Об барои рушди устувор

11 Сентябр 2020, Ҷумъа

(дар радифи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»)
 
 
21 декабри соли 2016 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон  Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид.
 
Об муҳимтарин унсури сармояи табиӣ мебошад. Об дар раванди гирдгардиши табиӣ ва нигоҳдории тавозуни (баланси) экологӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Нақши об инчунин дар ҳаёти инсон низ хеле бузург аст. Об намуди аз ҳама бештар оммавии ба хоҷагии инсонӣ ҷалбшавандаи захираҳои табиӣ мебошад. Аз рӯи ҳаҷми истифодабарии солона об аз вазни ҳамаи намудҳои дигари захираҳои истихроҷшаванда дар якҷоягӣ ба маротиб зиёд аст. Дар рафти истеъмоли захираҳо инсоният ҳа-масола тахминан 300 млрд т хок ва ҳаргуна ҷинсҳоро аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчонад. Дар айни ҳол аз сарчашмаҳои гуногуни обӣ ҳар сол бештар аз 4000 км3 (4х1012 т) берун гирифта мешавад, ки аз рӯи вазн аз захираҳои табиии боқимонда дар маҷмӯъ ба маротиб зиёд аст. Дар асл дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ инсоният аслан ҳаҷми бештари обро мавриди истифода қарор медиҳад.
Об се функсияи барои инсоният муҳимтаринро иҷро менамояд: истеҳсоли озуқаворӣ, истеҳсоли энергия ва маҳсулоти саноатӣ, истеъмоли об дар рӯзгор ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти санитарӣ-гигиенӣ (ба истиснои функсияҳои нақлиётӣ, рекреатсионӣ, эстетикӣ ва дигар функсияҳо). Аён аст, ки афзоиши бемаҳдуди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар асри 20, таркиши демографӣ ва, мувофиқан, болоравии сарбории антропогенӣ ба экосистемаҳо ва объектҳои обии табиӣ сабабҳои асосии пайдоиши камбуди (норасоии, дефисити) об дар аксари минтақаҳои ҷаҳон гардиданд. Албатта, инсоният ба камбуди об ҳанӯз аз давраҳои пайдоиши худ шинос аст, лекин миқёси имрӯзаи он беандоза бузург аст.
Пурзӯршавии камбуди оби нӯшокӣ ба яке аз ҳолатҳои (омилҳои) маҳдудкунандаи дурнамои рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон табдил ёфтааст. Котиби генералии СММ ҳанӯз дар маърӯзаи худ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити атроф дар соли 2003 чунин хотиррасон карда буд: «Ду миллиард инсонҳо ба оби нӯшокӣ ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд». Илова бар ин, инчунин ду миллиард одамони дигар ба ҳолатҳои камбуди об дар ҳаёти худ амалан дучор омадаанд. Тибқи далелҳои Бонки ҷаҳонӣ, ба тағйирёбии ҷиддии вазъият дар тули 50 соли наздиктарин умед бастан ғайриимкон аст. То миёнаи асри ХХI аллакай 40 фоизи аҳолии Замин ба камбуди об дучор хоҳад омадд, 20 фоизи он аз чунин камбудӣ ба таври ҷиддӣ азият хоҳанд кашид. Дар асл чунин дурнамои нохалаф (безрадостный) тағйирёбиҳои глобалии иқлимро, ки эҳтимолан метавонанд вазъро шиддатнок гардонанд, ба назари эътибор нагирифтаст. Ҳар гуна пешгӯиҳои «пайғамбаронаи» сар задании ҷангҳои «обӣ», лоиҳаҳои хеле бузурги азнавтақсимкунии маҷрои дарёҳо доимо дар матбуот мавриди баҳсҳо қарор доранд. Ба таври фаъол на фақат чораҳо оид ба бартараф кардани камбуди об, ки аз ҳудуди иқтисоди миллӣ берун намебароянд, балки инчунин чораҳои байналмилалӣ низ ба таври васеъ муҳокима карда мешаванд. Маҳз барои ҳамин ҳам об предмети ҷиддии баҳсу мунозираҳо дар доираи ҳамаи ҳамоишҳои калонтарини сайёра дар давраи 25 соли охир, оғоз аз Конфронси байналмилалӣ оид ба муҳити атроф ва рушд (ш.Рио-де-Жанейро, соли 1992) гардидааст.
Хамзамон захираҳои об дар кураи Замин хеле бузурганд. Лекин имконияти истифодабарии онҳо бар асари, дар навбати аввал, таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла омилҳои экологӣ хеле маҳдуд аст. Ҳаҷми бузурги об дар Уқёнуси ҷаҳонӣ сатҳи баланди шӯрӣ (ба ҳисоби иёна 35%) дорад, захираи оби нӯшокӣ дар пиряхҳо бар асари дури (дастнорасии) онҳо ва ҳолати онҳо дар шакли сахтӣ, инчунин яхҳои зеризаминии таркиби ҷинсҳое, ки мӯҳлати дурудароз дар ҳолати яхбаста қарор доранд, дастрасии маҳдуд (кам) доранд. Қисмати бештари обҳои зеризаминӣ бо ми-нералҳо омезиш ёфта, дар чуқуриҳои калон ҷойгир шудааст, нисфи об-ҳои кулҳо низ шӯр шудаанд. Барои ҳамин миқдори оби нӯшокӣ, ки барои истеъмол дастрас аст, ҳамчунин дар муқоиса бо эҳтиёҷоти кунунии тамаддун хеле маҳдуд аст. 
