Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин

05 Март 1992, Панҷшанбе

(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1992, №10, мод 139; соли 1994, №15-16, мод 252; Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1995, №22, мод 276; соли 1997, №9, Фасли ХХVIII,  мод. 117; соли 2006, №3, мод. 165)
 
Фасли  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин
Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин иборат буда, мақсадаш зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
                 
Моддаи 11 . Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.
(ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 2. Мундариxаи ислоҳоти замин
  1. Ислоҳоти замин маxмeи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.
  2. Дар xараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоxагидорӣ дар замин таъмин мегардад.
Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вақф ба эътибор гирифта намешавад. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин
Самтҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:
рўйхатгирии  тамоми заминҳо аз рeи гурўҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин;
муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва uайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади азнавтақсимкунии он  баҳри самаранок истифода бурдани замин;
додани замин ба истифодаи якумраи меросӣ ба шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон барои ташкили хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин қитъаи замини назди ҳавлигӣ;
аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;
муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, мaҳалҳои аҳолинишин ва сохтори замину хоxагидории онҳо;
ба расмият даровардан ва аз нав ба қайд гирифтан ҳуxxатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамоянд.
(ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида  мешавад.
Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани cарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад.
      Дар марҳалаи дуюм мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии заминсозии Xумҳурии Тоxикистон корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарӣ додани заминро амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амалӣ мегардонанд
  1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба eҳдаи мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми давлатии заминсозии Xумҳурии Тоxикистон гузошта мешавад;
  2. Хадамоти давлатии танзими замини мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар мaҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайлро анxом медиҳанд:
бақайдгирии давлатии заминистифодабарӣ ва ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин;
баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги за­мин;
амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои куллӣ истифодаи замин, нақшаю лоиҳахои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани гурўҳи заминҳо;
назорати давлатӣ ба истифодаи замин;
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниҳодкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Xумҳурии Тоxикистон қарор қабул менамоянд;
(ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 6. Таъмини  молиявии    ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин аз ҳисоби буxетҳои xумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад.
 
Фасли П. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН
 
Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгирии замин
Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавxудият ва тақсимоти фонди замини Xумҳурии Тоxикистон гузаро­нида мешавад.
Баҳисобгирии замин аз рeи гурўҳ, заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои он гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
 
Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАҚОМИ ҲОКИМИЯТИ ИXРОИЯИ МAҲАЛЛӣ
 (ҲУКУМАТИ НОҲИЯ)
 
Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин
  1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:
заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Xумҳурии Тоxикистон қатъ мегардад;
заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори замин­ҳои қиматашон пасттар гузаронидашуда;
заминҳои эҳтиётӣ;
заминҳoи бе дарахту буттазори фонди xангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
заминҳое, ки ѓайриоқилона  истифода бурда мешаванд;
заминҳои дигари ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки пештар дар ислоҳоти кишоварзӣ истифода нашудаанд;
  1. Заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар соли ҷорӣ пурра тақсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатӣ дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин
Фонди махсуси заминро мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар мақсадҳо медиҳанд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва uайриоқилона истифодашаванда
         1.Заминҳои истифоданашаванда ва uайриоқилона истифодашавандаро мақоми  давлатии  заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ба риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинги замин муайян менамояд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
  1. Ҳуxxатҳо оиди муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва uайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 11. Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин
       Қитъаҳои заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онҳо розигии заминистифодабарандагон талаб карда намешавад.
Ҳангоми ба қарори мусодираи замин розӣ набудан истифодабарандаи замин метавонад ба суд  ё суди иқтисодӣ  шикоят кунад; (ҚҶТ аз 15.051997,№42)
То вақти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминҳо онҳоро заминистифодабарандагони собиқ истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи  12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин
  1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт xудо карда мешаванд.
  2. Қитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи кишоварзӣ дода мешаванд.
  3. Шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи ки­шоварзӣ таxрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Ба хоxагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳои саноатӣ ва дигар корхонаю идтиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
 
Фасли IV. ТАҶДИДИ СОХТОРИ ТАШКИЛОТУ  КОРХОНАҲОИ  КИШОВАРЗӢ ВА ИСЛОҳОТИ ЗАМИН
 
 
Моддаи 13. Шаклҳои хоxагидорӣ
Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоxагии деҳконӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои хоxа­гидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатӣ гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 3.03.06№175).
 
