Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ

01 Декабр 1994, Панҷшанбе

(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 1994, № 23-24, мод. 462;  Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, № 4, мод. 62 фасли V; соли 1 998, № 10, мод.119; соли  2002, № 4 қ-1, мод.161; соли 2003, № 4, мод.142,
 соли 2008, №6, мод.452; соли 2009, №3, мод.92, соли 2014,№11,мод.660, соли 2015,№12қ1,мод.1110)
 
Боби 1.
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Шахсоне, ки амали  Қонуни мазкур  нисбати онҳо татбиқ мегардад
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд: (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1151)
а) сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
шахсоне, ки хамчун афсар ва прапоршик ё аз рeи қарордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кeшуни cарҳаддӣ ва дохилӣ, кeшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва оилаҳои онҳо;
шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёдамeҳлат, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кeшун ва мақомоти бехатарии давлатӣ, қӯшунҳои дохилӣ ва роҳиоҳанӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди XШС хизмати ҳарбиро ба xо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос; (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд – судяҳои суди ҳарбӣ) ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264) 
шахсони дар моддаи 4-уми ин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо — ба шарте ки дар аҳдномаҳо (созишномаҳо) оиди таъми­ни иxтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё собиқ Иттиҳоди XШС бо он давлатҳо бастааст, ба роҳ мондани таъмини нафақаи онҳо тибқи қонунгузории давлате, ки дар қаламрави он номбаршудагон зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шуда бошад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
б) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати афсар, прапоршик ва мичман ё аз рeи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кeшунҳои cарҳадӣ, дохилӣ ва воҳид­ҳои алоқаи ҳукуматӣ, кeшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва кашфи хориxӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди XШС, ки мувофиқи қонун ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро ба xо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос, ки маскуни давлатҳои собиқ xумҳуриҳои ИXШС буда ва ин давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намебошанд, агар дар қонунгузориҳои давлатҳои мазкур таъмини нафақаи ашхоси номбурда дар асоси барои шахсони хизмати ҳарбиро баxооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Таъмини нафақаи шахсони ҳайати кироя, кормандони техникӣ ва хизматрасони Қувваҳои Мусаллаҳ, қeшун ва мақомоти дар қисми якуми  ҳамин модда номбаршуда дар асоси шароиту тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ мегардад.   (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин кардани нафақа ба ашхосе, ки хизмати ҳарбиро ба xо овардаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо
Таъмини нафақаи ашхосе, ки аз рeи даъват ба сифати аскар, сержант ва старшина (пештар хизмати ҳақиқии мeҳлатдори ҳарбӣ) дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбии дар банди «а»-и қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда хизмати ҳарбиро ба xо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъ­мини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Бо хоҳиши шахсони дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи шароит ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мумкин аст, ки нафақа таъин карда шавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҳамчунин ба собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнаму­даи қонунгузорӣ аз рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус маҳрум карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо дар сурати мувофиқи  Қонуни мазкур ба таъмини нафақа ҳуқуқ доштанашон нафақа таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онҳо аз ҳисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъин ва пардохти нафақаашон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 3. Шахсоне, ки дар таъмини нафақа ба шахсони ҳамчун афсар ё аз рeи қарордод хизмати ҳарбиро баxооварда баробар карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсоне, ки дар давраи Xанги Бузурги Ватанӣ дар отряд ва воҳидҳои партизании шуравӣ дар мансабҳои фармондеҳии ба мансабҳои аз xониби афсарон ишuолшаванда мувофиқбуда хизмат кардаанд ва аҳ­ли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони ба сифа­ти афсар хизмати ҳарбиро баxооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбии зиёда аз мeҳлат (собиқ хизмат­чиёни ҳарбии зиёдамeҳлат) мондаанд, занҳое, ки ба таври ихтиёрӣ дар мансабҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина (собиқ хизматчиёни ҳарбӣ — занон) хизмати ҳарбиро ба xо овардаанд, ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони аз рeи қарордод ба сифа­ти сарбоз, матрос, сержант ва старшина хизмати ҳарбиро адокарда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
 
Моддаи 4. Таъмини нафақаи ашхосе, ки хизмати ҳарбиро, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ дар дигар давлатҳо ба xо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо 
Таъмини нафақаи шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда, ба сифати афсар, прапоршик, мичман, хизматчии ҳарбии зиёдамeҳлат, ё дар асоси қарордод ба ҳайси сарбоз, матрос, сер­жант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, (артиш, кeшун), мақомоти бехатарӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбии дар асоси қонунгузорӣ ташкилшуда хизмати ҳарбиро адо кардаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ хизмат кардаанд, шахсоне, ки рутбаҳои махсус дошта, дар мақомоти гумрук, xузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд, инчунин судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дигар давлатҳо, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИXШС дар бораи таъминоти иxтимоӣ аҳднома (созишнома) бастаанд, инчунин аҳли оилаҳои шахсони мазкур мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин аҳдномаҳо (созишномаҳо) ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 5. Намудҳои нафақа
Шахсони дар қисми якуми  моддаи 1  ҳамин Қонун зикршуда барои нафақаҳои зайл ҳуқуқ пайдо мекунанд:
а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ ва дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
б) барои маъюбӣ, агар онҳо дар шароите, ки Қонуни мазкур пеш­бинӣ кардааст, маъюб шуда бошанд.
Ҳангоми ҳалокат ё вафоти ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда оилаи онҳо дар сурати мавxуд будани шароити дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
Оилаи нафақахeрони вафоткарда аз зумраи ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда дар асосҳои умумӣ бо оилаи ашхосе, ки дар давраи адои хизмат вафот кардаанд, бо гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
 
Моддаи 6. Татбиқи ҳуқуқ барои таъмини нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да, ки барои таъмини нафақа ҳуқуқ доранд, баъди xавоб шудан аз хиз­мат нафақа таъин карда ва дода мешавад. Ба ин шахсон нафақа ба са­баби маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан ба оилаҳои онҳо, сарфи назар аз давомнокии хизмат, таъин карда мешавад.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да ва аҳли оилаи онҳо, ки дар як вақт ба нафақаҳои гуногуни давлатӣ ҳуқуқ доранд, бо интихоби онҳо як нафақа таъин карда мешавад.
 
