамони наxотдода шуда, расонидани ёрии таъxилии тиббӣ ба аъзои экипаж ва мусофирон, ҳамчунин бо дигар сабабҳои ноилоx рeй додаанд, вайрон кардани қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ намебошанд.
Капитани киштӣ, командири киштии ҳарбии дарёӣ, командири ҳавопаймо дар ҳолати убури ноилоxи Сарҳади давлатӣ ё ноилоx вайрон намудани тартиби қарор доштан дар обҳо ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Қонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тоҷикистон, майдони ҳавоӣ, аэродром бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мувофиқи дастурҳои онҳо ё дастурҳои капитани киштии дарёӣ ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ёрӣ ё муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рeйдода омадааст, амал намояд.
 
Моддаи 10. Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот
Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар xойҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
 
Моддаи 11. Гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ
Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ ба воситаи нуқтаҳои муқарраршудаи гузариш аз Сарҳади давлатӣ сурат мегирад ва аз эътирофи қонунӣ будани убури Сарҳади давлатӣ аз xониби ашхос ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иxозати убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиётие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориx мешаванд, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани борҳо, молҳо ва ҳайвонот иборат аст.
Мавҷуд будани асноди ҳақиқие, ки ҳуқуқи ворид шудани ашхосро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориx шудани онҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, аснод барои воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот xиҳати ба воситаи Сарҳади давлатӣ иxозат додани убури ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот асос мебошанд.
Шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода нашудааст, инчунин шахсоне, ки нисбати онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани хориxшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардидааст, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида намешаванд. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
Тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мумкин аст тартиби соддатари убури Сарҳади давлатӣ аз xониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатӣ ҳамҳудуд дар мавриди муайян намудани санадҳое, ки ба хориx шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муқаррар карда шавад. Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,  қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти вазоратҳо ва идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иxозати гузаронидани борҳо, асъор, арзишҳо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда ҳаракткунанда тааллуқ доранд, берун аз xойҳое, ки мақомоти гумрук қарор додан, аз xониби намояндагони Қeшунҳои сарҳадӣ анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Иxозат додан ба ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва  ҳайвонот барои убури Сарҳади давлатӣ аз назорати сарҳадӣ (тафтиши санадҳое, ки ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориxшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муоинаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ) ва дар мавриди зарурат ҳамчунин назорати гумрукӣ, санитарӣ, карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, иборат аст. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Моҳият, воситаҳо ва усулҳои назорат, тартиби истифодаи онҳо дар асоси ҳамин Қонун бо асноди меъёрии мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти гумрук ва дар мавриди таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот — ҳамчунин бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Убури Сарҳади давлатӣ ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ пeшида параози махсуи байналмилалиро анxом медиҳанд, ҳамчунин ҳавоипаймоҳои хориxӣ ва Тоҷикистон, ки дар xойҳои муқаррарнашуда ноилоx, фуруд меоянд, аз xониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти амният якxоя бо маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ё фармондеҳии қисмҳои авиатсионии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Қeшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.
 
Моддаи 12. Ситонидани боx барои барасмиятдарории сарҳадӣ (хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 21.11.06 № 209)
 
Моддаи 13. Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳадӣ давлатӣ
Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қeшунҳои сарҳадӣ мувофиқа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатҳои давлатҳои ҳамҳудуд ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлатӣ баъди сохтмон, таxҳизонидан ва аз тарафи вазорат ва идораи манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода қабул шудани биноҳо, утоқҳо ва иншоотҳо аз рeи лоиҳаҳое, ки бо Қeшунҳои сарҳадӣ, ҳамчуним мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дар назорати гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ширкаткунанда мувофиқа кунонида шудаанд, анxом дода мешавад. Ҳангоми таҳияи ин лоиҳаҳо бояд биною иншоотҳое, ки барои ташкили назорати сарҳадӣ ва назорати дигар заруранд, пешбинӣ карда шаванд. Сохтмон ва таxҳизонидани иншооти мазкур аз ҳисоби маблаuҳои буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблаuҳои вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ ва дигар навъи назорат, мақомоти корҳои дохилӣ, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар анxом додани назорати риояи низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон иморатҳои хизматӣ, иншоот, таxҳизоти заруриро диҳанд. (ҚҶТ аз 12.05.2001,№22) (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 14. Анxом додани фаъолияти хоxагӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ
Фаъолияти хоxагӣ, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарҳади давлатӣ ва ба тариқи дигар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориxӣ дахолаткунанда, ки ашхоси юридикӣ ва воқеии Тоҷикистон ва хориxӣ, аз Ҷумла якxоя, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳанд, набояд:
ба саломатии аҳолӣ, бехатарии экологӣ ва uайраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориxии ба он ҳамҳудуд зиён расонад ё дорои таҳдиди расонидани чунин зиён бошад;
ба нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ халал расонад.
Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарордоди дигар бо давлатҳои хориxӣ, бо риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ ва огоҳонидани Қeшунҳои сарҳадӣ аз xой, вақти убури Сарҳади давлатӣ ва иxрои корҳо, шумораи иштироккунандагон, киштиҳои шикорӣ ва киштиҳои дигар воситаҳои нақлиёт ва uайра, механизмҳои истифодашаванда анxом дода мешавад.
 