Қобили зикр аст, ки дар шароити кунунӣ афзоиши шумораи аҳолӣ, равандҳои шаҳршавӣ, рушди иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми талабот ба энергия ва озуқаворӣ фишороварӣ ба захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои обро дар сатҳҳои гуногун дучанд пурзӯр намудааст. Далел он аст, ки соли 2050 мушкилоти бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолии сайёра бо шумораи тақрибан 9 млрд. нафар афзоиши тақрибан 50-фоизаи истеҳсолоти кишоварзиро тақозо менамояд. Илова бар ин, кишоварзӣ, чӣ хеле ки маълум аст, истеъмолкунандаи асосӣ ва калонтарини об буда, ба ҳиссаи он тақ-рибан 70 % ҳаҷми умумии обе, ки аз сарчашмаҳо гирифта мешавад, рост меояд. Талабот ба энергияи электрикӣ, аз ҷумла, дар сектори аграрӣ, тахминан 1/3 ҳиссаи талаботи ҷаҳониро ба энергияи ниҳонӣ ташкил меди-ҳад. Лекин дар аксар ҳолат ин бахшҳо мустақилона ва аз ҳамдигар нисбатан ҷудо амал мекунанд, лекин сиёсат ва нақшаҳо оид ба рушди онҳо аслан бо дарназардошти вобастагии байниҳамдигарӣ амалӣ карда мешаванд. Дар айни ҳол ҳазорҳо нафар одам, асосан дар кишварҳои рушдёбанда ҳанӯз ҳам ба ҳаҷми минималии об, энергия ва озуқаворӣ дастрасии комил надоранд.
Дар айни замон, беҳдошти нақшаҳои тақсимоти одилона ва истифо-дабарии самараноки захираҳои об дар шароити афзоиши сарбории ан-тропогенӣ ва шиддатёбии мушкилоти глобалӣ самти муҳимтарини стра-тегияи умумии идоракунии оқилонаи неруи табиӣ-иқтисодии кишварҳо ва минтақаҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва зарурати танзими тавозуни манфиати кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дар пояи баҳисобгирии талаботҳои экологӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва таҳкими равандҳои интегратсионӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Аён аст, ки бештар аз 70 %-и сатҳи кураи Заминро об ташкил медиҳад. Танҳо тақрибан 1 фоизи ҳаҷми потенсиали (имконпазири) ҷаҳонии захираҳои об ба гурӯҳи обҳои тозаи нӯшокӣ дохиланду халос. Тибқи баъзе аз  сарчашмаҳо, дар 50 соли охир ҳаҷми истеъмоли об дар ҷаҳон бештар аз 2 маротиба афзудааст.
Зиёда аз ин, тақрибан 60 фоизи экосистемаҳои табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманданд, бар асари шиддати равандҳои таъсироти ногувори антропогенӣ харобгардида ҳисобида мешаванд. Ин ҳолат ба ҳаҷм, ҳолат ва самаранокии захираи обҳои истифодашаванда, пеш аз ҳама, оби нӯшокӣ таъсири ногувор мерасонад. Дар баробари сабабҳои умумӣ ноқисии модели бозории анъанавӣ ва ғайрисамаранок будани сиёсати давлатӣ ба ҳолати экосистемаҳои табиӣ, пеш аз ҳама, экосистемаҳои обӣ набудани консепсияи воқеии фаромиқёси истифодабарии оптималии захираҳои об, ки принсипҳо ва усулҳои модели рушди устувор ва низоми оқилонаи идоракунии захираҳои обро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба назар мегирад, таъсири аз ҳама бештар ногувор мерасонад.
Дар ин ҳолат ба назари эътибор гирифтани тағйирёбии иқлим, ки мушкилоти соҳаи обро мураккаб гардонида, сатҳи осебпазирии одамони камбизоатро баланд мебардорад, низ хеле нақши таъсирбахш дорад. Дар аксар кишварҳо набудани ҳолатҳои мақбули вобастагӣ дар низоми банақшагирӣ ва таҳияи сиёсати оқилона дар чор соҳаи ҳаётан муҳим захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити атроф ба истифодабарии ғайрисамараноки сарватҳои табиӣ, татбиқи ногузири стратегия - сиёсати номуназзам ва коҳиши устуворият дар низоми экологӣ-иқтисодӣ оварда расонидааст. Бинобар ин, бо дарназардошти равандҳои феълӣ ва дурна-мои рушди иқтисодии минбаъда нақши бахшҳои мазкур барои дастги-рии пайвастаи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ба маротиб хоҳад афзуд.
Зимнан, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ҳалли оқилонаи мушкилоти мурак-каб ва фарогир байни бахшҳои зикршуда, бо дарназардошти тамоилҳои глобалии афзоиши босуръати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, зарурияти торафт бештар пайдо менамояд.
Дар назар бояд дошт, ки об муҳитест, ки тавассути он оқибатҳои тағйирёбии иқлим бештар аёну равшан эҳсос карда мешаванд. Тибқи дурнамо, ҳароратҳои нисбатан баланд ва ҳолатҳои бештар табиии фавқулода, ки камтар пешгӯӣ карда мешаванд, ба сатҳи дастрасӣ ва тақсимоти боришот, обшавии барфу пиряхҳо, ҷараёни муътадили маҷрои дарё-ҳо ва обҳои зеризаминӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ин ҳолатҳо метавонанд раванди торафт бештар пастшавии сифати сарчашма ва захи-раҳои обро ба маротиб тезонанд. Инчунин, имкониятҳои пешгӯӣ кардани ҳаҷми мавҷудбудаи об ва дастрасӣ ба он дар аксар кишварҳои торафт коҳиш ёфта истодаанд. Зери об мондан ва дигар ҳолатҳои фав-қулодаи марбут ба об торафт бештар такроршаванда ва хатарзо гардида, барои ҳаёти инсонҳо ва имкониятҳои дарёфти ғизо ва дигар маҳсулот таҳдид мекунанд, объектҳои инфрасохторро хароб гардонида, сарчашмаҳои обро аксар бебозгашт ифлос менамоянд. Дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон хушксолӣ сатҳи шиддатнокии норасогии обро тақвият бахшида, ба саломатии одамон, неруи ҳосилнокии онҳо, инчунин ба маҳсулнокии экосистемаҳо таъсири ногувор мерасонанд.