 
Моддаи 8. Таъмини нафақаи ашхосе, ки ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да, ки ҳангоми таркондан ва озмудани силоҳи хастаӣ (ядроӣ) ё дар натиxаи садама дар объектҳои хастаии таъиноти гражданӣ ва низомӣ, ҳамчунин ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои ин садамаҳо ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо шартҳои иловагии имтиёзноки таъин кардани нафақа дода шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи иxтимоии шаҳрвандон ба таъсири радиатсионӣ гирифторшуда ба нафақа, ёрдампулӣ ва xубронпулии онҳо иловапулӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1151)
 
Моддаи 9. Додани ёрдампулӣ
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, нафақахeрон — маъюбон аз зумраи ин шахсон, ки аз хизмат xавоб дода шудаанд ва ба аъзои оилаҳои нафақахeрони вафоткарда ёрдампулӣ аз рeи тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
 
Моддаи 10. Маблаuҳо барои пардохти нафақа
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо (ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда) аз ҳисоби маблаuҳои буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 11. Мақомоте, ки таъмини нафақаро амалӣ менамоянд.
Таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо вобаста ба xои охирони хизмати онҳо аз тарафи мақомоти зерин ба амал бароварда мешавад: (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1151)
а) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати хизматчиёни ҳарбии аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобдодашуда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд (ба uайр аз сохторҳои дар бандҳои «б», «г», ва «д»-и ҳамин модда номбаршуда), шахсони дар қисми якуми моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикршуда, инчунин оилаҳои онҳо; (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати хизматчиёни ҳарбии аз кeшунҳои дохилӣ рухсатшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон xавоб додашуда, инчунин аҳли оилаи онҳо;
в) Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати хизматчиёни низомии аз мақомоти амният ва сохторҳои ҳарбии таҳти тобеъияти идоравии ин вазорат xавобшуда, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
г) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — нис­бати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти гумрук xавоб шу­даанд, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
д) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳие, ки аз муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, инчунин оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 22.04.2003 с. №12)
е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
ж) Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агенти xавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 03.05.2002 с. №2)
з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;
и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
Таъмини нафақаи категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбии аз хизмат xавобшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ, мақомоти гумрук,  мақомоти суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбии собиқ Иттиҳоди XШС, дигар давлатҳо ва оилаҳои онҳо, ки дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд, мувофиқи мансубияти идоравии номбаршудагони ҳамин модда амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 12. Ёрии иxтимоӣ ба нафақахeрон
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳо дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳақ, доранд, ки аз ҳисоби буxетҳои дахлдори вилояти мухтор, вилоят, шаҳр ва ноҳия ба нафақаҳои мувофиқи ҳамин Қонун таъиншаванда иловапулиҳо, ба нафақахeрон аз xумлаи шахсони дар банди «а»-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикр шуда ва ба аҳли оилаи онҳо намудҳои иловагии таъминоти моддӣ ва имтиёзот муқаррар намоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1151)
 
 Боби 2.
НАФАҚА БАРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТӣ
 
Моддаи 13. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаро аз рeи собиқаи хизмат муайян мекунанд
Барои аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршудаки то рўзи аз хизмат ҷавоб шуданашон дар хизмати ҳарбӣ ва (ёхизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣгумрукАгентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонвоҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат дорандҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 14. Андозаи нафақа 
Андозаи нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршудаки 25 сол собиқаи хизмат доранд, 65 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва барои ҳар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблағи таъминоти пулӣвале ҷамъан на зиёда аз 80 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, муқаррар карда мешавад.
Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва инчунин дар хизмати давлатӣ ба хизмат таъин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, нафақаи онҳо қатъ карда мешавад ва ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат дар рўзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 15. Андозаҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди ақалли нафақа
Андозаи ҳадди ниҳоии нафақа барои собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Нафақа барои собиқаи хизматӣ, ки тибқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад, аз андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол (пиронсолӣ), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад. (ҚҶТ аз 18.06.2008 с. №394)
 
Моддаи 16. Зиёд кардани андозаи нафақа аз рeи собиқаи хизмат ба шахсоне, ки дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд, нафақа аз рeи собиқаи хизмат ба андозаи ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ, ки банди «а»-и моддаи 23-юми ҳамин Қонун барои маьюбон аз xумлаи ин шахсон аз рeи гурeҳи дахлдори маъюбӣ пешбинӣ намудааст, зиёд карда мешавад. Зиёдкунии мазкурро дар як вақт бо афзоиши пешбининамудаи бандҳои «г»- ё «д»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардан мумкин аст.
 
Моддаи 17. Иловапулиҳо ба нафақа аз рeи собиқаи хизмат.
Ба нафақа аз рeи собиқаи хизмат, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда таъин карда мешавад (аз xумла ба нафақаи ҳадди ақал ҳисоб кардашуда), иловапулиҳои зайл ҳамроҳ карда мешавад:
а) ба нафақахeрон — маъюбонӣ гурeҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, ҳамчунин ба нафақахeроне, ки аз рeи вазъи саломатӣ тибқи хулосаи *муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кeмак,  назорати) доимии шахси дигар эҳтиёx доранд, — барои нигоҳубин кардани нафақахeр ба андо­заи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рeи синну сол, ки дар банди авва­ли моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст ва онро қонунгузо­рии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
б) ба нафақахeрони кор намекардагии ба синни 55-солагӣ расида ё маъюб буда, ки дар таъминоташон аьзои uайри қобили меҳнати оилаҳои дар модаҳои 29, 31, 33, 34-уми ҳамин Қонун зикршуда доранд, — ба ҳар сари онҳо, вале на зиёда ба се аъзои uайри қобили меҳнати оила, ба андозаи 50 фоиз, ба узви uайриқобили меҳнати оила, ки маъюбӣ гурeҳи 3 мебошад, — 30 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми ав­вали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст. Дар сурати дар як вақт доштани ҳуқуқ ба нафақаи иxтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақа нисбати узви uайри қобили меҳнати оила, ба яке аз аъзои оила нафақаи иxтимоӣ таъин карда ё ба нафақа барои ин узви оила иловапулӣ ҳамроҳ кардан мумкин аст.
Иловапулии дар банди «а»-и ҳамин модда нишондодашуда ба нафақаҳои нафақахeроне, ки ба зиёд кардани нафақаи пешбининамудаи моддаи 16-уми ҳамин Қонун ҳуқуқ доранд, ҳисоб карда намешавад.
 
