Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа

04 Ноябр 1995, Шанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 23-24, мод.366; соли 1998, № 23-24, мод. 353; соли 1999, № 12, мод. 310; соли 2000, № 11, мод. 537, мод. 549;  соли  2003, №4, мод. 144; соли 2004, №2, мод. 36; соли 2005, №3, мод.119; №12, мод. 659; соли 2007, №5, мод. 357; соли 2010, №12, қисми 1, мод. 804; соли 2013, №7,  мод. 515; соли 2014,№7қ1,мод.395)
 
 
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи мудофиа» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №14, моддаи 283) тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд ва он дар таҳрири зерин ифода гардад:
 
 
Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад.
 
 
БОБИ 1.
 ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иxтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди xумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии xумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди таxовуз, инчунин зада гардонидани таxовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ 12.05.2007,№248)
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қув­ваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд карда мешаванд ва eҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда ме­шавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд.   (ҚҶТ 12.05.2007,№248)   (ҚҶТ аз 26.07.14,№1098)
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иxро мекунад, xалб карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №642).
Мавxудият ва ташкили дигар сохторҳои ғайриқонунии ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Қонун таъкиб карда мешавад.
 
Моддаи 2. Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  xузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз xониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси ба ҳисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и ҳарбӣ ва асосҳои мудофиа ташкил карда ме­шавад.
 
Моддаи 3. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рeи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ амал карда, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
xанг ё истифодаи қувваи ҳарбиро чун воситаи ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ эътироф намекунад;
давлати дорои силохи зарравӣ нест ва кeшиши истеҳсол кардану ба даст овардани силоҳи зарравӣ ё истифодаи онро аз ҳудуди худ надорад;
ба ягон давлат даъвои арзӣ надорад ва дар симои ягон халқ душманро намебинад;
хеx гоҳ, аввалин шуда ба муқобили хеx мамлакате амалиёти xангиро сар намекунад, агар худи вай ҳадафи таxовуз қарор нагирад;
муҳофизати сулҳ ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории аҳли башар эътироф менамояд.
 
 
Моддаи 4. Ташкили мудофиа
Ба ташкили мудофиа инҳо дохил мешаванд:
танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа;
таҳия кардани сиёсати ҳарбӣ ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешгeӣ ва баҳодиҳӣ ба таҳдиди ҳарбӣ;
сохтмон, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба нақша гирифтани истифо­даи онҳо;
таъмини ҳамкории ҳарбию сиёсӣ бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таxовуз;
ҳифзи сарҳади давлатӣ;
таҳия, истеҳсол ва такмили силоҳу техникаи ҳарбӣ, ба вуxуд овардани захираи онҳо; (ҚҶТ аз 21.07.2013с.,№987)
омодагии сафарбаркунандаи мақомоти ҳокимияти давлати, корхонаву муассисаҳо, иқтисодиёт, ҳудуд, воситаҳои мухобирот ва аҳолии мамлакат;
тараққиёти илми ҳарбӣ, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиавӣ;
ба вуxуд овардани заираи сарватҳои моддӣ дар манбаъҳои дав­латӣ ва сафарбаркунӣ;
ба нақша гирифтан ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ;
таъмини махфӣ доштани сирри давлатӣ;
мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа;
назорати иxрои Қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буxет барои мудофиа;
чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа.
 
Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
 
 
БОБИ 2.
 ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ВА ХУДИДОРАКУНИИ
 МАҲАЛЛӣ ДАР СОҲАИ МУДОФИА
 
Моддаи 6. Салоҳияти  Маxлиси миллӣ  ва Маxлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа
Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
— паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунаванд;
— ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иxрои eҳдадориҳои байналмилалии Тоxикистон ризоият медиҳанд;
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбӣ сарфароз мегардонанд;
— Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи xорӣ намудани ҳолати xанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуxудоӣ ё таҳдиди бавуxудоии задухeрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди xумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии  давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умумӣ ва xузъӣ, дар бораи xавобшавӣ аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи xанг, қатъ кардани xанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд;
— масъалаҳое, ки бо сарҳади давлатӣ вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунанд.
Салоҳияти Маxлиси миллӣ:
— қонунҳоеро, ки аз тарафи Маxлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, xонибдорӣ мекунанд;
— барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарбӣ ризоият медиҳад;
— судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад;
— масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.
Салоҳияти Маxлиси намояндагон:
— қонунҳоро дар соҳаи мудофиа қабул менамояд;
-аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул  мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
— бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари ҳарбиро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, тасдиқ мекунанд;
— доктринаи ҳарбӣ ва ҳаxми маблағxудокуниро аз буxет барои мудофиа тасдиқ мекунанд;
— шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарбӣ тасдиқ ва бекор мекунанд;
— рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунанд;
— матни Савганди ҳарбӣ, Оинномаҳои умумиҳарбӣ, байрақҳои xангӣ ва парчамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи мудофиа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шeрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиди таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми чораҳои заруриро мебинад. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тасдиқи Маxлиси намояндагон Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаҳои доктринаҳои ҳарбӣ, таклифҳоро оиди хайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ҳаxми хароxоти буxет барои мудофиа пешниҳод мекунад;
фаъолияти ташкилотҳои давлатиро дар соҳаи мудофиа бо ҳам мутобиқ мегардонад;
Шeрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ мекунад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян мекунад; (Қ ҶТ аз 29.11.00с, №23).
гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарбӣ шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
барои гузаронидани озмоишҳои махсуси аслиҳаву техника рухсат медиҳад;
консепсия ва нақшаҳои сохтмони ҳарбӣ, нақшаҳои сафарбаркунӣ, стратегӣ ва ғайраро, ки бо амалкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  алоқаманданд, тасдиқ мекунад;
бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои xобаxогузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, xобаxокунии объектҳои ҳарбиро тасдиқ менамояд;
ҳолати xанг, сафарбаркунии умумӣ ва xузъӣ, ҳолати ҳарбиро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маxлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон    пешниҳод мекунад;
ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалиёти ҳар­бӣ фармон медиҳад;
оиди истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуxудоӣ ё таҳдиди бавуxудоии задухeрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди xумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунад, фармонҳо медиҳад, ки баъдан ин қарорҳо дар  ҷаласаҳои якҷояи  Маx­лиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  тасдиқ карда мешаванд;
дар хусуси ташкил, аз дигар ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ дар ҳудуди шумораи муқарраркардаи Маxлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фармон медиҳад;
дар бораи муваққатан ё доимӣ ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  додани сохторҳои ҳарбӣ фармон медиҳад;
санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷорӣ мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд(ҚҶТ 12.05.2007,№248)
оиди даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хизмати ҳарбӣ фармонҳо мебарорад;
Низомномаро дар бораи  Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди ҳарбӣ оиди масъулияти моддии хизматчиёни ҳарбӣ барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалаҳое, ки дар қонунҳо мустақиман ишора шудаанд, тасдиқ мекунад номгeи мансабҳоеро, ки ба онҳо ҳайати олии афсарӣ таъин меша­ванд муқаррар мекунад;
нақшаи мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи  Маxлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
рутбаҳои олии ҳарбиро медиҳад;  (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №642).
барномаҳо ва нақшаҳои давлатии тараққиёти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар ҳаxми маблағҳои xудокардашуда тасдиқ мекунад;
сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад.
 
Моддаи 8. Ваколатхои Шeрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шeрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рeи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақомоти роҳбарии дастxамъона ба шумор меравад.
Ваколатҳои Шeрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи амният» ва Низомнома оиди Шeрои ам­нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешавад, муайян мекунанд.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ваколатҳои худ:
барои ҳолати қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  xавобгар аст;
ба фаъолияти мақомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, таxҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддӣ роҳбарӣ мекунад;
ҳаxми манбаъҳои моддию техникӣ, хeрокворӣ, амволу ашёи барои мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои ҳарбии дигар заруриро муайян мекунад;
таҳия ва иxрои нақшаву супоришҳои сафарбаркунӣ, нақшаҳои захи­раи манбаъҳои сафарбаркунӣ ва давлатиро ташкил мекунад;
ташкили инфраструктураи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар сохторҳои ҳарбиро таъмин менамояд;
ба мудофиаи гражданӣ, ҳудудӣ, омодагии сафарбаркунӣ, сафарбаркунии иқтисодиёт ва ба шароити замони xанг мувофиқ гардонидани он роҳбарӣ мекунад, доир ба масъалаҳои мазкур санадҳои меъёрии мувофиқ интишор мекунад;
дар соҳаи ҳарбӣ аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  шартномаҳои байналмилалиро оиди масъалаҳое, ки бевосита ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;
дар ҳудудӣ ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иxрои eҳдадориҳоеро  ташкил мекунад, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои мудофиа дарx шудаанд;
оиди таъмини иxтимоии хизматчиёни ҳарбӣ шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кори ташкилотҳои тобеъро ташкил менамояд;
барои ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои мудофиавӣ вобаста аз шароити меҳнат имтиёзҳо муқаррар мекунад;
тартиби супурдан, ба ичора додан, фурeхтан, барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ пешниҳод ва истифодаи заминҳо ва дигар манбаъҳои табиии барои мудофиа зарурро муқаррар мекунад;
коркард ва истеҳсоли аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, конверсия, рекон­версия ва тараққиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;
содирот ва воридоти аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ашёи стратегӣ, технологияи пешқадам ва маҳсулоти таъминоти гуногундараxаро назорат менамояд;
дар бораи ташкил, тағйири таъинот ва барҳам додани корхонаҳои давлатии мудофиа, ташкилотҳои тадқиқотӣ илмӣ ва озмоишии конструкторӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, кафедраҳои ҳар­бии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ қарор қабул мекунад, инчунин аз рeи ихтисосҳои ҳарбӣ тартиби тайёр кардани кадрҳои афсариро муайян менамояд;
Низомномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, оид ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ, дар хусуси баҳисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъҳои техника, дар бораи гузаронидани xамъомадҳои ҳарбӣ, оиди кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии кас­бӣ ва дигар низомномаҳоеро, ки ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад;
муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин меку­над.
(К ҶТ аз 29.12.10с, №642).
 