Моддаи 141. Муваққатан қатъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатӣ дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунанда
 
   Дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои муайян мумкин аст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ карда шавад, ё ин ки барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кўчатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд ё интиқол дода мешаванд, карантин муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 15. Ҳаллу фасли моxароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ
Тартиби ҳаллу фасли моxароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, ба салоҳияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корхои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёии низоми ва uайринизомӣ, дигар воситаҳои нақлиётие, ки ҳангоми убури Сарҳади давлатӣ бо қоидаҳои ҳамин Қонун муқарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ дониста мешаванд.
Шаҳрвандони хориxӣ ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ё муваққатан истиқоматдоштаро надоранд ва аз қаламрави давлати хориxӣ Сарҳади давлатиро убур кардаанд, ҳангоми дар амалҳои онҳо мавҷуд будани аломатҳои xиноят ё қонуншикании маъмурӣ ба xавобгарии пешбининамудаи қонунгузории xории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда оuоз кардани парвандаи xиноятӣ ё истеҳсолот оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ асос набошад ва онҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифдани панноҳгоҳи сиёсӣ надошта бошанд, Қeшунҳои сарҳадӣ онҳоро ба таври расмӣ ба мақомоти давлате, ки аз қаламрави он Сарҳади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарҳад ба мақомоти давлати хориxӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ нашуда бошад, Қeшунҳои сарҳадӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xойҳои муайяннамудаи Қeшунҳои сарҳадӣ берун мекунанд. Дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ берун карда шудани шаҳрвандони хориxӣ ва ашхоси бетабаият мақомоти давлате, ки ба (воситаи) қаламрави он онҳо берун карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад, огоҳонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, ки ба xавобгарии маъмурӣ кашида шудаанду нисбати онҳо қарори берун кардан қабул шудааст, низ бо ҳамин тартиб аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи дар хориxа буданашон ҳуxxатҳои ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдиҳандаи худро гум кардаанду ба гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ расидаанд, дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ то вақте ки мақомоти салоҳиятдор шахсияти онҳоро муқаррар менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарeз. Тартиб ва шароити дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ будани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 16. Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ҳалли масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, танзими моxароҳои сарҳадӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои муайяни Сарҳади давлатӣ намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссарҳои сарҳадӣ, ашхоси ваколатдор ва муовинони онҳо)-ро таъмин мекунад.
Намояндагони сарҳадӣ  фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Қонун, дигар қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналмилалии Чумкурии Тоҷикистон, Низомномаи намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
          Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ, Сарҳади давлатиро убур намоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Моxароҳои сарҳадии вобаста бо амали ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва киштиҳои ҳарбии дарёии Тоҷикистон ё давлати хориxӣ, дигар объектҳои ҳарбӣ ё хизматчиёни ҳарбӣ (ба истиснои объектҳо ё хизматчиёи ҳарбии Қeшунҳои сарҳадӣ, дар сурати дахл надоштан ба манфиатҳо пешгири намудани фаъолияти хатарноки ҳарбӣ) аз xониби намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — бо ширкати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Масъалаҳо ва моxароҳое, ки аз xониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.
 
БОБИ 4
Низоми сарҳадӣ
 
Моддаи 17. Минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад
Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ дар Сарҳади давлатӣ барои ҳифзи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад муқаррар карда мешаванд.
Минтақаи сарҳадӣ, чун қоида, дар ҳудуди қаламрави шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳае, ки аз хати Сарҳади давлатӣ дар масофаи то 25 километр қарор дорад, муқаррар карда мешавад. Ба таркиби минтақаи сарҳадӣ, дар xое, ки он муқаррар карда мешавад, ҳамчунин обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми Тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳо ва xазираҳои дар он обҳо xойгиршуда дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Хатти сарҳадӣ қисми таркибии минтақаи сарҳадӣ мебошад ва бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои хушкии он ё қад-қади соҳилҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар хати арзаш то ду километр муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 18. Моҳияти низоми сарҳадӣ ва муқаррар намудани он
Низоми сарҳадӣ аз қоидаҳои зерин иборат аст:
дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққатӣ, ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳадӣ;
 бурдани фаъолияти хоxагидорӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии xамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳадӣ;
         — баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои хурдандоза; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
шикор кардан, машuул шудан бо фаъолияти таҳқиқотӣ, ҷустуxeӣ ва фаъолияти дигар дар қисми Тоҷикистонии оби дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ.
Муқаррар намудани дигар қоидаҳои низоми сарҳадӣ мумкин мест. Ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад аломатҳои сарҳадӣ гузошта мешаванд.
Бо назардошти хусусияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамҳудуд дар қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ муқаррар накардани хати сарҳад мумкин аст.
Муайянкунии ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад гузоштани аломатҳои огоҳкунанда бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иxроияи маҳаллӣ аз xониби Қeшунҳои сарҳадӣ анxом дода мешавад.
Моҳияти мушаххас, ҳудуди фазоӣ ва замонии амали бо ҳамин Қонун пешбинишудаи қоидаҳои низоми сарҳадӣ, доираи ашхосе, ки ба онҳо ин ё он қоидаи зикршуда нисбат надорад, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад
Ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бе рухсати Вазорати корҳои хориҷӣ ва  мақомоти корҳои дохилӣ манъ мебошад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд. (ҚҶТ аз 25.07.05,№101)
Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба хати сарҳад мувофиқи ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. Xойҳои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомнокӣ ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар хати сарҳад аз xониби Қeшунҳои сарҳадӣ муқаррар карда мешаванд.
Барои ба хати сарҳад дохил шудан, будубоши муваққатӣ, истиқомат ва иxрои корҳо дар хати сарҳад Қeшунҳои сарҳадӣ иxозат медиҳанд. Дар мавриди зарурат, онҳо метавонанд барои ба хати сарҳад дохил шудан ва иxрои корҳо маҳдудиятҳои муваққатии иловагӣ xорӣ намоянд.
 
