Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

20 Июл 1994, Чоршанбе

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 235; Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, мод. 259; соли 2008, №1, қ- 2, мод.16, №12, қ-2, мод.1005;  соли 2010, №12, қ-1, мод.822; соли 2013,№12,мод.892)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омӯзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
 
ФАСЛИ 1
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои танзими муносибатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муайянкардаи Қонуни мазкур санадҳо ба табъ мерасонанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Муносибатҳое, ки дар иртибот бо истифода ва ҳифзи замин, об, олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба амал меоянд, тибқи қонунгузори  марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
 
Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-омӯзиши давлатии геологии қаъри замин – корҳои геологии вобаста ба омӯзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;
-қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ – замима ба  иҷозатнома барои омӯзиши геологӣ — бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи  иктишофи геологиро доранд;
-ҷудо намудани замини кӯҳсор – замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рӯи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;
-истихроҷ – маҷмӯи корҳое, ки ба ҳосил намудани минералҳои фоиданок аз қаъри замин, ҳамчунин ба коркарди минералҳои техногении моликияти давлатӣ, аз ҷумла  ашёи минералии  ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ алоқаманд мебошанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).
-истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ – истихроҷи маводе, ки дар қитъаҳои қаъри замини дорои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷойгир аст, бе мақсади минбаъдаи бастани аҳд нисбати маъданҳои фоиданоки ғайриминералӣ  ва обҳои зеризаминии истихроҷгардида;
— кон – қисми қитъаи қаъри замин, ки анбӯҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;
— ашёи хоми минералӣ – қисми сарватҳои истихроҷшуда (маводи кӯҳӣ, ашёи хоми кон ва ғайра), ки маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;
— истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозати гузаронидани корҳои геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро доранд;
— сарватҳои зеризаминӣ – қисми қаъри замин, ки поён аз қабати хок ва дар мавриди набудани он дар таги баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо то умқи дастрас, ки қабати онҳо барои гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодаи маъданҳои  фоиданок дар асоси комёбиҳои илмию  техникӣ дастрас аст;
— маъданҳои фоиданоки маъмулӣ (ғайриминералӣ) – маъданҳои фоиданок, ки  дар шакли табиӣ (рег, шағал, хок ва ғайра) ва ниҳоят кам коркард ва тоза карда шудаанд, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои маҳаллӣ истифода карда мешаванд;
— маҷмӯи корҳои истифодаи қаъри замин – корҳое, ки бо омӯзиши умумии давлатии геологии қаъри замин, иктишоф ва истихроҷ, аз ҷумла корҳои вобаста ба иктишоф ва истихроҷи обҳои зеризаминӣ, лойқаҳои табобатӣ, иктишофи қаъри замин барои партови обҳои истифодашуда, инчунин корҳое, ки ба сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ алоқаманд мебошанд;
— коркарди аввалияи ашёи хоми минералӣ – коркарди маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рӯи нақшаҳои технологӣ, ки ҷараёни пайдарпайи ғанисозӣ ва тағйири аввалияи маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо муайян менамояд;
— коркарди ашёи хоми минералӣ – корҳое, ки ба воситаи онҳо аз ашёи хоми минералӣ маъданҳои фоиданок  ҳосил карда мешаванд;
— маъданҳои фоиданок – маводи минералии табиӣ, ки дар қаъри замин ба шакли санг, моеъ ва газ (аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобатӣ)  мавҷуданд ва барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ муносиб мебошанд;
— канданиҳои фоиданоки пошхӯрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)
— истифодабарандагони муваққатии сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мӯҳлати маҳдуди истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;
— корҳои иктишофии геологӣ – корҳое, ки ба ҷустуҷӯи макони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок ва арзёбии онҳо алоқаманд мебошанд;
— сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок вобастагӣ надоранд – корҳои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии таъиноти умумихоҷагӣ, ки барои нигоҳ доштани боқимондаҳои маводи радиоактивӣ, маҳсулоти зараровар ва оби партов аҳамият доранд;
— қитъаи қаъри замин– қисми ба нақша гирифташудаи қаъри замин, ки дар қаламрави маҳдуд барои истифодабарандагон ҷудо карда мешавад;
— пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – пардохти   якбора ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои додани ҳуқуқи азхудкунии онҳо;
     — ҷудо намудани маблағ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ –маблағгузории ҷорӣ ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои пӯшонидани хароҷотҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
 
Моддаи 2. Моликият ба сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра моликияти давлати  буда, ба моликони зерин дода мешавад:
ба мақомоти муайяни давлатӣ бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқи молики;
ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо роҳи интиқоли ҳуқуқи истифодаи бемeҳлат ё таҳқими ҳуқуқи истифодаи мeҳлатноки сарватҳои зеризаминӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ моликияти хусусӣ шуда наметавонад. Хариду фурeш, тeҳфакунӣ, ба гарав мондани қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминӣ ё ивазкунии худсаронаи онҳо манъ аст.
Аъмоле, ки рeирост ё пинҳонӣ боиси вайроншавии ҳуқуқи моликияти давлат ба сарватҳои зеризаминӣ мегардад, манъ аст.
 
Моддаи 3. Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ
Тамоми сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, Ба он ҳам қисми истифодашаванда ва ҳам истифоданашавандаи сарватҳои зеризаминӣ мансуб аст.
Фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро ба манфиати тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ ва идора мекунад.
 
Моддаи 4. (бо ҚҶТ аз 5.01.08с, №351 хориҷ шудааст).
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зерин дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:
1) таҳияю татбиқи барномаҳои давлатии истифода, барқарорсози вусъати минбаъда ва сифатан беҳтар намудани базаи ашёи хоми минералии xумҳурӣ;
2) муқаррар намудани тартиби истифодаю ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, таҳияи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) мувофиқ;
3) ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ, аз xумла якxоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияхо ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;
4) муайян намудани номгeӣ маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин номгeӣ маводи коллексионӣ ва маъданҳои фоиданок, ки барои заршуии косибӣ иxозат дода шудааст;
5) додани иxозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ;
6) муқаррар намудани ҳиссаву андозаи истихроx, коркард ва фурeши ашёи хоми минералии дороӣ аҳамияти давлатӣ барои корхонаҳо;
7) муқаррар намудани тартиби xалбкунии маблағҳои хориxӣ, додани иҷозатнома ва консессияҳо ба шахсони ҳуқуқии хориxӣ ва шаҳрвандон барои xустуxe, инкишоф, истихроx ва коркарди ашьёи хоми минерали инчунин истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар ва назорат ба риояи он;
8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, истифодабарии ахбори аз ҳисоби маблағи давлатӣ бадастомада;
9) назорати давлатии истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин муқаррар намудани тартиби татбиқи он;
10) тартиб додани баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок, баҳисобгирии давлатии қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои истихроxи маъданҳои фоиданок ва сохтмони иншоотҳои зеризаминии ба истихроxи маъданҳои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, бақайдгирии давлатии корҳои омeзиши геологи ва истифодабарии сарватҳои зе­ризаминӣ аз xониби корхонаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон;
11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданҳои фоиданоки кашфшуда, хусусиятҳои дигари сарватҳои зеризаминие, ки қимати онҳоро муайян мекунанд;
12) xорӣ намудани маҳдудияти истифодабарии сарватҳои зеризами­нӣ дар қитъаҳои xудогона ба мақсади таъмин намудани амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист;
13) муайян кардани сиёсати давлатӣ амали намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ; (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зерзаминӣ;
15) қатъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризамини дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;
16) мутобиқати корҳои тадқиқоти илмӣ ва таxрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманданд;
17) ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
18) ҳалли баҳсҳо дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
19) экспертизаи давлатии лоиҳаҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминие, ки дар асоси шартномаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда ба истифодабарандагони хориxии сарватҳои зеризаминӣ дода мешаванд;
20) танзими масъалаҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои xудогонаро ба­рои танзими муносибатҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии ВАБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии xумҳурӣ дода метавонад.
 