Дар чунин ҳолат ноил гардидан ба ҲРУ муносибати ҳамгироёнаро ба раванди идоракунии захираҳои об, маҷрои экологӣ ва умуман биосфера тақозо менамояд. Татбиқи ин равия имконият медиҳад, ки суръати тағйирёбии иқлим паст карда шуда, ҳифзи захираҳои об ва дигар экосистемаҳо аз зуҳуроти пешгӯинашавандаи табиӣ ва антропогенӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд зарурати беҳдошти механизми идоракунии буҳрон дар шароити ҳолатҳои фавқулода бо роҳи арзёбии алоқамандии байни захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фав-қулодаи марбут ба об бо дарназардошти оқилона гардонидани идоракунии захираҳои об ва ҳифзи экосистемаҳои гуногун, пеш аз ҳама, экосис-темаҳои обӣ ва хизматрасонии экосистемавӣ торафт бештар ногузир мегардад.
Ҳалли мушкилоти глобалии об ба афзоиши сармоягузорӣ дар бахши об, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои инфрасохтор зич алоқаманд аст. Ин далел барои идоракунии оқилонаи захираҳои об ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба таъминоти об хеле зарур буда, ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоӣ-экологӣ-иқтисодӣ аҳамияти хеле бузург дорад.
Мушкилот аз қиматии  инфрасохтори об ва аксаран хароҷотҳои ниҳоят паст барои обтаъминкунӣ ба хотири ҷуброни хароҷотҳои сармоягузорӣ иборат мебошад, ки раванди ҷалби захираҳои молиявии иловагиро барои рушди бахши об мураккаб мегардонад. Дар айни ҳол инфрасохтори бахши об бояд ҳар чӣ бештар оқилона  гардад, ки ба таври мак-сималӣ ба тағйирёбии иқлим мусоид шуда, барои иҷрои чораҳои ҳамҷоя бе рақобат бо табиат бештар мувофиқ бошад. Дар ин ҳолат ҷустуҷӯи вариантҳои ҳамгироӣ, ки ба таъмини раванди сармоягузории манфиатнок ва доимӣ ба инфрасохтори бахши об, қабули қарорҳои имконпазир ва тавсияҳо оид ба ташаккулёбии шароити мусоид барои ҷалби минбаъдаи ҳаҷми зарурии сармоя ба инфрасохтор ва хизматрасонии муътадили марбут ба об, аз ҷумла, механизмҳои нави молиякунонӣ ва ҳамги-роии  фишангҳои молияи давлатӣ ва имтиёзнок хеле зарур мегардад. Инчунин, муайянкунии маҳдудиятҳо ва монеаҳои асосӣ барои афзоиши ҳаҷми сармоягузории молиявӣ дар бахши об, баҳисобгирии баҳодиҳии об ва нархгузории обӣ ба хотири таъсиси муҳити бештар мусоид ва зами-наҳои институтсионалӣ, ки барои ҷалби сармояи хусусӣ ба бахши об дар давраи дарозмуддат заруранд, аҳамияти хеле муҳим пайдо менамоянд.
Қайд бояд кард, ки дар ҷаҳон зиёда аз 150 ҳавзаи дарёи фаросарҳадӣ (фаромиллӣ) вуҷуд дорад. Бо дарназардошти ин, ҳамкории фаросарҳадӣ (байнидавлатӣ) дар соҳаи об ва дипломатияи об барои таъмини идоракунии адолатнок ва устувори захираҳои об, беҳдошти обтаъминкунӣ ва санитария ба хотири татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти ҳалкунанда доранд.  Ҳамкории байнидавлатӣ  дар соҳаи об талабот ва ангезандаи муҳимтарин барои дастрасӣ ба дигар ҳадафҳои марбут ба об ба ҳисоб меравад. Дар минтақаҳои фаросарҳадӣ набудани низоми ҳамко-рии зарурии байналмилалӣ имкон намедиҳад, ки амнияти обӣ ва схемаҳои обистифодабарии устувор барои ҳама ба таври қобили қабул таъмин карда шаванд. Ҳамкории фаросарҳадӣ дар соҳаи об ҳамчун «унсури тавоно барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва дигар ҳадафҳои бештар васеи рушди устувор» эътироф гардидааст.
Дар айни ҳол, вазъияти бамиёномада дар бахши ҳамкориҳои фаро-сарҳадӣ дар соҳаи об мувофиқи нишондиҳандаҳои глобалии ҲРУ 6.5.2 (Комиссияи Аврупоии иқтисодии (КАИ) СММ ва ЮНЕСКО), зарурияти таҳким ва тавсеаи миқёси ҳамкориҳои фаросарҳадиро дар соҳаи идоракунии оқилонаи захираҳои об тақозо менамояд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзмарра ва афзояндаи соҳаи об муваффақона ҳал карда шуда, муноқишаҳои афзоянда дар соҳаи об дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон пешгирӣ карда шаванд. Илова бар ин, афзоиши таваҷҷуҳ ба дипломатияи об аз ҷониби иттиҳоди дипломатӣ ва ҷомеаи таҳлил-гарон дар соҳаи амният, ки ба таври хеле фаъол аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони дуҷониба (бисёрҷониба) оид ба ҳамкорӣ дар бахши рушд дастгирӣ карда мешаванд, зарурияти татбиқи равиши комплексиро оид ба пешгирии муноқишаҳо дар соҳаи об, тақвияти боварӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масоили обистифодабарии устуворро ногузир ба миён мегузорад.
Дастрасӣ ба оби безарар барои соҳаҳои бештар обталаби иқтисодиёт кишоварзӣ ва саноат монеаи асосӣ аз лиҳози коҳиши миқёси камбизоатӣ мебошад. Зиёда аз 74 фоизи аҳолие, ки дар шароити кам-би-зоатӣ зиндагӣ мекунанд, маскуни деҳот мебошанд. Бештар аз 1,5 млрд. нафар аҳолӣ, ки дар деҳот истиқомат мекунанд, ба оби безарари нӯшокӣ дастрасӣ надорад. Барои аксар фермерҳои хурд об ба яке аз унсурҳои муҳимтарин дар сохтори фондҳои асосӣ табдил ёфтааст.
