Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 Декабр 1993, Сешанбе

(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 3-4, мод.62; Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 10, мод.127; соли 2000, № 11, мод. 535; соли 2002, № 4, қ-1, мод. 260, мод. 263; соли 2003, №4, мод.141; соли 2014,№11,мод.658; соли 2015,№12қ1,мод.1111; соли 2018, №5, мод.273)
 
 
ФАСЛИ I.
ҚОИДАҲОИ УМУМИ
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ,  ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149)
 
Моддаи 1. Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қушунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ташкилоти ҳарбии он буда, барои иxрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин Қонун пешбинӣ мекунад, дар назар дошта шудаанд. Қушунҳои дохилӣ барои муҳофизаи амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони xанг ба ҳайати он дохил мегарданд.
 
Моддаи 2. Вазифаҳои қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — қушунҳои дохилӣ) аз инҳо иборатанд:
— мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи Xамъиятӣ, таъмини амнияти xамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;
— посбонӣ ва муҳофизаи объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсус;
— посбонӣ ва муҳофизаи муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ, қаравулӣ карда бурдани маҳкумон ва шахсони маҳбус;
— иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;
— иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои стихиявӣ, офатҳои калон ва дигар ҳолатҳои фавқулодда.
Қўшунҳои дохилӣ вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 3. Принсипҳо ва асоси ташкилии фаъолияти қушунҳои дохилӣ
Фаъолияти қушунҳои дохилӣ дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқи инсон, яккасардорӣ ва идоракунии марказонидашуда сурат мегирад.
Такмили қушунҳои дохилӣ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи eҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сурат мегирад.
 
Моддаи 4. Ҳайати қушунҳои дохилӣ
Ба ҳайати қушунҳои дохилӣ инҳо дохил мешаванд;
— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва махсус;
— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои муҳофизаи объектҳои муҳими давлатӣ ва борҳои махсус;
— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизаи муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ;
— мақомоти идоракунӣ, муассисаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ барои таъ­мини фаъолияти қушунҳои дохилӣ, таълимӣ, сохтмон, алоқа ва uайра.
Қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ба ҳайати Раёсати қушунҳои дохилӣ шомил мебошанд.
 
Моддаи 5. Забони идоракунӣ ва коргузории қушунҳои дохилӣ
Идоракунӣ, коргузорӣ ва муросилоти хизматӣ дар қушунҳои дохилӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149)
 
Моддаи 6. Фондҳои асосии қушунҳои дохилӣ
Биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳракҳои xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва муассисаҳои қушунҳои дохилӣ, объектҳои таълимӣ  молу мулки таълимӣ ва моддию техникии дар онҳо буда, заминаи  дигар, ки аз тарафи қушунҳои дохилӣ барои иxрои вазифаҳои дар зиммаашон гузошташуда истифода мешаванд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фондҳои асосии қушунҳои дохилиро ташкил медиҳанд. Ин молу мулк ва дигар молу мулке, ки барои қушунҳои дохилӣ xудо карда шудааст, дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ истифода бурда мешавад.
Замин барои буду бош ва фаъолияти доимии xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, барои қушунҳои дохилӣ xиҳати истифодаи бемeҳлат, доимӣ, муваққатӣ ё иxора аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ дар доираи салоҳиятҳои онҳо дода мешаванд.
 
Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149), (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
 
ФАСЛИ II.
ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ИXРОИЯ ДАР МАҲАЛҲО ОИДИ РОҲБАРӣ БА ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 8. Ваколатҳои Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба қонуни будани xалби қушунҳои дохилӣ барои иxрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда назорат мекунад;
— бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумӣ, сохтор ва ҳайати қушунҳои дохилиро тасдиқ мекунад;
— ливоҳои xанги ва байрақи қушунҳои дохилиро тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҳар сол шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд ба хизматӣ ҳарбӣ ва xамъомадҳо дар қушунҳои дохилӣ даъват карда шаванд, муайян мекунад;
— барои таъмини фаъолияти қушунҳои дохилӣ маблаuи зарурӣ xудо менамояд;
— бо силоҳу аслиҳа, маводи муҳорибавӣ, техникаи xангӣ, махсус ва воситаҳои алоқа таxҳизонидани қушунҳои дохилиро муайян мекунад;
— тартиби бо озуқа, молу мулк ва манобеъи дигари моддию техникӣ таъмин гардондани қушунҳои дохилиро муайян менамояд;
— барои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо дар бобати омода сохтан, ба қушунҳои дохилӣ додани воситаҳои нақлиёт, алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникӣ ҳангоми эълони сафарбарӣ ва дар вақти xанг, инчунин дигар вазифаҳои вобаста ба сафарбариро муқаррар менамояд;
— феҳристи объекту иншоотҳои басо муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсусро, ки бояд аз тарафи қисмҳои қушунҳои дохилӣ посбонӣ карда шаванд, муайян мекунад;
— дар бораи муқаррар намудану бекор кардани посбонии ҳарбӣ дар объекту иншоотҳои басо муҳим ва дорои тартиботи махсуси давлатии роҳҳо ва борҳои махсус қарор қабул мекунад, шумораи ҳайати шахсиро, ки барои иxрои ин вазифаҳо зарур аст, муқаррар менамояд;
— дар бораи ташкил, таъсис ва барҳам додани xузъу томҳо, қисмҳо, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ қарор қабул ме­кунад;
— асоси ба xумлаи гарнизонҳои дар маҳалҳои дурдаст ва дорои иқлими номусоид воқеъшуда нисбат додани қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбиро муайян мекунад;
— доир ба ҳимояи иxтимоӣ, таъминоти моддӣ ва маишии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар эҳтиёт, истеъфобуда ва аъзои оилаҳои онҳо тадбирҳо меандешад;
— дигар масъалаҳои таъминоти фаъолияти қушунҳои дохилиро, uайр аз масъалаҳое, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ба салоҳияти Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҳал мекунад. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ
Мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо:
— дар доираи салоҳиятҳои худ дар баррасии таклифҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу xойгиронии xузъу томҳо ва қисму воҳидҳои қушунҳои дохилӣ дар ҳудуди тобеъашон иштирок менамоянд;
— барои қушунҳои дохилӣ шароити мусоиди зиндагӣ муҳайё мена­моянд, татбиқи кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро таъмин мекунанд;
— ба фармондеҳи қисмҳои қушунҳои дохилӣ барои бо ҳайати шахсӣ такмил намудани воҳидҳои ҳарбӣ ёри мерасонанд.
(ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
 