 
Моддаи 10. Ваколатҳои ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ дар ҳудуди ваколатҳои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.
Дар сохтори мақомоти ҳокимияти судӣ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ки ваколатҳои онҳо бо Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мегарданд.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барои ҳолати омодагии xангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъул аст;
мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати соҳаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ ме­намояд;
дар омода сохтани пешниҳодҳо дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
пешниҳодҳоро оиди лоиҳаи буxети ҳарбӣ омода месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод менамояд, дар хусуси истифодаи маблағҳои барои мудофиа xудогардида ҳисобот медиҳад;
таъминоти молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарби­ро ташкил мекунад ва ҳифзи иxтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати граж­дании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони аз хизмати ҳарбӣ xавобшуда ва аъзои оилаи онҳоро таъмин менамояд;
тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ ва ҳарбии ватандустии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва таъмин менамояд;
ба ташкилотҳои мададгори мудофиа ва клубҳои ҳарбии ватандeстӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои оинномавии онҳо ба манфиати мудо­фиа ҳамкорӣ менамояд;
дар асоси шартнома корҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоиши конструкториро дар соҳаи мудофиа, истеҳсол ва хариди аслиҳа ва техникаи ҳар­бӣ, озуқа, пeшока ва амволи дигар, манбаъҳои моддӣ ва ғайраҳо, инчунин корҳои пудратӣ ва хизматҳоро барои эҳтиёxоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсадҳо xудошуда фармоиш медиҳад ва маблағгузорӣ мекунад;
бо муассисаҳои ҳарбии дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад;
ба илми ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад, тадқиқоти илмии ҳарбӣ ташкил мекунад ва мегузаронад;
иxрои қонунгузориро дар соҳаи мудофиа дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин қонунгузории xории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти онҳо таъмин менамояд;
дар ҳудуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ менамояд;
дигар ваколатҳоро, ки дар асоси низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудааст, иxро мекунад.
муборизаро бар зидди терроризм аз xумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз xумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба амал мебарорад;
 
