Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд.

26 Ноябр 1992, Панҷшанбе

( Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №23, мод 323)

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркӯш, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, инсондӯсти зоҳир намуда, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

Моддаи 1. Шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунии зеринро содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд:

ғасби биноҳои мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, комуникатсия ва иншоотҳо;

муҳосираи роҳҳои нақлиёт ва роҳи оҳан, купрукҳо, биноҳо, вокзалҳо, стансияҳо, аэропортҳо, биноҳои телевизион ва радио, иншооту комуникатсияҳо, ки ба оқибатҳои сангин наанҷомида бошанд;

ташкил ва гузаронидани гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва намоишҳои ба қайд гирифта нашуда;

вайрон кардани сарҳади давлатӣ, ки ба қочоқи  маводи муходира вобаста нестанд.

 

Моддаи 2. Парвандаҳо нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршударо содир карда, дар истеҳсолоти мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ мебошанд, қатъ карда шаванд.

 

Моддаи 3. Шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона дар мӯҳлатҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда бо роҳи дуздӣ ва ғорати амвол ё ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт ҷиноят содир кардаанд, ба шарте то 31 декабри соли 1992 тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ба соҳибашон баргардондани амвол аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд.

 

Моддаи 4. Шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ё маҳбасҳо ғайриқонунӣ озод карда шудаанд, дар сурати то 31 декабри соли 1992 ихтиёран ба ин ҷойҳо ё ба мақомоти ШКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

 

Моддаи 5. Ҳамин Қонун танҳо нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад ва аз рӯзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад

 

И.В Президент Ҷумҳурии                                                         Э. Раҳмонов

Тоҷикистон

 

 

Илова кунед