Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда

03 Ноябр 1995, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1995 № 21, мод. 233; соли 1997, № 23-24, мод. 356;соли  2002, №4, қ-1, мод.254; соли 2005, №12, мод. 625; соли 2008, №10, мод.795 ; соли 2014,№7қ.1,мод.381)
 
 
Моддаи 1. Вазъияти фавқулодда тадбири муваққатӣ мебошад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳоро пешбинӣ менамояд ва муваққатан ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқи шахсони юридикиро маҳдуд намуда, ба зимми онҳо вазифаҳои иловагӣ мегузорад, ки тавассути ҳамин қонуни конститутсионӣ муқаррар карда мешаванд.
Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо xорӣ карда мешавад: (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
1) ҳангоми рeй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муромурии ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хатарноканд;
2) дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад;
3) ҳангоми кeшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зeрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
4)  ҳангоми сeиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад;
5) дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
 
Моддаи 2. Вазъияти фавқулодда дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад ва Фармон фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маxлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  пешниҳод карда шуда, ба Созмони Милали Муттаҳид хабар дода мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи xорӣ намудани вазъияти фавқулодда дар xаласаи якxояи Маxлиси милли ва Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати на дертар аз се рeз аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтанаш тасдиқ карда мешавад.
Қарори якxояи Маxлиси миллӣ ва Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи xорӣ намудани вазъияти фавқулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маxлиси миллӣ ва вакилони Маxлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд   қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
Маxлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда  пароканда намешавад.
Вазъияти фавқулоддаро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба мeҳлати то се моҳ xорӣ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мeҳлат метавонад аз xониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дароз карда шавад.
Дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-уми Конститутсия пешбинӣ шудаанд, маҳдуд карда намешавад. (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
 
Моддаи 3. Дар мавриди xорӣ намудани вазъияти фавқулодда сабабу асосҳои қабули чунин қарор, мeҳлат ва ҳудуди амали он зикр карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад онро пеш аз мeҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мeҳлати вазъияти фавқулоддаро дароз намояд, агар ҳолатҳое, ки боиси эълони вазъияти фавқулодда гардидаанд, бартараф нашуда бошанд.
Қарор дар бораи xорӣ намудан, дароз кардани мeҳлат ва ё бекор кардани вазъияти фавқулодда аз лаҳзаи қабулаш эътибор пайдо мекунад, агар тартиби дигаре махсус таъкид нашуда бошад ва фавран интишор мегардад.
 
Моддаи 4. Дар шароити вазъияти фавқулодда вобаста ба ҳолатҳои мушаххас мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ  метавонанд чунин тадбирҳоро андешанд:
1) муҳофизати тартиботи xамъиятӣ ва объектҳоеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва хоxагии халқро таъмин мекунанд, пурзeр намоянд;
2) шаҳрвандонро аз минтақаҳои барои зист хавфнок муваққатан кeчонда, ҳатман барояшон хонаҳои дигари истиқоматии доими ё муваққатӣ диҳанд;
3) низоми махсуси   дурафти шаҳрвандонро xорӣ намоянд;
4) ба шаҳрвандони xудогона дар мeҳлати муқарраршуда тарк  намудани маҳалли муайян ва хонаашонро (ҳавлиашонро) манъ кунанд, вайронкунандагони тартиботи xамьиятиро, ки сокинони маҳалли мазкур нестанд, аз ҳисоби худи онҳо ба маҳалли зисти доимиашон ё берун аз маҳалле, ки вазъияти фавқулодда эълон гардидааст, фиристанд;
5) аз шаҳрвандон силоҳ, лавозимоти xанги ва аз корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо – ҳамчунин техникаи таълимии ҳарбӣ, маводу масолеҳи таркандаю радиоактивӣ, маводи сахттаъсири кимёвӣ ва заҳрнокро муваққатан кашида гиранд; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
6) гузарондани маxлису гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоию намоишҳои кeчагӣ, ки бо мазмуни худ боиси ноустуворшавии вазъият мешаванд, ҳамчунин гуруснанишинӣ ва эътирозҳо, чорабиниҳои намоишӣ, варзишӣ ва дигар тадбирҳои оммавиро манъ кунанд;
7) барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тартиби махсуси корро xорӣ намоянд, ҳамчунин дигар масъалаҳои фаъолияти хоxагии онҳоро ҳал кунанд;
8) роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа сабукдeш кунанд, бо сабабҳои узрнок аз вазифа холӣ кардани коргарону хизматчиёнро манъ намоянд;
9) барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда захираю имкониятҳои корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо истифода намуда, баъдан мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағи онҳоро xуброн намоянд;
10) гузарондани корпартоиҳоро манъ кунанд;
11) шаҳрвандони қобили меҳнатро барои кор дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин барои бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулодда xалб кунанд ва бехатарии меҳнатро таъмин намоянд;
12) гардиши силоҳ, лавозимоти xангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири қимиёвӣ ва заҳрнок, инчунин машрубот ва спирти этилиро маҳдуд ё манъ кунанд, ба истиснои маводи доруворӣ; (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134) , (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
13) карантин xорӣ кунанд ва дигар тадбирҳои ҳатмии санитарию зиддиэпидемиявӣ андешанд;
14) истифодаи дастгоҳҳои нусхабардор, техникаи сабти аудио ва видеоӣ, инчунин дастгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷҳои радио, телевизион, шабакаҳои мобилӣ ва интернетро маҳдуд ё манъ кунанд, таҷҳизоти техникии садобаландкунандаро гиранд, ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма назорат кунанд, ҳангоми зарурат сензура ва дар интишори рўзномаҳо маҳдудият ҷорӣ намоянд; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
15) қоидаҳои махсуси истифодаи воситаҳои алоқаро xорӣ кунанд;
16) ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд кунанд ва онҳоро тафтиш намоянд;
17) соати комендантӣ xорӣ кунанд;
18) ташкил ва фаъолияти гурўҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандонро пешгирӣ кунанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
19) ҳуxxатҳои шаҳрвандонро тафтиш кунанд, дар мавридҳои зарурӣ, дар сурати мавxуд будани маълумот оиди дар дасти шаҳрвандон будани силоҳ,  лавозимоти xангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои пуртаъсири қимиёвӣ ва заҳрнок, азназаргузаронии шахсӣ, азназаргузаронии молу воситаҳои нақлиётро гузаронанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
20) ба дигар минтақаҳо бо мақсади паҳнкунӣ бурдан ва овардани маводӣ чопӣ, сабтҳои магнитӣ ва видеоиро, ки мазмуни онҳо ба номeътадилшавии вазъият, барангехтани низои миллӣ, итоат накардан ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ даъват менамоянд, манъ кунанд.
 