Моддаи 18. Ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа
Ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа мувофиқи моддаи 13-уми ҳамин Қонун инҳо ҳисоб карда мешаванд: хизмати ҳарбӣ; хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ; хизмат дар отряди партизании шeравӣ; хизмат дар мақомоти гумрук, xузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат дар  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ; мeҳлати кор дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ; вазорату идораҳо ва ташкилотҳои гражданӣ ва ҳамзамон боқи мондан дар хизмати ҳарбӣ ё дар кадрҳои вазоратҳову идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон; вақти дар асирӣ будан, агар асирӣ ихтиёрӣ набошад ва хизматии харбӣ ҳангоми асир буданаш ба Ватан xиноят накарда бошад; мeҳлати сипарӣ кардани xазо ва дар ҳабс будани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаю мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои полиси андоз, судяҳои суди ҳарбӣкормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки беасос ба xавобгарии xиноятӣ кашида шудаанд ё табъид шуда, баъдан сафед карда шудаанд. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Давраи хизмат дар шароити махсус бояд ба со­биқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда ба ҳисоби ймтиёзнок дохил карда шавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1151).
Тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ба собиқаи хизматии умумӣ барои таъин намудани нафақа ба шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ҳисоб намудани собиқаи ғайринизомӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
 Боби 3.
НАФАҚАИ МАЪЮБӣ
 
Моддаи 19. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаи  маъюбиро муай­ян мекунанд
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки маъюб шудаанд, ба нафақаи маъюбӣ ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар давраи хизмат ё то семоҳи баъди аз хизмат xавоб шудан ё агар онҳо баъди ин мeҳлат дар натиxаи захм, контузия, маслуқӣ ё касалии дар давраи хизмат гирифтор шудаашон маъюб шуда бошанд.
 
Моддаи 20. Муқаррар кардани маъюбӣ
Гурeҳ, ва сабабҳои маъюбӣ, инчунин вақти расидани маъюбшавиро комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) муқаррар менамояд, ки он дар асоси Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда амал мекунад.
Вобаста ба дараxаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ маъюбон ба 3 гурeҳ тақсим карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Категорияҳои маьюбон                           
Маъюбон аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда вобаста ба сабабҳои маъюбӣ ба категорияҳои зерин тақсим карда мешаванд:
а) маъюбон дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ — шахсоне, ки дар натиxаи захмдоршавӣ, контузия ё маслуқшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё иxрои дигар вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазоифи хизматӣ) ва ё дар натиxаӣ касалии вобаста ба давраи xанг ё адои хизмат дар хориxа — дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти xангӣ сурат гирифтаанд, маъюб шудаанд. Ба маъюбон дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ ҳамчунин собиқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиxаи захмдоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё касалии дар давраи асирӣ (дар сурати риояи шартҳои пешбининамудаи қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун) ё дар давраи ба сифати тарбиягиранда ва юнга (малоҳписар) дар артиши амалкунанда будан гирифтор шуда, маъюб гардидаанд, дохил мешаванд.
б) маъюбон дар натиxаи касалӣ, ки дар давраи хизматӣ ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд, — шахсоне, ки дар натиxаи ҳодисаи нохуше маъюб шудаанд  ба иxрои вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) вобаста нест ва ё дар натиxаи касалие маъюб шудаанд, ки ба иштирок кардан дар фронт ё хизмат дар хориxа дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти xангӣ сурат гирифтаанд, вобастагӣ надорад.
 
Моддаи 22. Андозаи нафақаҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур нишон додашуда нафақаи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
а) ба маъюбони гурeҳҳои 1 ва 2-юми дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ — 85 фоиз, гурeҳи 3—50 фоизи маблаuи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст;
б) ба маъюбон дар натиxаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшудаи гурeҳҳои 1 ва 2—75 фоиз, гурeҳи 3—30 фоизи маблаuҳои дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешби­нӣ шудааст.
 
Моддаи 23. Андозаҳои ҳадди ақали нафақа
Нафақаи маъюбӣ ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда набояд аз андозаҳои зайл камтар бошад:
а) барои маъюбони гурeҳҳои 1 ва 2 дар натиxаӣ xароҳати ҳарбӣ— 200 фоиз, гурeҳи 3—100 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи синну сол, ки дар қисми 2-юми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
б) барои маъюбони гурeҳи 1 ва 2 дар натиxаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшуда — 100 фоиз, гурeҳи 3—80 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи синну сол, ки дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
 
Моддаи 24. Иловапулиҳо ба нафақа бинобар маъюбӣ
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки маъюбӣ гурeҳи 1 дониста шудаанд ё ба синни 80-солагӣ расидаанд ё мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кeмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёx доранд, инчунин ба маъюбони кор намекардагии гурeҳи 1 ва 2-и дар таъминоташон аъзои uайриқобили меҳнат дошта ба нафақаи бинобар маъюбии ба онҳо таъиншаванда (аз xумла ба нафақаи ҳадди ақал, ки ҳисоб шудааст) мувофиқи тартибу андозаҳое, ки моддаи 17-уми Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, иловапулӣ зам карда мешавад.
 
Моддаи 25. Даврае, ки барои он нафақа аз рeи маъюбӣ таъин кар­да мешавад
Ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда нафақа аз рeи маъюбӣ барои давраи маъюбии комиссияи экспертизаи тиббию меҳнатӣ муқаррарнамуда, ба мардони маъюбӣ аз 60-сола боло ва занони маъюби аз 55-сола боло бошад, барои як умр, бо роҳи аз нав муоина кар­дан фақат бо аризаи шахсиашон дода мешавад.
Дар мавриди қобили меҳнат донистани нафақахeре, ки ба синни дар ин модда зикршуда нарасидааст, нафақа ба вай то охири моҳе дода ме­шавад, ки eро қобили меҳнат донистаанд, вале на бештар аз рeзе, ки то он маъюбӣ муқаррар карда шудааст.
 