Моддаи 11. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар бобати ёри расонидан ба қушунҳои дохилӣ
Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар доираи ваколатҳои худ ба қушунҳои дохилӣ дар иxрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, ёрӣ мерасонанд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ва xамъомадҳо дар қушунҳои дохилӣ даъват мекунад, ҳайати шахсӣ ва техникаи қушунҳои дохилиро ҳангоми иxрои вазифаҳояшон дар ҳолати фавқулодда интиқол медиҳад, барои ин онҳоро бо самолётҳои авиатсияи боркашони ҳарбӣ таъмин менамояд, ба онҳо дар тайёр намудан ва баланд бардоштани маҳорати кадрҳои афсарии қушунҳои дохилӣ дар асоси шартномавӣ мадад мерасонад.
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати қушунҳои дохилӣ дар майдонҳои ҳавоии худ нишастан, истодан, бо сeзишворӣ таъмин намудан ва бархостани ҳавопаймоҳоеро, ки супоришҳои махсусро иxро менамоянд, таъмин месозанд.
Роҳи оҳани тоxик барои интиқоли маҳкумшудагон ва маҳбусон ба қушунҳои дохилӣ вагонҳои махсусро ба иxора медиҳад, дар истгоҳҳои роҳи оҳан xойҳои таxҳизонидашударо барои таваккуфи вагонҳо ва ба вагонҳо савор кардану фуровардани шахсонеро, ки дар зери назорат ба xойҳои дигар кашонда мешаванд, дар ихтиёри қушунҳои дохилӣ қарор медиҳад.
Шахсони мансабдори идораи ҳамагуна намудҳои нақлиёт, комендантҳои ҳарбӣ ва намояндагони мақомоти ҳарбӣ ва интиқолоти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт барои интиқоли хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми иxрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ мерасонанд ва дар ҳолатҳои фавқулодда бе навбат фиристодани онҳоро таъмин менамоянд.
Вазорати мудофиа, Хадамоти алоқа, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани тоxик дигар вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хатҳо ва каналҳои алоқаро барои идоракунии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои вазифаашон оид ба таъмини назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ва бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва бадбахтиҳои стихиявӣ дар ихтиёри онҳо қарор медиҳанд. (ҚҶТ аз 27.11.14,№1149)
Механизми амалӣ намудани ин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
ФАСЛИ III.
ХИЗМАТ ДАР ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 12. Ҳайати шахсии қушунҳои дохилӣ
Ҳайати шахсии қушунҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён ва коргаронро дарбар мегирад.
Хизматчиёни ҳарбӣ, яъне шахсоне, ки хизмати ҳақиқии ҳарбиро дар қушунҳои дохилӣ адо менамоянд, дорои унвонҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намуди муайяни либос мебошанд. Нисбати онҳо санадҳои меъёрӣ, ки шароит ва тартиби адои хизматро дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба тартиб меандозанд, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ, бо назардошти таuйироту иловаҳое, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, татбиқ мешаванд.
Фаъолияти хизматӣ ва меҳнатии коргарон ва хизматчиёни қушунҳои дохилӣ тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. (ҚҶТ аз 27.11.14,№1149)
 
Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар қушунҳои дохилӣ
Қушунҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ, ки ба хизмати ҳарбӣ мувофиқи қонуни мавxудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд, такмил мегарданд.
Шароит, тартиб ва мeҳлатҳои адои хизмати ҳарбии хизматчиёни қушунҳои дохилӣ, статуси онҳо, ҳуқуқ ва вазифаҳояшон, тартиби додани унвонҳои ҳарбӣ, ишuоли вазифа, аттестатсия, рухсат шудан ва таъминоти нафақавии онҳо тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба қушунҳои дохилӣ шомил мешаванд, Савганди ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд мекунанд.
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мувофиқи маҳдудиятҳое, ки хусусияти адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунад, истифода мебаранд. Ба зиммаи онҳо, uайр аз вазифаҳои конститутсионӣ, дигар вазифаҳои умумишаҳрвандӣ ва вазифаҳои хизмати ҳарбӣ, инчунин вазифаи ёрӣ расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизаи тартиботи xамъиятӣ гузошта мешаванд.
Ба афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизматашон изофамeҳлат ва хизматчиёни ҳарбӣ, ки шаҳодатномаи муқаррарӣ, ки ваколатҳои онҳоро тасдиқ менамояд, дода мешавад.
 
Моддаи 14. Тайёр намудани кадрҳои қушунҳои дохилӣ
Тайёр намудани афсарон барои Қушунҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, сурат мегирад. Тайёр намудани афсарон инчунин дар муассисаҳои таълими ҳарбии давлатҳои дигар дар асоси шартномавӣ сурат гирифта метавонад. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
Баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати афсарони қушунҳои до­хилӣ дар факултетҳо, курсҳо ва кафедраҳои академияҳои ҳарбии давлат­ҳои дигар дар асоси шартномавӣ сурат гирифта метавонад.
 
Модди 15. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ барои содир намудани xиноят ва дигар қонуншиканиҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
Парвандаҳо дар бораи xиноятҳое, ки аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ содир карда шудаанд, тавассути мақомоти додситони ҳарбӣ таҳиқ ва аз тарафи додгоҳҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ шаҳрвандон метавонанд мувофиқи тартиби муқарраршуда ба командир, сардор, дод­ситони ҳарбӣ ё дар ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ба суд шикоят кунанд.
Дар сурати аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ вайрон карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон командирҳо (сардорон), вазифадор ҳастанд, ки барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо, ба xавобгарӣ кашидани гуннаҳкорон ва xуброн намудани зарари расонидашуда мувофиқи тартиботи мавxуда чора бинанд.
 
Моддаи 16. Иxрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои вазифаҳои ҳарбӣ дар маҳалли xойгиршавии қисм ва воҳиди ҳарбӣ, таълимгоҳи ҳарбӣ, муассиса ё берун аз онҳо, аз xумла дар роҳи рафтан ба хизмат ё бозгашт аз он қарор доранд.
Вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва тартиби иxрои ин вазифаҳо тавассути Қонуни мазкур ва оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
ФАСЛИ IV.
ВАЗИФАҲО ВА ҲУҚУҚИ ҚУШУНҲОИ ДОХИЛӢ
 
Моддаи 17. Вазифаҳои xузъу томҳо ва қисмҳои қушунҳои дохилӣ
Ба зиммаи xузъу томҳо ва қисмҳои қушунҳои дохилӣ чунин вазифа­ҳо гузошта мешаванд:
— якxоя бо мақомоти корҳои дохилӣ иштирок кардан дар посбонии тартиботи xамъиятӣ бо иxрои хизмати патрулӣ ва қаровулӣ, инчунин дар таъмини амнияти xамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;
— мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини муҳофизаи тартиботи xамъиятӣ ҳангоми тасодумот, фалокатҳо, сухтор, офатҳои табиӣ, инчунин дар таъмини назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;
— иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;
— иштирок дар пешгири намудани бетартибиҳои оммави дар маҳалҳои аҳолинишин;
сархатҳои панҷум, шашум,ҳафтум бо ҚҶТ аз 22.04.2003,№11 хориҷ шудаанд.
-қаровулӣ карда бурдани маҳкумшудагон ва шахсони маҳбус аз ҳабсхонаҳои таҳқиқ бо роҳе, ки пешакӣ ба нақша гирифта шудааст, инчунин бурдани онҳо ба xаласаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ ва дигар судҳо мувофиқи феҳристе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст ва муҳофизаи ин шахсон дар вақти маxлисҳои додгоҳ;
— посбонии объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсус, ки ба феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд;
— иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои садамот, фалокатҳо, сeхтор, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда дар объектҳо ва иншооте, ки таҳти посбонӣ қарор доранд;
— иштирок дар кофтуков ва дастгир намудани шахсоне, ки пинҳонӣ ба ҳудуди посбонишаванда дохил, шудаанд.
 