Моддаи 12. Ваколатҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи мудофиа
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тайёрии сафарбарӣ дар системаи вазоратҳо ва идораҳо роҳбарӣ менамоянд ва дар лоиҳаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иxтимоии соҳа оиди истеҳсоли маҳсулот ва молҳои таъиноти ҳарбӣ, сохтмони объектҳои мудофиавӣ, тайёр намудан ва такмил додани дониши ҳарбии қувваҳои дар эҳтиёт буда, xудо намудани маблағҳои даркории моддию молиявӣ барои эҳтиёxи мудофиа ва иxрои вазифаҳои сафарбарӣ фармоишҳои дахлдор пешбинӣ менамоянд;
ташкил, тараққӣ ва нигоҳдории иқтидорҳои сафарбарӣ, xамъоварии резервҳои давлатӣ ва сафарбариро анxом медиҳанд;
чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва иxрои онро аз тарафи сохторҳои идоракунӣ ва истеҳсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин мақсадҳо маблағ xудо мекунанд;
иxрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиа дар соҳа ва харxи маблағҳоеро, ки ба сохторҳои тобеъ барои мудофиа xудо карда мешаванд, назорат мекунанд.
Дигар ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз та­рафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегарданд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ барои ҳолати мудофиа, аз xумла му­дофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ масъуланд ва таъмини чорабиниҳои зеринро ба eҳда доранд:
иxрои ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа аз тарафи ташкилоту муассисаҳои тобеъ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ, бо об, қувваи барқию гармӣ, воситаҳои алоқа, хизматрасонии коммуналию манзилӣ ва ғайра;
иxрои чорабиниҳои ҳифзи иxтимоӣ-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, даъватшавандагон, шахсони eҳдадори ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба тавре, ки қонун муайян намудааст;
қайди ҳарбӣ ва тайёрии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, даъвати онҳо ба хизматм ҳарбӣ, xамъомадҳои ҳарбӣ ва сафарбарӣ;
иxрои барномаи гузаронидани иқтисодиёт ба низоми кории ҳолати xангӣ, xиҳозонидани қаламрави кишвар ба манфиати мудофиа;
иxрои нақшаю супоришҳои сафарбарӣ;
ҳифозати қабристонҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳои ҳарбие, ки хотираи шахсони дар роҳи муҳофизати Ватан ҳалокшударо абадӣ мегардонанд.
xудо намудани қитъаҳои замин барои эҳтиёxоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онҳо;
кeмак расонидан ба xойгиронӣ ва манзилгирии қeшун;
ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва идоракунии қeшун дар маҳалҳо оиди масьалаҳои мудофиа.
 
БОБИ 3.
ВАЗИФАҲОИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО, ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР,
ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИА
 
Моддаи 14. Вазифаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи мудофиа
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияташон мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фармоишҳои давлатӣ ва eҳдадориҳои шартномавиро оиди ташкил, истеҳсол, таъин ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, дигар амвол ва ресурсҳои ҳарбӣ, корҳои пудратӣ ва адои хизматҳо барои эҳтиёxи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ иxро мекунанд;
тадқиқоти илмӣ ва иктишофоти соҳаи мудофиаро анxом медиҳанд;
тибқи барномаҳои сафарбарӣ иқтидори резервҳои лозимаи сафарбариро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ медоранд, вазифаҳои ҳарбии нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар супоришҳоро иxро мекунанд;
дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ иштирок менамоянд;
ба коркунони худ барои иxрои eҳдадориҳои ҳарбиашон шароити мусоид фароҳам меоваранд;
барои эҳтиёxи мудофиа, ки тибқи Қонуни мазкур муайян гардидааст, хароxоти лозима мекунанд;
барои иxрои нақшаи гузаронидани иқтисодиёт ба кори шароити давраи xанг чораxeӣ мекунанд;
шаҳрвандонеро, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд ва eҳдадорони ҳарбиро ба қайди ҳарбӣ гирифта, кормандонро дар давраи xанг брон мекунанд.
Шахсони мансабдор тибқи мансаби ишғолкардаашон бояд вазифаҳои худро оиди масъалаҳои мудофиа, агар чунин вазифаҳо мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шуда бошанд, донанд ва иxро намоянд.
 
Моддаи 15. Вазифаҳои иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва ташкилотҳои мусоидати мудофиа
Иттиҳодияҳои xамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлатӣ роҳ надиҳанд, дар мустаҳкам гардонидани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарбӣ-ватандeстии шаҳрвандон кeмак расонанд аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар иxрои вазифаҳои сафарбарии замони xанг иш­тирок намоянд.
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз рeи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ масъуланд ва вазифадоранд, ки:
навъҳои варзиши техникӣ, авиатсионӣ, ҳарбӣ-амалӣ ва эxодиёти техникаи xавононро равнақ диҳанд;
дар асоси худмаблағгузорӣ тайёр намудани шахсони дорои ихтисосҳои оммавии техникаро, ки аҳамияти ҳарбӣ-амалӣ доранд, ба роҳ монанд;
дар вақти xанг дар таълими умумии ҳарбии аҳолӣ ва бо истифодаи имкониятҳои худ ҳал намудани вазифаҳои сафарбарӣ иштирок кунанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ки ба хароб намудани мудофиа ва тайёрии xангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ди­гар вазифаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона гардидааст, манъ аст.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи мудофиа
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи он вазифаи фахрӣ мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи қонун:
Eҳдадории ҳарбиро иxро мекунанд ё ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбии дохил мешаванд;
дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ иштирок мекунанд;
метавонанд корхонаву ташкилотҳои xамъиятӣ, ки барои мустаҳкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд:
дар вақти xанг бо талаби мақомоти амалкунандаи ҳокимият биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онҳост, бо роҳи минбаъд аз тарафи давлат xуброн кардани онҳо барои эҳтиёxоти мудофиа медиҳанд.
 
