Фармони Шӯрои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв

25 Август 1994, Панҷшанбе

Ба  мақсади  мӯътадилсозии  минбаъдаи  вазъияти  ҷамъиятию  сиёсӣ  ба мусолиҳаи пурра ва созиш ва ба шарафи сеюми солгарди эълон шудани истиқлолияти давлвтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи принсипҳои инсондӯстона, моддаи 108-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро асоси амал қарор дода, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Аз ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои новобаста аз маҳрумият аз озодӣ маҳкумшудагони зайл озод карда шаванд:
а)  мардони аз 50-сола болова занҳои аз 45-сола бол;
б) занҳое, ки кӯдакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;
в)  маъюбони гурӯҳҳои 1ва 2;
г) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
д)   онҳое, ки дар амалиёти ҷангӣ баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.
  1.    Занҳои ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ то ҳафт соли пурра маҳкумшуда, ки на камтар аз сеяки мӯҳлати таъиншударо адо кардаанд, инчунин занҳои ба ҷозои новобаста аз маҳрумият аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба амали моддаи 1–и ҳамин фармон дохил намешаванд, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Ноболиғоне, ки бори аввал ба мӯҳлати то ҳафт соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд, ё ба ҷазое, ки бо маҳрум шудан аз озоди вобаста нест, аз ҷазо озод карда шаванд.
4  Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
а)  барои содир кардани ҷинояте, ки ба мӯҳлати то ҳафт соли пурра маҳкум шудаанд ва агар мӯҳлати ҷазо зиёда аз ҳафт бошад на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазоро адо карда бошанд;
б) барои содир кардани ҷиноят аз озоди шартан бо ҳатман ҷалб намудан ьа меҳнат маҳкум шудаанд;
в) бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд.
  1. Шахсони зерин, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд:
а) онҳое, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ то панҷ соли пурра маҳкум шудаанд;
б)  онҳое, ки аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳнат маҳкум шудаанд.
в) онҳое, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод кардан шудаанд;
г) онҳое, ки ба корҳои ислоҳотӣ маҳкум карда шудаанд;
д) шахсоне, ки ҷарима андохта шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани ин Фармон ҷарима ситонида нашуда бошад.
  1. Чунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд:
а) шахсони дар қаламрави Давлати Исломии Афғонистон, ё дар дигар мамлакатҳои хориҷии наздик ва кишварҳои хориҷӣ қарордоштае, ки ба ҳайати воҳидҳои мусаллаҳи ба муқобили ҳокимияти мавҷудаи қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дохил нестанд ва ҳайати ин воҳидҳо баромада, дар мӯҳлати то 20 сентябри соли 1994 ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон баргаштаанд;
б) шахсоне, ки дар ҳайати воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда будаанд, дар сурати ихтиёран аз ҳайати ин воҳидҳо баромада, дар мӯҳлати то 20 сентябри соли 1994 супоридани яроқ.
  1. Баррасии ҳамаи парвандаҳои тафтишотӣ ва парвандаҳое, аз тарафи додгоҳҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин фармон аз тарафи шахсони дар моддаи 1-и фармон номбаршуда содир гардидаанд;
б) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то ҳафт соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани ҳамин Фармон занҳо ва ноболиғон содир кардаанд;
в) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то панҷ соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани ҳамин Фармон занҳо ва ноболиғон содир кардаанд.
  1. Шахсоне, ки дар моддаҳои 1.2,3,5 ва 7-уми ҳамин фармон номбар шудаанд, аз ҷазо озод карда нашаванд:
а) шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ маҳкум шудаанд;
б) шахсоне, ки аз рӯи моддаҳои 74,76,77. қисмҳои 3, 4-уми моддаи 89, қисмҳои 3, 4-уми моддаи 90, моддаи 91  қисми 3-уми моддаи 92, қисми сеюми моддаи 93, моддаҳои 96, 104, 111, қисмҳои 2, 3, 4-уми моддаи 121, қисмҳои 3,4-уми моддаи 154, қисмҳои 2,3,4-уми моддаи 155, моддаи 156, қисми 3-уми моддаи 157, моддаҳои 160, 186, 187,  1871, 2033, 2061, қисми 3-уми моддаи 220, моддаҳои 2341, 240, 2401, 2402, 2403, 241, 242, 2422 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шудаанд.
в) шахсоне, ки зиёда аз ду бор барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ва «б» -и  шахсоне, ки зиёда аз ду бор барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ва «б» -и ҳамин модда зикршуда суд шудаанд;
г) онҳое, ки ресидивистҳои махсусан хавфнок дониста шудаанд;
д) онҳое, ки пештар ба тариқи афв ё авфи умумӣ озод шудаанду боз барқасд ҷиноят содир кардаанд, инчунин шахсоне, ки шартан пеш аз мӯҳлат озод шудаанд ва дар давоми мӯҳлати тамомнашудаи ҷазо аз нав қасдан ҷиноят содир кардаанд;
е) шахсоне, ки режими нигоҳдориро барқасдона вайрон кардаанд;  
  1. Мӯҳлати боқимондаи ҷазои шахсоне, ки мувофиқи ҳамин Фармон аз ҷазо озод намешаванд, кам карда шавад:
а) онҳое, ки ба корҳои ислоҳотӣ бе маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд- нисфи мӯҳлати ҷазо;
б) онҳое, ки шартан ба маҳрум намудан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат ҷазо гирифтаанд ва аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат шартан озод шудаанд, ба ғайр аз шахсоне, ки дар бандҳои «б» ва моддаи 2-юми ҳамин Фармон нишон дода шудаанд – нисфи мӯҳлати ҷазо;
в) маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ адо мекунанд ва на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазоро адо намудаанд;
Шахсоне, ки на бештар аз ду бор ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд __ нисфи мӯҳлати ҷазо;
  1. Мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Фармон мӯҳлати ҷазои шахсоне, ки режими нигаҳдориро дағалона вайрон мекунанд, шахсоне, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ аз ҷазо озод шудаанд боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки шартан пеш аз мӯҳлат озод шудаанду дар давоми мӯҳлати тамомнашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, кам карда нашавад.
  2. Ҳамин фармон аз рӯзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва шахсоне, ки аз тарафи додгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки ба моддаи 6-уми ҳамин Фармон номбар шудаанд, татбиқ мегардад ва дар муддати шаш моҳ воҷиби иҷро мебошад.
 
 
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. РАҲМОНОВ
                                                                                                                   
шаҳри Душанбе, 25 августи соли 1994,
№315     
 

Илова кунед