Моддаи 18. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои вазифаҳое, ки ба зиммашон гузошта шудаанд
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ доранд:
а) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи xамъиятиро талаб кунанд, xинояткорӣ, қонуншикании маъмурӣ ва аъмолеро, ки ба иxрои вазифаҳои онҳо мамоният мекунанд, пешгирӣ намоянд;
б) ҳуxxатҳои шаҳрвандони мансабдорро барои муайян намудани шахсияти онҳо, агар ба содир намудани xиноят ё қонуншикании маъму­рӣ гумонбар шудани онҳо асоси комил дошта бошанд, тафтиш кунанд;
в) шахсонеро, ки қонуншиканӣ намудаанд ё қасди онро доштаанд ё ба мақсади муайян намудани шахсияташон дастгир намуда, ба мақомоти милиса оваранд;
г) шахсонеро, ки ба объектҳои посбонишаванда қасд намудаанд, дастгир карда, то се соат онҳоро дар бинои хизматии қушунҳои дохилӣ то супориданашон ба мақомоти милисия нигоҳ дошта, тафтиш кунанд, чизҳо ва ҳуxxатҳояшонро аз назар гузаронанд ва мусодира намоянд;
д) воситаҳои нақлиёт, воситаҳои шиноварӣ (киштиҳо)-еро, ки қоидаҳои дар объектҳои посбонишаванда муқарраргардидаро вайрон кардаанд, тафтиш кунанд.
е) дар ҳар вақти шабу рeз бидуни мамоният ба маҳал ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои посбонишаванда сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ба истиснои онҳое, ки масунияти дипломатӣ до­ранд, дохилшаванд ва онҳоро ба мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, ки ба тартиботи xамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, аз назар гузаронанд, шахсонеро, ки ба ҳудуди маҳалли посбонишаванда ворид шудаанд, кофтуков намуда, дастгир кунанд, маҳкумшудагон ва шахсони маҳбусро, ки гуннаҳкоранд, xустуxe кунанд;
ж) бо қарори сардори баландтари оперативӣ ва дар ҳолатҳои фавқулодда — командири қисм ё воҳиди ҳарбӣ қитъаҳои маҳаллот, биноҳо ва объектҳои алоҳидаро ҳангоми кофтукови маҳкумшудагон ва маҳбусоне, ки гурехтаанд, таъқиби шахсоне, ки ба ҳудуди маҳалли посбониша­ванда дохил шудаанд, пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ ва ба таври дастxамъи вайрон намудани тартиботи xамъиятӣ, инчунин ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табий, садамот ва фалокатҳо касалиҳои сирояткунандаи инсонӣ ва ҳайвонӣ, дигар ҳолатҳои фавқулод­да иҳота, муҳосира намуда, дар сурати зарурат воситаҳои нақлиёт ва воситаҳои шиноварӣ (киштиҳо)-ро тафтиш кунанд;
и) шаҳрвандонеро, ки ба қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои вазифаҳояшон наuз ёрӣ расонидаанд, ҳавасманд гардонанд.
Ҳангоми иxрои вазифа дар шароити низоми вазъияти фавқулодда ба қушунҳои дохилӣ ҳуқуқҳои иловагии зерин дода мешавад;
а) ба хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, қитъаҳои ба онҳо тааллуқдошта, ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташки­лотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд ва барои тафтиши он xойҳо ҳангоми таъқиб намудани шахсоне, ки ба содир кардани xиноят гумонбар шудаанд, ё дар сурати мавxуд будани далелҳои кофӣ дар бораи он, ки он xо xиноят содир шуда истодааст ё xиноят ё бадбахтие рeй додааст, бемамоният ворид шаванд.
Дар ҳамаи ҳолатҳои дохил шудан ба манзил бидуни розигии сокинони он фармондеҳи қисм дар давоми 24 соат ба додситон хабар медиҳад.
б) ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳоро муваққатан манъ ё маҳдуд намоянд, онҳоро дар кeчаҳо ва роҳҳо ба мақсади ҳифзи саломатӣ, зиндагӣ, молу мулки шаҳрвандон тафтиш кунанд;
в) воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ё шаҳрвандонро (uайр аз нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориxӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус) барои савор шуда рафтан ба маҳалли ҳодисаҳои фавқулодда, ба муассисаҳои табобатӣ расонидани шаҳрвандоне, ки ба ёрии таьxилии тиббӣ мeҳтоx мебошанд, барои таъқиби шахсоне, ки xиноят содир кардаанд ва бурдани онҳо ба мақомоти милисия истифода намоянд;
г) шаҳрвандонро ба баъзе xойҳо ва объектҳо роҳ надиҳанд, онҳоро водор намоянд, ки дар xойҳои худ истанд ё он xойҳоро ба мақсади ҳиф­зи саломатӣ, ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон тарк намоянд;
д) ба мақсадҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқае, ки ба корхонаҳо, му­ассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба истис­нои онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд), иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва шаҳрвандон тааллуқ доранд, бепул истифода баранд;
е) аз корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли мо­ликияти онҳо барои истифода дар вазифаҳои хизматӣ маxxонӣ дарёфт намоянд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун таври дигари гирифтани маълумоти дахлдорро муайян кардааст;
ж) ҳуxxатҳои шаҳрвандонро дар сурати зарурат тафтиш кунанд ва дар ҳолатҳои фавқулодда агар дар хусуси силоҳ доштани онҳо маълумот бошад, онҳоро шахсан тафтиш намуда, ашё, манзил ва воситаҳои нақли­ёти онҳоро аз назар гузаронанд.
з) шаҳрвандонеро, ки низоми соати комендантиро пеш аз хатми он вайрон кардаанд ва шахсоне, ки ба худ ҳуxxат надоранд, то муайян сохтани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарeз, боздошт намоянд.
Афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии изофамeҳлати қушунҳои дохилӣ барои нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани воситаҳои махсуси табели ва силоҳи шахсӣ ва кор фармудани онҳо мувофиқи ин қонун ҳуқуқ доранд.
 
ФАСЛИ V.
ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ XИСМОНӣ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС, СИЛОҲ ВА ТЕХНИКАИ ҲАРБӣ АЗ ТАРАФИ ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 19. Шароит ва ҳадду ҳудуди истифодаи қувва, воситаҳои махсус, силоҳ, ва техникаи ҳарбӣ
Қушунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳо ва тартибе, ки ин қонун пешбинӣ намудааст, қувваи xисмониро истифода баранд, воситаҳои мах­сус, силоҳи табели ва техникаи штатии ҳарбиро кор фармоянд.
Хизматчиёни қушунҳои дохилӣ бояд аз тайёрии махсус ва санxиши мунтазам барои корҳои ба амалиёт дар шароите, ки ба истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ, ва техникаи ҳарбӣ вобаста аст, гузаранд. Инчунин ба зарардидагон то омадани духтур ёрии тиббӣ расонида тавонанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ё техникаи ҳарбӣ вазифадоранд:
— дар бораи истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ё техникаи ҳарбӣ пешакӣ огоҳ, намоянд ва зимнан барои иxрои талаботаш ба қадри кофӣ мeҳлат диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъхир намудан дар ин кор ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хатар дошта бошад ва боиси оқибатҳои вазнин гардад ё вақте ки чунин огоҳкунӣ дар вазъияти баамаломада ноxоя ё номумкин аст;
— ба шахсоне, ки зарари xисмонӣ дидаанд, то расидани духтур кeмак намоянд;
— бо фармон дар ҳар мавриди истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ хабар диҳад.
Фармондеҳони дахлдори қисмҳо, воҳидҳо вазифадоранд, ки дар бораи ҳамаи ҳолатҳои захмдоршавӣ ё марг фавран ба додситон хабар диҳанд.
Истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ё техникаи ҳарбӣ бо суиистифода аз ваколатҳо мувофиқи қонун боиси xавобгарии хиз­матчиёни ҳарбӣ мешавад.
 
