«Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор гирифт

14 Сентябр 2020, Душанбе

14.09.2020. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Аъзои Шӯро дар рӯзномаи ҷаласа  «Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баромади худ иброз намуд, ки «Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019,  ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳия гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадаф аз ташкили Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ин таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтарсозии қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа маҳсуб меёбад.
“Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад.
Бо дарназардошти асосҳои дар боло зикргардида, “Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” барои тасдиқ ба баррасии ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад,-иброз намуд Рустам Латифзода.
Аъзои Шуро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва дигар масъалаҳоро мавриди баҳрабардори қарор дода, аз руи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзномаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед