Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ
04 Апрел 2019, Панҷшанбе(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018, №5, мод.284)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳромуайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-бехатарии ҳаракат дар роҳ –маҷмўи чорабиниҳое, ки ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ равона гардидаанд;
—воситаи нақлиёт– воситае, ки барои бо роҳҳо интиқол додани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда таъин шудааст;
—воситаҳои ташкили ҳаракат дар роҳ– маҷмўи воситаҳои танзимкунанда, иншоот ва тасвирҳо дар роҳ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (аломатҳо ва нишонаҳои роҳ, чароѓаки роҳнамо, иҳотаҳои роҳ ва воситаҳои самтдиҳанда) истифода мешаванд;
-истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард– шахсоне, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд, инчунин дар роҳҳои автомобилгард ба фаъолияти иҷозатдодашуда машѓуланд, ба ѓайр аз фаъолияти роҳдорӣ ва корҳои роҳсозӣ;
-иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард– шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигаре, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расондани одамон ва интиқоли бор тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд,истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва шахсони дигар бевоситаиштирок менамоянд;
-роҳ– қисми замин ё сатҳи иншооти сунъии ободкардашуда, ё мувофиқашуда, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон истифода мешавад;
-таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ– маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ,иҷтимоӣ, таълимӣ, назоратӣ, ташвиқотию тарѓиботӣ, муҳандисию техникӣ ва чораҳои дигаре, ки бапешгирӣнамудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва сабук гардондани вазнинии оқибатҳои он равона шудаанд;
-ҳаракат дар роҳ– маҷмўи муносибатҳое, ки дар раванди ҷойивазкунии одамон ва бор тавассутивоситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораиҳаракат дар роҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Қоидаҳоиҳаракат дар роҳ
1.Дар Xумҳурии Тоxикистон барои воситаҳои наrлиёт ҳаракат аз тарафи рост муrаррар карда шудааст.
2.Тартиби оuози ҳаракат, таuйири самти ҳаракат, xойгиршавии воситаҳои наrлиёт ва пиёдагардон, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштан аз чорроҳа, гузаргоҳҳои пиёдагард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои наrлиёти истифодаи умум, истифодаи асбобҳои нурафкани берунb, rоидаҳои ҳаракати пиёдагард, ҳаракати велосипедрон, чорворон, аробакаш,инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон тасдиr мекунад, танзим карда мешаванд.
- Воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус, ки рангубори махсус ва (ё) сигналҳои нурию овозӣ доранд,ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бартарӣдоранд.
- Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ва ё сарборӣба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраршудаи роҳ зиёданд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 4.Идоракунии давлатии бехатарииҳаракат дар роҳ
Идоракунии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳаз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатиидахлдор сурат мегирад.
Моддаи 5.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ мансубанд:
-пешбурди сиёсатидавлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-тасдиқ намудани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва санадҳои меъёрииҳуқуқии дигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-тасдиқ намудани барномаи давлатии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ вамаҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-муқаррар намудани тартиби ягонаи ташкили ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;
-муқаррар намудани талаботоид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
-таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид батаъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-муайян намудани фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани санадҳои расмӣ (бланкаҳо);
-муайян намудани тартиби додани иҷозатнома ва сертификатбарои амалисозии фаъолияти вобаста ба истеҳсол, таъмир ва истифодаивоситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, тайёр кардани ронандаҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд;
-муайян намудани меъёрҳои суѓуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон;
-амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣдар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ(минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
-амалӣ намуданисиёсати давлатӣ оидба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ,новобаста ба шакли ташкилиюҳуқуқии онҳо, гирифтани маълумоти дахлдор дар хусуси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ҳолати нигоҳдории роҳҳо ва маълумотидигаривобаста ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо;
-бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ оид бабехатарии ҳаракат дар роҳ;
— иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаи нақлиёт, асноди ронандагӣ ва бақайдгирӣ (бланкҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, иҷозатномаҳои муваққатӣ, шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талонҳои муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ, талонҳои сабти қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ, талонҳои бақайдгирӣ), рақамҳои бақайдгирӣ ва асноди дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-додани иҷозат ва иҷозатнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ;
— пешбурди низоми ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои омориибехатарии ҳаракат дар роҳ;
-ҷорӣ намудани технологияи муосир оид ба назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-тадқиқ ва арзёбии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
-пешбурди низоми иттилоотию ҷустуҷўӣ, баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии соҳа, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибати онҳо;
-амалисозии назорати фаъолияти истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан,муайян намудани меъёру қоидаҳои дигаре, ки фаъолиятро оид ба таъмини бехатарӣ дар роҳ муқаррар мекунанд;
-амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7.Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳдохил мешаванд:
-татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоидорои аҳамияти маҳаллӣ;
-таъмини бехатарии корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникии ҳаракат дар роҳҳои таъиноти маҳаллӣ,кўчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
-амалӣнамудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8.Ваколатҳои соҳибони роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ваколатҳои соҳибони роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатҳои шахсони ҳуқуқие, ки соҳибони воситаҳои наrлиёт мебошанд
Ба ваколатҳоишахсони ҳуқуқие, ки соҳибони воситаҳои наrлиёт мебошанд,дохил мешаванд:
-таъсис додани шабакаи муассисаҳои таълимb оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои наrлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;
-таҳия ва татбиrи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-таҳия ва татбиrи чораҳои ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт;
-баҳисобгирии ҳодисаҳои роҳу наrлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣдар роҳ, таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо;
-ташкил вамаблаѓгузории чораҳоипешгирb намудани маъюбшавӣ вобаста баҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
-xуброни зарари дар натиxаиҳодисаи роҳу наrлиёт бо айби онҳо расондашуда, инчунин пардохтикумакпулии якдафъаина ба шахсони дар инҳодисаҳо зарардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таъсисихадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҳалли масъалаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт дар вазъияти фавқулода.
Моддаи 10.Иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шаҳрвандон дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
1.Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо(минбаъд – ташкилотҳо) дар доираи ваколатҳои худ иҷрои тадбирҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд.
2.Дар коллективҳои меҳнатӣ оид ба риояи қоидаҳоибехатарии ҳаракат дар роҳ тадбирҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ андешида мешаванд.
БОБИ 3. ҲУҚУҚВА УҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳуrуқ доранд:
-бо шароити бехатар ва самаранокиҳаракат дар роҳтаъмин карда шаванд;
-оид ба шароити бехатари ҳаракат дар роҳ, сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудият ё қатъ кардани ҳаракат дар роҳ, вазн ва суръати ҳаракати иҷозатдодашуда, кор ва хизматрасонӣвобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳаз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки танзим ва идораи давлатиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онро иҷро менамоянд,маълумот ба даст оранд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали (беамалии) кормандони мақоми ваколатдори давлатӣоид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шикоят намоянд;
-аз роҳҳо бемамониат истифода баранд, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
-аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 12.Уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд:
— талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид баҳаракат дар роҳро риоя намоянд;
-барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амали(беамалии) худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳмонеа эҷод накунандё зарарнарасонанд;
-зарари расондашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонxуброн намоянд.