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонвилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ  ва вилояти дар соҳаи танзими муносибати  истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зайл дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ мебошанд: (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
1) танзими муносибатҳо дар бобати истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур;
2) ба амал баровардани ваколатҳо дар доираи салоҳияти якxоя бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии маъданҳои маъмулии фоиданок;
3) иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии омeзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, инкишофу азхудкунии базаи ашёи хоми минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии инкишоф ва истифодабарии базаи ашёи хоми минералӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Ғайр аз ин корҳои зерин дар ихтиёри ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ ва инчунин тобеи вилоятӣ мебошад: (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
1) ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ додани иxозат барои истифодаи замин ва қитъаҳои xудошудаи замин тибқи қонунгузорӣ оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) xудо карда додани қитъаҳои замини курсор барои истихроxи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;
3) назорат ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми истихроxи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин ҳангоми сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки бо истихроxи маъданҳои фоиданок вобаста нестанд;
4) қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди  салоҳияти худ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;
5) xорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноат, нақлиёт ва алоқа дар ҳолатҳое, ки агар чунин истифодабарӣ, ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хавфро ба вуxуд оварда, ба объектҳои хоxагӣ ва ё муҳити зисти табиӣ зарар расонад.
 
ФАСЛИ II
ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӣ
 
Моддаи 7. Намудҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои зайл мавриди истифода қарор мегиранд:
1) омeзиши геологи;
2) истихроxи маъданҳои фоиданок, аз xумла истифодаи партови корхонаҳои истихроxи маъдан ва коркарди он:
3) сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроxи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, аз xумла иншоотҳо барои дар зери замин нигоҳ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолеҳ, инчунин барои гуронидани моддаҳои зарарнок, партови саноат ва обҳои ганда;
4) ташкили объектҳои бахусус ҳифзшавандаи геологи, ки дороӣ аҳамиятӣ илмӣ, фарҳангӣ, эстетики, санитарию табобатӣ ва ғайра мебошанд (омeзишгоҳҳои илмию таълимӣ, мамнуъгоҳҳои геологи, ёдгоризҳои та­биӣ, ғорҳо ва дигар холигиҳои зеризаминӣ).
5) xамъ кардани маводи минералоги, палеонтологи ва маводи дигари коллексионии геологи.
 
Моддаи 8. Барои истифода додани сарватҳои зеризаминӣ
Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Мувофиқи иҷозатномае, ки барои истихроxи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроxи маъданҳои фоиданок, ташкили объектҳои геологии ба таври мах­сус ҳифзшаванда ҳуқуқ медиҳад, ба истифодабарандагон қитъаи зами­ни кeҳсор xудо карда мешавад. Замини кeҳсор инчунин барои омeзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҳамзамон истихроx намудан ё истих­роxи минбаъдаи бевоситаи маъданҳои фоиданок дода мешавад, аз рeи шарту шароити озмун, қарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидҳои мустақими байни довталабони истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ ва соҳиби сарватҳои зеризаминӣ.
Қитъаи замини кeҳсор бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ва қайд карда шуда, барои истихроxи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ танҳо аз xониби мақоми назорати истихроxи маъдан ба қайд гирифта мешавад
соҳаҳои сарватҳои зеризамини барои омeзиши геологи ба тариқи қитъаи xудокардашудаи геологи дода мешаванд
Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ, ки қисми замини кeҳсорро ё геологи соҳиб шудааст, мувофиқи иҷозатномаи гирифтааш дар ҳудуди он ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи комил дорад. Ҳама гуна корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини кeҳсор ё геологи  танҳо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кeҳсор ё геологи ба e дода шудааст, ба xо оварда мешаванд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро маблағ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин Қонун барои истифодабарии кор  ҳуқуқи истисноӣ доранд. Ин ҳуқуқ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиқ гардидани захираҳои маводи маъданӣ кони кашф кардашуда истифода нашуда бошад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).
 
Моддаи 9. Маҳдудияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қитъаҳои алоҳидаи қаъри заминро бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад маҳдуд ва ё қатъ намояд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва алоқа дар сурати таҳдид кардани хавф ба ҳаёт ва сиҳатии мардум ё хавфи зиён додани объектҳои хоxагӣ ва муҳити табии зист қисман ё пурра манъ карда мешавад.
Сарватҳои зеризаминии ҳудуди ба таври махсус ҳифзшаванда мувофиқи мақомашон мавриди истифода қарор мегиранд.
 
Моддаи 10. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ
Корхонаҳои давлатӣ, кооперативӣ, муассисаҳои xамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, субъектҳоӣ фаъолияти соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ва шаҳрвандон, аз xумла шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони давлатҳои дигар истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ буда ме­тавонанд, агар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои омӯзиш ва истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, анборкунии партовҳои онҳо танҳо шахсони ҳуқуқие доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).
 
Моддаи 11. Мeҳлатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мeҳлати муайян ё бе маҳдудияти мeҳлат дода мешаванд.
Бе маҳдудияти мeҳлат қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ барои сохтмону истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроxи маъданҳои фоиданок ва бунёди объектҳои махсус ҳифзшаванда ва дигар мақсадҳо дода мешаванд.
Мeҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи иҷозатномаҳо муқаррар шуда, бо ташаббуси истифодабарандагон дароз карда мешавад.
Мeҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рeзи гирифтани ҳуқуқи истифодаи он ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 12. Тартиби додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Тартиби додани иҷозатномаро барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Низомномаи тасдиқ кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд имконияти баробарро ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои гирифтани иҷозатномаҳо, кафолатҳои заруриро барои истифодаи қитъаҳои сарватҳои зери­заминӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ онҳо таъмин намояд.
 
Моддаи 13. Талабҳои зиддимонополӣ
Амалиёти мақомоти ҳокимияти иxроия ва идоракунӣ, инчунин ҳа­ма гуна субъектҳои хоxагӣ (истифодабарандагони сарватҳои зеризами­нӣ) дар мавридҳое манъ ё нодуруст ҳисобида мешавад, ки агар;
1) бар хилофи шартҳои конкурс ё музояда иштироки шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки мувофиқи ин қонун мақсади соҳиби ҳуқуқи ис­тифодаи сарватҳои зеризаминӣ шудан доранд, маҳдуд карда шавад;
2) аз додани иҷозатномаҳо ба ғолибони конкурсҳо ва музоядаҳо саркашӣ кунанд;
3) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки сохторҳои таъсисдодаашон бо субъектҳои хоxагии дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мавқеи бартаринокдошта рақобат мекунанд, мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд;
4) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми соҳиб шу­дан ба объектҳои нақлиёту инфраструктура мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд.
 