Моддаи 20. Истифодаи қувваи xисмонӣ
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд қувваи xисмонӣ, аз xумла усулҳои ҳарбии муборизаро барои пешгирӣ намудани xиноят ва қонуншикании маъмурӣ, боздошт намудани шахсоне, ки онро содир намудаанд, бартараф намудани амали хилофи талаботи қонунии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ истифода баранд, дар сурате, ки дигар усулҳо иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин карда натавонанд.
 
Моддаи 21. Истифодаи воситаҳои махсус
Хизматчиёни қушунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё дар ҳайатӣ воҳиди ҳарбӣ воситаҳои махсусро дар чунин ҳолатҳо истифода баранд:
а) барои рафъи ҳуxум ба шаҳрвандон, коркунони муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ё кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;
б) барои пешгирӣ намудани зиддиятнишондиҳии uайриқонунӣ ба хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ;
в) барои боздоштани шахсе, ки дар ҳолати содир намудани xиноят uофилгир шуда, кeшиши гурехтан мекунад;
г) барои боздоштани шахсоне, ки дар хусуси қасди зиддияти мусаллаҳона нишон додани онҳо асоси кофӣ вуxуд дорад;
д) барои овардани шахсони боздошташуда ба мақомоти милиса, қаровулӣ карда бурдан ва посбонӣ намудани шахсони боздошташуда, инчунии шахсоне, ки мавриди боздошти маъмурӣ ва таҳти ҳабс қарор доранд ва аз рафтори онҳо дида мешавад, ки онҳо қасди фирор ё ба атро­фиён ё ба худ зарар расонидан доранд ё ба хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ зиддият нишон медиҳанд;
е) барои рафъи ҳуxум ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза;
ж) барои озод намудани гаравгонҳо, биноҳо, хонаҳо, иншоот, воси­таҳои нақлиёт ва маҳалҳои зер карда гирифташуда;
з) барои пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ ва амалҳое, ки ба кори нақлиёт, алоқа, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо халал мерасонанд, инчунин назми кори муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд;
и) дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда барои таваккуф додани воситаи нақлиёт, ки ронандаи он талаби қонуниро дар бораи таваккуф намудан иxро накардааст, инчунин ҳангоми дастгир наму­дани маҳкумшуда ё маҳбусе, ки ба воситаи нақлиёт фирор намудааст;
к) барои кофтуков ва дастгир намудани маҳкумшуда ва шахсони маҳбус, ки аз ҳабс фирор кардаанд.
Ба сифати воситаҳои махсус инҳо истифода бурда шуда метавонанд:
— калтакҳои резинӣ — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;
— гази ашковар — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «г», «е», «ж», «з», «к»- қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;
— завлонаи даст — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «б», «в», «д», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;
— воситаҳои нурусадои таъсираш хушро ба сeи дигар xалбкунанда — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «г», «е», «ж», «з», «к»-и қисми авва­ли ин модда пешбинӣ шудаанд;
— воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо — дар ҳолатҳое, ки дар банд­ҳои «г», «ж», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;
— воситаҳои маxбуран таваккуф додани нақлиёт — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «к», «и»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;
— обпошҳо ва мошинаҳои зиреҳпeш—дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «г», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд, фақат бо амри фармондеҳи қисми ҳарбӣ ё xонишини фармондеҳи қисми ҳарбӣ бо огоҳ намудани додситон дар давоми 24 соат аз вақти истифода бурда шуданашон;
— сагҳои махсус — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «в», «г», «д», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд. Ҳамаи намудҳои воситаҳои махсус, uайр аз ин, дар ҳолатҳое, ки моддаи 22 ин Қонун пешбинӣ намудааст, истифода бурда шуда метавонанд,
Воситаҳои махсусро нисбати занони ҳомиладор, шахсони аломати маълуми маъюбӣ ва хурдсолон, uайр аз ҳолатҳои аз тарафи онҳо нишон дода шудани зиддияти мусаллаҳона, ҳуxум, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид карда метавонанд, истифода бурдан мумкин нест.
Дар ҳолати дифои машрeъ ё зарурати ночор хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ дар сурати набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон метавонад аз ҳар гуна воситаҳои дар зери дасташ буда истифода барад.
 
Моддаи 22. Истифодаи силоҳ
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё дар ҳолати дастxамъӣ дар чунин мавридҳо силоҳро истифода баранд; (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
а) барои ҳимояи шаҳрвандон аз ҳуxуме, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;
б) барои рафъи ҳуxум ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва коркунони муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ, вақте ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатар таҳдид мекунад, инчунин барои пешгирӣ намудани кушиши кашида гирифтани силоҳи онҳо;
в) барои озод намудани гаравгонон, объектҳо, иншоот, борҳо ва техникаи ҳарбии зуран гирифташуда;
г) барои боздошт намудани ашхосе, ки ҳангоми содир намудани xиноят бар зидди хаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон uофилгир шудаанд ва кeшиши фирор кардан доранд, инчунин онҳое, ки зиддияти мусаллаҳона нишон медиҳанд;
д) барои пешгирӣ намудани фирори инҳо аз таҳти назорати посбонон:
— шахсоне, ки ба содир намудани xиноят гумонбар шуда боздошт гардидаанд;
— шахсоне, ки нисбати онҳо ҳабс чораи пешгирӣ интихоб карда шудааст;
— шахсоне, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд;
е) барои пешгирӣ намудан кeшишҳои зуран озод намудани шахсо­не, ки дар банди «д»-и ин модда зикр ёфтааст;
ж) барои таваққуф додани воситаи нақлиёт бо роҳи нуқс расондан ба он, дар сурате, ки ронанда дар шароити низоми вазъияти фавқулодда бо вуxуди тақозои корманди милисия ё хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ аз нигоҳ доштани нақлиёт саркашӣ кунад;
з) барои зада гардонидани ҳуxуми дастxамъӣ ё мусаллаҳона ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза, манзили шаҳрвандон, биноҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз он xумла бо истифодаи воситаҳои нақлиёт;
и) барои пахш намудани зиддияти гурeҳҳои мусаллаҳ, ки талаби қонунии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти uайриқонунӣ ва супурдани силоҳ ва техникаи ҳарбии дар дасташон буда иxро намекунанд;
к) барои огоҳ намудани шаҳрвандон аз нияти истифода бурда шудани силоҳ, додани бонги хатар ва даъват ба ёрӣ;
бидуни огоҳкунӣ аз силоҳ, ҳангоми зада гардондани ҳуxум бо исти­фодаи силоҳ, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, аппаратҳои парвозкунанда ва киштиҳо, ҳангоми фирор аз зери назорати посбонон бо силоҳ, ё бо ёрии воситаҳои нақлиёт ва аппаратҳои парвозкунанда, инчунин ҳан­гоми фирор дар шароити торик будани ҳаво ва ҳангоми фирор аз воси­таи нақлиёт дар вақти ҳаракат истифода бурда мешавад.
Истифодаи силоҳ нисбати занон, шахсоне, ки нишонаҳои маъюб будани онҳо аён аст ва ноболиuон, ки синну солашон маълум мебошад, мумкин нест, ба uайр аз ҳолатҳои аз тарафи онҳо нишон додани зиддияти мусаллаҳона ё ҳуxум, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад.
 
