Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 Сентябр 1991, Душанбе

(Ведомостњои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод.239)
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, қарор мекунад:
  1. Матни Изҳороти Шӯрои Олӣ дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.
  2. Ба мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад.
  3. Кумитаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар хусуси даровардани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, таклиф тайёр кунанд;
таҳияи лоиҳаи қонунҳоро, ки ба таъмини ҳуқуқии истиқлолияти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, таъмин намоянд;
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ созанд.
  1. Рӯзи эълон гардидани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 иди миллӣ ва рӯзи ид эълон шавад.
Раиси Шӯрои Олии                                                                              
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Қ.Аслонов
 9 сентябри соли 1991, ш. Душанбе
№392

Илова кунед