Моддаи 14. Додани манбаи сарватҳои зеризаминӣ барои истихроxи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ
Тартиби додани манбаи сарватҳои зеризаминиро барои кушодани конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, тартиби аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди қитъаҳои замине, ки барои истихроxи маъданҳои фоиданоки маъму­лӣ, инчунин бо мақсадҳои новобаста аз истихроxи маъданҳои фоиданок дода мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Агар имконияти ҳамчун манбаи ашёи хоми алтернативӣ истифода бурдани партови конҳои маъдан ва корхонаҳои дигар мавxуд бошад, манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истихроxи маъданҳои фоидаи маъмулӣ бо мақсади истеҳсоли маводи бинокорӣ дода намешаванд.
 
Моддаи 15. Истихроxи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз тарафи  соҳибони қитъаҳои замин
Соҳибони қитъаҳои замин ҳуқуқ доранд бо майли худ дар ҳудуди қитъаашон, бидуни таркишгарӣ мувофиқи Қонуни мазкур истихроxи маъданҳои фоиданоки маъмулиро ба роҳ, монанд ва дар xумҳурии то 5 метр барои эҳтиёxоташон иншоотҳои зеризаминӣ созанд.
 
 
Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда
Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.
Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.
Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» манъ аст.
Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)
 
Моддаи 17. Истихроx ва ҳифзи оби ширини зеризаминӣ
Оби ширини зеризаминӣ бидуни xудо кардани замин бо риояи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроx карда мешавад.
Ҳифзи оби ширини зеризаминӣ аз истифодаи оқилонаи он ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои кам ва олуда нашудани ин об иборат аст. Корхонаю ташкилотҳое, ки аз зери замин оби ширин мекашанд, бо­яд аз каму зиёдшавии оби обгирҳо ва атрофу акнофи он огоҳу бохабар бошанд. Чоҳҳои мушоҳидавӣ бо маслиҳати ташкилотҳои гидрогеологии маҳал канда мешаванд.
Агар сифату миқдори оби обгирҳо тағйир ёбад, корхонаю ташкилотҳое, ки ин обгирҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бояд ба мақомоти назораткунандаи ҳифзи оби ширин аз ин хусус зуд хабар диҳанд.
 
Моддаи 18. Истихроxи таxрибавию саноатии маъданҳои фоиданок
Маъданҳои фоиданок ё қисми онҳо бидуни xудо кардани қитъаи замини кeҳсор барои таxрибаи саноатӣ истихроx карда мешаванд.
Ҳуқуқ барои коркарди таxрибавию саноати дар мавридҳои истиснои дода мешавад. Иxозатнома барои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди экспертиза шудани лоиҳаи корҳо ба тартибе, ки ин Қoнун муқаррар кардааст, дода мешавад. Иҷозатнома барои он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).
Ашёи хоми минералии истихроxшуда ва маҳсулоти коркарди он бо­яд аз рeи иҷозатнома фурeхта, сипас аз онҳо маблағи муқарраршуда ситонида шавад.
 
Моддаи 19. Ошкор шудани маъданҳои фоиданок ҳангоми истифодаи қаъри замин (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351)
Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ зимни кушодани конҳо дар сурати ошкор гардидани захираҳои сангҳои пурарзишу нимаарзиш, ороишӣ, кристаллҳои оптики, пьезоэлектрӣ, сангҳои музейбоб ва коллексионӣ ва дигар маъданҳои фоиданок, ки арзиши илмию амалӣ доранд, бояд корҳоро қатъ намуда, аз ошкор гардидани маъданҳои фоиданок ба фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.
Кори ин қитъа баъди гирифтани иxозати фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ давом дода мешавад.
 
Моддаи 20. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ дар сурате қатъ мегардад, ки;
1) Мeҳлати эътибори иҷозатнома ба охир расад;
2) соҳиби иҷозатнома аз ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ даст кашад;
3) шарти муҳими дар иҷозатнома зикргардида пеш ояд, ки ба татбиқи минбаъдаи ҳуқуқиаш монеъ мешавад.
Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро мақоми иҷозатномадиҳанда дар мавридҳои зайл пеш аз мeҳлат қатъ намуда, боздошта ва ё маҳдуд карда метавонад:
1) ба ҳаёт ва саломатии одамоне, ки дар минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кор ё зиндагӣ мекунанд, хатари бевосита таҳдид кунад;
2) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ шартҳои иҷозатномаро вайрон карда бошад;
3) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қоидаҳои муқарраршудаи истифодабарии манбаъҳои зеризаминиро мунтазам вайрон намояд;
4) вазъияти фавқулодда ба вуxуд ояд (офатҳои табиӣ, xанг ва ғайра);
5) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мeҳлати муқарраркардаи иҷозатнома бо сабабҳои ба e вобаста корҳои истифодаи манбаъ­ҳои зеризаминиро дар ҳаxми пешбинишуда иxро накарда бошад;
6) корхона ё субъекти дигари фаъолияти хоxагие, ки манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро барои истифода гирифта буд, барҳамхурад.
Агар истифодабарандаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ бо қарори барҳамдиҳӣ, боздорӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ розӣ набошад, метавонад ба таври маъмурӣ ё тавассути додгоҳ шикоят намояд.
 
Моддаи 21. Тартиби пеш аз мeҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1 ва 4-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пас аз қарори мақоми босалоҳият оид ба манъ кардани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ба таври хаттӣ огоҳ кардани истифодабаранда қатъ ме­гардад.
Дар ҳолатҳои муқарраркардаи бандҳои 2, 3 ва 5-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур қарор дар бораи қатъи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мумкин аст пас аз се моҳи ба таври хаттӣ дар бораи вайронкориҳо ва наандешидани тадбирҳои ислоҳкунандаи онҳо огоҳ намудани истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қабул карда шавад.
Ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар сурати бекор кар­дан ё бозпас гирифтани иҷозатнома қатъ мегардад.
Агар ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ пеш аз мeҳлат бекор карда шавад, корхона бо тартиби муқарраркардаи моддаи 27-уми қонуни мазкур барҳам дода ё муваққатан хобонда мешавад. Хароxоти барҳамдиҳӣ ва хобондани корхонаро истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мепардозад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандҳои 1 (агар корхона гуннаҳкор бошад), 2, 3 қисми дуюми моддаи 26-уми Қонуни мазкур зикргардида ё бо ташаббуси истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қатъ шуда бошад.
Хароxоти хобондан ва барҳамдиҳии корхонаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро давлат ба eҳда мегирад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандӣ 1 (дар сурати гуннаҳкор набудани корхона) ва банди 4 қисми дуюми моддаи 20-уми қонуни мазкур зикргардида қатъ шуда бошад.
Агар вазъияту шароити боздоштан ё маҳдуд сохтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ислоҳ, карда шавад, ҳуқуқи мазкур пурра барқарор хоҳад шуд. Дар сурати набудани гуноҳи истифодабаран­даи сарватҳои зеризаминӣ мeҳлати боздоштани ҳуқуқи e ба мeҳлати эътибори иҷозатнома дохил намешавад.
 