Моддаи 23. Истифодаи техникаи ҳарбӣ
Техникаи штатии ҳарбӣ, ки қушунҳои дохилӣ бо он мусаллаҳ мебошанд, дар чунин ҳолатҳо истифода шуда метавонад;
а) барои озод намудани гаравгонон, объектҳо, иншоот, борҳо ва техникаи ҳарбӣ, ки таҳти посбонӣ қарордошта забт карда шудаанд;
б) барои боздошт намудани шахсоне, ки зиддияти мусаллаҳона ни­шон медиҳанд;
в) барои таваққуф додани воситаҳои нақлиёт дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;
г) барои зада гардонидани ҳуxуми дастxамъӣ ё мусаллаҳона ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза, манзили шаҳрвандон, биноҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз xумла бо истифодаи воситаҳои нақлиёт;
д) барои пахш кардани зиддиятҳои гурeҳҳои мусаллаҳ, ки аз иxрои тақозои қонунии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти uайриқонунӣ ва супурдани аслиҳа ва техникаи ҳарбие, ки дар даст доранд, саркашӣ мекунанд.
 
Моддаи 24. Кафолати амнияти шахсии хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад силоҳи худро ба даст гирифта, онро ба ҳолати омодабош оварад, агар чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи он метавонад асосҳое бошанд, ки дар моддаи 22 ин Қонун пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
Кeшишҳои дастгиршаванда барои наздик шудан ба хизматчии ҳар­бии қушунҳои дохилӣ бо силоҳи аз uилоф кашидашудаи сард ё оташфишон, ё бо асбобе, ки бо ёрии он зарари xисмонӣ расонидан мумкин аст ва дар зимни кeтоҳ, намудани фосилае, ки хизматчии ҳарбӣ нишон додааст, инчунин кeшиши он барои ба силоҳи хизматчии ҳарбӣ даст задан, ба хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқ медиҳад, ки мувофиқи банди «б» моддаи 22-юми ҳамин Қонун силоҳро истифода барад.
Ба манфиати таъмини амнияти хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ нашр кардани иттилоот дар бораи маҳалҳои xойгиршавии (таuйири xой намудани) қисмҳои ҳарбӣ, ки дар задухурдҳо бо гурeҳҳои мусаллаҳи xинояткорон иштирок намудаанд, мум­кин нест. Иттилоот дар бораи фаъолияти хизматию ҳарбии қушунҳои до­хили фақат бо иxозати фармондеҳи қисми ҳарбӣ, сардори таълимгоҳи ҳарбӣ ё муассисаи қушунҳои дохилӣ дода мешаванд.
 
ФАСЛИ VI.
РОҲБАРӣ БА ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 25. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қушунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад ва ба қонунӣ будани иxрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда xавобгар мебошад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти қушунҳои дохилӣ дар иxрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ мебарорад;
— сохтор ва штатҳои Раёсати қушунҳои дохилӣ, xузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қушунҳои дохилиро тасдиқ мекунад;
— афсаронро ба гирифтани унвонҳои ҳайати олии афсарӣ пешбарӣ мекунад;
— бо пешниҳоди Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ афсаронро ба мансабҳои фармондеҳи қисм ва баландтар аз он таъин менамояд;
— бо унвонҳои якуми афсарӣ, инчунин унвонҳои ҳарбиро то рутбаи полковник сарфароз менамояд; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1265)
— афсаронро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати ҳарбӣ рухсат медиҳад;
— таълим ва такмили қушунҳои дохилиро ба воситаи Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ, мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ ва дар сурати зарурат ба воситаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
— барои бо кор ва аз xиҳати моддию маишӣ таъмин намудани оилаҳои хизматчиёни қушунҳои дохилӣ, ки ҳалок гардидаанд(вафот кардаанд) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1265)
— ҳаxми вазифаҳои хизматиро барои қисмҳо ва қисмҳои махсуси моторикунонидашудаи милиса, дар асоси шумора ва бо назардошти фароҳамсозии шароити таълим, тарбия ва истироҳати ҳайати шахсӣ, инчунин талаботи санадҳои асосии меъёрӣ барои қeшунҳо муайян менамояд;
— ба фаъолияти қисмҳои ҳарбии мазкур назорат мекунад. (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149)
 
Моддаи 26. Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ
Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ бевосита қушунҳои дохилиро идора менамояд.
Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ дар замони осоишта ва xанг ба­рои дар ҳолати омодабоши муҳорибавӣ ва сафарбарӣ нигоҳ доштани қушунҳои дохилӣ ва бомуваффақият иxро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда масъул мебошад.
Фармондеҳи қушунҳои дохилӣ:
— сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсии қушунҳои дохилӣ ме­бошад;
— мувофиқи фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили фаъолият, сохтори қӯшунҳои дохилӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
— нақшаҳои дар асоси даъват бо хизматчиёни ҳарбии хизмати мeҳлатдор такмил додани қушунҳои дохилиро тартиб медиҳад, онҳоро аз хизмати ҳарбӣ мувофиқи фармонҳои Президенти Тоxикистон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат менамояд;
— фармонҳо, директиваҳо, дастуруламалҳо, низомномаҳо мебаро­рад, накшаҳо ва барномаҳои тайёрии муҳорибавӣ ва сафарбарии қушунҳои дохилӣ, инчунин нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таxрибавию конструкториро тартиб медиҳад;
— масъалаи адои хизмати ҳарбиро аз тарафи афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд;
— афсаронро ба мансабҳои то муовини командири қисми ҳарбӣ, муовини сардори шўъбаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ таъин мекунад;(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1265)
— ба афсарон унвонҳои ҳарбӣ медиҳад ва афсаронро то рутбаи майор аз хизмати ҳарбӣ рухсат медиҳад, инчунин ба афсарони рутбаи то капитан пеш аз мeҳлат унвони ҳарбӣ медиҳад;
— инкишофи заминаи моддӣ ва муҳайё сохтани шароити зарурии иxтимоию маиширо барои ҳайати шахсӣ таъмин менамояд;
— хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён ва кормандони қушунҳои дохилиро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мекунад;
— дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ намудани қeшунҳо, техникаи ҳарбӣ ва молу мулки дигарро қабул менамояд;
— молу мулки корношоям ё маводи қиматнок ва маблаuи пули гумшудаи ҳарбӣ (буxетӣ)-ро ба тартибе, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз ҳисоб мебарорад;
— дар ҳадду ҳудуди ваколатҳое, ки аз тарафи Вазири корҳои дохи­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити xорӣ намудани низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда барояш дода шудааст, амалиёти қушунҳои дохилӣ, мақомоти дахлдори минтақавии корҳои дохилиро, ки барои таъмини ни­зоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда xалб карда мешаванд, ҳамоҳанг месозад.  (ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149)
 
Моддаи 27. Раёсати қушунҳои дохилӣ
Раёсати қушунҳои дохилӣ дар нақшаи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1265)
Ташкил ва тартиби фаъолияти Раёсати қушунҳои дохилӣ мувофиқи низомномае, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ме­кунад, муқаррар карда мешавад.
 
ФАСЛИ VII
XАЛБИ ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ БАРОИ ИXРОИ ВАЗИФАҲОЕ, КИ БА ЗИММААШОН ГУЗОШТА ШУДААНД
 
Моддаи 28. Тартиби вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иxро кардани xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои қушунҳои дохилӣ
Тартиби вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иxро намудани xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо ҳамин Қонун ва Оинномаи хизмати ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати кор­ҳои дохилӣ ва санадҳои меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Муддати xалби xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои иxрои вазифаҳояшон дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда набояд аз се моҳ, зиёд бошад. Зимнан барои афсарон прапоршикҳо, хиз­матчиёни ҳарбии хизмати изофамуддат хизмат мекунанд, мeҳлати хизмат як бор се ҳамчун хизмати дарозмуддат, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад ва барои хизматчиёни ҳарбии хизмати мeҳлатнок як бор се ҳамчун собиқаи кор барои таъини нафақа ҳисоб мешавад, инчунин бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба онҳо маоши зиёдтар дода мешавад.
 
