Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили маљлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

31 Декабр 1996, Сешанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1996, № 23, мод.348; соли 2008, №12, қисми 2, мод.995; соли 2013, мод., 541; .№12,мод.906; соли 2017, №5 қ1, мод.289)

 

Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳофаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонвилоятшаҳри Душанбешаҳр ва ноҳияро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вакили Маxлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия (минбаъд — вакили Маҷлиси вакилони халқ) намояндаи ваколатдори аҳолии сокини ҳудуди дахлдор буда, дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ иродаву манфиати онҳоро ифода менамояд. (ҚҶТаз 31.12.08№461) (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Вакилон дар кори Маxлисҳои вакилони халқ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иxтимоӣ ва фарҳангии ҳудудро ҳаллу фасл мекунанд, иxрои қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатиро дар маҳал таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Вакили Маxлисҳои вакилони халқ кори худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, инчунин дар асоси қарорҳои Маxлисҳои вакилони халқи дахлдор ва барномаҳои пешазинтихоботӣ ба роҳ мемонад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад дар як вақт вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагӣ бошад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонвилоятшаҳри Душанбешаҳр  ва ноҳия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонвилоятшаҳри Душанбешаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонинчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаастиборат мебошад(ҚҶТ №461, 31.12.08с.).

 

Моддаи 3. Оuоз ва мeҳлати ваколатҳои вакили Маxлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакил аз рeзи онҳоро эътироф кардани Маxлиси ваки­лони халқи дахлдор оuоз меёбанд.

Ваколатҳои вакил дар рeзи кушодашавии иxлосияи якуми Маxлиси вакилони халқ даъвати нав ё худ дар мавриди пеш аз мeҳлат қатъ ёфтани ваколатҳои пешбиникардаи моддаи 7-уми Қонуни мазкур қатъ мегарданд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Ваколатҳои вакиле, ки ба xои вакили хориxгашта интихоб шудааст, аз рeзи онҳоро эътироф кардани Маxлиси вакилони халқи дахлдор, ки баъди интихоб гардиданаш гузаронида мешавад, оuоз меёбанд.

Агар Маxлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакили алоҳидаро беэътибор донад, дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мeҳлати се моҳ интихоботи нав гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Ваколатҳои вакилро ба каси дигар додан мумкин нест.

 

Моддаи 4. АмалӢ намудани ваколатҳо зимни фаъолияти истеҳсолӢ ё хизматӢ                                      

Вакили Маxлиси вакилони халқ ваколатҳояшро зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Вакил ҳуқуқ дорад барои фаъолияти вакилиаш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иxрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шавад. Хароxоти вобаста ба фаъолияти вакилӢ аз ҳисоби буxети маҳаллӣ таъмин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

 

Моддаи 5. Фаъолияти вакил дар Маҷлиси вакилони халқ

Вакил дорои тамоми ҳуқуқҳоест, ки иштироки eро дар фаъолияти Маxлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ташкилкардаи онҳо таъмин менамоянд, e дар назди мақомоти мазкур масъул буда, супоришҳои онҳоро иxро менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакил вазифадор аст, ки дар кори иxлосия, xаласаҳои комиссияҳои доимии Маxлиси вакилони халқ, ки ба ҳайати онҳо интихоб шудааст, иштирок кунад, оид ба масъалаҳои мавриди муҳокима овоз дода, мавқеи худро муайян карда, дар ҳалли онҳо иштирок намояд. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Маxлиси вакилони халқ метавонад ахбори вакили халқро дар бораи фаъолияташ дар Маxлиси дахлдори вакилони халқ оид ба иxрои қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои ба зиммаи e гузошташуда шунавад. Дар сурати аз тарафи вакил иxро карда нашудани вазифаҳояш, вайрон кардани тартиби муқарраршудаи кор масъала дар бораи рафтори вакил мавриди муҳокимаи Маxлиси вакилони халқ ё худ бо супориши он мавриди муҳокимаи комиссияҳои доимӣ қарор гирифта метавонад.(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 6. Робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӢ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӢ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӢ, коллективҳои меҳнатӢ ва ҳизбҳои сиёсӢ, ки ӯро номзад ба вакилӢ пешбарӢ кардаанд, робита менамояд, ба онҳо дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал маълумот медиҳад, дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ иштирок менамояд, афкори ҷомеа, талаботу эҳтиёҷоти аҳолиро омӯхта, аз рӯи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳои зарурӢ пешниҳод мекунад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 61Риояи меъёри одоби вакилӢ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ

Меъёрҳои одоби вакилӢ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).