Моддаи 20. Фаъолияти хоxагӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии xамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад
Фаъолияти хоxагӣ, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, xангал, қаъри замин, обҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавии чамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд. Корҳо ва чорабиниҳои мушаххас бо иxозати Қeшунҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд.
Иxозат барои гузаронидани корҳо ва чорабаниҳо, uайр аз масъалаҳои пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун, муайян намудани xой, вақти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онҳоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳои мунтазам xойҳои доимӣ муқаррар кардан мумкин  аст.
 
Моддаи 21. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарҳади давлатӣ
Бо мақсади роҳ надодан ба гузаштани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи Сарҳади давлатӣ, нигоҳ доштан ва чарондани чорворо дар хати маҳал (хати карантин) қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушӣ манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
Хати карантин, арзи он, тартиби ихотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар хати сарҳад ҳамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун сурат мегирад.
 
Моддаи 22. Баҳисогирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи  Тоҷикистон
Киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи худгард ва uайрихудгарди Тоҷикистон, ки дар қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ истифода мешаванд, бояд ба таври хатмӣ дар бандар, дарёбанд, истгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои xойгиршавии онҳо ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта шаванд. Аз ҷониби Қўшунҳои сарҳадӣ тартиби баромадани ин киштиҳо аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва  баргаштани онҳо муқаррар гардида, вақти баромадан, дар об қарор доштан, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 23. Шикоркунӣ,  анxом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуxeӣ ва фаъолияти дигар дар қисми Тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ
Шикоркунӣ, анxом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуxeӣ ва фаъолияти дигар дар қисми Тоҷикистонии  дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд ва бо тартиби тибқи талаботи модаҳои 9, 20, 22 ҳамин Қонун муқарраргардида, анxом дода мешавад.
Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо иxозати Қeшунҳои сарҳадӣ анxом дода мешавад.
 
БОБИ 5
 НИЗОМ  ДАР  ГУЗАРГОҲИ  САРҲАДИ  ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва муқаррар намудани он
Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз қоидаҳои дохил шудан ба ин гузаргоҳҳо, будубош ва баромадан аз онҳо барои ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардан ба гузаргоҳҳо, қарор доштан ва баровардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз онҳо иборат аст, ки танҳо ба манфиати фароҳамсозии шароити зарурӣ xиҳати пешбурди назорати сарҳади, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат муқаррар карда мешавад.
Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз xониби вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо Қeшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук  мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори майдони ҳавоӣ, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобил, роҳбари дигар корхонаи нақлиётӣ бо назардошти шароити маҳаллӣ амре (дастурамале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Қeшунҳои сарҳадӣ, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти назорати мувофиқа кунонида шуда, низоми ин гузаргоҳи Сарҳади давлатиро муқаррар менамояд.
Низом дар он гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, ки берун аз объектҳои нақлиётии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда xиҳозонида шуданд, аз xониби Қeшунҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи қисми дуюми ҳамин модда бо мувофиқаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоте, ки аз ин гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ убур кардани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонотро мазорат мекунанд, муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 25. Тартиби дохил (хориx) шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ
Дохил шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва хориx шудан аз онҳо, ҳамчунин даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар xойҳои махсус ба ин мақсад ҷудокардашуда мувофиқи рухсатномаҳое, ки аз тарафи маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автомобилҳо ва дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қeшунҳои сарҳадӣ дода мешаванд, амалӣ мегардад.
Моддаи 26. Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ қарор доштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт
Xойҳо ва мeҳлати дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таваққуф кардани воситаҳои нақлиётие, ки ба хориxа мераванд, аз xониби маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо, дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қeшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук муайян карда мешаванд.
Ба воситаҳои нақлиёт наздик шудани ашхос ва роҳ додани ашхос ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хориxа мераванд, дар вақти тафтиши сарҳадӣ, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат маҳдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаҳои нақлиёт шинондани мусофирон ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ва фаровардани онҳо ҳангоми расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бор кардани (фаровардани) баuоx, почта ва борҳо бо иxозати Қeшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 12.05.2001,№22)
Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонаҳои нақлиётӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки мувофиқи талаби намояндагони Қeшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати кормандони мақомоти гумрук дар сурати зарурат xиҳати муоина вагонҳо, автомобилхо, трюмҳо ва дигар xойҳои воситаҳои нақлиётро, ки сурuуч (мeҳр) карда шудаанд ва борҳои дар онҳо кашонидашавандаро кушоянд.
Воситаҳои нақлиётӣ ба хориxа раванда барои берун рафтан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудан ба қаламриви Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таuйири чои таваққуф танҳо бо иxозати Қeшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук ба ҳаракат оuоз мекунанд.
Дар гузаргоҳҳои Сарҳадӣ давлатӣ қарор доштани шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуxxатҳои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи қисми панҶуми моддаи 15 ҳамин Қонун танзим мегардад.
 