Моддаи 26. Таuйир додани андозаи нафақа ҳангоми аз нав дида баромадани гурeҳи маъюбӣ
Ҳангоми аз нав дида баромадани гурeҳи маъюбӣ мутаносибан ан­дозаи нафақа низ таuйир меёбад. Агар дар натиxаӣ xароҳати ҳарбӣ маъ­юбии шахси маъюб вобаста ба касалии умумӣ, маслукии меҳнатӣ ё бемории касбӣ авx гирад, нафақа аз рeи гурeҳи нави маъюбӣ бо маҳфуз доштани сабаби пештараи он аз нав ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 27. Боздоштан ва аз нав оuоз намудани пардохти нафақа ҳангоми гузаштани мeҳлати муоинаи такрорӣ
Агар маъюб аз зумраи шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда дар комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ) са­ри вақт аз муоинаи такрорӣ нагузарад, пардохти нафақаи таъиншуда аз рeзе, ки то он ба вай маъюбӣ муқаррар карда шудааст, боздошта ме­шавад, дар мавриди аз нав маъюб донистани вай аз рeзи ба e аз нав муқаррар намудани маъюбӣ нафақаи таъиншуда пардохта мешавад.
Дар сурати аз мeҳлати муоинаи такрорӣ бо сабаби узрнок дер кардани маъюб ва аз тарафи КЭТМ ба e муқаррар кардани маъюбӣ барои давраи гузашта, пардохти нафақа аз он рeзе оuоз меёбад, ки вай маъ­юб дониста шудааст. Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ ба маъюб дигар гурeҳи маъюбӣ (нисбатан баландтар ё пастар) муқаррар шавад, ба вай нафақа барои давраи гузаштаи пеш аз рeзи муоинаи такрорӣ аз рeи гурeҳи пештараи маъюбӣ пардохта мешавад.
 
 Боби 4.
НАФАҚАИ БИНОБАР БЕ САРОБОН МОНДАН
 
Моддаи 28. Шартҳои муайянкунандаи ҳуқуқи нафақа
Ба оилаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан таъин карда мешавад, агар саробон дар давраи адои хизмат ё на дертар аз се моҳи баъди рeзи аз хизмат xавоб шудан ё аз ин мeҳлат дертар дар натиxаи захм, кон­тузия, маслукӣ ё касалии дар давраи адои хизмат гирифтор шудааш вафот карда (ҳалок шуда) бошад ва ба оилаи нафақахeрон, аз xумлаи ин ашхос — агар саробон дар давраи нафақа гирифтан вафот карда бо­шад, новобаста аз вақти баъди рeзи вафоти саробон гузашта. Дар айни замон оилаҳои собиқ хизматчиёни ҳарбӣ, аз xумла шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар вақти асир буданашон вафот кардаанд (дар сурати риояи шартҳои дар қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун нишондодашуда) ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи амалиёти xангӣ беномунишон гумшуда, ба оилаҳои шахсони дар фронт ҳалокгардида баробар карда мешаванд.
 
Моддаи 29. Аъзои оила, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Аъзои оилаи uайри қобили меҳнати шахсони вафоткардаи (ҳалокгардидаи) дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар таъминоти онҳо буданд, барои нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Сарфи назар аз нонхури саробон будан, нафақа ба бачаҳои uайри қобили меҳнат, волидони қобилияти кори надошта, ҳамсар, агар онҳо баъди фавти саробон манбаи ризқу рeзии барои зиндагиашон зарурро гум карда бошанд; волидони uайри қобили меҳнат ва ҳамсарони шахсоне, ки дар натиxаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун зикршуда вафот кардаанд; ҳамсар, яке аз волидон ё дигар аъзои сила, ки дар банди «в»-и ҳамин модда нишон дода шудаанд, таъин кар­да мешавад.
Аъзои uайри қобили меҳнат инҳо дониста мешаванд:
а) фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд ё аз ин синну сол калонтар мебошанд, агар онҳо то ба синни 18-солагӣ расидан маъюб шуда бошанд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд (ба uайр аз муассисаҳои таълимие, ки таълимгирандагони онҳо дар хизмати ҳарбӣ ё хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ, дониста мешаванд) — то хатми таҳсил, вале на дертар ба синни 23-солагӣ расидани онҳо. Бародарон, хоҳарон ва наберагон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо волидони қобили меҳнат надошта бошанд;
б) падар, модар ва ҳамсар, агар онҳо ба синну соли мардон — 63-сола, занон — 58-сола расида бошанд ва ё маъюб бошанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
в) ҳамсар ё яке аз волидон ва ё бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти кори, агар вай ба нигоҳубини бачаҳо, бародарону хоҳарон ё наберагони ба синни 8-солагӣ нарасидаи саробони вафоткарда машuул бошад ва кор накунад;
г) бобо ва бибӣ — дар сурати набудани шахсоне, ки аз рeи Қонун вазифадоранд онҳоро нигоҳубин кунанд.
 
Моддаи 30. Ҳуқуқи нафақа бо шартҳои имтиёзнок
Ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар натиxаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаркардашуда вафот кардаанд, ки бо нигоҳубини фарзандони то ба синни 8-солагӣ нарасидаи шахсони вафоткарда машuул мебошанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти кори ва аз он, ки зан кор мекунад ё не, ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Ба модарон ва ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиxаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаршуда вафот кардаанд, нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳангоми ба синни 50-солагӣ расидани онҳо таъин карда мешавад.
 
Моддаи 31. Аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд
Аъзои оилаи шахси вафоткарда дар мавриде нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо пурра дар таъминоти e бошанд ё аз вай ёрие мегирифта бошанд, ки он барои онҳо манбаи доими ва асосии ризқу рeзӣ барои зиндагӣ бошад.
Ба аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки барои онҳо ёрии вай манбаи доими ва асосии ризқу рeзӣ барои зиндагӣ бошад, вале худи онҳо ягон навъи нафақа гиранд, бинобар бе саробон мондан нафақа таъин кардан мумкин аст.
 
Моддаи 32. Пардохти нафақаи бинобар бе саробон мондан ба фарзандоне, ки пурра дар таъминоти давлат мебошанд
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафа­қаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба на­фақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 33. Ҳуқуқи нафақаи падархондҳо ва фарзандхондҳо
Падархондҳо дар баробари волидон ва фарзандхондҳо дар баро­бари бачаҳои аслӣ ба нафақаи бинобар бесаробон мондан ҳуқуқ доранд.
Ноболиuоне, ки бинобар бе саробон мондан ба нафақа ҳуқуқ до­ранд, ин ҳуқуқашонро ҳангоми фарзандхонд шуданашон нигоҳ медоранд.
 
Моддаи 34. Ҳуқуқи нафақаи падарандар, модарандар, писарандар ва духтарандар
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин кар­да бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба на­фақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 35. Гирифтани нафақа ҳангоми аз нав никоҳ кардан
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба зани шахси фавтида таъин шуда буд, ҳангоми бори дигар шавҳар карданаш ба e дода меша­вад.
 