 

Моддаи 7. Пеш аз мeҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маxлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакили Маxлиси вакилони халқ бо қарори Маxлиси вакилони халқ дар мавридҳои зайл қатъ мегарданд:

— дар сурати ба истеъфо баромадан бо аризаи шахсӣ бинобар ҳолатҳое, ки ба иxрои ваколатҳояш монеъ мешаванд ё бо сабабҳои дигари шахсӣ;

— дар сурати аз тарафи суд uайри қобили амал донистани вай;

— дар сурати вафот;

— эътибори қонунӢ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд; (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

— дар сурати беэътибор дониста шудани ваколатҳои e;

— қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

— дар сурати интихоб ё таъин шудан ба вазифа ё ишғоли  вазифае, ки мувофиқи қонун машuул шудан бо он ба иxрои вазифаҳои вакилӣ муносиб нест;

— дар сурати содир кардани рафторе, ки номи вакилро доuдор мекунад;

— дар сурати ба зиёда аз ду мақоми намояндагӣ интихоб шудани вакил (агар дар давоми як моҳи интихоб шудан аз номи e дар хусуси даст кашидан аз ваколатҳои вакилии яке аз чунин мақомот аризаи хаттӣ ворид нашуда бошад);

— дар сурати худпароканда шудани Маxлиси вакилони халқ;

— барои истиқомат ва кори доимӢ берун рафтан аз ҳудуди маъмурию ҳудудии дахлдор; (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

— бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ; (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).

Ваколатҳои вакили Маxлиси вакилони халқ инчунин дар сурати пеш аз мeҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Маxлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин пеш аз мeҳлат қатъ мегарданд:  (ҚҶТ аз 28.12.2013,№1062)

— дар сурати мунтазам аз тарафи Маxлиси вакилони халқ иxро нашудани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 28.12.2013,№1062)

— агар Маxлиси навинтихобшудаи вакилони халқ дар давоми як моҳ аз рeзи кушодашавии иxлосияи аввал мақомоти худро ташкил накарда бошад; (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

— агар Маxлиси вакилони халқ дар давоми зиёда аз ду моҳ бино­бар набудани шумораи барои кворум зарурии вакилони халқ иxлосияро даъват карда натавониста бошад;

— ҳангоми таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

 

Моддаи 8. Иштироки вакили Маxлиси вакилони халқ дар кори иxлосияи Маxлиси вакилони халқ

Вакилон дар иxлосияҳои Маxлиси дахлдори вакилони халқ дар асоси муҳокимаи дастаҷамъӢ ва озодона ҳамаи масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия  ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Маxлиси вакилони халқ аст, баррасӣ ва ҳал мекунанд.

Агар вакил дар кори Маxлиси вакилони халқ иштирок карда натавонад, вай бояд дар ин бора ба Раиси Маxлиси вакилони халқ ё ба шахсе, ки eро иваз  менамояд, хабар диҳад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 9. Ҳуқуқи вакил дар иxлосияи Маxлиси вакилони халқ

Вакил доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки мавриди баррасии иxлосияи Маxлиси вакилони халқ қарор мегирад, ҳуқуқи овози ҳалкунанда дорад.

Вакили Маxлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад:

— ба мақомоти Маxлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб кунад ва интихоб шавад;

— масъалаҳоро барои баррасии Маxлиси вакилони халқ пешниҳод кунад;

— оид ба рeзномаи иxлосия, тартиби баррасӣ ва моҳияти масъалаҳои баррасишаванда таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намояд;

— дар музокираҳо иштирок кунад, бо дархостҳо муроxиат намояд, савол диҳад, таклифҳои худ ва сабабҳои овоздиҳиро асоснок кунад, маълумот диҳад, нуқтаи назари худ ва нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти вакилон расонад;

— оид ба шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахсони мансабдор дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ таклифҳо пешниҳод намояд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

Вакиле, ки аз рeи масъалаи мавриди муҳокима дар иxлосия баромад накардааст, метавонад матни баромадашро барои дохил кардан ба протоколи иxлосия ба раискунанда супорад.