Моддаи 27. Ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориxии uайринизомӣ ва низомӣ
Киштиҳои дарёии хориxии uайринизомӣ ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои воридшавии чунин киштиҳо кушодаанд, даромада метавонанд. Қоидаҳои даромадан ва қарор доштан дар ин бандарҳо, дарёбандхо иxрои амалиёти боркашонӣ ва муософиркаш, алоқаи киштиҳо бо соҳил, ба соҳил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба киштӣ даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар қоидаҳои вобаста ба даромадани киштиҳои хориxӣ ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштан дар онҳоро ҳамин Қонун, асноди дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Киштиҳои дарёии хориxии uайринизомие, ки ба тарафи бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба мақомоти бандар ё дарёбанди таъинот вақти омадани худро хабар медиҳанд.
Киштиҳои дарёии хориxии uайринизомие, ки тартиби иxозат ё огоҳкуниро барои воридшавии киштиҳои Тоҷикистон ба бандарҳои худ муайян кардаанд, ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани иxозати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мувофиқи принсипи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.
Киштиҳои дарёии хориxии низомӣ, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мувофиқи иxозати пешакии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориxии низомиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 28. Қоидаҳои иловагии низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ
Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ минтақаҳо ва биноҳое, ки дар он бевосита назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва назорати дигар анxом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин xойҳо маҳдудиятҳои иловагии низом, ки дар доираи қоидаҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, xорӣ мегарданд.
 
БОБИ 6
ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ ДАР СОХАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
қонунҳоро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат қабул менамояд;
аҳдномаҳои байналмилалиро оид ба тақсимоти ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумла аҳдномаҳоро оид ба гузаришш хати Сарҳади давлатӣ ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соқит менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фаъолияти мувофиқашудаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
музокирот доир менамояд ва аҳдномаҳои байналмилалиро доир ба масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба имзо мерасонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
тадбирҳои оид ба таъмини ҳимояи Сарҳади давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;
иxрои ҳамин Қонунро аз xониби вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Мақомоти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар таъмини ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамояд.
 
Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кўлҳо ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
-Қўшунҳои сарҳадӣ ва фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
-самтҳои афзалиятноки фаъолияти Қўшунҳои сарҳадиро муайян менмояд, консепсияи муҳофизати Сарҳади давлатӣ ва барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳо, инчунин механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;
-фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;
-якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қўшунҳои сарҳадӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
-дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахл доранд, иштирок менамояд;
-дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;
-дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ иттилоот ба даст оварда, пас аз таҳлил онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ба вазорату идораҳои дахлдор маълумот ирсол медорад;
-фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷўиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;
-ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд;
-дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бар зидди қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;
-ҳамкориро бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад; 
-дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ, ки хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ доранд ва дар Сарҳади давлатӣ ё ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.
Ваколатҳои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти соҳавии ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, мустаҳкамии сарҳадҳо, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
-доир ба бастани санадҳои ҳуқуқуқии байналмилалӣ оид ба муқаррар намудан ва мустаҳкамкунии Сарҳади давлатӣ, муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии иҷрои ин санадҳоро анҷом медиҳад;
-дар доираи салоҳияти худ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амалигардонии сиёсати сарҳадӣ ба амал мебарорад;
-дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;
-дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ иштирок мекунад, дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рўйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл нашудаанд, ҳал менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
  1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳимояи Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ таъмин мекунад ва масъули иxрои ин вазифа мебошад;
ҳимояи Мусаллаҳонаи Сарҳади давлатӣ ва ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
дар доираи салоҳияти худ моxароҳои вобаста ба вайронкунии низомии Сарҳади давлатиро ҳаллу фасл мекунад;
ба Қeшунҳои сарҳадӣ дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкавӣ ва дигар таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравӣ кeмак мерасонад.
  1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Қeшунҳои сарҳадӣ дар гузаронидани чорабиниҳои доир ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ, муборизаи зидди фаъолияти пинхонкорӣ ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои қонуншикании шаҳрвандоне, ки бо тартиби маъмурӣ ё xиноятӣ-мурофиавӣ дастгир шудаанд, кeмак мерасонад;
Қeшунҳои сарҳадиро аз ҳолати тартиботи ҳуқуқи дар ноҳияҳои наздисарҳадии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои uайриқонунии ошкоршуда, ашхос ва гурeҳҳои xинояткоре, ки нисбати Сарҳади давлатӣ ва Қeшунҳои сарҳадӣ Қeшунҳои uайриқонунӣ доранд, хабардор месозад;
иштироки Қeшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун таъмин менамояд;
бо пешниоди Қeшунҳои сарҳадӣ ба минтақахои алоҳидаи маҳал ё объектҳои назди Сарҳади давлатӣ роҳ додани шаҳрвандонро ҳангоми ҷустуxeӣ вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, рафъи ҳуҶуми Мусаллаҳона ё ба таври оммавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шаҳрвандони давлати ҳамҳудуд муваққатан маҳдуд ё манъ менамояд;
ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи xамъиятиро таъмин менамояд;
ҳангоми дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ рeй додани ҳолати фавқулодда, xорӣ намудани низоми вазъи фавқулодда тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд;
дар тарбияи ҳуқуқии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар Сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои он якxоя бо Қeшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд.
  1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— дар ҳамкорӣ бо Қeшунҳои сарҳадӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуxeро бо мақсади ошкору пешгирӣ кардан ва кушодани xиноятҳои бо кочоқи маводи нашъаовар вобаста бударо дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар қаламрави давлатҳои ҳамсарҳад ба амал мебарорад;
— дар доираи ваколатҳои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъаовар чора мебинад. (ҚҶТ аз 12.05.2001,№22)
  1. Мақомоти дигари ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Сарҳади давлатӣ назорати гумрукӣ, санитарию карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назоратро амалӣ менамоянд;
дар бобати ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва дигар манфиатҳои шахсият, xамъият ва давлат дар Сарҳади давлатӣ чорабиниҳо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;
дар доираи салоҳияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иxрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси юридикӣ ва воқеӣ хатмист;
аз xониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва шаҳрвандон риоя шудани талаботи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рeи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;
дар мавридҳои зарурӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мақомоти назорати (нуқтаҳо) таъсис медиҳанд ва кори онҳоро ташкил менамоянд, мутобиқи талаботи қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун воситаҳо ва усулҳои назоратро муқаррар мекунанд;
бо ҳамдигар ҳамкории мутақобила мекунанд ва ба Қeшунҳоои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ кeмак мерасонанд;
бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориxӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.
 
Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои назди сарҳадӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ: (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
барои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба Қeшунҳо ва мақомоти қонун ваколатдор карда шароит муҳайё мекунанд, бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи талаботи ҳамин Қонун асноди меъёрӣ қабул менамоянд;
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёxоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ қитъаҳои замин ҷудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин қитъаҳо риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист назорат мекунанд;
Қeшунҳои сарҳадиро оид ба масъалаҳои марбут ба вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор месозанд;
барои ширкати ихтиёрии шаҳрвандон дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ шароит муҳайё мекунанд;
дар қаламравхои худ аз тарафи тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя шудани иxрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Сарҳади давлатӣ назорат мекунанд.
 
БОБИ 7
ҲОЛАТҲОИ ҚEШУНҲОИ САРҲАДӣ, ҚEШУНҲОИ МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ  МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН, ДИГАР ҚEШУНҲО ВА СОХТОРҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 33. Ваколатҳои Қeшунҳои сарҳадӣ
Қeшунҳои сарҳадӣ Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳо, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ муҳофизат мекунанд, ҳамчунин гузариш аз Сарҳади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин мақсадхо онҳо вазифадоранд:
тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври uайриқонунӣ таuйир додани убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;
ҳуҶуми Мусаллаҳонаро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моxароҳои Мусаллаҳона ва дигар моxароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои xинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд;
вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд; аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи uайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ диҳанд;
иxрои eҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмин намоянд;
риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хислати иxозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;
фаъолияти қeшунӣ, разведкавӣ, оперативию қeшунӣ, низомӣ гузарондан ва ҳарбию техникиро анxом диҳанд;
пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анxом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ кунанд ва қарорҳои аз рeи онҳо қабулшударо иxро намоянд;
аз рeи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқ баранд;
пешгирии қонуншиканиҳоеро, ки мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қeшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад, ба роҳ монанд;
дар фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд;
дар мавриди зарурат ҷустуxe ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;
назорати муҳоxиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд(ҚҶТ аз 03.05,02,№15)
Қeшунҳои сарҳадӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқҳои зерин доранд: (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
1) дар заминҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемeҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анxом диҳанд, техника ва силоҳро xойгир ва истифода кунанд;
2) ҳангоми иxрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар минтақаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он xой озодона рафту омад кунаанд; аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар хати сарҳад ҷудо намудани xойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таxҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панxараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеаҳо талаб намоянд; киштиҳои дарёии uайринизомӣ ва дигар воситаҳои нақлиётро мушоиат ва дар онҳо нарядҳои сарҳадиро xой кунанд; бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуxxатҳои зарурии ашхос, ҳуxxатҳои воситаҳои нақлиётро тафтиш намоянд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо тафтиш (муоина) кунанд;
3) тавассути нарядҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки нисбати онҳо асос барои гумони вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба қароргоҳи ҷузъу том, қисмҳои Қeшунҳои сарҳадӣ ё xойҳои дигар барои муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд; тавассути қаиқҳои сарҳадӣ нигоҳ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштиҳои uайринизомиеро, ки низомҳои мазкурро вайрон карданд ва бурдани онҳоро ба бандар, дарёбанд ё истгоҳи наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон xиҳати муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ анxом диҳанд. Ҳангоми муоина кардан ва бурдани киштӣ радиостансияи он набояд кор кунад. Дар хусуси ҳар як ҳолати муоина ва дастгир намудани киштӣ протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштиронӣ ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;
4) ашхосеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, xиҳати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмурӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян кардни ҳолатҳои қонуншиканӣ —  то се шабонарeз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лаҳзаи дастгир кардан ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд ё бо иxозати прокурор ба мeҳлати то даҳ шабонарeз, агар сардҳадшиканон ҳуxxати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, ҳамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи ҳамроҳи онҳо буда, ашёе, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва ҳуxxати онҳоро анxом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ датгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи ҳамроҳи у буда протокол тартиб дода мешавад;
5) бо иxозати прокурор шаҳрвандони хориxӣ ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарҳади давлатӣ uайриқонунӣ убур кардаанд ва дар мавриди онҳо мувофиқи асосҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 15 ҳамин Қонун, қарор дар бораи ба мақомоти давлатӣ ҳамҳудуд супоридани онҳо ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани онҳо қабул шудааст ва ё қарор дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маъмурӣ берун кардани онҳо қабул шудааст, то вақти барои иxрои қарор ва ҳалнома зарур боздоранд;
6) ашхосеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсус барои ин мақсадҳо xиҳозонидашудаи Қeшунҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки бо тартиби xиноятӣ-мурофивӣ дар содир намудани xинояти гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онҳо ба сифати чораи эҳтиётӣ дар ҳабс нигоҳ доштан истифода шудааст — дар ҳабсхонаҳои  нигоҳдории муваққатӣ ё дар биноҳои Қeшунҳои сарҳадӣ, ки махсус бо мақсади нигоҳ доштани ашхоси ба таври маъмурӣ дастгиршуда xиҳозонида шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ чунин ашхосро дар ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққатӣ ва дигар биноҳои махсус xиҳозонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ доранд;