Моддам 36. Андозаи нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан ба андозаҳои зайл муқаррар карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиxаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нмшондодашуда вафот кардаанд, — 40 фоизи маблаuи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви uайри қобили меҳнати оила пешбинӣ намудааст. Ба оилаҳои нафақахeрони вафоткарда, ки рeзи фавт дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ маъюб мебошанд ва ба фарзандоне, ки волидонашон вафот кардаанд, сарфи назар аз марги саробон, аз рeи ҳамин меъёр нафақа таъин карда мешавад;
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиxаи сабабҳои дар банди «б»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нишондодашуда  вафот кардаанд, — 30 фоизи маблаuи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви uайри қобили меҳнати оила пешбинӣ шудааст.
 
Моддаи 37. Андозаи ҳадди ақали нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба оилаҳои шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда таъин карда мешавад, аз рeи ҳисоб ба ҳар як узви uайри қобили меҳнати оила набояд аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) ҳангоми мувофиқи банди «а»-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи син-синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
б) ҳангоми мувофиқи банди «б»-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст.
 
Моддаи 38. Иловапулиҳо ба нафақаи бинобар бе саробон мондан
Ба аъзои оилаи маъюбони гурeҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, инчунин дигар аъзои оилае, ки мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ аз рeи саломатӣ ба нигоҳубини (ёрӣ, назорати доимии шахси дигар эҳтиёx доранд, ба нафақаи бинобар бе саробон модан таъиншаванда аз xумла ба нафақаи ба андозаи ҳадди ақал ҳисобкардашуда барои нигоҳубини нафақахeр ба андозаи пешбининамуда банди «а»-и моддаи 17-уми ҳамин Қонун иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
 
Моддаи 39. Даврае, ки барои он нафақа таъин карда мешавад
Нафақаи бинобар бе саробон мондан барои тамоми даврае, ки дар муддати он аъзои оилаи вафоткарда мувофиқи моддаи 29-уми ҳамин Қонун uайри қобили меҳнат дониста мешавад, ба аъзои оилаи ба сини:
мардон — 63-солагӣ, занон — 58-солагӣ расида бошад, якумра таъин карда мешавад.
 
Моддаи 40. Xудо кардани як қисми нафақа
Дар асоси аризаи аъзои оила як қисми ба вай тааллуқдоштаи нафақаи бинобар бе саробон мондан алоҳида xудо карда пардохта мешавад. Қисми нафақа бо назардошти меъёрҳои ҳисоб кардани нафақа, ки ҳамин Қонун барои узви оилаи барои xудо кардани он муроxиатнамуда пешбинӣ кардааст, xудо карда мешавад.
Як ҳиссаи нафақа аз рeзи якуми моҳи баъди моҳи ворид гаштани ариза xудо карда мешавад.
 
Моддаи 41. Қатъ гардидани пардохти нафақа ҳангоми аз даст додани ҳуқуқи он
Агар дар ҳайати оилае, ки ба он бинобар бе саробон мондан на­фақа таъин шуда буд, таuйироте ба амал ояд, ки дар натиxаи он аъзои алоҳида ё, тамоми оила ҳуқуқи нафақаро аз даст диҳанд, андозаи он аз рeзи якуми моҳи баъди моҳе, ки тағйирот ба амал омадааст, кам гардида ё пардохти он қатъ мегардад.
 
Моддаи 42. Тартиб ва мeҳлати муқаррар намудани маъюбии аъзои оилаи шахси вафоткарда
Ба он аъзои оила, ки маъюбанд, қоидаҳо дар бораи тартиб ва мeҳлатҳои муқаррар кардани маъюбӣ ва пардохти нафақа ҳангоми танаффус дар муоинаи такрории комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ), ки дар моддаҳои 20, 25 ва 27-и ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
 
 Боби 5.
ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
 
Моддаи 43. Таъминоти пулӣ барои ҳисоб кардани нафақа
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешавад, аз таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иxрои xазои xиноятӣ, ва шахсоне, ки дар мақомоти гумрук, xузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус доранд, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад. Барои он ба онҳо ҳисоб кардани нафақа мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳо аз рeи мансаб, маошҳо аз рeи рутбаҳои ҳарбӣ ё мах­сус (бе дар назардошти баланд бардоштани маошҳо барои хизмат дар маҳалҳои дурдасти баландкeҳ, ва дигар шароитҳои махсус ва ҷубронпулиҳо бар ивази сару либоси махсус ва хӯрокворӣ ва изофапулиҳои фоизӣ барои собиқаи хизмат, аз xумла пардохтҳо вобаста ба индексасияи таъминоти пулӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
 
Моддаи 44. Ҳисоб кардани нафақа ба оилаҳои нафақахeрон
Ба оилаҳои нафақахeрон, аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда нафақаи бинобар бе саро­бон мондан аз ҳисоби таъминоти пулии саробон ҳисоб карда мешавад, ки аз он ба вай нафақа ҳисоб карда шуда буд (аз нав ҳисоб карда шу­да буд) ё бояд аз нав ҳисоб карда мешуд.
 
Моддаи 45. Зиёд кардани нафақаи баъзе категорияҳои нафақахeрон
Нафақа барои собиқаи хизмат бинобар маъюбӣ ва бинобар бе са­робон мондан, ки мувофиқи ҳамин Қонун (аз xумла ҳисобкунӣ ба андо­заи ҳадди ақал) таъин мегардад, зиёд карда мешавад:
а) ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шeравӣ ва шахсони ба ҳар се дараxаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Каҳрамони Тоxикистон сарфароз гардида-50 фоизи нафақа, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол, ки дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун зикр шудааст;
б) ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ — 25 фоизи андозаи на­фақа, вале на камтар аз 50 Фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
в)  ба шахсоне, ки бо се дараxаи ордени Шарафи Меҳнатӣ,  ҳар се дараxаи ордени Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё бо орденҳои Ситораи Президенти Тоxикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафака аз рeи  синну сол;
г) ба иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ ва дигар амалиёти xангӣ xиҳати ҳимояи Ватан, аз xумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳайати артишҳои амалкунанда хизмат кардаанд ва партизанке; ба иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ, аз xумлаи ҳайати хизматгузори uайринизомӣ, тарбиягирандагон ва юнгаҳои (малоҳписарони) қисмҳои артиши амалкунанда; ба иштирокчиёни амалиёти xангӣ дар хориxа аз xумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда— ба андозаи 75 фоизи нафақаи ҳадди ақали аз рeи син­ну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
д) ба шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3-юми сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ будаанд (ба uайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда қарор доштаанд), инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Xанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз шаш моҳ кор карда­анд, ба истиснои вақти кор дар маҳалҳои муваққатан аз тарафи душман ишuолшуда ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ, дар солҳои Xанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИXШС, медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонидашуда — ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи аз рeи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
е) собиқ маҳбусони ноболиuи конслагерҳои фашистӣ, гето ва ди­гар маҳалҳои нигоҳдории маxбурӣ, ки фашистони немис ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи xанги дуюми xахон ташкил карда буданд — ба ан­дозаи 100 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рeи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр гардидааст;
ж) ба шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ беасос табъид гашта, баъд сафед карда шудаанд, — ба андозаи 50 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рeи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми авва­ли моддаи 45-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
 