 

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи вакилони Маxлиси вакилони халқ барои муттаҳидшавӣ дар гурeҳҳои вакилон

Вакилон барои изҳори дастxамъии ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд ба гурeҳҳои доимӣ ё муваққатии вакилон муттаҳид шаванд.

Вакилон новобаста аз иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маxлиси вакилони халқ метавонанд аъзои гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси дахлдор бошанд.

Вакилон ба ин гурeҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориx мешаванд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилӣ ба қарорҳои ин гурeҳҳо вобаста намебошанд.

Барои таъсиси гурeҳи доимии вакилон ба Раиси Маxлиси вакилони халқи дахлдор ариза пешниҳод ва ба он протоколи таъсиси гурeҳи вакилон бо зикри аъзоёни гурeҳи вакилон замима карда мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 11. Дархости вакилӢ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӢ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с.,№1062 ) (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Дархост аз тарафи вакил ё гурeҳи вакилон дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ пешниҳод карда шуда метавонад. Дархосте, ки ба шакли хаттӣ дода шудааст, бояд дар иxлосияи Маxлиси вакилони халқ хонда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Мақоми давлатӣ, шахси мансабдор, ки дархост ба вай дахл дорад, ба он бояд дар иxлосияи Маxлиси вакилони халқ ё дар мeҳлати дигаре, ки Маxлиси вакилони халқ муқаррар кардааст, xавоби шифоҳӣ ё хаттӣ диҳад. Xавоби дархост дар иxлосия хонда дода мешавад. Вакил ҳуқуқ дорад нисбати xавоби дархост фикрашро баён кунад. Аз рeи xавоби дархост музокира доир шуда метавонад.

Маxлиси вакилони халқ аз рeи xавоби дархост ва натиxаи он қарор қабул мекунад.

 

Моддаи 12. Баррасии таклифҳо ва эродҳои вакилон, ки ба иxлосияи Маxлиси вакилони халқ пешниҳод карда шудаанд

Таклифу эродҳо, ки вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кардаанд ё дар шакли хаттӣ ба раисикунандаи иxлосия додаанд, аз тарафи Маxлиси вакилони халқ, комиссияҳои доимии он баррасӣ карда мешаванд ё аз тарафи онҳо барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва шахсони мансабдор фиристода мешаванд.

Мақомоти давлатӣ,  ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифу эродҳои дар иxлосия пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равон карда шудаанд, ӯҳдадоранд онҳоро дар давоми як моҳ дида бароянд ва аз натиxааш бевосита ба вакил, инчунин ба Маxлиси вакилони халқи дахлдор хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 28.12.2013,№1062)

Назорат оид ба баррасӣ ва амалӣ кардани таклифу эродҳое, ки ва­килон дар иxлосияи Маxлиси вакилони халқ пешниҳод кардаанд, аз та­рафи Раис ё комиссияҳои доимии Маxлиси вакилони халқ сурат мегирад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

 

Моддаи 13. Фаъолияти вакил дар мақомоти Маҷлиси вакилони халқ

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ ё мақомоти дигари Маxлиси вакилони халқ дохил мешавад, метавонад таклифҳо ва масъалаҳоро мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба мақомоти мазкур пешниҳод намояд, дар таҳияи онҳо барои баррасӣ, муҳокима ва аз рeи онҳо қабул карда шудани қарорҳо, ҳамчунин дар ташкил ва назорати иxрои қарорҳои Маxлиси вакилони халқ ва комиссияҳои доимии он, иштирок кунад. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ дохил мешавад, дар сурати норозӣ будан аз қарори он, метавонад нуқтаи назари худро дар иxлосияи Маxлиси вакилони халқ баён кунад ё дар ин хусус ба таври хаттӢ ба раисикунанда хабар диҳад.

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ интихоб шудааст, дар кори он бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда иштирок мекунад.

