Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв

09 Сентябр 1991, Душанбе

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод.242)
Нисбати эълон кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда шаванд:
а) мардони аз 55 сола боло ва занҳои аз 50 сола боло;
б) шахсоне ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун маъюбони гӯруҳи 1 ва 2 дониста шудаанд;
в) занҳое,ки кӯдакони ноболиғ доранд вазанҳои ҳомила;
г) иштирокчиени Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда.
  1. Занҳо ва ноболиғоне, ки ба муҳлати то 3 соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Аз адои ҷазои иловагӣ дар шакли бадарға аз ҷои муайян ва ба ҷои муайян шахсони дар моддаҳои 1 ва 2 Қонун номбаршуда озод карда шаванд.
  3. Нисфи мӯҳлати ҷазои боқимондаи шахсоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои зайлро содир карданашон маҳкум шудаанд (ба ғайр аз шахсони дар моддаи 6 ҳамин Қонун нишон додашуда), кам карда шавад:
а) барои беэҳтиёти аз озодӣ маҳрум шудаанд;
б) қасдан вале на ҷинояти сахт агар, онҳо барои ин ҷинояташон ба муҳлати 5 соли пурра аз озодӣ маҳрум шуда бошанд;
в) аз рӯи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум шудаанд ё бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду вале аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;
г) аз рӯи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо ба меҳнати ислоҳотӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гаштаанд.
  1. Истеҳсоли ҳамаи делоҳои тафтишотӣ ва делоҳои зайл, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 1 Қонун номбаршуда, содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои он аз тарафи Қонун ҷазо ба шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 5 соли пурра ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту онҳо то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 2 Қонун номбаршуда содир гаштаанд;
в) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Қонун дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлати 3 соли пурра ҷазо пешбинӣ кардааст ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 3 Қонун номбаршуда содир гардидаанд.
  1. Афв нисбат ба шахсони дар моддаҳои 1, 2, 3 ва 5 Қонуни номбаршуда, аз ҷумла:
а) ба шахсоне, ки бораи ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ (моддаи 61-70): вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ (моддаи 71); фош кардани сири давлатӣ (моддаи 72); бандитизм (моддаи 74); ҳаракатҳое, ки кори идораю муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд (моддаи 75); контрабанда (моддаи 76); бетартибиҳои оммавӣ (моддаи 77); тайёр кардан ё ба муомилот гузаронидани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ (моддаи 85); вайрон кардани қоидаҳои операцияҳои асъорӣ (моддаи 86); қасдан одам куштан (моддаи 104); қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда (моддаи 105); фарзанди навтаваллудшудаи худро қасдан куштани модар (моддаи 106); қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ (моддаи 111); таҷовуз кардан ба номус (моддаи 121); сӯиқасд ба ҳайёти судья, прокурор, муфаттиш, коркуни милиция, дружиначии халқӣ ва машваратчии халқӣ (моддаи 2061); маҷбуран розӣ кардан ба додани молу мулки давлатӣ, кооперативӣ ё ҷамъиятӣ (моддаи 95); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо роҳи тасарруф (қисмҳои ду, се ва чори моддаи 89); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо роҳи ғоратгарӣ (моддаи 90); роҳзанӣ бо мақсади тасарруф кардани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ (моддаи 91); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш калон ва махсусан калон (қисми сеюми моддаи 2033); хулигании сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми ғоратгарӣ (моддаи 155); роҳзанӣ (моддаи 156); бачабозӣ бо ҳолатҳои вазнин (қисми дуюми моддаи 125); маҷбуран розӣ кардан (моддаи 160); гирифтани пора (моддаи 186) додани пора (моддаи 187); миёнаравӣ дар порахӯрӣ (моддаи 1871); ташкил ё иштироки фаъолона дар амалиёти гурӯҳие, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд (моддаи 2033); хулигании сахт ва махсусан сахт ( қисми дуюм ва сеюми моддаи 220): дуздида ронда бурдани воситаҳои нақлиёти автомобилию моторӣ, ки дар ҳолатҳои сахт ба амал омадааст (қисми сеюми моддаи 227); дуздида ронда бурдан ё ғасби нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё баҳрӣ, вокзал, аэродром ё дигар корхона, муассиса, ташкилот, инчунин борҳои нақлиёт (моддаи 2282); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар корхонаҳо ё цехҳое, ки хатари таркиш доранд (моддаи 231); дуздии яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда (моддаи 233); ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кашондан, фиристодан ва ё фурӯхтани моддаҳои нашъаовар (қисмҳои якум ва дуюми моддаи 240); дуздидани моддаҳои нашъаовар (2401), ба нашъакашӣ майл кардан (моддаи 2402); ташкил кардан ва ё нигоҳ доштани кӯкнорхона барои истеъмоли моддаҳои нашъаовар (моддаи 2421) маҳкум шудаанд;
б) рецидивистоне, ки махсусан хатарнок дониста шудаанд;
в) якчанд маротиба барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ҳамин моддаи Қонун нишондодашуда суд шудаанд;
г) нисбат ба онҳое ки пештар санадҳои афв ё аз ҷазо озод шудан истифода шудаасту боз ҷиноят содир кардаанд;
д) шахсоне, ки курси пурраи табобат аз майзадагӣ ва нашъамандиро нагузаштаанд;
е) шахсоне ки дар давраи адои ҷазо тартибро қасдан вайрон кардаанд, татбиқ намегардад.