Моддаи 5. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, санадҳои мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иxроияи маҳаллии воҳидҳои дахлдори марзиву маъмуриро, ки дар он xо вазъияти фавқулодда эълон шудааст ва низоми вазъияти фавқулоддаро халалдор мекунанд, бекор кунад ё боздорад. (ҚҶТ аз 10.05.2002с.№33)
Барои танзими корҳои пешгирӣ ё бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва шаҳрҳо метавонанд мақомоти махсуси муваққатӣ ташкил намоянд.
 
Моддаи 6. Дар давраи вазъияти фавқулодда роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ коргарону хизматчиёнро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки бо шартномаи меҳнатӣ  пешбинӣ нашудааст, гузаронанд.
Дар давраи вазъияти фавқулодда принсипи интихобӣ будани роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мумкин аст риоя нашавад, агар онро манфиатҳои муътадил гардонидани вазъият талаб намоянд.
 
Моддаи 7. Дар давраи соати комндантӣ ба шаҳрвандон ба рухсатномаю ҳуxxатҳои махсусес, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, дар кeча ё дигар  xойҳои xамъиятӣ гаштан ё бе ин ҳуxxатҳо аз манзили худ дур будан манъ аст.
Шахсоне, ки тартиботи пешбинишудаи қисми якуми ҳамин моддаро  вайрон кардаанд, аз тарафи милиса ё посбонҳои ҳарбӣ то охири соати комендантӣ ва шахсоне, ки ҳуxxат надоранд, то вақти муайян шудани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарeз, дастгир карда мешаванд; дастгиршудагон ва ҳамчун чизу чораи онҳоро аз назар гузарондан мумкин.
 
Моддаи 8. Барои вайрон кардани талаботи бандҳои 3, 4, 6, 10, 12, 16,  20-уми моддаи 4, инчунин талаботи пешбиникардаи қисми якуми моддаи 7-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар барои ин вайронкуниҳо мувофиқи қонунҳои xории Ҷумҳурии Тоҷикистон  xавобгарии xиноятӣ пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
 
Моддаи 9. Барои паҳн кардани овозаҳои иғовгарона ва амалҳое, ки ба вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ сабаб мешаванд, ё низои миллиро бармеангезанд, барои фаъолона мамониат кардан ба ҳуқуқҳои қонунӣ ва вазифаҳояшонро ба амал баровардани шаҳрвандон ва соҳибмансабон, ҳамчунин барои қасдан итоат накардан ба амри қонунӣ ё талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчии ҳарбӣ, ё шахсони дигаре, ки вазифаи хизматӣ ё қарзи xамъиятиашонро оиди ҳифзи тартиботи xамъиятӣ адо мекунанд, ё ки амалҳои дигари ба ҳамин монанд, ки тартиботи xамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандонро халалдор мекунанд, ё худ барои вайрон кардани қоидаҳои назорати маъмурӣ дар маҳалҳое, ки вазъияти фавқулодда эълон карда шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
Протоколҳо оиди корҳои қонуншиканиҳои мазкур аз тарафи кормандони ба ин ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ё комендатураи маҳалли xудогона тартиб дода мешаванд.
Парвандаҳои оид ба қонуншиканиҳои пешбиникардаи моддаҳо 8 ва 9-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ аз тарафи судя ба тартиби муқарраркардаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мeҳлати то се шабонарeз баррасӣ карда мешаванд. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, то аз тарафи судя баррасӣ карда шудани парванда дар ҳабс нигоҳ дошта шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с.№1085)
 
Моддаи 10. Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва ташкилот айбдор мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба xавобгарии xиноятӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 11. Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ дода мешавад, ки дар шароити вазъияти фавқулодда тобеияти ҳудудии судии парвандаҳои гражданӣ ва xиноятиро, ки қонун муқаррар кардааст, тағйир диҳад.
 