Моддаи 46. Қоидаҳои татбиқи андозаҳои ҳадди ақали нафақа, ҳисоб кардани иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани нафақаҳо
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зи­ёд кардани нафақаҳо, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бе зиёд кардани он барои собиқаи кории зиёдтар аз собиқаи корие, ки барои таъин кардани нафақаи пурра лозим аст, муайян карда мешавад.
Нафақаҳо бо иловапулиҳо ва зиёдкуниҳо бо андозаҳои ниҳоии онҳо маҳдуд карда намешаванд.
Дар мавриди мавxуд будани ду ва зиёда нафақахeри кор намекардагӣ барои ҳар як узви uайриқобили меҳнати оила, ки дар таъмино­ти умумии онҳо мебошанд, ба нафақаи танҳо яке аз нафақахeрон, вале аз рeи интихоби худашон иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
Зиёдкуниҳои пешбиникардаи бандҳои «а», «б», ва «в»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ба нафақае, ки бе иловапуливу дигар зиёдкуниҳо ҳисоб карда шудааст, ҳамроҳ карда мешавад. Ҳангоми ба якчанд узви uайри қобили меҳнати оила таъин кардани нафақаи бинобар бе саробон мондан зиёдкуниҳои мазкур ба нафақае, ҳамроҳ карда мешавад, ки он ба ҳар як узви оилаи ба зиёд кардани нафақа ҳуқуқдошта бояд дода шавад.
 
Моддаи 47. Зиёд кардани андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, ило­вапулӣ ва андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зи­ёд кардани кафақаҳо, ки дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст, муайян карда мешавад, инчунин андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа пурра ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар асоси андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда зиёд кардани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол ё андо­заи ҳадди ақали музди кор, баланд бардошта мешавад.
 
Моддаи 48. Татбиқи коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ ба андозаҳои нафақаҳо
Ба нафақахeрон аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар маҳалҳое, ки дар он xо ба музди кори коргарону хизматчиён коэиффисенти ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ муқаррар карда мешавад, дар давраи дар ин маҳалҳо зиндагӣ кардани онҳо, нафақаҳо, иловапулиҳо ба ин нафақаҳо, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад ва зиёдкуниҳои пешбининамудаи моддаи 45-уми ҳамин Қонун бо татбиқи коэффисиенти дахлдори ноҳиявӣ, ки дар он маҳал барои коргарону хизматчиёни соҳаҳои uайриистеҳсолӣ муқар­рар шудааст тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафақаҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат
Нафақаҳои таъиншудаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз нав дида баромада шавад. (ҚҶТ аз 18.06.2008 с. №394)
 
 
 
Боби 6.
 ТАЪИН КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ НАФАҚАҲО
 
Моддаи 50. Ташкили кор оид ба таъмини нафақа
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
 
Моддаи 51. Муроxиат барои таъин намудани нафақа
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо (ба uайр аз шахсони дар қисми 2-юми моддаи 2 зикргардида) дар бораи таъин кардани нафақа бо ариза бо мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазора­ти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроxиат менамоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
Шахсони дар моддаи 2-юми ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар бораи таъин кардани нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо ариза ба шуъбаҳои (раёсатҳои) ноҳиявии (шаҳрии) ҳифзи иxтимоии xои истиқоматашон муроxиат мекунанд. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа якxоя бо хуxxатҳои дахлдори барои ҳалли масъала зарур ба мақомоти нафақавӣ (мақомоти ҳифзи иxтимоии аҳолӣ) пешниҳод мешаванд.
 
Моддаи 52. Баррасии аризаҳо дар бораи таъини нафақа
Аризаҳо ва ҳуxxатҳои ҳамроҳи онҳо пешниҳодшуда барои таъини нафақа ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаҳои онҳо аз тарафи мақомоти нафақа на дертар аз 10 рeзи баъди расидани ариза ё на дертар аз 10 рeзи баъди расидани ҳуxxатҳои лозимӣ, ки ҳангоми ариза додан пешниҳод карда нашудаанд, баррасӣ мешаванд.
 
Моддаи 53. Мeҳлатҳои таъин кардани нафақаҳо
Нафақаҳо мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешаванд:
а) ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, аз рeзи аз хизмат xавоб шудан, вале на барвақттар аз рeзе, ки то он ба онҳо ҳангоми xавоб шудан маблаuи пулӣ дода шудааст, ба uайр аз ҳолатҳои зайли дар мeҳлатҳои дертар ба онҳо таъин кардани нафақка;
ҳангоми муқаррар кардани маъюбӣ баъди ба охир расидани се моҳи баъди аз хизмат xавоб шудан ё дар натиxаи ҳодисаи нохуш ё касалӣ, ки баъди аз хизмат xавоб шудан ба он гирифтор шудааст, — аз рe­зи муқаррар кардани маъюбӣ;
ҳангоми аз хизмат xавоб шудан вобаста ба маҳкум шудан ба маҳрумӣ аз озодӣ — аз рeзи барои нафақа муроxиат кардан баъди аз xойҳои маҳрумӣ аз озодӣ xавоб шудан;
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаи нафақахeрон аз xумлаи ин шахсон — аз рeзи фавти саробон, вале на барвақттар аз рeзе, ки ба вай маблаuи пулӣ пардохта ё нафақа дода шудааст, ба uайр аз ҳолатҳои зайли таъин кардани нафақа ба аьзои оилаҳо аз мeҳлатҳои нисбатан дертар:
ба аъзои оила, ки баъди фавти саробон нисбати расидан ба синни нафақа ё ба онҳо муқаррар кардани маъюбӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд — аз рeзи ба ин синну сол расидан ё муқаррар кардани маъюбӣ;
ба волидон ё ҳамсаре, ки бинобар аз даст додани манбаи ризқу рeзии зиндагӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардаанд — аз рeзи барои нафа­қа муроxиат кардан.
Дар сурати сари вақт муроxиат накардан нафақа барои вақти гузашта аз рeзи пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа, вале на зиёда аз 6 моҳи пеш аз муроxиат кардан таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 54. Рeзи муроxиат кардан барои таъин намудани нафақа
Рeзи муроxиат кардан барои таъин намудани нафақа рeзи додани ариза ва тамоми ҳуxxатҳои лозима ба мақомоти дахлдори нафақа дар бораи таъин намудани нафақа ва ҳангоми ба воситаи почта фиристодани ариза ва ҳуxxатҳо — рeзии фиристодани онҳо ҳисоб меёбад.
Дар мавридҳое, ки ба ариза дар бораи таъин кардани нафақа на ҳамаи ҳуxxатҳои барои ҳалли масъала зарур ҳамроҳ карда шудаанд, ба аризадиҳанда фаҳмонида мешавад, ки вай боз кадом ҳуxxатҳоро оварад. Агар аз рeзи гирифтани тавзеҳоти мазкур се моҳ нагузашта ин ҳуxxатҳо пешниҳод шаванд, рeзи барои нафақа муроxиат кардан, рeзи ариза додан ё рeзи ба воситаи почта фиристодани ҳуxxатҳои дар қисми 2-юми ҳамин модда зикршуда ҳисоб меёбад.
 