Моддам 29. Xалби xузъу томҳо қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ барои иxрои вазифаашон берун аз ҳудуди xойгиршавии онҳо
Xалби xузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ барои иxрои вазифаҳояшон берун аз ҳудуди ноҳияҳои xойгиршавии он­ҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба сардорони калони оперативӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки воҳидҳои моторикунонидашудаи махсуси қисмҳои ҳарбиро ба муддати то як моҳ xиҳати ёрӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ барои муҳофизаи тартиботи xамъиятӣ дар ҳудуди минтақаҳои дахлдор xалб намоянд ва аз ин қарори худ ҳатман Раёсати қушунҳои дохилиро, огоҳ созанд.
 
ФАСЛИ VIII.
КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚӣ ВА ИXТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 30. Ҳатман иxро карда шудани талаботи қонунии хизматчиёни қушунҳои дохилӣ
Иxрои талаботи қонунии хизматчии қушунҳои дохилӣ аз тарафи шаҳрвандон, ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад;
Барои иxро накардани талаботи қонунии хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва амале, ки ба иxрои вазифаи ба зиммаи вай гузошташуда халал мерасонад, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгарӣ муқаррар карда шудааст.
 
Моддаи 31. Дифоъи машрeъ ва зарурати фавқулодда, ки дар фаъолияти хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ татбиқ мешавад
Дар фаъолияти хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дифоъи машрeъ ва зарурати фавқулодда тат­биқ мешавад.
 
Моддаи 32. Нораво будани мудохила ба амали хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми адои хизмат вазифаҳои ба зиммаш гузошташударо иxро намуда, фақат дар асоси қонун амал мекунад, намояндаи ҳокимият мебошад ва аз тарафи давлат ҳимоя кар­да мешавад.
Ҳеx кас ҳуқуқ надорад ба амали қонунии хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ мудохила кунад, uайр аз шахсоне, ки ин Қонун онҳоро ба ин кор ваколатдор намудааст.
Ҳеx кас ҳуқуқ надорад хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилиро ба иxрои вазифаҳое, ки ин Қонун ба зиммаи қушунҳои дохилӣ нагузоштааст, маxбур кунад. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
 
Моддаи 33. Гувоҳии хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Гувоҳии хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ доир ба парвандаи xиноят ё қонуншикании маъмурӣ, ки вай xабрдида ё шоҳид мебошад, бо гувоҳии дигар, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун гирифта шудааст, баробар дониста мешавад.
 
Моддаи 34. Ҳуқуқи хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ба ҳимояи судӣ
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ба ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ  ҳуқуқ доранд.
(ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
 
Моддаи 35. Суuуртаи давлатӣ ва xуброни товони зарар дар сурати ҳалок ё маъюб шудани хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳатман аз ҳисоби маблаuи буxети Ҷумҳурии Тоҷикистон суuурта карда мешаванд.
Дар сурати ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбии қeшунҳхои дохилӣ ба иртиботи иxрои фаъолияти хизматӣ ё марги вай дар давоми як соли баъди рухсат шуданаш аз хизмат дар натиxаи садама, захм, беморӣ, ки дар давраи адои хизмат ба вай расидааст, ба оилааш ва дастнигаронаш ёрии якдафъаина ба андозаи 10-сола маоши вай аз рeи маоши вазифагӣ ва маоши аз рeи унвони ҳарбӣ, ки дар вақти марги вай вуxуд дошт, аз ҳисоби буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблаu аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.
Ҳар гоҳ хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми иxрои фаъо­лияти хизмати садама бинад, захмӣ ва бемор шавад, ки он дигар ба адои хизмат имкон намедиҳад, барои кeмакпулии якдафъаина ба андозаи маоши 5-солааш аз ҳисоби буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблаu аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.
Зараре, ки ба молу мулки хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ё оилаи вай ҳангоми иxрои фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, пурра аз ҳисоби буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон xуброн гардида, баъдан ин маблаu аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.
 
 
Моддаи 36. Таъмини хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо манзил
Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат манзил дар шакли хонаи алоҳида ё ҳавлӣ аз рeи меъёрҳои муқарраршуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ, инчунин аз тарафи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор, ки объектҳои онҳоро қушунҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд, ба тартибе, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дода мешавад.
Барои сохтмони манзил дар гарнизонҳои алоҳида ва шаҳракҳои махсуси ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буxети xумҳуриявӣ ва захираҳои марказонидашудаи моддӣ-техникии давлатӣ маблаu xудо мекунанд.
Хонаҳои истиқоматии хусусинашудаи фонди манзили давлатӣ, ки дар онҳо шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии изофамeҳлат истиқомат мекунанд, ба қушунҳои дохилӣ вобаст карда мешаванд. Ҳангоми холи шудани ин биноҳо дар онҳо хизматчиёни қушунҳои дохилӣ xой дода мешаванд. Дар сурати ба xои дигар нақл макон намудани қисми ҳарбӣ ва дар ин минтақаҳо вуxуд надоштани дигар қисмҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ биноҳое, ки хизматчиёни ҳарбии ин қисми ҳарбӣ ишuол мекард, ба мақомоти  ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ баргардонида мешаванд, ба шарте, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, uайр аз хизматчиёни ҳарби хизмати мeҳлатдор, барои дохил шудан ба кооперативҳои сохтмони манзил (кооперативҳои манзил), ба харидан ва сохтани хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар маҳаллӣ хизмат ба тартиб ва шартҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳуқуқ доранд. Хизматчиёни ҳарбие, ки дар минтақаҳои дорои шароити вазнини иқлимӣ ва дар гарнизонҳои xудогона ва шаҳракҳои махсуси ҳарбӣ хизмат мекунанд ва дар он xо барои хизмачиёни ҳарбӣ мeҳлати ниҳоии хизмат муқаррар карда шудааст, дар сурати доштани 15-сола собиқаи хизматӣ тақвимӣ ва зиёда аз он, сарфи назар аз маҳаллӣ адои хизмат — дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолиниши ки онҳо интихоб мекунанд, шомили кооперативҳоӣ манзил (сохтмони манзил) шаванд. Зимнан барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро пайдарпаи дар давоми 10 соли тақвимӣ ва беш аз он бенуқсон адо    намудаанд ва бо манзил таъмин нестанд ё барои беҳбуди шароити манзил эҳтиёx дошта, шомили кооперативҳои манзил (сохтмони манзил) шуданд, ё хонаҳои истиқоматии шахсӣ месозанд аз xои хизматашон ба андозаи 75 фоизи арзиши манзили кооперативӣ ёрии молиявии маxxони расонида мешавад ё қарзи аз бонк барои сохтмони хонаи истиқомати шахсӣ гирифтаи онҳо пардохт мегардад.
Шахсони ҳайати афсарӣ дар рутбаи полковник ва баландтар аз он, ки адои хизмат мекунанд ё аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, фармондеҳони қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ — муаллимони муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва кормандони илмӣ, ки унвони илмӣ доранд ба масоҳати иловагии истиқоматӣ ё як хонаи иловагӣ ба андозаи на камтар аз 10 мураббаъметр ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
Барои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, uайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати мeҳлатдор ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамронашон зиндагӣ мекунанд, дар муддати на бештар аз 6 моҳи аз рeзи омаданашон ба (маҳаллӣ хизмат манзил дода мешавад, ки он бояд xавобгeи талаботи қонуни манзил ва меъёрҳои санитарӣ бошад. То гирифтани манзили доими ин шахсон бояд бо хонаи истиқоматии муваққатӣ ё хобгоҳ таъмин карда шаванд.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ то гирифтани хонаи истиқоматӣ дар муддати муқаррарӣ барои иxораи манзили муваққатӣ мувофиқи шартномаи иxораи манзил xубронпулӣ дода мешавад.
Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд ба хизматчиёни ҳарбӣ қушунҳои дохилӣ, uайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат, манзилро бо шартҳои имтиёзнок ба нисфи арзишаш фурушанд.
Ба афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ки 20 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд ва шахсоне, ки бинобар синну сол, беморӣ, ихтисори ҳарбиёни қeшунҳо ё штат ё вазъи маҳдуди саломатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва дорои 20 соли тақвимӣ ва зиёда аз ин собиқаи хизмат мебошанд, иштирокчиёни xанг, xанговарони интернатсионалист, инчунин ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар натиxаи захмдоршавӣ, садама, маъюбӣ ва беморӣ фавтидаанду дар хонаҳои фонди давлатӣ ва тобеи идора зиндагӣ мекунанд, манзилҳояшон ҳамчун моликияти шахсӣ барояшон ройгон дода мешавад.
Тартиби ба шахсони мазкур додани имтиёзҳо оид ба андози вобаста ба хусусигардонии манзил тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат, ки аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт рухсат шудаанд ё ба истеъфо баромадаанд, инчунин оилаҳои онҳо дар маҳаллӣ сукунати интихобкардаашон ба навбати аввал, вале на дар мeҳлати дертар аз се моҳ бо манзил таъмин карда мешаванд. Дар сурате, ки таъмини манзил дар мeҳлати муқарраршуда имкон надошта бошад, бо ризоияти хизматчии ба эҳтиёт (истеъфо) баромада барояш то гирифтани манзил ба андозае, ки дар шартномаи иxораи манзил зикр шудааст, xубронпулӣ дода ме­шавад. Вазифаи амалӣ гардонидани ин ҳуқуқи хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гузошта мешавад. Агар хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ дар вақти иxрои вазифа ҳалок гардида бошад, барои оилаи вай ҳуқуқи гирифтани манзил ба ҳамон асосҳое, ки дар вақти ба навбат  гузоштани эҳтиёxмандони беҳбуди шароити манзил вуxуд дошт, ҳифз мегардад ва зимнан манзил барои он оила на дертар аз як соли ҳалок шудани хизматчии ҳарбӣ дода ме­шавад.
 