Моддаи 12. Ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ё дар натиxаи иxрои корҳои пешгирӣ ё барҳамдиҳии ҳолатҳои фавқулодда заррар дидаанд, аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо манзилгоҳ xудо карда, зарари моддии дидаашон xуброн карда мешавад, ба онҳо барои бо кор таъмин шудан кeмак ва дигар ёрии зарурӣ расонида мешавад.
Шарту шароит ва тартиби додани манзилгоҳ, xуброн кардани зарар ва расонидани дигар ёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мекунад.
 
Моддаи 13. Дар мавридҳое, ки дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ вазифаҳои худро бояду шояд иxро намекунанд, ё ки онҳо ба фаъолияти зиддиконститутсуонӣ роҳ медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад чунин шакли махсуси идораи муваққатии ҷумҳурӣ ё қаламрави xудогонаи онро муқаррар намояд;
идоракунии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомот ё шахси мансабдоре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин мекунад, бо роҳи боздоштани ваколати мақомоти дахлдори ҳокимият ва идораи давлатӣ.
Таклифҳоро дар бораи xорӣ намудани шаклҳои махсуси идоракунӣ, инчунин мақомот ва соҳибмансабоне, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, пешниҳод карда метавонанд.
 
Моддаи 14. Шаклҳои махсуси идораро мақомоти зайл ба амал бароварда метавонанд:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути мақомоте, ки таъсис медиҳад ё шахси мансабдоре, ки таъин мекунад.
Қарор дар бораи истифодаи ин ё он мақомот ҳангоми амалӣ намудани шаклҳои махсуси идораи ҷумҳурӣ ё қаламрави алоҳидаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардида, аз ин хусус ба Маxлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
 
Моддаи 15. Ҳангоми xорӣ намудани шаклҳои махсуси идора сабабҳои қабул кардани чунин қарор, мeҳлат ва ҳудуди амали он нишон дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад амали шаклҳои махсуси идораро то гузаштани мeҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мeҳлати амали онҳоро дар сурати бартараф карда нашудани ҳолатҳое, ки барои xорӣ намудани ин шаклҳои махсуси идора асос шуда буданд, дароз кунад.
Амали шаклҳои махсуси идораи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида дар сурати пароканда кардани Маxлисҳои  маҳаллии вакилони халқМақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лаҳзаи интихоби ҳайати нави Маxлисҳои маҳаллии вакилони халқ ин ҳудудҳо ва ташкили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
Қарор дар бораи xорӣ намудан, бекор ё дароз кардани мeҳлати шаклҳои махсуси идора аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад, агар қоидаи дигаре махсус пешбинӣ нашуда бошад ва фавран интишор мешавад.
 
Моддаи 16. Мақомот ё мансабдороне, ки шаклҳои махсуси идораро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
чораҳои дар моддаи 4-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишударо амалӣ намоянд;
фаъолияти Маxлиси маҳаллии вакилони халқМақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боздоранд, муваққатан вазифаҳои онҳоро ба eҳда гиранд; (ҚҶТ аз 28.12.2005с.№134)
оид ба масъалаҳои тараққиёти давлатӣ, хоxагӣ ва иxтимоию мадании минтақаҳои тобеъ ба мақомоти олии ҳокимияту идораи давлатиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  таклифҳо пешниҳод намоянд.
Иxрои қарори мақом ё шахси мансабдоре, ки шаклҳои махсуси идораро  дар маҳалҳои алоҳида аз рeи масъалаҳои мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти онҳо тааллуқдошта амалӣ менамоянд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои xамъиятие, ки дар минтақаҳои дахлдорро воқеанд, ҳатмӣ мебошад.
Дар давраи амали шаклҳои махсуси идора ҳамчунин чораҳоеро татбиқ кардан мумкин аст, ки моддаҳои 5, 6, 7, 11, 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардаанд.
 
 
Моддаи 17
Ба шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда xалб карда мешаванд, маоши вазифавӣ ва маош барои рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ба андозаи ду баробар муқаррар карда мешавад. Як моҳи хизмати онҳо дар вақти амали вазъияти фавқулодда се моҳ ҳисоб гардида, ба собиқаи хизмати онҳо (стажи корӣ) дохил мешавад.
Доираи шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда xалб мегарданд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.
 
 
 
Президенти
ҶумҳурииТоҷикистон                                               Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 1995,
№94
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар хусуси тартиби дар амал xорӣ намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995,  №21, мод. 234)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» аз лаҳзаи ба табъ расиданаш дар амал xорӣ карда шавад.
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
дар хусуси бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқ гардонад;
дар мeҳлати се моҳ шарту тартиби ба шаҳрвандон xуброн намудани зарари дар вазъияти фавқулодда ба онҳо расонидашударо (моддаи 12 Қонун)  таҳия ва тасдиқ намояд.
 
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,  3 ноябри соли 1995,
№95

Илова кунед