Дар айни ҳол, таъмини дастрасӣ ба об, назорат ва идоракунии за-хираҳои об, барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва коҳиши осебпазирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Оқибатҳои асосии тағйирёбии ногузири иқлим барои кишоварзӣ ба таври ҷиддӣ ба тағйиротҳо дар гирдгардиши об вобастаанд. Тағирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба одамони  камбизоат ва осебпазир таъсири ногувор мерасонад. Афзоиши муҳоҷират аз деҳот ба таври ҷиддӣ ва аз бисёр ҷиҳат аз мушкилоти норасоии об ва хушксолиҳои дарозмуддат сарчашма мегирад. Инчунин, таҳлилу баҳодиҳии амиқи равобити байни об, камбизоатӣ ва беҳдошти шароити зиндагии аҳолии деҳот низ хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар ин ҷода зарурияти ҳалли одилонаи масъала оид ба таъмини ҳуқуқҳои инсон аз дастрасӣ ба об, аз ҷумла, барои муҳоҷирон ва гурезаҳо низ хеле меафзояд.
Дар шароити кунунии тағийрпазирии иқлим ва тағйиротҳои пешгӯишавандаи иқлимӣ, пеш аз ҳама, дар маҳалҳои осебпазир, ба мисли марзҳои кӯҳӣ ва хушк, масоили таъмин ва нигоҳдории амнияти обӣ аҳа-мияти махсус пайдо менамоянд. Тағйирёбии глобалии иқлим равандҳои обшавии пиряхҳоро дар аксар минтақаҳои ҷаҳон тезонидааст. Шиддатёбии минбаъдаи ин мушкилот ба шумора ва сатҳи зиндагии аҳолии ин мавзеъҳо таъсири ногувор хоҳад расонид. Дар чунин ҳолат зарурияти ҳамгироии минбаъдаи кӯшишҳои олимон ва сиёсатмадорон, ки қарорҳои махсус қабул менамоянд, инчунин шарикон, ки дар бахши об фаъолият менамоянд, барои мубодилаи донишҳо, татбиқи амалияи беҳтарин ва ғояҳо бо мақсади оқилона гардонидани нақшаҳои истифодабарии об ва идоракунии обистифодабарии устувор дар шароити тағйрёбии иқлим ва талаботҳои Даҳсолаи об ва дар масири ҲРУ СММ ба маротиб хоҳад афзуд.
Дар Ҳадафҳои рушди устувор, ки 169 вазифаро дар бар мегиранд, диққати асосӣ ба маҷмӯи чораҳо ҷиҳати дар ҷаҳон ҳавасмандгардонии фаъолият дар соҳаҳои фавқулода муҳим: одамон, сайёра, пешрафт, сулҳ ва ҳамкорӣ нигаронида шудааст. Самти умумии стратегӣ ҳаракат аз бахши маҳви қашшоқӣ дар ҳама шакли он ва мубориза алайҳи нобаробарӣ ба самти ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза ҳамаҷониба эътироф гардидааст.
Ҳадафҳои муҳимтарини рушди устувор «Ҳадафи 6.Таъмини мавҷудият ва истифодабарии оқилонаи захираҳои об ва санитария барои ҳама» ва «Ҳадафи 14. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираи баҳрҳо ба мақсадҳои рушди устувор» мебошанд.
Барои ноил гардидан ба ҲРУ - 6 амалӣ намудани 8 вазифаи асосӣ зарур шуморида мешавад:
- то соли 2030 дастрасии ҳама ба оби нӯшокии бехатар ва нисбатан арзон таъмин карда шавад;
- то соли 2030 дастрасии ҳама ба воситаҳои мақбули санитарӣ гигиенӣ таъмин ва ба ҳоҷатбарории кушод анҷом бахшида, ба талаботи занҳо, духтарон ва шахсоне, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад;
- то соли 2030 сифати об тавассути коҳиши ифлосшавӣ, маҳви ҷойгиркунонии партовҳо ва минималӣ гардонидани партови моддаҳо ва маводи химиявии хатарнок, ду маротиба кам кардани ҳиссаи обҳои тозанашуда аз соҳаи маишӣ ва хеле ҳам афзоёндани миқёси гирдгардиш ва истифодабарии такрории бехатари обҳои ғализ дар ҷаҳон баланд бардошта шавад;
- то соли 2030 самаранокии истифодабарии об дар ҳама бахш  баланд бардошта  шуда, обгирӣ ва пешниҳоди муътадили оби нӯшокӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии об ва хеле ҳам кам кардани шумораи одамоне, ки аз норасоии об азият мекашанд, таъмин карда шавад;
- то соли 2030 идоракунии комплексии захираҳои об дар ҳама сатҳ аз ҷумла, зимни зарурат дар асоси ҳамкориҳои фаросарҳадӣ таъмин карда шавад;
- то соли 2020 ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои марбут ба об, аз ҷумла, кӯҳҳо, ҷангалзорҳо, заминҳои обӣ-ботлоқӣ, дарёҳо, қабатҳои обдор ва кӯлҳо таъмин карда шавад;
- то соли 2030 ҳамкории байналмилалӣ ва дастгириҳо дар бахши таҳкими неруи кишварҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба татбиқи фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъминоти об ва санитария, аз ҷумла, ҷамъоварии обҳои рӯизаминӣ, истеҳсоли обӣ нӯшокӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои об, тоза кардани обҳои ғализ, татбиқи технологияҳои бозгирдгардиш ва истифодабарии такрорӣ тақвият бах-шида шавад;
- иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ дар беҳдошти хоҷагии об ва сани-тария дастгирӣ ва мустаҳкам карда шавад.