БОБИ  4.
ҚУВВАҲОИ  МУСАЛЛАҲИ  XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН ВА  ДИГАР                       
                   ВОҲИДҲОИ  ҲАРБӣ
 
Моддаи 17. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлатӣ мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии xумҳурӣ аз таxовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасозӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қув­ваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ муайян мегардад.
 
Моддаи 18. Воҳидҳои дигари ҳарбӣ
Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №642). (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
Дар замони xанг воҳидҳои ҳарбии номбурда ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил мешаванд.
 
БОБИ  5.
ҲОЛАТИ XАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБӣ. САФАРБАРКУНӣ
 
Моддаи 19. Ҳолати xанг. Замони xанг
Ҳолати xанг дар сурати ба хатари воқеӣ дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли таxовуз ё хатари таxовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати иxрои eҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегардад. Бо эълони ҳолати xанг ё оғози амалиёти ҳарбӣ замони xанг фаро мерасад. Оғози замони xанг рeз ва соати эъ­лони ҳолати xанг ё таxовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳисоб меёбад.
Анxоми замони xанг рeз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти ҳарбӣ ҳисоб меёбад.
Дар сурати таxовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шeрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳии ҳарбӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ эълони xангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани таxовуз тамоми чораҳоро андешанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1098)
 
Моддаи 20. Вазъияти ҳарбӣ
Вазъияти ҳарбӣ дар маҳалҳои xудогона ё дар тамоми қаламрави xумҳурӣ дар сурати эълони ҳолати xанг ё ҳангоми хатари воқеии амни­яти давлат, ки дар хатари таxовуз ё таxовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  xорӣ мегардад.
Бо xорй гардидани вазъияти ҳарбӣ ваколатҳои фармондеҳии ҳарбӣ васеъ мегардад, ба e вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иxроия дар соҳаи мудофиаи тибқи тартиби муайяннамудаи қонун мегузарад.
Дар давоми вазъияти ҳарбӣ барои манфиати мудофиа фаъолияту ҳуқуқи корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон маҳдуд гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ васеъ мегардад.
Вазъияти ҳарбӣ баробари бартараф шудани хатари таxовуз ё анxоми ҳолати xанг бекор карда мешавад.
Низоми ҳолати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегардад.
 
Моддаи 21. Сафарбарӣ
Бо эълони ҳолати xанг ё вазъияти ҳарбӣ сафарбарии умумӣ ё xузъӣ ба мақсади татбиқи чорабиниҳо барои гузаронидани мақомоти ҳокими­яти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони xанг, инчу­нин гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ташкил, ҳайат ва идоракунии қeшунҳо, ки барои замони xанг пешбинӣ гардидааст, эълон карда мешавад.
Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбарӣ тибқи қонунгузо­рии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегардад.
БОБИ 6
 МУДОФИАИ ГРАЖДАНӣ ВА ҲУДУДӣ
 
Моддаи 22. Мудофиаи гражданӣ
Мудофиаи гражданӣ ба мақсади ҳифзи аҳолӣ, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз харобшавӣ ва дигар хатарҳо, ки дар натиxаи амалиёти xангӣ, инчунин дар ҳолати офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, муромурии ҳайвонот ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ба амал меоянд, ташкил мегардад.
Таъинот, вазифаҳо, ташкил ва идоракунии мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегарданд.
 
Моддаи 23. Мудофиаи ҳудудӣ
Мудофиаи ҳудуди ба максади бастан, мудофиа ва муҳофизат кардани сарҳади давлатӣ, объектҳои муҳим ва роҳҳои алоқа аз ҳуxуми душман, мубориза бо десантҳои он ва гурeҳҳои диверсионӣ-иктишофӣ нигоҳ доштани тартиботи ҳолати ҳарбӣ ташкил мегардад.
Вазифаҳо ва ташкили мудофиаи ҳудудӣ, тартиби ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегардад.
БОБИ 7.
 ТАЪМИНОТИ  ИҚТИСОДИИ  МУДОФИА
 
Моддаи 24. Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа
Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа ба eҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузошта мешавад.
Барои омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инҳо пешакӣ ташкил ва истифода мешаванд:
иқтидори илмӣ-техникӣ ва қудрати истеҳсолӣ барои гузаронидани таҳқиқот, коркард ва ташкили истеҳсоли маводи таъиноти ҳарбӣ ва мудофиавӣ;
системаҳои ғункунии захираҳои моддӣ, манбаъҳои молиявӣ ва моддӣ;
системаҳои нархгузорӣ, андозҳо, қарзҳо, муxозоти иқтисодӣ, меъёрӣ ва иxрои фармоишҳои давлатӣ ва шартномаҳои хусусияти мудофиавӣ дошта;
системаҳои чорабиниҳо дар бобати омодагии сафарбарии иқтисо­диёт ва идоракунии он дар замони осоишта.
 
Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа
Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи мудофиа омeзиш ва бозомeзии кадрҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои ҳарбии таълимии таҳсилоти касбӣ ва дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ дар хориxа сурат мегирад.
Барои иxро намудани чорабиниҳо дар соҳаи мудофиа, аз xумла мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ дар назди вазоратҳо шӯъбаҳои махсус ва намояндагии ҳарбӣ ташкил мегарданд, ки ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мекунад.
 
Моддаи 26. Таъмини молиявӣ ва моддӣ-техникии мудофиа
Таъминоти молиявии эҳтиёxоти мудофиа, сохтмон ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар ҳудуди маблағе, ки дар буxети xумҳурӣ пешбинӣ шудааст ва таъминоти моддӣ-техникӣ ба таркиби ҳаққи аввалиятдорӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа
Объектҳои ҳарбӣ, ҳамаи навъҳои силоҳ, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти xангӣ ва дигар амволи ҳарбӣ-техникӣ моликияти xумҳуриявӣ ҳисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ мебошанд. Зимнан объектҳои ҳарбие, ки аз тарафи сохторҳои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истифодаи муваққатӣ (аз xумла ба иxора) дода шаванд.
Дар ҳолате, ки истифодаи объектҳои мудофиавӣ нолозим мегардад, ин объектҳо метавонанд тибқи шарту тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд, фурeхта шаванд.
 
Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектҳо ва амволи дигар ба­рои эҳтиёxоти мудофиа
Замин, дигар манбаъҳои табиии барои эҳтиёxоти мудофиа тибқи шарту тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, дода, зиёну талафи вобаста ба гирифта шудани замину манбаъҳои табиӣ барои эҳтиёxи му­дофиа xуброн карда мешаванд.
Ба идораҳои ҳарбӣ додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар амвол ва баргардонидани онҳо ҳамчунин мутобиқи тартибе сурат мегирад, ки қонунгузорӣ муайян кардааст.
 
БОБИ 8.
 EҲДАДОРИҲОИ  ҲУҚУҚИИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН  
 
Моддаи 29. Риояи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилали
Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми ташкил ва амалӣ кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи башар ва шартномаҳоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амалӣ кардани мудофиа бартарии санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро  дар соҳаи мудофиа ва амният нисбати қонунгузории миллӣ дар ин соҳаҳо эътироф мекунад.
Дар ҳолатҳои ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мувофиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба кор бурда мешаванд.
 
Моддаи 30. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дигар давлатҳо дар соҳаи мудофиа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳуқуқи мудофиаи инфиродӣ ва коллективӣ такя намуда, бо ди­гар кишварҳо дар соҳаи сохтмони ҳарбӣ ба мақсади таъмини мудофиаи якxоя аз таxовуз, нигоҳдории амният ва сулҳи байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
 
 
БОБИ 9.
 МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРӣ ОИДИ МУДОФИА
 
 
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани қонунгузорӣ оиди мудофиа
Агар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон қонуни мудофиаро иxро накунанд ва ё ба таври бояду шояд иxро накунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э.   РАҲМОНОВ    
                                                                                        
 ш. Душанбе,  4 ноябри соли 1995,
 №208                                                                                 
 
 
 
 
                                        Қ А Р О Р И
             МАXЛИСИ ОЛИИ XУМҲУРИИ Т0XИКИСТОН
 
Дар бораи тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мудофиа»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  1995, № 23-24, мод.367)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа аз рeзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 3 моҳ қарорҳои Ҳукуматро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад;
тибқи тартиби муқарраршуда барои мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории xумҳурӣ бо Қонуни мазкур таклифҳо пешниҳод намояд.
 
Раиси Маxлиси Олии
XумҳурииТоxикистон                                                                                                        
                                                                            С. РАXАБОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 1995,
№ 209

Илова кунед