Моддаи 22. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ
Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқ дорад:
1) қитъаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминии ба ихтиёри e додаро бахри шаклҳои мeҳталифи фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар, ки ба мақсадҳои дар иҷозатнома зикршуда мувофиқ аст, истифода барад;
2) шакли ин фаъолиятро, ки ба асноди қонунгузорию меъёрӣ мухолиф нест, мустақилона интихоб намояд;
3) натиxаи фаъолияти худро, аз xумла ашёи хоми минералии истихроxнамудаашро мувофиқи иҷозатнома ва қонунгузорӣ истифода барад;
4) партови корхонаи истихроxи маъдани худ ва истеҳсолоти коркарди бо он алоқамандро, агар шартҳои дигар дар иҷозатнома зикр наёфта бошанд, истифода барад:
5) сохтмонро дар майдони маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қитъаи замини кeҳсори ба e додашуда маҳдуд намояд;
6) бе иxозати иловагӣ аз ҳисоби маблағи худ омeзиши геологии сарватҳои зеризаминиро дар ҳудуди замини кeҳсори xудокардашуда доир намояд;
7) дар сурати пайдо шудани вазъияте, ки аз ҳолатҳои дигари мавриди иҷозатномагири фарқ дорад, ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои тағйир додани шартҳои он муроxиат намояд;
8) фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқию воқеиро дар истифодаи замин ва сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини дар ихтиёрашон буда маҳдуд намояд, агар дар иҷозатнома мувофиқи қонунгузорӣ тартиби ди­гар пешбинӣ нашуда бошад.
Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ нисбат ба довталабони дигар дар масъалаи дароз кардани мeҳлати амали иҷозатнома бартарӣ дорад.
Eҳдадориҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:
1) риоя намудани талаботи қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи технологияи доир намудани корҳои марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;
2) риоя кардани талаботи лоиҳаҳои техники ва нақшаи тараққиёти корҳои оид ба маъдан;
3) зимни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ, мондани ҳуxxатнигории геологи, маркшейдерӣ ва ғайра, инчунин таъмини нигоҳдории онҳо;
4) таъмини назорати идоравӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;
5) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризамини додани ахбору маълумотӣ геологи;
6) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати истихроxи маъдан ва омори давлатӣ додани маълумотҳо доир ба маъданҳои фоиданоки инкишофшуда, истихроxшаванда ва дар қаър нопадидшаванда, таркиби онҳо ва ба мақсади бидуни истихроxи маъданҳои фоиданок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;
7) бехатар иxро кардани корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
8) риоя намудани стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудае, ки шароити ҳифзи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, замин, xангал, об, инчунин биноҳо ва иншоотҳоро аз таъсири бади корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ танзим мекунад;
9) ба ҳолати қобили истифодаи минбаъда овардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ хароб шудаанд;
10) ҳифзи конҳо ва чоҳҳои иқтишофии кофташуда, ки минбаъд барои мавриди истифода қарор додани онҳо ё ба мақсади дигари хоxагӣ лозим шуда метавонанд, барҳам додани конҳо ва чоҳҳои кофташуда, ки минбаъд қобили истифода намебошанд;
11) иxро кардани шартҳои иҷозатнома, ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва дуруст пардохтани маблағҳо.
 
ФАСЛИ III
 ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӣ
 
Моддаи 23. Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ
Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд;
1) риояи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати ба ис­тифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ва роҳ, надодан ба ис­тифодаи худсаронаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ;
2) омeзиши пурра ва хушсифати геологи, истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ;
3) ба роҳ мондани омeзиши пешакии геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз xумла дар рафти кандани конҳо, ки зухуроти пурраи баҳои ҳаққонии захираи маъданҳои фоиданокро таъмин менамояд ё хусусиятҳои қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки ба мақсадҳои новобаста бо истих­роxи маъданҳои фоиданок дода шудаанд;
4) экспертизаи давлатӣ ва муҳосибаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои мақсадҳои новобаста ба истихроx истифода бурда мешаванд;
5) истихроxи пурраи захираи маъданҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо xойгирифта ва унсурҳои туфайлӣ;
6) ҳисобу китоби пурраи маъданҳои фоиданоки истеҳсолшуда ва захираи маъданҳои асосӣ, маъданҳои ҳамроҳи онҳо xойгирифта ва унсурони фоиданоки туфайлӣ;
7) ҳифзи конҳои маъданҳои фоиданок аз обзеркунӣ, сeхтор ва ди­гар омилҳое, ки сифати маъданҳои фоиданок ва қимати саноатии конҳоро паст карда, шароити истихроxи онҳоро мушкил мегардонад;
8) пешгирӣ намудани манбаъҳои зеризаминӣ ва муҳити зист аз олудашавӣ ҳангоми корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, махсусан дар вақти дар зери замин захира кардани нафт, газ ва дигар моддаҳои масолеҳ, гeр кардани моддаҳои зарарнок ва партови истеҳсолот ва оби ганда;
9) риояи тартиби муайяншудаи хобонидан ва барҳамдиҳии корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии ба ис­тихроxи маъдан алоқаманд набуда;
10) пешгирӣ намуданӣ сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок ва риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи ин масоҳатҳо ба мақсадҳои дигар;
11) пешгирии гуншавии партовҳои саноатию рeзғор дар xойҳои xамъшавии об ва захираи обҳои зеризаминӣ, ки барои нeшидан ё саноат истифода мешаванд.
Дар сурати вайрон гардидани талаботи моддаи мазкур ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризамини аз xониби мақомоти махсуси салоҳиятдори давлатӣ мувофиқи қонунгузорӣ маҳдуд намуда, боздошта ё қатъ карда мешавад.
 
Моддаи 24. Талаботи асосии бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Ба сохтмон ва истифодаи корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоида­нок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногун, омeзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар сурате иxозат дода мешавад, ки бехатарии ҳаёт ва сиҳатии кормандони корхонаҳои мазкур ва аҳолии сокини минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин карда шавад.
Мақомоти ҳокимияти иxроия (ҳукуматҳо) ва идора, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати давлатии истихроxи маъдан дар доираи салоҳияти худ eҳдадоранд иxрои талаботи қонунҳо, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) ба тартиби муайян тасдиқшударо оид ба  бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин намоянд.
Масъулияти бевоситаи таъмини бехатарии шароити кори истифодаи, сарватҳои зеризаминӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳо, сарфи назар аз он ки ин корхонаҳо мувофиқи иҷозатнома ё аз рeи шартномаҳо кор мекунанд, гузошта мешавад.
Талаботи асосии таъмини бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд:
1) ба корҳои ин соҳа роҳ, додани танҳо шахсони дорои тайёрию  тахассуси махсус;
2) бо сару либоси махсус ва воситаҳои бехатарии коллективию инфиродӣ таъмин намуданӣ шахсоне, ки ба корҳои маъдан ва пармакунӣ  машғуланд;
3) истифодаи мошинҳо, таxҳизот ва маводе, ки ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва меъёрҳои санитарӣ мувофиқанд;
4) истифодаи дурусти маводи тарканда, воситаҳои таркиш, ҳисобу  китоб, нигаҳдорӣ ва ҳарчи дурусти онҳо;
5) анxом додани маxмeи мушоҳидаҳои геологи, маркшейдерӣ ва  мушоҳидаҳои дигаре, ки барои таъмини сикли технологии корҳо ва пешгeии вазъияти хавфнок лозиманд;
6) назорати доимии ҳолати ҳавои конҳо, мавxудияти оксиген, чангу  газҳои тарканда ва зараровар;
7) таҳияю доир намуданӣ чорабиниҳои таъмини бехатарии коргарони  машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва бехатарии аҳолии маскуни минтақаи таъсири зарарноки корҳои истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ дар низоми муқаррарӣ ва ҳангоми ба амал омадани вазъияти хавфнок.
Роҳбарони корхонаҳои машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва шахсони мансабдори масъули соҳаи мазкур ҳангоми бевосита таҳдид кардани хавф ба ҳает ва саломатии коргарони ин корхонаҳо eҳдадоранд фавран корҳоро боздоранд ва аҳолиро ба xойҳои безарар кeчонанд.
Ҳангоми ба вуxуд омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии аҳолии маскуни минтақаи корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ роҳбарони корхонаҳои дахлдор бояд мақомоти идораи давлатӣ ва маъмурияти маҳаллиро огоҳ созанд.
 
     Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ
      Бо мақсади таъмини бехатарии гузаронидани корҳо вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданок, инчунин ҳангоми корҳо дар иншооти зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавии ҳарбикунонидашуда ё идоравӣ ё дигар қисмҳо ва сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, таъсис дода мешаванд.
     Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти идоравии наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд, метавонанд дар асоси шартнома аз хизматрасонии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ ё ин ки дигар сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ истифода баранд.
     Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ таъсис дода мешаванд, ки Низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
      Ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд ё оид ба хизматрасонӣ бо ин гуна хадамот шартнома надоранд, амалигардонии корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №663).
 
Моддаи 26. Шартҳои сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок
Лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, комплексҳои саноат ва дигар объектҳои хоxагӣ танҳо дар сурате иxозат дода мешавад, ки оиди дар қаъри қитъаҳои барои сохтмон муқарраршуда мавxуд набудани маъданҳои фоиданок маълумот ба дастомада бошад.
Сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок, xойгиркунии иншоотҳои зеризаминӣ дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок бо ризояти фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва иxозати мақомоти назорати истихроxи маъдан роҳ дода мешавад, ба шарте ки имконияти истихроxи маъданҳои фоиданок боқи монад ё ба мақсадҳои иқтисоди мувофиқ, будани сохтмон исбот шуда бошад.
 
Моддаи 27. Барҳам додан ва хобондани корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроxи маъданҳои фоиданок марбут нестанд
Корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроxи маъданҳои фоиданок марбут нестанд, баъди ба охир расидани мeҳлати эътибори иҷозатнома ё пеш аз мeҳлат қатъ шудани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барҳам дода ё хобонда мешаванд.
То ба охир расидани xараёни барҳамдиҳӣ ё хобондани корхона ва иншоотҳо истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рeи қонуни маз­кур масъулият ба душ дорад.
Дар сурати тамоман ё қисман барҳам додан ё хобондани корхона ё иншооти зеризаминӣ кону чоҳҳои кофташуда бояд ба ҳолате оварда шаванд, ки бехатарии ҳаёту саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зисти табиӣ, биноҳо ва иншоотҳоро таъмин кунад, дар сурати хобондани корхона бо­шад, кони маъданҳои фоиданок ва чоҳҳои кофташударо дар тамоми мeҳлати хобондани кор эҳтиёт намояд.
Ҳангоми барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроxи маъданҳои фоиданок ё як қисми он, инчунин иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроxи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳуxxатҳои геологи, маркшейдерӣ ва асноди дигар дар лаҳзаи ба анxом расидани корҳо тартиб дода, бо тартиби муқарраршуда барои ҳифз ва фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ супорида мешаванд. Барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроxи маъданҳои фоиданок ё иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроxи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, пас аз имзои ақти барҳамхурӣ ва хобонидан аз тарафи мақомоти иҷозатнома дода ва мақоми давлатии назорати истихроxи маъдан эътибор пайдо мекунад.
 
Моддаи 28. Ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ
Ахбор дар бораи сохти геологии манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои фоиданок, миқдору сифат ва шароити истихроxи онҳо ва дигар хусусиятҳои манбаъҳои зеризаминие, ки дар ҳисоботи геологи, харитаҳо ва маводи дигар мавxуд аст, моли фармоишгарест, ки барои корҳои ба даст овардани ин ахбор маблағ xудо кардааст, агар дар иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ шарти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳуқуқи моликият ба ахбори геологи ва маълумоти дигар оид ба сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар объектҳоӣ моликият ҳифз карда мешавад.
Иxрокунанда дар сурати халалдор нашудани манфиати тиxоратии  фармоишгар, ки дар шартнома зикр ёфтааст, ҳуқуқ дорад ахбори дар натиxаи корҳои истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ба дастовардаашро ба мақсадҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ истифода барад.
Ахбори геологи ва дигар ахборе, ки аз ҳисоби маблағи давлатӣ ба даст омадааст, бо шакли муайяншуда ба фонди давлатии ахбори геологи барои ҳифзу танзим дода мешавад.
Тартиб ва шартҳои истифодабариӣ ахбори зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандоне, ки ахбори геологи ва дигар намудҳои ахборро оид ба сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби маблағи худ  даст меоранд, ин ахбор ё маълумотро дар бораи он ба фонди давлатии ахбори геологи месупоранд ва шартҳои истифодаи онро дар асоси қонунгузории xорӣ муайян менамоянд.
Шахсони мансабдор eҳдадоранд, ки ҳангоми xамъ овардан, нигоҳ, доштан ва интиқол намудан, ё истифодаи дигари ахбор махфияти онро таъмин намоянд.
 
Моддаи 29. Баҳисобгирии давлатӣ ва бақайдгирии давлатӣ
Корҳои омeзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, қитъаҳои манбаъҳои он, ки барои истихроxи маъданҳои фоиданок ё ба мақсадҳои вобаста ба истихроx дода щудаанд, бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд.
Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи системаи ягона ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 30. Экспертиза ва тасдиқи давлатии захираи маъданҳои фоиданок
Захираи маъданҳои фоиданоки конҳои кашфшуда бояд аз xониби миссияи давлатӣ оид ба захираи маъданҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи давлатӣ, баррасӣ ва тасдиқ қарор гирад. Номгeи маъданҳои фоиданок ва миқёси камтарини конҳое, ки Комиссия мазкур бояд баррасӣ намояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мақсади истихроxи маъданҳои фоиданок танҳо пас аз экспертизаи давлатии захир онҳо иxозат дода мешаванд.
Хулоса дар бораи экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок асоси бақайдгирии давлатии захираи кашфшудаи маъданҳои фоиданок мебошад.
Захираи маъданҳои фоиданокро дар ҳамаи мархилаҳои омeзиши геологии кон экспертизаи давлатӣ кардан мумкин аст, ба шарте ки маводи геологии ба экспертиза пешниҳодшуда барои арзёбии холисонаи сифату миқдори захираи маъданҳои фоиданок, аҳамияти он барои хоxагии халқ, шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроxи маъдан ва шартҳои дигари истихроxи он имкон диҳад.
Ахбор оид ба қитъаҳои манбаъҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ мувофиқ буда, бо кандани конҳои маъданҳои фоиданок вобаста нестанд, низ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гирад. Чунин қитъаҳоро барои истифодабарӣ танҳо пас аз экспертизаи давлатии ахбори геологи додан мумкин аст.
Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар сурати ба истифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ҳамзамон барои омeзиши геологи ва истихроxи маъданҳои фоиданок метавонанд аз рeи иҷозатнома маъданро то экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок истихроx намуда, баъди ин маводеро, ки натичаҳои марҳалаи босуръат кандани конҳои маъданҳои фоиданокро дар бар мегиранд, пешниҳод кунанд.
Захираи маъданҳои фоиданок ва ахбори геологи оид ба қитъаҳои барои истифодабари пешбинишударо фақат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатӣ мекунад.
 
