Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 Сентябр 1991, Сешанбе

(Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод.244)
Нисбати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 1991 «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурияти Шӯравии Социалистии Тоҷикистон ва даровардани тағйирот ба Конституцияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон» ва бо назардошти таклифҳои Ҳизби демократӣ ва ҳаракати «Растохез» Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Номи «Ҷумҳурияти Шӯравии Социалистии Тоҷикистон» дар Кодексу санадҳои қонунии ҷории ҷумҳурӣ ба «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
  2. Абзаци сеюми Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1990 «Дар бораи мактуби Гадоев С., Исмонов Д., ва дигарон» (Ведомостҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, соли 1990, №19 моддаи 324) аз эътибор соқит дониста шавад.
  3. Аз эътибор соқит дониста шуд (ҚҶТ аз 14.05.1999 с, №767).
  4. Аз эътибор соқит дониста шуд (ҚҶТ аз 15.05.1997 с, №417).
И.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Аслонов
10 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе. №397

Илова кунед