Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд

07 Апрел 1995, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли1995, №7-8, мод. 69; соли 2011, №3, мод. 179;соли 2014,№11,мод.651)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба xо меоваранд, муқаррар менамояд.(ҚҶТ №1142, 27.11.14.)
 
 БОБИ 1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ
 
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гар­дидаанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гар­дидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
 
 
Моддаи 2. Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқӣ, иxтимоию иқтисодӣ, маданию маърифатӣ, ахлоқӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарест, ки xиҳатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
дар xамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
ба қайд гирифтани мазорҳои ҳарбиён, комплексҳои ёдбуд, ҷойҳои таърихии корнамоии шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онҳо;
тадбирҳои дигари ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд.
 
Моддаи 3. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Хотираи шаҳрвандони зайл бояд ҷовидон карда шавад:
шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иxрои вазифаҳои xангӣ ё худ вазифаҳои дигари хизматӣ баҳри муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми иxрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ё худ дар қаламрави давлатҳои дигар дар рафти иxрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) аз xароҳат, контузия, маъюбӣ ё беморӣ, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба, иxрои вазифаҳои дигари xангӣ бедарак шудаанд;
шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи муҳориба дучори асорат гашта, ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.
 
Моддаи 4. Ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандони хориxие, ки ҳангоми муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориxиеро, ки ҳангоми муҳофизати манфиату амниятӣ Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, пос медорад.
 
Моддаи 5. Ҷовидон гардонндвни хотираи қисмҳо, xузъу томҳои ҳарбӣ ва муҳорибагоҳҳо
Агар қисмҳо, xузъу томҳо ҳангоми муҳофизати Ватан корнамої карда бошанд, ҳамчунин муҳорибагоҳҳои, ки дар таърих чун рамзи қаҳрамонӣ, матонату мардонагии халқ машҳур гардида бошанд, лоиқи онанд, ки хотираи онҳо ҷовидон гардонда шавад.
 
Моддаи 6. Eҳдадории шаҳрвандон баҳри ҷовидон сохтани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Эҳтиром доштани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд, вазифаи муқаддас ва муҳофизати муҳорибагоҳҳое, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонидаанд, қарзи ҳар шаҳрванд аст.
Моддаи7. Шаклҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд.
Шаклҳои асосии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, инхоанд:
ҳифз ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён, рост кардани сангу муxассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектҳои дигари ёдбуд;
ҳифз ва ободу маъмур кардани масоҳати xудогона, ки таърихан бо корнамоии онҳое алоқаманданд, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
навиштани насаби онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онҳо дар китобҳои Ёдбуд; (ҚҶТ №1142, 27.11.14.)
таъсиси осорхонахои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, рост кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;
дар воситаҳои ахбори умум чоп кардани мақолаҳо аз корнамоии онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, эxод кардани асарҳои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онҳо;
гузоштани ному насаби касони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда ба маҳалҳо, кeчаю майдонҳо, иншоотҳои физикию географӣ, ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, аз xумла ба муассисаҳои маърифатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ; (ҚҶТ №1142, 27.11.14.)
шаҳрванди фахрии Ҷумҳурӣ ё худ воҳиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз xумла шаҳрвандони хориxие, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
муқаррар кардани санаҳои ёдбуд ва рeзи Ёдбуд.
Бо қарори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ё худ бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, тадбирҳои дигар низ андешидан мумкин аст.
 БОБИ 2.
МАЗОРИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ШУДААНД
 
Моддаи 8. Мазори ҳарбиён
Мазори шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, бо сангу муxассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панxара ва иншооту объектҳои дигараш мазори ҳарбиён мебошад.
Ба мазори ҳарбиён қитьаҳои гeри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ, қабристонҳои ҳарбӣ, қитъаҳои алоҳидаи гeри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ ва берун аз он, xойҳои афтодаи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бо сарнишинонашон мансубанд.
 
Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Xасади шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан бо адои эҳтиромоти ҳарбӣ дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол ба xо овардани расму оини динӣ манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, xиҳозондан ва зебу оро додани гeру қабристони шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок шудаанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ва мақомоти идораи ҳарбӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Xасади ҳарбиён бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї аз нав ба хок супурда, хешовандони онҳо ҳатман аз ин огоҳ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Xасади ҳарбиёни дар рафти муҳорибаҳо ҳалокгашта мутобиқи талаби ойинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳӣ дафн карда мешавад.
 
Моддаи 10. Ба қайд гирифтан, нигоҳубни ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён
Мазорҳои ҳарбиён бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо шарту тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ва дар қаламрави давлатҳои дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегиранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Ба ҳар мазори ҳарбиён нишони ёдбуд рост карда, ҳуxxат тартиб дода мешавад.
Мазорҳои ҳарбиён мутобиқи низомномаҳои Конвенсияи муҳофизати қурбониёни xанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалї нигоҳубин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён, ки дар қаламрави Ҷумҳурӣ воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатї ва xамоатҳост. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигар аз рeи тартиби дар қарордоду созишномаҳои-байнидавлатӣ муайянгардида нигоҳубин ва ободу маъмур карда мешаванд.
 