7) ашхосро ба ҷузъу томҳои Қeшунҳои сарҳадӣ даъват намоянд ва аз онҳо дар бораи ҳолатҳои барояшон маълумбудаи убури uайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё дигар вайронкунии низоми Сарҳадӣ давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ баёнот гиранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ гирифтани баёнот доир ба ҳолатҳои чунин сарҳадшиканиҳо метавонад дар xойҳои дигар анxом дода шавад. Дар сурати ба даъват ҳозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маxбурӣ овардан мумкин аст;
           8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои беэътиборро мусодира намоянд; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии uайриқонунӣ интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави назди сарҳадӣ ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук онҳоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари   назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон супоранд; (ҚҶТ аз 12.05.2001,№22)
10) ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт, аз Ҷумла киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи дарёиро муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд, онҳоро вазифадор созанд, ки дар ҳамон xо қарор дошта бошанд ё ин нуқтаҳоро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми гузаронидани ҷустуxeю амалиёти сарҳадӣ, амалҳои дигари кофтуковӣ ҳамчунин ҳаракатҳо аз рeи парвандаҳои xиноятӣ ва парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, тарк намоянд;
11) ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ бо огоҳонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои манфиатдор гузаронидани корҳои гуногунро, ба истиснои корҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ ва корҳои вобаста бо рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ё бемориҳои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваққатан маҳдуд намоянд;
12) дар ҳар вақти шабонарeз ба манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва ба биноҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба uайр аз онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд, дар оянд ва онҳоро ҳангоми таъқиби ашхосе, ки нисбати онҳо асоси кофӣ барои гумони вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиқоматӣ бе ризоияти ашхоси дар онҳо муким сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;
13) бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаро бемамониат истифода баранд ва ҳангоми зада гардонидани ҳуҶум ба қаламрви Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеъ шудан ба убури uайриқонунии оммавии Сарҳади давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷустуxeӣ, интиқоли ашхосе, ки ба қонуншиканӣ гумонбар шудаанд — воситаҳои нақлиётиеро, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои xамъиятӣ тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарури воситаҳои нақлиётии ба шаҳрвандон тааллуқдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соҳибони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун хароxот ё зиёни расонидашударо ҷуброн кунанд. Воситаҳои алоқа ва нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагии давлатҳои хориxӣ, созмонҳои байналмилалӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус аз ин қоида истсино мебошанд;
14) аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иxрои вазифаҳои ба души Қeшунҳои сарҳадӣ гузоштаи қонун зарур аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун тартиби дигари ба даст  овардани маълумотро муқаррар намудааст;
15) барои иxрои назорати нигоҳдории низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ бақайдгирии ашхос, баҳисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин мақсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо қонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;
16) ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ пешниҳод доир ба бартараф намудани сабабҳои ва шароити ба содир намудани қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, ки таҳқиқӣ ё пешбарии парвандаҳо аз рeи онҳо ба салоҳияти Қeшунҳои сарҳадӣ дохиланд, пешкаш намоянд;
17) шаҳрвандонро ба таври ихтиёрӣ дар ҳайати иттиҳодияҳои xамъиятӣ ба сифати кормандони uайриштатии Қeшунҳои сарҳадӣ ва дар шаклҳои дигар ба ҳалли вазифаҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳудуди қаламрави назди сарҳадӣ xалб намояд, инчунин шаҳрвандонеро, ки дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузштаанд ҳавасманд созанд;
18) силоҳ, техникаи xангӣ, воситаҳои махсус, қувваи xисмонӣ ва сагҳои хизматиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода баранд;
19) дар қисми Тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба киштиҳои дарёии uайринизомӣ, ба uайр аз ин:
агар байрақи киштӣ барароварда нашуда бошад, пешниҳод намоянд, ки масъулони он байрақро нишон диҳанд;
бозпурсии капитан (соҳиб, команда)-и киштиро доир ба мақсадҳои ворид шудани киштӣ ба ин обҳо анxом диҳанд;
агар киштӣ байрақи худро набардорад, ба ишораҳои пурсиш xавоб надиҳад, ба талаб доир ба таuйири самти ҳаракат итоат накунад ё принсипҳои ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиxаи тафтиши киштӣ ба он метавонад иxозат дода шавад, ки шинонкуниро (қарор доштан) дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муқарраргардида давом диҳад ё пешниҳод карда шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиқи талаботи ҳамин Қонун боздошта шавад;
ашхосеро, ки xиноят содир кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида шаванд, аз киштӣ фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоранд;
киштиеро, ки дар обҳои қисми Тоҷикистонии дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои наздисарҳадӣ қоидаҳои шинокунӣ (қарор доштан) вайрон кардааст, пеш аз ба қаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин киштӣ, пас аз додани ишораи басарӣ ё бонги ововӣ истодан аз масофае, ки киштӣ ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъқиб кунад ва боздоранд;
          Ҳангоми гузаронидани ҷустуҷў ва амалиёти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қўшунҳои сарҳадӣ метавонанд аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, истифода баранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
Дар вақти иxрои вазифаҳои хизматӣ ба киштиро ва ҳавопаймоҳои (чархболҳои) Қeшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқи ба таври ройгон:
истифода бурдани фазои обӣ ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандарҳо, дарёбандҳо, майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо (майдончаҳои нишсат) дар қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онҳо;
гирифтани маълумоти киштиронӣ, метеорологӣ, гидрографӣ ва дигар маълумот;
таъмин намудани парвоз ва киштиронӣ, дода мешавад.
Ҳуқуқҳои дигарро ба Қeшунҳои сарҳадӣ танҳо қонун дода метавонад.
Аз тарафи Қeшунҳои сарҳадӣ истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда барои иxрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор накардааст, мумкин нест.
Қeшунҳои сарҳадӣ ба иxрои дигар вазифаҳо, ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо, xалб карда намешаванд.
 