Ноил гардидан ба ҲРУ -14 татбиқи 10 вазифаро тақозо менамояд. Дар байни онҳо вазифаҳои асосӣ инҳо мебошанд:
- то соли 2025 пешгирӣ ва ҷиддӣ кам кардани ҳар гуна ифлосшавии муҳити баҳрӣ, алалхусус, бар асари фаъолият дар хушкӣ, ифлосшавӣ бо партовҳои баҳрӣ ва моддаҳои ғизоӣ таъмин карда шавад;
- то соли 2020 истифодабарии оқилона ва ҳифзи экосистемаҳои баҳрӣ ва наздисоҳилӣ бо мақсади пешгирии таъсироти ҷиддии ногувор, аз ҷумла, бо роҳи болоравии устувории экосистемаҳо таъмин карда шавад ва чораҳо оид ба барқарорсозии онҳо ҷиҳати таъмини ҳолати хуби экологӣ ва маҳсулнокии уқёнусҳо андешида шаванд;
- то соли 2020 бо чораҳои ҳифзи табиат фаро гирифтани ҳадди ақал 10 фоизи мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва баҳрӣ тибқи қонунгузории мил-лӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар асоси беҳтарин иттилооти илмии мав-ҷудбуда;
- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи уқёнусҳо ва захираҳои он бо роҳи риояи меъерҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ қайд гардидааст, ба пояи ҳуқуқӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи Уқёнуси ҷаҳонӣ ва захираҳои он ва ғайра асос хоҳад гузошт.
Ҳамин тариқ, аён аст, ки об дар раванди ноил гардидан ба ҲРУ, алалхусус дар соҳаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити атроф нақши ҳалкунанда дорад. Лоиҳаҳои марбут ба об метавонанд ба беҳдошти обтаъминкунӣ ва хизматрасонии санитарӣ дар ассоси баланд бардоштани сифати таҳсилот, афзоиши сармоягузорӣ, инчунин танзим ва идоракунии захираҳои об мусоидат намоянд.
Дар айни ҳол, баҳисобгирии ҳаддалимкони характери фаросарҳадии захираҳои об дар аксар минтақаҳои сернуфуси олам, аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ зарурияти таҳкими механизми устувор ва умедбахши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обро бо дарназардошти баҳисобгирии максималии манфиатҳои кишварҳои минтақа дар пояи  принсипҳои танзими байни ҳам судманд ва оқилонаи онҳо тақозо менамояд. Аз самтҳои бештар муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳалли мушкилоти танзими истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обҳои фаросарҳадӣ метавонанд инҳо бошанд:
- таҳия ва татбиқи механизми ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии танзими истифодабарӣ ва ҳифзи объектҳои обии фаросарҳадӣ дар мувофиқа бо талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишварҳои ҳамҷавор;
- мубодилаи тарафайни иттилоот оид ба ҳолати объектҳои обӣ, амалҳо ва чорабиниҳо, ки бар асари онҳо зуҳуроти ҳолатҳои таъсири фаросарҳадӣ, пеш аз ҳама, таъсироти ногувор ҷой дошта метавонанд ва ғайра.
Ба эътибор гирифтани ҳолатҳои зикршуда зарурати баррасии захи-раҳои обро ҳамчун унсури стратегии рушди кишварҳои минтақа ва ҳам-чун омили муҳимтарини таъмини устувории рушди умуман иқтисодиёти минтақавӣ тақозо менамояд. Зиёда аз ин, аҳамияти захираҳои об ва суд-мандии истифодабарии онҳо аз ҷониби кишварҳои минтақа дар оянда хоҳад афзуд.
Зимни татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар назар мебояд дошт, ки Осиёи Марказӣ дорои манбаъҳои бузурги захираи об мебошад, ки аз талаботи иқтисодиёти кишварҳои минтақа дар ҳар гуна вариантҳои имконпазири рушди экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ояндаи дароз-муҳлат бамаротиб бештаранд. Масалан, ҳаҷми маҷрои солонаи барқа-роршавандаи дарёҳо - сарчашмаи асосии обтаъминкунӣ тахминан ба 115 км3/сол баробар аст. Инчунин, захираи обҳои зеризаминӣ дар мин-тақа низ хеле бузурганд.
Қисмати асосии захираҳои оби минтақа дар кишварҳои кӯҳӣ ташаккул меёбад. Дар айни ҳол ба ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 51,0 % аз ҳаҷми умумии захираҳои об дар минтақа рост меояд.
Феълан, Осиёи Марказӣ норасоии ҷиддии обро дар шароити ҳозира эҳсос намекунад. Минтақа дорои ҳаҷми кифояи захираҳои об - 20,525 м3/сол мебошад, ки қариб 2,5 маротиба аз Шарқи Наздик ва бештар аз 8 маротиба аз Африқои Шимолӣ зиёдтар аст. Лекин, нобаробарии тақсимоти захираҳои об  байни кишварҳои кӯҳӣ ва кишварҳои даштӣ монеаи асосӣ дар раванди ноил гардидан ба нишондодҳои истифодабарии  устувори  захираҳои об дар минтақа гардидааст. Ба нақшаҳо ва суръати обистифодабарӣ, инчунин тағйиротҳои иқлимӣ, ки барои пиряхҳои Помир ва Тяншан дар тӯли даҳсолаҳои оянда оқибатҳои ногувор доранд, низ таъсири ҷиддӣ расонида метавонанд. Ҳолатҳои мазкур минбаъд низ бештар зарурияти татбиқи муносибати ҷиддию конструктивиро оид ба масоили истифодабарии оқилонаи захираҳои об дар минтақа пурзӯр менамояд.
Экосистемаҳои кӯҳӣ (маҷроофар), аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ, ма-соҳати бузургро ишғол намуда, дар раванди танзими иқлим ва ташак-кулёбии захираҳои оби минтақа нақши беандоза муҳим мебозанд. Онҳо ҳамчун монеаҳои табиӣ дар роҳи ҳаракати массаи ҳавоии намнок аз ҷониби уқёнуси Атлантика дар баландии 3000-4000 м баромад намуда, миқдори хеле зиёди намиро ҷабида, онро дар шакли майдонҳои фирневӣ ва пиряхҳо ҷамъ мекунанд.