  1. Қонун аз рӯзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва танҳо ба шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда ва тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда паҳн мегардад ва дар муддати се моҳ воҷиби татбиқ аст.
И. в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. АСЛОНОВ.
10 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе. №395
ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар хусуси тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Авф»
(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод.243) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 «Дар бораи авф» ба зиммаи мақомоти зайл гузошта шавад:
1) ба зиммаи судҳо нисбати шахсоне, ки: Делоҳо ва материалҳои марбуташон то қабули Қонун баррасӣ нагардидаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки делоҳои марбуташон баррасӣ шудаанд, вале ҳукм қонунӣ нагардидааст; шартан маҳкум гардиданд ва иҷрои ҳукм нисбаташон мавқуф гузошта шудааст (суд масъалаи истифодаи авфро аз рӯи аризаи ҳамон муассисаи корҳои дохилие ҳал мекунад, ки аз болои рафтори маҳкумшуда назорат мебарад); ба ҷарима маҳкумшудаанд, агар то рӯзи қабули Қонун ҷарима ситонда нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал мекунад); шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд ва нисбати онҳо то рӯзи қабули Қонун ҷазояшон ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи истифодаи авфро суди маҳалли зисти авфшаванда ҳал мекунад). Делоҳо ва материалҳои дар ҳамин зербанд зикршударо нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро адо мекунанд, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
2) ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ – нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва колонияҳои табъид ҷазоро адо мекунанд;
3) ба зиммаи комендатураҳои махсус – нисбати маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳрум шудаанд, инчунин аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо ҷалби ҳатмӣ ба меҳнат шартан озод гардидаанд;
4) ба зиммаи шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) – нисбати шахсони ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда ё шартан ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат, ки дар ҳабс қарор надошта ё ба ҷои кор фиристода нашудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки бидуни маҳрум шудан аз озодӣ ба кори ислоҳотӣ маҳкум шудаанд; 5) ба зиммаи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки делоҳо ва материалҳои ҷиноятиашон дар истеҳсолоти ин мақомот мебошад.
  1. Дар ҳолатҳои дар зербанди 2 – 5 банди 1 ҳамин Қарор зикрёфта авфро аз рӯи қарорҳои иҷозатдодаи прокурорҳо раисони муассисаҳои дахлдори ислоҳотию меҳнатӣ, колонияҳои табъидӣ, комендатураҳои махсус, шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ татбиқ мекунанд. Ҳангоми татбиқи Қонун «Дар бораи авф» дар судҳо иштирок кардани прокурор ҳатмист.
  2. Қонун танҳо нисбати шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ то қабули Қонун содиршуда маҳкум гардидаанд, татбиқ мегардад.
  3. Ҳангоми татбиқи моддаҳои 1, 2 ва 3 Қонун доғӣ судӣ, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун адо ё гирифта шудааст, ба назар гирифта намешавад.
  4. Агар шахси дар моддаи 1, 2 ва 3 Қонун зикршуда барои содир кардани якчанд ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда бошад ва агар ба ин шахс нуқтаҳои Қонун «Дар бораи авф» фaқат нисбати содир намудани як ҷиноят паҳн гардад, дар он сурат авф нисбати ӯ қабул карда намешавад.