Вакиле, ки аъзои комиссия нест, метавонад дар xаласаҳои он бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок намояд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 14. Ҳуқуқу  ӯҳдадориҳои вакили Маxлиси вакилони халқ ҳангоми кор кардан дар ҳавзаи интихоботӢ

Вакил дар ҳавзаи интихоботии худ ҳуқуқ дорад:

— дар баррасии ҳар гуна масъалаҳои ба манфиатҳои шаҳрвандон дахлдошта, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӢ, мақомоти иттиҳодияҳои дахлдори xамъиятӣ сурат мегирад, иштирок кунад. Бо талаби вакил мақомоти мазкур вазифадоранд дар бораи баррасии ин гуна масъалаҳо пешакӣ хабар диҳанд; (31.12.2008,№461) (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

— бо интихобкунандагони ҳавза мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӢ ҷаласаҳо гузаронад, бо коллективҳои меҳнатӣ, намояндагони хизбҳои сиёсӣ вохeриҳо доир намояд, дар ҷаласаҳои мақомоти худфаъолияти минтақавии xамъиятӣ ширкат варзад. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакил дорои ҳуқуқи афзалиятнок буда, метавонад аз рeи масъалаҳои фаъолияти вакилиаш дар воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд, баромад кунад. (ҚҶТ аз 28.12.2013,№1062)

Вакил ӯҳдадор аст:

— Шаҳрвандонро мунтазам қабул кунад, ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти Маxлиси вакилони халқ ва иштироки худ дар он, дар бораи иxрои қарорҳои Маxлиси вакилони халқ, барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иxтимоӣ, ҳамчунин аз барномаи пеш аз интихоботии худ ахборот диҳад;

— афкори ҷамъиятӢ ва эҳтиёxоту дархостҳои аҳолиро омeзад, дар ин бора ба Маxлиси вакилони халқ ва мақомоти он, ба мақомоти дигари давлатӣ ё иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ташкилотҳо хабар диҳад, таклифҳо пешниҳод кунад ва барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешад.

Вакил бояд соле камаш ду маротиба дар назди интихобкунандагони ҳавза аз фаъолияти худ, аз рафти иxрои барномаи пешазинтихоботӣ ҳисобот диҳад.

Вакил ҳамчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 15. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӢ ва ҳуқуқӢ аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои ба e расидаро бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида баррасӣ менамояд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинад, шахсони воқеӢ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро ба ҳузур мепазирад: барои рафъи сабабҳои шикоят кардан ба Маxлиси вакилони халқ, ба мақомоти он ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакил ҳуқуқ дорад мансабдорони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки дар ҳудуди мақоми дахлдори намояндагии ҳокимияти давлатӢ воқеанд барои иштирок кардан дар қабули шахсони воқеӢ ва намояндаи шахси ҳуқуқӢ даъват намояд. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакил ҳуқуқ дорад ба баррасии таклифҳо ва арзу шикоятҳои фиристодааш назорат кунад, дар муҳокимаи онҳо шахсан иштирок намояд. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки ба фаъолияти назоратии вакил ёрӣ расонанд.

Вакил шахсони воқеӢ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро дар маҳалли истиқомати интихобкунандагон ё дар xои дигари муайянкардааш ба ҳузур мепазирад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 16. Мусоидат ба вакили Маxлиси вакилони халқ барои гузаронидани вохeрӣ бо интихобкунандагон

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ташкилотҳо, ӯҳдадоранд дар ҳудуди Маxлиси вакилони халқи дахлдор ба вакило­ни Маxлиси вакилони халқ дар иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат кунанд.

Ба вакили халқ барои гузаронидани вохeрӣ бо интихобкунандагони ҳавза шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Бо хоҳиши e мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӢ, маъмурияти ташкилотҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот бино xудо мекунанд, ба шаҳрвандон дар бораи рeзу xои мулоқот бо интихобкунандагон хабар медиҳанд, бо пешниҳоди вакил намояндагони худро ба мулоқотҳо мефиристанд, дигар вазифаҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд. (31.12.2008,№461)

Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди вакил шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӢ кашида мешаванд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 17. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор

Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад, бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӢ дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор ба мақомоти давлатӢ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӢ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӢ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӢ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда вазифадоранд аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӢ вакили Маҷлиси вакилони халқро бетаъхир қабул кунанд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 ) (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Тартиби ворид шудани вакил ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӢ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда алоқаманд аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 18. ӯҳдадориҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил ҳуқуқ дорад аз рeи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ба тамоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӢ ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ташкилотҳо дар ҳудуди Маxлиси дахлдори вакилони халқ, ба шахсони мансабдор муроxиат намояд ва дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок кунад. Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ба муроҷиати вакилон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби хаттӢ диҳанд.