Ба туфайли миқдори бузурги об, ки дар пиряхҳо (пиряхҳо тахминан 6 фоизи марзи Тоҷикистон ва 4 фоизи марзи Қирғизистонро пӯшонидаанд)  ҷамъ омадааст, онҳо ба раванди хоҷагидорӣ дар марзҳои даштӣ таъсири ҷиддии мусоид мерасонанд. Тибқи маълумоти охирин, шумораи пиряхҳои бузург дар минтақа на камтар аз 2500 ададро ташкил дода, майдони умумии онҳо тахминан ба 1600 км2 баробар аст. Ба хушкии истисноии иқлими минтақа нигоҳ накарда, майдони бо пиряхҳо бандбуда дар Осиёи Марказӣ аз майдони пиряхҳои Кавкази Калон 8,5 маротиба, аз майдони пиряхҳои Олтой 28 маротиба зиёдтар аст.
Минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ аз сарватҳои табиӣ бой мебошанд. Лекин бойгарии аз ҳама пурарзиштарин ва ба таври сабук дастрасшавандаи онҳо захираҳои обии аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Дар кӯҳҳои минтақа дар як сол анқариб 170 км3 об ташаккул меёбад. Аз ин ҳаҷм ҳиссаи Тоҷикистон ба бештар аз 60 км3 баробар аст, ки тахминан 52,0 фоизи ҳаҷми умумии захираи обҳои динамикии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Маҷрои ҳавзавии дарёҳои кӯҳии минтақа неруи аз ҳама арзони энергияро доро буда, аз рӯи захираҳо на танҳо дар байни кишварҳои ИДМ, балки умуман дар ҷаҳон низ ҷои махсусро ишғол менамоянд. Аз ҳолат ва шароити амалкарди гуногуншаклии экосистемавии мавзеъҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама, пиряхҳо (дар баробари захираҳои барф, кӯлҳо ва дарёҳои кӯҳӣ ва дигар манбаъҳо) аз бисёр ҷиҳат нигоҳдорӣ ва устувории сармояи табии ҳавзаи Арал, муътадилии экологӣ ва сатҳи рушди иҷтимоӣиқтисодии кишварҳои минтақа вобаста аст.
Дар ин ҳолат дар назар мебояд дошт, ки тавозуни мураттабшудаи ғайриоқилонаи манфиатҳо байни ирригатсия ва энергетика ва мувофи-қан байни кишварҳои кӯҳӣ ва даштии Осиёи Марказӣ бар асари аф-зоиши истеъмоли об, ки ба зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва рушди интенсивии иқтисодиёти кишварҳои минтақа алоқаманд аст, торафт бештар тақвият меёбад. Камшавии маҷрои дарёҳо дар ояндаи наздик, ки шиддатнокии мушкилоти мазкурро пурзӯр мегардонад, метавонад ба хароб-шавии экосистемаҳо таҳти таъсири фишори техногенӣ ва тағйирёбии иқ-лим мусоидат намояд.
Муҳимияти масоили таҳия ва татбиқи талаботҳои консепсияи истифодабарии устувори захираҳои об бо зарурияти ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳаддалимкон кам кардани оқибатҳои он зич алоқа-манд аст. Осиёи Марказӣ яке аз он минтақаҳои нодири олам аст, ки аз ҳама бештар аён ва шиддатнок миқёс ва шиддатнокии тағйирёбии иқлим аз зумраи хатарҳои бештар тунд, хатарнок ва пешгӯинашавандаи замони муосир зоҳир мегардад. Тибқи ақидаи мутахассисони СММ, тағйирёбии иқлим ва харобшавии экосистемаҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои кӯҳии маҷроофар дар минтақа бо ҳамдигар зич алоқаманданд ва метавонанд ба талафоти иқтисодӣ дар ҳаҷми миллиардҳо доллари амрикоӣ дар як сол оварда расонанд. Зиёда аз ин, равандҳои пурзӯршудаистодаи тағ-йирёбии иқлим метавонанд ба афзоиши шиддатнокӣ ва такроршаван-дагии ҳолатҳои фавқулода  оварда расонанд ва ин ҳолатҳо неруи иқтисодии кишварҳои минтақаро хароб сохта, метавонанд ба монеъҳои душворгузар дар роҳи ноил гардидан ба нишондодҳои рушди миллӣ, умуман, ҲРУ табдил ёфта, дар татбиқи барнома ва стратегияҳо оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳо мушкилоти иловагӣ ба миён оваранд.
Аз лиҳози истифодабарии устувори захираҳои об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мушкилоти наҷотдиҳии пиряхҳо ва экосис-темаҳои нозуки кӯҳӣ, аз ҷумла, ҷангалзорҳои кӯҳӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Тағйирёбии иқлим, ки ба камшавиии 30 фоизи майдони пиряхҳо оварда расонидааст, зарурати нигоҳдорӣ ва беҳдошти пиряхҳои ҷараёнофари Помир ва Тяншанро ба мушкилоти аз ҳама бештар шиддатноки экологии минтақа ва умуман ҷаҳон табдил додаст. Тибқи пешгӯиҳои Хадамоти гидрометеологии Тоҷикистон, масоҳати яхбаста дар миқёси Помир то соли 2050 ба андозаи 20% кам мегардад. Инчунин, дар назар мебояд дошт, ки раванди обшавии пиряхҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор ва ноил гардидан ба амнияти энергетикӣ ва озуқавории минтақавӣ хатарҳои иловагӣ бунёд менамояд. Раванди обшавии шиддатноки пиряхҳо метавонад ба афзоиши обхезиҳои кӯтоҳмуддат ва ба пастшавии сатҳи бо об таъмин будани умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ оварда расонад. Дар робита ба ин, муҳимияти ҳифзи мавзеъҳои баландкӯҳ бо он муайян мегардад, ки маҳз дар баландкӯҳҳо метавонанд селҳо, лағзишҳо ва обхезиҳои фоҷиавӣ ба миён оянд.  Вазифаи муҳимтарин дар ин ҷода, пеш аз ҳама, аз ифлосшавӣ ҳифз кардани пиряхҳо ва мувофиқан, ҷара-ёнҳои пиряхӣ ба ҳисоб меравад.