Моддаи 31. Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок
Конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бо мақсади таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии омeзиши геологии манбаъҳои сарватҳо зеризаминӣ, истифодаи комплексии конҳои маъданҳои фоиданок, xойгиронии оқилонаи корхонаҳои истихроxи он, инчунин бо дигар мақсадҳои хоxагии халқ мавриди кадастри давлатӣ қарор мегиранд.
Кадастри давлатии конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бояд маълумотро дар бораи ҳар кон, сифату миқдори маъданҳои асосӣ ва маъданҳои фоиданоки ҳамроҳи онҳо xойгир, унсурони ин маъданҳо шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроxи маъдан ва дигар шароити истифодаи кон ва аҳамияти геологию иқтисодии он, инчуни маълумотро оиди ҳар як зухуроти маъданҳои фоиданок дарбар гирад.
 
Моддаи 32. Баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ва аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ
Бо мақсади ба ҳисобгирии вазъи базаи ашёи хоми минералӣ баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок xорӣ карда мешавад. Баланс давлатӣ бояд дар бораи миқдор, сифат, дараxаи омeзиши захираи ҳар як намуди маъдани фоиданоки конҳои дорои аҳамияти саноатӣ, xойгиршавии захираҳо, дараxаи азхудкунии саноатӣ, истихроxу талафот ва аз захираи маъданҳои фоиданоки кашфшуда таъмин будани саноат маълумот,  дошта бошад.
Маъданҳои фоиданоки истихроxгардида ва ҳамчунин захираи маъданҳои фоиданок, ки дигар аҳамияти саноатӣ надоранд ва дар рафти истихроxи маъдан гум шудаанд ва минбаъд зимни корҳои иқтишофи геологи е худ конкушои аҳамияташон тасдиқ нагардид, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳисоб бароварда шаванд.
Захираи дар баланс будаи маъданҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатии худро гум кардааст ва дар рафти истихроx, гум шудааст ё худ минбаьд зимни корҳои иктишофи геологи ё конкушои аҳамияташ тасдиқ нагардидааст, бо мувофиқаи мақомоти назорати истихроxи маъдан аз ҳисоби корхонаи истихроxи маъдан бароварда мешавад.
 
Моддаи 33. Xорӣ намудани кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок
Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок дар асоси ахбори геологи, ки ташкилоту корхонаҳои машғули омeзиши геологии манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ мефиристанд, инчунин дар асоси ҳисоботи давлатии корхонаю ташкилотҳои кашфкунандаи конҳои маъданҳои фоиданок ва истихроxи онҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин фонд пешниҳод менамоянд, тартиб дода, xорӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 34. Ҳифзи қитъаҳои сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ
Ҳар як фаъолияте, ки ҳифозати падидаҳои нодири геологи, унсурҳои минералоги, объектҳоӣ палеонтологи ва қитъаҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ, мамнуъгоҳ ва ёдгориҳои геологиро халалдор мекунад, манъ карда мешавад.
Истифодабарандагон дар сурати ошкор намудани унсурҳои геологӣ-менералогӣ, шиҳобпора, объектҳоӣ палеонтологи, археологи ва объектҳои дигари дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бояд кори қитъаҳои дахлдорро боздошта, дар ин бора ба мақоми идораи фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.
 
Моддаи 35. Нахусткашшофони конҳои маъданҳои фоиданок
Шахсоне нахусткашшофи конҳои маъданҳои фоиданок дониста мешаванд, ки кони маъданҳои фоиданоки қаблан номаълум ва хосиятҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои қимати саноатию илмӣ ё захираҳои иловагии маъданҳои фоиданок, инчунин хосияти қаблан номаълуми сарватҳои зеризаминӣ ва намуди нави ашёи хоми минералиро дар кони қаблан маълуме, ки аҳамияти саноатии конро афзун мекунад, кашф кардаанд.
Нахусткашшофони кони маъдани фоиданок ва хосиятҳои дигари пурқимати сарватҳои зеризаминӣ ба гирифтани мукофот ҳуқуқ доранд.
ҳуқуқи нахусткашшофон ва тартиби ба онҳо додани мукофоти пулиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
ФАСЛИ IV
ТАНЗИМӣ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӣ
 
Моддаи 36. Вазифаҳои танзими давлатии муносибатҳои истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ
Ба манфиати наслҳои имрeзу фардои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ, истифодаю ҳифзи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи асосии танзими давлатии муносибатҳо оид ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ мебошад.
Муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тавассути идоракунӣ, иҷозатномадиҳӣ, баҳисобгирӣ ва назорат аз тарафи давлат танзим карда мешавад.
Вазифаҳои танзими давлатӣ аз инҳо иборат аст:
1) муайянкунии ҳаxми истихроxи намудҳои асосии маъданҳои фоиданок барои мархилаи xорӣ ва оянда умуман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манотиқи xудогонаи он;
2) тараққӣ додани базаи ашёи хоми минералӣ ва тайёр кардани захираи қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста бо истихроxи маъданҳои фоиданок истифода мешаванд;
3) муқаррар кардани ҳадду андозаи фиристодани ашёи хоми минералии истихроxшаванда;
4) xорӣ намудани пардохтҳои вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва нархҳои танзимшавандаи намудҳои алоҳидаи ашёи хоми минералӣ;
5) муайян кардани стандартҳоӣ (меъёру қоидаҳоӣ) соҳаи омeзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.
 