Моддаи 34. Ваколатҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо мақсади ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ: (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатиро аз ҷониби киштиҳои ҳавоӣ назорат мекунан;
пеши роҳи парвози ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ uайриқонунӣ убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд, мегиранд ва барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондани онҳо чораҳо меандешанд;
ба ҳавопаймоҳое, ки Сарҳади давлатиро дар натиxаи ҳолатҳои форс-мажорӣ ё амалҳои беuаразонаи экипажи онҳо uайриқонунӣ гузаштаанд, кeмак расонида, самти ҳаракати онҳоро барқарор ва онҳоро барои фаромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун рафтан аз ҳудуди фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунанд.
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки:
ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури uайриқонунӣ ё uайриқонунии Сарҳади давлатӣ воситаҳои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани ҳавопаймоҳо истифода баранд;
дар ҳолатҳои зарурӣ барои муайян кардани вазъият дар фазои ҳавоӣ ва андешидани тадбирҳо оид бапешгирӣ ё қатъи убури uайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз фазои ҳавоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳо ва воситаҳои дигари навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;
ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури uайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё убури uайриқонунии он дар минтақаҳои алоҳидаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро пурра манъ кунанд ё маҳдуд созанд;
аъзои экипажи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ uайриқонуни убур кардаанд, баъди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадани онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё xойҳои дигар xиҳати муайян кардани ҳолатҳои убури uайриқонунӣ ва ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоридани онҳо, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, даъват намоянд;
техникаи ҳарбӣ ва силоҳро мутобиқи ҳамин Қонун ба кор баранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 35. Иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона дар хушкӣ, соҳилҳои дарёҳо, кeлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ оид ба манъ намудани убури uайриқонунии сарҳад дар маҳалҳои xойгиршавии объектҳои ҳарбӣ, гарнизонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қeшуноҳилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои даромадан (убури) ашхос ва воситаҳои нақлиётии бегона пушидаанд, ба зиммаи фармондеҳии объектҳои ҳарбӣ ва гарнизонҳои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна қитъаҳо аз xониби фармондеҳони (сардорони) Қeшунҳои  сарҳадӣ, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ якxоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳои дохилии Вазоарти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қeшунҳои сарҳадӣ барои иштирок дар ҷустуxeҳо ва амалиёти сарҳадӣ бо тартибе, ки дар қарорҳои муштараки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, қувва ва восита ҷудо менамоянд.
Дигар намуди ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳои  дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 12.05.2001,№22)
 