  5. Ноболиғони авфшаванда мувофиқи моддаи 2 Қонун онҳое дониста мешаванд, ки баъди 9 сентябри соли 1973 таввалуд шудаанд.
  6. Банди «а» моддаи 1 Қонун ба шахсоне, ки то 10 сентябри соли 1991 ба сини 55 ва 50 – солагӣ расидаанд, пурра паҳн мегардад.
  7. Банди «б» моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба шахсоне татбиқ мегардад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» маъюб эътироф шудаанд.
  8. Банди «в» моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба заноне татбиқ мегардад, ки то вақти қабул шудани Қонун ҳомиладор шудаанд ва бо хулосаи тиббии дахлдор тасдиқ шудааст. Занҳои бачагони ноболиғ дошта инчунин занҳоеро донистан лозим аст, ки то вақти қабул шудани Қонун фарзандхонди ноболиғ доранд. Ин банд нисбат ба занҳое, ки аз фарзандонашон даст кашида, онҳоро ба муассисаҳои давлатии бачагон супоридаанд ва дар нигоҳубин ва тарбияи онҳо иштирок намекунанд, инчунин нисбат ба занҳое, ки аз ҳуқуқи волидӣ нисбат ба ҳамаи бачагони ноболиғ маҳрум шудаанд, татбиқ намегардад.
  9. Қасдан вайронкунандагони режими нигаҳдорӣ ё тартиби адои ҷазо инҳоро донистан лозим аст:
1) маҳкумоне, ки мунтазам талаботи режимро вайрон мекунанд ва на камтар аз се ҷазои интизомии мӯҳлаташ адонашуда ё бардоштанашуда бо назардошти дараҷаи вазнинии вайронкорӣ доранд;
2) шахсоне, ки дар вақти адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд;
3) шахсоне, ки нисбати онҳо корҳои ислоҳотӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ иваз карда шуда бошад;
4) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз комендатураҳои махсус ё колонаҳои табъид фиристода шуда бошанд;
5) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз сабаби бекор кардани мавқуф гузоштани мӯҳлати иҷрои ҳукм ё маҳкумии шартӣ фиристода шудаанд. Нисбат ба шахсони дар зербанди 1 ҳамин банд нишондодашуда дар бораи татбиқ нагардидани авф қарор қабул карда мешавад.
  1. Шахсе ба анҷомрасондаи мӯҳлати табобати маҷбурии таъинкардаи суд аз майзадагӣ ва нашъамандӣ ба ҳисоб меравад, ки нисбат бо он дар бораи қатъ намудани табобати маҷбурӣ таъиноти суд мавҷуд бошад.
  2. Авф нисбат ба ҷиноятҳое, ки то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» содир шудаанд, нисбат ба шахсоне, ки баъди қабул гардидани Қонун ҷинояти нав содир кардаанд, татбиқ намегардад.
  3. Нисбат ба шахсоне. ки ҷиноятҳои тулонӣ ва бардавом содир кардаанд, авф танҳо дар мавриде татбиқ мегардад, ки агар ҷиноятҳо то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» анҷом ёфта бошанд. 14. Татбиқи авф доғи судиро тоза намекунад.
  4. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шӯрои депутатҳои халқи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, Шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳияву шаҳрҳо татбиқи масъалаҳои зайлро таъмин намоянд:
а) сари вақт ташкил намудани баҳисобгирии ҳамаи шахсони дар асоси Қонун «Дар бораи авф» аз адои ҷазо озодшуда, бокортаъминкунии ҳатмии онҳо дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди омадани онҳо ба ҷои истиқоматашон;
б) дар хонаҳои маъюбон ҷойгир намудани маъюбон ва пиронсолони озодшудае, ки хешу табори ба таъминот мегирифтагӣ надоранд.
  1. Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Ҳувайдуллоев Н. оиди ташдиди назорат аз болои истифодаи дурусти Қонун «Дар бораи авф» тадбирҳо андешад.
  2. Кумитаҳи иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шӯрои депутатҳои халқи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, Шӯроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии депутатҳои халқ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 декабри соли 1991 ба Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои кор оиди амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 ҳисобот пешниҳод намоянд.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Қ. АСЛОНОВ
10 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе, №396

Илова кунед