 
Моддаи 37. Идораи давлатии истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ
Идораи давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иxроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ тавассути мақомоти давлатӣ (фонди ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, умури назорати истихроxи маъдан ва ғайра) ба xо меоранд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
Идора ва ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро низомномаи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 38. Назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ
Таъмини риояи қоидаи муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян муқарраркардаи соҳаи омeзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои xорӣ намудани ҳисобу китоб ва ҳисоботи давлатӣ вазифаи назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд.
Назорати давлатиро ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мақомоти давлатии назорати геологи, мақомоти давлатии назорати истихроxи маъдан якxоя бо мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ба xо меоранд.
Ваколати мақомоти давлатии назорати геологиро низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 39. Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо
Аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, риоя кардани қонунгузорӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) муқарраршудаи иxрои бехатари корҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибати зараровари онҳо ба аҳолӣ, муҳити зист, биноҳо ва иншоотҳо, инчунин ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи назорати давлатии истифодаи хатари бехатарии сарватҳои заризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба шумор мераванд.
Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба зиммаи мақомоти давлатии назорати истихроxи маъдан гузошта мешавад. Ин мақомот фаъолияти худро якxоя бо мақомоти давлатии назорати геологи, ҳифзи табиат ва мақомоти дигари манфиатдор амалӣ мегардонанд.
Салоҳияти мақомоти давлатии назорати истихроxи маъдан, ҳуқуқ, вазифаҳо ва тартиби кори онҳоро низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 40. Назорати идоравӣ ба истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ
Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, сарфи назар аз шакли моликият, eҳдадоранд ба риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи он назорати идоравӣ ташкил намоянд.
Назорати идоравиро хадамоти маркшейдерӣ, геологи ва хадамоти дигари корхонаҳо ва иттиҳодияҳои онҳо ё ташкилотҳои махсус дар асоси шартнома амалӣ мегардонанд.
Низомномаҳои намунавии хадамоти маркшейдерӣ ва геологиро мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Бидуни хушсифат ва сари вақт таъмин намудани корҳои геологи ва маркшейдерии истихроxи маъдан, инчунин бидуни баҳисобгирии вазъ ва камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.
 
Моддаи 41. Лоиҳакашии корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омeзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроxи маъданҳои фоиданок
Лоиҳаи корхонаҳои истихроxи маъдан, инчунин иншоотҳои зеризаминӣ новобаста ба омeзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроxи маъданҳои фоиданокро ташкилотҳои махсуси лоиҳакашӣ дар асоси захираи тасдиқшудаи маъданҳои фоиданок бо назардошти таъмини бехатарии экологи ва тараққиёти комплексии минтақа мекашанд.
Xойҳои сохтмони корхонаҳои истихроx ва коркарди маъданҳои фоиданок, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омeзишу истихроxи маъданҳои фоиданокро комиссияҳои махсус ташкилшуда муайян карда, бо мақомоти худидораи маҳаллӣ, мақомоти назорати давлатии истихроxи маъдан ва мақомоти дигари манфиатдор мутобиқ менамоянд.
Дар рафти лоиҳакашии корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба мақсадҳои омeзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроxи маъданҳои фоиданок ташкилоти лоиҳасоз eҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи хусусиятҳои таъсири объекти лоиҳавӣ ба муҳити зист интишор намояд.
Лоиҳаҳои сохтмон, васеъкунӣ ва навсозии корхонаҳои истихроxи маъдан ва иншоотҳои зеризаминӣ то амалӣ шуданашон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд экспертизаи комплексии давлатӣ, аз xумла экспертизаи экологи шаванд.
Меъёрҳои лоиҳакашии технологии корхонаҳои истихроxи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста аз мақсадҳои омeзиши сарватҳои зеризамини ва истихроxи маъданҳои фоиданок истифодашаванда бояд бо мақомоти давлатии назорати истихроxи маъдан дар доираи салоҳияти он мувофиқат карда шаванд.
Ташкилотҳое, ки лоиҳаи корхонаҳо ва технология, маҳсулот ва таxҳизоти марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро мекашанд, инчунин ташкилотҳое, ки чунин лоиҳаҳоро мавриди экспертиза қарор медиҳанд, бояд иxозатномаи бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо дошта бошанд.
 
Моддаи 42. Талабҳои истихроxи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар
Истихроxи маъданҳои фоиданок ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда лоиҳаҳои тасдиқшуда, нақшаҳои вусъати корҳои истихроxи маъдан, лоиаҳо  ва схемаҳои истихроxи нафт, газ, обҳои зеризаминӣ, қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои экологи ва ғайра амалӣ гардонда мешавад.
Қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминиро мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда тасдиқ менамоянд.
Ҳангоми истихроxи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризамини бояд корҳои зерин ба xо оварда шаванд:
1) роҳ надодан ба талафоти аз меъёр зиёд ва каммаъданшави тарошидани танаву қабати конҳои маъдан, интихобан истихроx кардани маъдан, ки аз ин қимати захираи ашёи хоми минералии дар конҳо боқимонда паст мешавад, инчунин захираи маъданҳои фоиданок беасос талаф меёбад;
2) дар рафти корҳои истихроxи маъдан роҳ, надодан ба вайроншавии конҳои фаъол ва конҳои ҳамшафати онҳо, инчунин ҳифз намуд захираи маъданҳои фоиданоке, ки дар қаъри замин муваққатан нигоҳ дошта мешаванд ва конҳои маъдане, ки барои истифодаи минбаъда лозиманд;
3) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатии камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок, талаф ва камтаркибшавии маъданҳои фоиданок ба инобат гирифтани азхудкунии комплексӣ ва истифодаи ашёи хоми минералӣ, инчунин миқёси коркардшудаи кони сарватҳои зеризамини;
4) бозиқтишофи кони маъданҳои фоиданок ва иxрои дигар корҳои геологи, корҳои маркшейдерӣ, инчунин тартиб додану ҳифз кардани ҳуxxатҳои геологию маркшейдерӣ;
5) баҳисобгирӣ ва назорати сифату миқдори тақсими xузъиёти фоиданоки ашёи хоми минералии мавриди коркард, маҳсулоти ниҳоӣ партови маъдан;
6) бехатар анxом додани корҳое, ки бо истифодаи қаър вобастаанд;
7) xорӣ намудани назорати доимии ҳолати объектҳои гуронидани (дар анбор xой додани) моддаҳои зараровар ва ҳолати муҳити табии зист, инчунин андешидани тадбирҳои самарабахши муҳофизат ва вақт огоҳ намудани аҳолӣ ҳангоми сар задани фалокат;
8) роҳ, надодан ба xойгиронии моддаҳои зараровар ва партовҳои захрдор дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок, дар болои захираи маъданҳо, иншоотҳо ва объектҳои воқеи манбаъҳои зеризаминӣ;
9) роҳ, надодан ба гуронидани партовҳои басо хавфнок ва радиоактивии корхонаҳои давлатҳо ва шаҳрвандони хориxӣ дар қитъаҳои кeҳию замини xудо кардашуда.
 
ФАСЛИ V
ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӣ
 
Моддаи 43. Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пулакӣ мебошад.
Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:
— пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
— маблағxудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ;
— пардохти ҳаққи иҷозатнома. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
Ғайр аз ин, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ боxу андоз ва намудҳои дигари пардохт, ки Қонун пешбинӣ намудааст, аз xумла ҳаққи истифодаи замин ва ахбори геологи месупоранд. Онҳо дар сурати каммаъдан шудани манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи моддаи 48-уми Қонуни мазкур тахфифи пардохтро гирифта метавонанд.
 
Моддаи 44. Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми xустуxeӣ, иктишофу омeзиши конҳои маъданҳои фоиданок, ҳангоми истихроx ва мақсадҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тамоми истифодабарандагони сарватҳоӣ зеризаминӣ, аз xумла ҳангоми ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ xалб гардидани маблағгузорони хориxи, ситонда мешавад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Андоза ва тартиби ба буxети Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ворид гардидани пардохтро шартномаю иҷозатномаҳо, аз xумла консессияҳо дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин ҳуxатҳои таъсисӣ барои барпо кардани xамъиятҳои ҳархелаи саҳоми, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои муштарак, аз xумла якxоя бо ширкату корхонаҳои хориxӣ, муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
Ҳангоми пешниҳод намудани қитъаи замин барои истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабаранда хароҷоти давлатӣ ва ё шахси ҳуқуқии дигарро, ки барои ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишоф масраф шудааст, пардохт менамояд. Хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҷуброни хароҷоти ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №471).
 
