Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шӯравии Социалистии Тоҷикистон ва дохил намудани тағйирот ба Конституцияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон

31 Август 1991, Шанбе

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, №18, мод. 226)

 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Ҷумҳурии Шӯравии Социалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида мешавад.
  2. Мувофиқи моддаи 1 ҳамин Қонун дар Конституцияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон номи – «ҶШС Тоҷикистон» бо «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.

И.В. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Қ. Аслонов.

31 августи соли 1991, шаҳри Душанбе,№378

Илова кунед