Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 Март 1992, Ҷумъа

(Ахбори Шурои Олии Xумҳурии Тоxикистон соли 1992, № 7, мод.105; Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон соли 1995, №22, мод. 268 фасли IХ, соли 2002, №11, мод. 702; соли 2008, №1 қисми 2, мод. 13)
 
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иxтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоxикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоxагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии xамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст.
 
Боби I. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ 
 
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Xумҳурии Тоxикистон
Кооператсяи матлуботи Тоxикистон ташкилоти uайридавлатии xамъиятию хоxагии шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасонӣ ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссионӣ, хeроки умумӣ, хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоxагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, гузаронидани чорабиниҳои маданӣ ва варзишӣ, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориxиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иxтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоxагиҳои шахсӣ, афзоиши захираҳои хeрокворӣ ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ фаъолона мусоидат мекунад.
 
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот.
Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоxагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иxти­моӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01 08 №348)
 
Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот
Системаи кооператсияи матлуботро xамъиятҳои матлубот ва ит­тифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва xумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эxоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иxтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд. (ҚҶТ аз 5.01 08 №348)
 
Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот
Мақоми олии роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот дар xумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон ва вилоят анxуманҳо мебошанд.
Мақоми олии роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи xамъиятҳои матлубот мебошад.                             (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Мақоми олии роҳбарикунандаи xамъияти матлубот маxлиси умумии саҳмдорон (маxлиси намояндаҳо) мебошад. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Анxуманҳою конференсияҳо Шeроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анxуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иxро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Маxлиси умумии саҳмдорон (маxлиси намояндаҳо), конференсия ва анxуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд.(ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рeи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад.
Мақомоти иxроияву амрдиҳандаи xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои xамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва xумҳуриявӣ мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
 
Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он
 
Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи xумҳуриявии xамъиятҳои матлуботи Тоxикистон — Иттифоқи Тоxикматлуботро ташкил мекунанд.
Ба ҳайати Иттифоқи Тоxикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои коопера­тивӣ, xамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар xамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд.
Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
— манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;
— стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ,  роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;
— бо мақсади татбиқи барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблағгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;
— иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;
— бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;
— дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;
— барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ,  пардохти музди меҳнат,  таъсис ва истифодаи фондҳо,  ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;
— назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад,  фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кӯмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кӯмакҳои дигар мерасонад;
— дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;
— омӯзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;
— омӯзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
 
Боби II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
 
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот
  1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад.
  Мақомоти давлатии Xумҳурии Тоxикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеx як маҳдудкунии фаъолияти хоxагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд. Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳадМоликияти он дахлнопазир аст.
  1. Давлат ба xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:
        барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил намояд; (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;
ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;
бо истифодаи асъори хориxӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориxӣ баромад кунанд; (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
          бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
        дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис  додани бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, ва иншоотҳои дигари савдо ва хӯроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
  1. Ба маҳдудиятҳо дар xудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани ҳаxми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот xалб мегарданд, роҳ дода намешавад.
  2. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоxагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории xорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд.
  1. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии xамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот xазои интизомӣ дода шавад.
 
Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Маxлисҳои вакилони халқ
Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маxлисҳои вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар ко­ри тараққии комплексии иқтисодию иxтимоии минтақаҳо, ки Маxлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблаuҳои буxети маҳаллӣ анxом медиҳанд, ширкат меварзанд. (ҚҶТ аз 4.11.95, 126)
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоxагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолияти xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба uайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иxтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маxлисҳои вакилони халқ ҳал карда мешаванд.
Давлат барои eҳдадориҳои xамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва xамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои eҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиxаи дахолати uайриқонуниашон ба фаъолияти хоxагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад. (ҚҶТ аз 2.12.02,№73)
 
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои xамъиятӣ
  1. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои xамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
           ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд; (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;
дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд. Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
аз рӯи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро,  ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд;
— ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро,  ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
 
Боби III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
 
Моддаи 10. Моликияти xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо
  1. Моликияти кооператcияи матлубот аз моликияти ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст.
Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқҳои xумҳуриявии онҳо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд.
  1. Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории xамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон манъ  накардааст, ташаккул меёбанд. (ҚҶТ аз 02.12.02, №773)
  2. Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблаuҳои xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз xониби Маxлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст.
  3. Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи xамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.12.02, №773)
 
Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият 
  1. Xамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоxагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар xамъиятҳои (ширкатҳои) хоxагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси таuйир ёфтани муносибатҳои xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқи онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад.
 