Моддаи 37. Таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо телефон ва муҳайё намудани xой барои кeдакони онҳо дар муассисаҳои томактабии кeдакон
Афсарони қушунҳои дохилӣ барои бенавбат дар манзилҳояшон гу­зошта шудани телефон ҳуқуқ доранд.
Дар муассисаҳои томактабии кeдакон барои кeдакони хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои дахлдор дар муддати 6 моҳи баъд аз додани ариза xой бо пардохт дар асосҳои имтиёзнок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, му­ҳайё карда мешавад.
 
Моддаи 38. Таъминоти тиббии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо
Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ба таъминоти тиббӣ бо роҳи дар қeшунҳо гузаронидани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, про­филактикӣ ва табобатӣ, назорати доимӣ ба вазъи саломатии хизматчиё­ни ҳарбӣ, ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ дар сурати захмдоршавӣ ё бе­морӣ дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, бепул додани дору, даво ва хизматрасонии гуногуни тиббӣ, инчунин хизматрасонии имтиёзноки санита­рию курорти бо пардохти 10 фоизи арзиши роҳхат аз тарафи афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат ва пардохти 30 фоизи арзиши роҳхатҳо аз тарафи оилаҳои онҳо амалӣ гардонида ме­шавад.
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ба дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои муассисаҳои табобатии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохи­лӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асосҳои шартномавӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикии дигар вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат қабул карда мешаванд.
Дар сурати зарурати ёрии таъxилии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ингуна ёри дар ҳама муассисаҳои наздиктарини тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бепул расонида мешавад.
Аъзои оилаҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат, инчунин хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ё истеъфо баромада, собиқаи хизматашон на камтар аз 20 сол мебошад, ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои табобатии Вазора­ти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Таъминоти санитарӣ-эпидемиологии хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар шаҳракҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ xойгир мебошанд, аз тарафи хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути шабакаҳои муассисаҳои санитарию эпидемиологии минтақавӣ, ки қушунҳои дохилӣ барои дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ гузаронидани чорабиниҳо ва амалӣ намудани назорати санитарии идорӣ ёрии бепул мерасонанд, сурат мегирад.(ҚҶТ аз 27.11.14с.№1149)
 
Моддаи 39. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ барои истифодаи бепул аз нақлиёт
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми нақлиёти xамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ uайр аз такси, инчунин нақлиёти дар роҳ вохeрда дар кишлоқxойҳо истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1522)
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, ки дар ноҳияҳои низоми ҳуқуқии вазъи фавқулодда хизмат мекунанд, uайр аз ин, барои бепул исти­фода бурдан аз поездҳо дар ҳудуди маҳалҳое, ки онҳо хизмат мерасо­нанд, ҳуқуқ доранд.
Барои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳамроҳи оилаашон, uайр аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбии хизмати мeҳлатдор, дар як сол як маротиба ба маҳаллӣ гузаронидани рухсатии навбатӣ аз ҳисоби маблаuи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул рафта оянд.
Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлати қушунҳои дохилӣ, ки ба мақсадҳои хизмати нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, ба тартиб ва андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, xубронпулӣ дода мешавад.
 
Моддаи 40. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ҳангоми маъмурият
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, ки ба маъмурияти хизмати фиристода мешаванд, ҳуқуқ доранд дар асоси шаҳодатномаи маъмурият ба ҳамаи намудҳоӣ нақлиёт бенавбат билет харанд ва дар меҳмонхонаҳо xой гиранд.
 