Самти муҳимтарини ноил шудан ба стратегияи истифодабарии устувори захираҳои об дар Осиёи Марказӣ зарурати нигоҳдорӣ ва беҳдошти ҳамаҷонибаи ҳолати экосистемаҳои табиӣ, пеш аз ҳама, экосистемаҳои кӯҳии обӣ бо роҳи таҳияи механизми оқилонагардонии нақшаҳои байнидавлатии идоракунии обҳои фаросарҳадӣ бо назардошти манфиатҳои экологӣиқтисодии кишварҳоли минтақа мебошад. Оқилона гардонидани нақшаҳои истифодабарӣ ва идоракунии захираҳои об дар минтақа самти муҳимтарини пешгирии харобшавии муҳити табиӣ, пеш аз ҳама, қисмати кӯҳӣ, тавсеаи мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим, бартараф кардани камбуди  об буда, барои бунёди низоми ягонаи ҳамкориҳои муфиди байнидавлатӣ дар соҳаи об ҳамчун асоси воқеӣ хизмат менамоянд.
Зимни таҳия ва баррасии мушкилоти истифодабарии устувори захираҳои об тавассути нигоҳдорӣ ва беҳдошти экосистемаҳои обии киш-варҳои Осиёи Марказӣ зарур аст, ки як зумра хусусиятҳои марзҳои кӯҳӣ, ки ба мавҷудияти осебпазирии кишварҳои баландкӯҳ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъсири тағйирёбии глобалӣ ва минтақавии иқлим ва муш-килоти иҷтимоӣиқтисодии марбут ба набудани дастрасӣ ба баҳрҳо, маҳдудияти захираҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ, ки дар самти гузариш ба модели рушди устувор монеаҳо бунёд мекунанд, ҷиддӣ ба назари эътибор гирифта шаванд.
Дар робита ба ин, на танҳо кишварҳои кӯҳӣ, инчунин мамолики даштии Осиёи Марказӣ бояд ба самти таҳияи нақшаҳои бештар муфиди ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба масоили идоракунии захираҳои об, пеш аз ҳама, мавзеъҳои кӯҳӣ ва оқилона гардонидани сатҳи истифодабарии комплексии неруи табиӣзахиравӣ ҳамчун асоси рушди мӯътадили иҷтимоӣиқтисодии на танҳо ноҳияҳои кӯҳӣ, балки умуман минтақа ҳамаҷониба ва ҳамгироёна майл намоянд.
Дар Тоҷикистон ҳалли мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ, инчунин болоравии босуръати соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз бисёр ҷиҳат аз самаранокии идоракунии сарчашмаҳои мавҷудбудаи захираҳои об вобаста аст. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти талаботи афзоянда ба ҷустуҷӯи нақшаҳои бештар самаранок ва босуботи идоракунии захираҳои об, ҳалли афзалиятноки мушкилоти мавҷудбуда дар бахши обии кишвар ва бо мақсади татбиқи фарогиру натиҷабахши механизмҳои бештар самараноки институтсионалӣ ҳуқуқии идоракунии захираҳои об бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015 таҳти № 791 ба хотири вусъати минбаъдаи ислоҳоти бахши оби кишвар «Барномаи ислоҳоти бахши оби Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барои солҳои 2016-2025» қабул шуд. Ҳадафҳои асосии ислоҳоти соҳаи об, пеш аз ҳама, таъмини кафолатноки ҳамаи истеъмолкунандагони об, ноил гардидан ба низоми аз лиҳози иқтисодӣ самаранок ва аз лиҳози экологӣ устувори идоракунии захираҳои об тавассути татбиқи пурраи схемаҳои идоракунии ҳавзавӣ ва ҳамгироёнаи захираҳои об дар минтака ба ҳисоб мераванд.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дав-раи то соли 2030» қайд гардидааст, ки ҷумҳурӣ «… дар давраи ибтидоии гузариш ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об қарор дорад». Дар айни ҳол, дар ҳуҷҷати мазкур ба  қатори афзалиятҳо дар рушди бахши воқеии иқтисодиёт зарурияти «…беҳдошти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ … дар пояи азхудкунии комплексии неруи табиӣ захиравии кишвар, аз ҷумла, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» низ номбар гардидааст.
Аз лиҳози бахшҳои иқтисодиёт, пеш аз ҳама, дар комплекси агро-саноатӣ иҷрои чораҳо оид ба «… баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои … замину об дар пояи беҳдошти ҳолати мелиоративӣ ирригатсионии заминҳои кишоварзӣ ва таъмини шуғли маҳсулноки аҳолии деҳот», инчунин «.. азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори ирригатсионӣ ва татбиқи технологияҳои муосири обёрикунии энергиясарфакунанда» дар назар дошта шудаанд.
Илова бар ин, зимни татбиқи ҲРУ, ки ба об марбутанд, таҳияи сиёсати миллии экологӣ иҷтимоӣ иқтисодӣ, тавсеаи иштироки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологии минтақавӣ ва глобалӣ ва истифодабарии афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани самаранокии обии иқтисодиёт ва гузариши кишвар ба модели рушди иқтисодӣ, ки сатҳи обталабиаш нисбатан камтар аст, хеле зарур арзёбӣ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, татбиқи муваффақонаи ҲРУ, ки ба соҳаи об алоқаманданд, ва ҳалли вазифаи тақсимоти оқилона ва истифодабарии самараноки захираҳои об ба зарурияти таҳия ва татбиқи чораҳо, ки ба самти ноил гардидан ба параметрҳои рушди устувор ва идоракунии комплексии захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, ҷорикунӣ ва пешбурди барномаҳо, лоиҳа ва технологияҳои локалӣ, миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва истифодабарии оқилонаи захираҳои об, инчунин мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши об ва таҳкими равобити байни ҳам муфиди шарикона дар ҳама сатҳ бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об, аз ҷумла, ҳадафҳое, ки дар «Рӯзнома барои рушди устувор барои давраи то соли 2030» зикр шудаанд, хеле зич вобастаанд. Инчунин, ба масоили баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои об дар ҳама сатҳ бо дарназардошти робитаи байниҳамдигарӣ дар соҳаҳои афзалиятнок захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити атроф бо дарназардошти барномаҳои гуногуни миллии рушд низ диққати аввалиндараҷа мебояд дод. Дар айни ҳол, дурнамои рушди суръатноки соҳаҳо, алалхусус, дар экосистемаҳои кӯ-ҳие, ки метавонанд на танҳо ба беҳдошти шуғли аҳолӣ, балки инчунин ба коҳиши фишори қиёсии истеҳсолот ба экосистемаҳои обӣ ва умуман муҳити атроф мусоидат менамоянд, дар баробари оқилона гардонидани рушди соҳаҳои обталаби истеҳсолот дар қабатҳои вертикалӣ ва минта-қаҳои табиӣ-ҷуғрофии Осиёи Марказӣ торафт пурзӯр ва пурратар эҳсос шуда меистад. Аҳамияти на камтар бештарро инчунин бунёди низоми босуботи  шарикӣ ва ҳамкориҳои байни ҳам муфид дар соҳаи идоракунии шароит ва захираҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва рушди экологии кишварҳои кӯҳӣ ва умуман минтақа соҳиб гардида истодааст.