Моддан 11. Эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён
Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Мазорҳои ошкоргардидаи ҳарбиён то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо мувофиқи талабҳои ҳамин Қонун ҳифз карда мешаванд.
Лоиҳаҳои ба нақша гирифтан, сохтан ва навсозии шаҳру маҳалҳои дигар, иншоотҳои бинокорӣ бо назардошти ҳифзи мазорҳои ҳарбиён тартиб дода мешаванд.
Корҳои заминканӣ, сохтмон, роҳсозӣ ва uайра, ки дар натиxаи онҳо мазорҳои ҳарбиён осеб дида метавонанд, танҳо бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ва мақомоти идораи ҳарбӣ ба xо оварда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
 
Моддаи 12. Барқарор кардани мазорҳои ҳарбиён
Мазорҳои харобгардидаи ҳарбиён, объекту иншоотҳои ёдбуде, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї барқарор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
 
 БОБИ 3.
КОРҲОИ XУСТУXEӣ
 
Моддаи 13. Ташкили корҳои xустуxeӣ
Корҳои xустуxeиро иттиҳодияҳои xамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани мазорҳои номаълуми ҳарбиён ва осори xасадҳои гeрнашуда, муқаррар кардани номи шаҳидон ё худ бедаракшудагон ба xо меоваранд.
 
Моддаи 14. Тартиби иxрои корҳои xустуxeӣ
Корҳои xустуxeӣ дар қаламрави Ҷумҳурӣ аз рeи тартиби дар ҳамин Қонун муайянгардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xо оварда мешаванд.
Корҳои xустуxeӣ дар хоки давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи қарордодҳои (созишномаҳои) байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида мешаванд.
 
Моддаи 15. Тартиби сарукордорӣ бо объектҳое, ки дар рафти корҳои xустуxeӣ ёфт шудаанд
Xасади шаҳидоне, ки дар рафти корҳои xустуxeӣ ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Қонун ба хок супурда, мазорҳои ёфтгардидаи пештар номаълуми ҳарбиён баъди тадқиқ намудан, ба ҳисоб гирифтан ва қайд кардан аз тарафи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї бо иштироки қисмҳои ҳарбии воқеи ин ё он қаламрав ободу маъмур карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Аслиҳа, ҳуxxат ва молу мулки дигари ёфташудаи шаҳидон санад карда, ба мақомоти идораи ҳарбии маҳалли дарёфти онҳо барои тадқиқу омeзиш ва бақайдгирӣ супурда мешаванд. Дар ин ҳол ҳуxxат, чизҳои шахсӣ ва мукофотҳои шаҳидонро ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва аслиҳаи оташфишонро ба мақомоти корҳои дохилӣ медиҳанд. Силоҳи оташфишон ва силоҳи дигарро баъди барои истифодаи xангӣ корношоям кардани онҳо метавон барои намоиш ба осорхона супурд. (ҚҶТ №1142, 27.11.14.)
Дар бораи пайдо кардани чизҳое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба мақомоти идораи ҳарбӣ хабар дода мешавад, ки онҳо бо тартиби муқарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онҳо чора мебинанд.
 