Моддаи 13.Уҳдадориҳои шахсониҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои наrлиёт
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёт уҳдадоранд:
— интихоб, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатӣ, риояи низоми кор ва истироҳати онҳоро таҳти назорат rарор диҳанд;
— ба идоракунии воситаҳои наrлиёт шахсонеро, ки шаҳодатномаи идора кардани категорияи (зеркатегорияи) воситаи наrлиётро надоранд, бемор мебошанд,дар муҳлати муrарраршуда аз муоинаи тиббb нагузаштаанд, дар ҳолати мастb бар асари истеъмоли машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунандақарор доранд,роҳ надиҳанд;
— истифодаи воситаҳои наrлиёте, ки ҳолати техникb ва таxҳизоташон ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳxавобгe нестанд, ҳамчунин бо тартиби муrарраршуда ба rайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштаанд, иҷозат надиҳанд;
— ҳолати зарурии техникии воситаҳои наrлиётро таъмин намоянд;
— ҳодисаҳои роҳу наrлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣдар роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рeй додани онҳоро таҳлил ва барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешанд;
— бо мақоми ваколатдори давлатӣ хатсайри воситаҳои наrлиёте, ки бори хатарнок, вазнин ва калонҳаxмро мекашонанд, тартиби кашола карда бурдани ду ва беш аз он воситаи наrлиёт ва таuйир додани таxҳизоти воситаи наrлиётро мувофиrа намоянд.
Моддаи 14.Гирифтани иxозати идоракунии воситаҳои наrлиёт
1.Шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон, ки ба синни муrарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, нуқсонҳоиxисмонb ё бемориҳое надорад, ки ба идоракунии бехатари воситаҳои наrлиёти категорияҳои (зеркатегорияҳои)дахлдор монеъ гарданд,бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқигирифтани иҷозати идоракунии воситаҳои наrлиётро дорад.
2.Тартиби иҷозатдиҳӣба идоракунии воситаҳои наrлиётроҲукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
3.Номгўи нуқсонҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷудияти онҳо ба шахс гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи (зеркатегорияи) дахлдор иҷозат дода намешавад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
4.Шаҳодатномаи ҳуқуқи идоракардани воситаҳои нақлиёт танҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
- Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалии давлатҳои дигар, киба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқанд, амал мекунанд.
- Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дорои шаҳодатномаҳои ронандагии эътибордошта, ки ҳуқуқи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардаанд ва ба синни муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагии миллииаз ҷониби давлати шаҳрвандиашон ё иқомати доимиашон додашуда ба шаҳодатномаҳои ронандагии миллииҶумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешаванд.
Моддаи 15.Қатъ (маҳрум) кардан азҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт
1.Ҳуқуқи шахс барои идоракунии воситаҳои нақлиётдар асоси хулосаи комиссияи муассисаи тиббӣ бо сабаби нуқсонҳои ҷисмонӣ ё бемориҳое, ки барои идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт монеъ мегарданд, аз тарафи мақоми ваколатдорқатъ карда мешавад.
2.Барои иҷро накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шахс азҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешавад.
Моддаи 16. ОмўзонданиҚоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ
1.Rоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолb мувофиrи барномаҳое, ки маrомоти маориф ва илм,меҳнат, тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бомақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намудаанд,таълим дода мешаванд.
2.Ташкилотҳо,новобастаба шакли ташкилиюҳуқуқиашон, барои ба кормандон таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ менамоянд.
3.Омўзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз муассисаҳои томактабӣ оѓоз мешавад.
- Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣметавонандаз рўи барномаҳое, ки хонандагон барои гирифтани шаҳодатномаи идора кардани мототсикл ҳуқуқ пайдо менамоянд, таълим диҳанд.
- Таҳсил дар курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт мувофиқи барномаҳое, ки аз тарафи мақомоти маориф ва илм, меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешавад.
6.Мақоми ваколатдори давлатӣ,воситаҳои ахбори омма ба маrомоти дахлдор барои амалb намудани чораҳои пешгирӣ ва ба гурeҳҳои иxтимоии аз xиҳати синну сол гуногуни аҳолb таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳмусоидат менамоянд.
БОБИ 4. РОҲҲОИ (КEЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 17. Роҳҳои (кўчаҳои) автомобилгард, тасниф ва истифодаи онҳо
Тартиби тасниф ва истифодаи роҳҳои (кeчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
Моддаи 18. Талаботи қоидаҳо, стандартумеъёрҳоилоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1.Талаботи қоидаҳо, стандарту меъёрҳоилоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2.Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳоҷиҳати муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қоида, меъёрҳова стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳобояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронда шуда, бехатарии муҳити зист ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ бо назардошти эҳтиёҷоти хоси маъюбон ба назар гирифта шаванд.