Моддаи 45. Шаклҳои пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар шаклхои зерини муқарраркардаи иҷозатнома ситонида мешавад:
1) музди пулакӣ;
2) як қисми ашёи хоми минералии истихроxшуда ё дигар маҳсулоте, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ истеҳсол мекунад, ба истиснои маводи радиоактивӣ, металлҳои асил, алмос ва дигар маводу маҳсулоте, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;
3) иxрои кор ё хизматрасонӣ, ба истиснои хизмати дорои хусусият ҳарби ва ахборе, ки сирри давлатӣ ё тиxоратии корхона мебошад;
4) ба ҳисоб гирифтани маблағе, ки ба буxети xумҳурӣ ва буxетҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо чун ҳиссаи фонди ибтидоии корхона сохташавандаи истихроxи маъдан ирсол мегардад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
Андозаи пардохт барои ҳуқуқи истихроx бо назардошти намудҳои маъдани фоиданок, миқдору сифати захираи он, шароити табиию географӣ, иқтисодӣ ва шароити техникии xустуxe ва иктишоф, баҳрабардории кон, дараxаи таҳдиди хавфу хатар муайян карда мешавад. Тартиби каму беш пардохтани андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 46. Маблағxудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хом минералӣ
Пул барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минерали аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, ки бо истихроxи ҳамаи намудҳои маводи маъдани машғуланд, мувофиқи моддаи 15 –уми ин Қонун xудо карда мешавад. Ин пул ба буxети xумҳури дар шакли пардохти xуброни xузъии хароxоти корҳои омeзиши геологии дохил мешавад ва барои бо пул таъминкунии корҳои омeзиши геологии сарватҳои зеризамини ва арзёбӣ намудани захираҳои маъданҳои фоиданок истифода мегардад.
Маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №471).
Андозаи маблақxудокуниро барои васеъ кардани базаи ашёи хо­ми минералӣ, тартиби ситондан ва тақсиму истифодаи онро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 47. Пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ
Ҳаққи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351).
 
Моддаи 48. Кам кардани пули пардохт барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ
Барои каммаъдан гаштани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ аз шахсони зерин барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ камтар пули пардохт ситонида мешавад:
1) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки бо вуxуди кам будани даромади иқтисодии кон шартҳои истифодаи оқилонаи захираҳои кашфшударо риоя намуда, бо сабабҳои объективӣ маъданҳои фоиданоки камеб истеҳсол мекунад;
2) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки аз захираи боқимондаи пастсифат, ба истиснои ҳолатҳое, ки сифати захираи маъданҳои фоиданок дар натиxаи интихобан истихроx, намудани маводи кон паст мегардад, маъданҳои фоиданок истихроx, менамояд.
Қарори кам кардани пули пардохтро барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ мақоми давлатие қабул мекунад, ки барои ҳуқуқӣ истифодаи сарватҳои зеризаминӣ иҷозатнома медиҳад.
 
 
 
ФАСЛИ VI
XАВОБГАРӣ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӣ ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӣ
 
Моддаи 49. Чавобгарӣ барои вайрон кардани Қонун дар бораи сарватҳои зеризаминӣ
Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки барои аъмоли зайл гунаҳкоранд:
1) риоя накардани тартиботи муқарраркардаи ҳамин Қонуни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
2) худсарона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ;
3) риоя накардани талаботи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи онҳо ва муҳити табиии зист, аз xумла хилофкориҳое, ки манбаъҳои зеризаминиро олуда сохта, кони маъданҳои фоиданокро ғайриқобили истифода мегардонанд;
4) риоя накардани ҳуқуқӣ моликият ба ахбори геологи ва ахбори дигар ва ё ҳуқуқӣ ҳифзи махфияти он;
5) сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок;
6) эҳтиёт накардани биноҳо, иншоотҳо ва инчунин ҳудуди махсус ҳифзшаванда ва объектҳои муҳити табиии зист ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
7) нобуд кардан ё зарар расондан ба чоҳҳои мушоҳидавию режимии обҳои зеризаминӣ, инчунин аломатҳои маркшейдерӣ ва геологи;
8) мудом риоя накардани тартиби пардохти пули истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
9) иxро накардани талабҳои барои аҳолӣ бехавф гардонидани ко­ну чоҳҳое, ки барҳам дода, ё худ хобонида мешаванд, инчунин талаб­ҳои эҳтиёт кардани манбаъҳои маъданҳои фоиданок, кону чоҳҳо дар давраи хобондани онҳо;
10) қобили истифодаи минбаъда накардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки дар натиxаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ зиён дидаанд;
11) иxро накардани фармонҳои мақомоти назоратӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарии xинои, маъмурӣ ва xавобгарии дигар кашида мешаванд.
Қонунгузорӣ метавонад барои аъмоли дигари зидди Қонуни сарватҳои зеризаминӣ низ xавобгарӣ муқаррар намояд.
 
         Моддаи 50. Ҳал намудани баҳсҳо
Баҳсҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)
 
Моддаи 51. Додани товони зиён
Товони зиёне ки дар натиxаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шаҳрвандон, мақомоти ҳокимият ва идораҳо ба истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ расидааст, аз ҳисоби маблағи худашон ва буxетҳои дахлдор xуброн мешавад.
Агар қитъаи манбаъҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор нагирифта бошад, товони зиён ба буxети Ҷумҳурии Тоҷикистон, буxетҳои ноҳияю шаҳрҳо бо роҳи ҳиссагузорӣ ирсол мегардад.
Бо ризояти тарафҳои манфиатдор xуброни пулии зиёнро метавон бо корҳои барқарорсозии хусусиятҳои табиии харобгардидаи манбаъ­ҳои сарватҳои зеризаминӣ иваз кард.
Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризаминӣ ва сохтмони худсарона дар замини дорои манбаи маъданҳои фоиданок бидуни xуброни хароxоти истифодаи ғайри қонунии сарватҳои зеризамини қатъ ме­гардад.
 
ФАСЛИ VII
 ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИ
 
Моддаи 52. Шартномаҳои байналхалқӣ
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур қойдаҳои дигар муайян шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ татбиқ карда мешаванд.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Э. РАҲМОНОВ
 
шаҳри Душанбе, 20 июли соли 1994,
 № 983
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар хусуси мавриди татбиқ қарор доданӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»
 
(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1004, №15-16, мод. 236)
 
 
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз лаҳзаи нашр шуданаш мавриди татбиқ қарор дода шавад.
  2. Шeрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мутобиқ намояд;
дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории xорӣ бо тартиби муқарраршуда таклифҳо тайёр намояд;
аз xониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бекор карда шудани санадҳои меъёрӣ ва дигар санадҳояшонро, ки хилофи Қонуни мазкур мебошанд, таъмин кунад.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Э. РАҲМОНОВ
 
шаҳри Душанбе,  20 июли соли 1994,
№984

Илова кунед