Моддаи 55. Мeҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаҳои таъиншуда
Ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки боиси таuйир ёфтани андозаи нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо мегарданд, нафақаҳо аз рeзи якуми моҳи баъди моҳе, ки ҳолатҳои мазкур ба миён омадаанд, аз нав ҳисоб карда мешаванд. Дар мавриде, ки нафақахeр ба баланд шудани нафақа ҳуқуқ пай­до мекунад, фарқи байни андозаҳои нав ва пештараи нафақа дар су­рати сари вақт муроxиат накардани вай ба нафақахeр барои вақти гузашта, вале барои на зиёда аз 6 моҳи пеш аз рeзи муроxиат кардан барои аз нав ҳисоб кардани нафақа пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 56. Тартиби умумии пардохти нафақа ва мақомоте, ки нафақаро мепардозанд
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешаванд, дар xои истиқомати нафақахeрон аз тарафи мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонГвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои (филиалҳои) дахлдори бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба пасандозҳо гузаронидани маблаuи нафақа ё ба воситаи муассисаҳои алоқа то ба хона расонидани онҳо пардохта мешаванд. Интиқоли нафақа ба воситаи почта ва ба хона бурда расонидани он аз ҳисоби давлат ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
Нафақа барои моҳи xорӣ дар мeҳлате пардохта мешавад, ки онро мақомоти таъини нафақа дар асоси мувофиқа бо муассисаҳои бонки амонатгузорӣ ва алоқа муайян кардааст.
Дар асоси қарори бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи вазорати дахлдор нафақаҳоеро, ки мақомоти нафақаи ин вазорат таъин мекунанд, нисбат ба тартиби пешбининамудаи қисми 1-уми ҳамин модда аз рeи тартиби дигар пардохтан мумкин аст (аз xумла ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар асоси шартнома).
Тартиби пардохти нафақаро ба нафақахeрон аз xумлаи шахсони дар банди «б»-и қисми  якуми  моддаи 1 Қонуни мазкур зикргардида ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави давлатҳои собиқ xумҳуриҳои ИXШС истиқомат намуда, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нестанд, аз xумла бо асъори давлати марбута, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои бо ин давлатҳо басташаванда муайян мекунад.
 
Моддаи 57. Пардохти нафақа ба нафақахeрон зимни гирифтани музди меҳнат ё дигар даромад
Нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин мегардад, сарфи назар аз гирифтани музди меҳнат ё дигар навъи даромад, пурра пардохта ме­шавад. Ба нафақахeроне, ки ба кор дохил шудаанд ё аз фаъолияти соҳибкорӣ даромад мегиранд, фақат иловапулиҳо ба нафақа, ки барои нафақахeрони бекор дар банди «б»-и моддаи 17 ва моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, пардохта намешавад.
 
Моддаи 58. Пардохти нафақаҳое, ки нафақахeрон сари вақт нагирифтаанд
Маблаuи нафақаи ба нафақахeр, аз xумлаи шахсони дар қисми якуми  моддаи 1  Қонуни мазкур  зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо ҳисоб кардашуда, ки сари вақт нагирифтаанд, барои давраи гузашта, вале на зиёда аз 2 соли пеш аз муроxиат барои гирифтани он, пардохта меша­вад. (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
Маблаuи нафақа, ки нафақахeр бо айби мақомоти таъинкунанда ё пардохткунандаи нафақа, сари вақт нагирифтааст, барои давраи гузаш­та бе маҳдудияти ҳама гуна мeҳлат пардохта мешавад.
 
Моддаи 59. Пардохти нафақа ба нафақахeроке, ки дар хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахeрон аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур  нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқи байни маблаuи нафақаи онҳо ва арзиши зиндагӣ ҳар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, шахсони дар натиxаи xароҳати ҳарбӣ маъюбгардида ё иштирокчиёни xанг ё ашхоси аз рeи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафед кардашуда, ки дар банди «а»-и моддаи 21, бандҳои «г» ва «л»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд — на камтар аз 25 фоизи маблаuи нафақаи таъинкардашуда пардохта мешавад.
Дар мавриде, ки нафақахeри дар хона-интернати (пансионати) пиронсолон ва маъюбон зиндагикунанда дар таъминоти худ аъзои оилаи uайри қобили меҳнат дошта бошад, нафақаи ба вай таъиншуда мувофиқи тартиби зайл пардохта мешавад:
ба як узви оилаи нафақахeр чоряк, ба ду узви оилаи вай сеяк ва ба се узв ва зиёда аз он нисфи нафақаи таъиншуда; нафақаи боқимонда бо ситонидани арзиши нигоҳубин дар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, аммо нисбати нафақахeре, ки дар натиxаи xароҳати xангӣ маъюб гардидааст ё иштирокчии xанг ва ё аз xумлаи ашхоси аз рeи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафедшуда мебошад, — на камтар аз 25 фоизи андозаи он ба худи нафақахeр пардохта ме­шавад.
 