Муроxиати вакилон аз рeи масъалаҳои хеле муҳим, аз xумла оид ба зарурати қабул кардан, таuйир додан ё бекор намудани қарори мақоми дахлдор бояд ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирад. Аз рeзи баррасии масъала вакил бояд пешакӣ воқиф гардонда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

Вакилони Маxлисҳои вакилони халқ ҳуқуқ надоранд, ки ба фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судҳо дахолат кунанд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи вакил барои дастрас намудани иттилоот

Вакил барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ, маводи иттилоотӢ ва маълумотӢ ҳуқуқ дорад. Вакил ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри давлатӢ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои ваколатҳояш ба ӯ маълум шудааст, ошкор намояд ва ба манфиати худ, шахсони воқеӢ ё ҳуқуқӢ истифода намояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 ) (ҚҶТ аз 30.05.2017,№1432)

 

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

 

Моддаи 20. Ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шарафи вакили Маxлиси вакилони халқ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар вакили Маxлиси вакилони халқ барои бе мамониат ва самарабахш ба xо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқ, шаъну шарафи eро ҳифз менамояд.

Шахсоне, ки ба шаъну шарафи вакили Маxлиси вакилони халқ таҳқир мекунанд ё ба e, аъзои оилаи вай ва ё хешу табораш бо мақсади монеъ шудан ба иxрои вазифаҳои вакилиаш таъсири uайриқонунӣ мерасонанд ё худ бар хилофи иродааш eро ба манфиати ягон кас барои қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӢ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

Мансабдорони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Маxлиси дахлдори вакилони халқ воқеъ буда, вазифаҳои худро дар назди вакили халқ иxро накарда, ба e дидаю дониста хабари дуруu медиҳанд, кафолатҳои фаъолияти вакилиро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1015

 

Моддаи 22. Тартиби ба ҷавобгарӢ кашидани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Парвандаҳои ҷиноятӢ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӢ нисбати вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон,  прокурори шаҳр, ноҳия оғоз карда мешаванд.

Ба ҳабс ва ҳабси хонагӢ гирифтан, ҳабси молу мулк, ҳабси муросилот, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи  телефонии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди вилоят, шаҳри Душанбе бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1015)

 

Моддаи 23. хориҷ карда шуд бо ҚҶТ  аз 22.07.2013с., №1015

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт бепул истифода кардани вакили Маxлиси вакилони халқ

Вакил дар ҳудуди Маxлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад аз тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркашон, uайр аз таксӣ ва воситаҳои нақлиётие, ки ба шаҳрвандон ҳамчун моликияти шахсӣ тааллуқ доранд, бепул истифода барад.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқи вакили Маxлиси вакилони халқ барои рухсатии иловагии пардохтшаванда

Барои вакили Маxлиси вакилони халқ ба рухсатии ҳарсолааш ду рeзи кори рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )

 

Моддаи 26. Таъмини шароит ба вакилони Маxлиси вакилони халқ барои амалӣ намудани ваколатҳояшон

Хизматрасонии ташкилӣ ва моддию техникӣ ба вакилон барои ама­лӣ намудани ваколатҳояшон аз тарафи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия таъмин карда мешавад. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.)

 

Моддаи 27. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маxлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ дорои шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӢ мебошад.

Вакил дар давоми мeҳлати ваколатҳояш аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ истифода мекунад. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ, ҳамчунин намунаи шаҳодатнома ва нишони сарисинагиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

                Моддаи 28. ҶавобгарӢ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

          Шахсони воқеӢ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷавобгарӢ кашида мешаванд. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 324

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ

XУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маxлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Маxлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ»

 

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод.349)

 

Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маxлиси Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Маxлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» аз рeзи расман нашр гардиданаш мав­риди амал қарор дода шавад.
  2. Беэътибор дониста шаванд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, № 70 «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 161);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 1992, № 673 «Дар хусуси даровардани таuйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 21—22, моддаи 277).

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маxлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Маxлисҳои вакилони халқи ви­лоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» мутобиқ созад.

 

 

Раиси Маxлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                С. РАXАБОВ

ш. Душанбе 13 декабри соли 1996

№ 325

Илова кунед