Моддаи 36. Амали якxоя дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Қeшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон:
ҳангоми иxрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба ҳамдигар кeмак мерасонанд;
дар доираи ваколатҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда фаъолияти мақомоти давлатиро, ки барои нигоҳ доштани низоми Сарҳади давлатӣ намудҳои гуногуни назоратро амалӣ менамоянд, ба ин фаъолиятҳо дахолат накарда, ҳамоҳанг месозанд;
амали якxояи қувваҳои худ ва мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо, (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои чамъиятиеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд ё ба манфиати Сарҳади давлатӣ фаъолият менамоянд, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ташкил мекунанд. Фармондеҳони Қўшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо тартибе, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, бо мақомоти дахлдор ва Қeшунҳои давлатҳои хориxӣ амали якxояро анxом медиҳанд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
Моддаи 37. Истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ
Қeшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ анxом дода, xиҳати зада гардонидани ҳуҶуми Мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани қeшиши рабуда, ба хориxа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиётии бемусофир, силоҳ ва техникаи xангиро истифода мебаранд.
Силоҳ ва техникаи xангиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст; бар зидди ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёйӣва воситаҳои нақлиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун мегузаранд (гузаштаанд), дар xавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии  сарҳадшиканй ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имконнадорад: барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани ҳуҶум ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхосе, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи xамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад; барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қeшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз Ҷумла барои расонидани кeмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҶум ба онҳо.
Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи xангӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.
Силоҳ ва техникаи xангӣ ҳангоми зада гардондани ҳуҶуми Мусаллаҳона, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳонӣ ё Мусаллаҳона бо хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҶум бо истифодаи техникаи xангӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳом нақлиёт, муқобилияти Мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад.
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳақ доранд барои безарар сохтани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд.
Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи xангӣ ба муқобили занон ва ноболиuон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҶуми Мусаллаҳона аз тарафи онҳо муқобилияти Мусаллаҳона ва ё ҳуҶуми гурeҳе, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад; ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд; ба муқобили ашхосе, ки Сарҳади давлатиро uайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омил бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, манъ аст.
Хизматчиёни ҳарбии навъҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қeшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ xалб карда мешаванд, силоҳ ва техникаи xангиро мутобиқи талаботи ҳамин модда ба кор бурда метавонанд.
 
Моддаи 38. Истифодаи воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ
Ҳангоми иxрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қўшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаҳои дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, модаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рушноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар xалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маxбурии нақлиёт), қувваи xисмонӣ, аз Ҷумла усулҳои xангии муҳориба ва сагҳои хизматиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мебаранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
 
БОБИ   8
ШИРКАТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӣ, КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО, ИТТИҲОДИЯҲОИ XАМЪИЯТӣ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои xамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва ашхоси мансабдори онҳо:
ба Қeшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки намудҳои гуногуни назоратро дар Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд, кeмак мерасонанд, дастурҳои қонунии онҳоро иxро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онҳо заруриро пешниҳод мекунанд; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)
барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлалӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ шароит фароҳам меоранд.
 
Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Шаҳрвандон дар ҳайати иттиҳодияҳои xамъиятӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ, ба сифати кормандони uайриштатии Қeшунҳои сарҳадӣ ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар асоси ихтиёрӣ иштирок менамоянд.
Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ xалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
БОБИ  9
ҲИФЗИ ҲУҚУҚӣ ВА ИXТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӣ ВА ШАҲРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӣ ИШТИРОК МЕКУНАНД
 
Моддаи 41. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки бевосита дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни ҳарбии иxрокунандаи вазифаҳои махсус, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар намудааст, дода мешавад. Онҳо намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талабҳои қонунии онҳо бояд ҳатман аз xониби шаҳрвандон ва ашхоси мансабдор иxро карда шаванд. Ҳеч кас, ба uайр аз ашхосе, ки аз тарафи қонун махсус ваколатдор шудаанд, ҳақ надорад ба фаъолияти онҳо даҳолат намояд.
Монеъ шудан ба иxрои вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ, сeиқасд ба ҳаёт ва саломатӣ, номус ва шараф, амволи хизматчии ҳарбӣ ё аъзои оилаи e боиси, xавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (ҚҶТ аз 21.11.06,№209)
 
Моддаи 42. Ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо
Барои амалҳои uайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо бо сабаби расонидани кeмак Қeшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ боиси xавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 43. Ҳифзи иxтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд
Ҳифзи иxтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
 
Моддаи 44. Муқаррар намудани кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд
Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Чикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидора дар доираи ваколатҳояшон онҳо ба uайр аз кафолатҳо ва ҷубронҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда муқаррар намудани дигар кафолатҳо ва ҷубронҳо мумкин аст.
 
БОБИ 10
XАВОБГАРӣ БАРОИ ҚОНУНШИКАНӣ ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТӣ ВА НАЗОРАТИ ИXРОИ ҲАМИН ҚОНУН
 
Моддаи 45. Xавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар Сарҳади давлатӣ
Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гуннаҳгоранд, ба xавобгарии xиноятӣ ё маъмурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
 
Моддаи 46. Назорати иxрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Назорати иxрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонрр «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи e, дар доираи ваколатҳои худ анxом медиҳанд.
 
БОБИ  11
ТАЪМИНоти  молиявӣ ва моддию техникии ҲИМОЯИ САРҲАДӣ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 47. Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз ҳисоби маблаuҳои буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ
Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз фондҳои давлатии замин, моддию техникӣ ва фондҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Меъёрҳо ва тартиби таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                        Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 1 августи соли 1997
№481
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод.255)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рeзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. То баста шудани аҳномаҳо дар бораи гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд – Ҷумҳуриҳои Иттифоқии собиқ ИXШС, ба сарҳад бо ин давлатҳо статуси Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати се моҳ:
ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурӣ таклифҳо пешниҳод кунад:
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои мақомот ба он тобеъро бо Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
 
 
Муовини якуми Раиси Маxлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             А. ДОСТИЕВ
ш. Душанбе  1 августи соли 1997
№ 482

Илова кунед