Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристҳои давлатӣ

11 Март 1992, Чоршанбе

(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон,  соли 1992, №9, мод. 126; Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон,  соли 1996, №23, мод. 356; соли 2002, №4, қ-1, мод. 221; соли 2008, №12, қ-2, мод.993; соли 2010, №12, қ-1, мод.803)  
 
 
Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
 
Моддаи 1. Мақсади Феҳрист
Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбарӣ ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд.
Мақсади таъсис ва корбарии  Феҳристи давлатии Xумҳурии Тоxикистон xамъоварӣ ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маxмeи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 2. Таърифи Феҳристи  давлатӣ
Феҳристи давлатӣ аз маxмeи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбарӣ ва истифодабарии Феҳристи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон, ки феҳристҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 21. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 3. Намудҳои  Феҳрист
  1. Феҳристи давлатӣ, xумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шуда метавонад.
  2. Феҳристи xумҳуриявӣ объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Xумҳурии Тоxикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корхонаҳо, Феҳристи аҳолӣ, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табиӣ ва uайра).
  3. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои такмили феҳристи xумҳуриявӣ метавонанд захираҳои маҳаллиро, ки маxмeи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳаллӣ дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Феҳристи қишлоқҳо, Феҳристи биноҳо ва uайра). (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Боби 2. ТАЪСИСИ ФЕҲРИСТҳОИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 4. Муассиси Феҳрист ва корбари  Феҳрист
Феҳристи Xумҳурии Тоxикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад. Xамъоварӣ, сабту нигоҳдорӣ, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Феҳрист ё мақоме, ки корбари Феҳрист номида мешавад, мебарад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 5. Таъсиси Феҳристи Xумҳурии Тоxикистон
  1. Феҳристи Xумҳурии Тоxикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ бо қарори ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон таъсис дода мешавад. ҳангоми таъсис додани Феҳристи Xумҳурии Тоxикистон мавxудияти ҳуxxатҳои зерин зарур мебошад:
а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист;
б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, xамъоварӣ ва истифодабарии маълумотҳо;
в) лоиҳаи  харҷномаи  Феҳрист.
  1. Таркиби маълумотҳои Феҳрист бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Феҳрист васеъ карда мешавад.
  2. Феҳристе, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар ме­гирад, бо Қонуни алоҳидаи Xумҳурии Тоxикстон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 6. Таъсиси Феҳристи маҳаллӣ
Феҳристи маҳаллӣ бо қарори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳудуди таркиби маълумотҳое, ки дар Феҳристи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти худидоракунии  маҳаллӣ ба ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон барои гирифтани иxозати таъсиси Феҳрист бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист ва хулосаи мақоми давлатии омори xумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Феҳрист пешниҳод мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).
 
Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Феҳрист, мутобиқати он ба меъёрҳо
Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Феҳрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат кунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо
  1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Феҳристи давлатӣ ҳатмӣ мебошад, ба истиснои маълумоте, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор мегирад, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №641).
 
Моддаи 9. Барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатӣ
Феҳристи давлатӣ аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Феҳрист ва дар сурати мавxуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Xумҳурии Тоxикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Феҳрист, барҳам дода мешавад.
Маълумотҳое, ки дар Феҳристи барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба бойгонӣ супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист нобуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Боби 3. Феҳристдорӣ ва истифодаи феҳристи давлатӣ
 
 Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор
  1. Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.
  2. Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ѓайриқонунӣ, таѓйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.
  3. Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рўзи корӣ ҷавоб гардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 11. ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда
  1. ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Феҳрист маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Феҳристи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Феҳрист дар хусуси мавxудият, асоснокӣ ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.
  2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Феҳрист дохил кардан пешниҳодшуда ва таxдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муқарраргардида таъмин намояд.
  3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар да­воми даҳ рeзи корӣ xавоб гардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои феҳрисҳо
  1. ҳуқуқи истифодаи хизматии Феҳристи давлатиро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар низомнома дар бораи Феҳрист муайянгардида доранд.
  2. Истифодаи маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавxудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Xумҳурии Тоxикистон, қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва Низомнома дар бораи Феҳрист мебошанд, манъ аст.
  3. Маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавxудбуда барои истифодабарӣ дар кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист дода шаванд. Шахсе, ки ба e маълумотҳои дар Феҳрист мавxудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Феҳрист дода шудаанд, дар архиви Феҳрист маҳфуз дошта мешаванд.
  4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои феҳристи давлатӣ дар панx сол як маротиба объектҳои феҳрист аз нав ба қайд гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда
Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор намегиранд,  муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавxуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлатӣ, ки феҳристи корхонаю  муассисаҳо,  фирмаҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони  инфиродиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд.   (ҚҶТ аз 29.12.10с, №641).
 
 
 
 
 
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 31.12.08с, №459).
 
        Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                                            Р. НАБИЕВ
11 марти соли 1992  шаҳри Душанбе
 № 564
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
XУМҳУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Дар хусуси татбиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон
«Дар бо­раи Регистрҳои давлатӣ»
 
(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1992, №9, мод. 127)
 
Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» аз рeзи нашр гардиданаш дар амал татбиқ карда шавад.
  2. Девони Вазирони Xумҳурии Тоxикистон:
дар хусуси даровардани таuйироту иловаҳо ба қонунҳои xории Xумҳурии Тоxикистон ба Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон таклиф пешниҳод кунад;
қарорҳои ҳукумати Xумҳурии Тоxикистонро ба Қонуни Xумҳу­рии Тоxикистон «Дар бораи регистрҳои давлатӣ» мувофиқ намояд.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Xумҳурии Тоxикистон                                                       С. КЕНXАЕВ.
11 марта соли 1992  шаҳри Душанбе
№ 565

Илова кунед