Қобили зикр аст, ки баҳисобгирии максималии мавҷудият, ҳолат ва нақшаҳои истифодабарии захираҳои об ҳамчун омили муҳимтарини рушди экологӣ иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо ва умуман манотиқи ҷаҳон имконият медиҳад, ки бо хароҷот ва зарарҳои камтарин ҷанбаҳои консептуалии стратегияҳои миллии гузариш ба модели рушди устувор татбиқ гардида, шароитҳои зарурӣ барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳама сатҳ муҳайё карда шаванд. Дар ин ҳолат натиҷаҳои бадастовардашудаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонад ба раванди ҳалли мушкилоти тақсимоти адолатнок, истифодабарии самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти эътироф ва риояи манфиатҳои кишварҳои ҳамсарҳад таъсири мусбат расонанд.
Пурзӯршавии раванди афзоиши талабот ба об, рушди соҳаҳои ки-шоварзӣ ва энергетика, дигар соҳаҳо, афзоиши камбуди оби нӯшокӣ, таҳкими мушкилоти тавозуни манфиатҳо ва мухолифатҳо дар соҳаи истифодабарии фаросарҳадии захираҳои об дар аксари манотиқи ҷаҳон  муҳимият ва афзалияти ҳалли мушкилоти болобурди самаранокии истифодабарӣ ва оқилонагардонии идоракунии захираҳои обро дар радифи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ба маротиб афзун гардонидааст. Об дар оянда бояд омили муҳимтарин бартарафсозии муноқишаҳо, таъмини рушди устувор ва заминаи асосии тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар рушди соҳаҳои обталаб байни кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардад.
Умуман, татбиқи консепсияи «Об -  барои рушди устувор» бояд ба самти муҳимтарини оқилона гардонидани  схемаҳои истифодабарӣ ва низоми идоракунии комплексии захираҳои об мубаддал гардад. Ин имкон медиҳад, ки манфиатҳои кишварҳо на танҳо аз лиҳози нигоҳдории экосистамаҳои миллӣ ва минтақавӣ, балки инчунин аз мавқеи гирифтани фоидаи максималӣ аз татбиқи механизмҳои нави оптимизатсияи тақси-мот ва оқилона гардонидани истифодабарии захираҳои об, инчунин ташаккулёбӣ ва рушди бозори маҳсулоти обталаб дар миқёси минтақавӣ ва глобалӣ ҳаддалимкон ба инобат гирифта шаванд. Дар ин ҳолат кӯшишу амалҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ бояд ба самти таъмини рушди устувор ва идоракунии комплексии захираҳои об (аз ҷумла, обҳои фаромиллӣ, байнисарҳадӣ) барои ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ экологӣ иқтисодӣ, васеъшавии миқёси ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъмини истифодабарии оқилонаи захираҳои об, минималӣ гардонидани таваккали ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба об, беҳдошти таъмини об ва санитария барои ҳама, баҳисобгирии таъсири тағйир­ёбии иқлим ба ҳолат ва самаранокии истифодабарии захираҳои об ва ғайра нигаронида шаванд.
Ҳалли мушкилоти мазкур самараи бузурги экологӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Такмили шакл, усул ва намудҳои истифодабарии захи-раҳои об, таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва санитария, нигоҳдорӣ ва беҳдошти ҳолати экосистемаҳои обӣ дар пояи ташакуулёбӣ ва рушди механизми экологӣ-иқтисодии истифодабарии захираҳои об, оқилона гардонидани нақшаҳои истифодабарии захираҳо ва нерӯи ҳавзаи дарёҳо ва баҳисобгирии ҳаддалимкон судманди манфиатҳои кишварҳо ва умуман минтақа бо дарназардошти риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии об ба афзоиши самаранокӣ ва натиҷанокии истифодабарии захираҳои об, таҳкими рақобат барои об, беҳдошти сифати об, афзоиши дастрасӣ ба хизматрасонии санитарӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва табақаҳои муҳтоҷи аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард. Татбиқи чораҳо оид ба такмили сохтори идоракунии бахши об, ҷустуҷӯ ва истифодабарии оқилонаи манбаъҳои молиякунонии лоиҳаҳои обу санитария, лоиҳаҳо оид ба солимгардонии ҳолати ҳавзаҳои обӣ, дарёфти фоидаи тарафайн аз татбиқи низоми хизматрасониҳои обию санитарӣ низ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунанд. Равишҳои экосистемавӣ ва ҳавзавӣ зимни татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об барои татбиқи лоиҳаҳо оид ба истифодабарӣ ва нигоҳдории ҳамҷояи экосистемаҳои обӣ ва дигар экосистемаҳо ва дар ин асос ноил гардидан ба нишондодҳои истифодабарии оқилона, адолатнок ва самараноки захираҳои об, амнияти обӣ ва устувории экологии кишварҳо ва манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ заминаҳои зарурӣ муҳайё хоҳанд кард.
 
Ҳаёт Одинаев,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Илова кунед