Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

15 Май 1997, Панҷшанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1997, № 10, мод.147; соли 1998, 10, мод.74; соли  2002, № 4, қ-1, мод.179, 188; соли 2007, №6, мод. 434, 437; соли 2012,№7,мод.722, соли 2018, №1, мод.29)
Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот танзим мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машруботи бо қонунгузорӣ муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.
Спирти этилӣ ошомӣ, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваxот ва дигар озуқаи дорои спирти этилӣ, ки аз ашёи хоми хeрокворӣ истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз xумлаи машрубот аст.
Тахти муомилоти спирти этилӣ ва машрубот содироту воридот, молрасонӣ, хариду фурeши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этилӣ) фаҳмида мешавад.
 
     Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими 
                давлатии   истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
       
       Моддаи 21. Амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурўш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ѓайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
 
Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз инҳо иборатанд:
ташкили назорати давлатӣ ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
муқаррар намудани маблағи аксизи спирти этилӣ ва машрубот;
муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
муқаррар намудани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этилӣ ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаxми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолияти зикршуда; (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
татбиқи маxмeи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этилӣ ва машрубот ҳифз мекунанд. (сархати якум, сеюм ва ҳафтум хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурҳии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.
 
БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӣ
Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:
иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
манъ кардани фурeши чаканаи спирти этилӣ;
муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ;
амалӣ гардонидани назорати давлатии сифати спирти этилӣ.
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд. (сархати дуюм ва чорум хориҷ карда шуд, ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
 
Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси  иҷозатнома  ба амал мебароранд.
Иҷозатнома  дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
 
 
БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ
 
Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбинӣ менамояд:
иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
сертификатсияи машрубот ва таxҳизоти истеҳсоли он;
муқаррар намудани аксизи ҳамаи хелҳои машрубот;(ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;
муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.
 
Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот
Истеҳсол ва муомилоти машруботро шахсони ҳуқуқие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавxуд будани иҷозатномаҳои дахлдор (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқат мекунад.
Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.
Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурҳии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурeхта мешавад, аз xумла машруботи хориxӣ бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгeи стандартҳои давлатӣ, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаxми зарф, таркиб, оиди моддаҳои барои саломатӣ зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
 
Моддаи 8.  (Хориҷ карда тибқи ҚҶТ аз 13.06.07с №278).
 
Моддаи 9. Аксизи машрубот
Аксизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурҳии Тоҷикистон ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
Маблағи аксиз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.
Аксизи машруботи воридотӣ ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурҳии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
Бо мақсади пурра ситонидани маблағи аксиз ва пешгирии пинҳонӣ овардану фурeхтани молҳои мавриди акциз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи аксизи муқаррар карда мешавад. (ҷумлаи якум хориҷ карда шуд, ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Намунаи тамғаҳои маблағи акциз, тартиб ва ҳаxми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 10. Сифати машруботи воридотӣ
Сифати машруботи воридотӣ аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ ҳамин намуд машруботи ватанӣ набояд паст бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
 
Моддаи 11. (  Хориҷ карда шуд, ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
 
 
Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурeши маҳсулот
Фурeши машруботи ватанӣ ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфиродӣ ба таври чакана дар сурати доштани иҷозатнома амалӣ мегардонанд.
Фурўши машрубот танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
Дар айни замон фурeши яклухт ва чаканаи машрубот:
дар муассисаҳои бачагона, таълимӣ, динӣ ва табобатию профилактикӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарбӣ) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дeкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таxҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурeши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
ба шахсони то синни 18 — сола;
бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи аксизӣ манъ аст.
Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурeши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳолӣ, таъмини амнияти xомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
 
БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА XАВОБГАРӣ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН
 
Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун
Ба истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлатӣ назорати давлатӣ мекунанд.
Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот, додани иҷозатнома сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боxро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон барои эҳтиёxоти худ харx намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз  шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ин корҳо манъ аст:
барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқавӣ истеҳсол шудааст;
фурeши чаканаи спирти этилӣ;
истеҳсол ва муомилоти машрубот бе иҷозатномаҳои дахлдор; (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
фурeши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боxи аксизӣ;
фурeши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;
фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуxxати меъёрию техникӣ мувофиқат намекунанд;
реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда. (сархатҳои сеюм ва нуҳум хориҷ карда шуд, ҚҶТ аз 03.07.2012 с №872)
Қисми дуюм хориҷ шуд. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
             Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни 
                           мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18№1499)
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурҳии Тоҷикистон                                                                                                                Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 15 май соли 1997
№ 451
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
XУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурҳии Тоҷикистон
«Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурҳии Тоҷикистон  соли 1997, № 10, мод.148)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурҳии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурҳии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» аз рeзи расман шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурҳии Тоҷикистон дар мeҳлати се моҳ оиди амалӣ кардан ва ба Қонуни мазкур мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурҳии Тоҷикистон чораҳо бинад.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурҳии Тоҷикистон                                                                          С. РАXАБОВ
ш. Душанбе 15 май соли 1997
№ 452

Илова кунед