Моддаи 60. Пардохти нафақа дар давраи табобати статсионарӣ
Дар давраи дар табобати статсионарӣ (дар беморхона, клиника, госпитал, махавхона ва дигар муассисаҳои табобатӣ) будани нафақахeрон аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1  ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаҳои онҳо, нафақаи ба онҳо таъингардида дар асосҳои умумӣ пардохта мешавад.
 
Моддаи 61. Кать гардидани пардохти нафақа дар давраи аз озодӣ маҳрум шудани нафақахeр
Дар сурати аз озодӣ маҳрум шудани нафақахeр пардохти нафақаи ба вай таъингардида дар давраи аз озодӣ маҳрум буданаш қагъ мегардад. Агар нафақахeр дар оилааш аъзои uайри қобили меҳнат дошта бошад, қисми нафақа ба нонхуронаш дода мешавад, ки манбаи ризқу рузии зиндагиашонро гум кардаанд, вале на зиёдтар аз 50 фоизи нафақаи таъиншуда бо назардошти шароити моддии оила.
 
Моддаи 62. Нигоҳ доштан аз нафақа
Аз нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохта мешавад, дар асоси қарорҳо, таъинот, қарордод ва ҳукми суд (дар бобати xазои молу мулкӣ), навиштаxоти иxроияи идорахои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иxрои онҳо мувофиқи қонунгузорӣ аз рeи тартиби барои иxрои қарорҳои суд муқарраршуда амалӣ мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Маблаuи нафақа ё кeмакпулиеро, ки ба нафақахeр дар натиxаи сeистифода аз тарафи вай барзиёд пардохта шудааст, аз нафақа дар асоси қарори мақоми дахлдори нафақа ҳар моҳ ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафақаи пардохташаванда илова аз маблаuе, ки аз рeи дигар асосҳо нигоҳ дошта мешавад, нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳамаи ҳолатҳои муқаррар кардани xазо нисбат ба нафақа ба нафақахeр на камтар аз 50 фоизи нафақааш пардохта мешавад.
Дар мавриди қатъ гардидани пардохти нафақа то вақти пурра пардохтани қарз аз рeи маблаuи барзиёд пардохташудаи нафақа ё кeмакпули қарзи боқимонда аз тариқи суд ситонида мешавад.
 
Моддаи 63. Пардохти нафақа дар мавриди фавти нафақахeр
Маблаuи нафақаи мутааллиқ ба нафақахeр аз xумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба сабаби фавти вай пурра гирифта нашудааст, ба аъзои оилаи нафақахeри вафоткарда дода мешавад, агар онҳо маъракаи дафнро бе дохил кардани ин маблаu ба ҳисоби мерос анxом дода бошанд. Дар дигар мавридҳо маблаuи нафақа, ки бинобар фавт аз xониби нафақахeр пурра гирифта нашудааст, ба меросхурони вай дар асосҳои умумии муқаррарнамудаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
 
Моддаи 64. Таъмини нафақа ҳангоми ба хориxа рафтан
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1  ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки барои истиқомати доими ба хориxа рафтаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои (созишномаҳои) оид ба таъминоти иxтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ Иттиҳоди XШС бо дигар давлатҳо бастаанд, ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 65. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои нафақа
Баҳсҳои оид ба масъалаҳои таъин кардан ва пардохтани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1  ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо, руёнидани маблаuҳои барзиёд пардохташудаи нафақаҳо аз xониби мақомоти болои тибқи тартиби тобеияти мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазо­рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё аз тариқи суд мувофиқи қонунгу­зории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499). (ҚҶТ аз 25.12.2015 с. №1264)
 
Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).
 
 
 
      Президенти                                                                                                                                
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. РАҲМОНОВ  
                     
шаҳри Душанбе, 1 декабри соли 1994,
№ 1106                 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ  ШEРОИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди тартиби ба мавқеи иxро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №23-24 мод. 463)
 
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз рeзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
Бинобар ба мавқеи иxро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» нафақае аз нав ҳисоб карда шавад, ки он қаблан ба афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии зиёдамeҳлат ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси қарордод хизмати ҳарбиро адо намудаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, судяҳо, кормандони мақомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилаҳои онҳо таъин шуда буд, агар онҳо дар асоси Қонуни мазкур ба нафақаи баландтар ҳақ дошта бошанд.
  1. Бонкӣ амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба муассисаҳои (филиалҳои) Бонки амонатгузорӣ пардохта шудани нафақаҳоеро, ки он мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини на­фақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъин шудааст, таъмин намояд.
  2. Бинобар мавриди татбиқ қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ИXШС «Дар бораи таъмими на­фақаи хизматчиёни ҳарбӣ», инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати собиқ Иттифоқи XШС оид ба ин масъала татбиқ нагардад.
Ҳуқуқи гирифтани нафақае, ки то ба мавқеи иxро гузоштани ҳамин Қонун мутобиқи Қонуни ИXШС «Дар бораи таъмини нафақаи хизмат­чиёни ҳарбӣ» ва дигар санадҳои собиқи меъёрию ҳуқуқӣ таъин шуда буд, аз нав баррасӣ намешавад.
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар давоми се моҳ, оиди тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз рeи масъалаҳое, ки Қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат додааст, санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия карда, тасдиқ на­мояд;
дар давоми як моҳ, масъалаи тартиби таъмини нафақаи хизматчиё­ни ҳарбӣ, ки аз қисмҳои ҳарбии ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқнадошта xавоб шудаанд ва аҳли оилаи онҳоро баррасӣ ва ҳал намояд;
гузаштан ба чунин тартиби пардохти нафақаро таъмин кунад, ки дар қисми аввали моддаи 56-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар шудааст ва дар асоси Қонуни мазкур тартиби бо маблаu таъмин кардани хароxоти пардохтро муайян намояд.
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки қаблан аз xониби онҳо нашр шуда, ба масоили таъмини нафақаи афсарону прапоршикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии зиёдамeҳлати аз хизмат xавобшуда, шахсо­ни ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, судяҳо, кормандони мақомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилаҳои онҳо дахл мекард, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизмат­чиёни ҳарбӣ» мутобиқ созанд.
 
Муовини аввали Раиси Шeрои Олии                            
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            А. ДОСТИЕВ
шаҳри Душанбе, 1 декабри соли 1994,
№ 1107                                                        
* Минбаъд нафака аз руи синну сол номида мешавад.

Илова кунед