 БОБИ 4.
МАҚОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНXОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 16. Мақомоти идораи давлатии анxомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Роҳбарии кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ва xамоатҳо ташкил карда, ба xо меоваранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти анxомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, роҳбарӣ менамояд;
барномаи даалатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуxxатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳидон андешида мешаванд, тартиб медиҳад, барои ин тадбирҳо xудо кардани маблаuро муайян менамояд;
таклифу пешниҳоди шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, баррасӣ менамояд ва дар роҳи иxрои онҳо тадбирҳо меандешад; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
бо давлатҳои дигар оиди нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён ҳамкори мекунад, лоиҳаи қарордоду созишномаҳоро оиди статуси мазорҳои ҳарбиён ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар хоки давлатҳои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд;
аз як марказ ба қайд гирифтан ва тартиб додани ҳуxxати мазорҳои ҳарбиёнеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз xумла мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигарро ташкил мекунад;
ба корҳои нашри китоби Ёдбуд роҳбарӣ мекунад.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
нақшаю барномаҳои кори ёдбуди ҳарбиро тартиб медиҳад;
мазорҳои ҳарбиён ва низомиёни ҳалокшударо ба қайд мегирад;
тадбирҳои ба роҳ мондани кори xустуxeӣ ва тартиб додани ҳуxxати мазорҳои ҳарбиёнро танзим мегардонад;
дархости шаҳрвандонро оиди муайян кардани қисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онҳо баррасӣ менамояд, дар таҳияи лоиҳаи созишномаҳои байналхалқӣ оиди статуси мазорҳои ҳарбиён, тартиби ба xо овардани корҳои xустуxeӣ дар қаламрави ин давлатҳо, дар ташкили тартиби корнамоии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, дар дафни xасадӣ хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунад;
дар таҳияи маводи китобҳои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобҳои Ёдбудро муайян мекунад.
Мақомоти маҳаллии идораи ҳарбӣ:
дар корҳои дафни (аз нав ба хок супурдани) xасадӣ муҳофизони Ватан ширкат меварзанд;
ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї, иттиҳодияҳои xамъиятӣ дар корҳои xустуxeӣ ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори xасадҳои шаҳидон ва ободу маъмур сохтани мазори ҳарбиён кeмаки амалӣ мерасонанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои xустуxeӣ ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуxxат тартиб медиҳанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд, ба ҳисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онҳоро месанxанд;
барои муқаррар кардани маълумоти оид ба шаҳидон ва бедакашудагон кор мебаранд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
кормандони ҳалокгардидаи худро ба қайд мегирад;
дар муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи  Кумита  муайян мекунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:  
ҳангоми корҳои xустуxeӣ тартиботи xамъиятиро таъмин менамояд;
аслиҳаи оташфишонро, ки дар рафти корҳои xустуxeӣ ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул карда мегирад;
хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қeшуни дохилӣ, аскарони қаторӣ ва сардорони ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;
дар муқаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.
Вазорати корҳои хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
лоиҳаи қарордоду созишномаҳои байнидавлатии эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиёнро дар қаламрави давлатҳои дигар тартиб медиҳад ва дар амалӣ гардонидани ин қарордоду созишномаҳо иштирок менамояд;
барои муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти муҳорибаҳо, xангҳои мусаллаҳона ва ҳангоми иxрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар хоки давлатҳои дигар тадбирҳо меандешад ва оиди мазорҳои ҳарбиён дар қаламрави давлатҳои дигар ҳуxxат тартиб медиҳад;
бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо мазорҳои ҳарбиён воқеъ гардидаанд, масъалаҳои дар мазорҳо рост кардани нишонҳои ёдбуд, ҳамчунин масъалаҳои маъмуру обод сохтани онҳоро мувофиқа менамояд;
тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорҳои ҳарбиёнро, ки дар хоки давлатҳои дигар шаҳид гаштаанд, танзим менамояд;
тартиби ба зиёрати мазори шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онҳоро муқаррар мекунад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
барои чопи китобҳои Ёдбуд заминаи табъу нашр муҳайё мекунад;
таблиuу тарuиби корнамоии шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба роҳ мемонад, нашри рeйхати шаҳидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои xустуxeӣ ёфт шудаанд, барои воситаҳои ахбори  омма таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
гузаронидани тадбиру чорабиниҳоро барои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ташкил мекунад;
Дар сохтмони муxассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорҳои ҳарбиён, навсозии сангу муxассамаи мазор, таснифу тартиб додани ҳуxxати мазорҳои ҳарбиён ширкат менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї ва ҷамоатҳо: (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
барномаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ба нақша мегиранд ва амалӣ мегардонанд;
барои нигоҳубин ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, иншооту объектҳои ёдбуди воқеи қаламравашон, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо андешида, амалӣ месозанд;
ҳуxxати мазорҳои ҳарбиёнро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;
иттиҳодияҳои xамъиятиро барои корҳои xустуxeӣ xалб менамоянд;
бо ташкилотҳои давлатҳои дигар барои эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён алоқа муқаррар намуда, ҳамкорӣ мекунанд;
барои мазорҳои нави ҳарбиён замини эҳтиётӣ xудо менамоянд;
ба нашри китобҳои маҳаллии Ёдбуд роҳбарӣ мекунанд.
 
 БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВЇ
 
Моддаи 18. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидонгардонии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Хароxоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз xумла хароxоти ободу маъмур кардани минтақаю иншоотҳои xудогонае, ки таърихан бо корнамоии муҳофизони Ватан алоқаманданд, ҳамчунин хароxоти ташкили намоишҳо ва тадбирҳои дигар аз ҳисоби буxетҳои маҳаллӣ, фондҳои uайрибуxетӣ, инчунин аз ҳисоби саҳмияи ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеї ва ҳуқуқї буда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
Барои хароxоти xорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷовидон сохтани хотираи шаҳидони роҳи Ватан меандешад, маблаu аз буxети Ҷумҳурӣ xудо карда мешавад.
Барои нигоҳубин ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, ки дар хоки давлатҳои дигар воқеанд, маблаѓ дар асоси қарордоду созишномаҳои байнидавлатӣ харx карда мешавад.
Тартиби таъминоти моддию техникии бо ҳамин Қонун пешбинишудаи тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 19. Ҷавобгарї барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеї ва ҳуқуқї барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарї кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №712).
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душвшбе,  7 апрели соля 1995,
№61
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди тартиби ба мавқеи иxро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидааид»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли1995, №7-8, мод. 70)
 
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», аз рeзи чоп гардиданаш ба мавқеи иxро гузошта шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ: дар хусуси ба қонунгузорӣ дохил кардани таuйироту иловаҳои лозимаи вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», таклифҳо пешниҳод намояд;
ҳуxxатҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукуматро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад;
ба Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш диҳад, ки ҳуxxатҳои меъёрию ҳуқуқии нашркардаашонро ба Қонуни мазкур мутобиқ созанд.
 
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,  7 апрели соли 1995,
№62

Илова кунед