Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Телевизион ва Радиошунавонӣ

14 Ноябр 1996, Панҷшанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 24, мод. 408; соли 1998., № 10. мод.76; соли 1999,  № 6, мод. 166; соли 2000, № 11, мод. 521; соли 2001, № 7 , мод. 481; соли 2004, № 2, мод. 39; соли 2006, №4, мод. 197, соли 2013, №7 мод., 540; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1572)
 
Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иxтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси xамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.
 
БОБИ  1.
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— абонент — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;
— нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) — ба масофаи муайян пахш намудани ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд;
— шабақаи нашри барнома — маxмeи воситаҳои техникие, ки барои пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд; (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
— пахш — ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;
— пахши мустақим — пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо;
— интиқоли пахш — тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;
 — ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ  — шахсияти ҳуқуқест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуалӣ иxозатнома дорад;
— воситаҳои пахшкунии телевизион ва радио — пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ; (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
— воситаҳои техникии пахши барномаҳо — маxмeи таxҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;
— маҳсулоти аудиовизуалӣ – асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техникӣ таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра). (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дӯстдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавxии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад. ҚҶТ аз 28.02.2004,№7) (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.
Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавони бо истифода аз шабақаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз xумла шабақаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 30.06.1999,№814)
 
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон инҳоанд:
— воқеънигорӣ;
— ҳақиқатнигорӣ;
— ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;
— озодона иброз намудани фикру ақида;
— эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;
— қатъиян риоя намудани одоби касбӣ. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014), (Қ ҶТ аз 02.01.2019, №1572)
 
Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иxрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иxроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ xудо мекунад, ҳифзи иxтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, eҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иxро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад. ҚҶТ аз 28.02.2004,№7)
 
 
Моддаи 51. Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анxом медиҳад: (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
— таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи  телевизион ва радиошунавонӣ;
— назорат xиҳати иxрои талаботи Қонуни мазкур аз xониби ташкилоти  телевизион ва радиошунавонӣ;
—  назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;
—  вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.
Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
 
Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эxодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эxодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. (ҚҶТ аз 28.02.2004,№7) (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 7. Маxмeи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Маxмeи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.
 
Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Маxмeи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буxет маблағгузорӣ мешаванд. (ҚҶТ аз 28.02.2004,№7)
Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.
 
Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:
— сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси xамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориxи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иxроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд;
— таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ;
— инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
(Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1572)
Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иxозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
 
БОБИ   2.
ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ ВА ҚАТЬ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ  ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӣ
 
Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ муайян  намудааст, таъсис меёбанд.
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии  фаъолияти  соҳаи телевизи­ону  радио
 Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
 
БОБИ 3.
ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ  ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
 
Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иxозатнома (литсензия) оғоз намояд.
Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иxозатнома (литсензия) надоранд.
Соҳиби иxозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иxора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иxозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд.
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникӣ худӣ ё иxорагирифта амалӣ мегардонад. (ҚҶТ аз  28.02.04, №7)
 
Моддаи 15. Нишонаҳои нашр 
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рeз ном ва дигар  маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр
Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мувофиқа бо  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184) (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иxзозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавxҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд.
 
Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник
Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:
— дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонба қайд гирифташуда; (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
— табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.
Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мувофиқа бо  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайян менамояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184) (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
 
 
 
Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)
Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иxозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мувофиқа бо  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайян менамояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184) (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
Ташкилоте, ки соҳиби шабақаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.
 
Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.
 
Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавxудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он xавобгаранд.
Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз xониби суд баррасӣ мегардад.
 
Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд.
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роxеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад дар дасти мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд.
 
Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ
Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавxудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ
Пахши барнома аз xаласаҳои якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, xаласаҳои Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асосӣ ҳаxми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 06.08.2001,№35)
Пахши барнома аз иxлосияи Маxлисҳои вилоятӣ ва дигар маxлисҳои маҳаллӣ аз xониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маxлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад.
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маxлиси миллӣ ва Раиси Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт xудо мекунанд. (ҚҶТ аз 06.08.2001,№35)
 
Моддаи 24. Истифодаи  реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
 Истифодаи  реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ  мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи реклама» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориxи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд.(ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
 
Моддаи 26. Намояндагӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эxодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эxодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои  телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ eҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ мазмуни мухтасар, рeзи интишор, вақти оғозу анxоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Тартиб, мeҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
 
БОБИ 4.
ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӣ ВА
КОРМАНДОНИ ОНҲО
 
Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иxозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд. (ҚҶТ аз 28.02.04,№7)
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эxоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориxи он инҳоро иxозат диҳад:
— пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурeхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
— барои истифодаи порчаҳои мухтасар—на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);
— ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот  дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:
— маълумоти дорои сири давлатӣ ё асрори дигари қонуннан маҳфуз, ахбору маводе, ки  зуран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро  паст мезанад, ҷанг зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиѓ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд;  (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
— маҳсулоти телевизион ва радио ва видеоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурӯшад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Дар сурати бе иxозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкило­ти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиxаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.
 
Моддаи 29. Eҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ eҳдадор аст:
— ахбори ҳаққониро паҳн намояд;
— ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;
— талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;
— абонентҳоро пешакӣ аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;
— талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1572)
 
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои теле­визион ва радиошунавонӣ
Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.
 
Моддаи 31. Ҳифзи иxтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион  ва радиошунавонӣ
Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми иxрои вазифаи хидматии худ аз xониби давлат ҳимоя карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Дар сурати ҳангоми иxрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани корман­дони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба оилаҳояшон ва ё меросхуронашон кeмакпулии яквақта дар ҳаxми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рeи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхурон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон  таъин мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Дар сурати ҳангоми иxрои вазифаи хидматӣ маxрeҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кeмакпулии яквақта дар ҳаxми панx музди солонаи кор аз рeи вазифаи охирини хидматии e дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми иxрои вазифаи хидматӣ xароҳати дигар бардошта бошад, ба  ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаxми панx маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
Моддаи 32. Маблаѓгузории  ташкилотҳои  давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буxети  давлатӣ  маблаѓгузорӣ  карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:
— пардохти ҳаққи абонентӣ:
— фаъолияти рекламавӣ ва тиxоратӣ;
— барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;
— таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо; (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
— нашри рeзнома, маxалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;
— истеҳсол, фурeш ва  кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир; (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184)
— ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;
— фаъолияти иқтисодии хориxӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;
— маблағҳои спонсорҳо, мақомотӣ давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари xамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
БОБИ   5.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА
РАДИОШУНАВОНӣ
 
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ҳамкории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо шарикони хориxӣ дар асоси шартномаҳои имзошудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои мустақим сурат мегиранд.
Фаъолияти иқтисодии хориxии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ тибқи муқаррароти Қонун «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии дахлдор сурат мегирад.
 
Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориxӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти мухбирони хориxии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 29.04.2006,№184) (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориxиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1014)
 
Моддаи 36. Асосҳои аз xавобгарӣ озод намудан
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз xавобгарӣ озод карда мешаванд:
— агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад;
— агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад;
— агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад;
— агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад. (ҚҶТ аз 29.04.06,№184)
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                         Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  14 ноябри соли 1996
№382
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №24, мод.409)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» аз рeзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» мувофиқ гардонида шавад.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   С. РАXАБОВ
ш. Душанбе 14 декабри соли 1996
№ 382 а 

Илова кунед