Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ кардани Созишномаи ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

23 Декабр 1991, Душанбе

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, №24, мод. 313)

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Созишномаи пешниҳодкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 8 декабри соли 1991 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
  2. Минбаъд то қабул намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунҳои марбутаи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Социалистӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, амал менамоянд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               С. Кенҷаев

23 декабри соли 1991, шаҳри Душанбе, № 462

Илова кунед