Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ

16 Май 1997, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, №10, мод. 160; соли  2002, № 4, қ-1, мод. 167; соли 2003, №12, мод. 699; соли 2009, №3, мод.90;  соли 2016, №7, мод.630, соли 2017,№1-2,мод.25)
Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлатӣ танзим менамояд. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
Хусусигардонии моликияти давлатӣ – фаъолияти аз тарафи давлат  мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 4. Принципҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ
Принципҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ аз инҳо иборатанд:
қонунӣ будан;
ошкор будан;
баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад;
рақобат;
ворисияти ҳуқуқӣ ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.
 
Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардонӣ ваколатдор шудаанд                                   
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
дар мавриди моликияти Ҷумҳуриявӣ  — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо – Маxлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, — Раисони Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонӣ                                           
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ:
татбиқи сиёсати давлатиро  дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд;
идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;
тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро муқаррар менамояд;
оид ба масъалаҳои хусусигардонӣ қарорҳои дахлдор қабул мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардонӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
Моддаи 8. Объектҳои хусусигардонӣ
Объектҳои хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он xо воқеанд, ҳуқуқи талабкунӣ, қарзҳо, ҳуқуқҳои истисноӣ, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд;
б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ ва uайриистеҳсолии корхонаи давлатӣ ҳамчун маxмeи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;
в) амволи алоҳидаи (xудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудаанд) корхонаи давлатӣ;
г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.
Амволи давлатӣ аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5  Қонуни мазкур зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардонӣ табдил меёбад.
 
Моддаи 9. Объектхое, ки хусусӣ гардонида намешаванд
Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлатӣ мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихӣ ва сарвати миллӣ, биноҳо ва иншооти мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, системаҳои обрасонии оби нeшокӣ, корхонаҳои мудофиа  корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии «Норак», нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  хусусӣ гардонида намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №497). (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сeзишворию энергетикӣ; иншооти хоxагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нeшокӣ), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Номгeи объектҳоеро, ки мутобиқи ин Қонун хусусӣ гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хусусӣ гардонида намешаванд.(ҚҶТ аз 23.07.16,№1352)
 
Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардонӣ
Ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ субъектҳои хусусигардонӣ мебошанд.
Ашхоси ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектҳои хусусигардонӣ буда наметавонанд.
Тартиби ширкати ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии хориxиро дар хусусигардонии моликияти давлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ
Хусусигардонӣ ба шаклҳои зерин сурат мегирад:
а) ба савдо гузошта фурeхтан;
б) аз рeи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар асоси озмун.
Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурeхтани объектҳои хусусигардонӣ
Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.
То гузаронидани савдо фурeшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба e оиди объекте, ки хусусӣ гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.
 
Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ
Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгeи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидорӣ хусусӣ гардонида мешаванд.
Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ аз инҳо иборат аст:
1) таҳлили ҳамаxонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;
2) муайян намудани арзиши маxмeи амволии он;
3) муайян намудани андозаи маxмeи давлатии саҳмияҳои фурeхташаванда;
4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохторӣ, технологӣ ва таuйироти дигари объект;
5) интихоби намуди хусусигардонӣ.
Иxрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи Ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ аз рeи лоиҳаҳои инфиродӣ амалӣ мегардонад. Рафти иxрои талаботи шартномаи хариду фурeши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. (ҚҶТ аз 08.12.03с, №71).
 
Моддаи 14. Коuазҳои қиматноки хусусигардонӣ
Бо мақсади таъмини адолати иxтимоӣ ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардонӣ ба шаҳрвандон xуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлатӣ аз коuазҳои қиматноки хусусигардонӣ истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.
Шароити барориш, тартиби муомилот ва истифодаи қоuазҳои қиматноки хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
Моддаи 141. Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оинномавӣ
Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи  лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми  саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №497).
 
Моддаи 142. Ҳуқуқи махсус («саҳмияи тиллоӣ»)
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ  ва ё қабули  қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои  саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи  зикргардида қарор қабул намояд  (ҳуқуқҳои махсус – «саҳмияи тиллоӣ»).
Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тилоӣ») татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») намояндаи  худро дар Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
Ҷамъияти  саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.
Ҳуқуқҳои  махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба дорандаи худ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон  ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:
— оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;
— оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
— оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
— оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад  ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;
— дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ  аҳамияти калон доранд.
Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки  дар он давлат ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии коғазҳои қиматнок маълумот гирад.
Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи  тиллоӣ») аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.
Дар як вақт вобаста  намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд.  (ҚҶТ аз 26.03.09с, №497).
 
Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда
Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.
Ҳуxxати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маxмeи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали xойгиршавии объекти фурeхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.
Ҳуxxати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурeхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои xамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коuазҳои қиматнок медиҳад. (ҚҶТ аз 08.12.03с, №71).
 
Моддаи 16. Маблаuҳои аз хусусигардонӣ воридшаванда
Маблаuҳои аз хусусигардонӣ ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.
Қисме аз маблаuҳои аз ҳисоби иxрои амволи давлатӣ ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои xамъиятҳои саҳҳомӣ ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионалӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаxм ва тартиби истифодаи ин маблаuҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 08.12.03с, №71).
 
Моддаи 161. Иттилоот дар хусуси xараёни хусусигардонӣ.
Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси xараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд. (ҚҶТ аз 08.12.03с, №71).
 
Моддаи 17. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгарӣ пешбинӣ шудааст. (ҚҶТ аз 24.02.2017с. №1402)
 
 
      Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                  Э. РАҲМОНОВ
ш. Душаибе 16 май соли 1997                            
№464
                                                          
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, №10, мод. 161)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз лаҳзаи нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои xорӣ ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     С. РАXАБОВ
ш. Душанбе 16 май соли 1997
№465
 

Илова кунед