- 3. Қоидаҳои таъмир, нигоҳдорӣ ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, инчунин истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон муайян менамояд.
Моддаи 19.Бо иншооти хизматрасонb таxҳизонидани роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маrомоти роҳсозию роҳдорbуҳдадоранд барои таҷҳизонидани кeчаҳо, роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонӣ, воситаҳои алоқаи таъҷилиимувофиr ба меъёрҳои тасдиrгардидаи лоиҳакашb, нақшаҳои сохтмон ва нақшаҳои асосӣ тадбирҳо андешанд.
Моддаи 20.Маҳдуд ё манъ намуданиҳаракат дар роҳҳоиавтомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Тартиби муваққатан маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард,кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳантибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21.Ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард,кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1.Ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣамалӣ мешавад.
2.Дар мавриди пайдо шудани таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд муваққатан ҳаракатро маҳдуд ё манъ, ё ба ташкили ҳаракат дар роҳ таѓйирот ворид намоянд. Мақомоти роҳсозию роҳдорӣ ва коммуналӣ метавонанд баъд аз хабардор намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ташкили ҳаракат дар роҳ таѓйирот ворид намоянд.
Моддаи 22. Уҳдадориҳоишахсонимансабдори масъули сохтмон, тармим, таъмиру истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1.Уҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, тармим, таъмиру истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2.Соҳибони роҳҳоиавтомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, шахсони мансабдори мақомоти роҳдорӣбарои андешидани чораҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳунаrлиёт масъул мебошанд.
БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ НАRЛИЁТ
Моддаи 23.Додани иҷозат бавоситаҳои наrлиёт бароиҳаракат дар роҳҳои автомобилгард
1.Бароиҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ба воситаҳои наrлиёте иxозат дода мешавад, ки сохт (конструксия) ва ҳолати техникиашон ба талаботи муrаррарнамудаи қоидаҳои байнидавлатии соҳавb, меъёрҳо ва стандартҳо xавобгўй буда, аз санxиш, rайд ва муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузашта вабо тартиби муrарраршуда суuурта шуда бошанд.
2.Барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ба воситаҳои нақлиёти маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад.
Моддаи 24.Сохти (конструксияи) воситаҳои наrлиёт
Сохти (конструксияи) воситаҳои наrлиёт бояд ба талаботи rоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда, инчунин дараҷаи меъёрҳои муқарраргардидаипартови маводи ифлоскунандаи ҳавомутобиқатнамояд.
Моддаи 25. Таѓйир додани таxҳизоти воситаҳои наrлиёт
1.Таuйир додани навъ ё тамuа (марка), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои наrлиёте, ки мавриди истифода rарор доранд, тавассути таѓйирдиҳии rисмҳои онҳо, таxҳизоти махсус ва раrамҳои агрегатҳо, ки тибrи ҳуxxатҳо барои ҳамин воситаи наrлиёт пешбинb нашудаанд, бояд ба rоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Xумҳурии Тоxикистон мувофиr бошанд.
2.Таѓйир додани таxҳизоти воситаҳои наrлиёт, ки боиси таuйири маълумоти тавсифии воситаҳои наrлиёт гаштааст, бояд дар ҳуxxатҳои rайди он сабт гардад.
Моддаи 26.Ҳолати техникии воситаҳои наrлиёте, ки мавриди истифода rарор доранд
{олати техникии воситаҳои наrлиёти мавриди истифода rарордошта, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба rоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои ботартиби муrарраргардида тасдиrшуда мувофиr бошанд.
Моддаи 27.Ба rайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои наrлиёт
1.Ҳамаи воситаҳои наrлиёти механикb, ки дар роҳҳои автомобилгард ҳаракат мекунанд, инчунин ядакҳо (нимядакҳо) бояд ба rайд ва ҳисоб гирифта шаванд.
