Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи шаъну эътибори президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 Июн 1991, Ҷумъа

(Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, мод.266; №18, мод. 244)
Норавоии паст задани шаъну зътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Сардори Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад:
Моддаи 1. Тағйири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ бо ҷарима то се ҳазор сум ё корҳои ислоҳотӣ ба муҳлати то ду сол ё аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. ҳамин амалҳо, ки бо истифодаи матбуот ё дигар воситаҳои ахбори омма содир шудаанд, бо корҳои ислоҳотӣ ба муҳлати то ду сол ё аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлати то 6 сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 2. Воситаи ахбори оммавие, ки материали таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳматангезро ба унвони ӯ чоп кардааст, мувофиқи қарори суд то бисту панҷ ҳазор сум ҷарима андохта мешавад. Фаъолияти воситаи ахбори оммавие, ки такроран материалҳои таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳматангезро нисбати ӯ панҷ мекунад, мувофиқи қарори суд қатъ шуданаш мумкин аст.
Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қ. МАҲКАМОВ
29 июни соли 1991 шаҳри Душанбе № 364
ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тартиби истифода ва амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
(Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, мод.267)
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоxикистон rарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи нашр шуданаш амалӣ гардонида шавад.
  2. Шарҳ дода шавад, ки таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаю дониста беадабона паст задани шаъну эътибори ӯ мебошад. Паҳн кардани овозаҳои бараъло дурӯғ, ки ӯро бадном мекунанд, туҳмат дар ҳаққи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Баромадҳои оммавии танқидомез нисбати фаъолияти Сардори Ҷумҳурии Тоҷикистон — Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нисбати сиёсате, ки таҳти роҳбарии ӯ гузаронида мешавад, таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор намегирад.
  3. Муқаррар карда шавад, ки тафтиши пешакӣ аз рӯи делоҳои пешбинӣ кардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи муфаттишони органҳои прокуратура мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои ҷиноятию просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  4. Воситаҳои ахбори омма ё ҷузъҳои онҳо (барномаҳои радио, телевизион ва ғайра), ки материалҳои таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба унвони ӯ хабарҳои туҳматомез чоп кардаанд, метавонанд, баъди қонунӣ гардидани ҳукми айбдоркунии суд нисбати шахси (шахсони) мушаххас, ки ба таҳқири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат нисбати ӯ роҳ додааст, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Раиси Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Қ. АСЛОНОВ
29 июни соли 1991 шаҳри Душанбе № 365

Илова кунед