Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 Июл 1994, Чоршанбе

(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод.194)
 
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад, ки баъди поён ёфтани xанги гражданӣ, дар рафти тадриxан бартараф намудани оқибатҳои он, дар натиxаи меҳнати пуршиддати халқ, xидду xаҳди мақомоти ҳокимият ва идораи марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва бо дастгирии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои ба амал овардани дигаргуниҳои қатъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти xамъият дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуд. Ҳоло барои кушодани роҳ ба сeи сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ дар Тоxикистон, таъмини пурратари кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳкими мавқеи Тоxикистон дар арсаи байналхалқӣ ва обрeю эътибори он дар байни аҳли олам тамоми имкониятҳо мавxуданд.
Муҳокимаи ҳалқии лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои апрел-июни соли 1994 баргузор шуд ва дар рафти он лоиҳа мавриди дастгирии хеле васеъ қарор гирифт, бо камоли итминон зарурати харxи зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро собит месозад ва дар зудтарин вақт бо роҳи овоздиҳии халқӣ (рефе­рендум) қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунад.
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қайд мекунад, ки шакли идораи президентӣ, ки дар лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни муҳокимаи он маъқул дониста шуд ва ин имконият медиҳад, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор вусъат дода шавад.
Бо дар назардошти фавқ ва дар асоси Изҳороти сиёсии Сарвари давлат, Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов, ки Шeрои Олӣ 28 декабри соли 1993 онро маъқул донист,
ба мақсади собитқадамона амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ, таъмини идома ва фаъолияти самарабахши ҳамаи шоҳаҳо ва савияҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ дар рафти навсозии дарпешистода, фароҳам сохтани шароит барои сари вақт амал кардани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таҳкими замина барои аз буҳрони иxтимоию иқтисодӣ баромадани xумҳурӣ, минбаъд муътадил гардидани вазъи сиёсии дохилӣ, ба даст овардани ризояти xамъиятӣ,
бо саъю кушиш барои муҳайё сохтани имконият ба халқ, ба шуму­ли гурезаҳо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худашон тақдири кишвари худро муайян кунанд,
Эъломияро дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода ва мувофиқи моддаҳои 1, 2, 5, 99 ва 103-юми Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Моддаи 1. Лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки комиссияи оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо назардошти xамъбасти муҳокимаи халқӣ маъқул дониста ва он ба овоздиҳии халқӣ (референдум) гузошта шавад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате қабулшуда ҳисоб мешавад, ки ба он бештар аз нисфи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар референдум иштирок кардаанд, овоз до­да бошанд.
Рeзи овоздиҳии халқӣ (референдум) рeзи қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ид эълон карда мешавад ва ҳар сол ҳамчун Рeзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таxлил мегардад.
 
Моддаи 2. Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Xумҳурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ин иxлосия қабул гардид, гузаронида шавад.
 
Моддаи 3. Референдум барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 1994 таъин карда шавад.
 
Моддаи 4. Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шавад.
Ташкил ва гузаронидани овоздиҳии халқӣ (референдум)-ро барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихоботи оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои интихоботии поёнӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба комиссияҳои оид ба гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии зарурӣ расонанд. Ҳар гуна амалиётеро, ки ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат мерасонанд, пешгирӣ намоянд.
 
Моддаи 5. Хароxоти вобаста бо гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Буxети xумҳурӣ таъмин карда шавад.
 
Моддаи 6. Муқаррар карда шавад, ки то мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро мувофиқи Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 7. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeзи расман нашр шудани он мавриди амал қарор дода мешавад. Аз худи ҳамон рeз амали Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шудааст, бо ҳамаи таuйирот ва иловаҳои ба он дохил кардашуда қатъ мегардад.
 
Моддам 8. Қонунҳои пештар қабулкардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои  ҳуқуқии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар xузъе, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надорад, амали худро ҳифз мекунанд. Ҳамаи қонунҳо ва санадҳои мазкури ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.
Қонунҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсионӣ номида шудаанд, бояд баъди як соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.
 
Моддаи 9. Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ваколатҳои худро то кушода шудани иxлосияи якуми Маxлиси Олии Xумҳрии Тоxикистон ҳифз мекунанд. Ин мeҳлат аз мeҳлати ваколатҳои Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум зиёд буда наметавонад.
То кушода шудани аввалин иxлосияи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, Раёсати он ва Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ваколатҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати он ва Раиси Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, иxро мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурeъ намудан ба вазифа дар иxлосияи Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум савганд ёд мекунад.
 
Моддаи 10. Шeрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташкили Ҳукумати нав ваколатҳои Ҳукуматро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иxро менамояд.
 
Моддаи 11. Шахсони мансабдор, ки онҳоро Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб намудааст, мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъин ё интихоб мешаванд.
Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати судяҳои судҳои Тоxикистон то интихобот ё таъини нави онҳо боқӣ мемонад. Мeҳлати ин ваколатҳо аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад.
 
Моддаи 12. Шeрои депутатҳои халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, Шeроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва кишлоқҳо, кумитаҳои иxроияи онҳо ваколатҳои худро то ташкили мақомоти нави маҳаллии ҳокимият мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мавxуда дар xузъе, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, иxро намоянд.
 
Моддаи 13. Судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода мешаванд.
 
Моддаи 14. Кумитаи назорати конститутсионии Xумҳурии Тоxкистон то интихоботи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
 
Моддаи 15. Ин Қонун дорои эътибори Қонуни конститутсионӣ мебошад ва аз рeзи қабул шуданаш мавриди амал қарор мегирад.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  20 июли соли 1994
№ 974

Илова кунед