2.Соҳибони воситаҳои наrлиёти механикӣ ва ядакҳо уҳдадоранд воситаҳои наrлиёти ба онҳо тааллуrдоштаро дар давоми даҳ шабонарeз аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси таѓйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барои фурўш пешбинишудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти савдои воситаҳои наrлиётро анҷом медиҳанд), дар мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гиранд.
3.Тартиби ба rайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои наrлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои баrайдгирии давлатb аз тарафи {укумати Xумҳурии Тоxикистон муrаррар карда мешавад.
Моддаи 28.Муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои наrлиёт
1.Воситаҳои наrлиёти механикие, ки иштирокчииҳаракат дар роҳҳои автомобилгард мебошанд,инчунин ядакҳо (нимядакҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон аз муоинаиҳатмии давлатии техникb гузаронда мешаванд.
2.Истифодаи воситаҳои нақлиёти механикие, ки аз муоинаи ҳатмии давлатии техникb нагузаштаанд, иxозат дода намешавад.
Моддаи 29.Хизматрасонии техникии воситаҳои наrлиёт
1.Соҳибони воситаҳои наrлиёт барои сари ваrт ва дар ҳаxми пурра гузарондани корҳои хизматрасонии техникb ва таъмир мутобиrи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори наrлиёт муrарраршуда уҳдадор мебошанд.
- Ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилиюҳуқуқӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бахизматрасонӣ ва таъмири тиҷоратии воситаҳои наrлиёт машѓуланд, бояд иxозатномаи дахлдор дошта бошанд.
3.Мақомоти иҷроияимаҳаллии ҳокимияти давлатӣба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳбарои ташкили шабакаҳои хизматрасонии техникbмусоидатменамоянд.
Моддаи 30.Манъи истифодабарии воситаҳои наrлиёт
Истифодабарии воситаҳои наrлиёт дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:
1)Бо кушода гирифтани рақамҳои баrайдгирии давлатb:
-xой доштаниносозиҳои техникӣ ва шартҳое, ки номгўи онҳо дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муrаррар карда шудааст;
-бе иxозати дахлдор аз нав таxҳизонидани воситаҳои наrлиёт;
-нагузаштан азмуоинаиҳатмии давлатии техникb;
— бе иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ ба воситаҳои нақлиёт насб кардани садонишонакҳои (сигналҳои) махсуси овозӣ ё нурафкан;
2)Боздоштани воситаи наrлиёт бо ҷойгир намудани он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:
-идора кардани воситаҳои наrлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастb, инчунин надоштани ҳуxxатҳо оид баҳуrуrи идоракунb ё истифодабарии воситаи наrлиёт ё гузаштани муҳлати амали онҳо;
-идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохти воситаҳои нақлиёт аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои оинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, (микроавтобусҳо), инчунин ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рўйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
-идоракунии воситаҳои наrлиёте, ки раrамҳои rисму агрегатҳояшон ё рақамҳои баrайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакорb ё батарзи дигар таuйир дода шудаанд, инчунин бо навиштаҳои дарҳуҷҷатҳои баrайдгирb зикргардида мувофиrат накардани раrамҳои rисму агрегатҳои воситаҳои наrлиёт;
— халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути риоя накардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт ҳангоми дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣҳозир набудани ронанда;
-идоракунии воситаҳои наrлиёт, ки бо тартиби муrарраргардида ба rайд гирифта нашудаанд ё рақамҳои баrайдгирb надоранд.
Моддаи 31. Суuуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои наrлиёт
1.Воситаҳои наrлиёте, ки дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон ҳаракат мекунанд, аз расондани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расондани зарари моддb дар рафти истифодаи воситаҳои наrлиёт суuурта карда мешаванд.
2.Тартиби суuуртаи ҳатмb ва андозаи пардохтҳои суuуртавиро Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
3.Суuуртапулӣ аз рeи суuуртаи ҳатмии давлатb, новобаста ба андозаи маблаuи суuуртаи иxтимоии давлатb, таъминоти иxтимоb, аз рeи тартиби xуброни зарар пардохт карда мешавад.