Моддаи 41.Таъминоти иxтимоӣ-маишӣ ва имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Хизматрасонии тиxоратию маишӣ барои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои ҳарбии савдо ба тартибе, ки барои қувваҳои мусаллаҳ, муқаррар карда шудааст, инчунин ба воситаи дигар муассисаҳои савдо аз захираҳое, ки бо дархости фармондеҳон ва сардорони қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ xудо карда мешаванд, сурат мегирад.
Афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлати қушунҳои дохилӣ, ки дар хизмати ҳарбӣ мебошанд, инчунин онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ аз рeи синну сол, беморӣ, ихтисори шумораи қeшунҳо ва штатҳо ё ба нисбати маҳдудияти вазъи саломатӣ рухсат шудаанд ва бештар аз 20 соли тақвимӣ собиқаи хизмат доранд, ҳаққи истифодаи манзили фонди давлатӣ ва тобеи идорӣ, инчунин хизматрасонии коммуналиро, ба шумули телефон, аз xумла дар биноҳо ва хонаҳое, ки моликияти худашон мебошад, дар ҳаxми 50 фоиз пардохт менамоянд.
Барои хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, ки 15 соли тақвимӣ ё зиёда аз он собиқаи хизмат доранд ва шахсоне, ки аз рeи синну сол, беморӣ, ихтисори афроди қeшунҳо ва штатҳо, ё ба нисбати вазъи сало­матӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, дорои 15 соли тақвимӣ ва беш аз он собиқаи хизмат мебошанд, барои аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳалок гардиданд ё дар натиxаи захмдоршавӣ, садама, маъюбӣ ва бемории вобаста ба иxрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд, ба­рои сохтмони хонаи шахсӣ ва хоxагии боuу обчакорӣ аз рeи меъёрҳои на камтар аз он, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бепул қитъаҳои замин xудо карда ва барои сохтани хонаҳо ба андозае, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, қарз дода мешавад.
Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамeҳлат, ки аз рeи синну сол, беморӣ, ихтисори шумораи қeшунҳо ва штатҳо ё ба сабаби маҳдудияти вазъи саломатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешаванд, барои собиқаи хизмат ба қарори зайл ёрдампулии якдафъина дода мешавад:
— аз 10 то 15 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 6-моҳа;
— аз 15 то 20 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 7-моҳа;
— аз 20 то 25 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 8-моҳа;
— аз 25 то 30 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 9-моҳа;
— зиёда аз 30 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 10-моҳа;
Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофа аз мeҳлат, ки 20 соли тақвимӣ ё зиёда аз он собиқаи хизматӣ доранд, мувофиқи хоҳишашон аз рeи арзиши ибтидоии бақиявӣ автомашина ва техникаи автомобилию тракторӣ, ки дар ихтиёри қушунҳои дохилӣ буданд, ба тартибе, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон му­қаррар намудааст, фурeхта мешавад.
Ба занони бекори афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хиз­мати изофамeҳлат, ки дар гарнизонҳо ва дар маҳалҳои дурдаст хизмат мекунанд ва дар он xо барои бо кор таъмин намудани онҳо имконият нест, ҳар моҳ, мувофиқи андозаи камтарини маош, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ёрдампулӣ дода мешавад ва мeҳлати гирифтани ин ёрдампулӣ ба собиқаи умумии кор шомил мегардад.
Нуқтаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳимояи иxтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, нисбати хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ пурра татбиқ мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд имтиёзҳо ва дигар намудҳои кафолати ҳимояи иxтимоии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳоро, ки дар ин Қонун пешбинӣ намудаанд, муқаррар намоянд.
 
Моддаи 42. Xавобгарӣ барои риоя накардани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Дар сурати риоя карда нашудани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иxтимоии хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, шахсони мансабдори ба ин гунаҳкор, тавре, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
ФАСЛИ IХ.
ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӣ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 43. Таъминоти молиявии қушунҳои дохилӣ
Қушунҳои дохилӣ аз ҳисоби маблаuе, ки махсус аз буxети xумҳурӣ xудо карда мешавад, инчунин маблаuе, ки вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои посбонии объектҳояшон дар асоси шартномаҳои мувофиқи қонун басташуда ва аз буxети маҳаллӣ барои бо пул таъмин намудани қисмҳои таъиноти оперативӣ ва қисмҳои моторикунонидашудаи махсуси милитсия xудо мекунанд, таъмин карда мешаванд.
 
Моддаи 44. Таъминоти моддию техникӣ ва ҳарбии қушунҳои дохилӣ
Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва ҳарбии Қушунҳои дохилӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда меша­вад.
Таъмиркунии техникаи ҳарбӣ дар корхонаҳои таъмири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои (дархостҳои) қушунҳои дохилӣ сурат мегирад.
Сохтмон ё додани объектҳо барои xойгиршавии қисмҳои (воҳидҳои) ҳарбии қушунҳои дохилӣ аз рeи тартиб ва (меъёрҳое, ки барои хизмат­чиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти хусусиятҳое, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқар­рар менамояд, аз ҳисоби вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки объектҳои тобеи онҳоро қушунҳои дохилӣ посбонӣ ме­кунанд ва барои xойгир намудани Раёсати қушунҳои дохилӣ, раёсатҳои xузъу томҳои қушунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва қисмҳои ҳарбии моторикунонидашудаи махсус, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ — дар навбати худ аз ҳисоби маблаuи буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буxети маҳаллӣ бо таъ­миноти марказонидашудаи захираҳои моддӣ сурат мегирад.
Таъмир ва хизматрасонии коммуналии шаҳракҳои ҳарбӣ, биноҳо ва иншооте, ки онҳоро барои xойгир намудани қисмҳои ҳарбӣ, xузъу томҳо медиҳанд, аз ҳисоби маблаuи барои захираҳои меҳнатӣ ва моддӣ xудо кардаи буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин маблаuҳоро ба ин мақсад вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳайати шахсии қушунҳои дохили ба манфиатҳои онҳо адои хизмат мекунанд ва инчунин мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ xудо менамояд.
Сохтмон, таъмири асосӣ ва таxдиди сохтмони воситаҳои инженерию техникӣ ва таъмини истифодабарии онҳо аз ҳисоби маблаuи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ сурат мегирад, ки объектҳои тобеи онҳоро қушунҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд.
Таъмир ва хизматрасонии коммуналии биноҳои Раёсати қушунҳои дохилӣ, раёсатҳои xузъу томҳои қушунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва қисмҳои моторикунонидашудаи махсус, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қушунҳои дохилӣ чунон, ки бояд аз ҳисоби буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буxети маҳаллӣ бо таъминоти марказонидашудаи захираҳои моддӣ сурат мегирад.
Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, ки муваққатан вазифаи худро дур аз маҳаллӣ xойгиршавии доимии қисми ҳарбии худ адо менамоянд, бо хонаву xой, хизматрасонии коммуналӣ, хатту каналҳои алоқа, нақлиёти автомобилӣ ва маводи сeзишворию равuанҳои молиданӣ, хeроки иловагӣ аз ҳисоби маблаuҳое, ки махсус аз буxети xумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон xудо карда мешавад ва буxети маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.
 
ФАСЛИ Х.
НАЗОРАТ БА ҚОНУНӣ БУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҚEШУНҲОИ ДОХИЛӣ
 
Моддаи 45. Назорати идорӣ ба қонунӣ будани фаъолияти қушунҳои дохилӣ
Назорати идорӣ ба истифодаи оқилонаи қувваҳо ва воситаҳо дар қушунҳои дохилӣ, ба сохтори ташкилии воҳидҳои ҳарбӣ мувофиқат кардани ҳаxм ва хусусияти вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, ин­чунин назорат ба қонунӣ будани фаъолияти онҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 46. Назорати додситонӣ ба қонуни будани фаъолияти қушунҳои дохилӣ
Назорат ба қонунӣ будани фаъолияти қушунҳои дохилӣ аз тарафи Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе  28 декабри соли 1993.
№ 916.
 
 
 
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи тартиби ба мавқеи иxро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 3-4, мод.63)
 
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи нашр шуданаш ба мавқеи иxро гузошта шавад.
  2. Шeрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— дар хусуси мутобиқсозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таклифҳо тайёр карда, ба Шe­рои Олии Xумҳурии Точикистон пешниҳод намояд;
-қарорҳои ҳукумати xумҳуриро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намояд;
— оиди дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои зарурӣ қабул намояд.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе  28 декабри соли 1993
№ 917

Илова кунед