 
 
 
Боби IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИXТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
 
Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот
Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иxтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фу­рeши он, ҳамчунин хизматрасониро анxом медиҳанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоxагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассотсиатсияҳои хоxагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои xамъиятию хоxагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якxоя бо Маxлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 348)
Бо қарори маxлисҳои умумӣ (маxлисҳои намояндагон) xамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва xамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иxтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд.
 
Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо
Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани xамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурeши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоx медиҳад.
 
Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ
  1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, истеҳсоли молҳои хeрокворӣ ва uайрихeрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
  2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеx як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмар­ка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд.
  3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди за­хираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар сав­дои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Xумҳурии Тоxикистон ташкил мекунанд.
 
Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузорӣ, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳисоббаробаркунӣ
  1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиxаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст, ташкил мегардад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
  2. Раёсати xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақило­на ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурeшанд ва кору хизматҳои онҳоро иxро менамоянд, муқаррар мекунад.
  3. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буxети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон иштирок мекунанд.
Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни xории xумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд.
Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад.
  1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, доранд метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иxрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд.
Иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоxагии кооперативӣ ташкил намоянд. Xамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил меша­ванд.
Иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони eҳдадориҳои пулии xамъиятҳои матлубот дар назди буxет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоxагии коо­ператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд.
 
Моддаи 16. Фаъолияти  амонатгузорӣ ва суѓурта
 
  1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метаво­нанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад.
Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблаuҳои xалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иxро шудани eҳдадориҳоро кафолат медиҳанд.
  1. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иxозатномаҳои мақомоти давлатӣ суuуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суuуртаро ривоx диҳанд xамъиятҳои кооперативии суuурта таъсис кунанд, шароити суuуртапулиро муайян созанд.
Xамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои xамъиятҳои матлубот, корхо­наҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суuуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суuурта намоянд.
  1. Ба мақсади сафарбар намудани маблаuҳои озоде, ки аъзои xамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рeи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
 
Моддаи 17. Дастгирии иxтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот
  1. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуuли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки xойҳои кор, васеъ намудани шабакаи кор­хонаҳои хурд, татбиқи реxаи eҳдабароёнаи меҳнат, омeзиш ва бозомeзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои xамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд.
  2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахасисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.
Сохтори омӯзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, ҳаҷми омӯзиш дар муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
  1. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи мат­лубот шабакаи таълимоти кооперативӣ, ки иборат аз омeзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ мебошанд, амал мекунад.
Сохтори омeзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, ҳаxми омeзиш  ба муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоxикматлубот муайян мекунад.
  1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми xо ба xо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анxом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоxагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд.
 
Боби V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӣ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИXИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
 
Моддаи 18. Алоқаҳои байналмилалии кооператсияи матлубот
Иттифоқи Тоxикматлубот кооператсияи матлуботи Тоxикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мустақилона намояндагӣ мекунад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №348)
 
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориxии кооператсияи матлу­бот
  1. Xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон фаъолияти иқтисодии хориxиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Xумҳурии Тоxикистон, қарзҳои тиxоратӣ дар шакли асъори хориxӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблаuҳои асъории аз фурeши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблаuҳои худӣ истифода мекунанд.
Маблаuҳо дар шакли асъори хориxӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боxҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воxиби ситондан намебошанд.
  1. Ба xамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоxикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориxӣ фурeшанд.
 
 
        
Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                                                                     Р. НАБИЕВ
13 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.
№ 583.
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи кооператсияи матлуботи Xумҳурии Тоxикистон»
 
(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон  соли 1992, № 7, мод.106)
 
Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи кооператсияи матлу­боти Xумҳурии Тоxикистон» аз лаҳзаи чоп шуданаш амалӣ гардонда шавад.
  2. Девони Вазирони Xумҳурии Тоxикистон, Тоxикматлубот қарорҳои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ва санадҳои нормативии идоравиро ба Қонун «Дар бораи кооператсияи матлуботи Xумҳурии Тоxикистон» мутобиқ кунонанд.
 
Раиси Шeрои Олии
Xумҳурии Тоxикистон                                                                                                          С. КЕНXАЕВ
13 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.№ 584.

Илова кунед