Моддаи 14. Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳaнгоми таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ
  1. Ба хоxагиҳои деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ, дигар намуди хоxагидорӣ, ки дар xараёни таҷдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таҷдидгардида дода мешаванд.
  2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоxагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои иxоравӣ дода мешавад, аз рeи миқдори заминхои мавxудаи хоxагӣ муайян мегардад, ки он ба фонди тақсимшаванда ҷудо карда мешавад.
  3. Мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси лоиҳаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони нав қарор қабул мекунад;
Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозӣ амалӣ мегардад ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 3.03.06№175).
 
Моддаи 15. Ѓайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии хоҷагиҳои муассисаҳои илмӣ
Uайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ,нуқтаҳои ёрирасонии муассисахои илми- тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, растанипарварӣ ва зотпарварӣ танҳо ба розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 3.03.06№175).
 
 
Фа сл и V. МУҚАРРАР НАМУДАНИ САРҲАДИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӣ ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
 
Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳои мaҳалҳои аҳолинишин
Аниқу муқаррар намудан ва ё таuйир додани cарҳади мaҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад:
набудани cарҳадҳои мaҳали аҳолинишин;
таuйир ёфтани нақшаи генералии мaҳали аҳолинишин;
додани замини иловагӣ барои эҳтиёxоти мaҳали аҳолинишин.
Барои ҳар як мaҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ cарҳадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.
Сарҳади мaҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд. (ҚҶТ аз 3.03.06№175).
Сарҳадҳои мaҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ки мувофиқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, дар асл, бо аломатҳои марзӣ xудо карда мешаванд.
 
Моддаи 17. Додани замин дар мaҳалҳои аҳолинишини деҳот
Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди мaҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 3.03.06№175).
 
 
Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРӣ ВА ТАXДИДИ РАСМИЯТИ ҲУXЧАТҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ  ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН
 
Моддаи 18.Тартиби азнавбақайдгирии ҳуxxатҳо
1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти иxроияи мaҳаллӣ ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроxиат менамоянд.
  1. Мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархости воридшударо ба қайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ мефиристад.
  2. Мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намоянд.
  3. Мақомоти маҳаллии заминсозӣ оид ба муайян намуданиҳудудҳои заминистифодабарӣ бо дарназардошти гирифтани қитъаи замин ба фонди махсус, инчунин таѓйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иҷро менамояд ва ҳуҷҷатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиқ ба мақомоти иxроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд. Баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳо (лоиҳаи заминсозӣ) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуқуқи истифодаи замин, барои бақайдгирӣ ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ бо дархост муроҷиат менамояд.
  5. Мақоми маҳаллии заминсозӣ дархостро баррасӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд мегирад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин медиҳад. (ҚҶТ аз 3.03.06, №175).
 
Моддаи 19-хориҷ шуд бо (ҚҶТ аз 3.03.06, №175).
 
Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуxxати ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин
  1. Ба шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки дар қаламрави xумҳурӣ истиқомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 12 Кодекси замини Xумҳурии Тоxи­кистон зикршуда дода шудааст, асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин.
  2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуxxатҳо ба замине, ки барои боuдорӣ ва обчакории дастxамъӣ xудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.
  3. Аъзои рафоқати боuдорӣ ва обчакорӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба e тааллуқдоштаро дар қитъаи за­мине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурушад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб кар­да намешавад.
(ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуxxатҳо
    То барасмиятдарории ҳуxxатҳои исти­фодаи замин,шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаблан муайяншуда ҳуқуқи  истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
Моддаи 22. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур
     Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 03.03.2006,№175)
 
 
 
 
                                                                                                
          Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                                        Р. НАБИЕВ
5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе
№ 594
 
 
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
 XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
Дар хусуси татбиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи ислоҳоти замин»
 
(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1992, №10, мод 140)
 
Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз лаҳзаи ба нашр расиданаш татбиқ карда шавад.
        
Раиси Шeрои Олии
Xумҳурии Тоxикистон                                                     С. КЕНXАЕВ
5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе
№ 595

Илова кунед