БОБИ 6. БАНАҚШАГИРӣ ВА МАБЛАЃГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 32.Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Мақоми ваколатдори давлатӣ барномаҳои давлатb, вилоятb, шаҳрb ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиrва иxрои онро назорат менамояд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиrати онҳо бо банақшагирии минтаrавb ва соҳавb, ташаккул додани нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоrаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иxтимоию иrтисодb ва экологии минтаrаи мушаххас, дараxаи рушди шабакаи роҳҳо, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва нишондиҳандаҳои дигари низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад.
Моддаи 33.Маблаuгузории тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
1.Маблаѓгузории тадбирҳои дар барномаҳо пешбинишуда, инчунин тадбирҳои дигари таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби буxети xумҳуриявb ва маҳаллb, маблаuгузории мақомоти давлатӣ ва идораҳое, кисоҳибони роҳ мебошанд,сурат мегирад.
2.Бо маrсади маблаѓгузорӣ намудани лоиҳасозb, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фондҳои xумҳуриявb ва вилоятӣ таъсис дода мешаванд.
3.Тартиби ташаккулдиҳӣва истифодаи фондҳои роҳро ҲукуматиXумҳурии Тоxикистон муrаррар менамояд.
Моддаи 34.Тартиби умумии ташкили низоми давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
1.Дар Xумҳурии Тоxикистон низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои наrлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста баҳодисаҳои роҳу наrлиёт, ҳуrуrвайронкуниҳои маъмурb дар роҳва нишондиҳандаҳои дигар муrаррар карда мешаванд.
2.Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳb аз тарафи Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муrаррар карда мешаванд.
БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ
ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 35.Таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
1.Таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳамалҳои зеринро дарбар мегирад:
-муоинаи ҳатмӣва даврагии тиббииронандагони воситаҳои наrлиёт;
— муоинаи тиббии ронандагон пеш аз сафар;
-расондани ёрии тиббии аввалия ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
— омўзондани тарзу усулҳои расондани ёрии аввалия ба аҳолӣ.
2.Даврияти муоинаи тиббb ва тартиби ташкили ёрии аввалия ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу наrлиёт аз тарафи {укумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 8. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 36.Вазифаҳои назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, корхонаҳо,инчунин шаҳрвандон, риоя намудани талаботи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон оид бабехатарии ҳаракат дар роҳташкил карда мешавад.
Моддаи 37.Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
1.Назорат дар соҳаи бехатарииҳаракат дар роҳ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва маrомоти дахлдори давлатӣ(назорати давлатb), ташкилотҳо (назорати идоравb) сурат мегирад.
2.Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифаҳои махсуси назоратb ва иxозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иxро менамояд.
3.Ба низомимақоми ваколатдори давлатӣ маrомоти идоракунии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд.
Моддаи 38.Ҳифзи муҳити зист
Мақомоти давлатb, ташкилотҳое, ки ба лоиҳакашb, истеҳсол ва истифодаи воситаҳои наrлиёт машѓул мебошанд, уҳдадоранд маxмeи тадбирҳоро оид ба пешгирb ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои наrлиёт ба муҳити зист таҳия намуда, риояи rонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд.
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 39.Муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро бо давлатҳоидигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард тибқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалииэътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 41. Дарбораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»аз 4 ноябри соли 1995, № 197 (Ахбори Маxлиси Олии Xум[урии Тоxикистон, с. 1995, № 22, мод. 336; с. 1997, № 23-24, мод.333; с. 2000, №11, мод.527; с. 2008, № 3, мод. 189; с. 2009, №12, мод.822; с. 2010, №1, мод.4; с. 2015, №11, мод.974; с. 2017, №7-9, мод.577)аз эътибор соқитдониста шавад.
Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
17майи соли 2018
№1533